Фанни Микро ва макро иқтисод

Нишондиҳандаҳои асосии иқтисоди миллӣ ва тарзҳои ҳисоби онҳо

Натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро мол ва хизматҳое ташкил медиҳанд, ки дар мӯҳлати муайяни вақт истеҳсол шудаанд ва онҳоро маҳсулоти миллӣ меноманд. Нишондиҳандаҳое, ки ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ва умуман натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро нишон медиҳанд, бо тавсияи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) истифода карда мешаванд ва онҳоро нишондиҳандаҳои макроиктисодӣ низ меноманд. Яке аз ҳамин гуна нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ин маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) мебошад.

Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) — ин арзиши бозории мол ва хизматҳое мебошад, ки шаҳрвандони кишвар дар дохил ва берун аз кишвар дар муддати як сол истеҳсол намудаанд.

Дар назарияи иқтисодӣ вобаста ба нарх ва шуғл, ки омилҳои асосии афзояндаи МММ ба ҳисоб мераванд, МММ-ро ба шаклҳои гуногун ҷудо мекунанд.

Вобаста ба нарх МММ-и номиналӣ ва ҳақиқиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

МММ-и номиналӣ — ин арзиши бозории молу хизматҳо бо нархҳои соли ҷорӣ мебошад.

МММ-и ҳақиқӣ — ин арзиши бозории молу хизматҳо бо нархҳои соли базавӣ мебошад.

Муносибати байни МММ-и номиналӣ ва МММ-и ҳақиқӣ зиёдшавии МММ-ро аз ҳисоби нарх нишон медиҳад, ки онро дефлятори МММ меноманд, яъне:

* 100%

Вобаста ба вазъи шуғл МММ-и имконпазир ва МММ-и воқеиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

МММ-и имкокпазир гуфта — ин ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳоро,

ҳангоми ҷой доштани шуғли пурра меноманд.

МММ-и воқеӣ — ин ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳоро ҳангоми ҷой доштани бекории даврӣ меноманд.

Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ бо ду усул андоза карда мешавад: аз рӯи хароҷотҳо ва аз рӯи даромадҳо.

Мувофики усули якум МММ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

МММ=С+Jg+G+Nх

Чӣ тавре, ки аз ин формула бармеояд таркиби МММ аз рӯи хароҷотҳо аз қисмҳои зерин иборат аст: хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (С), маблағгузорҳои умумӣ (Jg), хароҷотҳои давлатӣ (G) ва содироти соф (Nх).

Ба хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (С) — хароҷотҳо оид ба харидани маҳсулоти ниёзи аввала (хӯрокворӣ, пӯшока ва ғайра), молҳои истифодаашон дурудароз ва хизматҳо дохил карда мешаванд.

Ба маблағгузорҳои умумӣ (Jg) — хароҷотҳое дохил мешаванд, ки барои сохтмон, харидани таҷҳизот, коғазҳои қимматнок сарф карда шудаанд. Дар мамлакатҳои муттараққӣ маблағгузорҳои умумӣ 16-19 фоизи МММ-ро ташкил медиҳанд.

Ба хароҷотҳои давлатӣ (G) — хароҷотҳое дохил мешаванд, ки барои таъмини фаъолияти органҳои гуногуни давлатӣ сарф мешаванд. Масалан: хароҷотҳо барои мудофиа, маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра. Пардохтҳои трансфертӣ (субсидияҳо, ёрдампулиҳо ва ғайра) ба хароҷотҳои давлатӣ дохил карда намешаванд.

Ба содироти соф (Nх) — фарқияти байни содирот ва воридот (Nх=E-I) дохил мешавад. Агар ин фарқият мусбӣ бошад, пас ҳаҷми МММ зиёд мешавад ва баръакс, дар сурати манфӣ будани ин фарқият ҳаҷми МММ кам мешавад.

Мувофиқи усули даромадҳо ҳисоби МММ аз рӯи формулаи зерин сурат мегирад:

МММ = даромад аз меҳнат (музди кор) + даромад аз моликият + фоидаи тақсимнашудаи ширкатҳо + рента + фоизи қарз + андозҳои ғайримустақим + истеҳлок (амортизатсия) + дивиденд.

Даромад аз меҳнат шакли асосии даромад ба ҳисоб меравад, ки дар шакли музди кор зоҳир гашта, онро фирмаҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба коргаронашон ҳамчун нархи қувваи корӣ медиҳанд. Инчунин ба музди кор мукофотпулиҳо низ дохил карда мешаванд.

Даромад аз моликият ин даромади соҳаи (сектори) хусусӣ аз сармоя мебошад.

Фоидаи ширкатҳо ба самтҳои зерин тақсим карда мешавад: ба буҷаи давлатӣ ҳамчун андоз, ба соҳибони саҳмияҳо ҳамчун дивиденд ва ба фоидаи тақсимнашаванда, ки барои сармоягузорӣ истифода карда мешавад.

Рента ин фоидае мебошад, ки аз истифодаи амвол хусусан аз истифодаи замин гирифта мешавад. Масалан, соҳибони замин барои ба иҷора додани заминашон маблағи муайян мегиранд. Ин маблағҳоро соҳиби замин ҳамчун даромад аз истифодаи амволаш соҳиб мешавад.

Фоизи қарз ин даромади соҳибони сармояи пулӣ мебошад, ки онро ба ивази истифодаи сармояашон соҳиб шудаанд.

Андозҳои ғайримустақим ин андозҳое мебошанд, ки соҳибкорон ба буҷа баъди фурӯши молу хизматҳояшон пардохт мекунанд.

Дивиденд — даромади соҳибони саҳмияҳо мебошад, ки аз фоидаи умумии ширкатҳо ҷудо карда мешавад. Дивиденд як қисмати асосии даромади оилаҳо низ ба ҳисоб меравад.

Истеҳлок — маблағҳое мебошанд, ки аз даромади умумии фирмаю муассисаҳо барои нав кардани сармояи асосӣ ҷудо карда мешаванд.

Масъалаҳои асосии ҳисоб намудани МММ инҳо мебошанд:

1. Азбаски як намуди молҳо барои намуди дигари молҳо ҳамчун ашёи хом баромад мекунанд, бинобар ҳамин ҳангоми ҳисоби МММ ҳисоби дубора сурат мегирад. Аз ҳамин ҷиҳат барои бартараф намудани ҳисоби дубора МММ-ро бо усули истеҳсолӣ, яъне аз рӯи арзиши иловашуда низ ҳисоб мекунанд. Барои ин арзиши ҳамаи молҳои ниҳоӣ ҷамъ карда мешавад.

2. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти миллӣ як қисми воситаҳои истеҳсолот хӯрда мешаванд, бинобар ҳамин МММ ҳаҷми ҳақиқии натиҷаи иқтидори истеҳсолиро нишон намедиҳад. Аз ҳамин ҷиҳат ба ҷои МММ нишондиҳандаи дигар — маҷмӯи маҳсулоти миллии холисро (МММХ) истифода мебаранд.

МММХ — ин маҷмӯи маҳсулоти миллӣ бе дарназардошти маблағи истеҳлок (амортизатсия) мебошад, яьне:

МММХ = МММ-А

3. Ҳачми МММ беҳтаршавии сифати молу хизматҳоро инъикос намекунад.

4. Ба МММ зарари экологӣ ва даромади иқтисоди сиёҳ дохил карда намешавад.

5. Новобаста аз он, ки пардохтҳои трансфертӣ аз буҷаи давлат сарф карда мешаванд, онҳо бинобар сабаби ба ҳаҷми истеҳсолот таъсир накарданашон ба МММ дохил карда намешаванд.

Дар назарияи иқтисодӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар баробари МММ нишондиҳандаҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва даромади миллиро (ДМ) низ ба сифати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ истифода мебаранд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) — арзиши тамоми молу хизматҳое мебошад, ки танҳо дар дохили кишвар истеҳсол карда шудаанд.

Фарқияти асосии нишондиҳандаҳои МММ ва ММД инҳо мебошанд:

  • МММ натиҷаи фаъолияти иқтисодии сармояи миллиро, ки дар беруни кишвар вуҷуд дорад инъикос мекунад, аммо натиҷаи фаъолияти сармояи хориҷии дар дохили кишвар амалкунанда ба МММ дохил карда намешавад.
  • ММД натиҷаи фаъолияти иқтисодии сармояи миллиро, ки дар беруни кишвар амал мекунад, инъикос накарда, баръакси МММ, натиҷаи фаъолияти сармояи беруниро дар дохили кишвар, дар худаш инъикос мекунад.

Аз ин ҷо бармеояд, ки як қисмати МММ-ро маҳсулоте ташкил мекунад, ки сармояи миллӣ дар хориҷа ба вучуд овардааст ва як қисми ММД-ро маҳсулоте ташкил мекунад, ки сармояи хориҷӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардааст. Бинобар ҳамин агар МММ аз ММД зиёд шавад, пас ин маънои онро дорад, ки соҳибкорони дохилӣ дар беруни кишвар нисбат ба соҳибкорони хориҷии дар дохили кишвар амалкунанда, бештар молу хизматҳо истеҳсол намудаанд.

Даромади миллӣ (ДМ) — ин маҷмӯи даромадҳои ҳамаи соҳибони омилҳои истеҳсолотро меноманд.

Дар назарияи иқтисодӣ барои андоза намудани даромади миллӣ аз консепсияи марксистӣ ва консепсияи неоклассикӣ истифода мекунанд.

Мувофиқи консепсияи марксистӣ даромади миллӣ гуфта ин арзиши нав ба вуҷудовардашударо меноманд. Аз ҳамин ҷиҳат Маркс барои ҳисоб намудани даромади миллӣ формулаи зеринро истифода кардааст:

ДМ = V+m

Яъне, сармояи гардон (музди кори коргарон) + арзиши илова.

Мувофиқи консепсияи неоклассикӣ даромади миллӣ ин арзиши бозории мол ва хизматҳое мебошад, ки баъд аз хориҷ намудани маблағи истеҳлок ва андозҳои ғайримустақим боқӣ мондааст. Аз ҳамин ҷиҳат барои ҳисоб намудани даромади миллӣ онҳо формулаи зеринро пешниҳод намудаанд:

ДМ = МММХ — Ағ

дар ин ҷо: ДМ — даромади миллӣ, МММХ — маҷмӯи маҳсулоти миллии холис, Ағ – андозҳои ғайримустақим.

Асосан ду шакли даромади миллиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: даромади миллии истеҳсолшуда ва даромади миллии истифодашуда.

Даромади миллии истеҳсолшуда — ин ҳаҷми арзиши молу хизматҳои нав ба вуҷудовардашуда мебошад.

Даромади миллии истифодашуда — ин даромади милии истеҳсолшуда бо истиснои (яъне минуси) зарар аз офатҳои табиӣ, зарар ҳангоми нигоҳдории мол ва дигар намуди зарарҳо мебошад.

Ҳар гуна даромади миллӣ ба фонди истеъмол (яъне қисми ДМ, ки барои таъмини талаботи аҳолию давлат сарф мешавад) ва фонди андӯхт (яъне қисми ДМ, ки барои васеъ кардани истеҳсолот сарф мешавад) тақсим карда мешавад.

Мақсади асосии истеҳсоли бештари молу хизматҳо ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар бахши макроиқтисодӣ барои нишон додани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз нишондиҳандаҳои даромади шахсӣ ва даромади дар ихтиёрбуда истифода мебаранд.

Даромади шахсӣ (ДШ) — ин суммаи ҳамаи даромадҳо аст, ки то супоридани андозҳо дар ихтиёри шахсони алоҳида ё оилаҳо боқӣ мондааст.

Ба даромади шахсӣ ҳамаи даромадҳою пардохтҳои трансфертӣ дохил мешаванд ва он барои истеъмол, пасандоз ва пардохти андозҳо сарф карда мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат даромади шахсӣ (ДШ) аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

ДШ = ДМ — ҳиссаҷудокунӣ ба фонди суғурта — андоз ба фоидаи ширкатҳо — фоидаи тақснмнашудаи ширкатҳо — пардохтҳои трансфертӣ.

Даромади дарихтиёрбуда (ДД) — ин даромадест, ки баъд аз супорндани андоз аз даромад дар ихтиёри шахсони алоҳида ва ё оилаҳо боқӣ мондааст, ки барои муайян кардани он формулаи зеринро истифода кардан мумкин аст:

ДШ — Андоз аз даромад = ДД

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *