Фанни Микро ва макро иқтисод

Бозори замин ва нархи замин

Муносибатҳои кишоварзӣ гуфта маҷмӯи муайяни муносибатҳои иқтисодиро меноманд, ки дар сохаи аграрӣ ба вуҷуд меоянд.

Дар кишоварзӣ хусусиятҳои хосе вуҷуд доранд, ки аз мавқеъ ва мақоми замин ҳамчун воситаи асосии истеҳсолот бармеояд. Замин ин асоси ҳаёт, манбаи асосии неъматҳои ҷузъӣ мебошад. Гарчанде замин маҳсули меҳнат набошад ҳам, вай ба фаъолияти истеҳсолии одамон ворид гашта, воситаи умумии меҳнат мебошад.

Мақоми замин тағйир ёфта меистад. Масалан, дар кишоварзӣ, замин, омили фаъоли раванди меҳнат, воситаи асосии истеҳсолот, дар саноат замин-ин маконест, ки дар он заводу фабрикахо ҷойгир шудаанд.

Чунин хусусиятҳои заминро ҳамчун асосҳои моддӣ дар инкишофи муносибатҳои кишоварзӣ бояд донист:

  1. Замин омили такрорнашавандаи истеҳсолот буда, ба таври сунъӣ барқарор (истеҳсол) намешавад.
  2. Заминҳои корам ва ҳосилхез маҳдуд мебошанд.
  3. Сатҳи тараққиёти қувваҳои истехсолкунанда заминро объекти маҳдуди истифодабарӣ дар кишоварзӣ мегардонад.
  4. Дар ҳолати дуруст истифода бурдан замин имкониятҳои истеҳсолии худро гум накарда, мумкин аст ҳосилхезии иқтисодии худро баланд бардорад.

Арзаи замин. Хусусияти замин ҳамчун манобеи иктисодӣ ин маҳдуд будани он аст. Агар сармоя ҳамчун манобеъ доимо дар ҳаракат бошад, пас замин беҳаракат аст. Арзаи замин дар бисёр ҳолат устувор аст. Дар бисёр мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ва Амрикои Шимолӣ ин ба назар мерасад. Имконияти васеъ намудани майдонҳои кишт дар сохаи кишоварзӣ хеле кам ба назар мерасад. Дар бисёр мамлакатҳои тараққикарда тамоил паст шудани майдонҳои кишоварзӣ мушоҳида карда мешавад, ки сабаби онро дар тараққиёти шаҳрҳо ва хоҷагиҳои онҳо, сохтмони роҳҳо, иморату иншоотҳо бо осонӣ фаҳмидан мумкин аст.

Омилҳои ба арзаи замин таъсиррасонанда, ин ҳосилхезӣ ва ҷойгиршавӣ мебошанд. Вақто ки оиди маҳдуд будани замин сухан меронем, мо дар назар дорем он заминҳоеро, ки сифати муайян доранд, дар макону ҷои муайяне ҷойгиранд. Табиист, ки миқдори замини хуб дар шаҳрҳои бузург ду баробар маҳдуд мебошад, ки аз ҷиҳати сифат ва миқдор фарқ мекунанд.

Ҳосилхезии замин, масалан, аз сифати хоки он, иқлим, хислати техникаи истифодашуда, малакаи корӣ ва таҷрибаи истеҳсоли ашхосе, ки бо замин сару кор доранд, вобаста мебошад.

Дар бисёр мамлакатҳо шаклҳои анъанавии хоҷагидорӣ истифода бурда мешаванд. Дар соҳаи кишоварзӣ нисбат ба саноат музди кори коркунон паст мебошад, истеҳсолот хислати мавсимӣ дорад. Коркунони соҳаи кишоварзӣ аз сабаби одат карданашон ба замин, доштани моликият ба замин, ва манзил аз замин дил канда наметавонанд. Аз як ҷой ба ҷои дигар, аз як кор ба кори дигар рафтани онҳо кам ба назар мерасад.

Ин хусусиятҳо ва дигар хусусиятҳое, ки мо қайд накардем, боиси он мешаванд, ки арзаи замин мутлақан ғайричандир меистад.

Агар дар хатти абтсисса миқдори замин ва дар хатти ординат нархи заминро ҷойгир намоем, он каҷхаттаи арзаи замин як хаттеро мемонад, ки ба хатти ординат параллел мебошад.

Аз расми 12 бармеояд, ки арзаи замин ҳатто дар шароит баландшавии нархи замин афзун шуда наметавонад. Барои он ки муайян намоем, ки кадом нарх хақиқатан барқарор карда шавад, бояд тақозои заминро таҳлил намоем. Тақозои замин мақоми махсусро ишғол менамояд, зеро танҳо аз он сатҳи нарх ба замин вобастагӣ дораду халос.

Тақозо ба замин. Тақозо ба замин якхела нест. Тақозо ба замин ду унсурро дар бар мегирад. а) тақозои кишоварзӣ б) ва тақозои ғайрикишоварзӣ. Инро ба таври формула чунин ифода карда мумкин аст.

D = DK + Dг/к

Дар инҷо: D- тақозои кулл;

Dк –тақозои кишоварзӣ;

Df/к— тақозои ғайрикишоварзӣ.

Агар дар хатти абстсисса миқдори замин, дар хатти ординат нархи заминро ҷойгир кунем, он гоҳ каҷхаттаи тақозои кишоварзӣ ба замин Dк майли манфӣ пайдо мекунад. Ин бо он алоқаманд аст, ки бо мурури ворид намудани замин ба гардиши хоҷагидорӣ (дар ҳолати бетағйир мондани инкишофи илму техника) мо бояд аз заминҳои хуби ҳосилхез ба заминҳои ҳосилхезиашон миёна ва бад гузарем. (Нигаред ба расми 13).

Ғояи пастравии ҳосилхезии замин ҳанӯз аз асрҳои ХVII дар адабиётҳо кайд карда шуда буд. А. Серр, А.Тюрго, Ҷ Андерсон, Д.Рикардо, ин ақидаро қайд карда, қонуни пастшавии ҳосилхезии заминро кашф карда буданд.

Каҷхаттаи тақозои ғайрикишоварзӣ низ майли манфӣ дорад, чунки бештар бо ҷойгиршавии замин алоқаманд мебошад. Дар ин ҷо маҳдудияти замин низ ба назар мерасад. Дар баъзе ҳолатҳо барои сохтмони манзил, офисҳо бояд на ин ки заминҳои дар гирду атрофи шаҳр буда, балки заминҳои назди шаҳриро низ истифода бурд. Тақозои кулл D ба замин ҳамчун ҳосили ҷамъи каҷхаттаи тақозои кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ муайян карда мешавад.

Рента ва муносибатҳои рентавӣ дар заминдорӣ оиди даромади иловагие, ки аз сатҳи хароҷотҳои гуногун ба истеҳсоли маҳсулот бар меояд, ба вуҷуд меояд.

Рентаи замин— ин даромад аз замин мебошад, ки соҳиби он ба ивази ба истифода додани замин мегирад. Соҳиби замин метавонад, шахси алоҳида, давлат, корхона (фирма, бонк) бошад, ки ҳуқуқи моликиятро ба ягон қитъаи замин дошта бошад.

Истифодабарандаи замин бошад, ин иҷорагир, соҳибкоре мебошад, ки фоида мегирад.

Дар ҳаёти ҳаррӯза на ин, ки танҳо замин, балки хонаҳо, иншоотҳо, ки ин замин дар он ҷойҳо макон дорад, ба иҷора дода мешаванд (боғчаҳо, табобатхонаҳо, анборҳо ва ғ.). Дар ин ҳолат рента ҳамчун қисми иҷорапулӣ зоҳир мегардад, ки аз инҳо иборат аст.

а) рента хамчун пардохти замин;

б) амортизатсияи (истеҳлоки) ҳамаи сохтмонҳои дар қитъаи замин ҷойгиршуда, ки ба иҷора дода шудаанд;

в) фоиз аз сармояи дар маводҳои сохтмонӣ ва иншоотҳо таҷҷасумёфта.

Рента мафҳуми мураккаби иктисодӣ мебошад. Аз рӯи ҷой ва макони ташкилёбӣ дар ин ё он сохахои хоҷагӣ рентаи заминдорӣ вуҷуд дорад, ки ба он дохил мешавад: рентаи махсулотӣ; рентаи кӯҳӣ (махсулоти нефтӣ, газӣ, ангиштӣ, обӣ, экологӣ, наклиётӣ, сохтмонӣ ва ғ.)

Акнун дида мебароем, ки рентаи мӯътадил ва рентаи иктисодӣ чи маъно доранд. Таҳти рентаи муътадил масрафи гайри зуҳурӣ (неявние издержки), яъне масрафи ғайрипулие, ки боистифодаи алтернативии замин алоқаманд мебошад, фаҳмида мешавад. Бо ибораи дигар, он қисми ҳадди аққале мебошад, ки на ба мақсади интихоби масрафи ҳозира, балки мақсади дигари имконпазир аз истифодаи замин ба даст оварда, мешавад, баромад мекунад. Масалан, агар сабзӣ ба ҷои картошка кишт карда мешуд, эҳтимолияти ба даст даровардани даромад аз ин ё он қитъаи замин баланд мебуд, чунки кобилияти ҳосилнокии сабзӣ дар ин қитъаи замин нисбат ба картошка баландтар мебуд ва баръакс.

Дар ин асно хароҷоти зуҳурии (явние издержки) истеҳсоли картошка ба имконияти аз даст додае, ки аз кишти сабзӣ ва гирифтани даромад аз он мумкин аст, баробар мебошад. Ин шакли даромадро рентаи мӯътадил меноманд.

Рентаи иктисодӣ- ҳамон қисми маҳсулоти изофа бо пул ифодагаштае мебошад, ки аз қитъаи замин гирифта шуда, аз доираи рентаи мӯътадил берун меравад. Дигар хел карда гӯем, рентаи иктисодии замин ҳамон қисми махсулоти изофаи аз замин ба вуҷуд омадае мебошад, ки (дар шакли пулӣ) баъд аз тарҳ карда партофтани (берунсозии) рентаи муътадил боқӣ мемонад. Маҷмӯи рентаи муътадил ва рентаи иқтисодӣ рентаи ҳақиқӣ ё худ рентаи бухгалтериро (баҳисобгириро) ташкил медиҳад.

Рентаи иктисодӣ-ҳамчун даромад нисбат ба арзиши алтернативии захираҳои пешниҳодшаванда дониста мешавад. Он хамчун даромадҳое, ки ба масрифоти истеҳсоли алоқаманд мебошад ва нисбат ба арзиши алтернативии хамин гуна махсулот бартарӣ дорад, фахмида мешавад. Ин шакли рента дар ҳолате имконпазир мебошад, ки ҳаҷми арзаи захираҳо ба кайд гирифта шуда бошанд. Захираҳои истеҳсолӣ ҳамеша дар мӯҳлати кӯтоҳ маҳдуд мебошанд. Дар давраи дарозмуддат арзаи захираҳо метавонад таъғир ёбад. Ягона захирае, ки дар ҳолати истифодаи дуру дароз бетағйир (ғайричандир) боқӣ мемонад-замин мебошад. Он даромаде, ки дар ин давра аз ин замин гирифта мешавад, рентаи софӣ (холисӣ)-и иқтисодӣ ном дорад.

Рентаи иқтисодӣ ин пардохт ба захирае, ки арзаи он маҳдуд аст, мебошад. Рентаи замин ин пардохт барои истифодаи замин ва дигар захираҳои табиие мебошад, ки арзаи онҳо қатъиян маҳдуд ҳастанд.

Аввалҳо масъалаҳои рента дар заминдорӣ пайдо шудаанд, мафҳуми рентаи замин ва рентаи иқтисодӣ мувофиқат мекард. Ҳоло бошад, мафҳуми рентаи иқтисодӣ аз рентаи замин васеътар мебошад ва ҳаммаъно нестанд. Рентаи иқтисодиро метавонанд ситораҳои эстрада, актёрҳои машҳур, варзишгарони номӣ гиранд.

Барои ташкилёбии рента шарти асоси ин иҷораи замин мебошад. Иҷораи замин ин чунин истифодабарии замин мебошад, ки дар ин ҳолат соҳиби замин минтақаи замини худро ба мӯҳлати муайян ба дигар шахс барои пешбурдани хоҷагӣ медихад. Дар шартномаи иҷора пардохти рента ҳамчун подоши соҳибмулк муайян карда мешавад.

Иҷора дар замони кунунӣ шакли асосии истифодабарии замин дар мамлакатхои рӯ ба тараққӣ мебошад. Масалан, дар Эрон 60%-и ҳамаи оилаҳои деҳқонон, дар Гватемале ва Аргентина 40% ва дар Панама зиёда аз 75% заминро ба иҷора медиҳанд.

Пардохти иҷора ба замин фоизи сармояро (фондҳои асосиро), ки ба амлоки заминдор гузошта шудааст дар бар мегирад. Ғайр аз ин асосан пардохти иҷораро рента ташкил медиҳад.

Муносибатҳои рентавӣ муносибатҳои байни соҳиби замин ва иҷорагирро оиди тақсими фоида дар бар мегирад. Як қисми ин фоидаро соҳибкор дар намуди фоидаи муътадил ва қисми дигари онро заминдор дар намуди фоидаи барзиёдатӣ ба ивази иҷораи замин мегирад. (Нигаред ба расми 14.)

Акнун, дида мебароем, ки дар кишоварзӣ чӣ гуна фоидаи барзиёдатӣ ташкил меёбад, ва кадом шаклҳои мушахассро мегирад.

Шакли якуми рента — рентаи мутлақро дида мебароем. Рентаи мутлақро соҳибони замин новобаста ба сифат ва ҷойгиршавии замини доштаашон ба бозор мегиранд. Ингуна рентаро К.Маркс дар асари худ «Капитал» дида баромадааст. (Нигаред: К.Маркс Капитал Т. III. Гл. 45 Маркс К., Энгелс Ф. соч. 2.е изд.т. 25. ч.2 стр 306-333).

Барои таҳлили рента чунин заминаҳоро ба назар мегирем, яъне чунин фарзияҳоро мекунем:

  1. Тобеияти пурраи истеҳсолоти аграрӣ ба бозор, яъне ҷой надоштани истеҳсолот барои ба мақсадҳои худ ноил шуданд.
  2. Ҷудошавии замин ҳамчун объекти хоҷагӣ ва мавҷудияти замин ҳамчун объекти моликият. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи заминҳо дар бозори рақобатноки комил ба иҷора дода мешаванд.
  3. Ҳамаи заминҳо барои истеҳсоли маҳсулоти ғизоии асоси истифода бурда мешаванд (гандум дар ИМА, биринҷ дар Хитой, ҷав дар Россия).
  4. Ҳамаи заминҳо сифати якхела доранд, ҳосилнокии онхо якхелаанд.

Чи хеле қайд карда гузашта будем, арзаи замин мутлақо ғайричандир аст. Бинобарин, агар мо дар абтсисса майдони заминро ва дар оси вертикалӣ-рентаро ҷойгир , онгоҳ каҷхаттаи арза S ба оси ординат (Нигаред ба расми 15) параллел мешавад. Каҷхаттаи такозо D0, майли манфӣ пайдо мекунад, ки ин дар асоси камшавии ҳосилхезии замин ба вуҷуд меояд. Бо ҳамрасии каҷхаттаи тақозо D0 бо каҷхаттаи арза S мувозинатро дар бозори замин муайян менамоянд. R0 бошад, сатхи рентаи ҳармоҳаро барои 1 акри замин мефахмонад. Майдони ОQ*E0P0 маҷмӯи рентаро барои истифодаи ҳамаи заминҳои дар ҷомеа буда, ифода менамояд. Таъғирёбии тақозо ба маҳсулоти асосии ғизоӣ (гандум) рентаи ҳармоҳаро барои 1 акри замин аз R0 то R1 баланд мебардорад. Ин ҳолат ба афзоиши рентаи софи иқтисодӣ (мутлақ) оварда мерасонад, ки то майдони 0Q*E2R2 –ро дар бар мегирад. Дар сурати кам шудани тақозо ба гандум рентаи замини ҳармоҳа барои 1 акри замин то R2 кам шуда, рентаи мутлақ то ОQ*E2P2 кӯтоҳ мешавад.

Ин модел бараъло макоми фаъоли такозоро нишон медихад. Дар шароити гайричандир будани арзаи замин нархи замин ва рентаи мутлак пурра аз таъгирёбии тақозо вобаста мебошанд.

Зарурияти пардохти рентаи замин ба соҳиби замин ин маҳдудият ба дастнорасии замин мебошад. Агар ин рента пурра ба заминдор дода шавад, онгоҳ як шакли андозеро мегирад, ки самаранокии хоҷагидориро дар замин паст мегардонад. Барои ҳамин ҳам дар асри ХIХ дар Россия оиди додани замин ба дасти давлатро талкин мекарданд ва оиди иваз намудани моликият ба замин ҳарф мезаданд. Чунин талабот дар «Манифести Партияи комунистии К.Маркс ва Ф.Энгелс ҷой дорад.

Лекин дар ягон мамлакати ба хоҷагии бозори асосёфта, милликунони замин дар асри XIX гузаронида нашуда буд. Ин танҳо дар мамлакатхои собиқи лагери сотсиалистӣ (на дар хамаи ин кишвархо) амалӣ гардид. Таҷриба нишон дод, ки милликунонии замин ба пастравии истифодабарии самаранокии замин оварда мерасонад.

Шакли дуюми рента – ин рентаи дифератсиоаналӣ (тафриқавӣ) мебошад. Дар модели дар боло зикр шуда оид ба рентаи софи иқтисодӣ таъкид кардем, ки дар ин ҷо сифати замин ва ҷойгиршавии он якхелаанд. Дар ҳақикат замин аз рӯи ҳосилхезӣ ва ҷойгиршавии худ фарқ карда меистад. Масъалаи рентаи тафриқавӣ дар асарҳои Д. Рикардо возеҳу равшан нишон дода шудааст.

Ин масъаларо дар мисоли ҳосилхезии табии замин дида мебароем. Фарз кардем, ки замин се хел мешавад: -хуб, миёна ва бад. Дар ҳолати маблағгузории сармоя ва меҳнати баробар дар минтақаҳои аз рӯи андозаашон якхела натиҷаҳои гуногун ба даст дароварда мешавад, ки аз ҳосилхезии гуногуни онхо бармеоянд. Ҳосилнокии баланд ва маҳсулнокии беҳтар дар ин ҳолат оқибати гуногуни ҳосилхезии табии замин мебошад. Соҳиби замин дар ин ҳолат кӯшиш менамояд, ки тамоми даромади иловагиро аз худ намояд. Бинобар ин рента дар заминҳои хуб нисбати заминҳои миёна ва дар заминҳои миёна нисбат ба заминҳои бад зиёдтар аст. Заминҳои бад ба соҳибони худ рентаи софи иқтисодӣ (мутлақ) медиҳанд. Заминҳои хурд ва миёна ғайр аз рентаи софи иктисодӣ боз рентаи дифферентсиалӣ (тафриқанок) хам медиҳанд.

Дар расми 16. механизми гирифтани рентаи дифферентсионалӣ нишон дода шудааст. Соҳибони замини хуб барои ҳар 1 акри замин ҳар моҳ рентаи дифферентсионалӣ (R1) мегиранд (Рентаи I). Соҳибони заминҳои миёна бошанд, рентаи II (R2) мегирад. Рентаи дифферентсиалӣ аз заминҳои бад ба (0) баробар мешавад, (барои осон шудани кор тахмин карда мешавад, ки миқдори заминҳои хурд, миёна ва бад якхелаанд). Ҳамин гуна рентаи дифферентсиалӣ вобаста ба ҷойгиршавии замин ба вуҷуд меояд.

Ҳосилхезии замин ҳамавақт якхела нест. Ин метавонад вобаста ба натиҷаи хоҷагидорӣ беҳтар ё бадтар шавад. Ба ҳосилхезии табии замин метавонад, ки ҳосилхезии сунъии замин илова шавад. Замини ҳозиразамон натиҷаи раванди дурударози гузоштани сармоя ва меҳнат мебошад.

Боздеҳи иловагӣ аз гузоштани маблағ метавонад, ҳосилнокии меҳнатро афзун намояд, ё ки сатҳи онро кам кунанд ва ё дар як сатҳ нигоҳ дорад. Дар сурати афзуншавии самаранокии истеҳсолот аз ҳисоби маблағҳои иловагии сармоя оиди боздеҳи афзуншавандаи иловагӣ сухан гуфтан мумкин аст. Ҳангоми аз сари нав шартнома бастан оиди иҷора рента афзун мешавад. Барои заминҳои хуб то R1 баланд мешавад. Ҳангоме, ки агар маблағҳои иловагии сармоя боиси пастравии самаранокии истеҳсолот гарданд, он гоҳ дар бораи пастравии боздеҳи иловагӣ сухан меравад. Рента аз заминҳои хуб мувофиқан то R1 паст меравад. Ҳангоме, ки мабалғгузориҳои иловагии сармоя сатҳи самаранокии истехсолотро таъғир намедиҳанд, боздеҳи иловагии доимӣ мемонад. Рента аз заминҳои хуб дар сатҳи R1 мемонад.

Нарх ба замин бо роҳи сармоякунонии рента муайян карда мешавад. Фарз кардем, ки ягон қитъаи замин ҳар сол ба миқдори R доллар рента меорад. Арзиши қитъаи замин чи гуна аст. Барои ба ин савол ҷавоб додан бояд, ки арзиши алтернативӣ барои соҳиби замин муайян карда шавад. Нархи замин бояд ба ҷамъи пуле, ки агар ба банк гузошта мешуд, собиқ заминдор бар ивази маблағи гузоштааш аз бонк тариқи фоиз мегирифт. Аз ин рӯ нархи замин арзиши дисконтикунонидашудаи арзиши рентаи замини оянда мебошад.

,

Нархи замин ин маблағгузории сармояи бемӯҳлат мебошад.

Бинобар агар , он гоҳ

Дар ин ҳолат ,

Дар ин ҷо R- рентаи солона;

J — ставкаи (меъёри) бозории фоизи карз.

Масалан, агар рента ба 400 доллар, аммо ставкаи (меъёри) фоизи карз 5%-ро ташкил дихад, он гох нархи замин баробар аст.

Дар ҳақиқат рента ин қисми пуле мебошад, ки иҷорагир ба соҳиби замин ба ивази истифодабариаш медиҳад. Иҷорапулӣ ғайр аз рента инчунин истеҳлок барои биноҳои сохтмонӣ, таҷҳизотҳое, ки дар замин ҷойгир аст ва инчунин фоизи ба сармоя гузошташударо дар бар мегирад. Агар соҳиби замин ягон беҳбудӣ карда бошад, онгоҳ бояд арзиши ин иншоотҳоро гардонад (чунки агар соҳиби замин ин маблағро ба бонк мегузошт, метавонист он гоҳ соҳиби фоизи муайяне мегардид ва оромона зиндагӣ мекард). Сохтмони биноҳо ва иншоотҳо дар замин, хароҷотҳои барои ҳосилхезии замин, тараққии зерсохтор сарф шуда ба афзоиши таркиби иҷорапулӣ оварда мерасонанд. Бинобарин, соҳиби замин дар ҳолати баланду паст намудани иҷорапулӣ ин амалиётҳои худро ба назар мегирад ва ба иҷорапулӣ илова менамояд.

Мӯҳлати шартномаи иҷорапулӣ аз тарафи соҳиби замин барои иҷоракор ҳар чи кӯтоҳтар муайян шавад ба манфиати ӯ мебошад. Барои ҳамин ҳам байни манфиатҳои соҳиби замин ва иҷоракор зиддият дида мешавад. Иҷоракор кӯшиш мекунад, ки заминро ба мӯҳлати зиёд иҷора гирад ва маблағҳои гузоштаашро ҳар чи бештар баргардонад, соҳиби замин бошад манфиатдор ҳаст, ки ба мӯҳлати кӯтоҳ заминро ба иҷора диҳад ва ҳаҷми рентаро дар оянда зиёд намояд. Барои ҳамин ҳам дар Европаи Ғарбӣ чунин анъана мавҷуд аст, ки замин бо сохтмонҳояш ба мӯҳлати 99 сол ба иҷора дода мешавад Дар ин мӯҳлат арзиши ин сохтмон пурра аз эътибор сокит карда шуда, худи бино ба вайрона табдил меёбад.

Шартномаи иҷорапулӣ дар Белгия дар солхои 90-уми асри XX (дар ин мамлакат 68%-и заминхо иҷора дода мешуданд) ба муҳлати на камтар аз 9 сол дода мешуданд, гарчанде дар ин кишвар таҷрибаи ба мӯҳлати дурру дароз додани иҷора низ мавҷуд аст (ба мӯҳлати 27 сол ва то синни 65 солагӣ иҷора дода мешавад). Дар Германия иҷорапулӣ 1-3% нархи заминро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаи пастарин ҳисобида мешавад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *