Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Акидаи ахли суннат ва чамоат

* * *

ФАСЛ

Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло ба суи бандагонаш паёмбарони гиромиро фиристодааст. Тавре, ки У Таоло мефармояд:

«رسلا مبشرين و منذرين لئلا يكوم للناس على الله حجة بعد الرسل و كان الله عزيزا حكيما» (النساء-165).

«Фиристодем паёмбаронро башорат диҳанда ва тарсонанда,то набошад мардумонро бар Худо баҳонае баъди фиристодани паёмбарон ва ҳаст Худо ғолибу ҳаким». (Нисо-165).

Нахустини онҳо ҳазрати Нуҳ(а)буда ва охирашон паёмбарамон Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи ва сал- лам)мебошанд.Чуноне, ки у Аллоҳ Таоло хабар медиҳад:

«إنا أوحينا إليك كما أوحينا إلى نوح و النبيين من بعده» (النساء-163).

«Ҳароина мо ваҳй фиристодем ба суи ту ҳамчунон, ки ваҳи фиристодем ба суи Нуҳ ва паёмбарони пас аз вай омада». (Нисо-163).

Ва инчунин Худои Таоло мефармояд:

«ما كان محمد أبا أحد من رجالكم و لكن رسول الله و خاتم النبين» (الأحزاب-40).

«Нест Муҳаммад падари ҳеҷ кас аз мардони шумо, ва лекин паёмбари Худост ва хотимаи паёмбарон». (Аҳзоб-40).

Афзалтарин онҳо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буда ва баъди он кас Иброҳим (а), баъд Мусо (а) ва баъд Нуҳ (а), ва баъд Исо ибни Марям ҳастанд. Онҳо дар ояти зерин мавриди хусусият қарор гирифтаанд:

«و إذ أخذنا من النبيين ميثاقهم و منك و من نوح و إبراهيم و موسى و عيسى بن مريم، و أخذنا منهم ميثاقا غليظا» (الأحزاب-7).

«Ва ёд кун чун гирифтем аз паёмбарон аҳди эшонро ва аз ту бигирифтем ва аз Нуҳ ва Иброҳим ва Мусо ва Исо писари Марям ва гирифтем аз эшон аҳди маҳкам». (Аҳзоб-7).

Шариати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фазилати шариати он паёмбарони махсусро дар бар дорад, чуноне, ки ҳақ Таоло мефармояд:

«شرع لكم من الدين ما وصى به نوحا و الذي أوحينا إليك و ما وصّينا به إبراهيم و موسى و عيسى أن أقيموا الدين و لا تتفرقوا فيه» (الشورى-13).

«Фарз гардонид барои шумо аз дин ончи амр карда буд ба иқомати он Нуҳро ва ончи ваҳи фиристодем ба суи ту ва ончи амр кардем ба иқомати он Иброҳим ва Мусо ва Исоро бо ин мазмун, ки қоим кунед динро ва пароканда нашавед». (Шуро-13).

Ҳамаи паёмбарон бандагони Худоянд ва чизе аз сифоти парвардигори дар онҳо намебошад. Чуноне, ки Аллоҳ дар бораи Нуҳ (а) мефармояд, ки у (а) аввалин паёмбар мебошанд.

«و لا أقول لكم عندي خزائن الله و لا أعلم الغيب و لا أقول إني ملك» (هود-31).

«Ва намегуям ба шумо, ки назди ман хазинаҳои Худо аст ва намегуям, ки медонам ғайбро ва намегуям, ки ман фариштаам». (Ҳуд-31).

Аллоҳ Таоло Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро мефармояд:

«لا أقول لكم عندي خزائن الله و لا أعلم الغيب و لا أقول لكم إني ملك» (الأنعام-50).

«Ва намегуям ба шумо, ки назди ман хазинаҳои Худо аст ва на он, ки медонам ғайбро ва намегуям, ки ман фариштаам». (Анъом-50).

Инчунин У Таоло мефармояд:

«قل إني لا املك لكم ضرّا و لا رشدا، قل إني لن يجيرني من الله أحد و لن أجد من دونه ملتحدا» (الجن: 21-22).

«Бигу! Ҳароина ман наметавонам дар ҳаққи шумо зарар расонидан ва на лозим кардани роҳи рости. Бигу! Ҳароина паноҳ надиҳад маро аз уқубати илоҳи ҳеҷ кас ва ҳаргиз ба ҷуз вай паноҳе наёбам». (Ҷинн: 21-22).

Онҳо ҳама аз бандагони илоҳи буда, онҳоро Аллоҳ Таоло бо паёмбари икром кардааст ва онҳоро ба бандаги мадҳ намуда мадҳу сано кардааст. Чуноне, ки дар ҳаққи Нуҳ (а) мефармояд:

«ذرّية من حملنا مع نوح، إنه كان عبدا شكورا» (الإسراء-3).

«Эй фарзандони қавме, ки бардоштем эшонро бо Нуҳ (яъне, бар кишти) ҳароина вай бандаи сипосгузор буд». (Исро-3).

Ва дар ҳаққи хотимаи паёмбарон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«تبارك الذي نزل الفرقان على عبده ليكون للعالمين نذيرا» (الفرقان-1).

«Бисёр бобаракат аст он зоте, ки фуруд овард Қуръонро бар бандаи худ (Муҳаммад), то бошад тарсонанда оламиёнро». (Фурқон-1).

Ва инчунин дигар паёмбаронро бо васфи бандаги мавсуф дошта онҳоро бо ин васф мадҳу сано мефармояд:

«و اذكر عبادنا إبراهيم و إسحاق و يعقوب أولي الأيدي و الأبصار» (ص-45).

«Ва ёд кун бандагони мо Иброҳим, Исҳоқ, ва Яъқубро соҳибони дасту чашм буданд». (Яъне, илму амал ҳарду бар камол доштанд). (Сод-45).

Ва дар ояти дигар хабар медиҳад:

«واذكر عبدنا داود ذا الأيدي إنه أوّاب» (ص-17).

«Ва ёд кун бандаи мо Довудро, ки дорои қувват буд ва ҳароина у аввоб (руҷуъкунанда ба суи Худо) буд». (Сод-17).

Ва инчунин У Таоло мефармояд:

«و وهبنا لداود سليمان نعم العبد إنه أوّاب» (ص-30).

«Довудро фарзанде ато кардем, ки номи у Сулаймон буд ва у бандаи неку ва аввоб буд». (Сод-30).

Ва дар ҳаққи ҳазрати Исо ибни Марям мефармояд:

«إن هو إلا عبد أنعمنا عليه و جعلناه مثلا لبني إسرائيل» (الزخرف-59).

«Нест Исо, магар бандае, ки инъом кардаем бар вай (паёмбариро) ва сохтем уро нишона барои бани Исроил». (Зухруф-59).

Имон ба он дорем, ки Аллоҳ Таоло рисолаташро ба паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)хотима додааст ва он зоти покро ба суи тамоми мардумон фиристодааст.Чуноне,ки Худованд мефармояд:

«قل يأيها الناس إني رسول الله إليكم جميعا الذي له ملك السماوات و الأرض لا إله إلا هو يحيى و يميت فآمنوا بالله و رسوله النبيّ الأميّ الذي يؤمن بالله و كلماته و اتبعوه لعلّكم تهتدون» (الأعراف-158).

«Эй Муҳаммад, бигу! Эй мардумон, ҳароина ман паёмбари Худо ҳастам ба суи ҳамаи шумо. Худое, ки урост подшоҳии осмонҳо ва замин, нест ҳеҷ маъбуди барҳақ, магар у, зинда мекунад ва мемиронад. Пас имон оред ба Худо ва паёмбари у, ки набии оми аст, он паёмбаре, ки тасдиқ менамояд Худоро ва суханони уро. Ва пайрави кунед уро то аз ҳидоятёфтагон шавед». (Аъроф-158).

Шариати он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дини ислом аст. Дине, ки Аллоҳ Таоло онро писандид барои бандагонаш ва ба ҷуз ин дин дини дигареро қабул нахоҳад кард. Далел бар ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

«إن الدين عند الله الإسلام» (آل عمران-19).

«Ҳароина дини ҳақ назди Аллоҳ ислом аст». (Оли Имрон-19).

Ҳамчунин иршоди илоҳи аст, ки мефармояд:

«اليوم أكملت لكم دينكم و أتممت عليكم نعمتي و رضيت لكم الإسلام دينا»(المائدة-3)

«Имруз комил кардам барои шумо дини шуморо ва тамом кардам бар шумо неъмати худро ва писанд дидам барои шумо исломро дин».

(Моида-3).

Ва дар ояти дигар мефармояд:

«و من يبتغي غير الإسلام دينا فلن يقبل منه و هو في الآخرة من الخاسرين» (آل عمران-85).

«Ва ҳар касе, ки ғайри ислом, барои диндори дини дигаре бихоҳад, пас ҳаргиз аз у пазируфта намешавад ва у дар охират аз зиёнкорон аст».

(Оли Имрон-85).

Агар касе гумон дошта бошад, ки ғайр аз дини Ислом дини дигар низ дар назди Аллоҳ Таоло мақбул аст, мисли дини яҳуди, насрони, маҷуси ва ғайра, пас хароина у куфр варзидасат. Инчунин ҳар касе, ки рисолаи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро инкор кунад, пас гуё у ҷамии паёмбаронро инкор кардааст ва ҳатто паёмбареро, ки ба у пайрави мекунад. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

«كذبت قوم نوح المرسلين» (الشعري-105).

«Дуруғ пиндоштанд қавми Нуҳ паёмбаронро».

(Шуаро-105).

Маълум аст, ки барои қавми Нуҳ танҳо у фиристода шуда буд, на паёмбари дигаре ва инчунин пеш аз Нуҳ паёмбаре набуд.

Ва инчунин мефармояд:

«إن الذين يكفرون بالله و رسله و يريدون أن يفرقوا بين الله و رسله و يقولون نؤمن ببعض و نكفر ببعض و يريدون أن يتخذوا بين ذلك سبيلا. أولئك هم الكافرون حقا، و اعتدنا للكافرين عذابا مهينا» (النساء-150-151).

«Ҳароина касоне, ки куфр меварзанд ба Худои Таоло ва ба паёмбарони у ва мехоҳанд, ки тафриқа кунанд дар миёни Худо ва паёмбарони у. Мегуянд, ки имон меорем ба баъзе паёмбарон ва имон намеорем ба баъзеи дигар ва мехоҳанд, ки роҳ гиранд дар миёни ин ва он. Ҳамоно онҳо кофирони ҳақиқи ҳастанд ва барои кофирон азоби сахт муҳайё кардем». (Нисо-150-151).

Имон дорем, ки баъд аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)паёмбари дигар намеояд ва касе, ки даъвои паёмбари кунад,пас у дуруғгу ва кофир аст.

Ҳамчунин сазовори хилофат будани ҳар чаҳор халифаҳои рошидинро эътироф мекунем ва мо бояд онҳоро дуст дошта бошем ва аз Аллоҳ Таоло барои онҳо талаби ризоият кунем. Ва тартиби халифаҳо бар асоси фазилати онҳо бар якдигар аст. Ҳазрати Абубакр (р) дар халифаги ва фазилат бар ҳама муқаддам ҳастанд, сипас Умар (р) ва баъд аз у Усмон (р) ва Али (р) мебошанд.

Ва ин уммат, яъне уммати ислом беҳтарин ва гиромитарини умматон аст дар назди Аллоҳ Таоло. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

«كنتم خير أمة أخرجت للناس تأمرون بالمعروف و تنهون عن المنكر و تؤمنون بالله»

(آل عمران-110).

«Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки ба суи мардум бароварда шудаед, ба корҳои нек мефармоед ва аз зиштиву бади боз медоред ва имон меоред ба Аллоҳ Таоло». (Оли Имрон-110).

Беҳтарини ин уммат саҳобагони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва сипас тобеин ва баъд онҳо тобеи тобеин мебошанд.

Фитнаву ихтилофоте, ки байни саҳобагон ҳосил шуда буд, он ҳама аз иҷтиҳоду таьвили эшон буд ва касе, ки аз онҳо дар иҷтиҳод мусиб шуда буд, пас он дорои ду подош шудааст. Ва хатову ғалати эшон аз ҷониби илоҳи бахшида шудааст, тавре, ки ин сароҳатан дар Қуръон собит шудааст. Моён набояд дар он фитнаву ихтилофҳои саҳобагон ҳукм кунем ва дар мавриди он сухан гуем. Бояд онҳоро фақат бо мадҳу сано зикр кунем ва ҳаргиз набояд дар дилҳоямон ба нисбат ба саҳобагон кинаву адоват ва душмани дошта бошем, балки ҳамаи онҳоро дуст дорем ва дар ҳаққи онҳо дуову истигфор гуем.

Чуноне, ки ҳақ Таоло онҳоро мавриди мадҳу сано карор дода мефармояд:

«لا يستوي منكم من أنفق من قبل الفتح و قاتل، أولئك أعظم درجة من الذين أنفقوا من بعد و قاتلوا، و كلا وعد الله الحسنى» (الحديد-10).

«Баробар шуда наметавонад аз шумо он, ки сарф кард молашро пеш аз фатҳи Макка ва дар роҳи Худо ҷиҳод кард, он ҷамоат дар мартабаи бузургтаранд аз ононе, ки сарф карданд баъд аз фатҳи Макка ва ҷиҳод карданд ва ҳамаи онҳоро Худои Таоло ваъдаи биҳишт кардааст». (Ҳадид-10).

Мо дар ҳаққи онон ҳамонро мегуем, ки Худо моро фармудааст:

«و الذين جاءوا من بعدهم يقولون ربنا اغفر لنا و لإخواننا الذين سبقونا بالإيمان و لا تجعل في قلوبنا غلّا للذين آمنوا ربنا إنك رءوف رحيم» (الحشر-10).

«Ва ононе, ки баъди муҳоҷирон ва ансор омадаанд мегуяд, парвардигоро гуноҳҳои моро бубахш ва инчунин бародарони моро, ки пеш аз мо гузаштанд ба имон, гуноҳҳояшонро бубашх ва дар дилҳои мо ҳеҷ кинае нисбат ба онон, ки имон овардаанд пайдо накун.Эй парвардигори мо ҳар- оина ту бахшояндаву меҳрубон ҳасти».(Ҳашр-10).

* * *

ФАСЛ

Аҳли суннат ва ҷамоат имон ба рузи растохезро воҷиб медонанд. Ва он руз рузи қиёмат аст, ки Худованд халқи худро аз қабрҳои худ зинда гардонад ва дар он руз ҳамаро ҷамъ созад, ва макони онҳоро, ки ё бако дар неъматҳои биҳишт ва ё азоб дар оташи дузах аст, муайян кунад.

Тавре, ки Худованд мефармояд:

«و نفخ في الصور فصعق من في السماوات و من في الأرض إلا من شاء الله ثم نفخ فيه أخرى فإذا هم قيام ينظرون» (الزمر-68).

«Дамида шавад дар Сур (сурнай) пас бимирад ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст, магар он ки Худо хостааст. Боз дамида шавад дар он бори дигар, пас ногаҳон эшон зинда шуда ба якдигар менигаранд». (Зумар-68).

Он руз аст, ки инсоният аз қабраш ба суи парвардигораш дар ҳолати бараҳнаги, ки кафше дар пой ва либосе дар ҷасад надорад, барпо хоҳад шуд.

«كما بدأنا أول خلق نعيده، وعدا علينا إنا كنا فاعلين» (الأنبياء-104).

«Тавре, ки халқ кардем аввалин бор, низ бори дигар халқи онҳоро мегардонем, ин ваъда аст бар моён, албатта мо кунандаи он ҳастем». (Анбиё-104).

Имон дорем ба он рузе, ки ҳар киро дода мешавад номаи аъмоли у ба дасти росташ ва ё ба дасти чапаш ва ё дода мешавад аз паси пушташ.

«فأما من أوتي كتابه بيمينه فسوف يحاسب حسابا يسيرا، و ينقلب إلى أهله مسرورا، و أما من أوتي كتابه وراء ظهره فسوف يدعو ثبورا، و يصلى سعيرا» (الإنشقاق: 7-12).

«Пас ҳар киро дода шуд номаи аъмоли у ба дасти росташ, пас ҳисоби у шавад осон ва ба суи аҳлаш шодмон шуда боз гардад. Ва аммо ҳар киро дода шуд номаи аъмоли у аз паси пушташ, пас шавад ҳалокат насиби у ва дар дузах вуқуъ хоҳад ёфт». (Иншиқоқ: 7-12).

Ва дар ояти дигар Худованд иршод мефармояд:

«و كل إنسان ألزمناه طائره في عنقه و نخرج له يوم القيامة كتابا يلقاه منشورا، اقرأ كتابك كفى بنفسك اليوم عليك حسيبا» (الإسراء: 13-14).

«Ва ба ҳар одаме часпондем номаи аъмоли уро дар гардани у ва берун орем барои у рузи қиёмат номае, ки бинад онро боз кушода. Гуем, ки бихон номаи худро, ки кофи аст нафси ту имруз бар ту ҳисобкунанда». (Исро: 13-14).

Ҳамчунин дар он руз байни мардум тарозу гузошта мешавад, ки касе аз он зулм нахоҳад дид. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

«فمن يعمل مثقال ذرة خيرا يره، و من يعمل مثقال ذرة شرا يره» (الزلزلة-7-8).

«Пас ҳарки карда бошад вазни як зарра амали нек, ҷазои онро хоҳад дид ва ҳарки карда бошад вазни як зарра амали бад, ҷазои онро хоҳад дид».

(Зилзол: 7-8).

Ва дар ояти дигар ҳақ Таоло мефармояд:

«فمن ثقلت موازينه فأولئك هم المفلحون و من خفت موازينه فأولئك الذين خسروا أنفسهم في جهنم خالدونـ، تلفح وجوههم النار و فيها كالحون» (المؤمنين: 102-104).

«Пас ҳарки гарон ояд каффаҳои тарозуи у, пас он ҷамоат эшонанд росткорон. Ва ҳар ки сабук шавад каффаҳои тарозуи у, пас он ҷамоат ононанд, ки дар ҳаққи хеш зиён кардаанд ва дар дузах ҷовидонанд.Оташ чеҳраҳои эшонро месузо- над ва чеҳраҳои онҳо сиёҳ хоҳад шуд».

(Муъминин: 102-104).

Ҳамчунон иршоди парвардигори ҷаҳониён аст, ки мефармояд:

«من جاء بالحسنة فله عشر أمثالها و من جاء بالسيئة فلا يجزى إلا مثلها و هم لا يظلمون»

( الأنعام-160).

«Ҳарки амали неке анҷом дода бошад, пас урост даҳчандони он амал ва ҳарки амал баде анҷом дода бошад, ҷазо дода нахоҳад шуд, магар мисли он амал ва онҳо ситамкарда нахоҳанд шуд».

(Анъом-160).

Он рузе, ки мардум гирифтори ғаму ғусса шуда, ба сахтии он руз токат накарда ба суи Одам (а) иқдом меварзанд ва Одам (а) барои мардум мегуянд, ки ман барои шумо бар шафоат кардан салоҳияте надорам, сипас ба суи Нуҳ (а), Мусо (а) ва Исо (а) равон мешаванд, лекин ҳеҷ натиҷае ҳосил намегардад. Ва дар охир ба назди паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳозир мешаванд ва он ҳазрат ба даргоҳи илоҳи илтиҷо намуда пурсон мешаванд, то ки мардумро шафоат кунанд. Аллоҳ Таоло илтиҷои сарвари моён (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро мавриди қабул карор дода ба он ҳазрат шафоати бузургро ато мефармояд.

Ҳамчунин муъминоне, ки ба сабаби гуноҳҳояшон вориди дузах шуда буданд, онҳо низ ба шафоати шафоаткунандагон аз дузах хориҷ хоҳанд шуд, чи он шафоаткунанда аз паёмбарон ва ё солеҳин ва ё аз фариштагон бошад.

Инчунин Аллоҳ Таоло бархе муъминонро бе вуҷуди ягон шафоат ба фазлу раҳмати худ аз дузах халос хоҳад кард.

Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло ба паёмбарамон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Ҳавз инъом фармудааст, ки он сафедтар аз шир, ширинтар аз асал ва хушбуйтар аз мушк аст, тулони ва бари он масофаи якмоҳина роҳ аст ва кузаҳояш монанди ситораҳои осмон зебову бисёр аст. Ҳамаи муъминон аз уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба он ҳавз ворид мешаванд ва ҳар касе, ки аз оби ин ҳавз нушад, ҳаргиз ташна нахоҳад шуд.

Дар он руз бар болои дузах Сирот барафрошта мешавад. Ва мардум бар асоси аъмолу кирдорашон аз болои он мегузаранд, дар ин ҳол паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегуянд: «Худовандо саломат дор, Худовандо саломат дор».

Имон дорем бар ҳамаи хабарҳое, ки дар Қуръон ва суннат вобаста ба ин руз ворид шудааст ва ҳеҷ чизеро аз онҳо инкор намекунем.

Имон дорем, ки дар он руз махсус ба шафоати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аҳли биҳишт ба биҳишт дохил нахоҳанд шуд. Зеро он ҳазратро дар амри Худо ширкате нест. Балки ҳаркиро Худо хоҳад ба биҳишт ворид мекунад ва инъоми шафоат барои рафъи дараҷаи паёмбар (с) мебошад.

Ба ҳақ будани биҳишт ва дузах имон дорем. Биҳишт манзиле аст, ки онро Аллоҳ Таоло барои бандагони муъмину солеҳи худ бино кардааст. Дар биҳишт неъматҳое вуҷуд дорад, ки онро банда на ба чашмаш дидааст, на ба гушаш шунидааст на ба хотираш омадааст.

Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

«فلا تعلم نفس ما أخفي لهم من قرة أعين، جزاء بما كانوا يعملون» (السجدة-17).

«Пас ҳеҷ нафсе надонад, ки чи чизҳо пинҳон карда шудааст аз неъматҳо барои эшон, ин буд мукофоти амалҳои онҳо». (Саҷда-17).

Дузах манзиле аст, ки онро Аллоҳ Таоло барои кофирону золимин бино кардааст ва дар он азобҳои гуногун вуҷуд дорад, ки ба хотиру тасаввури банда наомадааст.

Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

«إنا اعتدنا للظالمين نارا أحاط بهم سرادقها، و إن يستغيثوا يغاثوا بماء كالمهل يشوى الوجوه، بئس الشراب و ساءت مرتفقا» (الكهف-29).

«Мо барои ситамкорон оташеро муҳайё кардем, ки фаро гирад бар эшон деворҳои он, агар фарёд кунанд ба фарёди эшон расида шавад ба нушонидани обе монанди мис гудохта шудааст, ки бирён кунад чеҳраҳои онҳоро. Чи нушокии бад аст ва дузах макони баде аст». (Каҳф-29).

Ҷаннат ва дузах ҳозир вуҷуд дорад ва ҳаргиз фони нахоҳад шуд, балки то абад мавҷуд аст. Далел бар ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

«و من يؤمن بالله و يعمل صالحا يدخله جنات تجرى من تحتها الأنهار خالدين فيها أبدا، قد أحسن الله له رزقا» (الطلاق-11).

«Ва ҳарки имон орад ба Худо ва амалҳои солеҳро анҷом диҳад, пас сазовор шавад ба ҷаннате, ки дарёҳо ҷори бошад зери он, ҷовидон онҷо ҳамеша боқи монад, ҳароина Худо барои у ризқе нек сохтааст». (Талоқ-11).

Ҳамчунон мефармояд:

«إن الله لعن الكافرين و أعد لهم سعيرا، خالدين فيها أبدا، لا يجدون وليا و لا نصيرا، يوم تقلب وجوههم في النار يقولون يليتنا أطعنا الله و أطعنا الرسولا» (الأحزاب-64-65).

«Ҳароина Худо лаънат кардааст кофиронро ва оташро барои онҳо муҳайё сохтааст, ҳамеша дар онҷо ҷовидон боқи монанд ва наёбанд ҳеҷ дусте ва на ёридиҳандае. Рузе, ки руйҳои эшон дар оташ гардонида шавад,гуянд,ки эй кош мо фармонбар- дори мекардем Худоро ва фармонбардори мекардем паёмбари уро». (Аҳзоб: 64-65).

Гувоҳи намедиҳем барои шахси муайян, ки биҳишти ё дузахи аст, магар ин, ки Аллоҳ Таоло ва ё паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гувоҳи дода бошанд, ки шахсе биҳишти аст, мисли Абубакр, Умар, Усмон, Али (р) ва саҳобагони дигар. Ва инчунин гувоҳи медиҳем бар касе, ки Аллоҳ Таоло ва ё паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар он гувоҳи додаанд, ки дузахи аст, мисли Абулаҳаб.

Ба фитнаи қабр имон дорем, ки мурда дар кабраш пурсида мешавад аз парвардигораш ва аз дину паёмбараш. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

«يثبّت الله الذين آمنوا بالقول الثابت في الحياة الدنيا و في الآخرة» (إبراهيم-27).

«Ва устувор месозад Худо мусалмононро бар сухани дуруст дар зиндагии дунё ва дар охират».

(Иброҳим-27).

Бандаи муъмин дар ҷавоб мегуяд: Парвардигори ман Аллоҳ, дини ман ислом ва паёмбарам Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Аммо кофир ва ё мунофиқ дар ҷавоб мегуяд: Намедонам, ончи мардум мегуфтанд, мегуфтам).

Имон дорем ба наим (осоиш)-и қабр бар муьминҳо. Чуноне, ки Аллоҳ мефармояд:

«الذين تتوفاهم الملائكة طيبين يقولون سلام عليكم ادخلوا الجنة بما كنتم تعملون»

(النحل-32).

«Ононе, ки фариштагон ононро мемиронанд, дар ҳоли хуби, мегуянд, ки салом бар шумо. Дароед ба биҳишт ба сабаби ончи амал мекардед».

Инчунин имон дорем ба азоби кабр бар кофирон. Чуноне, ки Аллоҳ мефармояд:

«و لو ترى إذ الظالمون في غمرات الموت و الملائكة باسطو أيديهم أخرجوا أنفسكم اليوم تجزون عذاب الهون بما كنتم تقولون على الله غير الحق و كنتم عن آيته تستكبرون» (الأنعام-93).

«Ва тааҷҷуб куни, чун бинигари, ки золимон дар сахтии марг бошанд ва фариштагон дастони худро дароз мекунанд (мезананд), мегуянд, ки руҳҳои худро имруз берун оред, ҷазо дода хоҳед шуд бо азоби хоркунанда ба сабаби ончи бар Худои Таоло ноҳақ мегуфтед ва ба сабаби он, ки аз тасдиқи оятҳои у саркаши мекардед».(Анъом-93).

Дар ин мавзуъ ҳадисҳои зиёде ворид шудааст. Бандаи муъмин бояд бо умури ғайби ба ҳамаи онҳо имон оварда тасдиқ кунад, чи дар Қуръон бошад ва чи дар ҳадисҳои паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ва набояд ин умури ғайбии охиратро ба умуре, ки дар дунё дида мешавад қиёс карда шавад, зеро байни ин ду амр фарқи бузурге вуҷуд дорад.

* * *

Предыдущая страница 1 2 3 4 5Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *