Фанни Микро ва макро иқтисод

Системаи пулӣ – қарзӣ

Бозори сармояи қарзӣ ва қоғазҳои қимматнок

1. Таркиби массаи пул ва андозаи он.

2. Тақозо ва арзаи пул. Бозори пул. Модели IS-LM.

3. Моҳият, вазифа ва шаклҳои қарз.

4. Бонкҳо, намудҳо ва вазифаҳои онҳо.

5. Фоизи қарз ва омилҳои муайянкунандаи дараҷаи қарз.

6. Бозори захираҳои қарзӣ ва инкишофи он.

7. Бозори қоғазҳои қиматнок.

8. Танзими макроиқтисодии системаи пулӣ-қарзӣ.

1. Таркиби массаи пул ва андозаи он.

Пул ҳамчун фишанги молиявӣ омили асосии тарақкиёти иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷиҳат низоми пулӣ яке аз қисматҳои муҳими иқтисоди миллӣ мебошад. Низоми пулӣ шакли таърихии ташкили муомилоти пулист, ки тавассути қонунгузорӣ муайян карда шудааст. Дар таърихи иқтисод ду шакли низоми пулӣ: низоми металлӣ ва низоми аломатҳои пулӣ маълум мебошанд. Албатта, чунин таснифот нисбист, зеро дар ҳарду низом шаклҳои дигари пул низ гардиш менамоянд. Низоми пулҳои металӣ дар навбати худ ду шакл дошта метавонад: биметаллизм (яъне дар гардиши пулӣ якчанд металл ба сифати пул истифода мешавад) ва монометаллизм (яъне дар гардиши пулӣ танҳо як намуди металл ба сифати пул истифода мешавад).

Низоми амонатҳои пулӣ низ дар навбати худ ду шакл дошта метавонад: низоми пулҳои бозоргир (гардишашон тез) ё пулҳои қоғазӣ ва низоми пулҳои сохта. Ба низоми пулҳои бозоргир, пеш аз ҳама пулҳои нақд ва ба низоми пулҳои сохта бошад, пулҳои амонатгузоштаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар намудҳои қоғазҳои қиматнок дохил мешаванд.

Дар назарияи муомилоти пулӣ консепсияи миқдории пул мавқеи хосса дорад, ки тавассути он миқдори пули барои муомилот зарур муайян карда мешавад. Миқдори пули барои муомилот зарур маҷмӯи ҳамаи воситаҳои пулии дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ мавҷудбудаеро, ки вазифаҳои воситаи муомилот, пардохт ва андӯхтро иҷро мекунанд, мефаҳманд.

Миқдори пули барои муомилот зарур тавассути қисмҳои таркибии он, ё агрегатҳои пулӣ шарҳ дода мешавад. Агрегатҳои пулӣ нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва таркиби миқдори пули барои муомилот зарур мебошанд. Дар назарияи иқтисод агрегатҳои М0 , М1, М2, М3 ва L — ро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд. М0 — пулҳои нақдӣ; М1 — ин М0 + пул дар суратҳисобҳои ҷорӣ, яъне амонатҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, ки онҳоро амонатҳои дархостӣ низ мегӯянд; М2 — ин М1 + амонатҳои мӯҳлатноки ҳаҷмашон майда; М3 ин М2 + амонатҳои мӯҳлатноки ҳаҷмашон калон; LМ- ин М3 + қоғазҳои қиматнок ва асъори хориҷӣ.

Дар амалияи ҷамъиятӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ шакли мукаммал ва ягонаи агрегатҳои пулӣ вуҷуд надорад. Дар давлатҳои алоҳида ин агрегатҳо вобаста ба системаи баҳисобгирии бухгалтерӣ дар шаклҳои гуногун истифода карда мешаванд. Масалан, дар Бритониёи Кабир ба М0 амонатҳои бонкҳои тиҷоратӣ дар бонки марказӣ ё ин ки дар Олмон ба М3 амонатҳо бо евро низ дохил карда мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба системаи баҳисобгирии бухгалтерии соли 2005 агрегатҳои пулӣ дар шаклҳои зеринашон истифода мешуданд: М0 — пулҳои нақдӣ; М1 — ин М0 + амонатҳои дархостӣ; М2 — ин М1 + дигар амонатҳо ва қоғазҳои қиматноки давлатӣ.

Консепсияҳои гуногуни назарияи миқдории пул низ ҷой доранд, ки аз ҷониби намояндагони мактабҳои марксистӣ, монетаристӣ ва неоклассикӣ пешниҳод карда шудаанд. Ин консепсияҳо инчунин назарияҳои тақозо ва арзаи пулро ифода менамоянд. Формулаҳое, ки онҳо барои муайян намудани миқдори пули барои муомилот зарур пешниҳод намудаанд, бо номҳои «баробарии марксистӣ», «баробарии кембриҷӣ» ва «баробарии Фишер» маъмул мебошанд.

«Баробарии марксистӣ» аз ҷониби Карл Маркс дар асари ӯ «Оид ба танқиди иқтисоди сиёсӣ» дар шакли зерин пешниҳод шудааст:

Дар ин ҷо: М — миқдори пули барои муомилот зарур; Р — маҷмӯи нархи молу хизматҳо; П — маблағи пардохтҳои мӯҳлаташон расида; ВП — арзиши умумии пардохтҳои ҳамдигарро пӯшонанда, яъне молҳое, ки бо ҳамдигар иваз карда мешаванд (бартер); V — суръати миёнаи гардиши пул.

Мувофиқи консепсияи марксистӣ ва «баробарии марксистӣ», миқдори пули барои муомилот зарур бояд бо миқдори молу хизматҳои истеҳсолшуда баробар бошад. Дар сурате ки миқдори пул аз арзиши молҳою хизматҳои истеҳсолшуда зиёд шавад, таваррум ба вуҷуд меояд ва дар ҳолати баръакс, миқдори пул барои хариди молу хизматҳо намерасад.

«Баробарии кембриҷӣ» тавассути формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

М= kPY

Дар ин ҷо: М-миқдори пули барои муомилот зарур; P- дараҷаи мутлақи нарх ё ин ки дефлятори ММД; Y- маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҳақиқӣ; k- коэффисиенти пуликунонии ММД, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

яъне миқдори миёнасолонаи пули барои муомилот зарур, тақсими ММД.

Мувофиқи «баробарии кембриҷӣ» агар ҳаҷми арзаи пул зиёд шавад, дараҷаи нархҳо низ зиёд мешавад ва баръакс.

«Баробарии Фишер» бо номи олими машҳури амрикоӣ Ирвинг Фишер, ки яке аз намояндагони асосии монетаризм ба ҳисоб меравад, машҳур аст ва шакли зеринро дорад:

ки дар ин ҷо; M — миқдори пули барои муомилот зарур; V — суръати миёнаи гардиши пул (дар давоми сол); Q — миқдори молу хизматҳои фурӯхташуда (дар давоми сол); P — нархи миёнаи молу хизматҳо (дар давоми сол); P х Q — маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналӣ.

Баробарии Фишерро тағйир дода, формулаи зеринро мукаммал кардан мумкин аст:

Аз «баробарии Фишер» ва «баробарии Кембриҷ» чунин бармояд, ки агар бузургии k кам бошад, пас, барои харидани миқдори молу хизматҳои истеҳсолшуда бояд суръати гардиши пулро (V) зиёд кардан зарур аст.

2. Бозори пул. Тақозо ва арзаи пул. Модели IS-LM.

Бозори пул дар маънои васеъ механизми иқтисодиест, ки алоқамандии байни харидорону фурӯшандагони маблағҳои молиявиро (пул ва қоғазҳои қиматнок) таъмин менамояд. Дар бозори пул ба сифати субъектҳои бозор, давлат (дар шахсияти бонки марказӣ), бонкҳои тиҷоратӣ, институтҳои махсусгардонидашудаи молиявию қарзӣ ва ширкатҳои миёнарав (ширкатҳои брокерию диллерӣ) баромад менамоянд. Бозори пул мисли дигар бозорҳо дорои арза ва тақозои ба худ хос мебошад. Арзаи пул миқдори пул ё маҷмӯи ҳамаи воситаҳои пулист, ки дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ вуҷуд дорад ва гардиши молу хизматҳоро дар иқтисоди миллӣ таъмин менамояд. Дар муқоиса бо дигар бозорҳо дар бозори пул арза аз омилҳои нархӣ (фоизи қарз) ва тақозо вобаста нест.

Ҳаҷми арзаи пул ба бузургии агрегати охирони пулӣ LM баробар буда, ҳаҷми миқдори пули барои муомилот зарурро ифода менамояд. Ба арза дар бозори пул сиёсати монетарии (пулию қарзӣ) давлат ва амалиётҳои фаъоли бонкҳои тиҷоратӣ таъсир мерасонанд. Бояд қайд намуд, ки ин омилҳо бо ҳамдигар зич алоқаманд буда, якдигарро пурра мекунанд. Дар доираи сиёсати монетарӣ давлат меъёри захираҳои ҳатмиро барои бонкҳои тиҷоратӣ муайян менамояд. Захираҳои ҳатмӣ як фоизи муайяни даромади бонкҳои тиҷоратист, ки дар бонки марказӣ нигоҳ дошта мешавад ва ин кор аслан барои паст кардани хавфи пардохт накардани ӯҳдадориҳои бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад. Агар меъёри захираҳои ҳатмӣ (r) баланд бардошта шавад, пас, ҳаҷми захираҳои қарзии бонкҳои тиҷоратӣ низ кам шуда, ҳаҷми арзаи пул низ кам мешавад ва баръакс.

Унсури дигари бозори пул ин тақозо ба пул мебошад. Тақозо ба пул аз вазифаи пул ҳамчун воситаи муомилот ва ҳамчун воситаи андӯхти сармоя бармеояд. Вобаста ба ин, тақозо ба пул тавассути бузургии воситаҳои пулие муайян карда мешавад, ки онро субъектҳои иқтисодӣ нигоҳ медоранд. Дар назарияи иқтисод консепсияҳои неоклассикӣ (монетарӣ) ва кейнсионии тақозои пулро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Мувофиқи консепсияи неоклассикӣ (монетарӣ) тақозо ба пул (МD) функсия аз даромади номиналӣ (PY) мебошад ва арзаи пул аз тақозои пул вобаста нест, яъне МD= kPY;

Ҷонибдорони консепсияи кейнсионӣ бошанд, се шакли тақозои пулро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

  • Тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот. Ин шакли тақозо дар консепсияҳои неоклассикӣ ва кейнсионӣ маҷмӯи тақозоро ба пул ташкил мекунад. Ба ҳаҷми тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот миқдори пуле дохил мешавад, ки барои хароҷотҳои хоҷагиҳои хонагӣ ва хароҷотҳои фирмаҳою ташкилотҳои давлатӣ ҳангоми пардохти музди кор, хариди сузишворӣ, хариди ашё ва ғайра заруранд. Тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот аз дараҷаи фоизи қарз вобаста набуда, аз ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналӣ вобаста аст, зеро то чӣ андозае, ки ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳо зиёд шавад, то ҳамон андоза миқдори бештари пул барои хариду фурӯши онҳо лозим мешавад. Дар ин маврид дар шакли графикӣ ин намуди тақозо шакли зеринро дорад:

Нақшаи 8. Графики тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот

  • Тақозо ба пул ҳамчун воситаи андӯхти сарват ва пасандоз. Ин шакли тақозоро тақозои ҷаллобӣ низ меноманд ва як қисми даромадест, ки баъд аз тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот боқӣ мемонад ва аҳолӣ онро маблағгузорӣ менамоянд. Пасандоз ё маблағгузорӣ дар шаклҳои зерин сурат мегирад: нигоҳдорӣ дар депозитҳои бонкӣ ва хариди қоғазҳои қиматнок, ки онро боғоҷ (пакет)-и молиявӣ низ меноманд. Интихоби шакли пасандоз (маблағгузорӣ) ба дараҷаи меъёри фоизи қарз вобаста мебошад. Дар ин ҳол агар дараҷаи фоизи қарз зиёд шавад, одамон бештар пулҳои худро дар шакли қоғазҳои қиматнок, хусусан вомбаргҳо мехоҳанд нигоҳ доранд ва баръакс. Ин шакли тақозо дар шакли графикӣ чунин тасвир меёбад:

Нақшаи 9. Тақозо ба пул ҳамчун воситаи андӯхти сарват ва пасандоз

Ҳаҷми (бузургии) тақозо ба пул аз таъсири омилҳои зерин вобаста мебошад:

  • Дараҷаи нархҳо. Дар сурати афзоиши нархҳо барои хариди молу хизматҳо харидоронро зарур аст, ки миқдори пули бештар дошта бошанд ва ин боиси афзоиши ҳаҷми тақозо ба пул мегардад.
  • Дараҷаи ҳаҷми ҳақиқии истеҳсолот. Ҳангоми афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, аз як тараф, пули бештар барои хариди захираҳо зарур аст, аз тарафи дигар, он боиси афзоиши даромади ҳақиқии қувваи корӣ мегардад, ки дар навбати худ тақозои онҳоро ба молу хизматҳо зиёд мекунад.

Шарти асосии ҷой доштани мувозинат дар бозори пул дараҷаи фоизи қарзи мувозинатӣ мебошад. Дараҷаи фоизи қарзи мувозинатӣ ин нархи мувозинатиест барои истифодаи пул, ки аз мувозинати арзаю тақозо ба вуҷуд омадааст. Мувозинат дар бозори пул дар шакли графикӣ чунин тасвир меёбад:

Дар ин ҷо арзаи пул (ٍٍSm) аз фоизи қарз вобаста нест ва онро танҳо давлат метавонад каму зиёд намояд. Тақозо ба пул (Dm) бошад, аз дараҷаи фоизи қарз вобаста аст. Агар тақозо зиёд шавад (Dm1), пас, нуқтаи мувозинатӣ низ ҷояшро иваз намуда, дараҷаи фоизи қарз баланд мешавад. Дар сурати паст шудани тақозо (Dm2) дараҷаи фоизи қарз кам мешавад. Мувозинат дар бозори пул дар натиҷаи таъсири омилҳо ба тақозо ва арзаи пул ба вуҷуд меояд.

Чӣ тавре ки аз таҳлили бозори пул ва назарияи миқдории пул бармеояд, пул ҳамчун фишанги иқтисодӣ ба ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳо таъсири бевосита расонида метавонад. Инчунин омили нархии бозори пул — меъёри фоизи қарз дар бозори пул ва бозори молу хизматҳо нақши муҳимро мебозад. Бо дарназардошти ҳамин олимон Хикс ва Хансен тамсилаеро пешниҳод намудаанд, ки мувозинати бозори пулро бо бозори молу хизматҳо нишон медиҳад. Ин тамсила бо номи тамсилаи IS-LM машҳур мебошад ва дар шакли графикӣ чунин шакл дорад:

Каҷхатаи IS муносибати байни меъёри фоизи қарз (r) ва дараҷаи даромади миллиро (Y) нишон медиҳад. Дар ҳамаи нуқтаҳои ин каҷхата ҳосили ҷамъи пасандозҳою андозҳо ба ҳосили ҷамъи маблағгузорӣ ва хароҷотҳои давлатӣ баробар аст. Номи каҷхатаи IS аз шарти аввалаи он, ки онро Хикс пешниҳод намуда буд, мондааст, зеро он қаблан пасандоз (S) ва маблағгузориро (I) дар бар мегирифт.

Каҷхатаи LM муносибати байни меъёри фоизи қарз (r) ва дараҷаи даромади миллиро (Y) ки мувозинатро дар бозори пул низ ифода мекунад, нишон медиҳад. Дар ҳамаи нуқтаҳои ин каҷхата ҳаҷми тақозо ба пул ба ҳаҷми арзаи пул баробар аст. Қаблан Хикс онро каҷхатаи L номида буд ва баъдтар Хенс онро каҷхатаи LM номид. Чунин тағйирот ба хотири он буд, ки дар қад-қади ин каҷхата тақозо ба пул (L) ба арзаи пул (M) баробар аст.

3. Моҳият, вазифа ва шаклҳои қарз.

Ҷараёни такрористеҳсоли ҷамъиятӣ гардиши доимии маблағҳои пулиро тақозо менамояд ва ҳангоми такрористеҳсол маблағҳои пулии баъзе истеҳсолкунандагон муваққатан озод мемонад, аммо дигар гурӯҳи истеҳсолкунандагон бинобар маҳдуд будани ҳаҷми захираҳои молиявиашон ба ин гуна маблағҳо эҳтиёҷот пайдо мекунанд. Дар амалияи ҷамъиятӣ чунин зиддият тавассути қарз ҳал карда мешавад.

Дар назарияи иқтисодӣ мафҳуми қарз дар маънои васеъ ва маҳдуд шарҳ дода мешавад.

Қарз (дар маънои васеъ) муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки ба ихтиёри шахсони воқеӣ ё шахсони ҳуқуқӣ додани амвол ё маблағҳои пулиро бо шартҳои мӯҳлати муайян, бозгардонидан ва пардохти фоизи муайян ифода мекунад.

Қарз (дар маънои маҳдуд) ҳаракати сармояи судхӯрӣ буда, хусусияти муваққатан дар ихтиёри дигаре будан, бозгаштан ва фоида оварданро дорад.

Ба объекти муносибатҳои қарзӣ ҳар гуна амвол ва маблағҳои пулӣ дохил мешаванд. Масалан: гандум, ашёи хом, молҳои саноатӣ, хона, маблағҳои пулӣ ва ғайра.

Ба субъекти муносибатҳои қарзӣ давлат, корхонаҳо, ташкилотҳо, фондҳо, бонкҳо, ширкатҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дохил мешванд.

Сарчашмаи асосии қарз маблағҳои дохилии субъектҳои хоҷагидорӣ буда, дар натиҷаи гардиши сармоя муваққатан озод мебошанд. Онҳоро ба қисмҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Маблағҳое, ки барои барқарор намудани сармояи асосӣ таъмин шудаанд ва дар фонди истеҳлок (амортизатсионӣ) ҷамъ шудаанд. Корхонаҳо то харидани воситаҳои истеҳсолот (сармояи асосӣ) метавонанд ин маблағҳои ҷамъшударо ба дигар субъектҳо қарз диҳанд.
  2. Қисми сармояи гардон, ки бинобар сабаби номувофиқ омадани вақти фурӯши мол, хариди ашёи хом, сӯзишворӣ, додани музди кор ва ғайраҳо дар шакли маблағҳои пулӣ боқӣ (озод) мондаанд.
  3. Захираҳои пулии корхонаю ташкилотҳои буҷавӣ ва фондҳои мақсаднок.
  4. Даромадҳои пасандозшудаи аҳолӣ.

Қарз вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  1. Азнавтақсимкунӣ, яъне ба воситаи қарз захираҳои пулию молӣ дар байни ноҳияҳо, фирмаҳо, соҳаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ бо шарти бозгардонидан аз нав тақсим

карда мешаванд.

  1. Ивазкунии пул, яъне қарз имконият медиҳад, ки пулҳои нақд бо пулҳои қарзӣ (банкнотҳо, вомбаргҳо ва ғайраҳо) иваз карда шаванд. Ин вазифа имконият медиҳад, ки хароҷотҳои муомилот кам карда шуда, суръати гардиши пул тезонида шавад.
  2. Самаранокӣ, яъне қарз самаранокии истеҳсолотро зиёд намуда, боиси афзоиши он мегардад, зеро қарз дар бештари ҳолатҳо барои васеъ намудани истеҳсолот, ба даст овардани техникаю технологияи нав ва сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ истифода мешавад.

4. Бонкҳо, намудҳо ва вазифаҳои онҳо.

Идоракунии қарз тавассути муассисаҳое сурат мегирад, ки дар маҷмӯъ онҳоро низоми қарзӣ меноманд.

Низоми қарзӣ гуфта, маҷмӯи муассисаҳои қарзию молиявиеро меноманд, ки вазифаи ҷамъоварӣ ва тақсимоти маблағҳои пулиро иҷро мекунанд. Мақсади асосии ин муассисаҳои қарзию молиявӣ танзими иқтисодиёт ба воситаи миқдори пул дар муомилот мебошад. Ба чунин муассисаҳо бонкҳо, иттифоқҳои қарзӣ, ширкатҳои маблағгузорӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва дигар институтҳои қарзию молиявиро дохил мекунанд.

Низоми қарзии муосир аз се зина иборат аст: Бонки марказӣ; Бонкҳои тиҷоратӣ; Институтҳои махсусгардонидашудаи қарзию молиявӣ.

Бонки марказӣ дар низоми қарзӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд. Дар бештари давлатҳо (Олмон, Фаронса, ИДМ) бонкҳои марказӣ муассисаҳои давлатӣ мебошанд. Дар як қатор давлатҳо (ИМА, Шветсария) онҳо дар шакли ширкатҳои саҳҳомӣ ташкил шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллӣ ҳамчун Бонки марказӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаҳои асосии бонкҳои марказӣ инҳо мебошанд: интишори пул;

  • нигоҳ доштани захираҳои тиллоию асъории давлат; нигоҳ доштани фондҳои захиравии дигар муассисаҳои қарзӣ; қарз додан ба бонкҳои тиҷоратӣ;
  • анҷом додани амалиётҳои молиявии ҳукумат; тасдиқ ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ.

Бонкҳои тиҷоратӣ зинаи дуюми низоми қарзӣ ба ҳисоб рафта, ба ҷалбкунӣ ва ҷобаҷокунии маблағҳои пулии шахсони воқеию ҳуқуқӣ сару кор доранд. Ин намуди бонкҳо ҷалбкунӣ ва ҷобаҷогузории маблағҳои пулиро ба воситаи амалиётҳои фаъол (актив) ва ғайрифаъол (пассив) ба анҷом мерасонанд.

Амалиёти фаъоли бонкӣ гуфта, ба мизоҷон пешниҳод намудани қарзро меноманд, ки бонк бар ивазаш фоизи муайян мегирад.

Амалиёти ғайрифаъоли бонкӣ гуфта, ҷалбкунии пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқиро мефаҳманд, ки барои онҳо бонк ба мизоҷон фоизи муайн медиҳад.

Бонкҳои тиҷоратӣ умумӣ ва махсусгардонидашуда мешаванд. Бонкҳои тиҷоратии умумӣ тамоми амалиётҳоро барои ҳамаи мизоҷон ба иҷро мерасонанд.

Бонкҳои тиҷоратии махсусгардонидашуда танҳо ба як соҳа (саноат, кишоварзӣ ва ғайра) ё гурӯҳи муайяни мизоҷон хизмат мерасонанд. Дар бештари мамлакатҳои дунё бонкҳои тиҷоратӣ ба мизоҷон қариб дусад намуди хизматҳоро мерасонанд, ки аз ҳама асосиашон инҳо мебошанд:

  1. Қарздиҳии бевосита, яъне пешниҳоди қарз ба мӯҳлати муайян бо шарти бозгардонидан ва пардохти фоизи муайян; 2. Маблағгузории бонкӣ, яъне харидани саҳмияҳо ва облигатсияҳо аз тарафи бонк; 3. Лизинг, яъне ба воситаи бонк ба иҷора додани воситаҳои истеҳсолот; 4. Қабул ва нигоҳдории амонатҳои гузошташуда; 5. Додани пул аз суратҳисобҳо ва иҷрои ҳисоб-баробаркуниҳо; 6. Ҷобаҷокунии маблағҳои пулии ҷамъшуда ва ғайра.

Зинаи сеюми низоми қарзӣ институтҳои қарзию молиявӣ мебошанд, ки ба онҳо иттифоқҳои қарзӣ, ширкатҳои маблағгузорӣ, муассисаҳои амонатгузорӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва фондҳои нафақа дохил мешаванд.

Иттифоқҳои қарзӣ кооперативҳои қарзиро меноманд, ки сармояи онҳо аз аъзоҳақии аъзоёнаш ба вуҷуд оварда шуда, онро барои пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ истифода мебаранд.

Ширкатҳои маблағгузорӣ ширкатҳое мебошанд, ки тавассути интишори саҳмияҳои худӣ, маблағҳои шахсони воқеию ҳуқуқиро ҷамъ меоваранд.

Муассисаҳои амонатгузорӣ муассисаҳое мебошанд, ки ба ҷамъоварии амонатҳои аҳолӣ сарукор доранд.

Ширкатҳои суғуртавӣ муассисаҳое мебошанд, ки вазифаи асосиашон суғурта намудани амвол, ӯҳдадорӣ ва ҳаёт мебошад. Маблағҳои озоди худро онҳо асосан барои молиякунонии ширкатҳои калон ва сектори давлатӣ истифода мебаранд.

Фондҳои нафақа маблағҳои худро барои харидани вомбаргҳои давлатӣ ва саҳмияҳои хусусӣ сарф намуда, ҳамин тавр, дар такрористеҳсолии ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд.

Бояд қайд намуд, ки зинаи аввал (Бонки марказӣ) ва зинаи дуюм (бонкҳои тиҷоратӣ) дар якҷоягӣ низоми бонкиро ташкил медиҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат дар баъзе адабиётҳои иқтисодӣ низоми қарзиро низоми қарзӣ-бонкӣ низ меноманд.

Фаъолияти мӯътадили иқтисодиёт аз устувории низоми қарзӣ вобаста аст. Омилҳои асосие, ки ба низоми қарзӣ таъсири манфӣ мерасонанд, инҳо мебошанд: номӯътадилии қурби пули миллӣ; сиёсати бесамари фискалӣ; сиёсати бесамари пулию қарзии бонки марказӣ ва ғайра.

Роҳҳои асосии мӯътадил намудани фаъолияти низоми қарзӣ инҳо мебошанд: мукаммал намудани қонунгузории бонкӣ; мувофиқ намудани дараҷаи ниҳоии захираҳои бонкӣ ва дараҷаи фоизи қарз ба талаботи тараққиёти иқтисодӣ.

Моҳияти иқтисодии низоми қарзӣ дар вазифаҳои зерини он ифода меёбад:

  1. Вазифаи пулӣ – хоҷагидорӣ (кор бо амонатҳо, амалиётҳо оид ба нигоҳдорӣ ва пешниҳоди қарз, пешниҳоди ахборот, маслиҳат додан ва ғайра), ки онро муассисаҳои қарзӣ иҷро мекунанд.
  2. Вазифаи танзимкунӣ (муайян намудани дараҷаи захираҳо, муайян намудани дараҷаи фоизи қарз ва ғайра), ки онро Бонки марказӣ ба иҷро мерасонад.
  3. Вазифаи ба тартиб андохтан (назорат аз болои бонкҳои тиҷоратӣ, назорат аз болои муассисаҳои қарзию молиявии махсус ва ғайра), ки онро Бонки марказӣ бо якҷоягии Вазорати молия ба иҷро мерасонад.

5. Фоизи қарз ва омилҳои муайянкунандаи дараҷаи қарз.

Хусусияти асосии қарз пардохти фоизи муайяни қарз буда онро «нархи қарз» низ меноманд. Фоизи қарз як қисми фоидаи соҳибкорӣ аст, ки онро соҳиби сармояи судхӯрӣ азони худ мекунад.

Манфиатнокии фоизи қарз ба воситаи меъёри фоиз нишон дода мешавад, ки онро ҳамчун нисбати фоизи қарз ба ҳаҷми сармояи судхӯрӣ муайян мекунанд, яъне:

Дар ин ҷо: манфиатнокии фоизи қарз; суммаи фоизи қарз;сармояи судхӯрӣ.

Меъёри фоизи қарз ба бузургии тақозою арза дар бозори захираҳои қарзӣ вобаста аст.

6. Бозори захираҳои қарзӣ ва инкишофи он.

Ба монанди дигар бозорҳо дар бозори захираҳои қарзӣ қарзро вобаста ба шакли қарздиҳӣ, вобаста ба мӯҳлати адои қарз ва вобаста ба хусусиятҳои қарз дар фазо, таснифбандӣ менамоянд.

Вобаста ба шакли қарздиҳӣ асосан қарзи молӣ ва қарзи пулиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Қарзи молӣ чунин намуди қарзест, ки молҳои гуногун ҳамчун объекти он баромад мекунад. Аз ҷумла молҳои саноатӣ, молҳои истеъмолӣ, ашёи хом, захираҳо ва воситаҳои истеҳсолот, ки метавонанд ҳамчун объекти қарз баромад намоянд.

Қарзи пулӣ гуфта, қарзеро меноманд, ки дар шакли сармояи пулӣ (пули нақд, вексел, вомбарг, облигатсияҳо) дода мешавад.

Вобаста ба мӯҳлати адои қарз шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

1. қарзи кӯтоҳмӯҳлат, яъне қарзе ки мӯҳлати адояш то 1 сол аст;

2. қарзи миёнамӯҳлат, яъне қарзе, ки мӯҳлати адояш то 5 сол аст;

3. қарзи дарозмӯҳлат, яъне қарзе, ки мӯҳлати адояш то 10 сол аст;

4. қарзи дарозмӯҳлати махсус, яъне қарзе, ки мӯҳлати адояш аз 20 то 40 солро ташкил медиҳад.

Вобаста ба хусусиятҳои қарз дар фазо, қарзи байнидавлатӣ, қарзи давлатӣ, қарзи бонкӣ, қарзи тиҷоратӣ, қарзи истеъмолӣ ва қарзи гаравиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Қарзи байнидавлатӣ ҳаракати сармояи судхӯриро дар соҳаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ меноманд.

Қарзи давлатӣ чунин шакли қарзест, ки онро давлат ба аҳолӣ ё ин ки соҳибкорони хусусӣ пешниҳод мекунад. Сарчашмаи асосии ин намуди қарз асосан облигатсияҳои давлатӣ мебошанд.

Қарзи бонкӣ чунин шакли қарзест, ки онро муассисаҳои молиявию қарзӣ (бонкҳо, фирмаҳо ва ғайра) ба дилхоҳ субъектҳои хоҷагидорӣ (фирмаҳо, шахсони алоҳида ва ғайраҳо) пешниҳод менамоянд. Ин гуна қарз асосан қарзи пулӣ мебошад.

Қарзи тиҷоратӣ чунин қарзест, ки онро як субъекти хоҷагидорӣ ба дигарон дар шакли фурӯши мол бо назардошти пардохти маблағи он пешниҳод намудааст. Ин гуна қарз асосан қарзи молӣ мебошад.

Қарзи истеъмолӣ чунин намуди қарзест, ки асосан ба шахсони алоҳида то мӯҳлати 3 сол бо фоизи баланд (то 30%) пешниҳод мешавад. Ин шакли қарз метавонад қарзи молӣ ё қарзи пулӣ бошад.

Қарзи гаравӣ чунин шакли қарзест, ки дар асоси ба гарав мондани амволи ғайриманқул (порчаи замин, хона, иншоот ва ғайра) пешниҳод мешавад.

7. Бозори қоғазҳои қиматнок.

Бозори қоғазҳои қиматнок яке аз шаклҳо ва қисматҳои маъмули бозори сармоя буда, барои ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ сарчашмаи асосии захираҳои сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. Пайдоши бозори қоғазҳои қиматнок ба мавҷудият ва инкишофи талабот ба захираҳои қарзӣ вобаста аст. Бозори қоғазҳои қиматнок бар истифодаи сармояи судхӯрӣ (қарзӣ) асос меёбад ва ҳаракати (хариду фурӯши) қоғазҳои қиматнок ин истифодаи сармояи пулиро ба мақсади судхӯрӣ (даромади муфт гирифтан) ифода менамояд. Дар чунин сурат қоғазҳои қиматнок шакли ҳуҷҷати қарзиро мегиранд.

Вазифаи асосии бозори қоғазҳои қиматнок ин зудҳаракатии (мобилизатсия) маблағҳои пулии субъектҳои иқтисодӣ барои ташкил ва равнақи истеҳсолот мебошад. Бозори қоғазҳои қиматнокро метавон ба бозори аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа ҷудо намуд. Дар бозори аввалиндараҷа қоғазҳои қиматноки навинтишоршуда хариду фурӯш карда мешаванд, ки дар натиҷа интишоркунандаи он соҳиби сармояи пулӣ ва харидорон соҳиби қоғазҳои қиматнок мегарданд. Нархи қоғазҳои қиматноки дар бозори авалиндараҷа харидуфурӯшшаванда ба арзиши номиналии онҳо, яъне маблағе, ки дар онҳо нишон дода шудааст, баробар аст. Соҳибони қоғазҳои қиматнок метавонанд онҳоро ба дигар субъектҳои иқтисодӣ фурӯшанд ва ин боиси пайдоиши бозори дуюмдараҷаи қоғазҳои қиматнок мегардад. Дар ин шакли бозор нархи (қурби) қоғазҳои қиматнок ба омилҳои гуногун, аз қабили даромади ширкатҳои саҳҳомӣ, вазъи сиёсӣ, ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ ва фоизи қарзи бонкӣ вобаста мебошад. Масалан, агар даромади ширкатҳои саҳҳомӣ афзояд, пас, қурби саҳмияҳои ширкат низ меафзояд ва баръакс. Вобаста ба таъсири омилҳои номбурда қурби қоғазҳои қиматнок дар бозор чунин ҳисоб карда мешавад:

Дар бозори дуюмдараҷаи қоғазҳои қиматнок гардиши биржавӣ ва гардиши ғайрибиржавиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Гардиши биржавии қоғазҳои қиматнок хариду фурӯши онҳо дар биржаи фондӣ мебошад.

Гардиши ғайрибиржавии қоғазҳои қиматнок хариду фурӯши онҳоро берун аз биржаҳо мефаҳмонад. Сабаби асосии ҷой доштани гардиши ғайрибиржавӣ дар он аст, ки ҳар як биржаи фондӣ талаботҳои худро дорад ва на ҳама ширкатҳо ба ин талаботҳо розӣ мешаванд. Гузашта аз ин, хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок берун аз биржа хароҷоти ширкатҳоро кам мекунад. Дар бештар мавридҳо ба ин кор фирмаҳои махсуси брокерӣ сару кор доранд. Воситаҳои асосии гардиши ғайрибиржавӣ алоқаи телефонӣ, интернет, факс ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.

Биржаи фондӣ гуфта, бозори муташаккили қоғазҳои қиматнокро меноманд, ки дар он хариду фурӯши онҳо сурат мегирад. Биржаи фондӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  • алоқамандии харидорон ва фурӯшандагони қоғазҳои қиматнокро таъмин менамояд;
  • қурби қоғазҳои қиматнок ва муносибати сармоядоронро нисбат ба ҳар яки онҳо муайян менамояд;
  • ба сифати механизми ҳаракати сармоя аз як соҳа ба соҳаи дигар баромад менамояд.

Биржаҳои фондӣ метавонанд ба сифати ширкатҳои саҳҳомӣ дар асоси моликияти коллективӣ ва ба сифати муассисаи давлатӣ дар асоси моликияти давлатӣ ташкил карда шаванд.

8. Танзими макроиқтисодии системаи пулӣ-қарзӣ.

Сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) гуфта, маҷмӯи чорабиниҳои давлатиеро меноманд, ки дар бахши пулию қарзӣ ба хотири таъмини тараққиёти мӯътадили иқтисодӣ андешида мешаванд. Ин гуна сиёсатро Бонки марказӣ дар якҷоягӣ бо Ҳукумат амалӣ менамоянд. Мақсади асосии сиёсати монетарӣ идоракунии фаъолияти хоҷагидорӣ, мӯътадил гардонидани дараҷаи нарх, бозсозии таркиби иқтисодиёт, мустаҳкам намудани қурби пул, таъмини шуғли пурра ва таъмини рушди иқтисодӣ мебошад. Воситаҳои асосии сиёсати монетарӣ инҳо мебошанд: Амалиёт дар бозори кушод; Тағйирот дар меъёри захираҳои ҳатмӣ; Тағйироти фоизи қарз.

Аз ҳамин ҷиҳат дар зери мафҳуми сиёсати монетарӣ идоракунии дараҷаи фоиз, бузургии миқдори пул ва идоракунии қарзро низ мефаҳманд.

Амалиёт дар бозори кушод (идоракунии қарз) гуфта, хариду фурӯши қоғазҳои қиматноки давлатиро аз тарафи Бонки марказӣ меноманд.

Тағйирот дар меъёри захираҳои ҳатмӣ яке аз воситаҳои асосии таъсири Бонки марказӣ ба миқдори пул мебошад. Мувофиқи қонун бонкҳои тиҷоратӣ як қисми захираҳои худро ҳатман бояд ҳамчун захира дар Бонки марказӣ нигоҳ доранд, ки андозаи онро Бонки марказӣ муайян мекунад.

Тағйироти дараҷаи фоизи қарз (сиёсати дисконтӣ) аз ҷониби Бонки марказӣ сурат мегирад. Дараҷаи фоизи қарз гуфта, меъёри фоизеро меноманд, ки ба воситаи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарзи кӯтоҳмуддат медиҳад.

Вобаста ба вазъи иқтисодӣ сиёсати монетарӣ дар ду шакл зоҳир мегардад:

  1. Сиёстаи пулҳои арзон, ки асосан ҳангоми ҷой доштани бӯҳрони иқтисодӣ ва баланд шудани дараҷаи бекорӣ истифода карда мешавад. Мақсади асосии ин сиёсат арзон кардани қарз, зиёд кардани ҳаҷми маблағгузорӣ, истеҳсолот ва шуғл мебошад. Сиёсати мазкур тавассути чораҳои зерин амалӣ мешавад:
  • паст кардани дараҷаи фоизи қарз, ки ба бонкҳои тиҷоратӣ имконият медиҳад аз Бонки марказӣ бештар қарз гирифта, захираҳои худро зиёд намоянд;
  • Бонки марказӣ дар бозори кушод қоғазҳои қиматнокро харида мегирад ва ба ивазашон захираҳои бонкҳои тиҷоратиро зиёд мекунад, ки дар натиҷаи он миқдори пул дар муомилот зиёд мешавад;
  • Бонки марказӣ андозаи захираҳои ҳатмиро кам мекунад, ки дар натиҷаи он захираҳои зарурӣ ва миқдори пул дар муомилот зиёд мешавад.

2. Сиёсати пулҳои қимат, ки бо мақсади кам кардани миқдори пул дар муомилот амалӣ карда мешавад. Чораҳои асосии амалӣ намудани сиёсати пулҳои қимат инҳо мебошанд:

  • баланд кардани дараҷаи фоизи қарз, ки боиси камтар қарз гирифтани бонкҳои тиҷоратӣ аз Бонки марказӣ мешавад;
  • фурӯши қоғазҳои қиматнок аз тарафи Бонки марказӣ дар бозори кушод, ки ба кам шудани миқдори пул дар муомилот оварда мерасонад;
  • баланд кардани дараҷаи захираҳои ҳатмӣ, ки боиси кам шудани захираи зарурӣ ва миқдори пул дар муомилот мегардад.

Адабиёт

А. Эргашев, Ҳ. Муҳадбердиев, М. Эргашева Курси назарияи иқтисодӣ

(Макроиқтисод). Душанбе, 2004.

Баликоев В.З. Общая экономическая теория. Учебник. Новосибирск. 2006. Исоматов Б. Асосҳои назарияи иқтисод. Душанбе, 2007.

Қодиров Ш.Ш, Раҳимов О.Н, Хоркашов И.С, Фозилхонов Д.О. Назарияи иқтисод. Қисми дуюм. Душанбе, 2008.

Усманова Т.Д., Алимова М.М. «Экономическая теория»

(Макроэкономика) Душанбе:, 2005.

Экономическая теория. Учебник. / Под ред. Добрынина А.И. М. 2007. Экономическая теория. Учебник. / Под ред. В.И. Видяпина. М. 2007. Экономическая теория. Учебник. Под ред. Камаева М.: М, 2005.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *