Фанни Забони точики

Имлои феъл ва шаклхои феъли

Феълҳои сода замони ҳозира ва гузаштаи наздик месозанд: рав, гӯй, хон, соз, рафт, гуфт, хонд, сохт …

Якҷо навиштани феълҳо

1. Тавассути пешвандҳо гунаи сохта гирифтани феълҳо. Ин навъи феълҳо тавассути пешвандҳои феълсози ме (ҳаме) -, ни -, би -, бар -, дар -, на (ма) -, ме -, боз -, во -, фур (фар) сохта мешаванд. Пешванди ме — ва гунаи қадими он ҳаме — замонҳои ҳозира, оянда ва гузашта месозад: мегӯ (й), мегӯйӣ, мегуфтӣ; мегӯй дар забони клосикон истифода мешуд, навъи мегӯйӣ ва мегуфтӣ дар забони имрӯз ҳам корбурд мешавад. Пешвандҳои ни -, ма — ва боз — ҳам дар забони клосикӣ истифода мешуданд; ни — мисли би -феъли амр месозад, ма — феъли инкор ва боз — такрор дар амалро ба вуҷуд меоварад. Намунаҳо: нишин, нигар, магӯ, манигар, бозхон, бозгӯ … Аммо, гунаи дигари ма -: на — имрӯз дар забони тоҷикӣ ба кор гирифта мешавад. Пешвандҳои феълсози боқимонда: би -, дар -, во -, фур — имрӯз ҳам маҳалли корбурд қарор доранд. Мисолҳо: бирав, даргирифт, вохӯрд, фуромад. Аммо, ин пешвандҳо, ҷуз аз би -, ки корбурди васеъ дорад, дар истифода бисёр маҳдуданд ва дар забони имрӯз ғайр аз ин феълҳо бо дигар феълҳо ба кор намераванд, ҳарчанд ки дар забони классикон бо феълҳои зиёд ҳамроҳ мешуданд.

2. Тавассути пасвандҳо шаклҳои феълӣ: гунаҳои тасрифнашавандаи феъл созмон меёбанд. Ба воситаи пасванди ан — масдар сохта мешавад. Намунаҳо: гуфтан, сохтан, рафтан, омадан, навиштан … Ба воситаи пасвандиҳои — анда (- янда), — а, — гӣ, — ӣ сифатҳои феълӣ (кӣ?, кадом?, чӣ хел?) созмон меёбанд: раванда, гӯянда, хонда, хондагӣ, хонданӣ … Мисолҳои ҷумлаӣ: Раванда бародари Анӯшервон буд. Китобҳои хондаи ман дар ҳамин мавзӯъ буданд. Китобҳои хондагии шумо дар ин мавзӯъ нестанд. Ин китоб китоби хонданист. Ба воситаи пасвандҳои а — ва — он (- ён) феъли ҳол (чӣ тарз?) сохта мешавад: хонда, гуфта, навишта, гӯён, равон, … Мисолҳои ҷумлаӣ: Китоб хонда, ба суханони ман низ гӯш медод. Ин суханро гуфта, бо қаҳр аз дар бадар рафт. Ҷумлаҳоро навишта- навишта, зери лаб чизеро замзама мекард. Инро гӯён, дарро пӯшид. Равон- равон ба сӯйи қудаки гирён менигарист.

Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон,

Дигар мапурс аз ман нишон, к- аз сар нишонам меравад.

(Саъдӣ)

3. Бандаки феълии аст бо феълҳо ҳамеша якҷо навишта мешавад: навиштааст, гуфтааст, рафтааст. Ин бандак дар гунаи ихтисор низ дар навъҳои гуногуни феъл меояд: рафтаст, гуфтаст, рафтанист, гуфтанист …

4. Гунаи мураккаб: ба воситаи чанд вожа сохтани феъл дар феълҳои асосӣ ва тасрифӣ ба вуҷуд намеояд, аммо шаклҳои феълӣ: феълҳои тасрифнашаванда ба воситаи чанд вожа созмон меёбанд, ки гунаи мураккабро ташкил хоҳанд дод, ҳарчанд ки дар ин мураккабшавӣ пасвандҳо низ иштирок мекунананд. Намунаҳо: китобхонон, сухангӯён, фарёдкунон …

Алоҳида навишта шудани феълҳо

Феълҳои таркибӣ: таркибии номӣ ва таркибии феълӣ алоҳида навишта мешаванд. Феъли таркибии номӣ ба воситаи ягон ҳиссаи номии нутқ ва феъл созмон меёбанд. Намунаҳо: китоб хондан, сиёҳ кардан, баланд шудан, дур рафтан, оҳиста гуфтан … Феълҳои таркибии феълӣ ба воситаи феълу феъл сохта мешаванд. Мисолҳо: хонда гуфтан, даромада дидан, нишаста хӯрдан, бархоста рафтан …

Ҳамчунин, феълҳое, ки тавассути алоқаи пайваст созмон меёбанд, ҷудогуна навишта мешаванд. Мисолҳо: навишту хонд, баромаду рафт, нигаристу рафт …

Ҳамчунин, тавассути феълҳои ёридиҳанда (кардан, шудан, истодан, будан …) феълҳо алоҳида навишта мешаванд, ки сохти таркибиро ба вуҷуд меоранд. Намунаҳо: пур кардан, тамом шудан, ҳайрон истодан, банд будан …

Матни 10

«Ҳаюло» аз замону макон қадим аст

Саҳми олимони асримиёнагии форсу тоҷик дар ривоҷу равнақ ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла илми кимиё бағоят бузург аст. Ба ин мисол шуда метавонад, олими асримиёнагӣ Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ. Ин олими бузург на танҳо дар соҳаи тиб, балки дар соҳаи химия(кимиё) нақши бузург бозидааст. Закариёи Розӣ дар Ғарб бо номи лотинишудаи «Разес» маъруф аст. Ӯ аввалин шуда дар шаҳри Рай (Эрон) лабораторияи химиявӣ ва дармонгоҳ таъсис дода буд. Лабораторияи ӯ бо асбобҳо, зарфҳо ва моддаҳои гуногуни химиявӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда буд. Дар соли 1948 олими инглис Ч. Зингер дар бораи асбобҳои аз тарафи Закариёи Розӣ истифода кардашуда чунин навишта буд: «Лабораторияи инглисии баъд аз ҳазор сол ба вуҷуд омада аз лабораторияи Розӣ он қадар ҳам фарқ намекард».

Ҳангоми таснифи моддаҳои химиявӣ Закариёи Розӣ ҳамаи онҳоро ба се гуруҳи калонтарин: растанигӣ, ҳайвонӣ ва минералӣ тақсим кардааст.

Яке аз ақидаҳои муҳимми ин олими шинохтаи форсу тоҷик он аст, ки мегӯяд: «Ҳаюло» аз замону макон қадим аст ва аз ҳеҷ чизе падид намеояд. Ҳаюло аз як ҳолат ба ҳолати дигар мегузарад, шакл ва хосияти худро тағйир медиҳад. Агар ақидаҳои Муҳаммад ибни Закариёи Розиро ба таври содда ва фасеҳи замонавӣ тавсиф кунем, пас метавон хулоса кард, ки ӯ яке аз қонунҳои асосии химия — «Қонуни бақои массаи моддаҳо»-ро зиёда аз 900 сол пеш аз М.В.Ломоносов бо забони соддаи дарӣ баён кардааст.

Супориши 1. Луғатҳои душворфаҳми матнро бинависед ва онҳоро аз худ намоед:

Ҳаюло — модда

Лаборатория- озмоишгоҳ

Дармонгоҳ — беморхона

Муҷаҳҳаз — таҷҳизонидан

Тасниф — ба навъҳо ҷудо кардан

Падид — намоён. падидор; ошкоро, зоҳир

Фасеҳ — фарох, васеъ, паҳновар

Тавсиф — баён кардан, тасвир кардан; баён васф

Бақо — ҳастӣ, мавҷудият, беинтиҳо

Супориши 2. Ба ҷойи нуқтаҳо феълҳои мувофиқро гузошта ҷумлаҳоро нависед.

1. Саҳми олимони асримиёнагии форсу тоҷик дар ривоҷу равнақи илми кимиё бағоят…

2. Закариёи Розӣ аввалин шуда лабораторияи химиявӣ ва дармонгоҳ….

3. Асбобҳои аз тарафи Закариёи Розӣ… аз лабораторияи инглисии баъд аз ҳазор сол… он қадар ҳам фарқ…

(намекард, бузург аст, ба вуҷуд омада, истифода кардашуда, таъсис дода буд).

Супориши 3. Дар матн чанд феъл вуҷуд дошта бошад, муайян намуда, онҳоро ба дафтартон кӯчонед.

Супориши 4. Феълҳо содаи матнро дар дафтар навишта, маънои онҳоро шарҳ диҳед.

Супориши 5. Феълҳои таркибиро дар як сутунча, феълҳои номиро дар дигар сутунча бинависед ва шарҳ диҳед, ки барои чӣ яке номӣ ва дигар феълиянд.

Супориши 6. Муайян намоед, ки чанд феъли таркибии матн аз се ҷузъ иборат аст.

Суприши 7. Оё дар матн шаклҳои тасрифнашавандаи феълӣ истифода шудаанд? Агар, ягон шакли феълӣ бошад, онро шарҳ диҳед.

Супориши 8. Ашъори пандуахлоқии Ҷалолиддини Балхиро навишта, ҳифз намоед:

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

***

Ҳар ки ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,

Бенаво шуд, гарчи дорад сад наво.

***

Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб,

Беадаб маҳрум монд аз лутфи Раб.

***

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ дар ҳама офоқ зад,

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *