Фанни Забони точики

Сифат ва имлои он

Сифат ва имлои он

Сифатҳо аломати ашё ва чигунагии ҳодисаву воқеаҳоро ифода карда ба саволҳои чӣ хел?, чӣ гуна? ҷавоб мешаванд.

Сифатҳо дараҷаи одӣ, қиёсӣ ва олӣ доранд.

Дараҷаҳои сифат:

одӣ қиёсӣ олӣ
сурх сурхтар сурхтарин
кабуд кабудтар кабудтарин
сафед сафедтар сафедтарин
зирак зирактар зирактарин
калон калонтар калонтарин
танг тангтар тангтарин
тунук тунуктар тунуктарин
хароб харобтар харобтарин
ҷавон ҷавонтар ҷавонтарин

Сифатҳое, ки хусусиятҳои ифодакунии макону замон дошта, аз чӣ сохта шудани предметро мефаҳмонанд, сифатҳои нисбӣ ном доранд: хонаи хиштин, ҳайкали чӯбин, дари оҳанин, ҳайкали сангин; кишти баҳорӣ, себи тобистона, курси шабона, таҳсили ғойибона; кабки хонагӣ, хирси обӣ, оҳуи кӯҳӣ, нолаи ғарибӣ.

Сифатҳо аз ҷиҳати сохт сода, сохта, мураккаб ва таркибӣ мешаванд: сода: сафед, сиёҳ, кабуд, сахт, суст, мулоим, ширин, зебо, далер, часур, хунук, хароб, паст, баланд, шӯр, ғафс, борик, тоза, бад, хуб.

сохта: сафедча, сурхча, шӯрак, сустак, сангин, чӯбин, хиштин, сангин. мураккаб: тортор – мӯйсари тортор, марди сухандон, пӯстисуғурӣ, порапора, хушбӯй, шоҳи сиёсатмадор, бонуи хушхиром, солхӯрда, пешазинтихоботӣ, гуногунмаъно, андешарон, пирсол.

таркибӣ: сарди сард, баланди баланд, хурди хурд, калони калон, сафеди сафед, ширин – ширин, нарм – нарм.

ТАРЗИ НАВИШТИ СИФАТҲО

Сифатҳое, ки якҷоя навишта мешаванд:

пешвандҳои сифатсози ба-, бар-, бе-, бо-, но-, то- бо реша якҷоя навишта мешаванд: гувоҳии бардурӯғ, одами баандеша, зарари бебозгашт, бачаи боандеша,таварруми бомаром, меҳнати босамар;

сифатҳое, ки аз такрори калима ва миёнвандҳои –ба-, -бар-, -дар- иборатанд: суҳбати рӯбарӯ, саволҳои пайдарпай, тӯйҳои пайдарпай, рафиқи дарбадар, хонаи рӯбарӯ, духтари хушқадуқомат, рӯймоли нестандарҷаҳон, шахси зиндадаргӯр;

сифатҳое, ки тавассути пасвандҳои -а, -ӣ, (-гӣ, -вӣ) аз реша ва асосҳои гуногун сифатҳои мураккаб ба вуҷуд меоянд: бачаи чорсола, кампири шастусесола, телпаки пӯстибаррагӣ, соҳаи занбӯриасалпарварӣ, чорабинии пешазинтихоботӣ;

сифатҳои мураккаб: себаҳра, некандеш, бадхашм, бадҷаҳл, бадсиришт, хушрафтор, тезрав.

Сифатҳое, ки бо нимтире (дефис) навишта мешаванд:

сифатҳое, ки аз шумораву исм ва пасвандҳои –а, -ӣ(-гӣ), сохта шудаанд: дафтари 50-дирама, иди 70-солагӣ, кори 5-рӯза, оши 10-сомона;

сифатҳои таъкидии намуди тип-торик, каб-кабуд, сип-сиёҳ, хоп-холӣ, заб-зард, рап-равшан, кап-калон, суп-сурх, куп-кулӯла, наппа-нав, таппа- тахт.

Мисол:

Мактаби хушҳавои 10-сола сап-сафед аст дар миёнаи деҳ.

Мирзо Турсунзода

Рӯйи ӯ, мисли ин ки дар алангаи оташ бошад, тафсида суп-сурх шуда буд. Сотим Улуғзода

Ба қишлоқи каб-кабуди офтобрӯя рафта мерасад.

Раҳим Ҷалил

Дари барак кушода шуда, як мӯсафеди фарсудаи шамшеровехтаи куп-кулӯла ва заб-зард даромада омад.

Раҳим Ҷалил

Дар бисту шашуми август билети наппа-нави комсомолӣ бо муқоваи одии малларанг ва сурати Ленин ба дасти ман даромад.

С. Улуғзода Падарам се соли таппа-тахт бо босмачиҳо ҷанг карда буд.

Раҳим Ҷалил

Сифатҳое, ки ҷудо навишта мешаванд:

— сифатҳое, ки бо пайвандакҳои –у (-ву, -ю) омадаанд: сурху сафед, кушоду равшан, имову ишора, иҷтимоиву сиёсӣ, моддиву маънавӣ, илмиву оммавӣ, маънавию маърифатӣ, доноиву нодонӣ, волою зебо, садқаву банда, сӯзишу дармон, хушиву хурсандӣ, некиву бадӣ, ҷабру зулм, илмию техникӣ, оммавию маърифатӣ, масъалаҳои илмиву амалӣ, мубоҳисаҳои илмию амалӣ, гулҳои сурху бунафш;

— сифатҳои ҷуфти навъи одами боақлу фаросат, духтари хушрафтору хушгуфтор, дашти тафсону сӯзон, ҷойи хушбоду ҳаво, майдони хушку холӣ, биёбони беобу алаф, мардуми бедарду ғам, шахси бехатту савод, мурғи беболу пар, ғуломи беобу замин ва ғ.

Мисол:

Деҳқонони пойбараҳна ва ғуломони беобу замин бо ҳар баҳона ба қозӣ, амалдор, ба раис муқобил мебаромаданд.

С. Айнӣ

Бодҳои сарди Сибир аз Оренбург гузашта, биёбони қазоқро тай карда аз болои чӯли Қизил ба саҳроҳои кушодаи бекӯҳу дараи Бухоро мехазиданд.

С. Айнӣ

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *