Фанни Ҳуқуқ

Тафтиши судӣ

Тафтиши судӣ қисми марказии муҳокимаи судӣ мебошад, ки дар он таҳқиқи тамоми далелҳои вуҷуд дошта бо иштироки тарафҳо сурат мегирад. Мундариҷаи тафтиши судиро фаъолияти суд ва тарафҳо оиди таҳқиқи далелҳо ташкил медиҳад, ки он барои музокираи судӣ ва ҳукми суд асос шуда метавонад. Бо сифати баланд гузаронидани тафтиши судӣ барои қабули ҳукми қонунӣ ва асосноки суд сабаб шуда метавонад.

Қайд намудан лозим, ки тафтиши судиро такрори тафтиши пешакӣ ҳисобидан дуруст нест. Зеро тафтиши судӣ таҳқиқи мустақилонаи ҳамаи ҳолатҳои воқеии парвандаро дар назар дорад, ки танҳо аз маводҳои дар тафтишоти пешакӣ ҷамъшуда вобаста нестанд. Тафтиши судӣ аз ҷониби дигар субъектони фаъолияти мурофиавӣ, яъне аз ҷониби суд бо иштироки фаъоли тарафҳо ва дигар иштирокчиёни мурофиа гузаронида шуда, тамоми далелҳо якҷоя аз ҷиҳатҳои гуногун таҳлил карда мешаванд.

Тафтиши судӣ дар шакли махсуси мурофиавӣ бо роҳи таҳқиқи ошкоро, даҳонӣ, бевосита ва бетанаффузи далелҳо гузаронида мешавад, ки он имкон медиҳад ҳолати ҷинояти содиршуда дуруст инъикос ёбад.

Дар тафтиши судӣ суд, судя аз хулосаҳои муфаттиш ва прокурор ва ё далелҳои аз тарафи онҳо ҷамъкардашуда вобаста набуда, ҳангоми исботкунӣ дар ҷараёни тафтиш тамоми тахминҳои вуҷуд доштаи ҳодисаи ҷиноятро бояд тафтиш кунад. Суд ӯҳдадор аст қарори худро бо он далелҳое асоснок кунад, ки ин далелҳоро дар тафтиши судӣ санҷидааст.

Дар тафтиши судӣ амалҳои суд, ки доир ба таҳқиқи далелҳо анҷом дода мешаванд нисбат ба амалҳое, ки дар тафтиши пешакӣ гузаронида мешаванд фарқиятҳои муайян дорад. Ҳарчанд тибқи қонун суд барои гузаронидани тамоми амалҳои тафтишӣ имконият дорад, аммо аслан дар тафтиши судӣ гузаронидани кофтуков, ёфта гирифтан, эксгуматсия имкон надорад. Ба сифати амалҳои асосии судие, ки хоси тафтиши судӣ мебошанд, пурсиши судшаванда, ҷабрдида, шоҳидон, гузаронидани экпертиза, азназаргузаронии далелҳои шайъӣ, азназаргузаронии маҳал ва бино муқаррар шудаанд. Аммо қонун гузаронидани озмоиши тафтишӣ, шаҳодаткунонӣ, гирифтани намуна барои таҳқиқи муқоисавиро низ инкор намекунад.

Тафтиши судӣ аз баёни моҳияти айбдоркунии пешниҳодшуда дар ҳаққи судшаванда аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ, дар парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ бошад, аз баёни шикоят аз ҷониби айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндаи ӯ оғоз мегардад.

Раисикунанда аз судшаванда мепурсад, ки оё моҳияти айби эълоншуда ба ӯ фаҳмост, бо айби эълоншуда худро гунаҳкор мешуморад ё не, оё хоҳиш дорад, ки бо айби эълоншуда муносибати худро баён намояд. Ҳангоми нофаҳмо будани айб ба судшаванда моҳияти он фаҳмонда мешавад.

Пас раисикунанда бо мувофиқаи тарафҳо тартиби таҳқиқи далелҳоро муайян мекунад. суд, судя дар ин бора таъинот (қарор) мебарорад. Тартиби пешниҳоди далелҳо аз ҷониби тарафҳо муайян карда мешавад. Тағйир додани тартиби таҳқиқи далелҳо аз ҷониби суд, судя, мумкин аст бо мувофиқаи тарафҳо ва бо баровардани таъиноти (қарори) дахлдор гузаронида мешавад.

Судшаванда бо иҷозати раисикунанда ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи тафтиши судӣ нишондод диҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар қонун тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ низ муқаррар шудааст[1], ки ин яке аз навигариҳои қонуни нави мурофиавии ҷиноятӣ буда дар бисёр давлатҳои дунё амал мекунад.

Мувофиқи ин ин тартиб, судшаванда ҳуқуқ дорад ба суд дар бораи тибқи тартиби соддакардашуда гузаронидани тафтиши судӣ дархост пешниҳод намояд. Ин дархост танҳо дар ҳолате ҷой дошта метавонад, ки судшаванда ба гуноҳи худ пурра иқрор шавад, тарафҳо ба он розӣ бошанд ва суд ба он шубҳа пайдо накунад. Дар чунин ҳолат раисикунанда ба тарафҳо мефаҳмонад, ки даст кашидан аз таҳқиқи далелҳо боиси бо ин асосҳо имконнопазир шудани арзи шикоят ё эътироз ба ҳукм мегардад. Ҳамин тавр, тибқи тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ суд, судя бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он, ки оё эътирофи ӯ маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад, танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда, ба музокираи судӣ гузарад.

Агар суд, судя муайян намояд, ки айби эътирофнамудаи судшаванда асоснок буда, бо далелҳои ҷамъовардашуда оид ба парванда тасдиқ мегардад, ҳукми айбдоркунӣ бароварда, нисбати судшаванда ҷазо таъин мекунад. Зимнан ҷазои таъиннамудаи суд аз се ду ҳиссаи мӯҳлат ё андозаи ҷазои баландтарини барои ҷиноятҳои содиршуда пешбинигардида зиёд буда наметавонад.

Баъди эълони ҳукм суд, судя ба тарафҳо ҳуқуқ ва тартиби аз ҳукм шикояту эътироз оварданро мефаҳмонад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки нисбат ба ҳукми бо тартиби соддакардашуда баровардашуда бо асосҳои яктарафа ё нопурра будани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ; мувофиқат накардани хулосаи суд, ки дар ҳукм баён шудаанд, ба ҳолати воқеии парванда шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин нест[2].

Дархост дар бораи гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ танҳо аз ҷониби судшаванда бо ризои айбдоркунандаи давлатӣ ё хусусӣ ва ё ҷабрдида пешниҳод карда мешавад.

Дар сурати рад намудани дархости судшаванда ё норизоии айбдоркунандаи давлатӣ ё хусусӣ ва ё ҷабрдида барои гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашуда, мурофиаи судӣ бо асосҳои умумӣ гузаронида мешавад.

Вале дар назар доштан зарур аст, ки тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ нисбат ба парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, инчунин дар ҳолатҳое, ки ақалан як нафар аз судшавандаҳо ба гуноҳи худ иқрор набошад, ва парвандаро дар ҳаққи ӯ барои пешбурди алоҳида ҷудо кардан имконнопазир бошад, татбиқ карда намешаванд.

Раисикунанда ба судшаванда ҳуқуқи ӯро дар бораи додан ё надодани нишондод нисбат ба айби ба ӯ эълоншуда ва ҳолатҳои дигари парванда фаҳмонида, инчунин дар бораи он ки тамоми гуфтаҳои ӯ, мумкин аст, бамуқобили ӯ истифода шавад, огоҳ месозад. Ҳангоми ба додани нишондод розӣ будани судшаванда сараввал ӯро ҳимоятгар ва штирокчиёни мурофиа аз тарафи ҳимоя ва сипас айбдоркунандаи давлатӣ ва иштирокчиёни мурофиа аз тарафи айбдоркунӣ пурсиш мекунанд. Раисикунанда саволҳои раҳнамункунанда ва ба парванда дахлнадоштаро аз байн мебардоранд.

Суд, судя пас аз пурсиши судшаванда аз ҷониби тарафҳо ба ӯ савол медиҳад, вале саволҳои дақиқкунанда дар ҳар лаҳзаи пурсиши ӯ дода шуданаш мумкин аст.

Агар судшаванда пурра ба гуноҳаш иқрор ва доир ба айби эълоншуда нишондод додан хоҳад, суд, судя ғайр аз ҳолатҳое, ки нишондоди ӯ ба парванда алоқаманд нест, суханони ӯро набурида мешунавад.

Пурсиши судшаванда дар ғайби судшавандаи дигар танҳо бо ташаббуси суд, судя ё дархости тарафҳо иҷозат дода мешавад. Дар ин бора суд, судя таъинот (қарор) мебарорад. Дар ин сурат пас аз баргаштани судшаванда ба толори маҷлиси суд раисикунанда ӯро аз мазмуни нишондоди дар ғайби ӯ додашуда воқиф намуда, ба ӯ имкон медиҳад ба судшавандае, ки дар ғайби ӯ пурсиш шудааст, савол диҳад.

Дар суд эълон кардани нишондод ё баёноти судшаванда, ки ҳангоми пешбурди таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ додааст, инчунин ба шунидани сабти нишондоди ӯ ё тамошои сабти видео, ки ба протокол замима шудааст, танҳо бо дархости тарафҳо ва бо ташаббуи суд, судя др ҳолатҳои зерин иҷозат додан мумкин аст: ҳангоми мавҷуд будани ихтилофоти назаррас байни нишондоди судшаванда дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ё таҳқиқ дар суд; саркашӣ кардани судшаванда аз додани нишондод дар суд; дар ғоибии судшаванда баррасӣ гардидани парванда.

Ба шунидани сабти овоз ё нишон додани сабти видео бе эълони пешакии нишондод, ки дар протоколи дахлдори пурсиш ё протоколи маҷлиси суд мавҷуданд, иҷозат дода намешавад. Дар бораи шунидан ё нишон додани сабт дар протоколимаҷлисисуд қайд карда мешавад.

Ҷабрдида дар ҳар лаҳзаи тафтиши судӣ бо иҷозати раисикунанда нишондод дода метавонад. Ҷабрдида мутобиқи қоидаҳои пурсиши шоҳидон пурсиш карда мешавад.

Шоҳид дар алоҳидагӣ ва дар ғайби шоҳидони ҳанӯз пурсиданашуда пурсиш карда мешавад. Раисикунанда қабл аз пурсиш шахсияти шоҳидро муайян намуда, муносибати ӯро ба судшаванда ва ҷабрдида аниқ мекунад, қарзи шаҳрвандӣ ва ӯҳдадории ӯро дар бораи додани нишондоди ростқавлона роҷеъ ба парванда, ҷавобгариро барои саркашӣ аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардуруғ мефаҳмонад. Ба шахсоне, ки мутобиқи қонун аз додани нишондод озод карда шудаанд, дар сурати ихтиёран нишондод додан ҷавобгариашон танҳо барои дида дониста додани нишондоди бардурӯғ фаҳмонда мешавад. Аз шоҳидон дар бораи он, ки ӯҳдадорӣ ва масъулияташон фаҳмонда шудааст, забонхат гирифта мешавад. Забонхат ба протоколи маҷлиси суд замима мегардад.

Шоҳидро айбдоркунанда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, судшаванда ва ҳимоятгари ӯ пурсиш мекунанд. Саволро аввал тарафе медиҳад, ки бо дархости ӯ шоҳид ба маҷлиси суд даъват гардидааст.

Раисикунанда ба пурсидани саволҳои раҳнамункунанда ва дигар саволҳое, ки ба парванда алоқаманд нестанд, иҷозат намедиҳад. Суд, судя шоҳидро баъди пурсиши тарафҳо низ пурсиш мекунад.

Шоҳидони пурсидашуда дар толори маҷлиси суд мемонанд ва то хатми тафтиши судӣ бе иҷозати раисикунанда ва ризои тарафҳо толорро тарк намекунанд.

Пурсиши шоҳиде, ки дар рӯйхат танҳо тахаллуси ӯ дарҷ гардидааст, бе эълон намудани маълумоти аслии шахсияти ӯ, бе рӯбарӯкунии вай бо дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ сурат мегирад. Дар ин бора суд, судя таъиноти (қарори) дахлдор қабул мекунад.

Ҷабрдида ва шоҳид сабтҳои хаттиро истифода бурда метавонанд. Ин сабтҳо бо талаби суд бояд пешниҳод карда шаванд.

Ба ҷабрдида ва шоҳид иҷозат дода мешавад, ки ҳуҷҷатҳои дар дасташон бударо, ки ба нишондоди онҳо дахл доранд, хонанд, ба суд пешниҳод кунанд, тибқи таъиноти (қарори) суд мумкин аст ба парванда замима карда шаванд.

Ҳангоми пурсиши ҷабрдида ва шоҳиди то чордаҳсола ва бо салоҳдиди суд, судя инчунин ҳангоми пурсиши ин шахсони аз чордаҳ то шонздаҳсола ба маҷлиси суд омӯзгор даъват карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ, инчунин падару модар ё намояндагони дигари қонунии ноболиғ даъват карда мешаванд. Шахсони зикргардида бо иҷозати раисикунанда метавонанд ба ҷабрдида ва шоҳид савол диҳанд.

Пеш аз пурсиши ҷабрдида ва шоҳиде, ки ба синни шонздаҳ нарасидааст, раисикунанда ба онҳо аҳамияти доир ба парванда додани нишондоди пурра ва дурустро мефаҳмонад. Онҳо барои дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда намешаванд ва аз онҳо забонхат гирифта намешавад.

Пурсиши ҷабрдидаи ноболиғ ё шоҳид бо дархости тарафҳо ё бо ташаббуси суд, судя дар ғоибии судшаванда анҷом дода шуда, дар ин бора суд, судя таъинот (қарор) мебарорад. Баъди ба толори маҷлиси суд баргаштани судшаванда ӯро аз нишондоди ин шахсон хабардор кардан ва барои ба онҳо савол додан имконият фароҳам овардан лозим аст.

Ҷабрдида ва шоҳиде, ки синнашон ба шонздаҳ нарасидааст, пас аз анҷоми пурсиш, ғайр аз ҳолатҳое, ки суд минбаъд ҳам ҳузур доштани онҳоро зарур мешуморад, аз толори маҷлиси суд хориҷ карда мешаванд.

Дар суд ба эълон кардани нишондоди ҷабрдида ва шоҳид, ки ҳангоми пешбурди таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ додаанд, инчунин ба шунидани сабти овоз ё тамошои сабти видеоии пурсиш мумкин аст бо дархости тарафҳо ва ташаббуси суд дар ҳолатҳои зайл иҷозат дода шавад:

— мавҷуд будани ихтилофҳои ҷиддӣ байни ин нишондод ва нишондоде, ки дар суд дода шудааст;

— дар маҷлиси суд ҳозир набудани ҷабрдида ё шоҳид бо сабабҳое, ки имконияти ба суд омадани онҳоро истисно мекунад.

Дар маҷлиси суд инчунин нишондоди ҷабрдида ва шоҳид, ки то ҳалли масъалаи мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда аз тарафи суд пурсиш шудаанд, мумкин аст эълон карда шавад.

Сабти овози ҷабрдида ва шоҳид, сабти видеоии пурсиши онҳоро шунидан ё тамошо кардан мумкин аст.

Суд, судя бо дархости тарафҳо, инчунин бо ташаббуси худ ҳуқуқ дорад дар маҷлиси суд экспертиза таъин кунад. Экспертизаро коршиносоне, ки дар тафтиши пешакӣ хулоса додаанд ё дигар коршиносоне, ки суд таъин кардааст, анҷом медиҳанд.

Раисикунанда таъиноти (қарори) баровардаро дар бораи таъини экспертиза эълон намуда, ҳуқуқи тарафҳоро дар бобати рад кардани коршинос, пешниҳод намудани дархост доир ба ҳайати коршиносон, ба таври иловагӣ ворид намудани шахси нишондодаи тараф, гузаронидани экспертиза аз тарафи намояндагони дигар муассисаи экспертӣ, гузаронидани экспертиза бо иштироки тарафҳо мефаҳмонад.

Дар маҷлиси суд коршинос ҳуқуқ дорад ба шахсони пурсидашаванда савол диҳад, бо далелҳои хаттӣ, протоколҳои амали тафтишӣ, хулосаи дигар коршиносон шинос шавад, дар азназаргузаронӣ ва озмоиш (эксперимент) ва дигар амалҳои судӣ, ки ба мавзӯи экспертиза алоқаманд мебошанд, иштирок намояд.

Ҳангоми зарурати ба ихтиёри коршинос вогузоштани намунаҳо барои таҳқиқи муқоисавӣ қоидаҳои моддаи 215 КМҶ ҶТ истифода бурда мешаванд.

Раисикунанда баъди муайян кардани ҳамаи ҳолатҳои барои додани хулоса аҳамиятнок ба тарафҳо пешниҳод мекунад, ки саволҳои худро ба тариқи хаттӣ ба коршинос пешниҳод намоянд. Саволҳо бояд эълон карда, нисбат ба онҳо ақидаи иштирокчиёни муҳокимаи судӣ шунида шавад. Суд, судя ин масъалаҳоро баррасӣ намуда, бо таъиноти (қарори) худ саволҳоеро, ки ба парванда алоқаманд нестанд ва ё таҳти салоҳияти коршинос намебошанд, рад намуда, саволҳои навро тартиб медиҳад, ки баъди он коршинос ба доир намудани экспертиза ва тартиб додани хулоса шурӯъ мекунад.

Хулосаи коршинос ба тариқи хаттӣ дода, дар маҷлиси суд аз ҷониби ӯ эълон карда, якҷоя бо саволҳо ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.

Агар ба суд коршинос даъват шуда бошад, ки дар тафтиши пешакӣ хулоса додааст, суд метавонад пас аз эълони хулоса, ба шарте, ки он аз ҷониби тарафҳо мавриди эътироз қарор нагирад, экспертиза таъин накунад ва танҳо бо пурсиши коршинос қаноат кунад.

Баъди аз ҷониби коршинос додани хулоса ба ӯ барои тавзеҳ ё пурра кардани хулосааш савол додан мумкин аст.

Ба коршинос тарафҳо савол медиҳанд, зимнан аввал тарафе савол медиҳад, ки бо дархости он экспертиза таъин карда шудааст. Суд, судя ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи пурсиш ба коршинос савол диҳад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун суд, судя метавонанд экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ таъин карда, дар ин бора таъинот (қарор) бароранд.

Далелҳои шайъии ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба парванда ҳамроҳ кардашуда, инчунин далелҳои шайъии нав пешниҳодгардида бояд аз ҷониби суд аз назар гузаронида шавад ва ба тарафҳо пешниҳод гарданд.

Далелҳои шайъиро бо дархости тарафҳо ва ё бо ташаббуси суд, судя дар ҳар лаҳзаи тафтиши судӣ аз назар гузаронидан мумкин аст.

Далелҳои шайъиро барои азназаргузаронӣ ба шоҳидон, коршинос, мутахассис пешниҳод кардан мумкин аст. Шахсоне, ки ба онҳо далелҳои шайъӣ пешниҳод шудаанд, метавонанд таваҷҷӯҳи суд, судяро бо ҳолатҳои вобаста ба азназаргузаронӣ ҷалб намоянд. Натиҷаи азназаргузаронӣ дар протоколи маҷлиси суд сабт карда мешавад.

Далелҳои шайъиро дар маҳалли ҷойгиршавиашон низ суд аз назар мегузаронад.

Протоколи амалҳои тафтишӣ, ки ҳолату далелҳои дар рафти азназаргузаронӣ, шаҳодаткунонӣ, ёфта гирифтан, кофтуков, ҳабси молу мулк, дастгиркунӣ, барои шинохтан пешниҳод кардан, озмоиши тафтишӣ, гӯш кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар гуфтушуниди айбдоршаванда, судшаванда ё дигар шарикони ҷиноят муқарраршуда инчунин ҳуҷҷатҳои ба парванда ҳамроҳшуда ё ба маҷлиси суд пешниҳодгардидаро тасдиқ менамоянд, ба шарте, ки дар онҳо ҳолатҳои барои парванда аҳамиятнок инъикос ё тасдиқ шуда бошанд, бояд аз ҷониби раисикунанда пурра ё қисман эълон карда шаванд.

Ҳуҷҷатҳои ба маҷлиси суд пешниҳодгардида мумкин аст бо таъиноти (қарори) суд, судя ба парванда ҳамроҳ карда шаванд.

Агар азназаргузаронии ягон бино ё маҳалро суд, судя зарур шуморанд, онро бо иштироки тарафҳо аз назар мегузаронанд. Ҳангоми зарурат объект бо иштироки шоҳидон, коршинос ва мутахассис гузаронида мешавад. Барои азназаргузаронии бино суд, судя таъинот (қарор) мебарорад. Ҳангоми расидан ба маҳалли азназаргузаронӣ раисикунанда идомаи маҷлиси судро эълон карда, суд, судя ба азназаргузаронӣ шурӯъ менамоянд ва ба ҷабрдида, шоҳид, коршинос, мутахассис ва судшаванда метавонанд вобаста ба азназаргузаронӣ савол диҳанд. Натиҷаи азназаргузаронӣ дар протоколи маҷлиси суд сабт карда мешавад.

Агар тафтиш ё дақиқ кардани маълумот, вазъият ё дигар ҳолатҳои ҳодисаи муайян ва анҷом додани амали озмоишӣ зарур бошад, суд, судя ҳуқуқ дорад озмоиш гузаронад. Озмоиш аз ҷониби суд, судя бо иштироки тарафҳо гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар озмоиш шоҳид ва мутахассис ҷалб карда мешаванд.

Дар ҳолатҳои зарурӣ ба суд барои шинохтан нишон додани шахс ё ашё бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонун анҷом дода мешавад.

Шаҳодаткунонӣ дар маҷлиси суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун тибқи таъиноти (қарори) суд гузаронида мешавад. Шаҳодаткунонӣ, ки бо бараҳна кардани шахс вобаста аст, дар бинои алоҳида аз ҷониби духтур ё дигар мутахассис анҷом дода мешавад ва пас аз анҷоми кор санади шаҳодаткунонӣ таҳия намуда, имзо мегузоранд. Баъд ин шахсон ба толори маҷлиси суд баргашта, дар ҳузури тарафҳо ва шахси шаҳодаткунонидашуда дар бораи паю нишонаҳои бадани ӯ, ба шарте, ки чунин нишонаҳо ошкор шуда бошанд, ба суд маълумот дода, ба саволҳои тарафҳо ва суд, судя ҷавоб медиҳанд. Санади шаҳодаткунонӣ ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.

Баъди ба анҷом расонидани таҳқиқи ҳамаи далелҳо раисикунанда аз тарафҳо мепурсад, ки оё онҳо хоҳиши пурра кардани тафтиши судиро доранд ва маҳз бо кадом далелҳо. Ҳангоми арзи дархост дар бораи пурра кардани тафтиши судӣ онҳоро суд баррасӣ мекунад.

Баъди ҳалли дархостҳо ва иҷрои амали зарурии судӣ раисикунанда анҷом ёфтани тафтиши судиро эълон мекунад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *