Фанни Микро ва макро иқтисод

Назарияи фирма ва фаъолияти соҳибкорӣ

  1. Фирма ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ.
  2. Идораи фирма, моҳият ва шаклҳои он.
  3. Қоида (принсип) — хои фаъолияти хочагидории фирма.
  4. Соҳибкорӣ, моҳият, вазифа ва мақсади он.
  5. Бизнес-план ва унсурҳои он.
  6. Менеҷмент, шакл ва хусусиятҳои он.Идораи маркетингии фирма,сохтори ташкили идоракунии маркетингӣ ва намудҳои он.

1. Фирма ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ.

Фирма (корхона) яке аз унсурҳои муҳимтарини хоҷагиҳои бозорӣ мебошад.

Он дар ҳалқаи иқтисоди бозорӣ ҳамчун субъекти тавлидгар, фурушанда,

пешниҳодкунандаи неъматҳо, хадамот, харидор ва истифодабарандаи захираҳои маҳдуди ҷомеа ва дар ин асос ба даст овардани фоида ва қонеъ гардондани эҳтиёҷоту дархости беинтиҳои мардум баромад мекунад.

Таҳти фирма (firma) субъекти иқтисодие фаҳмида мешавад, ки дар асоси услубҳои ҳисоби тиҷорат фаъолият намуда, захираҳои иқтисодиро истифода ва дигаргун сохта, аз онҳо неъмат ва хадамот тавлид менамояд.

Дар адабиёти кунунии иқтисоди фирма ҳамчун:

  1. шакли мушаххаси ташкили истеҳсолот;
  2. субъекти мустақили иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ки мустақиман бо фаъолияти соҳибкорӣ банд мебошад;
  3. фаъолияти худро мустақилона дар асоси масоили умдаи бозор ба роҳ мемонад тасаввур карда мешавад.

Фирма ва бозор бидуни алоқаманди вучуд дошта наметавонанд, ҳамбастагии онҳо аз ду ҷиҳат:

1. Ҳамчун ташкилоте, ки захираҳои ибтидоиро ба маҳсулоти
интиҳоӣ табдил медиҳад;

2. Шакли ҳуқуқии мустақилона ташкилшудаи бизнес мавриди таҳлил
қарор дода мешавад.

Шакли хоҷагидори дар шароити бозор дар асоси қонуну қонунгузориҳо — шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.

Асосан чунин меъёрҳои муайянкунандаи назарияи фирма фарқ карда мешавад:

  1. Назарияи сунати. Тарафдорони ин назария фирмаро аз нигоҳи тарз ва услуби механизми коркард, истифодаи захираҳои иқтисодӣ ва мутобиқгардонии он ба механизми бозори ташбеҳ медиҳанд.

Назарияи иқтисодии сунати, фирмаро аз нигоҳи истеҳсолию низоми техникӣ, яъне конгломерат (шакли омехта) — и мошин ва одамон баҳо медиҳанд.

Мақсади ниҳоии фирма тибқи ин назария барои ба даст овардани фоида мебошад.

  1. Назарияи менеҷералӣ. Тақозо менамояд, ки ҳадафи муҳимтарини фирма-аввало ба ҳадди аксар расонидани ҳаҷми фуруш ва баъд аз гирифтани даромад бошад.
  2. Љонибдорони ҳадди аксари рушд бештар андеша ба он доранд, ки корхонаҳои инкишофёфтаистода ба корхонаҳои бузург авзал доранд. Дар таъмини рушду нумуи онҳо ҳам моликону менеҷерон ва ҳам саҳмиядорон манфиатдоранд.
  3. Назарияи ҳадафи аксар, бештар ба масоили сирати роҳбарияти сатҳи болоии фирма нигаронида шудааст. Тибқи назардошти он муомила чунон бояд сурат гирад, ки тавонад манфиати коргаронро ифода намояд:
  4. Таърифи класикии фирма, сароғоз аз ҷониби А.Смит ва минбаъд К.Маркс тавсиф карда шудааст. Моҳияти фирма бевосита аз мазмуни синфию иҷтимоии капитализм берун оварда шудааст. Тибқи ақидаи онҳо фирма маҳсули тақсими ҷамъиятии меҳнат, табдил ёфтани кооператсияи оддии капеталисти ба мануфактура, яъне фабрикаи капиталистӣ мебошад. Дар ин ҷо фабрика ҳамчун шакли асосии фирма, барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, кам кардани хароҷот ва ба даст овардани фоида мебошад. Дар тасавури классикон фабрикаxое мебошад, ки дар он омилҳои моддӣ ва шахсӣ (қувваи коргарӣ) бо ҳам пайваст карда мешавад.
  5. Иқтисодчии амрикои Ф.Нейт гумон дорад, ки фирма дар натиҷаи xадду ҳудуди бозори ба ҳадди ақал расонидани хавф ва номаълумиҳо ба миён меояд. Чи қадаре,ки номаълумиҳо зиёд бошад, ҳамон қадар афзалияти фирма нисбат ба бозор зиёд мегардад.
  6. Мувофиқи ақидаи Р.Коуз фирма ҳамчун институти иқтисодӣ, аз боиси бори гарон будани мутобиқгардонии равандҳои бозор ба миён меояд. Дар шароити бозор аксари вақт фирмаҳо молу маҳсулоти тавлидкардаи худ, хароҷоти хариду фуруши бозориро, ки дар асл бояд субъектҳои дигару алоҳидаи бо ҳам алоқаманд (харидорон ва фурушандагон) мустақил адо намоянд, ба уҳдаи худ мегирад. Ин шакли масрифотро Коуз хароҷоти масрифоти (трансаксионӣ) номидааст. Он маҷмуи муносибатҳоро оиди: ба ки бояд алоқа ва муносибат дошт?, бо ки оид ба даст овардани захира шартнома баст?, шарту шароити хариду фурушро муоина кард?, гуфтушунидҳои пешаки барқарор намуд?, оиди фаъолияти рақибон, истеъмолгарон маълумот ҷамъовари намуда,ифода мекунад. Аз ин нигоҳ Коуз 4-шакли трансаксиониро нишон додааст:
  7. Масраф оиди кор карда баромадани иттилоот дар хусуси таъмингарон, нарх, характеристикаи молу маҳсулот.
  8. Масраф оиди гуфтушунид ва қабули қарорҳо (бастани қарордодҳо).
  9. Масраф барои назорат оиди иҷрои шарту шароити шартнома.
  10. Масраф барои таъмин кардани шароити ҳуқуқии қарордодҳо ва ғайраҳо.
ВАЗИФАҲОИ ФИРМАҲО:

Новобаста аз сирати мансубият ба ин ё он шакли моликият, ҳаҷму меъёр ва ғайраҳо, ҳар як корхона барои иҷрои вазифаи худ мақсади муайян дорад:

1. Вазифаҳои корхонаҳои амалкунанда

— бо таври истиқлолу муозин ташкил кардан ва нигоҳ доштани корхона

— бо музди кор таъмин кардани коргарону хизматчиён

— таъмин кардани шароити муътадили кор ва имконияти рушди касбию ихтисосӣ

— қонеъ гардонидани истеъмолгарон бо молу маҳсулот ва хизматрасонӣ

— ба вуҷуд овардани ҷои кор барои аҳолӣ

— ҳифзи муҳити зист (замин, обу ҳаво)

— барои қатъ гардидани корхона замина нагузоштан ва пешгири кардан аз муфлисшавӣ

Вазифаҳои корхона аз ҷониби соҳиби корхона вобаста ба мақсад, манфиати шахсӣ муайянгардида, иҷрои он ба зиммаи коллектив гузошта мешавад.

Алоқамандии омилҳои мавҷударо чунин тасвир кардан мумкин аст:

Сармояи корхона

Мухити

беруни

Сохиби

корхона

Вазъи дохилии корхона

Максади корхона

Ягонагии мақсад ва вазифаҳои корхона

2. Вазифаи корхонаи истехсолӣ

— истеҳсол кардани маҳсулот дар шакли воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ, яъне молҳои истехсолӣ ва истеъмоли шахсӣ

— фуруш ва ба истеъмолкунанда расонидани маҳсулот

— хизматрасонии пас аз фуруш

— бо воситаи моддию техники таъмин намудани истеҳсолот

— анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ

— пардохти андоз ва иҷро намудани уҳдадории ҳатмӣ ва ғайраҳо

Ин алоқамандиро чунин ифода намудан мумкин аст:

Натичаи фаъолият

Воситахои истехсолот

Одамон

Махсулот хадамот

Истехсолот

Фоида

Иттилоот

Пул

Муҳити дохилии корхонаи истеҳсолӣ

2. Идораи фирма, моҳият ва шаклҳои он

Аз айёми хурдӣ ба инсон маҳфуми «идоракунӣ» ошно мебошад. Аввал ў мебинад, ки чи тавр бо ягон мошин идора мекунанд, сипас ў мефаҳмад, ки бо таҷҳизотҳо, реаксияҳои химиявӣ ва ядроӣ, сабзишу инкишофи растаниҳо ва ҳайвонот ё бо рафтори дигар одамон низ идора кардан мумкин аст. ҳамин тавр, ў мефаҳмад, ки идоракунӣ гуногуншакл мебошад ва дар намудҳои гуногун мавҷуд буда метавонад.

Идора аз калимаи англисии — control гирифта шуда, вазифаи системаҳои ташкил кардашудаи табиати дилхоҳи техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, биологӣ ва ғайраҳо дошта мебошанд, ки барои амалигардонии гузоришҳои мақсадноки он ва нигоҳдориҳои мақсадноки сохтори ба вай хос равона гардидааст.

Идоракунӣ метавонад буда, идоракунии техникии ҳар гуна ҷараёнҳои табиӣ ва технологӣ – додани энергияи электрикӣ, харакати қатора ва тайёраҳо, коркарди ягон ҷузъиёт дар дастгоҳ.

Боз метавонад буда, идоракунии давлатии ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодии ҷамъият ба воситаи институтҳои гуногун – системаи ҳукукӣ, вазоратҳо, муассисаҳо, органҳои маҳаллии ҳокимият.

Инчунин метавонад буда, идоракунии идеологӣ, ки аз ҷорӣ кунонидан ба фаҳмиши аъзоёни ҷамъият консепсияи тараққиёти он, ки бо ҳар гуна ҳизбҳои сиёсӣ ва гуруҳҳо ташаккул меёбад.

Аз он ҷумла метавонад буда, идоракунии иҷтимоии ҷараёнҳои ғайридавлатӣ ва ғайрисиёсӣ, масалан ҳаракати муҳофизати муҳити беруна ё ҳимояи сулҳу амният.

Ва ниҳоят ин метавонад буда, идоракунии хоҷагидории фаъолияти истеҳсолӣ ва иқтисодии таштилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ки дар чорчубаи муносибатҳои бозоргонӣ фаъолият мекунанд.

Агар ҳамаи гуфтаҳои болоро дарк намоем, пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки идоракунӣ – ин фаъолияти шуурноку мақсадноки инсон мебошад, ки бо ёрии он шахс ба манфиати худ элементҳои муҳити берунаро, яъне ҷамъият, табиати зинда ва ғайризинда ё техникаро ба тартибу низом медарорад.

Элементҳое, ки ин фаъолият ба он равона гардидааст, объекти идоракуниро ташкил медиҳанд. Одатан он дорои сарҳадоти фазоӣ ва ҳастии муайян дар вақт мебошад, дар акси ҳол аниқиро гум мекунад ва худи идоракунӣ бо он ғайриимкон ва беҳуда мегардад.

Равонкунандаи фаъолияти идоракунӣ субъекти идоракунӣ ном дорад, ки метавонад буда, шахси алоҳида ё гурухи одамон. Агар идоракунӣ характери расмӣ дошта бошад, онгоҳ субъект ташкилан ва қонунӣ дар намуди вазифа ё маҷмўӣ вазифаҳо ба қайд гирифта мешавад, ки сохторҳои идоракуниро ташкил медиҳанд.

Аз субъекти идоракунӣ фарқ кардани субъекти фаъолияти идоракуниро зарур мебошад. Охирин метавонад буда, танҳо шахси ҷисмонӣ, яъне одами зинда. Маҳз ба воситаи субъектҳои фаъолияти идоракунӣ, ки мансуби ҳам субъект ва объекти идоракунианд, муносибатҳои идоракунӣ татбиқ мегарданд.

Масалан, ба сифати субъекти идоракунӣ дар ҷамъияти саҳҳомӣ шурои директорон ё штаб – квартира дар назар гирифта мешавад; ба сифати объект – сохторҳои истеҳсолӣ. Дар навбати худ ба сифати субъекти фаъолияти идоракунӣ роҳбарони зинаҳои гуногун ва иҷрокунандагон баромад карда метавонанд.

3.Қоида (принсип)-ҳои фаъолияти хоҷагидории фирма.

Фаъолияти хоҷагидории фирма тибқи принсипҳои иқтисоди бозорӣ сурат мегирад. Он дар доираи муҳит ва фазои муайяни иҷтимоию иқтисоди ба вучуд омада, ҷавҳари онро субъект ва агентҳои иқтисоди инсон, гуруҳҳои иҷтимоӣ, коллектив, ҷомеа, давлат ташкил медихад.

Принсипҳои фаъолияти корхона ҳамчун фишурдаи моҳият ва мазмуни қонунҳои давлат перомуни шакли моликият, корхона, фаъолияти соҳибкорӣ, коллективҳои мехнатӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Ба ибораи дигар дар шароити бозор масъулият ва ҳисси ҷавобгарии иҷтимоии корхона нисбат ба инсон ва ҷомеа баландтар мегардад. Ин бештар:

  1. Тавлиди маҳсулоти аз ҷиҳати экологи тозаи озуқавори, ки яке аз омилҳои муҳимтарини солимгардони ва дарозумрии инсон аст,
  2. Пешкаш намудани ҷои кор ҳамчун сарчашмаи таъмини зиндагии коргар ва оилаи он
  3. Инкишоф намудани қобилияти зеҳнӣ ва профисианалии коргари корхона
  4. Баланд бардоштан ва беҳтар кардани шароити зиндагонии коргар
  5. Иҷро кардани уҳдадории ҳатмии иҷтимоӣ,ҳиссагузорӣ ба буҷаи маҳаллию давлатӣ
  6. Пардохти суғуртаи иҷтимоӣ, тиббӣ ва ғайра зуҳур меёбад.

Бозор ҷавобгарии корхонаро оиди иҷрои уҳдадори, вазифа ва мақсади корхона, фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, идора ва фаъолияти робитаи дохилию берунмарзӣ хеле ҳам баланд мебардорад.

Яке аз авзалиятҳои худтанзимкунии фаъолияти корхона дар шароити бозор дар он зуҳур мегардад, ки онҳо бештар зери таъсиру на идораи маъмурӣ, балки идораи иқтисодӣ сурат мегирад

Чи корхонаи хурд ва корхонаҳои калон ҳангоми ба даст овардани озодию истиқлолият, ташкилу инкишоф додан ё худ касоду муфлисшавӣ дучори масрифоти муайяни молиявию қарзи мегарданд. Подош кардани масрифот аз ҳисоби ду сарчашма даромади корхона ва қарзи беруна сурат мегирад. Аз ин лиҳоз,ҳар як корхона худро бо маблағҳои пули таъмин намояд. Яъне корхона фаъолияти худро дар асоси принсипи худкифои ё худбасои яъне худмаблағгузорию худтаъминкуни ба роҳ монад.

Принсипи худмаблағгузорию худтаъминкуни инҳоянд:

    • Мустақилият ва худидоракунӣ
    • Ҳавасмандгардонӣ
    • Озодии иқтисодӣ
    • Худтанзимкунӣ

4. Соҳибкорӣ, моҳият, вазифа ва мақсади он.

Дар илми маркетинг, менеҷмент ва дигар илмҳои иқтисодӣ мафҳуми соҳибкор, соҳибкорӣ, бизнес, бизнесмен ва ғайра ҳамчун ҷавҳари илми умумииқтисод (назарияи иқтисодӣ) ба таври васеъ истифода карда мешавад.

Таҳти мафҳуми соҳибкор — шахс (субъекти иқтисодӣ) ё худ иштирокчи(унсур)-и омили истеҳсолот ифодакунандаи қобилият ва фаъолияти меҳнатӣ, фишанги таҳрикдиҳандаи муносибатҳои иқтисодӣ ва таъминкунандаи сатҳи рушд ва таҳаввули ҷомеа тасаввур карда мешавад.

Соҳибкор шахсест, ки бо боварии том даст ба истеҳсолот мезанад, ба ихтироъкорию навоварӣ, тавлиду ҷорӣ намудани намудҳову навъхои навтарини неъматҳову хадамот, баланд бардоштани сифати онҳо ва гирифтани даромад бештар ҳавасманд мебошад.

Барои он мусолиҳакорӣ бегона аст, ба маслиҳат ва нишондоди шахсони дигар мўҳтоҷ нест, ва ин масъалаҳои пайдошударо мустақил ҳал, фаъолияти хоҷагидориро нисбатан хуб дарк, вазъи кунунии онро таҳлил ва ояндаи онро пешбинӣ мекунад. Баъзан аз мушкилиҳо натарсида, корро аз аввал сар мекунад. Вазъи бозорро хуб дарк карда, тибқи талабу дархост ва қонунҳои он амал менамояд.

Соҳибкор шахсест ҷўяндаи роҳҳои оқилона ва пурсамари ташкили меҳнат ва истеҳсолот, ихтирооту навоварӣ, ҷорӣ кардани намудҳои навтарини техника ва технология, тарафдори таҷҳизи техникӣ, азнавтаҷҳизонӣ ва корҳои таваккалӣ, кашфиётҳои илму техника.

Соҳибкор дар маънои том ҳамчун хўҷаини воқеӣ (ҳақиқӣ) тасаввур карда мешавад ва дар ин мазмун вай бояд соҳиби комилҳуқуқи захираҳои иқтисодӣ (сармоя) буда, барои фаъолияти истеҳсолӣ, хоҷагӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, бурунмарзӣ пурра ҷавобгар бошад. Бо ибораи дигар, соҳибкор соҳиби корхонаи мустақил буда, дар асоси муносибатҳои ҳисоби тиҷорат кор мекунад, яъне соҳиби дастаи ҳуқуқи моликият буда, ҳуқуқи соҳибӣ, истифода, ихтиёрдорӣ, азонихудкунӣ, идора ва ғайра дошта бошад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ, соҳибкор бояд фаъолияти хоҷагидории худро дар асоси қонунҳои тақозо, арза, рақобат, нарх, манфиатнокӣ ва ғайра ба роҳ монад. Ба ин мақсад тамоми имкониятҳои истеҳсолию техникиро истифода карда тавонад, бо таври озод ашё, материал ва дигар маводҳои заруриро ба даст орад, захираҳои онро таъмин намояд, қарз гирифта, нерўю иқтидори иқтисодию техникии фирмаро баланд бардорад, тибқи соҳаи худ маълумотҳо дошта бошад, қонун ва дастурамалҳои аз ҷониби давлат ва субъектҳои ҳуқуқӣ пешниҳод ва тавсияшударо дастгирӣ намуда, тибқи он фаъолият барад.

Бемуболиға қайд кардан зарур меояд, ки он чӣ дар доираи ҳавзаи маркетинг, менеҷмент, истеҳсолот, бозор, молия ва муносибатҳои бурунмарзӣ ба миён меояд, ба туфайли соҳибкору соҳибкорӣ рух медиҳад.

Донишманди соҳаи бизнес Генри Минтцберг чунин сифатҳои сарварон (соҳибкорон)-ро тавсиф намудааст:

1. Санъати баробарӣ доштан, яъне қобилияти ташкил кардани низоми муносибатҳои якхела бо дигарон доштан;

2. Қобилияти роҳбарӣ нисбат ба зердастон доштан, аз ўҳдаи ҳалли масъалаҳои мушкили ҳаёт, ки баробари соҳиб шудани вазифа ва ҳокимият ба миён меоянд, баромадан;

3. Аз ўҳдаи ҳалли ихтилофот(конфликт)-ҳо баромада тавонистан, қобилияти миёнравӣ ва низоҳоро ҳаллу фасл кардан доштан;

4. Санъати ҳисобу китоб ва коркарди иттилоот доштан;

5. Санъати ҳалли ғайристандартии идоракунӣ доштан;

6. Дар шароити маҳдуд будани захираҳо интихоб карда тавонистани вариантҳои муносиб ва тақсими онҳо;

7. Истеъдоди соҳибкорӣ — қобилият ба таваккалӣ, ихтирооту навигарӣ доштан;

8. Санъати худтаҳлилкунӣ доштан — қобилияти мавқеи роҳбарро фаҳмидан, нақш ва нуфузи онро дар ташкили кор муайян кардан ва ғайра[1]2.

Аз ин нигоҳ хулоса бармеояд, ки масъулияту ҷавобгарии соҳибкор дар ҷараёни тавлид ва муомилоти неъматҳои иқтисодӣ ва адои хизмат бениҳоят барҷаста мебошад. Бо таври кулл вазифаҳои соҳибкорро чунин тафриқа кардан мумкин аст:

1. Таъмин намудани шароити муфид оид ба ҳам пайваст кардани омилҳои истеҳсолот, тавлиди неъматҳову адои хизмат, дараҷаи баланди даромад ва некўаҳволии корхона;

2. Дар мояи ташаббуси шахсӣ ривоҷу равнақ додани истеҳсолот, муайян намудани самту равиши инкишофи он, таъмин намудани раванди фаъолияти бизнес;

3. Љорикунандаи техника ва технологияи нав, ихтироъкору ташкилкунандаи раванди истеҳсолу меҳнат ва шаклҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ;

  1. Дар асоси таваккалии воситаҳои пулию молӣ, вақт, технология ва маблағгузорӣ таъмин кардани самара ва даромаднокии фирма ва ғайра.

Соҳибкорӣ дар асл кор, фаъолият, шуғл, шавқ ё худ амалиётеро ифода мекунад, ки он ягон хел даромад ва фоидаро таъмин карда тавонад.

Аз сабаби ҳукмронии шакли хоҷагидории натуралӣ доираи фаъолияти соҳибкорӣ хеле ҳам маҳдуд боқӣ мемонд. То ҳатто асосгузорони илми “Иқтисоди сиёсӣ” ба маънои аслии он сарфаҳм нарафтаанд. Азбаски иқтисод ва бозор бо воситаи “дастҳои ноаён” ташкил ва инкишоф меёбад, бинобар ин соҳибкор аз нигоҳи А.Смит ба сифати моликиятдор ё худ шахси маблағгузор (Д.Рикардо) баромад мекунад. Ба ғайр аз ин, онҳо дигар вазифаҳои соҳибкориро эътироф накарда буданд.

К. Маркс дар сирати соҳибкор капиталистонро тасаввур мекард, ки он капитали худро ба корхона гузошта, меҳнати коргари кирояро истифода карда, дар натиҷаи истисмор фоида ба даст меорад. Аз ин ҷо, тибқи гуфтаи ў, капиталист — соҳибкор шахси муфтхўр буда, сарвати ҷомеаро аз худ мекунад, қашшоқию бенавоиро афзун мегардонад ва аз ин ҷиҳат он дар қатори сохти капиталистӣ бояд аз байн рабурда шавад.

Соҳибкорӣ дар маънои аслӣ дар арафаи асри XIX ва XX-ум аз ҷониби иқтисоддонони мамлакатҳои Ѓарб эътироф гардид. А. Маршалл ба сифати омилҳои мавҷудаи истеҳсолот (омилҳои моддӣ ва шахсӣ — К.Маркс) омили дигар ”ташкили”-ро зам намуд, ки минбаъд бо ташаббуси И.Шумпетер дар китоби “Назарияи инкишофи иқтисод”,соли 1912 он номи соҳибкорро гирифт.

Соҳибкорӣ ва сирату тасвиби он аз ҷониби В.Зомбарт ҳамчун фатҳкунанда (ташаббускор, ҳамеша барои амалиётҳои таваккалӣ тайёр, дорои озодии маънавӣ, аз ғоя бой, ба ақидаҳои худ устувор) ташкилотчӣ (барои иҷрои кор қобилияти ҳамаро дар як ҷой ҷамъ карда тавонистан) ва савдогар (барои харидани молҳои худ дигаронро ҷалб карда тавонистан, ба боварии харидорон даромадан) ба қалам дода мешавад.

В. Зомбарт мақсади асосии соҳибкориро аз ду ҷиҳат:

а) воситаи ривоҷу равнақ ва таъмин кардани раванди доимии рушди корхона;

б) ба даст овардани фоида мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Дар ташаккул ва таҳаввули илми соҳибкорӣ нақши И.Шумпетер бениҳоят бузург дониста мешавад. Таҳти мафҳуми соҳибкор ташкилотчие, ки дар асоси роҳҳои нави фатҳнагардида ва комбинатсияҳои гуногун раванди истеҳсолотро ба роҳ мемонад — мефаҳмад.

Ба сифати вазифаҳои соҳибкор И. Шумпетер чунин омилҳоро номбар мекунад:

1) Ба вуҷуд овардани навтарин неъматҳои моддие, ки амсолашон ба истеъмолкунанда маълум набошад ё худ неъматҳое, ки сифатан нав бошанд;

2) Љорӣ намудани тарзи нави истеҳсолоте, ки дар ягон соҳаи саноат то ҳанўз вуҷуд надошта ва истифода нашуда бошад;

3) Фатҳ кардани бозори нави фурўш ё худ бо таври васеъ истифода кардани бозори пештара;

4) Истифода кардани намудҳои нави ашё ё худ материалу нимфабрикатҳо;

5) Љорӣ кардани шакли навтарини ташкили кор, яъне таъмин намудани вазъи монополӣ ё худ бартараф кардани он[2]1.

Ба ақидаи зиёди иқтисоддонон, назарияи хайрхоҳона ва ҳамаҷонибаи хоҷагидории И. Шумпетер ҳамчун чорчўбаи асосии илми соҳибкорӣ то кунун аҳамияти худро гум накардааст.

Минбаъд назарияи соҳибкорӣ аз ҷониби Г.Брифс амиқ гардонда шуд. Он ба сифати вазифаи соҳибкорӣ фаъолияти назорат бурданро ба раванди пасту баландшавии нарху хароҷот ва таносуби онҳо илова намуд. Ин назария аз ҷониби Р.Коуз ва дигарон дастгирӣ ёфта, минбаъд такмил дода шудааст.

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ соҳибкорӣ аз се нуктаи назар — мафҳуми иқтисодӣ, методӣ, хоҷагидорӣ ва навъи тафаккури иқтисодӣ тавсиф карда мешавад:

1. Соҳибкорӣ ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ. Фаъолияти соҳибкорӣ ҳамеша дар доираи муносибатҳои муайян, муносибатҳои байни субъект ва объектхои иқтисодӣ сурат мегирад. Ба субъекти соҳибкорӣ кулли иштирокчиёни ин фаъолият — шахсони алоҳида (ташкилотчиёни воҳидҳои алоҳидаи шахсӣ, оила, коллектив), гурўҳи одамон, ки дар асоси муносибатҳои шартномавӣ ва манфиати умум ташкил карда мешаванд (ширкатҳои саҳҳомӣ, кооператив, коллективҳои иҷоравӣ…), ташкилотҳои алоҳидаи давлатӣ ва ғайра дохил мешаванд. Бо ибораи дигар, ба сифати субъекти соҳибкорӣ шахсиятҳои ҳуқуқӣ, молик, коргари кироя ва институтҳои давлатӣ баромад мекунанд.

а) Молик (соҳибмулк, соҳибкор) шахсест, ки ташаббуси ба ҳам пайваст кардани омилхои истеҳсолот, тавлиди неъматҳову хадамот, таъмини фоидаро ба зиммаи худ мегирад.

б) Мутахассиси кироя, ки ҳамчун мутахассиси соҳаи менеҷмент, баъзан ба ҷои соҳибкор вазифаи идораи корхонаро ба дўши худ мегирад. Он ба манфиати ба даст овардани даромад (бо воситаи иҷро кардани вазифа ва сабақҳое, ки ба дўши он гузошта мешаванд), таъмин кардани ҳуқуқи якхелаи ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва амалӣ гардондани ҳадафи асосии фирма ўҳдадории идораи фирмаро ба зиммаи худ мегирад. Мутахассиси кироя дар натиҷаи андўхтани молу сарват, донишу маҳорат оҳиста-оҳиста имконияти дар оянда харида гирифтани корхона ва ба соҳибкори аслӣ табдил гаштанро дорад.

в) Институтҳои давлатӣ ҳамчун шарикони баробарҳуқуқ метавонанд ба фаъолияти муносибатхои корчаллонӣ, мустақиман бо воситаи нархгузорӣ, додани имтиёз, таклифҳои муфид, фармоишҳои ҳукумат, навсозӣ ва азнавтаҷҳизонӣ ба раванди соҳибкорӣ шарик шаванд ё худ мустақил раванди соҳибкориро ба анҷом расонанд.

Барои муайян кардани нақш ва мақоми соҳибкорӣ ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ дарк ва муайян кардани объекти соҳибкорӣ низ аз аҳамият холӣ нест.

Таҳти объекти соҳибкорӣ комбинатсияҳои нисбатан самараноктарини истифодаи омилҳои истеҳсолот ва ба ҳадди аксар расондани даромад тасаввур карда мешавад. Маҳз тарзу услуби ба ҳам омезиш додани захираҳои иқтисодӣ соҳибкорро аз хоҷагидории оддӣ тафриқа месозад.

Чи тавре дар боло махсус қайд карда гузаштем, соҳибкорон барои тавлиди ягон намуди маҳсулоти нав, ки то ҳанўз ба истеъмолгар маълум нест, аз комбинатсияи захираҳо васеъ истифода мекунанд; ба ин мақсад аз тарзу услуби нави истеҳсолот, техникаю технологияи нав, шаклҳои пурсамари тиҷорат ва фурўши мол бенасиб намемонанд; аз имконияти бозори нав, бозори фурўши маҳсулот, манобеъи ашё ва азнавтаҷҳизонӣ баҳраманд мешаванд. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки объект ва субъекти соҳибкорӣ ҳамчун унсури асосии низоми бозорӣ дар ягонагӣ ва ба ҳам алоқамандӣ раванди соҳибкориро таъмин менамоянд. Аз ин нуктаи назар, соҳибкорӣ ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ ташаккул ва густариш меёбад.

2. Дар амалия соҳибкориро ҳамчун методи дар амал тадбиқ намудани хоҷагидорӣ бештар пазироӣ мекунанд. Он одатан, тибқи сирати шакл ва унсурҳои ҳуқуқии моликият ва фирма муайян карда мешавад. Шарти муҳимтарини он — мустақилият ва истиқлолияти иқтисодии субъектҳои хоҷагидор, маҷмўи ҳаққу ҳуқуқ оиди интихоби фаъолияти соҳибкорӣ, сарчашмаи сармоягузорӣ, ташаккули барномаи истеҳсолӣ, имконият доштан ба сарчашмаҳои истифодаи захираҳо, фурўши маҳсулот, муқаррар кардани нарх, озодона тақсим кардани фоида ба шумор меравад.

Мустақилияти соҳибкорӣ маънои онро дорад, ки дар болои он ташкилоти болоии ҳукмроне, ки масъалаи умдаи иқтисодро ҳал ва муайян кунад вуҷуд надорад. Вай ҳамеша зери таъсири механизми бозор — тақозо, арза, нарх, рақобат боқӣ мемонад.

Унсури дигари соҳибкорӣ — ҷавобгари қабули қарорҳо мебошад, ки аксар вақт тибқи принсипи таваккалӣ анҷом меёбад. Таваккалӣ ҳамеша бо номуайянӣ ва номаълумӣ сару кор дорад.

3. Соҳибкорӣ ҳамчун навъи махсуси тафаккури иқтисодӣ тибқи маҷмўи ақидаҳои олиҷанобу рафторҳои нек, қабул ва ҳалли масъалаҳои хоҷагидорӣ ва истифодаи онҳо дар амалия муайян карда мешавад. Мавқеи асосиро дар ин ҷо шахсияти соҳибкор ташкил медиҳад. Соҳибкорӣ ин шуғл ва вазифа нест, он ҳамчун натиҷаи инкишофи ақл ва ахлоқу одоб густариш меёбад. Ҳамаи хислат, қобилият, маҳорат ва дигар усулу услуби фаъолияти соҳибкор, ки дар ин мавзўъ мавриди муҳокима қарор дода шудааст, натиҷаи тафаккури иқтисодии соҳибкор мебошад.

Шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ.

Фаъолияти ташкили ҳуқуқии шаклҳои соҳибкорӣ дар доираи ҳавзаҳои муайяни иқтисодӣ сурат мегиранд. Дар адабиёти муосири иқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба хусусиятҳои ташаккули давраҳои такрористеҳсоли ҷамъиятӣ (истеҳсол, тақсим, мубодила, истеъмол) чунин тақсимбандӣ карда мешавад: соҳибкории истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, суғуртавӣ ва миёнаравӣ (мутавасит).

Соҳибкории истеҳсолӣ. Истеҳсолот, яке аз ҳавзаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа мебошад. Ба доираи он фаъолияти хоҷагидории хонадорӣ, бизнес ва давлат ҷалб карда мешаванд. Фаъолияти ташкили истеҳсолот ҳамеша маҳорат, истеъдод ва ташаббусро оид ба истифодаи омилҳои истеҳсолот: захираҳои табиат (ашё, материал, сарват), сармоя (сармояи асосӣ — предмет ва воситахои меҳнат), қувваи коргарӣ ва ғайра табдил мекунад. Ин омилҳо ҳамчун омилҳои дохилии умумихоҷагӣ ва омилҳои аз берун ҷалб кардашаванда ташкил карда мешаванд. Маҳз дар асоси ба ҳам пайваст карда шудани омилҳои истеҳсолот тавлиди неъматҳои иқтисодӣ ва хадамот имконпазир мегарданд.

Раванди ташкили истеҳсолот, тавлиди неъматҳову хадамот, фурўшу ба даст овардани даромад, тақсими он, барпо кардани низоми мунтазаму мутаносиб бо ташкилотҳои молиявӣ аз ҷумлаи муаммоҳое мебошанд, ки ҳар як соҳибкор онҳоро дар ҳар як маврид бояд ҳал намояд.

Ин раванд хеле ҳам мушкилу мураккаб буда, барои дуруст ва оқилона ба роҳ мондани он маблағҳои зиёди моддӣ, меҳнатӣ ва пулӣ талаб карда мешавад. Ѓайр аз ин раванди пурра барқарор кардани хароҷот, ба даст овардани фоида, таъмин кардани ҷараёни навсозию таҷдиди технологӣ ва ғайра вақту соату зиёдеро тақозо менамояд. Аз ин нуқтаи назар, ташкил кардани фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот яке аз соҳаҳои мураккаб ва меҳнатталаб мебошад. Вале аз сабаби он, ки истеҳсолот соҳаи аз ҳама заруртарини ҳаёти ҷомеа ва яке аз намудҳои аз ҳама мураккабтарини бизнес ва сердаромади ҳавзаи иқтисод мебошад, гурўҳи одамони ташаббускор, новобаста ба дараҷаи баланди хатару таваккалии он ба ин соҳа миён сахт баста, фаъолият пеша мекунанд.

Фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар чунин мавридҳо имконпазиранд:

— муайян кардани нақш ва мақоми ҳалли масоили умдаи иқтисод: бо кӣ алоқа кард?, аз кӣ чӣ гирифт?, бо кадом миқдор ва бо кадом нарх онро харид?, чӣ истеҳсол кард?, барои кӣ истеҳсол намуд?, чӣ қадар истеҳсол намуд?, ба куҷо бурд ва бо кадом нарх фурўхт?, чӣ қадар фоида гирифт ва онро чӣ тавр тақсим намуд?…;

— интихоб намудани теъдоди интихоби захираҳои иқтисодӣ ва омилҳои истеҳсолот;

— интихоб ва ҷобаҷогузории воситаҳои истеҳсолоти замонавӣ, махсусан технологияи электронӣ, компютерҳо, ашё, материал, энергия ва дигар мавридҳо ҳаммасрафи замонавӣ;

— интихоби оқилонаи воситаҳои асосӣ (биноҳои корӣ, мошину таҷҳизот, асбобҳои электронӣ) ва муайян кардани сарчашмаҳои ташаккул ва барқарор кардани онҳо (истифодаи онҳо дар шакли тайёр ҳамчун молики соҳибкор, истифода ба ҳайси иҷора, ё худ онҳоро аз нав бояд харид);

— муайян кардани манбаъҳои сармоягузорӣ (сармояи худӣ, аз ҳисоби қарзи бонкӣ, “спонсорҳо”, ёрдам ё худ имтиёзҳо, қарзи хориҷӣ…);

— интихоби роҳи оқилонаи паст кардани хароҷот, подош кардани онҳо, муқаррар намудани нархҳо, таъмин кардани дараҷаи мусоидтарини рақобатпазирии молу маҳсулот, тақсими фоидаю даромад…;

— интихоби тарзу услубҳои беҳтарини истифодаи иттилоот, воситаҳои боркашонию нигаҳдории маҳсулот, таъмири таҷҳизот…;

— таъмин кардани қобилияти харидории омма, пешкаш намудани маҳсулоти дорои сифати баланд, ба даст овардани фоидаи баланд ва ташкил кардани ҷараёни нави тавлиди маҳсулот ва ғайра.

Ҳалли ин гурўҳ масъалаҳо на танҳо истеъдод ва ташаббус, балки баланд бардоштани малакаю маҳорат ва дониши худи соҳибкорро бо воситаи курсҳои баланд бардоштани ихтисос ва дигар донишкадаву донишгоҳҳо тақозо менамояд.

Соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷорат нисбат ба соҳаҳои дигар, дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Он афзалиятан дар соҳаи савдо ҳамчун фаъолияти субъектҳои бозор — савдогарон, тиҷоратчиён, миёнаравон оид ба фурўши молу маҳсулот, харидану ба ашхосони дигар пешниҳод кардани неъматҳову хадамот сурат мегирад.

Соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷорат, таърихан ҳамчун воситаи ба ҳаракатдароварандаю инкишофдиҳандаи соҳаи истеҳсолот ба миён омадааст.

Фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷорат фаъолияти басо мушкилу меҳнатталаб мебошад. Он ҳамчун маҷмўи муносибат оид ба давом ва анҷом додани раванди истеҳсолот сурат мегирад. Соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷорат на ҳамчун фаъолияти оддии хариду фурўш, балки ташкили амиқу оқилонаи ин раванд дар асоси услуби ташаббус, таваккал ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Соҳибкор (бизнесмен) дар ин ҷода масоили зиёдеро оиди:

— интихоби ҳариф (тавлидгарони молу маҳсулот), шумораи онҳо, нарху наво, хароҷот, фоида ва ғайра;

— интихоби мавзеъ ва ноҳия оиди бунёд кардани биноҳои савдо, ба даст овардани таҷҳизоту воситаҳои ҳисобкунанда;

— интихоби коргарон, ҳисобу китоби музд ва ҷобаҷогузории онҳо;

— таъмини таблиғ, омўзиши харидорону тавлидгарон, пешниҳод кардани методҳои навтарини хизматрасонӣ, сервиз, ҷустуҷўи роҳҳои оқилонаи хариду фурўши молҳои алоҳида, эҳтиёт кардани онҳо, то ба нуқтаҳои фурўш бурда расондани онҳо, хизматрасонии дараҷаи аъло, амалиётҳои ”бартерӣ” ва мубодилаи молӣ ба роҳ монад.

Ҳадаф аз ташкили соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷорат — харидани молу маҳсулот, анҷом додани хадамот, таъмин кардани фоидаи баланд, ҳамчун фарқи нархи харид ва нархи фурўш мебошад.

Соҳибкории молиявӣ. Дар шароити иқтисоди бозорӣ на фақат молу маҳсулот, хадамот, қувваи корӣ, балки воситаҳои пулию асъорӣ, қарзӣ ва ғайра ба ҳавзаи мубодила кашида мешаванд. Аз ин ҷиҳат соҳибкории молиявӣ ҳамчун навъи махсуси соҳибкорӣ ташкил мегардад ва ба меҳвари амалиёти он хариду фурўши воситаҳои пулӣ, асъори хориҷӣ ва қоғазҳои қимматнок ҷалб карда мешаванд. Амалиётҳои молиявӣ оид ба хариду фурўши пулҳои хориҷӣ, мубодилаи асъор ба асъор ва қоғазҳои қимматноки дигар ва пулҳои миллӣ ва ғайра сурат мегирад.

Соҳибкории молиявӣ асосан ба мақсади мубодилаи як намуди воситаҳои пулӣ ба намуди дигари онҳо, ё худ хариду фурўши пулҳои ҳозира ба пулҳои оянда тибқи нархҳои ҳархела ва дар ин асос ба даст овардани фоида ба роҳ монда мешавад. Фоидаи соҳибкорӣ ҳамчун натиҷаи хариду фурўши захираҳои молиявӣ ва ба ивази он гирифтани фоизи муайян ё худ сармояи изофа ташкил мегардад.

Фоидаи соҳибкорӣ ҳамчун натиҷаи қарз ва ба ивази он ба даст овардани фоизи қарз низ ба роҳ монда мешавад. Бонкҳо ё худ ташкилоту муассисаҳо мувофиқи зарурат ва имконият метавонанд воситаҳои пулӣ ё асъорҳои худро ба сифати қарз (кредит) истифода намоянд ва аз он баҳраи иқтисодӣ бардоранд.

Соҳибкории суғуртавӣ (бимавӣ). Бозор ба субъектҳои иқтисодӣ кафолати пурраи нашикастан, надуздидан, вайрон нашудан, касоду муфлис нагардидан, насўхтан, касал нашудан, намурдан, ҳамаро хўрондан, пўшондан, бо хонаю ҷой таъмин кардан ва ғайраро дода наметавонад. Аз ин ҷиҳат соҳибкорони алоҳида, ё худ ташаббускоре ба миён меоянд, ки ҳалли ин масъалаҳоро ба зиммаи худ мегиранд.

Соҳибкор ба ивази пардохти маблағҳои муайяни пулӣ ўҳдадор мешавад, ки ҳаққи зарарҳои ба миён омадаи молу амлок, воситаҳои пулӣ, фулузот ва қоғазҳои қимматнок, чизу чора, ҳаёти шахсӣ ва ғайраро подош кунад.

Ин фаъолият ҳамчун унсури муҳимтарини низоми қарзию молиявӣ, ба мақсади ҷамъоварии маблағҳои муайяни пулӣ (аъзоҳаққии суғурта) ва пардохти он танҳо баъди рух додани ҳодисаи суғўрта сурат мегирад.

Дар ин асно, соҳибкор (суғуртакунанда) ҳамчун фурўшандаи навъи нави хадамоти суғурта ва харидори мол (истифодакунанда ё худ истеъмолкунандаи ин навъи хадамоти суғўрта) — шахси суғуртакардашуда ҳамчун омилҳои асосии соҳибкории суғуртавӣ қадр карда мешавад. Ба ҳайси объекти суғурта — молу чиз, пул барои як давраи муайян (моҳ, сол…) баромад мекунад. Маблағҳои андўхташуда ба мақсади сохтани биноҳои корӣ, таҷҳизоту технологияи компютерӣ ва қарз додану ба ивази он гирифтани фоидаи барзиёд истифода карда мешавад.

Соҳибкории мутавасит (миёнарав). Ин навъи соҳибкорӣ мустақиман бо дигар намудҳои соҳибкорӣ (истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, суғўртавӣ, молиявӣ) алоқаманд мебошад. Хусусияти ин навъи соҳибкорӣ дар он аст, ки он мол истеҳсол намекунад ва онро намефурўшад, ба фурўши қоғазҳои қимматнок машғул нест ва ба дигарон қарз ҳам намедиҳад. Вай фақат ба сифати даллол (миёнарав) дар ин ҳавзаҳои соҳибкорӣ иштирок мекунад. Мавқеи он — байни тавлидгар (фурўшандаи молу хадамот) ва истеъмолгар (харидор) ҷойгир аст. Он барои дар амал тадбиқ намудани мақсад ва мароми дигар субъектҳои бозор, яъне харидану фурўхтан ва ба ҳам пайваст кардани онҳо (тавлидгару истеъмолгар) дар доираи ҳалқаи соҳибкорӣ, ба даст овардани маълумот оид ба тақозо ва арзаи мол, сатҳ ва дараҷаи рақобат, нарх ва ғайра кўмак мерасонад. Албатта ба ивази адои хизмати худ онҳо бо фоидаи муайян мукофотонида мешаванд, ки он ҳамчун сарчашмаи асосии ташкил ва густариши фаъолияти соҳибкории мутавасит мегардад.

5.Бизнес — план ва унсурҳои он.

Дар шароити бозор фаъолияти фирма асосан дар чорчубаи накшаи бизнес (бизнес-план) ташкил карда мешавад. Охирон, хамчун плани тараккиёти комплексии фирма, ҳуҷҷати муҳимтарини асосноккунии сармоягузори хизмат мекунад. Бизнес-план ҳамчун олот ё худ воситаест, ки аз ҷониби соҳибкорон барои муайян кардани мақсади ниҳоии ташкили истеҳсолот ва фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ истифода карда мешавад.

Бизнес-план аз нуқтаи назари илмӣ асоснок кунонда шуда, барои сармоягузорон ҳамчун асоси боварии сармоягузорӣ ва дилпурии худи маъмурият хизмат мекунад. Он ба муҳлати аз 3 то 5 сол таҳия гардида, ҳамчун ҳуҷҷат барои асоснокии сармоягузорӣ, ҷалб кардани саҳмгузорон, ба мақсади гирифтани маблағхои гуногуни молиявӣ аз ҷониби давлат, шахсҳои алоҳида, сектори хусусӣ, киро кардани қувваи коргарии ихтисоснок, идораи корхона, кормандони инженерию техникӣ ва ғайра истифода карда мешавад.

В.Д.Камаев чунин фаслҳои «Бизнес-план»-ро мавриди таҳлил қарор медиҳад: пешгуфтор, мол (хадамот), бозори фуруш, рақобат, стратегияи маркетинг, нақшаи тавлид, нақшаи ташкилӣ, нақшаи ҳуқуқ, баҳодиҳии таваккалӣ ва cyғypта, нақшаи молия, стратегияи маблағгузорӣ, ҳавзаҳои нави ташаббус.

1. Пешгуфтор. Дар он оиди сирати зоҳири, мақсад ва нақши фирма, вазифаҳои ҷорӣ ва дурнамоии он, навигариҳо,тавсифи маҳсулоти нав нисбат ба навъи пештара ва маҳсулоти рақибон, хислатҳои зоҳирию диққатҷалбкунанда ва ҷозибавии он, ҳаҷми истеҳсол ва фуруши он, ҳаҷми масрифот, фоида, қарз ва ғайра маълумоти мухтасар дода мешавад.

2. Мол (хадамот). Дар он тавсифи умумии маҳсулот, хусусиятҳои истеъмолӣ ва фарқи он аз молҳои рақибон, дараҷаи ҳифзи махфият (патенту литсензияҳо), айёнияти ихтироотҳо, қиммати масрифоти солҳои оянд ва дурнамои онҳо дода мешавад.

3. Бозори фуруш. Қисми муҳимтарини «Бизнес-план» буда, оид ба андухти зиёди иттилоот дар хусуси муайян кардани қисматхои алоҳидаи бозор, харидору фурушанда ва қобилияти харидории омма бахшида мешавад.

4. Рақобат. Дар ин бахши нақша маълумотҳо перомуни рақибон, нақш ва мавқеи онҳо дар бозор ва тавлиди неъматҳову хадамот, ҳаҷми истеҳсол ва фуруши маҳсулоти онҳо, истифодаи намудҳои навтарини техникаю технология, сифат, нарх ва ғайра гирд оварда мешаванд.

5. Стратегияи маркетинг. Он асосан барои таҳлил ва андухтани маълумотҳо оид ба ҳаракати молҳо, нархмуқарраркунӣ, таблиғ, усулҳои ҳавасмандгардонии фуруш ва хизматрасонии баъди фуруши онҳо, ташаккули тафаккури иқтисодӣ дар бораи фирма ва ғайра бахшида мешавад.

6. Нақшаи тавлид. Дар он маълумотҳо оид ба истеҳсолот, иқтидори он, теъдоди истеҳсоли мол,муҳлати иҷроиши фармоишҳо, истеъмолгарону таъмингарони ашёву материалҳо, нарх, сифат, назорат ба маҳсулоти истеҳсолкардашуда, хароҷот ва тағйиротҳои онхо дар оянда андухта мешаванд.

7.Нақшаи ташкилӣ. Он ҳамчун нақшаи идораи корхона оиди қабули қарору иҷроиши онҳо, муайян кардани сохтори идора (менеҷмент), дараҷаи ихтисоснокии кормандон, сарчашмаҳои ба кор ҷалб намудани мутахассисон, ҳаҷми масрафи музди кор ва ғайра сурат мегирад.

  1. Нақшаи ҳуқуқ. Ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ барои инъикос кардани сохтори ҳуқуқии фирма аз нигоҳи гуногуншаклии моликият, таъсиси ҳуҷҷатгузорӣ ва муайян кардани статуси фирма ва ғайра хизмат мекунад.
  2. Баҳодиҳии таваккалӣ ва суғурта. Ҳангоми таъсиси нақшаҳои фаъолияти соҳибкори дараҷаи хатарот (таваккали) — и молу воситаҳои пули, сарчашмаҳои бавуҷуд омадану рупуш кардани онҳо, эҳтимолияти таваккал, воситаҳои подош кардани суғурта ва ғайра ба назар гирифта мешавад.

10. Нақшаи молия. Ҳамчун нақшаи ҷамъбасткунандаи фаъолияти нақшаҳои пешбинишуда баромад карда, дар хусуси пешбинии ҳаҷми истеҳсол, фуруши мол, баланс (тароз) — и фаъолу пассив, тарози даромад, хароҷот, сармоягузорӣ, таҳияи нақшаҳои оперативӣ, моҳона, солона, ҷадвали даромаднокӣ, фоида, нарх ва ғайра маълумот медиҳад.

  1. Стратегияи маблағгузорӣ. Барои муайян кардани сарчашма ва ҳаҷми сармоягузорӣ, муҳлати пурраи подош кардани маблағхо, бозгашти онҳо ба корхона, муҳлати худхаридкунии онҳо тавсиф карда мешавад.
  2. . Ҳавзаҳои нави ташаббус. Таҷрибаи корхонаҳои бузург нишон медиҳад, ки дар доираи онҳо фаъолияти соҳибкорӣ, ташаббус ва фаъолияти беҳтарини молиявӣ дар соҳаи: таблиғот, навоварӣ (ҳавзаи хизматҳои корчаллонӣ), хуроки умумӣ, савдои молҳои гуногуни истеъмолӣ, таъмири автомобилӣ, сохтмони манзилгоҳ (хонаҳои шахси), ба вуҷуд овардани техникаю технология, электроникӣ, компютеркунонӣ ва ғайра имконпазиранд. Аз ин лиҳоз, ҳар як фирма ҳангоми ба нақша гирифтани фаъолияти хеш ба ҳалли чунин масъалаҳо диққати худро ҷалб менамояд:

— дар истеҳсоли неъматҳо ва хадамот монополист (яккаҳукмрон) бошад;

— ҳаҷми фоидаи аз фаъолияти соҳибкори ба даст овардашаванда на камтар аз 50 фоиз бошад;

— сармояи корхона, новобаста аз давраҳои буҳронҳои иқтисодӣ мунтазам гардиш намоянд;

— дар фаъолияти хеш нормаи баланди фонд ва фармоишҳои доими вуҷуд дошта бошанд;

— кореро ба сомон расондан зарур мебошад, ки он бештар ба фаъолияти шахсии мудир (менеҷер) наздик бошад;

6.Менеҷмент, шакл ва хусусиятҳои он. Идораи маркетингии фирма, сохтори ташкили идоракунии маркетингӣ ва намудҳои он.

Пайдоиш ва инкишофи менеҷмент ҳамчун илм паҳлўҳои гуногуни худро дошта, аз як тараф агар характери назариявии таърихии пайдоиш дошта бошад, аз тарафи дигар таърихи ташаккулёбии иқтисодию ҷуғрофӣ низ дорад, ки вобаста ба дараҷаи инкишофи иқтисодӣ, шаклу усули хоҷагидорӣ ва урфу одати одамон ва мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавии онҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ инкишоф ёфтааст.

Рушди иқтисодиёт одамонро маҷбур месозад, ки оиди ҳарчи хубтар зиндагӣ намудан, бисёртар манфиат ба даст овардан, инчунин соҳибдорӣ намудани қисми муайяни захираҳо фаҳмиш ва андешаи густурдаю амиқ дошта бошанд. Аз ин нуқтаи назар менеҷментро ҳамчун фаъолияти касбӣ ва мақсаднок барои истифодаи дурусти захираҳои моддӣ ва меҳнатӣ бо усулҳои иқтисодии идоракуни равонашудаи одамон муайян кардан мумкин аст. Менеҷмент ҳамчун мафҳуми илмию амалӣ дар илми иқтисоди ҳанўз аз аввалҳои асри ХХ ба миён омадааст. Ин фаҳмиш аввалан дар ШМА ва баъдан ба дигар кишварҳо паҳн гаштааст.

Менеҷмент калимаи англисӣ (management) буда, якчанд мафҳумро ифода мекунад: — идоракунӣ, роҳбарият, дирексия, ўҳдабароии кор ё идораи воситаҳо.

Менеҷмент ҳамчун илм идоракунӣ, роҳбарӣ ва ташкили истеҳсолот, қоидаҳо ва усулҳои идоравиеро фаро мегирад, ки бо мақсади баландбардории самаранокии истеҳсолот ва манфиат равона карда шудааст.

Дар давоми инкишофи худ менеҷмент аз системаи илмию амалии дониш ба як илми алоҳидаи касбӣ табдил гаштааст, ки аз аввалҳои асри ХХ сар карда, дар аксари мактабҳои давлатҳои тараққикарда, ҳамчун илми алоҳида омeхта ва таълим дода мешавад.

Дар солҳои охир асосан мафҳуми менеҷментро панҷ раванд баҳо медиҳанд:

Менеҷмент ҳамчун илми идоравӣ-:

Санъати идоракунӣ ва ҳукмронӣ.

Қобилияти кордонӣ ва фикрронӣ.

Усулҳои самаранокии муомила бо одамон.

Ҳамчун ифодагари мафҳуми органи роҳбарикунанда.

Муносибати касбии ҳамкории байни одамон барои ба мақсад расидан.

Аз гуфтаҳо маълум мегардад, ки менеҷмент, асосан ба меҳнати касбӣ ва кордонии кормандон равона карда шудааст.

Аввалҳои асри ХХ олимон оид ба ривоҷу равнақ додани илми менеҷмент ва фанни менеҷмент корҳои зиёди тадқиқотию илмиро иҷро намудаанд, ки онҳоро асосан ба 4 гурўҳи калон ҷудо мекунанд:

Мактаби классикии менеҷмент – Тейлор (1911), Гилберт (1911), Черч (1914), Файол (1916), Дервис (1935) ва дигарон.

Мактаби рафтори идоравӣ – Ротлисберг (1939), Мейо (1945), Бернард (1938), Друкер (1954), Мак Грегор (1960).

Мактаби идоракунӣ – Черчмен (1957), Марч ва Саймон (1958), Форрстер (1961), Райфа (1968).

Мактаби ҳолатӣ (ситуатсионӣ) – Бернс ва Сталнер, (1961), Вудворд, (1965), Томпсон (1967), Лоуренс ва Орш (1967).

Ҳар як мактаби зикршуда услуби илмии худро дошта, барои инкишофи илми менеҷмент caҳми муайянеро гузоштаанд. Асосан олимони қариб аксари мактабҳо инкишофи илми менеҷментро баробар ба инкишофу тағйиротҳо дар бизнес баҳо медиҳанд. Бинобар ин илми менеҷмент ҳамчун фанни илмию амалӣ рўз аз рўз мунтазам мураккаб мешавад. Зеро илми менеҷмент на танҳо ба қонунҳои иқтисодӣ, балки ба қонунияти махсуси идоракунӣ ва психологӣ низ такя мекунад.Агар мо ба инкишофи илми менеҷмент вобаста ба инкишофи иқтисодиёт дар садсолаи гузашта назар намоем, он гоҳ муайян мегардад, ки баробари пешрафтии иқтисодиёт услуби ташкилию идоракунӣ низ тағйир меёбад.

Мафҳуми менеҷмент

Менеҷмент

ҳамчун фаъолият

Менеҷмент

ҳамчун санъат

Менеҷмент

ҳамчун илм

Менеҷмент — ин:

  • тарзу усули муомила бо одамон;
  • ҳукмронӣ ва санъати идоракунӣ;
  • шакли махсуси навоварии маъмурӣ;
  • органи идоравӣ.

Менеҷмент — ин Шакли санъати фаъолияти амалии одамон мебошад, ки инкишоф ва фаъолияти корхона ва мақсади онро муайян месозад. Дараҷаи баланди таҷрибаи идоравии корхона ҳамчун санъати баланд баҳо дода мешавад.

Менеҷмент — ин

илми идоракуни дар асоси ҷамъи илмҳои дуняви, ки дар солҳои тулони назарияи идора-куниро ташкил наму-данд, пайдо шудааст.

Предмети илми менеҷмент ҳамчун илми идоракунӣ қонуниятҳоеро дар бар мегирад, ки дар фаъолияти ҳаррўзаи байни ташкилот ва одамон дар ҷараёни идоракунӣ ба миён меоянд.

Менеҷмент — ин

назария ва амалияи идоракунии истеҳсолот ва фуруши мол, ки барои гирифтани фоида ва самаранокии истеҳсолӣ равона карда шудааст.

Менеҷмент — ин

ҳамчун санъати идоракунии одамон дар корхона ва муассиса.

Асосҳои методологии

менеҷмент дар фалсафа, сотсиология, сиё-сатшиносӣ, психология амик дида мешавад.

Менеҷмент — идоракунии истеҳсолот, ҷамъи ҳодисаҳо ва усулу воситаҳои идоракунии истеҳсолот бо мақсади

баландбардории истеҳсолот ва фоида.

Менеҷмент — ин

санъати шахсони қобилиятноке, ки дониши баланди касбӣ ва таҷрибаи калони идоравӣ доранд.

Илми идоракунӣ — бояд ҳатман ба меъёрҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ ва маъмурӣ такя намояд.

Менеҷмент — ин ҳамчун органи идоракунии замонавии корхонаҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошад.

ҳамчун илми мустақил, ки предмет, вазифа ва функсияву қоидаи худро дошта, дар охири асри ХIХ ба вуҷуд омадааст.

Давраи якум (1900-1930). Пайдоиши мактабҳoи маъмурии идоракунӣ, ташкили корхонаҳои калони истеҳсолии саноатӣ, ташаккули сохтори зинабандии менеҷмент.

Давраи дуввум (1931-1960). Пайдоиши зарурияти афзунгардонии истеҳсоли мaҳсулот, роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати коргарон. Менеҷмент ҳамчун омўзиши рафтори одамон ва муносибатҳои башарӣ.

Давраи сеюм (1961-1990). Пайдоиши талаботи идоравӣ дар ҳама системаи пайдарпаии истеҳсолоту истеъмолот, сохтани моделҳо ва системаҳои иқтисодии инкишофи ҷамъиятӣ, банақшагирии стратегӣ, пайдо намудани мавқеъ дар бозори иқтисодӣ, ташаккули маданияти идоракунӣ ва пайдоиши менеҷменти навоварӣ, услуби ҳолатии менеҷмент.

Давраи чорум (1991-2000). Пайдоиши услуби нави роҳбарӣ барои ҳарчи зиёд истифода намудани имкониятҳо, омўзиши муҳити иҷтимоию психологии корхонаҳо, маркетинг ва миллатҳою халқҳои алоҳида, зарурияти пешвоӣ дар тамоми ячейкаҳои идоравӣ, услуби куллан қабулшудаи иҷтимоию психологии менеҷмент.

Давраи панҷум (асри ХХI). Пайдоиши глобализатсияи иқтисодию иҷтимоӣ ва психологию сиёсӣ, зарурияти интихоби қобилияти фикрронии баланд, омўзиш ва мутобиқгардонӣ вобаста аз вазъият, менеҷмент мактаби профессионалии олии кордонӣ ва пешвоӣ дар асри ХХI.

Чи хеле ки аз давраҳои инкишофи илми менеҷмент маълум мегардад, дар ҳазорсолаи нав зарурияти менеҷмент ҳамчун фанни таълимӣ барои роҳбарони касбии оянда мақоми аввалиндараҷа дорад.

Дар ин давра аллакай менеҷментро ҳамчун шаклу усули роҳбарӣ дар корхонаҳои ғайридавлатӣ гуфтан нодуруст аст. Қариб аксари олимон дар солҳои охир менеҷментро ба намудҳои зерин ҷудо менамоянд:

  1. Менеҷменти давлатӣ – ташкили менеҷмент дар корхонаҳои давлатӣ.
  2. Менеҷменти ҳарбӣ – сохтори идоравию ташкилии қувваҳои муссаллаҳи мамлакат.
  3. Менеҷменти соҳибкорӣ – шакли махсуси бизнес-менеҷмент буда, дар он хусусиятҳои хоси давлатдорӣ, урфу одати мардум, омилҳои иҷтимоию психологӣ ба инобат гирифта мешавад.

Услуби фарқкунандаи бизнес-менеҷмент аз дигар намуди менеҷмент дар он мебошад, ки дар он раванди асосӣ ба даст овардани пул ба воситаи пул мебошад.

Идораи маркетингии фирма.

Ҳар як фирма (корхона) ба идоракунии самараноки фаъолияти маркетинги худ ҳавасманд аст. Дар алоҳидаги фирмаро мебояд, ки таҳлили имконияти бозор, интихоби бозори мақсадноки мувофиқ, коркарди комплекси самараноки маркетинги ва бомувафақият идоракунии дар ҳаёт татбиқнамоии кўшишҳои маркетингиро донад. Ҳамаи инҳо дар маҷмўъ ҷараёни идоракунии маркетингиро ташкил медиҳанд.

Маркетинг-гуфта,фаъолияти соҳибкориро меноманд, ки бо мақсади ба даст овардани фоида ва қонеъ гардидани талабот ба воситаи бозор кор мебарад.

Идоракунии маркетингӣ – ин маҷмўи чорабиниҳо оиди таҳлил, коркард, амалигардони ва назорат аз болои гузаронидани чорабиниҳо оиди мустаҳкамкунӣ ва дастгирии мубодилаҳои муфид бо бозорҳои мақсаднок барои расидани мақсадҳои ташкилот.

Фирма бояд чунин сохтори хадамоти маркетингиро кор карда барояд, ки қобилияти ба худ гирифтани ҳама корҳои (амалиётҳои) маркетингиро дошта бошад. Агар фирма хурд бошад, ҳама ўҳдадориҳои маркетинги ба зиммаи як нафар гузошта мешавад. Ба ў чунин амалиётҳо ба монанди татқиқотбарии маркетинги, ташкили фурўш, реклама, ва фаъолияти хизматрасони ба мизоҷон вогузор карда мешавад. Ин нафарро метавон идоракунандаи хадамоти фурўш, идоракунандаи хадамоти маркетинги директор оид ба маркетинг номид. Агар фирма бузург бошад, дар он якчанд нафар (мутахасис) оиди соҳаи маркетинг фаъолият мекунанд.

Сохтори ташкили хадамоти маркетингӣ.

Дар айни ҳол хадамоти маркетинг метавонад вобаста аз намуди маҳсулот, ҳаҷми маҳсулот, ҳаҷми бозор ва ғ. ташкил карда шавад. Ҳар як фирма хадамоти маркетингро бо чунин мақсадҳо месозад, ки он бо тарзи беҳтарин имконияти ноилшавии мақсадҳои маркетингиро таъмин карда тавонад, (муайян намудани талабот, васеъкунии ҷуғрофии бозор, ҷустуҷуи бандҳои нави бозор, зиёдкунии ҳаҷми фоида ва ғ.).

Сохтори ташкили идоракунии маркетинги ва намудҳои он.

Хадамотҳои маркетингӣ метавонад дар асоси чунин принсипҳо сохта шаванд:

  1. Сохтори ташкили функсионалӣ;

Сохтори маъмул ин ташкили функсионалии хадамоти маркетинги ба ҳисоб меравад . Дар ин ҳолат мутахасисони маркетинги фаъолиятҳои гуногуни маркетинги (функсияҳо) — ро идора мекунанд. Онҳо дар зери итоати ноиби директор оид ба маркетинг, фаъолият мекунанд. Иҷроиши чунин функсияҳо ба зиммаи онҳо гузошта шудааст: идоракунандаи хадамоти маркетинги, идоракунандаи хадамоти реклама ва хавасмандкунии фурўш, идоракунандаи хадамоти фурўш, идоракунандаи хадамоти татқиқотбарии маркетинги, идоракунанда оид ба моли нав, инчунин метавонад идоракунанда оиди хадамоти мизоҷон, идоракунандаи хадамоти банақшагирии маркетингӣ идоракунандаи хадамоти ҳаракати молӣ.

Бартарияти асосии ин намуди сохтор ин соддагии идоракунии он мебошад. Аз дигар тараф бо рушди феҳристи (ассортимент) молҳо ва бозорҳои фирмаҳо ин сохтор самаранокии худро гумм мекунад. Коркарди нақшаҳои махсус барои ҳар як бозори алоҳида ё моли алоҳида, инчунин мутобиқати фаъолияти маркетинги фирмаҳо дар маҷмўъ, муракаб мегардад.

  1. Сохтори ташкили аз рўи принсипи ҷуғрофи;

Дар ширкатҳое, ки пурра дар ҳудуди як ҷумҳури фаъолият мекунанд мувофиқ аст.Дар ин сохтор як идоракунандаи фуруши байналхалқи идоракунандагони вилоятию ноҳиявӣ ва агентони савдоро идора мекунад. Ҳангоми ташкили ин намуди сохтор агентони савдо метавонанд дар ҳудуди минтақаи хизматиашон зиндаги кунанд, ки мизоҷони худро хубтар медонанд ва метавонанд самараноктар бо хароҷоти камтари вақт хароҷоти сафарҳо фаъолият намоянд.

  1. Сохтори ташкили оиди истеҳсоли молӣ;

Фирмаҳо бо феҳристи васеи молӣ ё маркаҳои гуногуни молӣ ин намуди сохторро истифода мекунанд. Сохтори мазкур сохтори функсионалиро иваз намекунад, балки як сатҳи дигари идоракуни ба ҳисоб меравад. Истехсоли молиро идоракунанда оиди феҳристи моли идора мекунад, ки як чанд идоракунанда оиди гуруҳи молҳоро дар зери итоат дорад, дар навбати худ онҳо дар итоати худ идоракунандагон оиди молро доранд, ки ҳар кадом оиди моли аниқ масъул аст.

Сохтори ташкили оиди истеҳсоли молӣ дар он ҳолат муфид аст, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи фирма аз якдигар фарқ дорад, ки ҳангоми ташкили функсионалии маркетинг ин номгўи молҳоро идора кардан номумкин аст.

4.Сохтори ташкилии принсипи бозори;

Аксарияти фирмаҳо молҳои худро дар бозорҳои хусусиятҳои гуногун дошта ба фурўш мебароранд. Дар ин сохтор идоракунанда оиди бозор фаъолияти якчанд идоракунандаҳои бозорҳои алоҳидаро идора мекунад. Идоракунанда оиди бозор ба коркарди нақшаҳои пешрафт ва нақшаҳои солонаи фурўш масъул аст. Бартарияти ин сохтор дар он аст, ки фирма фаъолияти худро мувофиқи эҳтиёҷоти истеъмолкунандагоне, ки банди аниқи бозорро ташкил медиҳанд, месозанд.

5.Сохтори ташкили аз рўи принсипи молӣ-бозорӣ;

Сохтори мазкурро фирмаҳое истифода мекунанд, ки молҳои зиёди гуногунро дар бозорҳои гуногун ба фурўш мебароранд. Дар ин сохтор идоракунанда оиди мол ба банақшагирии фурўши мол ва фоида аз ин молҳоро ба ўҳда дорад. Идоракунанда оиди бозор бошад рушди бозори молҳои мавҷудбударо меомўзад.

Бояд дар назар дошт, ки сохтори идоракунии хадамоти маркетингии идеалие, ки дар ҳама шароит муфид бошад мавҷуд нест. Ҳар як сохтори идоракуни бартарияту камбудиҳои худро дорад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *