Фанни Микро ва макро иқтисод

Назарияи истехсолоти агросаноатӣ

Нақша

Сарсухан

1. Истеҳсолоти агросаноатӣ соҳаи хоси истифодаи меҳнат ва сармоя.

2. КАС ва таркиби он.

3. Заминдорӣ ва истифодаи замин – асоси системаи муносибатҳои

кишоварзӣ.

4. Муносибатҳои кишоварзӣ дар КАС – и ҶТ.

Хулоса

Сарсухан

Сиёсати аграрӣ дар шароити имрӯза бояд ба шаклҳои гуногуни моликият ва намудҳои мухталифи фаъолияти хоҷагидорӣ асос ёбад. Чунки маҳз шаклҳои мухталифи моликият ва намудҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ рақобати озодро байни молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ ба вуҷуд оварда метавонанд.

Иқтисоди бозорӣ, ки ба шаклҳои гуногуни моликият ва хоҷагидорӣ асос меёбад, ба афзоиши самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мусоидат менамояд. Дар баробари корзоиши маҳсулоти кишоварзӣ сатҳи зиндагии аҳолӣ баланд ва таркиби маводи истеъмолии он беҳтар мегардад. Яъне, ҳиссаи истеъмоли шир, гӯшт, тухм ва дигар маҳсулоти серғизо меафзояд. КАС ҳамчун маҷмӯи соҳаҳои макроиқтисод, ки барои тавлиди маҳсулоти истеъмолӣ, таъмин кардани аҳолӣ бо озуҳа ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ банд мебошанд ташкил карда мешавад. Дар доираи он ҳамаи соҳаҳо ба ҳам пайваст ва алоқаманд мебошанд. Эҳё ва ташаккули КАС – маҳсули тақсими ҷамъияти меҳнат ва кооперативонии истеҳсолоти замони ҳозира мебошад. Он яке аз хислатҳои давраи муосир, яъне давраи пешрафт ва инқилоби илму техникаи замони ҳозира ба шумор меравад.

Ба ҳавзаи КАС ҳамаи соҳаҳои кишоварзӣ (зироаткорӣ, боғу токпарварӣ, чорводорӣ), соҳа ва корхонаҳои алоҳидае, ки ба тавлиди воситаҳои истеҳсолот, техникаи хоҷагии қишлоқ, маводҳои сохтмон ва сунъй, нуриҳои минералӣ ва ғайра банд мебошанд дохил карда мешаванд. Ба он инчунин корхонаҳои саноатӣ, савдо, анборҳо, корхонаҳои нақлиёти боркашонӣ, нигоҳдорию таъминотӣ, истеҳсоли қуттӣ ва масолеҳи борбандӣ, фирмаҳои сохтмонӣ ва мелиоративӣ, муассисаҳои қарзию молиявӣ ва дигар фирмаҳое, ки ба хоҷагии қишлоқ алоқаманд мебошанд дохил мешаванд.

1. Истеҳсолоти агросаноатӣ соҳаи хоси истифодаи меҳнат ва сармоя.

Таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маводи озуқа ва саноат, бо ашёи хоми кишоварзӣ яке аз муаммоҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ба шумор меравад. Хусусан, дар шароити имрӯза, ки ҷумҳурӣ аз лиҳози таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа танқисӣ мекашад, ин муаммо ҳалли ҳамаҷониба ва аз нигоҳи илмӣ асосноккардашудаи худро тақозо дорад. Аз дигар ҷониб, гузариш ба иқтисоди бозорӣ тағйиротҳои сифатию миқдориро дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа талабгор мебошад. Ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, равона сохтани фаъолияти иқтисодии корхонаҳои кишоварзӣ ба истифодаи пурраи омилҳои ба рушди иқтисодӣ мусоидаткунанда аз зумраи аввалин дигаргунсозиҳои даврони гузариш ба ҳисоб мераванд. Албатта, иҷрои ин вазифаҳо танҳо дар шароити такмилдиҳии кули низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ва татбиқи амиқи навовариҳои илмию техникӣ муяссар мегардад.

Сиёсати аграрӣ дар шароити имрӯза бояд ба шаклҳои гуногуни моликият ва намудҳои мухталифи фаъолияти хоҷагидорӣ асос ёбад. Чунки маҳз шаклҳои мухталифи моликият ва намудҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ рақобати озодро байни молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ ба вуҷуд оварда метавонанд.

Иқтисоди бозорӣ, ки ба шаклҳои гуногуни моликият ва хоҷагидорӣ асос меёбад, ба афзоиши самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мусоидат менамояд. Дар баробари корзоиши маҳсулоти кишоварзӣ сатҳи зиндагии аҳолӣ баланд ва таркиби маводи истеъмолии он беҳтар мегардад. Яъне, ҳиссаи истеъмоли шир, гӯшт, тухм ва дигар маҳсулоти серғизо меафзояд. Ин боиси кам шудани истеъмоли нон, маҳсулоти ордӣ ва картошка мегардад. Дар шароити ҷумҳурии мо тақрибан 70 – 75% — и аҳолӣ дар хоҷагии қишлоқ сукунат доранд. 20 – 25% — и даромади миллии ҷумҳурӣ ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд. Рушду тараққиёти иқтисоди миллӣ ва таносубҳои асосии он аз ҳолату суръати тараққиёти соҳаи кишоварзӣ вобаста мебошад. Дар айни замон тақрибан 60% — и ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба соҳаҳои саноат барои коркард дохил мегардад. Зиёда аз 30 соҳаи саноати сабук ва хурокворӣ боа шёи хоми кишоварзӣ кор мекунанд. Қисмати зиёди корхонаҳои саноатӣ маҳз бо ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёри кишоварзӣ фаъолият доранд.

Дар навбати худ ҳиссаи саноат дар баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ меафзояд. Алҳол 80% — и воситаҳо ва фондҳои асосии кишоварзӣ дар соҳаҳои саноат истеҳсол карда мешаванд. Кишоварзии тарақикарда қисми таркибии базаи моддӣ – техники мамлакат ба ҳисоб меравад, ки ин шарти зарурии баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқи ҷумҳурӣ мебошад. Аз ин рӯ, вазифаҳои асосии илми кишоварзӣ бо мақсадҳои иқтисодии ҷомеа алоқамандии ногусастанӣ доранд. Масалан:

а) таъмини рушду тарақиёти босуботи кишоварзӣ;

б) ҳамаҷониба баланд бардоштани самаранокии заминдорӣ ва

чорводорӣ барои пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо

маводи хурока ва соҳаи саноатро боа шёи хом.

в) ҳарчӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ барои

захираҳои зарурии давлатӣ.

Барои иҷрои вазифаҳои асосии кишоварзӣ дар оянда ҳалли масъалаҳои зерин дар модди аввал меистанд:

1. Ташкили базаи мустаҳками моддӣ – техникии соҳавӣ.

2. Механизатсияи комплексӣ ва автоматикунонии ҷараёнҳои истеҳсолӣ истеҳсолоти кишоварзӣ.

3. Мелиоратсияи заминҳои кишт ва химиякунонии оқилонаи истеҳсолоти кишоварзӣ.

4. Густариши алоқаи мустаҳками соҳаи кишоварзӣ бо ҳама соҳаҳои КАС.

5. Мукаммалгардонии механизми иқтисодии хоҷагидорӣ.

6. Тайёр кардани мутахассисони баландихтисос.

7. Таъмини шуғли пурраи аҳолии деҳот дар асоси нигоҳдории ҷойҳои мавҷудан корӣ ва бунёди ҷойҳои нави корӣ.

Дар кишоварзӣ низ ҳамон қонунҳои умумии иқтисодӣ арзи вуҷуд доранд, ки дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ амал мекунанд. Аммо соҳаи кишоварзӣ дорои хусусиятҳое мебошад, ки танҳо марбути ҳамин соҳаи хоҷагии халқ мебошанд. Ин хусусиятҳо асоси иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва табиӣ – таърихӣ доранд:

1. Дар кишоварзӣ бо таъсири меҳнат, истифодаи энергияи офтоб, қувваҳои ҳаракатдиҳандаи табиат (хок, иқлим) ва ҷараёнҳои биологии инкишофи растаниҳо, ҳайвонот, микроорганизмҳо, ҷараёни афзоиши моддаҳои органикӣ ба амал меояд, ки ба манфиати инсоният истифода бурда мешаванд. Ин ҷараён танҳо хоси истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Масалан, дар 1 га замин 1,5 – 2 сентнер гандум кишт карда, 15 – 20 сентнер ҳосили гандум мегирем. Яъне, ҳаҷми моддаҳои органики 10 маротиба афзоиш меёбад. Дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ин ҳолат ба назар намерасад. Масалан, дар саноат дар ҷараёни истеҳсолот миқдори моддаҳои органикӣ афзоиш намеёбад, балки арзиши маҳсулот аз ҳисоби меҳнати сарфшуда зиёд мешавад.

2. Кишоварзӣ ҳамчун соҳаи истеҳсолоти моддӣ аз дигар соҳаҳо бо он фарқ мекунад, ки дар ин ҷо ба сифати воситаи асосӣ, доимӣ ва ивазнашаванда замин баромад мекунад. Замин ягона воситаи истеҳсолоте мебошад, ки ба он омили вақт таъсири манфӣ намерасонад. Замин дар ҳолати дуруст истифода бурдан на танҳо аз нигоҳи ҷисмонӣ фарсуда намешавад, балки сол то сол сохтори таркибии он беҳтар мегардад.

3. Дар кишоварзӣ раванди иқтисодии такрористеҳсол маъмулан ба табиат ва шароитҳои иклимӣ алоқаманд мебошад. Ба ҳайси воситаи истеҳсолот дар ин ҷо организмҳои зинда – ҳаёвонот ва растаниҳо баромад мекунанд, ки дар асоси қонуниятҳои биологӣ инкишоф меёбанд. Дар ҷараёни ташкилёбии хок нақши муҳимро микроорганизмҳо мебозанд, ки онҳо низ бо қонунҳои биологӣ афзоиш меёбанд. Зимнан, барои ба ҷараёни такрористеҳсоли иқтисодӣ таъсир расонидан қонуниятҳои биологии инкишофи табиатро ба эътибор гирифтан лозим меояд.

4. Дар саноат, одатан, предмети меҳнат дар ҳаракат буда олоти истеҳсолот – мошинҳо, таҷҳизотҳо дар як ҷои муайян ҷойгир шудаанд. Аммо дар кишоварзӣ олоти истеҳсолот, яъне мошинҳо, дар ҳаракатанду предмети меҳнат – растаниҳо дар масоҳати муайян ҷойгиранд. Маҳз бо ҳамин сабаб характери мусаллаҳии техники кишоварзӣ аз дигар соҳаҳои саноат фарқ мекунад. Дар кишоварзӣ қариб ҳамаи корҳои саҳроӣ тавассути тракторҳо, ки ба онҳо агрегатҳо ва таҷҳизотҳои гуногун васл шудаанд, иҷро мешаванд. Барои ба кор даровардани агрегатҳо ва таҷҳизотҳои корӣ миқдори зиёди захираҳои энергетикӣ сарф мешавад. Аз ин сабаб, талабот ба захираҳои энергетикӣ дар кишоварзӣ нисбати соҳаҳои саноат зиёдтар аст.

5. Истеҳсолоти кишоварзӣ дар ҳудуди мамлакат, дар масоҳатҳои калон ва шароитҳои гуногуни табиӣ – иқлимӣ амал мекунад, ки ин таъсири худро ба натиҷаи ниҳоии истеҳсолот мерасонад. Ин хусусиятро, махсусан, ҳангоми ҷойгиркунонии соҳаҳои кишоварзӣ ба назар гирифтан лозим аст. Дар масоҳатҳо ва масофаҳои гуногун ҷойгиршавии истеҳсолоти кишоварзӣ кашоварзӣ кашонидани борҳои гуногун )ҳосил, хуроки чорво, сузишворӣ, равғанҳои молиданӣ, нуриҳои минералию органикӣ, қисмҳои эҳтиёти ва ғайра) – ро тақозо дорад. Дар ин асос талабот ба захираҳои энергетикӣ ва воситаҳои истеҳсолоти иловагӣ меафзояд.

6. Дигар хусусияти хоси кишоварзӣ аз он иборат мебошад, ки маҳсулоти дар ин соҳа истеҳсолшуда дар ҷараёни ояндаи истеҳсолот бевосита иштирок мекунад. Масалан, як қисми маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ бароӣ тухмӣ ва хуроки чорво нигоҳ дошта мешавад, ё худ қисме аз саршумори чорво барои барқароркунӣ ва такрористеҳсоли васеи пода истифода мешавад. Бинобар ин, на ҳамаи ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ маҳсулоти молӣ шуда метавонад. Хусусиятҳои фарқкунанда дар ташкили фондҳои асосии истеҳсолӣ ва гардон низ ҷой доранд. Ин хусусиятҳои такрористеҳсол дар кишоварзӣ зарурияти риоя намудани мувозинати дурустро ҳангоми таъмини корхонаҳо бо фондҳои асосӣ ва васоити гардон ба миён маоварад.

7. Дар кишоварзӣ даври корӣ ба даври истеҳсол рост намеояд. Вақти истеҳсолӣ маҳсулот дар ин соҳа ба ду давра ҷудо мешавад:даврае, ки протсесси истеҳсолот дар зери таъсири бевоситаи меҳнати коркунон оғоз меёбад ва даврае, ки ин протсесс дар зери таъсири омилҳои табиӣ ба анҷом мерасад. Мувофиқ наомадани даври корӣ ба даври истеҳсол дар соҳаи растанипарварӣ баръало мушоҳида мешавад. Мувофиқ наомадани даври истеҳсол ба даври корӣ шарти мавсимӣ будани истеҳсолоти кишоварзӣ ба шумор меравад, ки ба ташкил ва иқтисодиёти кишоварзӣ таъсири калон мерасонад.

8. Хусусияти дигари фарқкунандаи кишоварзӣ аз саноат дар тақсимоти ҷамъиятии меҳнат зуҳур меёбад. Истифодаи самараноки замин, воситаҳои истеҳсолот ва қувваи корӣ барои омехташавии соҳаҳои растанипарварию чорводорӣ ва инкишофи хоҷагиҳои ёрирасон шароит фароҳам меоварад. Дар кишоварзӣ корхонаҳо ба истеҳсолӣ як ё ду намуди маҳсулоти асосӣ махсус гардонида мешаванд. Тарафҳои дигари соҳаи кишоварзӣ бо назардошти соҳаи махсусгардонидашуда ҷойгир кунонида мешаванд.

9. Соҳаи кишоварзӣ ҳангоми истифодабарии техника низ хусусиятҳои хоси худро доро мебошад. Ин хусусиятҳо аз омилҳои табиӣ – территориявӣ ва характери мавсимӣ доштани истеҳсолоти – кишоварзӣ бармеоянд. Аз сабаби мавсими будани истеҳсолоти кишоварзӣ дар ҳар як давраи корӣ мошинҳо мувофиқи хусусияти ҷараёни истеҳсолӣ истифода мегарданд. Масалан, ҳангоми кишт, нигоҳубини растаниҳо ва ғундоштани ҳосил намудҳои махсуси мошинҳои кишоварзи ва агрегатҳои ба онҳо васлшуда истифода бурда мешавад. Дар ин мавридҳо як қисми мошинҳо бекор меистанд, дар сурате, ки қисми дигари онҳо дар ҷараёни истеҳсолот фаъолият доранд. Маълум аст, ки дар чунин ҳолат талаботи корхонаҳои кишоварзӣ ба фондҳои асосӣ меафзояд ва ин афзоиш ба пастшавии ҳосилнокии меҳнат таъсир мерасонад. Бо ин мақсад барои таъмини кишоварзӣ трактору мошинҳое зарур мебошанд, ки ба онҳо як ва ё якчанд агрегатҳоро васл кардан мумкин бошад. Барои коргар дар корхонаҳои саноатӣ ҷои муайяни кор маълум аст. Ин дастгоҳ, мошин ё худ муҳаррике буда метавонад, ки ба у вобаста карда шудааст. Дар давоми вақти кори коргар дар ҳамин дастгоҳ кор мекунад. Вале дар кишоварзӣ механизатор вобаста аз мавсим ва ҷараёни истеҳсолӣ дар якчанд мошин кор мекунад. Аз дигар ҷониб, барои иҷрои бисёр корҳо дар кишоварзӣ мошину таҷҳизоти махсус лозим мешаванд. Аммо бархе аз ин мошинҳо давоми сол як маротиба дар як мавсими корӣ истифода мешаванду халос. Масалан, комбайнҳои пахтачинӣ ва ғалладаравӣ дар тулии сол ҳамагӣ 20 – 30 рӯз истифода бурда мешаванд ва то мавсими дигар дар парки мошину тракторӣ нигоҳ дошта мешаванд.

2. КАС ва таркиби он.

КАС ҳамчун маҷмӯи соҳаҳои макроиқтисод, ки барои тавлиди маҳсулоти истеъмолӣ, таъмин кардани аҳолӣ бо озуҳа ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ банд мебошанд ташкил карда мешавад. Дар доираи он ҳамаи соҳаҳо ба ҳам пайваст ва алоқаманд мебошанд. Эҳё ва ташаккули КАС – маҳсули тақсими ҷамъияти меҳнат ва кооперативонии истеҳсолоти замони ҳозира мебошад. Он яке аз хислатҳои давраи муосир, яъне давраи пешрафт ва инқилоби илму техникаи замони ҳозира ба шумор меравад.

Ба ҳавзаи КАС ҳамаи соҳаҳои кишоварзӣ (зироаткорӣ, боғу токпарварӣ, чорводорӣ), соҳа ва корхонаҳои алоҳидае, ки ба тавлиди воситаҳои истеҳсолот, техникаи хоҷагии қишлоқ, маводҳои сохтмон ва сунъй, нуриҳои минералӣ ва ғайра банд мебошанд дохил карда мешаванд. Ба он инчунин корхонаҳои саноатӣ, савдо, анборҳо, корхонаҳои нақлиёти боркашонӣ, нигоҳдорию таъминотӣ, истеҳсоли қуттӣ ва масолеҳи борбандӣ, фирмаҳои сохтмонӣ ва мелиоративӣ, муассисаҳои қарзию молиявӣ ва дигар фирмаҳое, ки ба хоҷагии қишлоқ алоқаманд мебошанд дохил мешаванд.

Дар Рушду нумӯи ҳавзаҳои КАС нақши давлат дар танзиму истиқрори он: ба вучуд овардани шароити муфид ва мӯътадили инкишофи соҳаҳои зерсохти истеҳсолӣ дар хоҷагии қишлоқ ва соҳаҳои ба он алоқаманд бо воситаи барномаҳои дастгирии ҳукуматӣ ва сиёсати ҳавасмандгардонии содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ хеле ҳам бузург аст.

Дастгирии КАС аз ҷониби давлат дар чунин самтҳо нисбатан қулайтар мебошад:

1) сармоягузорӣ ба хоҷагии деҳқонӣ барои тадбирҳои маблағталаб, яъне беҳтар кардани сифати замин ва мустаҳкам кардани базаи моддию техникӣ.

2) дастгирии дараҷаи нарх ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқ.

3) дастгирӣ ва сармоягузории соҳаҳои инфраструктураи хоҷагии қишлоқ (сохтани роҳ, гузаронидани хати алоқа, барқ).

4) тадбиқи корҳои илмию тадқиқотӣ (такмили технология, истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, тайёр кардани мутахассисон).

5) танзими фаъолияти КАС – таъмин кардани бехатарии озуқаворӣ бо роҳи инкишоф додани соҳаҳои асосии он.

6) таъмин кардани назорат ва бехатарии соҳаҳои КАС (беҳтар кардани сифати тухлит, нуриҳои минералӣ, ҳифзи обу табиат, ҳайвоноту наботот ва ғайра)

Корхонаҳои нисбатан бузурги илмию истеҳсолии аграрию саноатӣ ҳамчун комплекси корхонаҳои хоҷагии қишлоқ, ки аз нигоҳи соҳавӣ, территориявӣ, ташкилӣ ва технологӣ бо корхонаҳои хӯрокворӣ ва саноати коркардабароӣ ба ҳам муттаҳид шудаанд баромад мекунад. Ба он корхонаҳои махсусгардондашудаи хоҷагии қишлоқ, фирмаҳо оиди коркарди саноатии шир, гӯшт, равған, ангур, меваю сабзавот дохил мегардад.

Дар чунин маврид тахсиси оқилонаи корхонаҳои хоҷагии қишлоқ,

ҳамгирони мусоидтарини хоҷагии қишлоқ бо саноат ба мақсади сарфаи

меҳнати ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, бартараф кардани сифати мавсимӣ дар истифодаи воситаҳои истеҳсолот ва нобудшавии маҳсулот таъмин карда мешавад.

3. Заминдорӣ ва истифодаи замин – асоси системаи муносибатҳои

кишоварзӣ.

Замин – сарчашмаи бебаҳои сарвати миллӣ мебошад. Замин аввалин, асоси истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва шарти бевоситаи мавҷудияти ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад. Дар доираҳои гуногуни фаъолияти истеҳсолии одамон замин низ вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Дар саноат замин ин мавзӯест, ки дар он корхонаҳо ҷойгир шудаанд. Замин дар кишоварзӣ на танҳо ҳудуди базисӣ ва ҷойгиркунӣ, балки ҳамчун предмети меҳнат ва воситаи меҳнат низ баромад мекунад. Ин хусусияти духелагии таркибӣ , ки зимни коркарди замин муайян мегардад, заминро ҳамчун воситаи истеҳсолот маънидод менамояд.

Кули масоҳати замини Тоҷикистон фонди ягонаи давлати замини онро ташкил медиҳад. Заминаи объективии ин ягонагӣ моликияти давлатӣ – миллӣ будани замин мебошад. Мувофиқи Сарқонуни ҶТ замин моликияти давлатӣ буда, ба шаҳрвандон ва коллективҳои меҳнатӣ барои истифода дода мешавад.

Хусусият ва таъиноти фонди ягонаи замин ҳамчун объекти моликияти давлатӣ ва хоҷадидорӣ зарурияти баҳисобгирии онро ба миён овардаанд. Фонди замин барои истифодаи он дар хоҷагидорӣ, муайян намудани сифати замин ва тақсимоти маъмурӣ – территориявӣ баҳисобгирӣ карда мешавад. Фонди заминро мувофиқи таъиноту аҳамияташ дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба 2 (ду) гурӯҳ ҷудо мекунанд:

1. Заминҳое, ки ба сифати воситаи асосии истеҳсолот истифода бурда мешаванд.

2. Заминҳое, ки ҳамчун масоҳати базисӣ барои ҷойгиркунонии соҳаҳои саноат ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ истифода мешаванд.

Аммо чунин тақсимоти замин умумӣ буда, ҳалли як зумра масоатро, ба монанди танзими ҳуқуқии замин ва истифодаи самараноки онро таъмин карда наметавонад. Аз ин сабаб, фонди заминро ба категорияҳо тақсим мекунанд:

Заминҳои аҳамияти кишоварзӣ дошта, заминҳои пунктҳои аҳолинишин, заминҳои саноат, нақлиёт, истироҳатгоҳҳо, мамнӯъгоҳҳо ва дигар заминҳои аҳамияти кишоварзӣ надошта, заминҳои фонди давлатии ҷангол, заминҳои фонди давлатии об, заминҳои фонди захиравии давлатӣ.

Ба категоряҳо тақсим намудани замин аз сохтори соҳаҳои асосии хоҷагии халқ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, бо рушду тараққии соҳаҳои асосии хоҷагии халқ онҳо низ тағйиру такмил меёбанд.

Заминҳои дар ихтиёри соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ буда истифодабарандагони муайяни худро доранд. Аз ин лиҳоз, фонди замин дар ҳар як категоряи алоҳидаи он мувофиқи гурӯҳи истифодабарандагонаш ( хоҷагиҳои давлатӣ, ҷамъоварӣ, деҳқотӣ, корхонаҳои байнихоҷагӣ, хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ) баҳисобгирӣ карда мешаванд. Бок адом мақсад истифода шудани замин аз ҷониби истифодабарандагон низ ба ҳисоб гирифта мешавад( замини кишти зиоатҳо, дарахтони бисёрсола, алофзорҳо, чарогоҳ, ҷангал, об ва ғайра)

Фонди замини ҷумҳурӣ аз рӯи тақсимоти маъмурӣ – территориявӣ низ ба ҳисобгирифта мешавад. Дар таркиби фонди замини корхонаҳои кишоварзӣ масоҳати умумии замин ва масоҳати замини аҳамияти кишоварзидоштаро ҷудо мекунанд.

Масоҳати умумии замин ин ҳудуди ба ин е он масоҳати хоҷагӣ мутаалиқро меноманд. Ба масоҳати замини аҳамияти кишоварзидоштаи хоҷагӣ он заминҳое мансубанд, ки хоҷагӣ онҳоро бо мақсадҳои истеҳсолӣ истифода мебарад.

Фонди замини ҷумҳури на танҳо аз рӯи сохтор гуногун аст , балки мувофиқи ҳосилхези ва ҷойгиршавиашон низ қитъаҳои заминро аз якдигар фарқ мекунанд. Ин фарқиятҳо ба дараҷаи муайян заминаҳои табии-иқтисодиро барои махсусгардонии корхонаҳои кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои замин ба вуҷуд меоваранд. Баҳодиҳи ва баҳисобгирии захираҳои замин аз рӯи сифат ва мавқеи ҷойгиршавии қитъаҳои замин дар кадастраи давлатии замин ҳаллу фасл мегарданд.

Мафҳуми кадастр низоми баҳисобгири, бақайдгирӣ ва баҳодиҳии захираҳои замин, об, ҷангал, конҳои канданиҳои фоиданок ва дигар захираҳои табииро ифода мекунад. Аз ин ҷост, ки дар таҷрибаи кишоварзӣ, об, ҷангал ва тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мувофиқан кадастраҳои замин, об,ҷангал ва ғайра вуҷуд дорад. Дар миёни онҳо мавқеи муҳимро кадастраи давлатии замин ишғол менамояд. Ин аз хусусияти обекти кадастр, ки ба сифати он замин баромад мекунад, вобастагӣ дорад.

Мақсад ва вазифаи кадастр мувофиқи шароитҳои иқтисодӣ –иҷтимоӣ истеҳсолот муайян мегардад.

Дар шароити моликияти хусусӣ ба замин кадастри замин ҳамчун чорабинии махсуси давлати оид ба баҳисобгири ва баҳодиҳи баромад мекунад. Маълумоти чунин кадастр ба мақсади муайян намудани андози замин, нархи он, бақайдгирии хариду фуруши замин, гузаронидани амалиётҳои иҷорави ва гирифтани қарз тавассути ба гарав мондани замин истифода бурда мешаванд.

Дар айни замон кадастраи давлати замини чумҳурии мо аз маҷмуи маълумоти аниқ ва зарури оид ба ҳолати табии,хоҷагидори ва танзими ҳуқукии замин иборат мебошад.Вай ба мақсади истифодаи самараноки замин, муҳофизати он.банақшагирии хоҷагии халқ,ҷойгиркунони ва махсусгардонии истеҳсолоти кишоварзи ва дигар чорабиниҳои иқтисодие хизмат мерасонад,ки амали гардонидани онҳо аз истифодаи замин вобаста аст. Кадастраи замин дар ҷумҳурии мо аз ҳисоби давлат аз руи низоми муқарраргардида бурда мешавад.Тартиби бурдани кадастраи давлатии замин, намудҳои ҳуҷҷатҳои кадасри, нишондиҳандаҳо ва мукамалгардонии онҳо аз ҷониби Шурои Олии ҷумҳури майян карда мешавад.

Кадастраи давлатии замин аз чунин қисматҳои асоси иборат мебошад:

1.Бақайдгирии истифодабарии замин-ин амали баруйхатгирии ҳуқуқи қонунии замин истифодабарандагон барои истифодаи замин мебошад.

Бақайдгирии замин истифодабарии хоҷагиҳои давлати,ҷомеави ва дигар ташкилотҳою корхонаҳо бо актҳои давлати оид ба хуқуқи истифодабарии замин тасдиқ кунонида мешаванд.

2.Баҳисобгирии миқдор ва сифати замин

Баҳисобгирии миқдори замин асосан муайян намудани масоҳати замин,тақсими он ба намудҳо ва дар миёни замин истифодабарандагон мебошад.Баҳисобгирии сифати замин аз руи аломатҳои гузаронида мешавад,ки қимати заминро ҳамчун захираи табии ва воситаи истеҳсолот муайян мекунанд.Ба онҳо мансубанд:тавсифи замин аз руи

хок,растаниҳо ва релеф,маълумот оид ба дараҷаи Эрозияи хок аз таъсири обу бодҳо,ботлоқшави,таъмин будани замин бо моддаҳои ғизои,миқдори боришот,суммаи миёнаи ҳарорат ва ғайра.

3.Бонитировкаи хок-баҳодиҳии сифати хок мувофики ҳосилхезии табии он мебошад.Вай бо аломатҳои объективии хок,ки барои рушду нумуи растаниҳо заруранд,асос меёбад.Мундариҷаи асосии бониторкаи хок таъмин намудании ҳосилхезии муътадили зироатҳо дар хокҳои гуногунсифат ҳангоми истифодаи чорабиниҳои якхелаи агротехники мебошад.Бонитировка дараҷаимуфид будани хокҳои гуногунро барои парвариши ин ё он зироат нишон медиҳад.Тавассути бонитировка гуруххои агроистеҳсолии хок,миқёсу вақтигузароидани чорабиниҳои мелиоративи ва чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳосилхезии хок муайян карда мешаванд.

4.Баҳои иктисодии замин-қобилияти истеҳсолии заминро ҳамчун воситаи истеҳсолоти кишоварзи ифода мекунад. Асоси онродаромади заминҳои сифаташон гуногун ташкил медиҳад,ки тавассути баҳисобгирии сифати хок ва чойгиршавии қитъаҳои замин муайян гардидааст.

Таҷрибаи пешбурди фаъолияти заминдори нишон медиҳад,ки барои муайян намудани баҳои иқтисодии замин аз дастуру нишондодҳои амалкунанда бояд истифода бурда шавад,чунки бо ёриии онҳо то кадом дараҷа бартари доштани як заминро нисбати дигараш муайян мекунанд.

4. Муносибатҳои кишоварзӣ дар КАС – и ҶТ.

Аз давраҳои қадим то имруз инсон нисбат ба замин ҳамчун чомеа вобаста ба ҳамчун сарчашмаи ғизодиҳанда ва бо ризқу рузи таъминкунанда,бо нигоҳи нек ва чашми хоҷагидори муносибат мекунад.Чомеа вобаста ба ҳаҷму меъёр ва маҳсулнокии замин,имконияти захира кардани ҳаҷми озуқавори ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолиро ба эътибор мегирад.Аз ин нигоҳ масъалаи пурра таъмин кардани аҳоли бо озуқа ва мутақилияти истиқлолияти ҳар як давлат ба ҳаҷм ва дараҷаи истеҳсолоти кишоварзи нигаронида мешавад.Чомеаи инсони дар гузашта то кунун тарз ва услубҳои мухталифи кишти замин,коркарду баланд бардоштани ҳосилхезии он,ташкили кору меҳнат,ҳамгирони соҳаҳои кишоварзи ва ғайраро оиди истеҳсолу коркардабароии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ истифода менамояд.

Ташаккули муносибатҳои кишоварзи аз давраи таъғир ва дигаргунисозии предметҳои табиат ва ба вуҷуд омадани соҳаҳои махсуси истеҳсолоти ҷамъияти оғоз ёфта,то ба дараҷаии и нкишофи индустриати муосир расидааст.ҷавҳари пешбаранда ва ҳаракатдиҳандаи онро меҳнати кормандони соҳаи кишоварзи ташкил медиҳад.Махз ба туфайли меҳнати кишоварзон ҷомеа имконият пайдо карда,ки на фақат тухми растаниҳоро кур-курона ҷамовари намояд,ҳайвонҳоро ром карда ба сифати қувваи кори истифода барад,балки тулии қарнҳо тарзу услуби кишту киштгардон,баланд бардоштани сифату ба вуҷуд овардани навъҳои нави онҳо,мутобиқгардони вобаста ба иқлим,ғун кардану истифодаи таҷрибаҳои решқадамро оиди баланд бардоштани маҳсулнокии зироати чорво истифода кунад. Ин тавонист ба зидди ноқисиҳои табиат истодагари карда,вайронаҳоро обод,биёбонҳоро обшор,дарёхоро банд,ҳаҷм ва миқдори заминҳои коршоямро афзун гардонад ва баробари ин тозагии муҳити зистро нигоҳ дорад.

Муносибатҳои кишоварзи ҳамчун узви муҳимтарини муносибатҳои иқтисоди,аз ҷониби субект ва намояндаҳои иктисоди,оиди хусусиятҳои «дастаи ҳуқуқ»-и моликият сурат

мегирад.

Муносибатҳои кишоварзи аз нигоҳи тафриқа бандии рушди

Низомҳои иқтисоди бо хусусиятҳои хоса ташкил ва инкишоф меёбад.Масалан,тибқи назардошти «иқтисоди сиёсии марксисти»дар давраи феодализм,замин ба заминдорон (феодалон)таалук дошта,муносибатҳои байни ду синф-феодал

(соҳиби замин) ва деҳқон (истифодабаранда)сурат мегирад.

Дар шароити капитализм муносибатҳои аграрии дорои муносибатҳои хос мебошанд.

Замин ҳамчун омили истеҳсолот ва унсури муҳимтарини захираҳои иқтисоди,моликияти хусуси буда,ба заминдори калон таалук дорад ва ба капиталистони иҷорагир ба иҷора дода мешавад.Дар ин асно ҳуқуқи соҳиби ва истифодаи замин муваққатан аз соҳиби замин ба иҷорагир гузашт карда мешавад.Замин ҳамчун мол ба объекти хариду фуруш табдил

меёбад.Деҳқон ва коргарони корхонаҳои кишоварзи аз ҷониби соҳибони замин ва капиталистони иҷорагир истисмор карда мешавад.Онҳо коргарони кироя табдил меёбанд .

Дар эҳё ва ташаккули муносибатҳои кишоварзи ҷаҳони сотсиализм истисно нест.ҶТ,ки маҳз ба шарафат ва туфайли ин ҷаҳон эҳё ва густариш ёфтааст,ҳамчун ҷузъи муносибатҳои истеҳсолии сотсиалисти дар ин ҷода саҳми муайяне гузоштааст.

Таърихи пайдоиши ва инкишофи муносибатҳои кишоварзи дар

ҶТ ҳамчун таркиби ягонаи низоми иқтисодии Шурави ташкил

ёфтааст.

Ба муносибатҳои кишоварзии низоми амри (сотсиалисти)чунин хислатҳо хос мебошанд:а)нест кардани моликияти хусуси ва ҳама гунна шаклу намудҳои он нисбат ба замин.Ба моликияти давлати (умуми халқитабдил додани замин.б)манъ шудани фуруши замин,нест кардани монополия ба замин ҳамчун объекти моликият.в)вусъат ёфтани ичора ва

банақшагири,аз марказ муайян кардани ҳаҷм, таркиб, нарх, нормаю нормативҳо, тақсими даромад, таъминоти воситаҳои

истеҳсолот.

г) ба миён омадани шаклҳои нави моликият ва намудҳои хоҷагидори.

Муносибаҳои кишоварзи, новобаста аз сират ва хусусиятҳои фарқкунандаи худ,дар доираи низомҳои мухталифи иқтисоди,таҷдид (аз навтакрор,барқарор) карда мешавад.

Хулоса

Таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маводи озуқа ва саноат, бо ашёи хоми кишоварзӣ яке аз муаммоҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ба шумор меравад. Хусусан, дар шароити имрӯза, ки ҷумҳурӣ аз лиҳози таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа танқисӣ мекашад, ин муаммо ҳалли ҳамаҷониба ва аз нигоҳи илмӣ асосноккардашудаи худро тақозо дорад. Аз дигар ҷониб, гузариш ба иқтисоди бозорӣ тағйиротҳои сифатию миқдориро дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа талабгор мебошад. Ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, равона сохтани фаъолияти иқтисодии корхонаҳои кишоварзӣ ба истифодаи пурраи омилҳои ба рушди иқтисодӣ мусоидаткунанда аз зумраи аввалин дигаргунсозиҳои даврони гузариш ба ҳисоб мераванд. Албатта, иҷрои ин вазифаҳо танҳо дар шароити такмилдиҳии кули низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ва татбиқи амиқи навовариҳои илмию техникӣ муяссар мегардад.

Хусусияти дигари фарқкунандаи кишоварзӣ аз саноат дар тақсимоти ҷамъиятии меҳнат зуҳур меёбад. Истифодаи самараноки замин, воситаҳои истеҳсолот ва қувваи корӣ барои омехташавии соҳаҳои растанипарварию чорводорӣ ва инкишофи хоҷагиҳои ёрирасон шароит фароҳам меоварад. Дар кишоварзӣ корхонаҳо ба истеҳсолӣ як ё ду намуди маҳсулоти асосӣ махсус гардонида мешаванд. Тарафҳои дигари соҳаи кишоварзӣ бо назардошти соҳаи махсусгардонидашуда ҷойгир кунонида мешаванд.

Дар чунин маврид тахсиси оқилонаи корхонаҳои хоҷагии қишлоқ,

ҳамгирони мусоидтарини хоҷагии қишлоқ бо саноат ба мақсади сарфаи

меҳнати ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, бартараф кардани сифати мавсимӣ дар истифодаи воситаҳои истеҳсолот ва нобудшавии маҳсулот таъмин карда мешавад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *