Фанни Микро ва макро иқтисод

Проблемахои карздории мамлакатхои сусттараккикардаи чахон ва танзимдарории онхо

Назарияи проблемахои карзи беруниа 4 зиннаи тараккиётро аз сар гузаронидааст. Дар зиннаи аввал солхои 70-ум, чунин мехисобиданд, ки дар давлатхои тараккикарда амонатхои ба дарачаи кофи чамъ карда шудаанд, ки ба мамлакатхои ру ба таракки онхоро саморанок гардиш намоянд. Ин давлатхо гарчанде, ки баланси дефисити амалиётхои чориро аз сар мегузарониданд, тавонистанд карзхоро самаранок истифода бурда, карзхои берунаро баргардонанд.

Дар зиннаи 2-юм, дар солхои 80-ум, муайян гардид, ки карзхои гирифташуда самаранок истифода бурда нашуда истодааст, ставкахои фоизи баланд шуда, мухлати пардохти он камтар шуда истодааст ва бисёр мамлакатхои ру ба таракки ба дарачаи муфлисшави расидаанд. Пардохти карзхо зиёдшавии карзхои навро ба вучуд оварданд, аз ин ру мамлакатхои ру ба таракки ба карзгирандагони пурраи мамлакатхои тараккиёфта мубаддал гардиданд. Назарияи карзи дохили ба механизми таъмини пардохти карзхо чалб шуда буд, ки мохиятан омузиши тарзхои пардохткуни ва хавасмандгардонии мамлакатхое, ки ухдадорихои худро ичро менамоянд, дар бар мегирифт.

Дар зиннаи 3-юм, дар солхои 80-ум, маълум гардид, ки механизми асосии халкунии проблемаи карзи гузаронидани мухлати пардохт ва реструктуризацияи дарозмухлати карзи ба якчанд сол пештар, то ки давлатхои ру ба таракки ухдадорихои дохилии худро пардохт карда тавонанд. Назарияи бори карзи нишон дод, ки у андозаи манфи аз ресурсхои давлати мебошад ва ба афзоиши амонатхо таъсири манфи мерасонад. дар зиннаи охирин дар миёнаи солхои 90-ум пурра маълум гардид, ки бисёр мамлакатхои ру ба таракки хеч вакт ва бо ягон шарту шароит наметавонанд карзи хоричаро баргардонанд ва ягона тарзи халли ин проблемаи карзи, кисман аз хисоб баровардани карз мебошад. Назарияи карзи беруна дар анализи микёс ва механизми аз хисоб баровардани карз якчоя карда шудааст. Дар охири солхои 90-ум вазъи карздории байналхалки холо хам яке аз проблемахои мухими халнашаванда дар иктисодиёти байналхалки ба хисоб меравад. Барои тахлили сатх ва динамикаи карзи беруна кудрати мамлакатхо барои давомдихии хизматрасонии карзи беруна бо истифода аз асъорхои дохилшуда, ки имконияти мукоисакунии он байни мамлакатхои гуногун Бонки Чахони таносубхои зеринро истифода мебарад:

— EDT / ХGS — муносибати маблаги умумии карзи беруна ба содироти мол ва хизматхо;

  1. EDT / GNI — муносибати маблаги умумии карзи беруна ба даромади умумии милли;
  2. TDS / ХGS — муносибати пардохтхо оиди хизматрасонии карз ба содироти мол ва хизматхо;
  3. INT / GNI — муносибати пардохти фоизхо ба мачмуи даромади милли
  4. RES / EDT — захирахои байналхалки ба маблаги умумии карзи беруна;
  5. RES / MGS — муносибати захирахои байналхалки ба воридоти мол ва хизматхо;
  6. Short tern / EDT- хиссаи карзи кутохмухлат дар маблаги умумии карзи беруна;
  7. Multilalral / EDT — хиссаи карз ба ташкилотхои байналхалки аз маблаги умуми карзи беруна.

Дар максадхои аналитики чунин мехисобанд, ки худуди аз хама зиёди карзи беруна мутобики EDT / ХGS дар сатхи на зиёда аз 200-250% ва мутобики TDS / ХGS на зиёда аз 20-25%-ро бояд дар бар гирад. Дар ин чо, аслан хамаи карзхо бе хисоб гирифта намешаванд, танхо карзхои давлати ва карзи кафолати давлати дошта хачми он аз руи арзиши аслии карз хангоми имзо кардани созишномаи карзи бахо дода намешавад, балки дар асоси консепсияи арзиши тозаи чори дар мухлати муайян аз меъёри фоизии чори бахо дода мешавад.

Вобаста ба сатхи нишондихандаи бори карзии мамлакат, ки карзи беруна доранд, ба якчанд гурух таксим мешаванд:

Таснифи мамлакатхо аз руи сатхи карзи беруна

Сатхи даромад

NPV/ХGS>220%

NPV/CNI>80%

132% <NPV/ХGS,220%

48%<NPV/GNI<80%

NPV/ХGS<132%

NPV/GNI<48%

Сатхипасти даромад, МММ ба сари ахоли на камтар аз 765$

Мамлакатхои даромадашон паст ва карзи беруниашон зиёд

Мамлакатхои даромадашон паст ва карзи беруниашон миёна

Мамлакатхои даромадашон кам ва карзи беруниашон нисбатан кам

Сатхи миёнаи даромад МММ ба сари ахоли 765-9386$

Мамлакатхои даромадашон миёна ва карзи беруниашон зиёд

Мамлакатхои даромадашон миёна ва карзи беруниашон миёна

Мамлакатхои даромадашон миёна ва карзи беруниашон камтарин

Нишондихандаи аналитикии асоси, ки аз руи маълумотхои оиди карзи беруна чамъбаст карда мешавад, чунинанд:

-карзи пардохтнашуда ва маблаги такимкардашудаи карздори ба карздиханда, ки хакикатан хам карзгиранда гирифтааст, аз руи вазъи карзхои нави карзгиранда дар мухлати 1 сол;

  1. карзи таксимкарданашудаи кисми аз тарафи карздор пардохтнашудаи суммаи карз, ки ризоият оиди додани онхо кайд шудааст;
  2. пардохти маблаги асоси — аз тарафи карзгиранда пардохти кисми суммаи асоси дар мухлати 1 сол, пардохти фоизхо аз тарафи карзгиранда пардохти фоизхо аз кисми бокимондаи карз дар мухлати як сол, пардохт оиди хизматрасонии карзи — суммаи пардохти маблаги асосии карзи ва фоизии кисми бокимондаи карз, ки дар мухлати як сол замъ шудааст, чараёни тозагирифтаи карзхои нав аз тарафи карзгиранда тархи пардохти суммаи асосии карзиро;
  3. трансфертхои тозагирифтаи карзхои нав аз тарафи карзгиранда тархи пардохти он оиди хизматрасонии карзи.

Карзи пардохтнашуда ва таксимкардашуда дар худ нишондихандаи карздории чории хоричии мамлакатро нишон медихад. Хар сол у карзхои навро гирифта, мачбур аст пардохтхоро барои хизматрасонии карзи берунаи чамъшуда дихад. Азбаски хар як карз бо фоизи муайян пешниход мегарданд, чунин пардохтхо аз маблагхо барои пардохтхои суммаи асосии карз ва пардохти фоизхо иборат аст. Агар пардохтхо барои хизматрасонии карзи, аз карзхои нави додашуда зиёдтар бошад, трансфертхои тоза инкор карда мешаванд. Дар мамлакатхое, ки дорои сатхи баланди карзхои беруна мебошад, чараёнхои тоза низ инкор карда мешавад. дар баъзе холатхо давлат ё фирма метавонад созишномаро ба карздиханда оиди кушодани хати карзи имзо намояд, лекин онро истифода набарад ё кисман истифода баранд. Дар ин холат карзи таксимкарданашуда ба вучуд меояд.

Карзхои давлатхо бояд аз тарафи карздор пардохта шаванд. Лекин, азбаски карзгиранда давлат мебошад ягон хел механизми мачбуркунии пардохти он вучуд надорад ва дар сатхи баланд хавфи чунин карзхо зиёданд. Сабабе, ки давлатхо мачбуранд ухдадорихои карзии хоричии худро пардохт намоянд, метавонад танхо тахдиди конфронтацияи сиёси бо давлати карздиханда мебошад, ки метавонад активхои мамлакати карздор, ки дар территорияи у мавчуд аст (замин, бинохо, самолёт ва аэропортхо, амонат дар бонкхо) мусодира карда шавад, ки метавонад ба пардохти карз мубодила гарданд ва инчунин катъи тичорати дутарафа эмбарго барои таъмини молхои асоси ва пешниходи карзхои хусуси, катъ гардонидани ёрии давлати мебошад. Азбаски самаранокии чунин андозахои конфронтациони бенихоят махдуд шудааст, тачрибаи давлатии халли масъалаи карзи беруна дар давраи хозира дар асоси акидаи карзии качхатаи Лаффер амали мегардад.

Качхатаи карзии Лаффер, ки сатхи оптималии карзи берунаро нишон медихад, ба давлат-карздор имконияти дастгирии барои карздиханда пардохти карзи берунаро медихад.

Ин качхата, яке аз качхатахоест, ки ба бучети давлати алокаманд буда акидаи иктисодии америкаи Артур Лаффер, оиди мавчудияти сатхи оптималии андоз, ки имконияти максималикунонии андозхои ба хазина воридшавандаро медихад, инъикос мекунад. Агар андозхо аз сатхи оптимали баландтар бошад, одамон пардохти онро катъ мегардонанд ва даромади хазина кам мешавад. Дар карзи беруна истифодабарии он маънои мавчудияти ягон сатхи оптималии карздории беруни мамлакатро мебошад, ки ба у давомдихии хизматрасонии карзи берунаро имконият медихад. Агар хачми у бенихояд зиёд шуда бошад давлат чи хеле, ки гуфта будем одатан пардохти ухдадорихои карзии худро катъ мегардонад, худро муфлис эълон мекунад, ки аз ин карздиханда низ зарар мебинад. Аз ин ру аз нуктаи назари карздихандагон сиёсати дурусти идоракунии карзи берунаи мамлакат ин бо рохи реструктуризацияи карз дастгирии пардохтпазирии малакатхои- карздор дар сатхи оптимали барои карздиханда мебошад.

Реструктуризацияи карз бо ризоияти карзгирандагон ва карздихандагон истифодабарии ин меъёр, ки ба дастгирии кобили пардохтпазирии карзгирандагон дар перспективаи миёна мухлат ва дарозмуддат равона карда шудааст.

Реструктуризацияи карзи беруна, метавонад дар базаи як ё якчанд микёс амали гардад:

— Гузаронидани пардохтхо- гузаронидани мухлати пардохти кисми асосии карзро, фоизхои карзи ё тамоми пардохтхоро оиди хизматрасонии карзи ба мухлати дертар, назар ба мухлати пештар имзо гардонанд.

— Кутохкунии маблаги карзи- камкунии маблаги карзи пардохтшударо бо рохи ихтисоркунии одди ё кисман ё ин ки бо рохи аз будаш арзон фурухтан дар бозори дуюм ё ин ки конверцияи он ба ягон хел активи мамлакати карзгиранда.

— Рекапитализация- ивазкунии карзхо ба облигацияхои карзгирандагон пешниходи карзхои нав бо таъиноти максадноки пардохти карзи пештара. Аз хама меъёри маълум дар ин группа камкунии карз дар соли 1989 дар накшаи вазири молиявии хамонсолон ШМА Николос Брейди интишор гардида буд, ки мутобики ба баъзе мамлакатхои тараккикарда бо ризоияти Фонди Байналхалкии Асъор программаи реформаи иктисоди, карзи онхоро ба облигация аз тарафи бонкхои хоричи иваз менамуданд, ки метаванистанд бо нархи бозори, дар бозори чахонии молияви (Brady bonds) фурухта шавад.

Механизми анъанавии реструктуризацияи карзи беруна окибатхои зерини кадамхои назариявиро дар бар мегирад:

1) Программаи устувор ва реформахои иктисодиро кабули мамлакат, ки Фонди Байналхалкии Асъор ва бонки чахони дастгири менамоянд, бо ёрии карзхои концессиони.

2) Ризоияти клуби Париж карздихандагони расмиро барои реструктуризацияи воситахои чараёнхои тозаро, ки бо хизматрасонии карзи алокаманд буда, бо шартхои концессиони ва реструктуризацияи суммаи асосии карзи баъди се соли ичроиши мукаррарии программаи дигаргунии сохави ва реформаи Фонди Байналхалкии Асъор маъкул донистааст.

3) Гузаронидани мамлакати карздор гуфтушунидхои ду тарафа ба мамлакатхое, ки ба клуби парижи дохил намешаванд ва карздихандагони хусуси оиди пешниход ба у чунин шартхои карзии реструктуризация, ки ба клуби париж пешниход мегардад.

4) Аз хисоб барории дар асоси карзхо, ки дар натичаи гирифтани мамлакати- карздор ёрии давлатии тараккиёт ба амал омадааст.

5) Пешниходи карзхои нави концессиони ба мамлакати карзгиранда. Акидаи асосии чунин окибати амалиёт дар он аст, ки камкунии карз ба мамлакат бо шартхои гузаронидани реформаи иктисоди ва структурави, дар оянда ба пардохти карзи бокимонда кудрат пайдо менамоянд, пешниход мегардад.

Механизми реструктуризацияи карзи беруна метавонад вобаста аз баланси пардохти хар як давлат, муносибатхои байнихамдигарии онхо бо карздихандагонва программахои реформаи иктисодии гузаронидашавандаи дигаргун мегардад.

Дар зиннаи аввала одатан чараёнхои тозаи карзи пардохти фоизхо ва суммахои асосии карзи, дар зиннаи дуюм бошад, худи суммаи умумии карзи беруна бо реструктуризация мешаванд.

Гузашти карзи дар махдудият дар асоси дутарафа ва бисёртарафа бештар ба муносибати он давлатхо ва карзхое, ки наметавонанд дар перспективаи миёнамухлат дар ягон хел шароити пардохта шаванд, истифода мегардад. Фуруши карзхо дар бозори дуюм бо пасттар кардани нархи он аз арзиши номинали номинали бисёр истифода мешавад, махсусан аз тарафи карздихандагони мамлакатхои латиноамерикави барои баргардонидани акалан кисми карзхои пештар гирифташуда. Конверсияи карз дар шакли свопи карзи дар сахмия маънои пардохти кисми напардохтаи карзи берунаи фирма ва сахмияхои он, давлат бошад бо облигацияхои хазинави. Бонкхо- карздихандагон бо ин кисми моликиятро аз корхонахои мамлакатхои карздорро мегиранд, метавонад аз руи чунин акцияхо дивиденд гиранд, инчунин метавонанд онро дар бозори дуюмин фурушанд. Муносибат ба халли проблемаи карздории беруна дар рамкаи клуби Парижи карздихандагони расми ва клуби карздихандагони хусусии Лондони мутобикгардида шудааст.

Реструктуризацияи карз дар муносибати мамлакатхои нисбатан таракки карда бо сатхи зиёди карздори ва баъзе мамлакатхои иктисодиёташон ру ба таракки истифода бурда мешавад.

Хачми умумии карзи берунаи мамлакатхои тараккикарда ба мамлакатхои иктисодиёташон ру ба таракки дар соли 1996 2,18 трлн$-ро ки аз онхо 1,7 трлн карзи дарозмуддат 408млрд. $ кутохмудат ва 60млрд. барои истифодабарии карзхои Фонди байналхалкии Асъор-ро ташкил дод.

Дар солхои 80-ум вазъият дар бозори чахони карзи таъгир ёфт. Накши карздихандаи асоси ба Япония ва Канада инчунин ба баъзе мамлакатхои Европои гузашт. Ба мамлакатхои ОМЭК мутобикгардии карзхо ва займхо кариб, ки баробар гардид. Ба сифати карздихандагони калон Австралия, Дания. Швеция аз чумлаи давлатхои ру ба таракки — Мексика, Россия, Аргентина, Покистон баромад мекунанд.

Шакли карздихии байналхалки, карзи хусуси гардид.

Системаи муътадил амалкунандаи карзгири ва карздихии байналхалки ба иштироккунандагони он имконияти зиёдкунии махсулоти милли ва чахониро медихад. Лекин дар амалия кори ин система аз мукамали дур аст. Аз ин бухрони карзии чахонии даври шаходат медихад.Чунин бухрон аз он сар мешавад, ки ягон давлат ё гурухи давлатхо оиди натавонистан карзхои берунаи худ ё ин ки оиди аз хисоб баровардани онхо эълон мекунад. Агар карзгиранда хохиши пардохти карзи худро надошта бошад, баргардонидани он душвор аст, баъзан тамоман номумкин аст. Ин холат чунин фахмида мешавад, ки дар накши карзгиранда агенти иктисодии мустакил, бисёр вакт хокимияти давлати хоричи баромад мекунад. Ба чунин карзгиранда пешниход намудани сакция, ки ба карзгирандаи оддии ин ё он давлат пешниход мегардад, номумкин аст. Дар ин махсусияти муносибати байналхалки муайянмегардад.

Омилхои муфлисгарди мувозинати бозори карзии байналхалкиро вайрон менамояд, чараёни карздихи ва карзгириро душвор мегардонад. Хангоме, ки вайронкунихои характери оммавиро мегирад бухрони навбатии карздории чахони ба вучуд меояд.

Кутохак ба тахкурсии сабабхоеро, ки ба бухрони карздории чахони меоварад, дида мебароем. Карзгирии беруна, чи хеле ки гуфта будем ресурсхои тараккиёти иктисодиро зиёд менамояд, лекин барои карзи гирифта дер ё дарвакт бояд хисобот номоем. Хизматрасонии карзи беруна 2 аспект дорад:

1) пардохти суммаи асосии карз

2) пардохти фоизии карзи

Ин пардохтхои якчоя гирифта, дар худ маблаги нигохдоштаи аз даромад ваамонатхои мамлакати — карздор-ро тачассум менамоянд.

Агар мамлакат хачми карзхои хоричии гирифтаашро зиёд намояд, ё ин ки ставкахои фоизи карзи баланд шаванд, харочоти хизматрасонии карзи хоричи низ зиёд мешавад. Дар шартхои мукаррари карзи беруна аз хисоби воридшавихои асъори аз содироти мол ва хизматхо хизматрасони мешавад. Баъзан барои пардохти саривакти карзи беруна давлат мачбур аст, на танхо содироти махсулоти худро зиёд намояд, балки харочоташро барои воридоти молхои хоричи кам кунад. Дар як катор холатхо карзи беруна бо рохи карзгирии нав аз хорича хизматрасони карда мешавад.

Давлате, ки сатхи баланди карздори дорад дер ё дарвакт бо проблемаи карзи беруна дучор мегардад.

Пайдоиши сабаби зиёд барои радъ кардани карзи беруни бо вазъи савдои амалиётхои карзи ё трансферти базави алокаманд аст.

Ин сальдо таносуби чоришавии сармояи соф ва маблаги карзгирии берунаро нишон медихад

Чоришавии сармояи соф ба чараёни умумии сармоя гайри маблаги барои амортизацияи нигохдошташуда баробар аст. Аз ин чо сальдои микдори амалиётхои карзи ё трансфертхои базавиро метавонем бо фаркияти байни самояи софи чараён ва маблаги фоиз ба хамон карзи беруна хисоб намоем.

Агар чоришавии-и сармояи софро бо КN ишора намоем, суръати афзоиши маблаги умумии карз, карзи аккумулированный хамчун D ва афзоиши маблаги карз ба фоизхо хамчун d.

KN = d х D

Хангоми ставкаи фоизии миёнаи 1 суммаи солонаи пардохтхои фоизи I х D-ро ташкил мекунад. Аз ин чо сальдои амалиётхои карзи (трансферти базави)

BГ = dD — iD = (d-i) D

Савдои амалиётхои карзи мусбат мешавад, агар d>i, ки чоришавиии софи воситахоро дар мамлакат мефахмонад.

Хангоми i>d чоришавии захирахои асъори аз мамлакатхо ба вучуд меояд. Авч гирифтани проблемахои хизматрасонии карзи беруна метавонад бо таъсири бисёр холатхо ба амал ояд. Дар байни онхо мухимтаринашон зеринанд:

— карзи гуншудаи мамлакат бенихоят хиёд мешавад

— чоришавии-и сармояи дарозмуддат паст мешавад, ки бо шартхои имтиёзнок чалб карда шудааст, чалби карзхои кутохмудат бо шартхои бозори меафзояд, ки натичаи он афзоиши ставкаи фоизи мебошад.

— душвори дар идоракунии баланси пардохт аз хисоби бадшавии шартхои тичорат.

— камшавии истехсолоти умуми ё ин ки садамоти манфии беруни (бенихоят тез ивазшавии нарххо, ставкахои фоизи ё мубодилаи курби асъор)

— давлат боварии карздихандагони хоричиро гум мекунад, хачми карзхо кам мешавад.

— чахиши сармоя аз мамлакат аз вазъи иктисоди ва сиёсии ба амал омада.

Хангоме, ки хукумат ба хулосае меояд, ки ичроиши тамоми ухдадорихо оиди хизматрасонии карзи беруна дар оянда чоришавии софи сармояро таъмин намекунад, барои он ки аз чоришавии захирахо аз мамлакат дури чустан у ё ки кисман аз пардохт даст мекашанд ё ин ки аз пардохти хамаи карзхо. Хукумат карори худро бо асоси душвории вазъи иктисоди дар мамлакат, ки бисёре аз ахоли доранд исбот мекунанд. Инчунин аз руи коиа карзро як хоким гирад, доданашро ба зиммаи дигар хоким мебошад.

Дар катори сабабхои тахкурсии бухрони карзии чахони инчунин сабабхои махсус вучуд дорад. Хамин хел, сарчашмаи бухрони карзи соли 1980 бо вазъи танозули иктисодиёти бисёр мамлакатхои чахон дар ин давра ба садамоти нефти алокаманд мебошад.

Дар давраи хозира мамлакатхое, ки дорои дарачаи баланди карзи мебошанд, ягона имконияти гурехтан аз муфлисшавиро доранд- ба программаи устувори Фонди Байналхплкии Асъор мурочиат кардан. Барои мамлакати карздор сиёсати дуру дароз баъзан паст, сиёсати устувор пешниход мекунад:

— иваз намудан ё либерализацияи назорати асъор ва воридоти.

— пасткунии курби ивази асъори милли.

— гузаронидани программаи, катъии дохилии зидди инфляция, инчунин назорат аз болои карзхои бонки, назорати давлати барои дефицити бучети давлати бо рохи камкунии харочотхо ва зиёдкунии андозхо ва нарххо радди гузаронидани индексацияи музди кор, хавасмандкунии бозорхои озод;

— кушодани иктисодиётба хочагии чахони ва хавасмандкунии инвестицияхои хоричи.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *