Фанни Микро ва макро иқтисод

Бозори коғазхои кимматнок

Дар шароити иқтисоди бозорӣ қоғазҳои қимматнок мақоми махсусро ишғол мекунанд. Қоғази қимматнок ин шакли сармояест, ки метавонад ба ивази пул ё мол фурӯхта шавад ва дар бозор дар шакли мол ҳаракат намояд ва ба соҳибаш даромад орад. Ин як навъи махсуси мавҷудияти сармоя дар шакли пул ё мол мебошад. Мазмунаш аз он иборат аст, ки соҳиби саҳмия худи саҳмияро надорад, аммо вай тамоми ҳуқуқҳоро дар шакли қоғази қимматнок пайдо мекунад.

Қоғазҳои қимматнок дар шакли мафҳуми умумӣ ин ҳуҷҷатест, ки бо нархи муайян хариду фурӯш карда мешавад. Ба қоғазҳои қимматнок дохил мешаванд: саҳмия, вомбарг (варақаи қарзии баҳрадор), вексел, чек, тасдиқномаи амонатӣ (сертификат).

Саҳмия- қоғази қиматнокест, ки онро ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ё корхонаю ширкатҳои дигар бо мақсади ба кор андохтани маблағҳои озод истифоданашаванда ҳамчун сарчашмаи иловагии маблағгузории истеҳсолӣ мебароранд. Саҳмия барои гирифтани даромад, ки дивиденд ном дорад ба соҳиби худ ҳуқуқ медиҳад. Арзиши исмии (номиналии) саҳмияро арзиши дар он сабтшуда ва нархи ҳақиқии онро нархи фурӯши он ташкил медиҳад.

Саҳмияҳо оддӣ ва имтиёзнок мешаванд. Саҳмияҳои оддӣ ба соҳиби худ ҳуқуқ медиҳанд, ки дар маҷлиси умумии саҳмдорон иштирок карда, ҳуқуқи овоздиҳӣ дошта бошад. Саҳмияҳои муқаррарӣ ба тариқи саҳмияҳои исмӣ ва беном бароварда мешаванд.

Саҳмияҳои имтиёзнок аз саҳмияҳои оддӣ фарқи куллӣ доранд. Даромад аз ҳисоби ин саҳмияҳо ба тариқи дивиденди собитшуда (фиксированный) дода мешавад. Гарчанде соҳиби саҳмияи имтиёзнок дар маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқи овоз надошта бошад ҳам, аммо ҳуқуқ дорад, ки пеш аз дорандаи саҳмияи муқарарӣ дивиденд гирад, (ҳатто дар ҳолати зараровар будани корхона). Дар ҳолати набудани маблағ, соҳиби ин гуна саҳмия метавонад дар ивази пул аз корхона маводу ашё ба даст орад.

Вомбарг (облигатсия)-қоғази қимматнокест, ки ӯҳдадории қарзии ҷамъияти саҳомиро нишон медиҳад ва ҷамъиятро ӯҳдадор менамояд, ки дар мӯҳлати муқарраргардида ба соҳиби вомбарг арзиши исмӣ ва ё арзиши исмию фоизи онро баргардонад. Вомбарг дар шаклҳои купон (як қисми варақаи вексел, ки бурида шуда ба ҷои дастхат ба соҳибаш ҳуқуқи дар вақти муайян гирифтани дивидендро медиҳад), ғайрикупонӣ ва бадалшаванда бароварда мешавад.

Купон даромадест, ки аз вомбарги қарзии баҳрадор (облигатсия) дода мешавад. Вай метавонад доимӣ ва ивазшаванда бошад. Даромад аз рӯи варақаи бекупон фарқи байни нарх ва қиммати ҳақиқии он мебошад. Даромад ба ҳисоби фоиз аз нархи исмии он ҳисоб карда мешавад.

Дорандагони вомбарг аз дорандагони саҳмия бо он фарқ менамоянд, ки молики ҷамъияти саҳомӣ набуда, балки ба сифати қарздиҳанда дар ҷамъияти саҳҳомӣ баромад мекунад. Пардохти фоизи вомбарг дар як сол на камтар аз як маротиба новобаста аз ҳаҷми фоидаю вазъи молиявии ҷамъият, то ҳисобу китоби пардохти дивиденди саҳмияҳо сурат мегирад.

Варақаи баҳрадори воми амонатии давлатӣ қоғази қимматнокест, ки дар шакли ҳуҷҷат бароварда мешавад. Шахси ҳуқуқие, ки қоғазҳои қимматнокро мебарорад, эмитент ном дорад. Эмитенти чунин навъи варақа вазорати молия ба ҳисоб меравад. Ин варақаро ҳам шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам шахсони воқеӣ дастрас карда метавонанд.

Вексел ин қоғази қимматнок ё шаҳодатномаест, ки дорои гӯвоҳ ё дастури хатти векселдиҳанда буда, дар хусуси ба соҳиби он дар мӯҳлати муқаррар шуда як миқдори муайяни пул ва ё аз рӯи ӯҳдадорӣ пардохтани онро шаҳодат медиҳад.

Чек қоғази қимматноке мебошад, ки ҳамчун воситаи ҳисобаробаркунӣ истифода бурда мешавад. Чек фармони хаттии чекдиҳанда ба ташкилоти пардохткунанда мебошад, ки вай бояд ба дорандаи чек маблағи пули нишондодашударо диҳад.

Тасдиқномаи амонатӣ- шаҳодатномаи хаттии ташкилоти қарзӣ дар бораи ба мӯҳлати муайян барои амонат (депонирования) қабул намудани маблағи амонатгузор мебошад, яъне пасандози шахси воқеъиро бонк ӯҳдадор мешавад, ки бо фоизаш ҳатман баргардонад.

Бозори қоғазҳои қимматнок ҳам муносибатҳои қарзӣ ва ҳам муносибатҳои аз худкуниро, ки ба воситаи барориши ҳуҷҷатҳои махсус (қоғазҳои қимматнок) таҷассум ёфта, арзиши худро метавонад танзим намояд. Бозори қоғазҳои қиматнок чунин навъҳо мешаванд:

  1. Аз ҷиҳати ҷобаҷогузорӣ ва гардиш- якумдараҷа ва дуюм дараҷа.
  2. Аз ҷиҳати муҳлати истифода – пулӣ ва қарзӣ.
  3. Аз ҷиҳати гардиши ҳудудӣ- минтақавӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ.
  4. Аз рӯи шакли ташкилӣ- бозорӣ ва ғайри бозорӣ.

Бозори қоғазҳои қимматнок (фондӣ) ҷамъияти саҳҳомиест, ки ба савдои қоғазҳои қимматнок машғул аст, вале мақсади ба даст овардани фоидаро аз ҳисоби фурӯши ин қоғазҳо надорад. Яке аз шаклҳои бозори қоғазҳои қимматнок биржа мебошад. Биржа ба муштариёни худ кафолатҳои зерин медиҳад:

— танзиму муқаррар кардани ҷараёни наргузорӣ дар бозор;

— кафолати ҳисобу китоби молиявӣ;

— ростқавлӣ дар аснои додугирифти бозор;

— муҳофизат кардани маблағи муштариён;

— таъмин намудани маълумоти дақиқ;

— сари вақт ба инобат гирифтани арзу шикоятиҳо;

— ҳал намудани норозигиҳо ба воситаи суди иқтисодӣ.

Шакли дигари бозори қоғазҳои қимматнок ин бозори ғайримуташаккил мебошад Дар ин ҷо ҳам харидор ва ҳам фурӯшанда байни худ гуфтушунид ороста доираи талаботу таъминотро ба ин ё он навъи қоғазҳои қимматнок муайян мекунанд ва байни ҳамдигар шартномаи додугирифт мебанданд. Дар ин ҳолат шарту шароити ин додугирифт танҳо ба иштирокунандагони онҳо маълум мешавад ва дастраси оммаи васеъ намегардад. Бо мурури замон бозори фондии ғайримуташаккил ба бозори ҳақиқии молиявии муташаккил гузашта ба бозорҳои доимоамалкунандаи музояда табдил меёбанд.

Бозори аввали амалиёти тақсимкунии азнавбаровардашудаи қоғазҳои қимматноки музояда фурӯши озодро ташкил медиҳад. Минбаъд ба фурӯш гузоштани қоғазҳои қимматнок дар бозори дуюм руй медиҳад, ки ин бозор аз навтақсимкунии захираҳоро дар байни сармоягузорони минбаъда таъмин мекунад. Бозори дуюми қоғазҳои қимматнок аз гардиши биржавӣ ва ғайрибиржавии қоғазҳои қимматнок вобаста аст. Дар биржа танҳо ҳамон ширкатҳое роҳ дода мешаванд, ки ба талаботҳои гузошташуда ҷавобгуй мебошанд. Дар гардиши ғайрибиржавӣ бошад, дилхоҳ ширкат метавонад иштирок намояд. Онҳо ба хизмати фирмаҳои миёнарав, бонкҳо, сармоядорон ва ғайраҳо мешитобанд. Унсури муҳими зерсохтори бозорӣ ин биржаи фондӣ мебошад. Биржаи фондӣ ин муассисаи махсусест, ки дар он вохӯрии фурӯшандагону харидорони қоғазҳои қимматнок барпо мегардад. Он имконият медиҳад, ки талаботу таклифот якҷоя шаванд ва самараи бозор баланд гардад. Биржаҳои фондӣ дар шакли иттиҳод ё ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ташкил мегарданд. Фарқияти хоси фирма аз он иборат аст, вай дорои хусусияти ғайритиҷоратӣ мебошад. Биржаи қоғазҳои қимматнок дар қаламрави ҷумҳурӣ дар асоси Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ», ки 10-уми марти 1992 дар асоси қарори Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул карда шуда буд, ташкил гардид. Ба ин қонун дар солҳои 1995-1998 иловаю тағйиротҳо дохил карда шуд. Дар ин қарор усулҳои ягонаи бароришу гардиши қоғазҳои қимматнок кори маблағгузорону иштирокдорони бозори қоғазҳои қимматнокроифода ёфтааст, ки ҳадафи он дар Ҷумҳурӣ тараққи додани бозори қоғазҳои қимматнок бо мақсади баланд бародоштани рушди иқтисодии мамлакат мебошад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки биржаҳои фондиро ё давлат ва органҳои он ё ин, ки гуруҳи шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд. Бо ин мақом муассисаи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ташкилотҳо ва институтҳои кушодаи ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд.

Давлат фаъолияти бозори қоғазҳои қиматнокро дар чунин самтҳо танзим мекунад,

  1. Танзими маъмуриеро амалӣ мегардонад, ки қисман аз таъмин кардани тартиби интишори қоғазҳои қимматнок, таъини андоз ва фоидаи амалиёти қоғазҳои қимматнок, иҷорадиҳӣ ва манъи намудҳои муайяни қарордодҳо бо қоғазҳои қимматнок ва ғайра иборат аст.
  2. Ба муомилот қоғазҳои қимматноки ҳукуматиро, бо барориши вомбаргҳо амалӣ мегардонад, ки ин қарзи давлатиро ташкил мекунад. Чунин шакли фаъолият қисми таркибии амалигардонии сиёсати буҷетии андоз мебошад.
  3. Ҳолати бозори қоғазҳои қимматнокро бо воситаи сиёсати пулӣ- қарзӣ ба эътидол медарорад.

Саволҳо барои такрор.

        1. Хусусиятҳои тақозо ва омилҳои истеҳсолот дар чӣ зоҳир мегарданд?
        2. Вазифаи асосии бозори меҳнат кадомҳоянд?
        3. Музди кор чист? Музди кори номиналӣ (исмӣ) ва воқеъӣ чӣ гуна маънидод карда мешаванд?
        4. Ба арза ва тақозои меҳнат кадом омилҳо таъсир мерасонанд?
        5. Сарчашмаҳои даромади аҳолӣ кадомҳоянд?
        6. Каҷхаттаи Лоренс барои чӣ истифода бурда мешавад?
        7. Зариби Корредо Ҷини барои чӣ истифода бурда мешавад?
        8. Сармоя чист? Фоизи қарз чист?
        9. Маблағгузорӣ чист? Маблағгузории умумӣ, кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо чӣ фарқ мекунанд?
        10. Меъёри фоизи қарз чист? Меъёри номиналӣ (исмӣ) ва реалии фоизи қарз чӣ гуна фаҳмида мешаванд?
        11. Арзиши дисконтишуда чист? Меъёри дисконтикунонӣ чӣ гуна муаян карда мешавад?
        12. Хусусияти бозори заминро чӣ гуна мефаҳмед?
        13. Рентаи иқтисодӣ чист? Рентаи замин ва шаклҳои онро фаҳмонед?
        14. Нархи замин чӣ гуна муаян карда мешавад?
        15. Иҷорапулӣ чист?
        16. Қоғазҳои қимматнок чист ва намудҳои он кадомҳоянд?
        17. Шаклҳои бозори қоғазҳои қимматнок кадомҳоянд?
        18. Самтҳои танзими давлатии бозори қоғазҳои қимматнок кадомҳоянд?

Адабиётҳо.

Г.С. Вечканов. Экономическая теория. Учебник. М. Санкт-Питербург. 2009.

Исоматов Б. Асосҳои назарияи иқтисод. Қисми якӯм. Душанбе, Пайёми ошно, 2001, Боби 12.

Нуреев Р.М. Микроэкономика. Учебник для ВУЗ-ов. М.; НОРМА-ИНФРА. М, 2000, Гл. 10.

Л.Г. Симкина. Экономическая теория. Учебник. М. Санкт-Питербург. 2008.

Усмонова Т.Д., Алимова М.М. «Экономическая теория» (макроэкономика) Душанбе, 2005.

Экономическая теория (политэкономия): Учебник/Под. общ. ред. академика В.И. Видяпина, академика Г.П. Журавлевой 4-е изд. М.2008.

Экономическая теория./Под.ред. А.И. Добрынина, Л.С. Тарасевича, 4-е изд. Питер 2009.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *