Фанни Микро ва макро иқтисод

Мазмун, моҳият ва аҳамияти ҳосилнокии меҳнат

Ҳосилнокии меҳнат яке аз мушкилоти умдатарини илмҳои иқтисодӣ мебошад, ки тақрибан аз давраҳои мерканталистон боз диққати олимонро ба худ ҷалб карда меояд. Асосҳои омӯзиши ҳосилнокии меҳнатро олимон А.Смит ва Д.Рикардо поягузорӣ кардаанд. Баъдтар ссҳ К.Маркс ва Ф.Энгельс назарияи ҳосилнокии меҳнатро бештар такомул дода истода онро асоси пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеъа номиданд. Минбаъд низ мушкилоти ҳосилнокии меҳнат аз мадди назари олимон дур намондааст. Балки доир ба ин мавзӯъ он қадар шумораи зиёди мақолаву китобҳо чоп шудаанд ва рисолаҳои номзодиву докторӣ ҳимоя шудаанд, ки ягон мавзӯъи дигар дар ин бобат ба он баробар шуда наметавонад.

Аслан, ҳосилнокии меҳнат яке аз нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти меҳнатии коргарон мебошад, ки онро таносуби маҳсулоти истеҳсолшуда ё хизматгузорӣ ба ҳарочотҳои сарфшудаи меҳнат муайян менамояд. Самаранокии ме

нат бошад, мафхуми нисбатан васеътар мебошад. Мавриди истифодабарии ин истилоҷ ба

айр аз ҷабсаи иқтисодӣ (яъне ҳосилнокии меҳнат) боз ҷабҳаҳои психофизиологӣ ва иҷтимоиро низ дар назар мегиранд. ҳ

Самаранокии психофизиологии меҳнатро таъсири шароитҳои меҳнатӣ ба организми инсон муайян менамояд.Яъне самаранокии психофизиологии меҳнат талаб мекунад, ки ба ғайр аз натиҷаҳои дилхоҳи иқтисодӣ боз ба омилҳое аз қабили шароитҳои санитари-гигиенӣ, бехатарӣ, имконияти инкишофи рӯҳи-физиологии организми инсон, шавқовар будани кор ва амсоли ин низ диққат дода шавад.

Аз тарафи дигар самаранокии иҷтимоии меҳнат низ талаботҳои худро пешниҳод мекунад, ки нишондиҳандаҳои асосии он– инкишофи муттаносиби шахсияти ҳар як коргар, баланбардории сатҳи тахассуси/ ва васеъ кардани доираи касбии ӯ, ташаккулдиҳии фазои мусоиди иҷтимоӣ дар коллективӣ меҳнатӣ ва дар маҷмӯъ бою рангин гардонидани тарзи ҳаёти коргарон — мебошанд.

ҳангоме, ки фаъолияти меҳнати якбора дар ин се ҷабҳаи номбаршуда натиҷаи дилхоҳ ба даст меорад, мо бо дилпурии том метавонем бигуем, ки самаранокии меҳнат дар истеҳсолот таъмин карда шудааст.

Пӯшида нест, ки мавзӯъи баҳси мо дар ин боб самаранокии иқтисодии фаъолияти меҳнатӣ – яъне ҳосилнокии меҳнат мебошад. Аммо, ногуфта намонад, ки самаранокии меҳнатро ҳадаф қарор дода истода, танҳо ба як ҷабҳа аз ҷабҳаҳои номбаршуда бештар диққат додан савдои хом ва кӯшиши нотамом аст. Масалан агар талаботҳои психофизиологии самаранокии меҳнатро аз қабили шароитҳои санитарии-гигиенӣ, бехатарӣ ва ғайра ба инобат нагирем, дере нагузашта коргарон ба ҳар гуна бемориҳову садамаҳо гирифтор шуда истода, қобилиятҳои меҳнатии худро аз даст медиҳанд, ки натиҷааш барҳадар рафтани кӯшишҳо дар ду ҷабҳаи дигар мегардад. ҳамчунин агар мо ба талаботҳои иҷтимоӣ самаранокии меҳнат, аз қабили инкишофи мутаносиби шахсияти инсон, фазои мусоиди иҷтимоӣ дар коллективи меҳнатӣ ва ғайра бетафовут бошем, дере нагузашта мебинем, ки фазои ихтилофу хархаша дар корхона ҳукмфармо шуда истода коргаронро аз меҳнат ва натиҷаҳои ниҳоии он дилхунук гардонидааст.

ҳамин тавр ҳосилнокии меҳнат танҳо як нишондиҳандаи самаранокии фаъолияти меҳнатии одамон мебошад, ки инак мо ба омӯзиши он мепардозем. Оиди мушкилоти самаранокии психологӣ ва самаранокии иҷтимоӣ меҳнат бошад, дар мавридҳои муносиб маълумот хоҳем дод.

ҳосилнокии меҳнат – ин таносуби ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ба хароҷотҳои сарфшудаи меҳнати дар як воҳиди вақти муайян мебошад. Нақши ҳосилнокии меҳнат дар пешрафти иқтисодиёт бениҳоят бузург аст. Каме пештар мо гуфтем, ки ҳосилнокии меҳнатро К.Маркс ва Ф.Энгельс асоси пешрафти иқтисодиву ичтимоии ҷомеъа номидаанд. ҳоло биёед барои беҳтар дарк намудани аҳамияти ҳосилнокии меҳнат таъсири амалии онро ба баъзе ҷабҳаҳои иктисодиёт аз назар мегузаронем:

Инфилятсия (беқурбшавии пул). Паст шудани ҳосилнокии меҳнат маънои баланд рафтани хароҷотҳои меҳнатиро дорад, ки бевосита ба арзиши аслии маҳсулот таъсир расонида истода, нархи онро дар бозор баланд мебардорад. Болоравии нархҳо бошад, чуноне ки медонем, яке аз сабабҳои асосии инфилятсия мегардад.

Сатҳи ҳаёт. Сатҳи ҳаёти аҳолиро ҳаҷми ҳақиқии истеҳсолот муайян менамояд. Афзоиши ҳаҷми ҳақиқии истеҳсолотро метавон ба ду роҳ ба даст овард: бо рохи ҷалби ҳаҷми бештари захираҳо ва истифодабарии пурмаҳсули ин захираҳо. Паст шудани ҳосилнокии меҳнат маънои пурмаҳсул истифода нашудани захираҳои ҷалбшударо дорад. Дар натиҷа ҳаҷми ҳақиқии истеҳсолоти кишвар коҳиш меёбад. ҳамин тавр пастшавии ҳосилнокии меҳнат бевосита ба сатҳи ҳаёти аҳолии таъсир расонида истода, онро ба зинаҳои паст мефарорад.

Бозори ҷаҳонӣ. Дар бозори ҷаҳонӣ аз даст додани мавқеъи худ пасомадҳои ниҳоят ногувор дорад. Аз даст додани мавқеъ маънои ба рақобат тоб наоварда аз доираи мубориза дур шуданро дорад. Як мисоли оддиро дида мебароем: баъд аз пошхурдани Иттиҳоди Шӯравӣ давлатҳои дар Осиёи Миёна ҷойгир буда, дар бозори ҷаҳонӣ тақрибан мавқеъҳои баробар доштанд. Тоҷикистон дар тӯли солҳои 1992-1997 ба гирдоби ихтилофҳои сиёсӣ дучор шуда истода, мавқеъи худро аз даст дод. Имрӯзҳо коршиносон ин қафомонии ҷумҳурии моро нисбат ба баъзе давлатҳои Осиёи Миёна аз 10 то 20 сол ҳадс мезанад.

Бешубҳа пастшавии ҳосилнокии меҳнат низ ҳамин натиҷаро ба бар меоварад. Зеро ҳосилнокии меҳнат яке аз омилҳои мухимтарини тобовари ба рақобати бозор мебошад.

Хулоса нақши муҳими ҳосилнокии меҳнат дар болобардории сатҳи ҳаёти ҳар як аъзои ҷомеъа ва боигарии миллат, аз тарафи ҳамагон эътироф шуда ва ин нуқта бебаҳс мебошад.

Аммо агарчи оиди аҳамияту нақши ҳосилнокии меҳнат ҷои бахсу ихтилоф намонда бошад ҳам, оиди баъзе масоили дигари вобаста ба он аз қабили масоили таъиноти ҳосилнокии меҳнат, нишондиҳиндаҳои он, тарзи чен кардани он, омилҳову захираҳои тағирйбии он ва ғайра баҳсу нуқтаҳое, ки боиси ихтилофи назарҳо шудаанд, боқи мемонад.

Дар адабиётҳои иқтисодӣ, аксар вақт, баъзе аз категорияҳои иқтисодиро ба якдигар нисбат дода истода онҳоро омехта мекунанд. Чунончи, масалан, бисёр мавридҳоеро вохурдан мумкин аст, ки ба ҷои истилоҳи самаранокии меҳнат истилоҳи ҳосилнокии меҳнат корфармуда мешавад, ё баръакс. ҳамчунин ҳолатҳое низ вомехуранд, ки бо ҷои истилоҳи ҳосилнокии меҳнат истилоҳи шиддатнокии (интенсивнокии) меҳнат, ба ҷои истилоҳи шиддатнокӣ, истилоҳи вазнини меҳнатро кор фармуда истода баёни мақсад мекунанд. Дар асл агарчи ин категорияҳо як қатор умумиятҳо дошта бошанд ҳам, амалан ба таври куллӣ аз якдигар фарқ мекунанд.

Каме пештар мо оиди фарқияту умумиятҳои самаранокии меҳнат ва ҳосилнокии меҳнат истода гузаштем. Акнун бошад, мебинем, ки ҳосилнокии меҳнат бо мафҳумҳои шиддатнокии меҳнат ва вазнинии меҳнат чӣ фарқияту умумиятҳо дорад.

Шиддатнокии меҳнат – ин миқдори харҷи энергия мебошад, ки организми инсон дар раванди меҳнатӣ дар як воҳиди вақт сарф мекунад. Яъне шиддатнокии меҳнат ин суръати харҷи энергияи организм мебошад. Онро бо харҷи калория дар воҳиди вақт – дақиқа, соат ё шабонарӯз – ифода мекунанд.

Ба шиддатнокии меҳнат омилҳое аз қабили кӯшиши ҷисмонӣ, шиддати асаб, дараҷаи кор, якоҳангии он ва шароитҳои меҳнатӣ таъсир мерасонанд. Вобаста ба ин чен кардани дараҷаҳои шиддатнокии меҳнат аз мушкилоте мебошад, ки то ҳол пурра ҳалу фасли худро наёфтааст.

Тағирёбии шиддатнокии меҳнат, ҳам характери субъективӣ ва ҳам характери объективӣ дорад. Аз як тараф он метавонад бо хоҳишу иродаи худи инсон тағир ёбад. Яъне инсон соҳибихтиёр аст, вобаста ба холатҳои гуногуни рӯхияи худ дараҷаи шиддатнокии меҳнаташро кам ё зиёд намояд. Ва ҳамчунин аз тарафи дигар ҷорӣ кардани техникаву технологияи нав ва усулҳои нави ташкили меҳнат метавонад ин соҳибихтиёрии коргарро маҳдуд намуда истода, ӯро бо як дараҷаи муайяни шиддатнокии меҳнат побанд созад.

Вазнинии меҳнат. Мафҳумҳои «вазнинии меҳнат» ва «шиддатнокии меҳнат» ба ҳам хеле наздик мебошанд. Аз ин рӯ бисёр маллифон ин мафҳумҳоро омехта кардаистода ба якдигар нисбат додаанд. Ин пеш аз ҳама аз он сабаб мебошад, ки ҳам меҳнати шиддатнок ва ҳам меҳати вазнин боиси мондашавӣ ва харҷи зиёди энергия мегарданд. Аммо дар асл ин ду мафҳум аз якдигар куллан фарқ менамоянд.

Меҳнати вазнин пеш аз ҳама аз фаъолияти низоми мушакҳо вобастагӣ дорад. Мувофиқи таснифоти ҷорӣ ҳамаи намудҳои меҳнатро аз ҷиҳати вазнинӣ ба чор категория тақсим менамоянд:

Категорияи 1 – сабук, вақте, ки хароҷоти энергия аз 150 ккал/с зиёд нест, истеъмоли оксиген то 350 мл/даққ. ва кори дил то 90 зарба/даққ. мебошад.

Категорияи 2 – миёна, вақте, ки хароҷоти энергия ба 250 ккал/с мерасад, истеъмоли оксиген – 600 мл/даққ ва кори дил то 100 зарба/даққ боло меравад.

Категорияи 3 – вазнин, вақте, ки хароҷоти энергия ба 360 ккал/с мерасад, истеъмоли оксиген 1000 мл/даққ-ро ташкил медиҳад ва кори дил ба 130 зарба/даққ боло меравад.

Категорияи 4 – ниҳоят вазнин, вақте, ки хароҷоти энергия аз 360 ккал/с боло рафта кори дил аз 120 зарба/даққ мегузарад.

Вазнинии меҳнат аз шахси меҳнаткунанда вобастагӣ надорад. Онро маҷмуъи шароитҳои меҳнат муайян мекунад. Дар ҳоле, ки шиддатнокии меҳнат аз шахси меҳнаткунанда ё техникаву технологияи истифодашаванда вобастагӣ дорад. Ба ибораи дигар вазнинии меҳнатро характери объективии кор муайян мекунад. Шиддатнокиро бошад характери субъективии кор. Ин нуқтаро бо як мисоли оддӣ равшан мекунем: халтаеро, ки 50 кг вазн дорад, бардошта ба болои миз гузоштан меҳнати вазнин аст. Коргаре, ки онро дар зарфи 1 даққиқа анҷом медиҳад, меҳнати вазнин мекунад, аммо меҳнати ӯро мо шиддатнок гуфта наметавонем. Ба ҳамин минвол коргар дар зарфи 20 даққиқа 20 халтаро бардошта ба болои миз мегузорад ва танҳо меҳнати вазнинро ба анҷом мерасонад.

Минбаъд дар зарфи 20 даққиқаи дигар коргар 30 халтаро ба болои миз мегузорад. Акнун меҳнати ӯ ҳам меҳнати вазнин ва ҳам меҳнати шиддатнок ба ҳисоб меравад. Аммо агар коргар танҳо меҳнати шиддатнок кардaн хоҳад ба ӯ лозим меояд, ки ин халтаҳоро ба ду кисми 25 кг-и тақсим карда истода, бо осони дар зарфи 20 даққиқа 30 халтаро болои миз барорад.

ҳамин тавр меҳнати ӯ хусусияти вазниниашро гум карда истода танҳо меҳнати шиддатнок мегардад.

Чуноне, ки мебинем, фарқи байни меҳнати шиддатнок ва меҳнати вазнин он қадар назаррас нест, инсон ҳам аз меҳнати вазнин ва ҳам аз меҳнати шиддатнок, ҳарчанд он осон бошад ҳам, монда мешавад. Аммо агар меҳнати шиддатнок ва меҳнати вазнинро аз нуқтаи назари таъсири онҳо ба иқтисодиёт ба таври умумӣ аз назар гузаронем фарқияти кулли эҳсос мешавад: шиддатнокии меҳнат метавонад омили баланбардории ҳосилнокии меҳнат гардад, вале вазнинии меҳнат – не. Зиёда аз ин, вазнини ва шиддатнокии меҳнат дар лаҳзаҳои муайян метавонад бо якдигар зид бошанд.

Шиддатнокӣ ва хосилнокии меҳнат. Мавкеъи муҳимро дар назарияи ҳосилнокии меҳнат таносуби мафҳумҳои шиддатнокии меҳнат ва ҳосилнокии меҳнат ишгол мекунанд. Мо бо он акидаем, ки ин категория бо ҳам алоқамандии иқтисодӣ мебошанд. Байни онҳо умумиятҳо зиёданд, вале фарқиятҳо низ мавҷуданд.

Алоқамандии ин ду категория дар он аст, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, меҳнати шиддатнок талаб карда мешавад, зеро маълум аст, ки барои иҷрои ҳар як кор саъю кӯшиш ва сарфи энергияи муайян лозим мебошад. Аз ин рӯ дар раванди истеҳсолот шиддатнокӣ ва хосилнокии меҳнат алоқаи ногусастанӣ доранд. Фаркияти ин ду категория бошад дар он аст, ки натиҷаи ҳосилнокии меҳнат пеш аз ҳама афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва паст гардонидани арзиши аслии он мебошад, аммо шиддатнокии меҳнат танҳо суръати хaрҷи энергияи организми инсонро ифода мекунаду халос. ҳар қадар инсон тезтар ҳаракат намояд ва бештар энергия харҷ намояд, ҳамон қадар меҳнаташ шиддатноктар мегардад. Албатта, ҳолатҳое ҳам руй доданаш мумкин аст, ки ин шиддатнокии меҳнат ба афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва паст шудани арзиши аслии он таъсир расонида натавонад. Масалан, дар сурати нодуруст ба роҳ мондани усули ташкили илмии меҳнат. Дар ҳамин ҷо фарқияти байни ҳосилнокии меҳнат ва шиддатнокии меҳнат баръало ба назар мерасад. Аз тарафи дигар ҳосилнокии меҳнат маҳдуд нест. Он метавонад ҳамеша инкишоф ёфта истода боло равад. Дар ҳоле, ки шиддатнокии меҳнатро як қатор ҳудудҳои физиологиву иҷтимоӣ, ки ба табиати инсон вобастаанд, метавонанд маҳдуд созанд.

Ин буд оиди фарқияту умумиятҳои ин мафҳумҳо ва таъсири байниҳамдигарии онҳо. Акнун оиди таъиноту аҳамияти чен кардани ҳосилнокии меҳнат дар субъектҳои хоҷагидорӣ якчанд нуқтаро дида мебароем.

Ба фикри як қатор муаллифон ҳосилнокии меҳнат категорияи номаҳдуди иктисодӣ мебошад, ки чен кардани он ба кадом самт ҷорӣ кардани меҳнати маҳсулнокро муайян менамояд ва он натиҷаи ниҳоии ҳамаи самтҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагиро дар бар мегирад ( расми 4.1). Чунин ифода кардани таъиноти ҳосилнокии меҳнат аз бисёр ҷиҳат дуруст мебошад, вале бо сабаби он, ки он барои ифодаи шуморавӣ ёфтанаш вуҷуди якчанд нишондиҳандаҳоро талаб мекунад, онро дар фаъолияти амалӣ ҷорӣ кардан душвор мебошад.

Рис4

Муаллифони дигар даъво мекунанд, ки ҳосилнокии меҳнат яке аз нишондиҳандаҳои баҳогузорӣ мебошаду халос. Аксари иқтисодчиёни замони шӯравӣ ва баъзе аз иқтисодчиёни хориҷӣ низ аз ҳамин нуқтаи назар ба ҳосилнокии меҳнат назар мекарданд. Ба ақидаи муаллифони дигар, ки мо низ бо онҳо ҳамовоз ҳастем, таъиноти амалии ҳосилнокии меҳнат ин мусоидат кардан ба болоравии самаранокии идоракунӣ мебошад. Аслан, ин тақозои консепсияи менеҷменти муосир мебошад, ки ояндабинӣ ва банакшагирии фаъолияти минбаъдаи истеҳсолотро дар асоси таҳлилу тадқиқи кулли чабҳаҳои фаъолияи корхона пешбинӣ менамояд. Мувофқи тақозои ин консепсия чен кардан ва ба инобат гирифтани ҳосилнокии меҳнат ба сифати мухимтарин самти таҳлилу тадқиқи фаъолияти корхона баромад мекунад. Аз ин рӯ бо дилпурии том метавон гуфт, ки инкишофи додани назарияи ҳосилнокии меҳнат ва дар фаъолияти хоҷагидорӣ аз он истифода кардан яке аз роҳҳои мусоидат кардан ба самаранокии истеҳсолот мебошад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *