Фанни Микро ва макро иқтисод

Ташаккули сармояи соҳибкорӣ

1.Тавсифи гуногуни сармоя аз нигохи мактабҳои мухталифи иктисодӣ.

2. Бозорӣ сармоя, объект ва субъекти он.

3. Сарчашмаҳои ташаккули сармояи соҳибкорӣ.

4. Гирдгардиши захираҳои маблағгузории корхона. Фондҳои асосӣ ва гардон.

5. Нишондиҳандаҳои самаранок истифода бурдани сармояи асосӣ ва гардон.

1.Тавсифи гуногуни сармоя аз нигохи мактабҳои мухталифи иктисодӣ.

Оиди фаҳмиш ва муайян кардани мохияти мазмун, таркиб, намуд, сарчашмаи ташкили ва истифодаи сармоя дар адабиётхои иктисоди якдигарфахми вуҷуд надорад. Мафхуми сармоя аз нигоҳи мактабхои иктисоди ҳархела шарҳ дода мешаванд. Масалан, намояндагони мактаби марксисти К.Маркс мафҳуми сармояро чунин шарҳ додаст.

Дар зери мафхуми сармоя (капитал)маблағҳои муайяни пули, молхои тайёр. ки хамчун натичаи истисмор ва азхудкунии сармоядори сурат мегирад.мефаҳмад. Ба андешаи ў сармоя чиз набуда.хамчун муносибатхои истехсоли мукаррарии чомеа баромад мекунад.Намояндаи мактаби неоклассики П.Самуэлсон сармояро ҳамчун омили миёнарави истехсолот медонад, ки он ҳамчун кули неъматхои модди чизхои ғайримодди, ва донишу маҳорати инсонро дар назар дорад.

Тарзи маънидодкунии сармоя аз чониби классикони иктисоди сиёси А.Смит ва Д.Рикардо ба таври зайл шарҳ дода шудааст.

А.Смит таҳти сармоя меҳнати андухташудаи коргарро мефаҳмад. Тибқи ақидаи Д.Рикардо бошад, сармоя-ин маҷмуи воситахои истехсолот фаҳмида мешавад.

Мувофики ақидаи ҷ.бинсон сармояе, ки хануз дар шакли сармоягузории молияви қарор дорад он ҳоло пул аст на сармоя. Гуруҳи дигарииктисодчиён бар он ақидаанд, ки захираҳои пулие, ки бо максади истеҳсоли молу маҳсулот ва бурда расонидани он ба истеъмолкунанда масраф карда мешавад,сармоя мебошад. Дар шароити иқтисоди бозори сармоя бештар на аз нигоҳи назарияви, балки аз нуктаи назари омили тавлидот таҳлилу тавсиф карда мешавад. Зери мафҳуми сармоя дар бозори омилҳо бино, таҷҳизот, мошинҳои кори, дастгоҳҳо, заҳираҳои, ки асосан дар доираи тиҷорат маҳфузанд, дар назар дошта мешавад.

Аз гуфтаҳои боло бар меояд.ки сармоя бояд, 1мазмуни зоҳири , 2. мақсад ва мақоми истифода, 3.натиҷаи ниҳои дошта бошад.Аз ин лиҳоз, сармояро чунин таъриф додан мумкин аст: Сармоя гуфта,маҷмуи захираҳои ва воситахои пулие дар назар дошта мешавад,ки дар ҷараёни истеҳсолот иштирок карда арзишашон меафзояд.

Сармоя тибқи аломатҳои ташкилшави чунин тақсимбанди карда мешавад.

1.Тибқи амалиёт-пули,моли,маҳсулот.

2.Тибқи гузаронидан-асоси,гардон.

3.Тибқи шакли моликият давлати, коллективи, хусуси, шахси, омехта.

4.Тибқи сарчашмаҳои ташаккул-худи,ичорави.

3. Бозори сармоя субъект ва объекти он.

Инкишофи муносибатхои иқтисодии сармоядори барои таҳлили мафҳуми сармоя пайдоиши консепсияҳои навро талаб намуд. Роҳҳои гуногуни муайянсозии ин мафҳумро ҷудо намудан мумин аст, вале бештари иқтисодчиён ду тарзи маънидодкунии сармояро ҷудо мекунанд:

1.Сармоя хамчун маҷмуи омилҳои истеҳсолот.

2.Сармоя ҳамчун маҷмуи воситаҳои пулие, ки дар фаъолияти хоҷагидори бо мақсади гирифтани даромад истифода карда мешавад.

Бо сабаби гуногунии муайянсозии сармоя, инчунин масъалаи муайянсозии мафҳуми бозори сармоя низ вуҷуд дорад. Бо дарназардошти он, ки сармоя ҳамчун объекти муносибатхои тарафайни фурушандагон ва харидорон дар бозор баромад мекунад, ду тарзи имконпазири муайянсозии ин мафҳум ҷудо карда мешавад.

1.Дар зери мафҳуми сармоя дар бозори омилҳои истеҳсолот сармояи ҷисмони, яъне дастгоҳ, мошина, биноҳо иншоотҳо ва ғ.ҳо дар шакли муайнсозии арзишашон фаҳмида мешавад. Аз ин рў дар ин маврид бозори сармоя як қисми бозори омилҳои истеҳсолотро нишон медиҳад:

Ба тариқи схемави инро чунин нишон додан мумкин аст.

Субъектҳои асосии бозори сармоя, доираи соҳибкорон ва доираи соҳибкорони ҳамфикр (Хаус-холда) баҳисоб меравад.

Тақозо ба сармоя дар бозори омилҳо-ин тақозои фирма ба сармояи ҷисмоние, ки барои амалигардонии лоиҳахои инвеститсионии фирмаҳо имкондиҳандае мебошад, ки барои таъминкунии маблағгузории воситаҳои молиявӣ дар лоиҳаҳои инвеститсионии фирма заруранд. Тақозо ба сармоя танҳо дар шакли воситаҳои молияви барои бадастории фондҳои истеҳсолии зарурӣ зоҳир меёбад.

Дар бозори омилҳои истеҳсолот хоҷагиҳои хонаги, ҳамчун дарандагони сармоя дар шакли андухти воситаҳои пули, сармояро барои истифодаи тиҷорат дар шакли фондхои модди ва гирифтани даромад дар намуди фоиз дар асоси гузаштани фондхо пешниҳод менамоянд.

Бо дарназардошти он ки сармояи ҷисмони метавонад ҳамчун моликияти фирма ё ин ки муваққатан барои истифодакуни ба даст оварда шавад,пардохт барои селоби хизмати сармоя (нархи истифодабари) ва нархи активҳои сармояви (нархи хариду фуруш)-рофарқ кардан бамаврид аст.Арзиши истифодабарии хизмати сармоя дар худ баҳодиҳии рентавии сармояро таҷассум менамояд.Ин чунин он метавонад ба сифати катировкаи бозори ё ин ки суммае,ки фирмаҳо барои истифодаи барандагони сармоя аз ҳисоби қисми сармояи ба иҷорадодашуда,пардохт мекунанд,баромад мекунад.

Нархи фаъол дар худ нархеро, ки аз хар як сармоя мумкин аст фурухтан ё харидан таҷассум мекунад.

2.Дар зери мафҳуми сармоя дар бозори молие, сармояи пули фаҳмида мешавад. Бинибар ин бозори сармоя яке аз қисмҳои ташкилкунандаи бозори сармояи карзи баромад мекунад.

Бозори сармояи қарзи дар худ маҷмуи муносибатхои тарафайнро, ки он ҷо объекти хариду фуруш сармояи пули баромад мекунад ва дар он тақозою арза ба шакли муайян дароварда мешавад, таҷассум мекунад. Бозори сармояи қарзи, ба бозори пулӣ ва бозори сармоя чудо мешавад.

Бозори пули боамалиётҳои кутоҳмуҳлати бонки,ки мўҳлати он то як сол мебошад алоқаманда аст.

Бозори сармоя ба амалиётҳои миёнамуҳлат ва дароз муҳлати бонкиро хизмат мерасонад. Он дар мадди аввал ба бозори ипотеки (амалиёт бо варақаҳои амонати) ва бозори молия (амалиёт бо қоғазҳои қиматнок),ҷудо мешавад.Субъектхои бозори молия натанҳо бонкҳо ва мизоҷони онҳо (чуноне дар бозори ипотеки),балки биржҳои фонди низ ба хисоб мераванд.Объектҳои амалиёт бошад,натанҳо қоғазҳои қимматноки корхонаҳои хусуси,балки институтҳои давлати низ баромад мекунанд.

Бозори пули ва бозори сармоя бозори дуюмдарачаи сармояи қарзи ба ҳисоб мераванд. Ин бозорҳо дорои хусусиятҳои ба худ хос буда, аз якдигар фарқ карда мешаванд:Аз ҷумла

-мақом (саҳмия ё вомбарг):

-шакли моликиятдори (хусуси ё давлати):

-мўҳлати эътибор:

-дараҷаи манфиатноки:

-рафтори хатар (муфлиси ё бозори) ва дараҷаи хатар (хатарнок,на он қадар хатарнок,бехатар)

Бозори сармояро дар бештари мавридҳо бозори захираҳои сармоягузори низ меноманд.

Дар зери мафҳуми сармоягузорӣ (маблағгузор)

-хароҷот барои истеҳсолот, васеъкунии захираҳои модди,захираҳои сармоя дар иқтисодиёт фаҳмида мешавад.

Таъминкунандагони сармоя хочагиҳои хонаги ва истифодабарандагон фирмаҳо мебошанд. Якҷоя амал кардани таъминкунандагон ва истифодабарандагон бо ёрии шохаҳои миёнаравони молиявӣ иҷро карда мешавад, ки ба онҳо бонкҳои тиҷорати, фондҳои сармоягузори, конторҳои брокери ва ғайраро дохил мекунанд. Вазифаи асосии онҳо ҷамъоварии пасандозҳои аҳолӣ ва тақсими онҳо дар байни истифодабарандагони сармоя мебошад.

3. Сарчашмаҳои ташаккули сармояи соҳибкорӣ.

Дар тули фаъолияти соҳибкории худ муаянкунии маблагғузорӣ, ҳачм, хусусият ва сарчашмае, ки аз давраи фаъолит вобастагӣ дорад пеш меояд. Барои ташкилоти соҳибкории тиҷоратӣ дар давраи авали фаъолият муанкунии сармояи аввалияи гузошташуда лозим аст. Сармояи аввал дар худ суммаи андухти ибтидоӣ ва хароҷотҳои ҷориро дар давраи аввали истеҳсолот ифода мекунад, ки аз ҳамдигар ҷудо мекунанд. Андухти аввали сармоя барои бақайдгирии корхона, кушодани суратҳисоби банкӣ, хариди бино ё ҳуқуқи баиҷорагирифтани онро пайдо кардан, таъмин ё азнавсозии бино, хариди нақлиёт, таҷҳизот, дастгоҳ, патент, литсензия, сарф карда мешавад. Хароҷотҳои ҷорӣ дар худ хариди ашёи хом ё материал, пардохти иҷора, музди кор, ҳиссаҷудокунӣ ба фонди иҷтимой ва ғайра ифода мекунад. Хамин тавр сармояи авалин тақозои соҳибкорро дар сармояи асосӣ ва гардон, ки барои хариди фондҳои истеҳсолӣ (асосӣ ва гардон) музди кор, хароҷот барои идоракунӣ ва дигар хароҷотҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ нигаронида шудааст, инъикос мекунад.

Тамоми ашёҳое, ки ба корхона таалуқ доранд дар намуди схема чунин нишон додан мумкин аст:

Сарчашмаҳои пушонандаи сармояи аввалия ва пуррасозии ашёҳои соҳибкор метавонад ҳамчун сармояи худӣ ва сармояи қарзӣ бошанд дохили ва берунӣ. Муносибатҳои сарчашмаҳои дохилӣ ва берунии фондҳоро ба ду намуди омилҳо ҷудо каран мумкин аст:

  1. Обективӣ;
  2. Субективӣ;

Ба омилҳои обективӣ – шакли ташкили ҳуқуқии соҳибкорӣ , хоҷагидорӣ ҳолат ва имкониятҳои шахсии соҳибкор дохил мешаванд.

Ба сарчашмаҳои худӣ таалуқ дорад: фоида аз фаъолиятҳои асосӣ, фоида аз амалиётҳои молиявӣ, дигар намуди даромадҳо, фонди оинномавӣ, фонди истеҳлок, қарзи харидорон аз ҳисоби молҳои бар душ дошта, даромад аз фуруши ашёҳои аз баромада, мобилизатсияи захираҳои дохилӣ дар сохтмон ва ғайра. Ба сарчашмаҳои қарзӣ дохил мешаванд: қарз ё худ кредит, устувории пассивҳо ва қарзи кредити. Муаянкунии андухти ибтидоии захираҳои молиявӣ дар ҳолати барпо кардани корхона ҳангоми таъсиси фонди сармояи оиномавӣ ба амал меояд.

Фонди сармояи оинномавӣ – сарчашмаи фондҳои асосӣ ва гардони фирма ҳангоми ташкили он муаян мегардад. Дар навбати худ сарчашмаи муаянкунии сармояи оинномавӣ аз шакли ташкилию – ҳуқуқии корхона (фирма) вобаста мебошад.

4.Гиргардиши захираҳои маблағгузории корхона.Фондҳои асоси ва гардон.

Рафти бошиддат ва босуръати прогрессии илму техника ба тағироти таркибии истеҳсолот, пешрафти соҳаҳои саноат, хочагии қишлоқ, компютеризатсиякунонии истеҳсолот, роҳу усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва ғайра бурда мерасонад. Ин тағирот бешак ба хаҷмва таркиби захираҳои маблағгузории корхонаҳо, алалхусус ба қисми фаъоли фондҳо, таъсири мусбат расонида метавонад. Масъалаи самаранок истифода бурдани захираҳои мавҷудаи корхона барои сохибкор, яке аз масъалахои муҳим ба ҳисоб меравад.Чунки истифодаи самараноки захираҳо имконоти кам кардани хароҷоти корхона ва зиёд кардани фоидаро фароҳам меорад.

Дар адабиётҳои муосири иқтисоди ду роҳи истифодаи захираҳои корхона мавҷуд аст: экстенсиви ва интенсиви.

Усули экстенсиви ҳамчун роҳи ҳаҷман васеъ кардани захираҳои зиёд кардани вақт ва муҳлати истифодаи захираҳо, кам кардани вақти беҳаракатии захираҳо ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Ин усул асосан аз давраи инқилоби саноат сар карда то давраи инқилоби илму техника истифода бурда мешуд. яъне он ба яке аз хусусиятҳои давраи тоиндурустриали табдил ёфта буд.

Усули интенсивии истифодаи захираҳо аз солҳои 60-уми ХХ сар карда то кунун истифода бурда мешавад. Он асосан ба баланд бардоштани дараҷаи техникии захираҳо, истифодаи самараноки онҳо дар воҳиди вақт, тезонидани пешрафти илму техника ва ғайра алоқаманд мебошад. Ин усул на ба зиёд кардани ҳаҷм ва миқдор, балки миқдору сифат ,суръат.рушд ва ғайра вобаста аст.

Захираҳои корхона дар шакли фондҳои асоси ва фондҳои гардон намудор мешавад.

Фондҳои асосӣ, қисми сармояи маҳсулдеҳи корхона мебошанд, ки арзиши худро дар давоми цикли пурраи такрористеҳсол қисм-қисм ба маҳсулоти тайёр табдил медиҳанд.

Дар амалияи хоҷагидори фондҳо аз ду нуктаи назар ҳисобу китоб карда мешаванд:пули ва натуралӣ.

Дар шакли натурали ба фондҳои асоси, биноҳо, иншоотҳо, таҷҳизотҳо, воситаҳои нақлиёт ва ғайра дохил карда мешаванд.

Дар шакли пули фондҳои асоси ҳамчун арзиши пулии ҳамаи унсурҳои номбаркардашуда,ки дар баланси корхона маълуманд,ба ҳисоб мераванд.

Фондҳои асоси қувваи истисолии ҳар як фирмаю корхонаро ташкил медиҳанд. Вобаста ба он неруи истеҳсоли ва дараҷаи техникии истеҳсолот муайян карда мешавад.

Азбаски дар доираи истеҳсолоти модди соҳаҳои гуногун амал мекунанд, бинобар ин таркиби фондҳо низ дар доираашон ҳархела ташкил мегарданд. Масалан, дар соҳаи металлургия, мошинсози, металкоркарда барои, нафту химия,э лектроэнергетика, вазни киесии биною тачхизот, дастгоху мошин ва ғайра. Дар соҳаи хоҷагии қишлоқ бошад, замин,ашехои мехнат , дар корхонахои саноати сабук-аше, мавод ва ғайра бартари доранд Аз ин ҷиҳат таркиби технологии фондҳои истеҳсолӣ, ҳамчун таносуби намудҳои гуногуни фондҳои асосӣ нисбат ба арзиши фондҳои умумӣ дар доираи ҳар як корхона ҳархела сурат мегирад.

Мошинаҳои корӣ, таҷҳизот ва дигар олотҳо, ки мустақиман дар ҷараени истеҳсолот фаъолона иштирок намуда, самаранокии истеҳсолотро афзун мегардонанд фондҳои фаъол номида мешаванд .

Кисми дигари фондҳо, биноҳои истеҳсоли, счетҳо афзалтар дар сифати шароити меҳнат хизмат менамоянд ва муътадил давом кардани раванди истеҳсолотро таъмин менамоянд. Онҳо нисбатан ғайрифаъол ё худ ғайримустақим ба самаранок истифода кардани фондҳои асоси таъсир мерасонанд.Аз ин ру онҳоро фондҳои пассиви (нофаъол) низ меноманд. Онҳо ҳамчун шароити моддии истеҳсолотро таъмин намуда,мустақиман дар тавлиди молу маҳсулот иштирок намекунанд.

Фонҳои гардон,ҳамчун як қисми муҳимтарини захираҳои истеҳсолии корхона мебошанд. Онҳо дар ҳар як давраи истеҳсоли (гирдгардиш) пурра истифода карда мешаванд. Дар ҷараёни истеҳсолот шакли натуралии ашёи худро гум карда,арзишашонро пурра ба маҳсулоти тайёр мегузаронанд.

Фондҳои гардон аз захираҳои истеҳсоли, яъне ашёи хом .материалҳои асосию ёрирасон ,кисҳои эҳтиёти барои таъмири ҷори, сузишвори ва ғайра ташкил меёбанд. Маҳсулоти нотамом (нимфаррикатҳо) предметҳои меҳнат, ки дар ҷараёни бевоситаи истеҳсол қарор доранд, инчунин харачоти давраҳои оянда ва аз худ кардани маҳсулоти нав низ ба таркиби фондҳои гардон дохил карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷм ва таркиби фондҳои гардон дар доираи корхонаҳои алоҳида, аз ҷиҳати гуногун будани таркиб ва хусусиятҳои соҳа, дараҷа ва сатҳи техникаю техналогияи истехсолот,тарз ва услуби коркарди ашёву материал гуногун ба роҳ монда мешавад.

Таҷрибаи ҷаҳони нишон медиҳад, ки бо мурури инкишофи техникаю техналогия, автоматикунонии истеҳсолот, намудҳои наву навтарини ашёву материал, энергия ва ғайра ба вуҷуд оварда мешавад. Онҳо бешубҳа таркиб ва равияи истифодаи ашёҳои асоси ва ёрирасонро тағир медиҳанд.

Фондҳои гардон тақрибан 1.4 ҳиссаи кулли фодҳои асосии истеҳсолии саноатро ташкил медиҳанд. Вазни қиёсии онҳо дар хороҷоти ҷории истеҳ дар ҳароҷоти ҷории истеҳсоли маҳсулот зиёда аз 80 фисадро ташкил медиҳад.

Фондҳои гардони корхона бидуни фонди муомилот имконнопазир мебошад. Фондҳои муомилот аз маблағҳои умумии пули ва молҳои,ки барои фуруш пешниҳод карда мешаванд,иборатанд.

Фондҳои муомилот ҳамчун захираҳои маҳсулоти тайёри фурўхтанашуда ва воситаҳои сармоягузорие,ки барои харидани ашё, масолеҳ, сузишвори,пардохти ҳаққи меҳнат ва ғайра заруранд,бунёд карда мешаванд.

Дар адабиётхои муосири иқтисоди дар зери мафҳуми фондҳои гардон, хароҷоти корхонаро оиди идора ва танзими кулли воситаҳои пулли (нақди, ғайринақди)-и дар хазинаи корхона мавҷудбуда,ё худ дар суратҳисоби дар банк доштаи корхона тасаввур мекунанд.Ба он,арзиши қоғазҳои қимматнок, қарзи кўтоҳмуҳлати кредиторӣ ва дебиторӣ, активу пассиви ҷорӣ, ўҳдадориҳои кутоҳмўҳлат ва ғ. дохил карда мешавад.

6. Нишондиҳандаҳои самаранок истифода бурдани сармояи асосӣ ва гардон.

Мавриди рақобат бо соҳибкорони дигар, ҳамон соҳибкор муваффақ мешавад, ки агар ӯ дар нишондиҳандаҳои амалиёти сармоя бартарӣ дошта бошад. Ин нишондиҳандаҳо бояд хусусияти вақтии сармояро ифода кунад, ки нишондиҳандаи асосии иқтисодӣ ба шумор меравад.

Масъалан: Суръати гардиши сармоя бо миқдори гардишҳои дар муддати 1 сол амалшаванда ҳисоб карда мешаванд.

Мг – миқдори гариш.

Вч – воҳиди ченаки гардиши сармоя (сол).

Вақт – вақти гардиши сармоя (бо моҳ).

Хусусияти гардиши сармоя ҳамчун нишондиҳанда, дар мунсибати байни ҳаҷми фуруш ва ҳаҷми сармояи гузошташуда зоҳир мегардад. Яъне ҳамон сатҳе баҳо дода мешавад, ки то ба он активҳои софи сармояи гузошташуда фурушро ҳосил мекнанд.

Нишондиҳандаи соддаи намуди додашуда, коэфисенти(зарби) гардишнокии сармояи гардон мебошад, ки он аз тақсими бақияи миёнаи сармояи гардондар вақти муайян, ба арзиши маҳсулоти ба арзиши маҳсулоти фурухташуда (даромад аз фуруш) дар ҳамон воҳиди вақт ҳосил мешавад.

Коэфиснти градиши сармояи гардон КГСГ

Масъалан: агар даромад аз фуруш дар як сол 2000 млн сомонӣ, бақияи миёнаи сармояи гардони фирма ба 400 млн сомонӣ баробар бошад, аз ин ҷо коэфисенти (зарби) гардишнокии сармояи гардон:

Ин нишондиҳанда ба ҳар як сомонии гузошташуда ба сармояи гардон, мутобиқ омадани 5 гардишро дар як сол ифода мекунад.

Бо донистани миқдори гадишҳо, мо давомнокии миёнаи як гардишро дар муддати рӯзҳо муайян карда метавонем.

Дмг – давомнокии миёнаи гардиш.

Мр – мудати руз.

Дар мисоли мо:

Яъне як сомонии мо дар 72 руз 1 маротиба гардиш меёбад.

Нишондиҳандаи гардишнокӣ барои баҳо додани вазъияти молиявии муассиса аҳмияти калон дорад. Суръати табдилёбии сармояи гардон ба маблағҳои пулӣ, бевосита ба пардохтпазирии муассиса таъсир мерасонад. Ғайр аз ин, тезонидани суръати гардиш, ҳангоми вуҷуд доштани шароити мувозин, боиси зиёдшавии ҷалбнокии сармояи муассиса мегардад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *