Фанни Микро ва макро иқтисод

Таваррум ва чораҳои зидди он

Мафҳум, сабабҳо ва шаклҳои таваррум

Дар баробари бекорӣ ва касри буҷа таваррум (инфлятсия) низ яке аз масъалаҳои асосии номувозинатии макроиқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Таваррум гуфта номувофиқ будани тақозою арзаи пул ва дигар таносубҳои иқтисодиро меноманд, ки дар афзоиши нархҳо намудор мешавад.

Дар амалияи ҷамъиятӣ дар зери мафҳуми таваррум — паст шудани қобилияти харидории пул, афзоиши умумии нархҳо ё ин ки ҷараёни зиёд шудани миқдори пули нақдро дар муомилот низ мефаҳманд. Ҷараёни таваррум аз рӯи нишондиҳандаи дараҷаи таваррум муайян карда мешавад ва ин нишондиҳанда чунин андоза карда мешавад:

дар ин ҷо: Дбдараҷаи таваррум;индекси нархҳои истеъмолӣ бо нархҳои соли ҷорӣ;индекси нархҳои истеъмолӣ бо нархҳои соли гузашта.

Вобаста ба дараҷаи таваррум шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

1. таварруми мӯътадил;

2. таварруми ҷаҳанда;

3. таварруми аз эътидол зиёд (гиперинфлятсия).

Таварруми мӯътадил гуфта, таваррумеро меноманд, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро то 10% — инъикос мекунад. Ин шакли таваррум ба фаъолияти иқтисодӣ ягон таъсири манфӣ нарасонида, баръакс боиси афзоиши арзаи молу хизматҳо шуда метавонад.

Таварруми ҷаҳанда гуфта таваррумеро меноманд, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро то 100% инъикос мекунад. Ин шакли таваррум ба кам шудани маблағгузорӣ оварда мерасонад ва боиси васеъ шудани доираи иқтисоди сиёҳ мегардад.

Таварруми аз эътидол зиёд — таваррумест, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро дар як сол беш аз 1000% ва дар як моҳ то 50% ифода мекунад. Дар ҳолати мавҷуд будани чунин шакли таваррум пасандоз ва маблағгузорӣ кам мешаванд, ки камшавии онҳо ба кам шудани ҳаҷми МММ оварда мерасонад. Агар маҷмӯи арза зиёд нашавад, ҷамъият ба пастшавии рушди иқтисодӣ (стагнатсия) омада мерасад.

Дар илми назарияи иқтисодӣ вобаста ба сабабҳои пайдоиши таваррум шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

1. таварруми тақозо;

2. таварруми арза;

3. таварруми таркибӣ.

Таварруми тақозо барзиёд будани маҷмӯи тақозоро бар маҷмӯи арза ифода мекунад. Чунин ҳолат ҳангоми мавҷуд будани шуғли пурра ба миён меояд, зеро ки афзоиши як қисми маҷмӯи тақозо боиси қафо мондани маҷмӯи арза мегардад. Агар тақозо ба молҳои талаботашон зиёд (орд, бензин, замин ва ғайра) афзояд, пас чунин ҳолат рӯй медиҳад.

Таварруми арза, дар натиҷаи афзоиши хароҷотҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд меояд ва онро таварруми хароҷотӣ низ меноманд. Ин шакли таваррум, баландшавии дараҷаи нархҳоро дар натиҷаи афзоиши хароҷотҳо, ифода мекунад. Хароҷотҳои истеҳсолӣ бошанд, пеш аз ҳама, дар натиҷаи афзоиши нархи ашёи хом, ё ин ки афзоиши дараҷаи музди кор зиёд мешаванд.

Таварруми таркибӣ, дар натиҷаи вайрон шудани таносубҳои байнисоҳавӣ ба миён меояд. Масалан, кам шудани арзаи молҳои кишоварзӣ боиси афзоиши нарх мегардад ва ҳамин тавр афзоиши нарх ба дигар соҳаҳо низ (хусусан ба соҳаи саноат) таъсир мекунад ва дар маҷмӯъ дараҷаи нарх зиёд мешавад.

Бояд қайд намуд, ки ғайр аз сабабҳои номбаршуда сабабҳои дигари мавҷудияти таваррум низ вуҷуд дорад. Аз ҷумла:

  • Фаъолияти эмиссионии (интишори пул) давлат. Асосан дар замони муосир бисёри давлатҳо эмиссияро ба хотири афзоиши маблағгузорӣ ва пӯшонидани қарзи дохилию касри буҷа истифода мебаранд, ки ин ҳолат ба таваррум оварда мерасонад.
  • Монополияи иттифоқҳои касаба, ки зиёд кардани музди корро талаб мекунанд. Дар натиҷаи афзоиши дараҷаи музди кор нархҳо зиёд мешаванд ва боз иттифоқҳои касаба дараҷаи музди корро баланд мекунанд. Ҳамин тавр занҷири таваррум дароз мешавад.
  • Фирмаҳои калон. Ин фирмаҳо имконият доранд, ки ба молу хизматҳояшон нархҳои монополӣ таъин намоянд ва дар натиҷа афзоиши умумии нархҳо ба вуҷуд меояд, ки ин ҳолат ба таваррум сабаб шуда метавонад.

Оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии таваррум.

Каҷхатаи Филлипс

Ҷараёни таваррум ба инкишофи иқтисодиёт ва сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки таварруми мӯътадил ба тараққиёти иқтисодӣ ягон таъсири манфӣ намерасонад ва баръакс афзоиши миқдори пул дар муомилот ва болоравии дараҷаи нархи молҳо, боиси афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва маҷмӯи арза гашта, ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд. Аммо таварруми ҷаҳанда ва таварруми аз эътидол зиёд ба тараққиёти иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонанд, ки ба оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо ҳолатҳои зерин дохил мешаванд:

  • қобилияти худидоракунии механизми бозорӣ кам мешавад, зеро ки бо афзоиши таваррум ахборот оиди сатҳи нархҳо ва ҷойгиршавии сармоя, ба истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон намерасад ва камчинии ахборот ба вуҷуд меояд;
  • қобилияти харидории одамон кам мешавад, зеро ки бо таваррум даромади ҳақиқии аҳолӣ кам мешавад;
  • вазъи иҷтимоии одамоне, ки музди корашон муқаррар шудааст (хусусан коркунони соҳаи буҷет) бад мешавад, зеро ки бо таваррум истеъмолот ва пасандози онҳо низ кам мешавад;
  • дараҷаи фаъолияти соҳибкорӣ паст шуда, сармоя аз соҳаи истеҳсолот ба соҳаи тиҷорат ё ин ки ба хориҷи кишвар «мекӯчад»;
  • арзиши маблағҳои қарздодашуда ва пасандозҳо паст мешавад ва аз ҳамин ҷиҳат қарздиҳандагон ва пасандозкунандагон муфлис мешаванд;
  • таваррум ба беқурб шудани маблағҳои ҳамчун андоз ба буҷаҳо воридшуда оварда мерасонад, ки дар натиҷаи он низоми молиявӣ ба бӯҳрон дучор шуда, маблағгузории соҳаи иҷтимоиро низ кам мекунад.
  • қобилияти харидории як воҳиди пул кам мешавад, ки дар натиҷа беқурбшавии пул ба вуҷуд меояд.

Оиди таъсири таваррум ба сатҳи иқтисодиёт дар назарияи иқтисодӣ ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Аз ҷумла иқтисодчӣ Филлипс дар натиҷаи омӯхтани 100 солаи нишондиҳандаҳои Англия ба хулосае меояд, ки байни таваррум, музди кор ва дараҷаи нархҳо вобастагӣ вуҷуд дорад. Ба ақидаи ӯ давлат якуякбора таваррум ва дараҷаи бекориро паст карда наметавонад. Дар ҳолати паст кардани дараҷаи таваррум дараҷаи бекорӣ зиёд мешавад ва баръакс, дар ҳолати паст кардани дараҷаи бекорӣ дараҷаи беқурбшавии пул меафзояд. Ақидаи Филлипсро дар шакли графика чунин тасвир кардан мумкин аст:

. Графикаи каҷхатаи Филлипс.

Аз нигоҳ ба графика ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар ҳолати мавҷуд будани 6-7% дараҷаи бекории табиӣ дараҷаи таваррум ба сифр (намеафзояд) баробар аст. Агар давлат кӯшиши зиёд кардани музди корро пеш гирад, қобилияти харидории аҳолӣ зиёд шуда дараҷаи нархҳо баланд мегарданд ва дараҷаи таваррум меафзояд.

Усулҳои мубориза бар зидди таваррум

Бо дарназардошти ин гуна оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, мубориза ба муқобили таваррум, яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Барои мубориза ба муқобили таваррум, ду шакли сиёсати давлатиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: сиёсати ғосибона (политика экспансия) ва сиёати боздоранда.

Сиёсати ғосибона — чунин сиёсати иқтисодиест, ки кӯшиши давлатро барои зиёд кардани маҷмӯи тақозо тавассути пасткунии меъёри андозҳо ва зиёд кардани хароҷотҳои давлатӣ ифода мекунад.

Сиёсати боздоранда — чунин сиёсати иқтисодиест, ки кӯшиши давлатро барои кам кардани қобилияти харидории аҳолӣ ба воситаи зиёд кардани меъёри андозҳо ва кам кардани хароҷотҳои давлатӣ ифода менамояд.

Дар назарияи иқтисодӣ ва амалияи ҷамъиятӣ барои мубориза ба муқобили таваррум аз консепсияҳои кейнсионӣ ва монетаристӣ низ истифода мекунанд.

Кейнс барои мубориза ба муқобили таваррум афзоиш додани маҷмӯи арзаро тавассути маҷмӯи тақозо (хусусан тақозо ба маблағгузорӣ) пешниҳод намудааст. Мувофиқи консепсияи ӯ, мубориза ба муқобили таваррум бо чунин тарз бояд сурат гирад:

1. Зиёд кардани хароҷотҳои давлатӣ 2. Арзон кардани қарз

Афзоиши маблағгузорӣ

Афзоиши маҷмўи арза

Паст шудани сатҳи нарх

Консепсияи монетаристӣ дар асоси ақидаҳои иқтисодчии амрикоӣ Милтон Фридман (барандаи ҷоизаи Нобелӣ) асос ёфтааст. Фридман барои мубориза ба муқобили беқурбшавии пул афзоиш додани маҷмӯи арзаро, тавассути камкунии хароҷотҳои давлатӣ, қиммат намудани қарз ва кам кардани меъёри андоз пешниҳод намудааст, ки он чунин бояд сурат гирад:

1. Кам кардани хароҷотҳои давлатӣ 2. Ќиммат кардани қарз 3. Кам кардани меъёри андоз

Афзоиши маблағгузорӣ

Афзоиши маҷмӯи арза

Паст шудани сатҳи нарх

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои мубориза ба муқобили таваррум сиёсати ҷубронкунии даромад (яъне зиёд кардани музди кор, идрор, нафақапулӣ ва дигар сарчашмаҳои даромад, бо дарназардошти беқурбшавии пул) ва танзими нархи молҳои сабати истеъмолиро низ истифода мекунанд.

Дигар усули мубориза ба муқобили таваррум ин кам кардани миқдори пули нақд дар муомилот тавассути фурӯши қоғазҳои қимматноки давлатӣ мебошад.

Таваррум дар ҳар як мамлакат хусусияти худро дорад, бинобар ҳамин, чораҳои пешгирии он низ бояд бо дарназардошти ҳамин хусусиятҳо сурат бигиранд.

АДАБИЁТҲО

  1. Исоматов Бобокалон. Асосҳои назарияи иқтисод. Душанбе. «Паёми ошно». 2001. Қисми дуюм.
  2. Макконелл К.Р., Брю С.Л. Экономикс. М.: ИНФРА 1999. С. 477-494, 746-759.
  3. Носова С.С. Экономическая теория. Учебник. М.: Владос, 2000. Гл. 11, 24.
  4. Сажина М.А., Чибриков Г.Г. Экономическая теория. Учебник. ИНФРА, М.: 1999. Боби 5, параг. 5, 6.
  5. Самуэльсон П.А., Нордхаус В.Д. Экономикс. М.: «БИНОМ», 1997. С. 148-163, 245-249, 399-404.
  6. Фишер С., Дорнбуш Р., Шмалензи Р. Экономика. М.: «Дело», 1999, гл. 8, 9, 20.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *