Фанни Микро ва макро иқтисод

Нишондихандахои асосии иктисоди милли

  1. Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) ва усулҳои ҳисобкунии он.
  2. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва дигар нишондиҳандаҳои тараққиёти иқтисоди миллӣ.
  3. Сарвати миллӣ: таркиб ва омилҳои афзоиши он.

2.1. Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) ва усулҳои ҳисобкунии он

Натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро мол ва хизматҳое ташкил медиҳанд, ки дар мӯҳлати муайяни вакт истеҳсол шудаанд ва онҳоро маҳсулоти миллӣ меноманд. Нишондиҳандаҳое, ки ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ва умуман, натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро нишон медиҳанд, бо тавсияи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) истифода карда мешаванд ва онҳоро нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ низ меноманд. Яке аз ҳамин гуна нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) мебошад.

Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) арзиши бозории мол ва хизматҳое мебошад, ки шаҳрвандони кишвар дар дохил ва берун аз кишвар дар муддати як сол истеҳсол намудаанд.

Дар назарияи иқтисод вобаста ба нарх ва шуғл, ки омилҳои асосии афзояндаи МММ ба ҳисоб мераванд, МММ-ро ба шаклҳои гуногун ҷудо мекунанд.

Вобаста ба нарх МММ-и номиналӣ ва ҳақиқиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. МММ-и номиналӣ арзиши . бозории молу хизматҳо бо нархҳои соли ҷорӣ ме

МММ-и ҳақиқӣ арзиши бозории молу хизматҳо бо нархҳои соли базавӣ мебошад.

Муносибати байни МММ-и номиналӣ ва МММ-и ҳақиқӣ зиёдшавии МММ-ро аз ҳисоби нарх нишон медиҳад, ки онро дефлятори МММ меноманд, яъне:

vvvvv

Вобаста ба вазъи шуғл МММ-и имконпазир ва МММ-и воқеиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

МММ-и имконпазир гуфта, ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳоро, ҳангоми ҷой доштани шуғли пурра меноманд.

МММ-и воқеӣ ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳоро ҳангоми ҷой доштани бекории даврӣ меноманд.

Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ бо усулҳои зерин ҳисоб карда мешавад:

аз рӯи хароҷотҳо;

аз рӯи даромадҳо;

мувофиқи арзиши иловашуда.

Мувофиқи усули якум МММ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

MMM=C+Jg+G+Nx

Чӣ тавре ки аз ин формула бармеояд, таркиби МММ аз рӯи хароҷотҳо аз қисмҳои зерин иборат аст: хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (С), маблағгузориҳои умумӣ (Jg), хароҷотҳои давлатӣ (G) ва содироти соф (Nx).

Ба хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (С) хароҷотҳо оид ба харидани маҳсулоти ниёзи аввала (хӯрокворӣ, пӯшока ва ғайра), молҳои истифодаашон дурудароз ва хизматҳо дохил карда мешаванд.

Ба маблағгузориҳои умумӣ (Jg) хароҷотҳое дохил мешаванд, ки барои сохтмон, харидани таҷҳизот, қоғазҳои қиматнок сарф карда шудаанд. Дар мамлакатҳои мутараққӣ маблағгузориҳои умумӣ 16-19 фоизи МММ-ро ташкил медиҳанд.

Ба хароҷотҳои давлатӣ (G) хароҷотҳое дохил мешаванд, ки барои таъмини фаъолияти органҳои гуногуни давлатӣ сарф мешаванд. Масалан: хароҷотҳо барои мудофиа, маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра. Пардохтҳои трансферта (субсидияҳо, ёрдампулиҳо ва ғайра) ба хароҷотҳои давлатӣ дохил карда намешаванд.

Ба содироти соф (Nx) фарқияти байни содирот ва воридот (Nx=Ex-Im) дохил мешавад. Агар ин фарқият мусбӣ бошад, пас, ҳаҷми МММ зиёд ва баръакс, дар сурати манфӣ будани ин фарқият ҳаҷми МММ кам мешавад.

Мувофиқи усули даромадҳо ҳисоби МММ аз рӯи формулаи зерин сурат мегирад:

МММ = даромад аз меҳнат (музди кор) + даромад аз моликият + фоидаи тақсимнашудаи ширкатҳо + рента + фоизи қарз + андозҳои ғайримустақим + истеҳлок (амортизатсия) + дивиденд.

Даромад аз меҳнат шакли асосии даромад ба ҳисоб меравад, ки дар шакли музди кор зоҳир гашта, онро фирмаҳо ва

муассисаҳои давлатӣ ба коргаронашон ҳамчун нархи қувваи корӣ медиҳанд. Инчунин ба музди кор мукофотпулиҳо низ дохил карда мешаванд.

Даромад аз моликият даромади соҳаи (сектори) хусусӣ аз сармоя мебошад.

Фоидаи ширкатҳо ба самтҳои зерин тақсим карда мешавад: ба буҷаи давлатӣ ҳамчун андоз, ба соҳибони саҳмияҳо ҳамчун дивиденд ва фоидаи тақсимнашаванда, ки барои сармоягузорӣ истифода карда мешавад.

Рента фоидае мебошад, ки аз истифодаи амвол, хусусан аз истифодаи замин гирифта мешавад. Масалан, соҳибони замин барои ба иҷора додани заминашон маблағи муайян мегиранд. Ин маблағҳоро соҳиби замин ҳамчун даромад аз истифодаи амволаш соҳиб мешавад

Фоизи қарз даромади соҳибони сармояи пулӣ мебошад, ки онро бар ивази истифодаи сармояашон соҳиб шудаанд.

Андозҳои ғайримустақим андозҳое мебошанд, ки соҳибкорон ба буҷа баъди фурӯши молу хизматҳояшон пардохт мекунанд.

Дивиденд даромади соҳибони саҳмияҳо мебошад, ки аз фоидаи умумии ширкатҳо ҷудо карда мешавад. Дивиденд як қисмати асосии даромади оилаҳо низ ба ҳисоб меравад.

Истеҳлок маблағҳое мебошанд, ки аз даромади умумии фирмаю муассисаҳо барои нав кардани сармояи асосӣ ҷудо карда мешаванд.

Усули ҳисобкунии МММ мувофиқи арзиши иловашударо

усули истеҳсолӣ низ меноманд. Азбаски як намуди молҳо барои намуди дигари молҳо ҳамчун ашёи хом баромад мекунанд, бинобар ҳамин ҳангоми ҳисоби МММ ҳисоби дубора сурат мегирад. Аз ҳамин ҷиҳат барои бартараф намудани ҳисоби дубора МММ-ро бо усули истеҳсолӣ, яъне аз рӯи арзиши иловашуда низ ҳисоб мекунанд. Ин усули ҳисоби МММ тақозо менамояд, ки тамоми молу хизматҳои дар як сол истеҳсолшуда танҳо як маротиба ба ҳисоб гирифта шаванд. Яъне ҳангоми ҳисобгирӣ маҳсулоти ниҳоӣ ба ҳисоб гирифта шуда, маҳсулоти фосилавӣ, ки якчанд маротиба метавонад хариду фурӯш шавад, ба ҳисоб гирифта намешавад (нигаред ба ҷадвали 1).

Маҳсулоти ниҳоӣ ин молу хизматҳое мебошанд, ки барои истеъмоли ниҳоӣ харидорӣ мешаванд. Маҳсулоти фосилавӣ ин молу хизматҳое мебошанд, ки бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ якчанд маротиба мавриди хариду фурӯш қарор мегиранд.

Ҷадвали 1. Усули ҳисобкунии МММ мувофиқи арзиши иловашуда

Дараҷаи истехсолот

Нархи махсулот (бо сомонӣ)

Арзиши иловашуда (бо сомонӣ)

Фирмаи А (фермаи гӯсфандпарварӣ)

60

60=(60-0)

Фирмаи Б (корхонаи коркарди пашм)

100

40=( 100-60)

Фирмаи В (истеҳсоли костюм)

125

25=(125-100)

Фирмаи Г (дӯкони фурӯши чакана)

175

50=(175-125)

Арзиши умумӣ

460

175

Мувофиқи маълумотҳои ҷадвали 1, МММ на ба 460 сомонӣ, балки ба 175 сомонӣ баробар аст. Усули мазкур ҳисоби дубораро бартараф мекунад. Бояд қайд намуд, ки дар ин ҷо мафҳуми арзиши иловашуда фарқи байни арзиши маҳсулоти «истеҳсолшуда» ва хароҷотест, ки фирма .барои хариду ашёи хом (маҳсулоти фосилавӣ) пардохт намудааст.

Масъалаҳои асосии ҳисоб намудани МММ инҳо мебошанд:

1.Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти миллӣ як қисми воситаҳои
истеҳсолот хӯрда мешаванд, бинобар ҳамин МММ ҳаҷми
ҳақиқии натиҷаи иқтидори истеҳсолиро нишон намедиҳад. Аз
ҳамин ҷиҳат ба ҷои МММ нишондиҳандаи дигар — маҷмӯи
маҳсулоти миллии холисро (МММХ) истифода мебаранд.
МММХ — ин маҷмӯи маҳсулоти миллӣ бе дарназардошти маблағи
истеҳлок (амортизатсия) мебошад, яъне:

МММХ = МММ-А

  1. Ҳаҷми МММ беҳтаршавии сифати молу хизматҳоро инъикос намекунад.
  2. Ба МММ зарари экологӣ ва даромади иқтисоди сиёҳ дохил карда намешавад.
  3. Новобаста аз он ки пардохтҳои трансфертӣ аз буҷаи давлат сарф мешаванд, онҳо бинобар сабаби ба ҳаҷми истеҳсолот таъсир накарданашон ба МММ дохил намешаванд.

2.2. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва дигар нишон-

диҳандаҳои тараққиёти иқтисоди миллӣ

Дар назарияи иқтиеод ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар баробари МММ нишондиҳандаҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва даромади миллиро (ДМ) низ ба сифати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ истифода мебаранд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) арзиши тамоми молу

хизматҳое мебошад, ки танҳо дар дохили кишвар истеҳсол карда шудаанд. Сабабҳои асосии фарқияти байни нишондиҳандаи МММ аз ММД инҳо мебошанд:

МММ натиҷаи фаъолияти иқтисодии сармояи миллиро, ки дар беруни кишвар вуҷуд дорад инъикос мекунад, аммо натиҷаи фаъолияти сармояи хориҷии дар дохили кишвар амалкунанда ба МММ дохил карда намешавад.

ММД натиҷаи фаъолияти иқтисодии сармояи миллиро, ки дар беруни кишвар амал мекунад, инъикос накарда, баръакси МММ, натиҷаи фаъолияти сармояи беруниро дар дохили кишвар инъикос мекунад.

Аз ин ҷо бармеояд, ки як қисмати МММ-ро маҳсулоте ташкил мекунад, ки сармояи миллӣ дар хориҷа ба вуҷуд овардааст ва як қисми ММД-ро маҳсулоте ташкил мекунад, ки сармояи хориҷӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардааст. Бинобар ҳамин, агар МММ аз ММД зиёд шавад, пас, ин маънои онро дорад, ки соҳибкорони дохилӣ дар беруни кишвар нисбат ба соҳибкорони хориҷии дар дохили кишвар амалкунанда, бештар молу хизматҳо истеҳсол намудаанд.

Нишондиҳандаи дигари макроиқтисодӣ даромади миллӣ мебошад. Даромади миллӣ (ДМ) маҷмӯи даромадҳои ҳамаи соҳибони омилҳои истеҳсолотро меноманд. Дар назарияи иқтисод барои андоза намудани даромади миллӣ аз консепсияи марксистӣ ва консепсияи неоклассикӣ истифода мекунанд.

Мувофиқи консепсияи марксиста даромади миллӣ гуфта арзиши нав бавуҷудовардашударо меноманд. Аз ҳамин ҷиҳат Маркс барои ҳисоб намудани даромади миллӣ формулаи зеринро пешниҳод кардааст:

ДМ = V+m

Яъне, сармояи гардон (музди кори коргарон) + арзиши илова.

Мувофиқи консепсияи неоклассикӣ даромади миллӣ ин арзиши бозории мол ва хизматҳое мебошад, ки баъд аз хориҷ намудани маблағи истеҳлок ва андозҳои ғайримустақим боқӣ мондааст. Аз ҳамин ҷиҳат барои ҳисоб намудани даромади миллӣ онҳо формулаи зеринро пешниҳод намудаанд:

ДМ = МММХ-АГ

дар ин чо: ДМ — даромади миллӣ, МММХ — маҷмӯи маҳсулоти миллии холис, Ai — андозҳои ғайримустақим.

Асосан ду шакли даромади миллиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: даромади миллии истеҳсолшуда ва даромади миллии истифодашуда.

Даромади миллии истеҳсолшуда ҳаҷми арзиши молу хизматҳои нав бавуҷудовардашуда мебошад.

Даромади миллии истифодашуда даромади миллии истеҳсолшуда бо истиснои (яъне минуси) зарар аз офатҳои табиӣ, зарар ҳангоми нигоҳдории мол ва дигар намуди зарарҳо мебошад.

Ҳар гуна даромади миллӣ ба фонди истеъмол (яъне қисми ДМ, ки барои таъмини талаботи аҳолию давлат сарф мешавад) ва фонди андӯхт (яъне қисми ДМ, ки барои васеъ кардани истеҳсолот сарф мешавад) таксим карда мешавад.

Мақсади асосии истеҳсоли бештари молу хизматҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоли мебошад. Дар бахши макроиқтисодӣ барои нишон додани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз нишондиҳандаҳои даромади шахсӣ ва даромади дарихтиёрбуда истифода мебаранд.

Даромади шахсӣ (ДШ) суммаи ҳамаи даромадҳо аст, ки то супоридани андозҳо дар ихтиёри шахсони алоҳида ё оилаҳо боқӣ мондааст. Ба даромади шахсӣ ҳамаи даромадҳою пардохтҳои трансферта дохил мешаванд ва он барои истеъмол, пасандоз ва пардохти андозҳо сарф карда мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат даромади шахсӣ (ДШ) аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

ДШ = ДМ – ҳиссаҷудокунӣ ба фонди суғурта — андоз аз фоидаи

ширкатҳо — фоидаи тақсимнашудаи ширкатҳо + пардохтҳои трансфертӣ

Даромади дарихтиёрбуда (ДД) даромадест, ки баъд аз супоридани андоз аз даромад дар ихтиёри шахсони алоҳида ва ё оилаҳо боқӣ мондааст, ки барои муайян кардани он формулаи зеринро истифода кардан мумкин аст:

ДД = ДШ — Андоз аз даромад

Даромади дарихтиёрбуда ҳамчун нишондиҳандаи асосӣ ҳангоми таҳлили некӯаҳволии халқ ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ истифода карда мешавад.

2.3. Сарвати миллӣ: таркиб ва омилҳои афзоиши он

Ба ҷуз аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, барои баҳо додан ба иқтисоди миллӣ, мафҳуми сарвати миллиро низ истифода мебаранд. Сарвати миллӣ гуфта, тамоми неъматҳои моддиеро меноманд, ки дар ҷамъият вуҷуд доранд ва тавассути меҳнати одамон дар тамоми давраи инкишофи ҷамъият ба вуҷуд оварда шудаанд.

Барои ҳисоб намудани сарвати миллӣ бо пешниҳоди бахши омории СММ мафҳумҳои «активҳо» ва «пассиҳо»-ро истифода мебаранд.

Активҳо гуфта, чунин объектҳои моликиятеро меноманд, ки субъектҳои хоҷагидорӣ дар асоси ҳуқуқи моликиятдорӣ аз соҳибӣ ва истифода кардани онҳо фоидаи иқтисодӣ мегиранд.

Пассивҳо гуфта, ӯхдадориҳои муайянро оид ба пардохти қарз меноманд.

Активҳо бо ченакҳои арзишӣ низ ифода мешаванд, бинобар ҳамин арзиши тамоми моликиятҳои субъектҳои хоҷагидориро низ муайян кардан мумкин аст. Маҷмӯи бузургии активҳо бо истиснои бузургии пассивҳо сармояи худиро ташкил медиҳад, яъне:

25 хатойай

Дар сатҳи иқтисоди миллӣ сармояи худиро активҳои холис (АХ) меноманд. Активҳои холис бузургии сарвати миллиро инъикос мекунанд. Аз ҳамин ҷиҳат:

Сх =Ах = сарвати миллӣ

Таркиби сарвати миллӣ (активҳои холис) аз унсурҳои зерин иборат аст: (нақшаи 1).

0

Нақшаи 1. Таркиби сарвати

Активҳои моддии такроршаванда гуфта, активҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ба вуҷуд омадаанд. Ба ин шакли активҳо дохил мешаванд:

  1. биноҳои истиқоматӣ;
  2. биноҳои истеҳсолӣ;
  3. таҷҳизот;
  4. захираҳои табиие, ки ба истеҳсолот ҷалб карда шудаанд;
  5. тадқиқотҳои илмӣ;
  6. барномаҳои компютерӣ;
  7. асарҳои бадеӣ ва ғайра.

Активҳои моддии такрорнашаванда активҳое мебошанд, ки ба ҷараёни истеҳсолот вобаста нестанд. Ба ин шакли активҳо дохил мешаванд:

  1. замин;
  2. боигарии қишри замин (канданиҳои фоиданок);
  3. ёдгориҳои таърихӣ;
  4. предметҳои санъатӣ;
  5. маснуоти аз сангҳо ва металҳои қиматбаҳо тайёршуда, ки дар ихтиёри давлат ва хоҷагиҳои хонагӣ вуҷуд дорад;
  6. патентҳо;
  7. ҳуқуқи муаллифӣ ва ғайра.

Активҳои молиявӣ дар ҳамон ҳолат ба активҳо дохил мешаванд, ки агар ҳамчун воситаи андӯхти арзиш баромад намоянд. Ба активҳои молиявӣ дохил мешаванд:

1) тилло;

  1. пулҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ;
  2. қоғазҳои қиматнок, аз ҷумла саҳмия ва вомбаргҳо;
  3. захираҳои суғуртаи техники.

Сарвати миллӣ тавассути якчанд омилҳо афзоиш дода мешавад. Ба ин омилҳо дохил мешаванд:

ҳосилнокии меҳнат;

сарфакории захираҳо;

афзоиши омили меҳнат дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ;

нигоҳдории активҳои ғайримоддӣ (патентҳо, ҳуқуқи муаллифӣ, асарҳои бадеӣ, тадқиқотҳо ва ғайраҳо);

афзоиши активҳои молиявӣ.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *