Фанни Микро ва макро иқтисод

Бозори мехнат ва таксимоти даромадхо

Мафҳумҳои нав. Хусусиятҳои тақозо ба омилҳои истеҳсолот (захираҳои иқтисодӣ); Маҳсулоти ниҳоӣ ва даромади ниҳоӣ. Нархҳо, тақозо ва арзаи захираҳо. Хусусияти бозори меҳнат. Тақозо ва арзаи меҳнат. Музди кор. Сармоя ва моҳияти он. Фоизи қарз. Меъёри фоизи қарз. Фоизи қарзи номиналӣ (исмӣ) ва воқеъӣ. Арзиши дисконтишуда ва маблағгузорӣ (инвестиция). Хусусиятҳои бозори замин. Рентаи иқтисодӣ. Рентаи замин ва нархи замин. Иҷорапулӣ.

Таҳти мафҳуми бозори захираҳо кулли намудҳои захираҳо фаҳмида мешавад, ки дар раванди истеҳсоли молу хизматҳо истифода мешавад. Яке аз бозори захираҳои асоси ин бозори меҳнат мебошад.

  1. Бозори меҳнат. Тақсимоти даромадҳо.

Бозори меҳнат- соҳаи муҳим ва бисёрнақшаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҳаёти ҷомеа мебошад. Дар байни иқтисодшиносон оиди баҳодиҳии бозори меҳнат ва механизми он ягонагӣ ҷой надорад. Иқтисоди сиёсии классикӣ аз он сарчашма мегирад, ки дар бозори меҳнат, танҳо як захираи истеҳсолӣ фурӯхта мешавад, ба мисли дигар бозорҳо дар асоси мувозинати нархӣ амал мекунад. Танзимгари асосии бозори меҳнат нархи қувваи коргарӣ мебошад. Бо ёрии музди кор, аз рӯи баҳодиҳии намояндагони ин назария, тақозо ва арзаи қувваи коргарӣ ба танзим дароварда шуда, талаботи бозор меафзояд ё ин ки вобаста ба арза ва тақозо паст мешавад. Агар дар бозори меҳнат мувозинат ҷой дошта бошад, дар ин ҳолат бекорӣ ҷой надорад.

Дар маънидоди бозори меҳнат назарияи кейнсионӣ ва монетаристӣ аз неоклассикҳо фарқ мекунад. Ин фарқ дар он аст, ки бозори меҳнатро тамоили доимии номувозинатӣ медонанд. Тақозо ба қувваи коргарӣ мувофиқи ин модел на аз рӯи пасту баландшавии нархҳои бозорӣ ба меҳнат, балки аз ҳаҷми истеҳсолот ё маҷмӯи тақозо вобаста аст.

Танзимгари бозори меҳнат давлат мебошад, чунки вай маҷмӯи тақозоро кам ё зиёд менамояд ва ҳадди поёнии музди меҳнатро муайян мекунад. Барои ислоҳ намудани номувозинатии бозор монетаристон истифодаи механизми сиёсати пулию қарзиро пешниҳод менамоянд. Мувофиқи назарияи марксистӣ бозори қувваи коргарӣ гарчанде ба қонуниятҳои умумибозорӣ тобеъ бошад ҳам, аммо хусусиятҳои махсуси хоси худро дорад, чунки худи қувваи коргарӣ ҳамчун омили субъективии истеҳсолот мол мебошад ва метавонад дар як вақт ба таносуби тақозо ва арза ба арзиши бозории худ (қувваи коргарӣ) таъсир расонад.

Дар ҳаёти воқеъии иқтисодӣ ба динамикаи бозори меҳнат як қатор омилҳо таъсир мерасонанд: сатҳи тавваррум, сатҳи афзоиши шумораи аҳолии қобили меҳнат, сохтори сину соли ҷинсии он, сатҳи фаъолиятнокии гуруҳҳои гуногуни демографии этникии аҳолии қобили меҳнат, раванди муҳоҷират ва ғайраҳо. Вазифаи бозори меҳнат аз он иборат аст, ки нақши меҳнатро дар ҳаёти ҷамъиятӣ муайян мекунад, меҳнат ба сифати сарчашмаи даромад ва некуаҳволӣ баромад мекунад. Аз нуқтаи назарияи иқтисодӣ меҳнат ин захираи муҳимтарини истеҳсолӣ мебошад. Вобаста ба ин се вазифаи асосии бозори меҳнатро ҷудо мекунанд: иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳавасмандгардонӣ.

  1. Вазифаи иҷтимоии бозори меҳнат дар таъмини сатҳи муътадили даромад ва некуаҳволии одамон, сатҳи муътадили такрористеҳсоли қобилияти истеҳсолии коргарон зоҳир мегардад.
  2. Вазифаи иқтисодии бозори меҳнат дар самараи ҷалбнамоӣ, тақсимот, танзимнамоӣ ва истифодабарии меҳнат ифода меёбад.
  3. Бозори меҳнат як қатор вазифаҳои ҳавасмандгардониро иҷро мекунад, ки имконоти рақобатпазирии байни иштирокчиёни онро мекушояд, афзунамоии ҳавасмандиро дар самаранокии баланди меҳнат, баландшудани тахассус ва ивази касб таъмин менамояд.

Яке аз омилҳои муҳими истеҳсолот ин меҳнат мебошад. Меҳнат ба соҳибкор ҳамчун омили дар раванди истеҳсолот амалкунанда хеле зарур аст. Бинобарин тақозои меҳнат ин тақозои ҳосилшуда мебошад. Коргар ҳамчун шахси озод аз воситаҳои истеҳсолот маҳрум буда дар ихтиёри худ омили меҳнат дорад. Бо ин омил коргар бо мақсади фуруши он ба бозор мебарояд. Корхонаҳо ба меҳнати коргарон мӯҳтоҷ мебошанд ва тайёранд, ки меҳнати онҳоро пардохт намоянд ва ба нархи муайян харида гиранд. Нархи меҳнат аз афзудани даромади корхонаҳо дар натиҷаи баланд гардидани истеъдоди коргарони ба кор машғул вобаста мебошад.

Нархи меҳнат аз он вобаста аст, ки дар сурати кирояи як коргар ба кор то кадом андоза даромади кулли корхона меафзояд. Арзиши ин афзуншавии даромад боздеҳи воҳиди интиҳоии меҳнат (МР) (отдачей пределной единицы труда) номида мешавад. Боздеҳи воҳиди интиҳоии меҳнат аз нархи маҳсулоти интиҳоии дар бозор фурӯхташаванда вобаста аст. Бузургии маҳсули меҳнати интиҳоӣ аз сифати қувваи коргарӣ, сатҳи умумӣ ва тайёрии махсуси касбӣ вобаста мебошад.

Дар бозори меҳнат музди кор аҳамияти махсус дорад. Музди кор ба бозори молҳои истеъмолӣ ва нархи онҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Агар сатҳи музди меҳнат аз сатҳи нархҳо паст бошад, он гоҳ тақозо ба молҳо паст мешавад, бинобар ин мумкин аст ки пастравии истеҳсолот, таваррум ба назар расад.

Музди кор – ин нархи омили меҳнат аст. Музди кор (даромад) ба қисмҳои зерин ҷудо мешавад:

1. Музди кори номиналӣ (исмӣ). Ин чунин маҷмӯи пулҳое мебошад, ки коркунон ба ивази меҳнати худ мегиранд.

2. Музди кори дар ихтиёри худ дошта (даромад). Ин музди корест, ки барои истеъмоли шахсӣ ва пасандозҳои шахсӣ истифода бурда мешавад. Музди кори мазкур аз музди кори воқеъӣ бо ҳосили ҷамъи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ камтар аст.

3. Музди кори воқеъӣ (даромад). Ин миқдори молҳо ва хизматҳое мебошад, ки шахс бо воситаи музди кори дар ихтиёри худ дошта, метавонад харидорӣ намояд. Музди кори воқеъӣ аз сатҳи нархҳо вобаста мебошад. Агар нархҳо бетағйир бошанд, онгоҳ коргар дар вақти афзудани музди кори номиналӣ (исмӣ) бештар молу неъматҳоро харидорӣ карда метавонад.

Музди кор дар сатҳи умумӣ инчунин музди кори соҳавӣ ва тахассусҳои алоҳида бо каҷхаттаи тақозо ва арза муайян карда мешавад. (расми 1)

Расми1. Миқдори меҳнат

Агар тақозо ба меҳнат таъғир ёбад, каҷхаттаи Д ба мавкеи Д1 ва Д2 ҷойгир мешавад. Д2 такозои баланди меҳнатро нишон медиҳад, аз ин рӯ, баландшавии музди кор W- W2, ҷойивазкунии каҷхаттаи Д-Д1 бо пастравии музди кор алоқаманд мебошад.

Ин тағйиротҳо дар муқоисаи маҳсулоти ниҳоӣ бо тағйирёбӣ дар музди кор имконпазир аст. Дар ҳолати зиёдшавии кирои коргарони иловагӣ махсулоти нихоӣ нисбати дигар омилҳо баланд бошад, он гоҳ ин ҳолат ба зиёдшавии тақозо ба меҳнат ва афзоиши музди кор оварда мерасонад ва баръакс.

Арзаи меҳнат аз инҳо вобастагӣ дорад:

1. Миқдори аҳолии қобили меҳнат дар мамлакат.

2. Сатҳи маданияти аҳолӣ, маърифати умумӣ ва касбӣ.

Омилхое, ки ба арзаи меҳнат таъсири баръакс мерасонанд, инҳоянд.

1. Самараи ивазнамоӣ;

2. Самараи даромад;

Самараи ивазнамоӣ дар ҳолати баландшавии музди кор ба вуҷуд меояд, дар холате, ки ба коргар зиёдшавии вақти холӣ манфиатовар намебошад. Ин вакт хамчун зарари потенсиалӣ ҳисобида мешавад. Соати холи ҳамчун вақти қимматнок ба назар мерасад ва коргар вақти холии худро бо кор иваз менамояд. Ин ҳолат ба афзоиши арзаи меҳнат оварда мерасонад.

Самараи даромад. Ин ҳолат он замон ба вуҷуд меояд, ки музди кор ҳамчун имконияти зиёдшавии вақти холӣ дида баромада шавад, яъне вақти озод зиёд гардад. Ин ҳолат ба пастшавии арзаи меҳнат оварда мерасонад.

Дар расми 2 дида мешавад, ки каҷхатта аз самараи ивазшавӣ (SC) ба самараи даромад (CS1) мегузарад. Нуқтаи С-нуқтаи қатъӣ (критическая точка), гузариши самараи ивазнамоиро ба самараи даромад нишон медиҳад.

Ба андозаи музди кор ва миқдори ҷои кори иттифоқҳои касаба таъсир мерасонанд. Инҳо одатан ташкилотҳои коргарӣ мебошанд. Фаъолияти иттифокхои касаба ба химояи коргарон аз беадолатии баъзе сохибкорон, сохибмансабҳо нигаронида шуда, барои баланшавии музди кор, шароити беҳтари маишату истироҳати коргарон, кӯтох кардани дарозии рӯзи корӣ равона карда шудааст.

Иттифоқҳои касаба бо чунин тарзҳо фаъолияти худро пеш мебаранд.

1.Арзаи меҳнатро маҳдуд менамоянд. Ин дар чунин ҳолат ба даст меояд:

а) Муқаррар намудани монеаҳои иммигратсионнӣ;

б) Маҳдуд намудани вақти корӣ тавассути ислоҳдарори дар қонунгузорӣ;

в)Манъкунии кордеҳон барои ба шахсони ғайриаъзоёни касаба додани кор;

г)Назорат аз болои меъёри истеҳсолии коргар ва шиддатнокии меҳнат.

2. Дар вақти бастани шартномаҳои коллективӣ талаб менамоянд, ки маблағи моҳона зиёд карда шавад.

Аз расми 3 дида мешавад, ки тағирёбии моҳона аз W1 – W0 ба камшавии қувваи коргарӣ оварда мерасонад, яъне шумораи бекорон (Q1—Q0) меафзояд.

Расми 3.

3. Ба афзоиши баъзе соҳаҳо ё ин, ки баъзе корхонаҳо оварда мерасонад, ки шуғли аҳолиро зиёд менамояд.

Расми 4.

Расми 4. Нишон медиҳад, ки дар ҳолати афзудани истеҳсолот

Q0—Q1 , D—D1, Е0—Е1, W0—W1

Афзоиши ҳаҷми такозо ба мехнат дар холати афзоиши музди кор ба назар мерасад.

Дар расми 5 варианти зоҳиршавии монополияҳо (инхисорот) нишон дода шудааст. Инҳисорот кӯшиш менамояд, ки даромадҳои худро аз ҳисоби афзоиши нарх зиёд намоянд, ки ин ҳолат дар сурати пастшавии истеҳсолот ба даст меояд. Пастшавии истеҳсолот Q0—Q1 ба ҷойгиршавии D=D1, Е01, W0—W1 оварда мерасонад.

Дар раванди истеҳсоли арзиши нав ҳамаи соҳибмулкон иштирок намуда даромад мегиранд. Ба ин соҳибмулкон дохил мешаванд:

а) коргар-соҳиби қувваи коргарӣ

б) корчалон (бизнесмен), ки омилҳои истеҳсолотро мехарад.

в) сармоядори пулдор, ки қарз медиҳад

г) заминдор, ки замини хешро ба иҷора медиҳад.

Баъди фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардашуда корчаллон даромади умумӣ мегирад, ки аз он иштирокчиёни истеҳсолот ҳиссаи муайяни худро мегиранд. Коргар-музди кор, соҳибкор-фоида, сармоядори қарздиҳанда- фоиз ва заминдор-рента.

Тақсимотҳои даромадҳо дар ду сатҳ ба вуқӯъ мепайванданд.

а) Тақсимоти вазифагии даромадҳо, яъне пардохт барои мехнат, дивиденд, фоиз, фоидаи савдо, даромади сохибкор.

б) Тақсимоти шахсии даромад яъне қулли даромади пулӣ байни хоҷагиҳои хонагии (домохозяйства) гуногун, вобаста аз хиссаи ҳар як омили онхо дар ташаккули ин даромад тақсим карда мешавад. Бинобар хамин ҳам дар тақсимоти даромад байни гурӯҳҳои аҳолӣ нобаробари мушоҳида карда мешавад.

Даромади аҳолӣ қулли воситаҳои моддӣ ва пулӣ мебошад, ки аҳолӣ барои конеъ гардонидани талаботи худ дар ихтиёр дорад.

Сарчашмаҳои даромади аҳолӣ инҳоянд:

а) музди кор, ҳаққи мехнат;

б) ёрдампулӣ аз тарафи ҳукумат;

в) нафақа;

г) даромад аз хоҷагиҳои ёрирасон, хоҷагихои деҳқонӣ;

д) даромад аз фаъолияти фардии меҳнатӣ.

Даромади аҳолӣ бо воситаи муассисаҳои молиявию қарзӣ дар чунин шакл ташхис меёбад.

1. Пасандоз тибқи суғуртаи давлатӣ (иҷтимоӣ)

2. Қарзи бонкӣ барои сохтани манзил, хонадоршавии оилахои ҷавон, аъзоёни кооперативхои рафикона барои боғу токпарварӣ ва ғайра.

3. Додани фоиз ба ивази пулҳои дар бонкхои амонатӣ гузошташуда.

4. Ба вуҷуд омадани захираҳои муввақаттии пулӣ дар натиҷаи бо карз ба даст овардани чизхо.

5. Бурдҳо аз лоторея

6. Даромад аз саҳмия, облигатсия (заёмхо), бурдҳои имтиёзнок

7. Ёрдампулиҳо ҳангоми корношоямӣ ва маҷрӯҳ гаштан

8. Имтиёзхо барои истифодаи газ, барқ, нақлиёти мусофиркаш ва ғайра.

Даромади аҳолӣ бештар барои харидани чизҳои истеъмолӣ, асбобҳои рӯзгор, маводхои дурудароз хизматкунанда (манзил, воситаҳои нақлиёт) сарф карда мешавад. Аз даромади худ аҳолӣ чунин хароҷот мекунад, ки ин кисматҳоро дар бар мегирад: андоз, суғуртаи ичтимоӣ, хӯрока (ғизо), сару либос, хонапулӣ, ҳаққи газу барқ, мебел, асбобҳои рӯзгор нақлиёт, молҳои саноатӣ, таълим, истироҳат, фароғат, саёҳат, хароҷот барои хайрияҳо, пасандоз ва ғайрахо.

Дар шароити бозор нобаробарии даромадҳо вуҷуд дорад, ки ин табиӣ мебошад. Баъзе ашхос касби хуб дорад, дигаре маълумоти баланд дошта, даромади хуб мегирад, сеюмин каммаълумот буда, бо кори оддӣ машғул аст. Аз ин рӯ нобаробарӣ дар гирифтани даромад ба назар мерасад. Ғайр аз ин оилаҳое ҳастанд, ки дар онхо шахсони қобили меҳнат дошта зиёданд. Дар оилаҳое дигар бошад, баракси ин ҳолат ба назар мерасад.

Дар чунин ҳолат ҳатто шахсоне, ки маълумоти якхела дошта бошанд ҳам, даромадҳои онҳо ба ҳар як сари оила гуногун аст. Яке серфарзанд ҳаст, дигаре фарзанд надорад, сеюмин камфарзанд хаст.

Бозор ба ашхос ва оилаҳое, ки лаёқат ва қобилияти корӣ надоранд, кафолати гирифтани даромадро намедиҳанд. Аз ин рӯ аз ҷониби давлат низоми дастгирии дараҷаи даромадҳо ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Барои шахсони бенаво ва камдаромад аз тарафи давлат сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ кор карда мешавад, ки мақсади он дастгирӣ кардани ин гуна шахсон мебошад. Чунин тадбирҳои давлатӣ, ба мисли, кор карда баромадани стратегияи мубориза алайҳи камбизоатӣ, барномаҳои хайрия, кӯмакпулӣ, барномаҳои суғуртаи иҷтимоӣ барои бартараф намудани нобаробарӣ дар гирифтани даромадҳо хизмат мекунанд.

Тавассути буҷети давлатӣ ба тақсим ва азнавтақсимкунии даромадҳо байни аҳолӣ таъсир расонида мешавад. Барои давлат муҳимтарин масъала ин мубориза алайҳи бенавоӣ, камбизоатӣ пайдо намудани шароит барои такрористеҳсоли қувваи коргарӣ мебошад. Фашангҳои асосии давлати инҳоянд. 1) андозбандии тафрикавии гурӯҳҳои гуногун–гирандагони даромадҳо. 2) аз ҳисоби буҷетҳои марказӣ ва маҳаллӣ муайян намудани хизматҳои бепул ва додани пардохтҳои иҷтимоӣ.

Барои муайян намудани нобаробарӣ дар даромадҳо байни гурӯҳҳои аҳоли каҷхаттаи Лорентс истифода бурда мешавад (нигаред ба расми 6).

Дар расми 6. дар хатти горизонтали гуруҳи ахолӣ бо фоиз, дар хатти вертикалӣ бошад, фоизи даромади ин ахолӣ нишон дода шудааст. Дар ҳолати тақсимоти баробар вобастагии ин ду нишондиҳанда намуди биссектриссаро мегирад. Дар ин шароит 20%-и ахолӣ мувофиқат 20%-и даромад, 40%-и аҳоли 40%-и даромад ва ғайраро мегирифтанд. Дар ҳолати нобаробарии мутлақ ҳамаи 100% даромадро як шахс (ОЕ) мегирифту халос. Лекин дар ҳаёти воқеи бошад на баробарии мутлақ ва на нобаробарии мутлақро дидан мумкин нест. Дар хаёти воқеӣ, тақсимоти даромадҳо дар ҷомеа ба мисли каҷхаттаи ба поёнхамида ифода меёбад. Нуқтаҳои О,А,В,С,Д,Е андозаи фарқи ин каҷхаттаро аз биссектриса ифода менамояд, ё ин ки нобаробарии дар тақсимоти даромадҳо ба миён омадаро муайян месозанд.

Агар каҷхатта ба сӯи биссектрисса майл намуда, ба он наздик ва ё баробар шавад, пас ин ҳолат мефаҳмонад, ки ҷомеа ба баробаршавии даромадҳо наздик мешавад ва оқибат пастшавии ҳавасмандгардонӣ ба мехнат ва соҳибкорию корчалонӣ дида мешавад.

Агар каҷхатта аз биссектриса дур бошад, пас ин маънои онро дорад, ки адолати иҷтимоӣ кайҳо вайрон шуда, дар ин шароит, вазъи иҷтимоӣ пуршиддат мебошад.

Таҷрибаи ҷахонӣ нишон медихад, ки хадди охирини таносуби даромади 10% ашхосони доро ва 10% гурӯҳҳои камбизоати ахолӣ набояд аз таносуби 10:1 зиёд бошад. Дар Россия ин таносуб дар соли 1995 15:1 буд, яъне 5 нуқта аз стандарти ҷахонӣ зиёдтар буд. Ҳиссаи 10% камбизоатҳо 2,0% даромадро мегирифтанд ва 10 % дороҳо 30% кулли даромадро аз худ мекарданд (Нуриев Р.М. Курс микроэкономики М, 1998с. С.295-304).

Нобаробарии даромадро тибки зариб (коэффитсент)-и нобаробарии даромад ё худ зариби Ҷини (Корредо Ҷини-иктисоддон ва оморшиноси Италия) чунин муайян кардан мумкин аст.

,

g-нишондихандаи нобаробарии даромад

Т-ҳаҷми пастгардидаи даромад (доираи хаткашидашуда)

ОFE -ҳаҷми секунҷа.

Мувофиқи ин маълумот зариби нобаробарии даромад дар солҳои 80-ӯм дар Япония 0,295, ШМА-0,329, Бразилия 0, 565, Россия (с.1992) 0,238-ро ташкил дод.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *