Фанни Микро ва макро иқтисод

Назарияи макроиктисод

Назарияи макроиқтисод. Таркиб таносубҳои иқтисоди миллӣ

1. 1 Назарияи макроиқтисод

1.2. Мафҳум, таркиб ва мақсадҳои иқтисоди миллии муосир.

1.3.Таносубҳои иқтисоди миллӣ.

1. 1 Назарияи макроиқтисод

Яке аз қисматҳои асосии назарияи иқтисодӣ — макроиқтисод мебошад. Макроиқтисод ҳодисаҳои умумиеро тадқиқ мекунад, ки рафтори иқтисоди миллиро инъикос менамоянд.

Макроиқтисод — як қисми назарияи иқтисодӣ мебошад, ки шароит, омилҳо ва натиҷаҳои тараққиёти иқтисоди миллиро меомӯзад.

Назарияи макроиқтисодро олимони Юнони Қадим Афлотун ва Арасту ба вуҷуд овардаанд. Ин назария дар охири асри XIX ва оғози асри XX аз ҷониби мактабҳои гуногуни назарияи иқтисодӣ, хусусан аз ҷониби намояндагони мактаби марксиста, кейнсчигӣ, монетаристӣ ва мактаби институтсионализми иҷтимоӣ инкишоф дода шудааст.

Объектҳои асосии омӯзиши макроиқтисод чунин масъалаҳои асосии иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд: шуғли аҳолӣ, беқурбшавии пул, дахолати давлат ба иқтисод, рушди иқтисодӣ, истеъмолот, маблағгузорӣ, маҷмӯи арза, маҷмӯи тақозо ва ғайра.

1.2. Мафҳум, таркиб ва мақсадҳои иқтисоди миллии муосир

Мафҳуми «иқтисоди миллӣ» яке аз фаҳмишҳои марказии назарияи макроиқтисод ба ҳисоб меравад. Ин мафҳумро бори аввал олими амрикоӣ Василий Леонтев ҳамчун низоми худтанзимшаванда, ки аз фаъолиятҳои гуногуни ба ҳамдигар алоқаманд таркиб ёфтааст, истифода карда буд.

Иқтисоди миллӣ низоми таърихан бавуҷудомадаи такрористеҳсоли ҷамъиятӣ, ё маҷмӯи соҳаҳою шаклҳои истеҳсолоти ба ҳамдигар алоқамандеро меноманд, ки тамоми шаклҳои меҳнати ҷамъиятиро фаро гирифтааст.

Асоси иқтисоди миллиро корхонаҳо, фирмаҳо, ташкилотҳо, хоҷагиҳои хонагӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар низоми тақсимоти ҷамъиятии меҳнат вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.

Иқтисоди миллӣ аз соҳаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ иборат аст.

Соҳаи истеҳсолӣ маҷмӯи соҳаҳои тавлидкунандаи маҳсулоти ҷамъиятӣ буда, ба он асосан саноат, хоҷагии қишлоқу савдо, нақлиёт ва дигар соҳаҳои тавлидкунандаи мол дохил мешаванд.

Соҳаи истеҳсолӣ дар навбати худ ба истеҳсолоти моддӣ ва истеҳсолоти ғайримоддӣ ҷудо мешавад:

Истеҳсолоти моддӣ истеҳсолотест, ки дар он воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар назарияи иқтисод истеҳсолоти моддиро ба истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот (соҳаи I) ва истеҳсоли чизҳои истеъмолӣ (соҳаи II) низ ҷудо мекунанд. Агар сухан дар бораи саноат равад, онҳоро гурӯҳи А ва гурӯҳи Б меноманд.

Истеҳсолоти ғайримоддӣ аз истеҳсолоти моддӣ бо маҳсулоти худ, ки шакли ғайримоддиро дорад, фарқ мекунад. Ба истеҳсолоти ғайримоддӣ соҳаҳои илм, санъат, маданият, маориф, тандурустӣ ва ғайра дохил мешаванд, бинобар ҳамин, онро соҳаи истеҳсоли хизматҳо низ меноманд.

Соҳаи ғайриистеҳсолӣ соҳае мебошад, ки маҳсулот истеҳсол накарда, балки дар тақсимоти он ширкат меварзад. Ба соҳаи ғайриистеҳсолӣ мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд.

Дар назарияи иқтисод таркиби истеҳсолӣ, таркиби иҷтимоӣ, таркиби соҳавӣ ва таркиби минтақавии иктисоди миллиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Таркиби истеҳсолӣ тақсими истеҳсолкунандагони миллиро ба субъектҳои иқтисодии асосӣ инъикос мекунад. Аслан се гурӯҳи истеҳсолкунандагони асосиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: хоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат.

Таркиби иҷтимоии иқтисоди миллӣ тақсимоти онро мувофиқи шаклҳои моликият ифода мекунад. Ба таркиби иҷтимоӣ соҳаи (сектори) давлатӣ, соҳаи коллективӣ, соҳаи хусусӣ, соҳаи шахсӣ ва соҳаи омехта дохил мешаванд. Таркиби иҷтимоӣ ҳангоми таҳлили иқтисоди миллӣ нақши муҳим мебозад ва ба инкишофи ин соҳаҳо асосан мувофиқи ҳиссаи онҳо ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё даромади миллӣ баҳо медиҳанд. Масалан, соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи соҳаи иқтисод нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) чунин буд: истеҳсоли молҳо — 48,9%, хизматрасонӣ — 39,6% ва андозҳо — 11,5%.

Таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ тақсими онро бо соҳаҳои гуногуни вазифаи ягонаи иҷтимоӣ-иқтисодиро иҷрокунанда ифода менамояд. Ба таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ саноат, хоҷагии қишлоқ, илм, сохтмон ва дигар соҳаҳо дохил мешаванд, ки ҳар яки онҳо аз зерсоҳаҳо иборат мебошанд.

Таркиби минтақавии иқтисоди миллӣ мувофиқи ҷойгир шудани қувваҳои истеҳсолкунандаи миллӣ дар кишвар муайян карда мешавад. Асосан ба таркиби минтақавӣ ноҳияҳои иқтисодиро дохил мекунанд. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои шимолӣ, ноҳияҳои ҷанубӣ, ноҳияҳои марказӣ (тобеи марказ) ва ноҳияҳои Бадахшони Кӯҳиро аз ҳамдигар ҷудо намудан мумкин аст.

Мақсадҳои асосии ҳама гуна иқтисоди миллӣ инҳо мебошанд:

таъмини суръати бештари афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ ба хотири паст намудани шиддати бӯҳрони иқтисодӣ;

таъмини дараҷаи устувори нархҳо ба хотири баланд бардоштани курби пули миллӣ ва таъмини мувозинати тақозою арза;

таъмини содироти бештари молу хизматҳо ба хотири афзоиши содироти соф (фарқи байни содирот ва воридот) ва таъмини ҷиҳати мусбии тавозуни пардохт;

таъмини дараҷаи баланди шуғли аҳолӣ ба хотири таъмини ҳамаи аҳолӣ бо музди кор, ҷои кор ва талаботи бо маблағ таъминбуда.

1.2 Таносубҳои иқтисоди миллӣ

Таносубҳои иқтисоди миллӣ ва таъмини мувозинати онҳо яке аз масъалаҳои асосии макроиқтисод ба ҳисоб мераванд.

Таносубҳои иқтисоди миллӣ гуфта, муносибати миқдории байни қисматҳо ва соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти ҷамъиятӣ, инчунин муносибати байни соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиро меноманд. Таносубҳои иқтисодиро таносубҳои макроиқтисодӣ низ меноманд, ки вобаста ба ҳар як низоми иктисодӣ хусусияти ташкилшавии худро доранд. Масалан, дар шароити иқтисоди бозорӣ онҳо дар асоси қонунҳои бозор ташкил карда мешаванд.

Низоми таносубҳои макроиқтисодӣ аз қисмҳои зерин иборат аст:

  1. Таносубҳои умумииқтисодӣ, яъне таносубҳо байни соҳаҳои калонтарини иқтисоди миллӣ. Масалан, дар байни истеҳсолоту истеъмолот, дар байни истеъмолот ва пасандоз, дар байни соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ.
  2. Таносубҳои байнисоҳавӣ, яъне дар байни соҳаҳои иқтисоди миллӣ. Масалан, дар байни саноат ва хоҷагии қишлок.

3) Таносубҳои минтақавӣ, яъне таносубҳои
умумииқтисодӣ ва соҳавӣ дар ҳудуди минтақаҳои алоҳида.

4) Таносубҳои байнидавлатӣ, яъне таносуб байни давлатҳо
дар асоси тақсимоти байналхалқии меҳнат.

Таносубҳои макроиқтисодиро инчунин вобаста ба шакли инъикосшавиашон ба таносубҳои ашёӣ-натуравӣ, таносубҳои арзишӣ ва таносубҳои тақсимоти захираҳои меҳнатӣ низ ҷудо мекунанд.

Таносубҳои ашёӣ-натуравӣ муносибати байни истеҳсол ва истеъмоли молу хизматҳои алоҳидаро инъикос мекунад. Масалан, байни истеҳсол ва истеъмоли равғани растанӣ ва ғайра. Таносубҳои мазкур дар асоси тавозуни моддӣ таҳлил карда мешаванд.

Таносубҳои арзишӣ муносибати байни унсурҳои алоҳидаи маҷмӯи маҳсулоти миллиро инъикос мекунанд. Масалан, даромади байни корхонаҳо, байни давлатҳо, байни гурӯҳҳои аҳолӣ ва ғайра.

Таносубҳои тақсимоти захираҳои меҳнатӣ муносибати байни захираҳои меҳнатии соҳаҳои истеҳсолот ё минтақаҳои алоҳидаро инъикос мекунанд. Масалан, таносуби байни захираҳои меҳнатии шаҳру деҳот ва ғайра.

Мувофиқи ақидаи бештари иқтисодшиносон таносубҳои асосии иқтисоди миллӣ ин таносуб байни соҳаи I (истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот) ва соҳаи II (истеҳсоли чизҳои истеъмолӣ), инчунин таносуб байни фонди истеъмол ва фонди маблағгузорӣ мебошанд, зеро ки аз ин таносубҳо суръати афзоиши такрористеҳсоли ҷамъиятӣ вобастагии бештар дорад. Азбаски таносубият (мувофиқат) байни таносубҳо устувор нест, бинобар ҳамин мувозинати иқтисоди миллӣ низ устувор буда наметавонад. Сабаби ҷой доштани чунин ҳолат дар он аст, ки дар зери таъсири прогресси илмию техники ва истеъмолоти умумӣ таносубҳо низ тағйир меёбанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *