Фанни Микро ва макро иқтисод

Назарияи Рента

Рентаи замин: Мохият,намуд (шакл).

Мохияти рентаи замин аз хусусиятхо ё сифатхои замин чун манбаъхои (сарчашмахои) иктисоди ва муносибатхои истифодабарии замин вобастаги дорад.Замин- воситаи бехтарини истехсолот мебошад:Он микдоран махдуд аст,аз нав ба вучудории он ба таври сунъи номумкин аст;китъахои заминро аз руи махсулотдори фарк мекунанд,яъне кувваи истехсолии табии гуногун доранд.

Аз кадим истифодабарии замин аз руи системахои гуногуни иктисоди танзим карда мешавад. Чунсарчашмаи иктисоди замин пайдоиши мехнати надорад,пас,харчи истехсоли низ надорад.Ин неъматхои табиат аст.Микдори замин муайян карда шудааст,бинобар харчи замин дар амалия истифода шудааст,пешниходи он китъаи ноустувор аст.Ин чунин маъно дорад,ки дар бозори замин танхо талабот фаъол аст набудани фоидаи тагирёбии талабот ба замин дар истифодабари нархе,ки мулкдоро ин сарчашма муайян мекунад,таъсири хал кунанда мебозад.

Аз нав тартиб додани бозори замин- ин воридшавии сармоя(капитал)ба хочагии кишлок монеаи ягона нест.Махдудияти замин,ки барои зироаткори короям, ба он оварда мерасонад,ки хамаи китъа аз тарафи хочагихои гуногун ишгол шудааст,шаклхои зироаткории истифодашаванда ва замини истифодашаванда бошад ба сармоя бегона аст.Барои дар иктисодиёти аграрии устувор шудан,сармоя(капитал)хамаи шаклхои муносибатхои заминдории пештараро нест менамояд ё ба худ тобеъ мекунад,аммо бо мавчудияти рентаи замин,ки онро ба фоидаи худ мегардонад,тоб орад.

(Сармоя)Капитал,хамеша дар харакат мебошад,ва ба он гузориши озод лозим аст.Озоди калонро ба капитал моликияти давлати ба замин таъмин менамояд;моликияти шахси бошад барои гузариши озоди он меъёр ба вучуд меорад.

Субъектхои бозори играриииктисоди ду намуди мулкдорон мебошанд-ин мулкдори пурра ва мулкдор аз руи талабот (сохиб ё доранда),истифодабаранда. Махдудият (ё норасогии) замин ва номумкин будани такрор истехсолии он ба вучудоии ду намуди монополия ба замин сабабгори мешаванд.Мулкдори пурра монополияи мулкдори шахсиро ба амали мегардонад, у ба корчалон додан ё надодан гузориши капиталро ба замини у ихтиёр дорад.Баъди бастани шартнома аз руи ичора истифодабарандаи иники замин муайян мешавад,ки хукуки монополии хочагидориро дар китъаи муайяни замин амали мегардонад.Он чое,ки мулкдори замин давлаи мебошад фонди замини давлати дар хама давлатхо мавчуд аст,баъзан вазни хоси он баланд аст,тасарруфи шахси нест ва як намуди монополия – монополия ба замин чун объекти хочагидори муайян карда мешавад,ки онро мулкдор аз руй талабот(сохиби истифодабарандаи китъаи замин) амали мегардонад.

Монополия ба замин ин хукукхои фавкулодаи субъекти бозор барои идора кардани ин сарчашмахо мебошад,ки ба дорандаи он даромади иловаги меорад,ки шакли иктисодии рентаи заминро ба худ мегирад моноролияи мулкдори шахси рентаи замини мутлакро,ба вучуд меорад,Монополияи хочагидории дар замин- рентаи замини дифференсиалиро.Дар адабиёти замонавии гарб истилохи «рентаи иктисоди»-ро истифода мебаранд,намудхои рентаро чудо менамоянд,аммо ду сабаби ташкилёбии онхоро зикр менамоянд.

Рента – яке аз намудхои даромад ба мулкдори,музди мулкдор барои ичозат истифодабарии капитал (сармоя)ба замин мебошад.Микдори он дар шартнома оиди ичора муайян карда мешавад.Он ба тамоми вакте,ки мулкдори замин аз руй шартнома карз додаст,заминро ба ичора додааст пардохт карда мешавад.пас,рентаи замин он шакле.ки дар он хочати шахси ба таври иктисоди амали мешавад.даромад меорад.

Рентаи замин чун шакли даромад ба мулкдори дар даврахои антика истифода бурда мешуд.Аммо бо усулхои иктисоди додани рента танхо дар бозори иктисоди имкон шуд. Инчо вай чун даромади иловаги баромад мекунад.ки корчалон ичорагири замин бар илова хишт иенамояд,ва рента,ки ба мулкдори замин мерасад.

Пардохти ичора ба рентаи замин баробар аст.Аммо чун коида,пардохт аз андози рента баланд аст,чунки ба ичора ктъаи замине супорида мешавад,ки он чо иморатхо,сохтмонхо, роххо ва г.х. мавчуданд.Дар ин сурат ба маблаги ичора гайр аз рентаи замин боз фоизи карзи.ки барои истифодабарии муковвимати сармоя ба замин мондашуда пардохташаванда дохил мешаванд.

Боз як хосият.Ичорагир, аз замини ичорагирифтааш харакат мекунад,ки даромади зиёдтарро ба даст овардан,гузаришхои сармояи иловаги мекунад.Баъди ба охир расидани мухлати шартнома оиди ичора ин гузариши сармояхои иловаги моликияти мулкдори замин мегардад,ва ба онхо дар бастани шартномаи нав фоиз хисоб карда мешавад.Бинобар ичорадиханда дар додани ичора бо (муддати)мухлати дарозмуддат манфиатдор аст,мулкдори замин бошад дар ичораи кутох муддат.

Дар адабиёти гарб бахои накши рентаи замин,пеш аз хама рентаи мутлак,дар иктисодиёт манфи мебошад.Рентаи замин чун(зиёти)бисёри дида мешавад.Дар иктисоди бозори рента ягон функсияи водоркунандаро ичро намекунад,чунки мачмуи пешниходи замин муайян шудааст ва он имконияти таъини онро таъмин менамояд.Рентаи замин ин даромади коркарда шуда мебошад.Гайр аз он,милликунонии замин пешниход мешавад,то ки пардохтхои истифодабарии вайро давлат ба максади бехтарнамоии дорои тамоми ахолти истифода бурда тавонад. Дар ИМА охирхои асри Х1Х эътироз зидди пардохтхои рентави ба харакати андози ягона баромад.Рентаи заминро бо гузаштани андози пурра (100%) пешниход мекарданд.

Аммо чудо намудани рентаи шахси аз маблаги гузошташуда ба баланднамоии сифати замин осон нест,чунки дар назария ва Амалия намудхои рентаи дифференсиалиро фарк мекунанд, барои истехсолкунандагони шахси алохида махсулоти хочагии кишлок пардохтхои рентави харочотхо мебошанд.

Монополияи хочаги дар замин махдудияти ин сарчашма ва набудани имконияти аз нав хосилкардани онро пайдо мекунанд.Омлхои мусоиди табиати-истехсоли дар заминдори он хама вакт дар чараёни мехнат аз нав ба вучуд оварда метавонанд,аз ин чо на хамаи корхонахо талаботхои фоидаи истехсолотро истифода бурда метавонанд,ва аз хисоби ин микдори харочотро ба истехсоли махсулот кам мекунанд.Дар зироаткори сатхи харочот зиёдтар аз сифати замин вобаста аст.Фаркият дар махсулнокии заминхо бо гуногун дар замини хосилхез,микдори боришот,харорат ва дигар омил (ё сабабхои)иклими алокаманд аст.Бинобар ин харочоти мехнат ба истехсолот хамон як намуди махсулот гуногунанд.

Махсулоти хочагии кишлок бехамтомебошанд,зиёдшавии ахолии ва афзоиши даромадхо афзоиши талаботро ба махсулоти растанипарвари ва чорводори таъмин мекунанд.Микдори бехтарин вам иёна аз руи сифати китъахои замин махдуд аст.Талабот ба махсулот имкониятхои истехсолии ин заминхоро афзун менамояд,бинобарин нарх дар чунин вакт карор меёбад,ки истехсолот дар китъахои бадеарин низ ба фоида оварда мешавад.Дар заминхои аз руи сифат бехтарин дар чунин холат сохибкорон даромади барзиёд ба дастмеоранд,ки он намуди рентаи дифференсиалиро мегирад.Мохиятан рентаи дифференсиали аз даромади барзиёд,ки дар саноат ба амал меояд,арк мекунад.Он натичаи истифодабарии кувваи баланди истехсоли табии мебошад,на мукаммал гардони дар истехсолот ба амл меояд,ки онхо баътар ба дигар корхонахо пахн мешаванд.

Рентаи дифференсиалии чун фаркифт байни нархи алохида дар китъахо,ки кувваи монополишудаи табии доранд,ва нархе,ки дар бозор гузошта мешавад муайян карда мешавад.Заминдории хусуси ба ташкилёбии даромади барзиёд ягон алокае надорад,аммо он сабабгори табдилёбии он ба шакли оентаи замин мебошад.Бинобар рентаро даромади коркардашуда ном мебаранд.

Кайд кардан лозим аст,ки нахама вакт ва нахама даромади барзиёд ба рента табдил меёбад.Фаркият байни суммаи умумии фоидаи соф ва фоидаи миёна дар хар гурухи хочаги суммаи дигар намудхои фоидаи софро дохил менамояд:вазъиЮчун фоизи ё даромад ба маблаггузорихо чори (масалан,даромади расианализатори ва г.х.)дидан мумкин аст.

Кайд кардан мухим аст,ки даромади дифференсиалии замин на ба харакати кори коргарон махсус ба зироаткори машгуланд,ба рента табдилмеёбад,балки дар натичаи шароитхои махсуси истехсолот,ки бо комёби,махсулнодихи,ва гуногунсифатии замин алокаманд мебошад.Аммо кувваи табиат-сарчашмаи даромади барзиёд Буда наметавонад,танхо тахкурсии табии мебошад.Сарчашмаи он мехнати кишоварзон (аграрон)мебошад.

Рентаи дифференсиали дар ду намуд мавчуд аст-рентаи дифференсиали 1 ва рентаи дифференсиали 2.

Рентаи дифференсиали 1 бо гуногуни дар сифати замин алокаманд аст.Он дар навбати худ чудо мешавад ба рента аз руи хосилдихи,ки аз заминхои хосилдиханд гирифта мешавад,ва рента аз руи мавкеи чойгиршавии китъахои замин.

Рентаи дифференсиалии 2 пешбини менамояд усули серхосилии зироат.гузориши иловагии сармоя:боландбардории хосилхезии замин,истифодабарии биотехнологияхои таракки карда,истифодабарии намудхои растанихо бо иктидори баланди хосилноки ва г.х.Дар натича хосилноки зиёд мегардад,харочотхо тезтар бароварда мешаванд.Сохибкор даромади барзиёд ба даст меорад.

Рентаи дифференсиалии 2 амали кишоварзи зироаткорибаромад мекунад.Он бар хилофи рентаи дифференсиалии 1.то баохир расидани мухлати шартнома ичоракунанда мегирад.Аммо ба охир расидани мухлати ичоракор ин рента моликияти заминдор мешавад,ки яке аз монеахои калонтарини чори намудани иктисоди бозор ба сохаи аграрии кишоварзи мебошад.Хамин тавр:

.рентаи дифференсиалии 1-дар натичаи бурдани хочагии экстенсиви ба амл меояд,

.Рентаи дифференсиалии 2-танхо дар зироаткории серхосил (сермахсул) ба амал меояд;

.ренти дифференсиалии 1- дар заминхои бехтар вам иёна,рентаи дифференсиалии 2-дар заминхои бод ба вучуд меояд;

.рентаи дифференсиалии 1- заминдор мегиранд,рентаи дифференсиалии 1- заминдор мегирад,рентаи дифференсиалии 2- мувакатан ба сохибкор- ичорагирчун мукоф барои сармояи гузошташуда дода мешавад.

Квазирента ва даромад ба маблаггузорихои чори

Квазирента-ин даромади иловагие мебошад,ки дар натичаи такмили агратехника (кишоварзи)ва истифодабарии серхосилии замин гирифта шудааст.Хусусият ва параметрхои микдории такмилдихи аз мавчудият дар Айни замон дар мархиллаи муайяни шароитхои истифодабарии замин, аз кордони, микдори сармояи мулкдорон ва ичорагирони замин вобаста мебошад.

Ба квазирентаи беасосиро тавсиф медиханд, аммо даромади зарур дар натичаи он ки истехсоли махсус ё «асоси» харочот барои истехсоли воситахои истехсоли лозим намеояд.чунки онхо аллакай истифодабарии худро интизоранд.Хисобкуни барои дар оянда гирифтан квазирента шароитхои заруриро барои гузориши сармоя ба воситахои истехсоли таркиб ёфтааст.

Фаркият байни рента ва квазирента дар он аст,ки микдори замине,ки дар ихтиёри чамъият аст-микдори мукарар ва доими мебошад.Бар хилофи онхо дигар воситахои истехсолие,ки одамизод (иморатхо,мошинхо ва г. х.)сохтааст, «чараёне»-ро ифода мекунад,ки вобаста аз тагирёбии талабот ба махсулот баланд ва паст шудан кобилият дорад.

Мувофикияти рента ва квазирента дар он ифода меёбад,ки хамаи воситахои истехсолиро тез мукарар кардан номумкин аст.бинобарин дар давраи кутох онхо низ микдори муайншуда доранд.

Пас,бар хилоф аз рента квазирента-даромаде мебошад,ки бо зиёдтар ё камтари давомнокии махдудияти пешниходи ягон омили истехсолот боис мегардад он фаркияти байни даромади ба сармояи нузошташуда ва харочотхои ба нигохдори ва пушонидани маблаггузорихо ба сармояи асоси муайян карда мешавад,дар давраи кутох ивазнашаванда аст.Даромадхое,ки омилхои истехсоли меоранд шакли рента,квазирента ва фоиз ба маблаггузорихои чори гирифта мешаванд.Фоиз ба сармояи озод (маблаггузорихои чори)ва квазирента ба гузориши гузошта тадричан яке ба дигаре мегузорад.

Заминахои назариявии тахмили рентаи иктисодии соф дар эътироф намудани баробаркиматии киштзори масохаташ якхела асос меёбанд.Дартачриба китъахои гуногуни замин дарачаи хархелаи махсулотдихиро дар вариасияи истифодабарии онхо зохир меёбад.Ин ба рента таъсир мерасонад.Бо вучуди рентаи диффуренсиалии-ин мафхумест.ки на танхо дар бозори киштзор ва истехсоли махсулоти хочагии кишлок иштирок менамояд:он чун дарачаииктисоди дар холати истифодабарии навъи гуногуни манъбахо,ки пурра якхела нестанд,пайдо мешаванд.

Неоклассикон усули муайянкардани рентаро чун омили нархро баробаркунанда бахо медиханд.Масалан,музди чун нарх баромад меукнад,ки талабот ва талафоти сармояро баробар менамоянд.Диккати неоклассикон масъалаи сарчашмаи охири даромади замин дарон нест.Ин масъала бор охи истифодабарии се омили консепсии истехсолот хал карда мешавад.Муаллифон танхо сатхе,ки дар он рентаи замин муайян карда мешаванд ,омилхое,ки онро ва сабабхои пастшави ё баландшавии онро муайян мекунанд.ки тадкик манамоянд.

Дар охири тадкикоти худ оиди рента ва квазирента А Маршалл чунин натича баровард.

.микдори махсулоти руёнидашуда ва дарачаи коркарди охирини замин бо шароити умумии талабот ва таклифот пешаки муайян (мукаррар)карда мешаванд.Аз як тараф.онхо аз руи талабот ба махсулоти замин,баландии талаботи ахолии ба он ва аз тарафи дигар-мавчудияти востахо дар дасти ахолии барои пардохти махсулот ё мукаррар карда мешаванд.Хамин тавр,харочоти истехсолот,баландии талабот,дарачаи истехсолот ва нархи махсулот якдигарро дутарафа мукаррар (ё танзим)мекунанд.

.он кисми махсулоте,ки рентаро ташкил меукнад.ба бозор «партофта»мешаванд ва ба нарх дар андозаи баробар,чун кисми гуногуни у таъсир мерасонад.Аммо шартхои умумии талабот ва таклифот ё муносибатхои онхо бо якдигар аз таъсири таксимоти махсулот ба хиссахо .ки рентаро ташкил мекунанд.ва хиссае.ки барои таъмини даромаднокии харочоти фермер зарур аст,мубталло намешаванд.Микдори ин рента омили танзим мукарраркунанда намебошад.балки худ аз руи хосилхезии замин,нрхи махсулот,дарачаи охири истехсолот пешаки муайян (мукаррар)карда мешавад.

Рента аз тарафи илми иктисоди муосир чун даромади зиёда аз дарачаи минимали,ки барои чалби ягон омили истехсоли ба хамин сохаи фаъолият муайян карда мешавад.Ин аст рента ииктисоди.Квазирента чун даромад.Зиёда аз дарачаи минимали.ки барои нигохдории омили истехсоли дар хамин сохаи фаъолият муайян карда мешавад.

Дар иктисодиёти гуногун рента ва квазирентахои бехисоб зиёд намоён мешавад.Базеи онхо дер вучуд намемонанд ва дар зери таъсири куввахои ракобат нест мешаванд,дигараш хусусияти дарозмуддат ва устуворро ба худ мегиранд..Дар иктисодиёти сер амал динамики рентахо (функсияи) вазифаи мухимро ичро мекунанд.Аз онхо самаранокии чараёни ракобати вобста аст.Рентаи мусби ишорат медихад ба дохилшави ба сохаи фаъолият,манфи баромадан аз онро дорад.Ракобатнокихамеша бапайдошавии сарчашмахои нави рента ва нестшавии рентахои кухна меорад.

РЕНТАИ МОНОПОЛИ ВА ДИГАР НАМУДХОИ ОН

Аз тарафи хамаи мактабхои иктисоди дарачаи рентаи монополи чудо карда мешаванд.Он боа соси нархи монополи,ки аз руи он махсулоти шароиташ комёб фурухта мешавад,ба асос гирифта мешавад.Хосияти масъали сифати гандуми сахт дорад,барои ба даст овардани орди сифаташ Оли имконият медихад ё навъхои махсуси ангур барои истехсоли шаробхои маълум.ба ин махсулотхои хочагии кишлок ва фуруши онхо бон архи баланди монополи имконият медихад.Нархи баланди монополии махсулотхои хочагии кишлок аз нархи умумии истехсоли вобастаги надорад.Он аз кобилияти харидори барои чунинмахсулот муайн карда мешавад.Хамин тавр,рентаи монороли на танхо барзиёдба юолои нархи умумии истехсоли,балки ба болои хамаи нарххои махсулоти хочагии кишлок мебошад.

Намуди рентаи монороли рентаи фавкулода мебошад.ки зидди он ракобат нотавон аст.Он кисми даромади калони ситораи варзиш ё топ-модель;Мутриби машхур ва чаррохи бузург.мулкдори ангури бехтарин ва сохиби сарчашмаи табобати ягона дар чахон ва г.х.ро ташкил медихад.Аз нуктаи назари назарияви пардохти рента шароити муносиби чойгирнамоии сарчашмахо зарур намебошад.аз як тараф,мутриб ё чаррох барои пайдоиши паст (мукофоти паст) кори худро намемонданд.Аз тарафи дигар,даромади баланд сабаби зиёдшавии истехсолоти манфиат ва хизматрасони бо чунин хусусиятхои бехтаринро шуда наметавонад,чунки пешниходи онхо махдудмебошанд.

Рентаро он сохибони китъахои замин низ мегиранд,ки аз таги онхо маъданхои фоиданок ё дар онхо иншоотхобунёд мешаванд.

Рента дар саноати маъдани (рентаи кухи) низ ба монанди рентаи замин ташкил мешаванд.Нархи (алохида)индивидуалии истехсолоти махсулот,ки аз таги замин гирифта шуда гуногуни аст,аммо дар бозор он бон архи истехсоли.ки бо шароитхои бади истехсолотмуайян шуда.фурухта мешавад,Даромади иловагие,ки боин сабаб дар конхои бехтарин ва миёна, шахтахо ва г. ба даст оварда мешавад,рентаи дифференсиалиро ба вучуд меорад,ки онро мулкдори замин мегирад.

Ин яке аз нуктаи назар ба мохияти рента.Дар бозори манбаъхо замин чун омили фаркунандаи аз навбаркароршаванда:хосилноки,хусусиятхои иклими ва г.баромад мекунанд.Ба шарти ки коркарди дуруст ва истифодабарии хамаи коидахои агротехники замин хар сол метавонанд.хосили хуб дихад.Дар мукоиса бо он макони нафт,маъдан ва диг,дар бехтаркуни ва истифодабарии технологтяхои навтарин дар пайдо намудан дер ё зуд тамом мешаванд.суръати пайдо намоиш нафт хатман мефурояд.Пас,дорандаи боигарихои табии баркароршаванда.чунки зарихои имруз сарфшуда.пагох фоида оварда наметавонанд.

Муносибатҳои рентавӣ ва хусусиятҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таҳлили илмии рента аввалин маротиба аз ҷониби асосгузорони мактаби классикҳо А.Смит. ва Д.рикардо дар охири асри ибтидои асри гузашта шуда буд. Тибқи ақидаи Д.Рикадо рента ҳамчун шакли махсуси даромад, ки дар натиҷаи тақсими маҳсулоти ҷамъияти соҳиби замин онро аз они худ мекунад сурат мегирад. Ин назария минбаъд аз ҷониби К.Маркс. дастгири ёфта , ташкил дода шудааст.

Мувофиқи ақидаи Д.Рикардо ва К. Марксрента муносибатҳои байни се субъекти иқтисодӣ-соҳиби замин, соҳибкор (фермер) ва коргари кирояи хоҷагии қишлоқро ифода мекунад. Соҳибкор ё фермер чун дигар соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани даромад ташкили истеҳсолот, заминро аз фермер иҷора гирифта, қисми фоидаи ба даст овардаи худро ҳамчун ичорапулӣ ба соҳиби замин медиҳад ва он шакли рентаи иқтисодиро ба худ мегирад. Классикони иқтисоди сиёсӣ нишон додаст, ки сарчашмаи ба вуҷуд омадани рентаро масрафи иловагии меҳнат, ҳангоми истифодаи заминҳои камҳосил, ки дар асоси он нархи бозории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бунёд мегардад ташкил медиҳад. Аз ҳамин хотир рентаро на худи замин, балки меҳнати зарури, ки заминҳои камҳосил сарф мешавадва ба вуҷуд меорад. Рентаи замин хусусиятихоси ҳар як низоми иқтисодӣ буда, баробари аниқ гаштани тақсими ҷамъияти хусусан истеҳсолоти кишоварзӣ густариш ёфтааст. Он аз давраи эҳёи Ҳазрати Одам баробари инкишоф ёфтани моликият ба замин арзи вуҷуд дорад. Аз нигоҳи баҳодиҳии фарматсионии давраҳои рушди низоми иқтисодӣ (ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталисти, сотсиалистӣ) ҳар як давра дорои хусусияти хоси худ сурат мегирад.

Дар давраи ғуломдорӣ рентаи замин дар шакли натура баромад мекунад. Дар ин шароит рента аксар вақт ҳамчун қисми пурраи маҳсулоти ифода ба қисми маҳсулоти зарурӣ (яъне 60-70% амҳсулот ) ташкил ёфта, аз ҷониби ғуломдорон аз худ карда мешавад. Вобаста ба шароитҳои таърихи, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, табиӣ, сатҳу араҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, таъсири омилҳои истеҳсолот, моликият, унсурҳои бозор ҳархела сурат мегирад. Аз ин нуқтаи назар чунин шаклхои рентаро дар шароити аз ҳамдигар фарқ мекунад.

1.Рентаи коркардадиҳӣ. Ин шакли рента қисми даромад мебошад, ки дар шакли нтура аз ҷониби деҳқон ба вуҷуд оварда шуда аз он ҷониби соҳиби замин ҳамчун натиҷаи меҳнати изофа ва қисми меҳнати зарурӣ аз они худ карда мешавад.

2. Рентаи натуралӣ, — рентае мебошад. Ки ба соҳиби замин дар шакли натурал ( чиз, маҳсулот, мол) дода мешавад. Дар ин ҳолат рента ҳамчун шакли маҳсулоти изофа ташкил ёфта, мунтазам ба соҳиби замин дода мешавад.

3. Рентаи пулӣ.Он яке аз шаклҳои ниҳои ба баландтарини рентаи феодалии замин мебошад. Рентаи пулӣ ҳамчун шакли табдилёфтаи рентаи моли баробари таввавули истеҳсолоти молӣ ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтааст.

Дар ин шароит деҳқон қисми маҳсулоти изофаи худро фурухта, рентаи мавҷударо ба пул табдил дода онро ба соҳиби замин медиҳад.

Новобаста аз хусусиятҳои фарқкунанда ҳар се шакли рентаро як чиз муносибати иқтисодии байни заминдорони калон ва тавлидгарони хурди миёна оиди ба вуҷудои ва тақсими рента ба ҳам пайваст мекунад. Бо мурури пешрафти ҷмеа мавқеи рентаи пулӣ мустаҳкам ва устувор мегардад. Осибатҳои ҳуқуқии байни моликони замин ва истифодабарандаи он тағир меёбад. Мусибатҳои кишоварзӣ торафт дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад.

Муносибатҳои рентавӣ дар ҶТ хамчун муносибати байни коргари кироя, соҳибкор васоҳибони амин сурат мегирад. Асоси муносибатҳои рентавӣ дар ҶТ рентаи пулӣ мебошад, ки дар шакли пул ба соҳиби байни як қисми маҳсулоти изофаро бар мегардонад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *