Фанни Микро ва макро иқтисод

Фан ва усулҳои асосии омӯзиши назарияи иқтисодӣ

  1. Моҳият ва зарурати омӯзиши назарияи иқтисодӣ дар шароити муосир. Шарҳи назарияи иқтисод аз нигоҳи мактабҳои гуногуни иқтисодӣ.
  2. Пайдоиш ва марҳилаҳои асосии инкишофи назарияи иқтисодӣ.
  3. Мақсади омӯзиши назарияи иқтисодӣ ва вазифаҳои он.
  4. Маълумот оиди мафҳумҳо ва қонунҳои иқтисодӣ.
  5. Моҳият ва зарурати омӯзиши назарияи иқтисодӣ дар шароити муосир. Шарҳи назарияи иқтисод аз нигоҳи мактабҳои гуногуни иқтисодӣ

Олимон ва мутафаккирони соҳаҳои гуногуни ҷамъият асоси инкишофу пешрафти ҷомеаро ба иқтисод вобаст медонанд.

Иқтисод — ин хоҷагӣ доир ба хоҷагидорӣ ва муносибати одамон дар хоҷагидорӣ мебошад. Инчунин иқтисод — чунин муҳити фаъолияти инсон мебошад, ки зудтар ва беҳтар нисбат ба табиат одамонро бо ашёҳои зарурӣ ва шароити хуби ҳайёт таъмин менамояд.

Назарияи иқтисодӣ бошад, яке аз илмҳои қадима буда, инсоният барои омӯзиши он дар тамоми зинаҳои ҷомеа таваҷҷӯҳи хоссае зоҳир менамояд. Омӯзиши назарияи иқтисодӣ барои тамоми ашхоси ҷомеа имконият медиҳад, ки захираҳои камёбу маҳдуди иқтисодӣ самаранок истифода бурда шаванд. Истифодаи самараноки захираҳои иқтисодӣ шароит фароҳам меорад, ки наслҳои оянда низ аз онҳо бархурдор бошанд.

Зарурати объективии омӯзиши назарияи иқтисод ин амалӣ намудани мақсади фаъолияти одамон дар ҷамъият мебошад. Аҳамияти омӯзиши назарияи иқтисодӣ бошад, тақозои замон аст, яъне ҳар як фарде, ки имрӯз дорои маълумоти олӣ мебошад, бояд масъалаҳои гуногуни иқтисодиро дарк намояд ва фикри муайян доир ба тағйиротҳои иқтисодӣ дошта бошад, инчунин барои фаъолияти амалӣ дар хоҷагидорӣ тайёр бошад. Ин масъалаҳоро фанҳои ҷамъиятӣ, аз он ҷумла назарияи иқтисодӣ ҳаллу фасл менамояд.

Назарияи иқтисодӣ аз нигоҳи мактабҳои гуногуни иқтисоди ҳархела шарҳ дода мешавад, аз ҷумла:

Мактаби марксистӣ.

Назарияи иқтисодӣ муносибатҳои иқтисодии истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолро дар зинаҳои гуногуни инкишофи ҷамъият меомӯзад.

Самуэлсон.

Назарияи иқтисодӣ фанни ҷамъиятиест, ки роҳу усулҳои самаранок истифодабарии захираҳои маҳдуди иқтисодиро бо мақсади таъмини талаботи одамон дар ҳолати номаҳдуд будани талаботи онҳо меомӯзад.

Макконел ва Брю.

Якум иқтисод – ин омӯзиши рафтори одамон дар ҷараёни истеҳсолот, тақсимот ва истеъмоли неъматҳои моддӣ ва хизматҳо дар ҷаҳони захираҳои камёб мебошад.

Дуюм иқтисод – истифодаи самараноки захираҳои истеҳсолии маҳдуд ва идора кардани онҳоро бо мақсади таъмини максималии талаботҳои моддии одамон меомӯзад.

  1. Пайдоиш ва марҳилаҳои асосии инкишофи назарияи иқтисодӣ

Илми назарияи иқтисодӣ ҳамчун натиҷаи инкишофи афкори иқтисодии ҷомеа дар асрҳои 15-16 пайдо шудааст. Аввалин асари мукаммале, ки мутааллиқ ба ин фан аст бо номи «Иқтисоди сиёсӣ» соли 1615 аз ҷониби иқтисодчии фаронсавӣ Антуан Монкретен пешниҳод шудааст.

Пайдоиши назарияи иқтисодӣ ва инкишофи он якчанд зинаҳоро дарбар мегирад:

1. Мактаби меркантелизм.

Асосгузорони ин мактаби иқтисодӣ А. Монкретен ва Томас Мен мебошанд. Онҳо асоси пешрафти иқтисодии ҷомеаро дар савдо, махсусан дар тиҷорати хориҷӣ медиданд. Аз ин ҷост, ки ин таълимоти иқтисодӣ бо номи мактаби «Савдогарон» низ машҳур аст. Онҳо ақида доштанд, ки ҳар қадаре давлат молҳои истеҳсолкардаи худро ба хориҷи кишвар ба фурӯш барорад, то ҳамон андоза боис мегардад ба ин кишвар нафъи зиёде ворид шавад. Таълимоти онҳо дар ибтидои асрҳои 15-17 ба вуқӯъ пайвастааст.

2. Мактаби физиократҳо.

Таълимоти физиократҳо дар Фаронса миёнаи асри 18 пайдо шудааст. Асосгузорони ин мактаб Ф. Кене, А. Тюрго ва В. Мирабо мебошанд. Онҳо ҷараёни таҳлили иқтисодии худро гузаронида бархилофи мактаби меркантелистӣ баромад намуданд. Яъне пешрафти иқтисодии ҷомеа на дар муомилоти хориҷӣ, балки дар истеҳсоли неъматҳо, пеш аз ҳама дар истеҳсолоти соҳаи хоҷагии қишлоқ мебошад.

Их основные научные идеи:

— богатством народов является произведенный продукт, удовлетворяющий потребности людей;

— источником увеличения продукта есть материальное производство в сельском хозяйстве, где и труд становится производительным; в промышленности, которая лишь перерабатывает сельскохозяйственные продукты, труд непроизводительный;

— свободная конкуренция, возникающая между товаропроизводителями, становится идеальным регулятором экономических процессов;

— созданная Ф. Кенэ «Экономическая таблица» показывает натуральные и стоимостные пропорции в производстве, распределении, обмене и потреблении продуктов земледелия. Тем самым впервые был сделан воспроизводственный подход к макроэкономическому анализу совокупных экономических величин (ОП, НД, капиталовложений и потребления нации).

3. Мактаби классикҳо.

Мактаби классикҳоро бо ибораи дигар иқтисоди сиёсии англис низ меноманд, ки дар пешрафти он иқтисодчиёни англис А. Смит, Д. Рекардо ва У. Петти саҳмгузор мебошанд. Таълимоти онҳо дар он асос меёбад, ки боигарии халқ дар арзиш зоҳир мегардад, ки дар асоси музди кор, фоида ва рентаи замин ба вуҷуд омадааст. Сарчашмаи чунин боигариро меҳнати коргари кирояе ташкил мекунад, ки дар тамоми истеҳсолоти моддӣ ширкат меварзад. Ба андешаи У. Пети меҳнат- падари боигарӣ ва замин- модари он мебошад.

А. Смит дар таърихи афкори иқтисодӣ, ҳамчун асосгузори иқтисоди бозорӣ ба ҳисоб меравад. Д. Рекардо бошад дар боби «Назарияи муносибатҳои кишоварзӣ», «Тақсимоти байналхалқии меҳнат» ва «Масъалаҳои андозбандӣ» тадқиқот бурдааст.

4. Мактаби марксизм.

Ин мактаб вобаста бо номи намояндагонаш К. Маркс ва Ф. Энгелс номгузорӣ шудааст. Онҳо ду тарафи истеҳсолоти ҷамъиятӣ:

а) қувваҳои истеҳсолкунанда;

б) муносибатҳои истеҳсолиро кашф намудаанд.

Ин таълимот дар асри 19 ба ҷунбиш даромадааст.

  1. Мақсади омӯзиши назарияи иқтисодӣ ва вазифаҳои он

Мақсади назарияи иқтисодӣ ҳамчун кули васоит аз таҳлилу тадқиқ ва тарзу услуби истифодаи захираҳои камёбу маҳдуди иқтисодӣ ва дар мояи онҳо қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷоти ҷомеа тасаввур карда мешавад. Таркиби назарияи иқтисодӣ аз микро-мезо-макро ва мегаиқтисод иборат аст.

Доираи микроиқтисод маҷмӯи муносибатҳоро оиди тарзу услуби ташкили фаъолияти истеҳсолии фирма (корхона), инчунин оиди тарзу услуби ташкили хоҷагидорӣ ифода мекунад.

Мезоиқтисод ҳамчун иқтисодиёти алоҳидаву мустақили соҳаҳои хоҷагии халқ, яъне комплекси агросаноатӣ (АПК), сохтмон ва минтақаҳои озоди иқтисодиро меомӯзад.

Макроиқтисод як қисми назарияи иқтисодӣ мебошад, ки шароит, омилҳо ва натиҷаҳои тараққиёти иқтисоди миллиро меомӯзад.

Мегаиқтисод ҳамчун иқтисодиёти ҷаҳон кулли муносибатҳои иқтисодии байни давлатҳоро меомӯзад.

Назарияи иқтисодӣ як қатор вазифаҳоро иҷро мекунад, ки ба онҳо дохил мешавад:

  1. Эҳсос ва дарки равандҳои иқтисодӣ.
  2. Методологӣ.
  3. Амалия ва таҷриба.
  4. Таҳлили факту рақамҳо, яъне коркарду пешниҳод ва гирд овардани маҷмӯи маълумоту дониш оиди иқтисоди ҷомеа, омӯхтану муайян кардани қонуну қонуниятҳои инкишофу пешрафти ҷомеа.

4. Маълумот оиди мафҳумҳо ва қонунҳои иқтисодӣ

Мафҳумҳои иқтисодӣ гуфта, фаҳмишҳои нисбатан умумиеро меноманд, ки бо ёрии онҳо тарафҳои алоҳидаи муносибатҳои истеҳсолӣ омӯхта мешаванд. Масалан: истеҳсолот, нарх, пул, фоида, зарар, музди кор ва ғайра.

Қонунҳои иқтисодӣ гуфта, алоқамандии робитаҳои дохилии нисбатан устувори доимо такроршавандаи ҳодисаҳои иқтисодиро меноманд. Қонунҳои иқтисодӣ хусусияти объективӣ доранд, яъне онҳо новобаста аз майлу хоҳиши одамони амалкунанда ҷой доранд.

Қонунҳои иқтисодӣ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:

    1. Қонунҳои иқтисодии умумӣ.
    2. Қонунҳои иқтисодии хос.
    3. Қонунҳои иқтисодии махсус.

Қонунҳои иқтисодии умумӣ чунин шакли қонунҳои иқтисодие мебошанд, ки дар ҳамаи зинаҳои инкишофёбии ҷамъият амал мекунанд. Масалан: қонуни афзоиши талабот, қонуни тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва ғайра.

Қонунҳои иқтисодии хос қонунҳои иқтисодиеро меноманд, ки танҳо дар як зинаи инкишофёбии ҷамъият вуҷуд доранд. Масалан: қонуни инкишофи ҷамъият аз рӯи нақшаи давлатӣ, ки ин қонун хоси коммунизми хоҷагӣ мебошад.

Қонунҳои иқтисодии махсус қонунҳои иқтисодие мебошанд, ки на дар ҳама зинаҳои инкишофёбии ҷамъият амал мекунанд. Масалан: қонуни тақозо, арза, муомилоти пул ва ғайра.

Хусусияти объективии қонунҳои иқтисодӣ маънои онро надорад, ки одамон дар назди ин қонунҳо оҷиз мебошанд. Онҳо метавонанд ин қонунҳоро омӯзанд, фаҳманд ва мувофиқан ба мазмуни онҳо амал намоянд.

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

  1. Р.М. Нуреев. Курс Микроэкономики. Изд-во НОРМА, Москва, 2001г.
  2. Макконелл К.Р., Брю С.Л., Экономикс. Т.2. Москва, 1992г.
  3. Экономическая теория (Политэкономия). Учебник., Под. Ред. А.И. Видяпина. Москва, 2007г.
  4. Маршалл А. Принципы экономической науки. Москва, 1993г.
  5. Исоматов Б., Асосҳои назарияи иқтисод, қисми 1, Душанбе, 2007с.
  6. Низомова Т.Д., Иқтисоди хурд, Диловар-ДДМТ. Душанбе, 2001с.
  7. Эргашев А., Мухатбердиев Ҳ., Курси назарияи иқтисодӣ (Микроиқтисод). Душанбе, 2003с.
  8. Қодиров Ш.Ш., Назарияи иқтисодӣ, иқтисоди миллӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ. Душанбе, 2001с.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *