Фанни Микро ва макро иқтисод

Миқдори пули барои муомилот зарур

Пул ҳамчун фишанги молиявӣ омили асосии тарақкиёти иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷиҳат низоми пулӣ яке аз қисматҳои муҳими иқтисоди миллӣ мебошад. Низоми пулӣ ин шакли таърихии ташкили муомилоти пулист, ки тавассути қонунгузорӣ муайян карда шудааст. Дар таърихи иқтисод ду шакли низоми пулӣ: низоми металлӣ ва низоми аломатҳои пулӣ маълум мебошанд. Албатта чунин таснифот нисбист, зеро ки дар ҳарду низомҳо шаклҳои дигари пул низ гардиш менамоянд. Низоми пулҳои металлӣ дар навбати худ ду шакл дошта метавонад: биметаллизм (яъне дар гардиши пулӣ якчанд металл ба сифати пул истифода мешавад) ва монометаллизм (яъне дар гардиши пулӣ танҳо як намуди металл ба сифати пул истифода мешавад). Низоми пулҳои қоғазӣ низ дар навбати худ ду шакл дошта метавонад: низоми пулҳои бозоргир (гардишашон тез) ва низоми пулҳои сохта. Ба низоми пулҳои бозоргир пеш аз ҳама пулҳои нақд ва ва ба низоми пулҳои сохта бошад пулҳои амонатгузоштаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар намудҳои қоғазҳои қимматнок дохил мешаванд.

Дар назарияи муомилоти пулӣ назарияи миқдории пул мавқеи хосса дорад, ки тавассути он миқдори пули барои муомилот зарур муайян карда мешавад. Миқдори пули барои муомилот зарур – ин маҷмӯи ҳамаи воситаҳои пулии дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ мавҷудбударо мефаҳманд, ки вазифаҳои воситаи муомилот, пардохт ва андӯхтро иҷро мекунанд.

Миқдори пули барои муомилот зарур тавассути қисмҳои таркибии он, ё ин ки тавассути агрегатҳои пулӣ шарҳ дода мешавад. Агрегатҳои пулӣ ин нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва таркиби миқдори пули барои муомилот зарур мебошанд. Дар назарияи иқтисод агрегатҳои М0 , М1, М2, М3 ва L-ро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.

М0 — пулҳои накдӣ;

М1 — ин М0 + пул дар суратҳисобҳои ҷорӣ, яъне амонатҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, ки онҳоро амонатҳои дархостӣ низ мегӯянд;

М2 — ин М1 + амонатҳои мӯҳлатноки ҳаҷмашон майда;

М3 ин М2 + амонатҳои мӯҳлатноки ҳаҷмашон калон;

LМ- ин М3 + қоғазҳои қимматнок ва асъори хориҷӣ.

Дар амалияи ҷамъиятӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бошад, шакли мукаммал ва ягонаи агрегатҳои пулӣ вуҷуд надорад. Дар давлатҳои алоҳида ин агрегатҳо вобаста ба системаи баҳисобгирии бухгалтерӣ дар шаклҳои гуногун истифода карда мешаванд. Масалан, дар Бритониёи Кабир ба М0 инчунин амонатҳои бонкҳои тиҷоратӣ дар бонки марказӣ низ дохил карда мешаванд. Ё ин ки дар Олмон ба М3 амонатҳо бо евро низ дохил карда мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба системаи баҳисобгирии бухгалтерии соли 2005, агрегатҳои пулӣ дар шаклҳои зеринашон истифода мешуданд:

М0 — пулҳои накдӣ;

М1 — ин М0 + амонатҳои дархостӣ;

М2 — ин М1 + дигар амонатҳо ва қоғазҳои қимматноки давлатӣ;

Консепсияҳои гуногуни назарияи миқдории пул низ ҷой доранд, ки аз ҷониби намояндагони мактабҳои марксистӣ, монетаризм ва неоклассикӣ пешниҳод карда шудаанд. Ин консепсияҳо инчунин назарияҳои тақозо ва арзаи пулро ифода менамоянд. Формулаҳое, ки онҳо барои муайян намудани миқдори пули барои муомилот зарур пешниҳод намудаанд бо номҳои «баробарии марксистӣ», «баробарии кембриҷӣ» ва «баробарии Фишер» маълум мебошанд.

«Баробарии марксистӣ», аз ҷониби Карл Маркс дар асари ӯ «Оид ба танқиди иқтисоди сиёсӣ» дар шакли зерин пешниҳод карда шудааст:

Дар ин ҷо:

М — миқдори пули барои муомилот зарур;

Р — маҷмӯи нархи молу хизматҳо;

П — маблағи пардохтҳои мӯҳлаташон расида;

ВП — арзиши умумии пардохтҳои ҳамдигарро пӯшонанда, яъне молҳое ки бо ҳамдигар иваз карда мешаванд (бартер);

V — суръати миёнаи гардиши пул.

Мувофқи консепсияи марксистӣ ва «баробарии марксистӣ», миқдори пули барои муомилот зарур бояд бо миқдори молу хизматҳои истеҳсолшуда баробар бошад. Дар сурате, ки миқдори пул аз арзиши молҳою хизматҳои истеҳсолшуда зиёд мешавад, таваррум ба вуҷуд меояд ва дар ҳолати баръакс, миқдори пул барои хариди молу хизматҳо намерасад.

«Баробарии кембриҷӣ» тавассути формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

М= kPY

Дар ин ҷо: М-миқдори пули барои муомилот зарур;

P- дараҷаи мутлақи нарх ё ин ки дефлятори ММД;

Y- маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҳақиқӣ;

k- коэфисенти пуликунонии ММД, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

яъне миқдори миёнасолонаи пули барои муомилот зарур, тақсими ММД.

Мувофиқи «баробарии кембриҷӣ» агар ҳаҷми арзаи пул зиёд шавад, дараҷаи нархҳо низ зиёд мешавад ва баръакс.

«Баробарии Фишер» бо номи олими машҳури амрикоӣ Ирвинг Фишер, ки яке аз намояндагони асосии монетаризм ба ҳисоб меравад, машҳур аст ва шакли зеринро дорад:

ки дар ин ҷо;

M — миқдори пули барои муомилот зарур;

V — суръати миёнаи гардиши пул (дар давоми сол);

Q — миқдори молу хизматҳои фурӯхташуда (дар давоми сол);

P — нархи миёнаи молу хизматҳо (дар давоми сол);

P х Q — ин маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналӣ.

Баробарии Фишерро тағир дода, формулаи зеринро муккамал кардан мумкин аст:

Аз «баробарии Фишер» ва «баробарии кембриҷ» чунин бармояд, ки агар бузургии k кам бошад, пас барои харидани миқдори молу хизматҳои истеҳсолшуда бояд суръати гардиши пулро (V) зиёд кардан зарур аст.

7.2. Бозори пул

Бозори пул дар маънои васеъ ин механизми иқтисодиест, ки алоқамандии байни харидорону фурӯшандагони маблағҳои молиявиро (пул ва қоғазҳои қимматнок) таъмин менамояд. Дар бозори пул ба сифати субъектҳои бозор, давлат (дар шахсияти бонки марказӣ), бонкҳои тиҷоратӣ, институтҳои махсусгардонидашудаи қарзӣ ва ширкатҳои миёнарав (ширкатҳои брокерию диллерӣ) баромад менамоянд. Бозор пул мисли дигар бозорҳо дорои арза ва тақозои ба худ махсус мебошад. Арзаи пул ин миқдори пул ё маҷмӯи ҳамаи воситаҳои пулист, ки дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ вуҷуд доранд ва гардиши молу хизматҳоро дар иқтисоди миллӣ таъмин менамоянд. Дар муқоиса бо дигар бозорҳо дар бозори пул, арза аз омилҳои нархӣ (фоизи қарз) ва тақозо вобаста нест.

Ҳаҷми арзаи пул ба бузургии агрегати охирони пулӣ LM баробар буда, ҳаҷми миқдори пули барои муомилот зарурро ифода менамояд. Ба арза дар бозори пул сиёсати монетарии (пулию қарзӣ) давлат ва амалиётҳои фаъоли бонкҳои тиҷоратӣ таъсир мерасонанд. Бояд қайд намуд, ки ин омилҳо бо ҳамдигар зич алоқаманд буда якдигарро пурра мекунанд. Дар доираи сиёсати монетарӣ давлат меъёри захираҳои ҳатмиро барои бонкҳои тиҷоратӣ муайян менамояд. Захираҳои ҳатмӣ ин як фоизи муайяни даромади бонкҳои тиҷоратист, ки дар бонки марказӣ нигоҳ дошта мешавад ва ин кор аслан барои паст кардани хавфи пардохт накардани ӯҳдадориҳои бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад. Агар меъёри захираҳои ҳатмӣ (r) баланд бардошта шавад, пас ҳаҷми захираҳои қарзии бонкҳои тиҷоратӣ низ кам шуда ҳаҷми арзаи пул низ кам мешавад ва баръакс.

Ба амалиёти фаъоли бонкӣ, ба мизоҷон пешниҳод намудани қарзро мефаҳманд, ки бонк бар ивазаш фоизи муайян мегирад. Ин амалиётҳо ба миқдори пули дар муомилотбуда таъсир мерасонанд ва ин таъсир тавассути назарияи фузунсози пулӣ шарҳ дода мешавад.

Фузунсози пулӣ дар маънои васеаш афзоиши миқдори пулро дар натиҷаи ҳаракати пул аз як бонки тиҷоратӣ ба дигараш инъикос мекунад. Дар маънои маҳдудаш фузунсози пулӣ ин коэфисиентест, ки нишон медиҳад, ки миқдори пули дар муомилотбуда (ҳаҷми арзаи пул), дар сурати зиёд (кам) шудани манбаи пулӣ ба як воҳид, ба кадом миқдор зиёд (кам) мешавад. Яъне як воҳиди пулие, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар амалиёти фаъолашон истифода мебаранд, ба чӣ миқдор ҳаҷми арзаи пулро зиёд мекунанд, аз ҳамин ҷиҳат онро фузунсози бонкӣ низ меноманд.

Манбаи пулӣ ё ин ки «захираи зиёдатӣ» (Е) гуфта миқдори пулеро меноманд, ки дар асоси он бонки тиҷоратӣ амалиёти фаъоли худро анҷом медиҳад, ки он боиси афзоиши миқдори пул дар муомилот (МS) мегардад.

Фузунсози пулӣ тавассути формулаи зерин муайян карда мешавад:

дар ин ҷо: r меъёри захираҳои ҳатмӣ.

Афзоиши миқдори пулро дар муомилот дар мисоли зерин низ мушоҳида намудан мумкин аст. Масалан, агар Бонки марказӣ меъёри захираҳои ҳатмиро (r) ба миқдори 10% муайян намуда бошад ва соҳибкори А дар Тоҷиксодиротбонк пулҳои озоди худро ба миқдори 10000 сомонӣ (даҳ ҳазор сомонӣ — МS1) пасандоз намояд, пас бонки номбурда аз ин миқдор 1000 (ҳазор) сомониашро ба бонки марказӣ ҳамчун захираи ҳатмӣ гузаронида, боқимондаашро (9000=10000-1000) дар амалиёти фаъолаш истифода мекунад. Яъне бонки Тоҷиксодиротбонк 9000 (нӯҳ ҳазор) сомониро ба соҳибкори Б бо нархи 5% қарз медиҳад ва миқдори пул дар муомилот (МS) пас чунин муайян карда мешавад:

Е1= МS (1-Rr);

Rr = ; ки дар ин ҷо коэфисиенти меъёри захираҳои ҳатмӣ;

Е1= МS1 (1-Rr) =10000 (1-0,1)=9000

Соҳибкори Б қарзро аз Тоҷиксодиротбонк гирифта аз соҳибкор С мол мехарад ва соҳибкор С ин даромадашро дар суратҳисобаш, ки дар бонки Агроинвестбонк аст мегузорад. Дар навбати худ Агроинвестбонк аз ин маблағ 10 фоизашро ҳамчун захираи ҳатмӣ ба бонки марказӣ пардохт намуда, боқимондаашро (8100 сомонӣ) ба соҳибкори М бо шарти пардохти 6 % қарз медиҳад. Яъне;

Е2= Е1 (1-Rr);

Rr= ; ки дар ин ҷо коэфисенти меъёри захираҳои ҳатмӣ;

Е2=Е1 (1-Rr) =9000 (1-0,1)=8100

Соҳибкори М бошад ин маблағро гирифта аз соҳибкори Д мол мехарад, ки ӯ низ маблағи даромадкардаашро дар суратҳисобаш дар бонки Ориёнбонк нигоҳ медорад. Аз ин маблағ (8100 сомонӣ) Ориёнбонк 10 фоизашро ҳамчун маблағи захираи ҳатмӣ ба бонки марказӣ пардохт намуда, боқимондаашро барои анҷом додани амалиётҳои фаъолаш истифода менамояд. Пас миқдори пул дар муомилот чунин ҳисоб карда мешавад:

Е3= Е2 (1-Rr);

Rr= ; ки дар ин ҷо коэфисенти меъёри захираҳои ҳатмӣ;

Е3=Е2 (1-Rr) =8100 (1-0,1)=7290

Дар мисоли мо:

м = () 100%= () 100%=10

Коэфисенти фузунсоз дар мисоли мо нишон медиҳад, ки ҳар як сомонии афзоиши захираҳои ҳатмӣ боиси афзоиши депозитҳои бонкӣ ба миқдори 9 (нӯҳ) сомон мегардад. Албатта бонкҳои тиҷоратӣ низ тавассути амалиётҳои фаъолашон беохир наметавонанд миқдори пулро дар муомилот зиёд намоянд. Барои муайян намудани ҳудудҳои афзоиши миқдори пул дар муомилот (МS), ё ин ки афзоиши ҳаҷми арзаи пул аз формулаҳои зерин истифода карда мешавад:

МS= Е1м, ё ин ки МS=

Пас: МS= Е1м= 900010=90000 сомонӣ

МS= = =90000 сомонӣ

Дар мисоли мо миқдори пул дар муомилот (МS) ба 90000 сомонӣ баробар аст ва ин маънои онро дорад, ки дар сурати 10% будани меъёри захираҳои ҳатмӣ, амонати қаблӣ (10000 сомонӣ) тавассути самараи фузунсози пулӣ, боиси афзоиши депозитҳои бонкӣ то 90000 сомонӣ шуда метавонад.

Дар амалияи ҷамъиятӣ бошад самараи фузунсоз метавонад мувофиқи мисоли мо таъсир надошта бошад, зеро ки манбаҳои пулӣ ё захираҳои зиёдатии бонкҳои тиҷоратӣ метавонанд барои дигар амалиётҳои бонкӣ аз қабили амалиётҳои хазинадорӣ ва ғайра истифода шаванд. Бояд қайд намуд, ки бузургии коэфисиенти фузунсоз (м) бо меъёри захираҳои ҳатмӣ )r) мутаносиби чаппа мебошад. Масалан, агар меъёри захираҳои ҳатмӣ )r) ба 20 % баробар бошад, пас коэфисенти фузунсоз (м) ба 5 баробар аст. Яъне:

Ба ҳаҷми арзаи пул ба ҷуз аз самараи фузунсози пулӣ, инчунин ҳуқуқи монополии давлат ба назорати миқдори пул низ таъсир мерасонад. Давлат дар ихтиёри худ се фишанги назорати маблағҳои пулиро дар сатҳи макроиқтисод дорад:

Андозҳо, ки ба даромадҳо ва сарвати миллӣ таъсир мерасонанд;

Қарзи давлатӣ ва сиёсати хизматрасонии қарзи давлатӣ, ки боиси кам ва зиёд шудани ҳаҷми миқдори пул дар муомилот шуда метавонад;

Интишори пулҳои нав, ки дар сатҳи маркроиқтисод ҳам таъсири манфӣ ва ҳам таъсири мусбат дошта метавонад. Таъсири манфии интишори пул аз он иборат, аст, ки он боиси афзоиши миқдори пул дар муомилот гардида ба пайдоиши тавварум сабаб мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо интишори пулҳои нав боиси афзоиши маҷмӯи арза гардида дар давраи кӯтоҳмуддат метавонанд маҷмӯи арзаро такон диҳад.

Унсури дигари бозори пул ин тақозо ба пул мебошад. Тақозо ба пул аз вазифаи пул ҳамчун воситаи муомилот ва ҳамчун воситаи андӯхти сармоя бармеояд. Аз ҳамин ҷиҳат тақозо ба пул тавассути бузургии воситаҳои пулие муайян карда мешавад, ки онро субъектҳои иқтисодӣ нигоҳ медоранд. Дар назарияи иқтисод консепсияҳои неоклассикӣ (монетарӣ) ва кейнсионии тақозои пулро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Мувофиқи консепсияи неоклассикӣ (монетарӣ) тақозо ба пул (МD) ин функсия аз даромади номиналӣ (PY) мебошад ва арзаи пул аз тақозои пул вобаста нест, яъне МD= kPY;

Ҷонибдорони консепсияи кейнсионӣ бошанд се шакли тақозои пулро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

Тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот. Ин шакли тақозо дар консепсияҳои неоклассикӣ ва кейнсионӣ маҷмӯи тақозоро ба пул ташкил мекунад. Ба ҳаҷми тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот миқдори пуле дохил мешавад, ки барои хароҷотҳои хоҷагиҳои хонагӣ ва хароҷотҳои фирмаҳою ташкилотҳои давлатӣ ҳангоми пардохти музди кор, хариди сузишворӣ, хариди ашё ва ғайра заруранд. Тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот аз дараҷаи фоизи қарз вобаста набуда аз ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналӣ вобаста аст, зеро ки то чӣ андозае, ки ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳо зиёд шавад, то ҳамон андоза миқдори бештари пул барои хариду фурӯши онҳо лозим мешавад. Бинобар ҳамин дар шакли графикӣ ин намуди тақозо шакли зеринро дорад:

Нақшаи 8. Графики тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот.

Тақозо ба пул ҳамчун воситаи андӯхти сарват ва пасандоз. Ин шакли тақозоро тақозои ҷаллобӣ низ меноманд ва як қисми даромадест, ки баъд аз тақозо ба пул ҳамчун воситаи муомилот боқӣ мемонад ва аҳолӣ онро маблағгузорӣ менамоянд. Пасандоз ё маблағгузорӣ дар шаклҳои зерин сурат мегирад: нигоҳдорӣ дар депозитҳои бонкӣ ва хариди қоғазҳои қимматнок, ки онро боғоҷи молиявӣ низ меноманд. Интихоби шакли пасандоз (маблағгузорӣ) ба дараҷаи меъёри фоизи қарз вобаста мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат агар дараҷаи фоизи қарз зиёд шавад, одамон бештар пулҳои худро дар шакли қоғазҳои қимматнок хусусан вомбаргҳо мехоҳанд нигоҳ доранд ва баръакс. Ин шакли тақозо дар шакли графикӣ чунин тасвир карда мешавад:

Нақшаи 9. Тақозо ба пул ҳамчун воситаи андӯхти сарват ва пасандоз.

Тақозои ҷаллобӣ ном гирифтани он аз он сабаб аст, ки одамон дар шакли ғайринақдӣ ва қоғазҳои қимматнок, яъне боғоҷи молиявӣ пулашонро дар ҳамон ҳолат мехоҳанд нигоҳ доранд, ки агар аз он даромади бештар гиранд ва чунин шакли нигоҳдорӣ хавфи камтар дошта бошад. Соҳиби қоғази қимматнок дар сурати кам шудани даромаднокии он ва нархи он ҳарчӣ зудтар мехоҳад аз он халос шавад. Ҳамчунин одамон пулҳои нақдии худро мехоҳанд ба боғоҷи молиявӣ иваз намоянд, агар бинанд, ки нарх ва даромаднокии онҳо боло меравад.

Тақозо ба пул ҳамчун воситаи таъмини талаботи ғайричашмдошт. Чунин шакли тақозо дар сурате ҷой дошта метавонад, ки одамон барои анҷом додани хариду фурӯши банақша нагирифтаашон як миқдори муайяни пулро нигоҳ доранд. Асосан ҳаҷми ин шакли тақозо ҳангоми ҷой доштани тавварум зиёд мешавад, зеро барои одамон вазъи бозор пешгӯишаванда нест. Асосан агар дараҷаи тавварум аз дараҷаи меъёри фоизи қарз баландтар бошад, пас одамон пулҳояшонро нигоҳ медоранд ба хотири он ки сармояашонро ҳифз намоянд. Ба ин чиз онҳо ҳатто дар сурати нагирифтани даромад аз пулҳояшон розианд.

Ҳаҷми (бузургии) тақозо ба пул аз таъсири омилҳои зерин вобаста мебошад:

Дараҷаи нархҳо. Дар сурати афзоиши нархҳо барои хариди молу ҳизматҳо харидоронро зарур аст, ки миқдори пули бештар дошта бошанд ва ин боиси афзоиши ҳаҷми тақозо ба пул мегардад.

Дараҷаи ҳаҷми ҳақиқии истеҳсолот. Ҳангоми афзоиши ҳаҷми истеҳсолот аз як тараф пули бештар барои хариди захираҳо зарур аст ва аз тарафи дигар он боиси афзоиши даромади ҳақиқии қувваи корӣ мегардад, ки дар навбати худ тақозои онҳоро ба молу хизматҳо зиёд мекунад.

Шарти асосии ҷой доштани мувозинат дар бозори пул дараҷаи фоизи қарзи мувозинатӣ мебошад. Дараҷаи фоизи қарзи мувозинатӣ ин нархи мувозинатиест барои истифодаи пул, ки аз мувозинати арзаю тақозо ба вуҷуд омадааст. Мувозинат дар бозори пул дар шакли графикӣ чунин тасвир карда мешавад:

Нақшаи 10. Графики мувозинат дар бозори пул.

Дар ин ҷо арзаи пул (ٍٍSm) аз фоизи қарз вобаста нест ва онро танҳо давлат метавонад каму зиёд намояд. Тақозо ба пул (Dm) бошад аз дараҷаи фоизи қарз вобаста аст. Агар тақозо зиёд шавад (Dm1) пас нуқтаи мувозинатӣ низ ҷояшро иваз намуда дараҷаи фоизи қарз баланд мешавад. Дар сурати паст шудани тақозо (Dm2) дараҷаи фоизи қарз кам мешавад. Мувозинат дар бозори пул дар натиҷаи таъсири омилҳо ба тақозо ва арзаи пул ба вуҷуд меояд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *