Фанни Микро ва макро иқтисод

Карз, хамчун харакати сармояи карзи

Карзи байнидавлати дар худ харакати сармояи карзиро дар сатхи муносибатхои байналхалкии иктисоди тачассум менамояд, ки бо пешниходи захирахои моли ва арзи бо шартхои баргардони, мухлатноки ва пардохти фоиз, дар шакли фоиз гирифтани даромад аз заемхо, карзхои тичорати депозитхо ва гайрахо алокаманд аст. Карзи байнидавлати яке аз шаклхои кадимтарини муносибатхои иктисодии байналхалки мебошад, ки дар асрхои 14 — 15 таъсис дода шуда ба вучуд омада буд.

Сарчашмахои карзи байнидавлати:

— фонди амортизациони;

— фонди музди мехнат ;

— гункунии сармоя;

— гункунии пулхои ахоли;

— дигар пулхои мувакаттан озод.

Пайдоиши талабот ба карзи байнидавлати алокаманд аст бо:

— гирдгардиши воситахо дар хочагихо;

— хусусияти истехсоли ва фуруш ;

— фаркияти хачм ва мухлати шартномахои иктисодиети хорича;

— зарурияти якбора сармоягузории пурра барои васеъкунии истехсолот.

Вазифахои карзи байнидавлати, ки хусусияти харакати сармояи карзиро дар сатхи муносибатхои иктисодии байналхалки инъикос менамояд, инхо мебошад;

1. Азнавтаксимкунии сармояи карзи байни давлатхо барои таъминкунии талаботи такрористехсоли васеъшуда.

2. Сарфи харочотхо, муомилот дар сохаи хисоббаробаркунии байналхалки бо рохи иваз кардани пулхои асли ба пулхои карзи.

3. Тезонидани чалбнамои ва марказонидани воситахои пули дар бонкхо .

4. Вазифаи идоракунии иктисодиетро ичро мекунад ва худаш низ объекти идоракуни мебошад.

Дар шароити муосир карздихии байналхалки пеш аз хама аз руи займхо

амали мегардад. Займхо аз худ кардани воситахои карздиханда бо фоизи муайян ва дар мухлати мукарраршуда мебошад. Ба сифати карздиханда ва карздор метавонанд хукумати мамлакатхои гуногун, бонкхо, ширкатхои иктисодии байналхалки фирмахои шахси ва гайрахо баромад кунанд.

Воситаи асосии азхудкуни ва карздихии байналхалки, ки дар баланси пардохт инъикос карда мешавад, инхоянд:

Карзхои тичорати — Талабот ва пассивхо, ки дар натичаи пешниходи карз ба таъминкунандагон ва харидорон аз руи шартнома бо молхо ва хизматрасонихо ва пардохтхои аванси барои кор, ки дар асоси ин шартнома амали гардидааст, ба вучуд омадааст. Карзхои тичорати метавонанд хам ба хукумат, хам барои муассисахои шахси ва инчунин барои муассисахои гайридавлати пешниход гарданд. Чунин карзхо, аз руи коида, ба мухлати кутох бо максади тезонидан ва осонкунии муомилоти молхо ва хизматрасонихо байни давлатхо пешниход карда мешавад.

Займхо — Активхои молиявианд, ки дар асоси карздории воситахои карздиханда ба карзгиранда, ки дар натичаи он карздиханда, е ки ягон хел ухдадории хаттии кафолати аз карзгиранда намегирад, е ин ки когази кимматноки карзиро мегирад. Ба катори займхо, займхо барои молиякунонии савдо, дигар займхо ва авансхо, инчунин займхои ипотеки ва карзхои Фонди Байналхалкии Асъор дохил мешавад.

Займхо метавонанд ба хукумат, бонкхо ва дигар секторхои идоракунии пешниход гардад ва ба кутохмуддат ва дарозмуддат таксим мешавад.

Асъор — бонкнотахо ва тангахои дар муомилот буда барои ичрокунии пардохт истифодашуда, инчунин асъори миллии тахти идоракунии резидентхо мебошад, активхо ба хисоб мераванд. Асъор метавонад тахти идоракунии хокимияти пули ва бонкхо бошад.

Депозитхо — Ба асъори милли е ба асъори хорича мубодилашуда депозитхои интиколи, ки бо талаби амонатгузор бе чуну чаро метавонад ба пули накд баргардонида шаванд ва барои пардохткуни истифода бурда мешавад. Депозитхои резидентхо дар хорича хамчун пассив, депозитхои гайрирезидентхо дар дохили чумхури актив ба хисоб мераванд.

Дигар активхо ва пассивхо — категорияи бокимонда, ки тамоми шаклхои сармояи харакаткунанда, масалан пардохтхои давлатхо ва ширкатхои байналхалкиро дар бар мегирад.

Харакати сармояи карзи дар кадом шакле, ки набошад, дар иктисодиети байналхалки хамчун холати махсуси савдо фахмида мешавад. Аз як тараф карзгиранда бо гирифтани карз имконияти зиёдкунии истеъмолоти чориро аз хисоби камкунии истеъмол дар оянда дорад зеро, ки вай бояд карзи гирифтаашро бо фоизаш баргардонад.

Аз тарафи дигар бошад, карздиханда бо пешниходи карз, аз имконияти истифодабарии ин маблагхоро барои истеъмоли чори, махрум мегардад.

Лекин бо камкунии истеъмоли чори, карздиханда имконияти дар оянда зиёдкунии истеъмоли худро дорад.

Дар сатхи микроиктисоди ин вазъият ки аз качхатаи даромад ва истеъмоли даврахои чори ва оянда бо СоIо и С1I1 нишон дода шудааст. Агенти иктисоди имконияти чудо намуданро дар хамаи нуктахои хатти АВ, ки сатхи истеъмолотхои муайянкардашуда дар давраи чори ва оянда мебошад, мутобик мегардонад.

Дар качхатаи беэътиноии додашудаи у нуктаи Е, ки дар качхатаи беэътиноии U2 хати рости АВ-ро мерасад. Дар ин холат дар давраи чори у назар ба даромадаш камтар истеъмол менамояд. Фаркияти байни даромад ва истеъмол ба у имконияти пасандоз дар давраи чориро медихад, кибаробаранд ба Iо-Cо. Бо чунин интихоб агенти иктисоди истеъмоли чориро кам карда пасандозхои худро ба карз пешниход карда, истеъмоли давраи ояндаро зиёд менамояд. Хачми истеъмоли у дар оянда баробари истеъмоли чори зарби

( 1+i ), аст ки дар ин чо i ставкаи фоиз-и мебошад. Хамин тавр, истеъмоли давраи ояндаи агенти иктисоди С1=I1+(Iоо)(1+i)

Графики 1. Даромад ва истеъмоли давраи чори ва оянда.

Он чизе, ки барои агенти алохидаи иктисоди хакикист, ба давлат низ дуруст аст. Хар як давлати иттиходи чахон интихоб менамояд: истеъмоли хамаи даромадхои гирифташуда е ин ки, кисми онро пасандоз намоянд, яъне бо истеъмолоти давраи ояндаро имконияти зиёднамуданро доранд е худ карз гиранд ва истехсолотро зиёд истеъмол намоянд.

Маълум аст, ки хангоми интихоби варианти якум харакати сармояи карзи байни давлат ва иттиходияи чахони амали намегарданд. Карздихии байналхалки ва карзгири хангоми интихоби дуюм ва сеюм амали мегардад.

Агар давлат пасандозхои худро ба дигар давлатхо пешниход намояд, у ба сифати карздиханда баромад мекунад. Вакте ки у худ аз карзхои хоричи истифода мебарад, карзгиранда мебошад. Мамлакати карздиханда истеъмоли чории худро мефурушад, бо умеди дар оянда истифодабарии он . Вазъияти давлати карзгиранда бошад баръакс аст: у истеъмоли ояндаро бар ивази истеъмоли чори мефурушад.

Дар назарияи иктисоди байналхалки мисоли дар боло овардашуда тичорати миёнгохи номида мешавад.

Тасаввури графикиро оиди тичорати миёнгохи расми 2 медихад:

график

Дар ин расм, аз руи качхатаи истеъмоли чори ( С ) ва базавии ( С ) давлати додашуда як молро истеъмол намуда, дар 2 давр чори ва базави вучуд дорад. Ин имконияти ташкилкунии сархади истехсолии АВ-ро дар даврхо медихад.

Конфигурацияи ин сархад барои давлатхои алохида якхела нест ва аз руи тавсифоти интихоб намудаи истикоматкунандагони он муайян карда мешавад. Агар ахоли истеъмолоти хакикиро интихоб намояд, хати АВ аз руи качхатаи горизонтали гузаронида мешавад.

Фарз мекунем, ки ахолии давлати додашуда интихоби худро дар нуктаи Е гузоштанд, ин чунин маъно дорад, ки истеъмоли чори ОF ва базави OD мебошад.

Агар давлати додашуда дар системаи карзгузории байнидавлати хавасманд гардонида шуда бошанд, камкунии истеъмоли чори аз OF то OG, бо хачми озодшуда ба андозаи GF=LE метавонад хамчун карз ба дигар давлатхо пешниход гардонида шавад. Дар натича, баъди баргардонидани карз бо фоизаш, истеъмоли ояндаи мамлакат метавонад аз OD то OH афзояд. Маълум аст, ки HD=GF(1+i).

Чи хеле ки кайд карда шуда буд, конфигурацияи хати АВ барои давлатхои алохида якхела нест. Он давлатхое, ки истеъмоли чориро интихоб менамоянд, яъне аз истехсол зиёд истеъмол менамоянд, мачбуранд аз хорича карз гиранд. Ва баръакс он давлатхое, ки истеъмолоти чориро барои зиёдкунии истеъмол дар оянда кам мекунанд, имконияти пешниходоти карзро доранд. Дар натича, асос барои вусъатдихии тичорати миёнгохи е ин ки ин ба тараккиети системаи байналхалкии карзгири ва карздихи гузошта мешавад.

Карздихии байнидавлати одатан дар таксимоти карзгири ва карздихии дарозмуддат нишон дода шуда, одатан дар маблаги холис ифода мегардад

( карздихии байналхалки тархи карзгирии байналхалки ). Дар мачмуи баланси пардохтхо, додан ва пардохтани карзхои байнидавлати танхо дар таксимоти карзхо, ки аз хисоби бучаи давлати хукумат медихад, карзхое, ки хокимиятхои пули (бонки маркази е давлати) ва бонкхои тичорати, инчунин ташкилотхо медиханд, нишон дода мешавад. Ба доираи карзи байнидавлати давлат ба таври васеъ мухокима карда, ширкатхои байналхалкиро дар асосе, ки массаи асосии карзи байнидавлатиро пешниход мекунанд дохил мекунад, (масалан, Бонки чахони, Фонди байналхалкии асъор байнидавлати мебошанд). Ба категорияи карзхои байнибонки хокимиятхои пули бо бонкхои тичорати алокаманданд, чунки бисер бонкхои маркази карзхои байналхалкиро ба воситаи бонкхои тичорати пешниход менамоянд.

Дар миенаи солхои 90-ум такрибан 50% карзхои байналхалки карзхои байнибонки , 30% карзхои байнидавлати ва 20% карзхои дигар ширкатхоро ташкил мекард.

Харакати байналхалкии сармояи карзи ( млрд…$ ) [1]

1987 сол

1990 сол

1993 сол

Умуми

додан

-153,4

-249,8

-257,9

пардохт

-95,8

-152,5

-223,4

Карзи байнихукумати

додан

-58,3

-84,7

-88,5

пардохт

35,3

47,6

51,4

Карзхои байнибонки

додан

-64,8

-124,7

-147,0

пардохт

41,9

79,1

137,4

дигар карзхо

додан

-30,3

-40,4

-40,4

пардохт

18,6

25,8

34,3

Карздихандагони асоси хукумати Япония, Олмон, Франсия ва ШМА, бонкхои Олмон, Япония, Голландия, дигар секторхои Япония ва Италия мебошад. Хокимияти мамлакатхои алохидаи тараккиефта ( Хитой, ЮАР, Кувейт, Кореяи Чануби ) низ карз пешниход менамояд, лекин вазни онхо дар карзгузории умумичахони он кадар нест. Гирандагони калонтарини карзхои байнихукумати Австралия, Дания ва Швеция, аз катори мамлакатхои тараккикарда — Мексика, Покистон ва Аргентина мебошанд.

  1. Сарчашма:IMF Balance of Payments Statistics Yearbook.-1998/- Part 2.-P.78,84,90

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *