Фанни Забони точики

Талаффуз ва имло

Талаффуз ва имло. Имлои ҳарфҳои и,й, ӣ, ӯ,ъ

Соли 1996 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имлои нави забони тоҷикӣ ба тасвиб расид. Имлои нав аз ҷониби комиссияи босалоҳият- гурӯҳи кории иборат аз олимони дастандаркори забону адабиёти тоҷик тарҳрезӣ шуд ва ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод гардид. Бо дигар кардани имлои забони тоҷикӣ дар алифбои тоҷикӣ низ дигаргуниҳо ворид карда шуданд. Мувофиқи имлои давраи шӯравӣ, алифбои кириллиасоси тоҷикӣ дорои 39 ҳарф буд. Дар он ҳарфҳои хосси забони русӣ: ь, ы, ц, щ ҳам дохил буданд. Аввалин тағйирот дар алифбои тоҷикӣ гирифтани ин чаҳор ҳарф мебошад. Сабаби гирифтани ин ҳарфҳо аз алифбои тоҷикӣ он буд, ки ҳарфҳои мазкур бо табиати забони мо мувофиқат намекарданд, қисмати овойии забони тоҷикӣ бо ин овозҳои русӣ- славянӣ ҳамоҳангӣ надошт. Бо гирифтани ин чаҳор ҳарф миқдори ҳуруфи алифбои тоҷикӣ аз 39 ба 35 пойин фуроварда шуд. Тағйироти дуввум дар ҷойгузинӣ- интихоби ҳарфҳо мебошад. Дар алифбои пешини кириллиасоси тоҷикӣ ҳарфҳои ҳамшакл пароканда ва аз ҳам дур буданд. Дар алифбои нав дар мувофиқат бо алифбои форсӣ ҳарфҳои ҳамшакл дар ҳамсоягии ҳам қарор дода шуданд. Ин тарзи ҷойгузинӣ, аз як ҷиҳат бисёр зебо шуд, аз тарафи дигар, барои азёд кардани алифбо басо осон гардид. Тағйироти сеюм дар тарзи талаффузи баъзе ҳарфҳо, монанди: к, л, м, н, р, с, ф, х мебошад, ки қаблан дар мутобиқат бо тарзи овойии алифбои русӣ талаффуз мешуданд. Талаффузи ин ҳарфҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 иваз шуд.

.

Супориши 1. Алифборо бо тартиб ва номи ҳарфҳо ба дафтаратон нависед ва ҳифз намоед.

АЛИФБОИ ЗАБОНИ ТОЧИКИ

ТАРТИБ ВА НОМИ ҲАРФҲО

1) Алифбои забони тоҷикӣ 35 ҳарф дорад:

Аа Бб Вв Гг Ғғ Дд Ее Ёё Жж Зз Ии Ӣӣ

а бэ вэ гэ ғэ дэ йэ йо жэ зэ и (и-и дароз)

Йй Кк Ққ Лл Мм Нн Оо Пп Рр Сс Тт Уу

йот ка қэ эл эм эн о пэ эр эс тэ у

Ӯӯ Фф Хх Ҳҳ Чч Ҷҷ Шш Ъъ Ээ Юю Яя

(у-и дароз) эф ха ҳэ чэ ҷэ ша сакта э йу йа

Имлои баъзе садодорҳо

Овози и чандвазифа дорад:

1) чун изофа ё бандаки изофӣ калимаҳоро бо ҳам алоқаманд менамояд:, омӯзиши моддаҳо, намаки таом, ҳавои кушод;

2) дар охири калимакашида талаффуз меёбад ва ин гуна — ӣ навишта мешавад: сонӣ, ҷорӣ, шолӣ,.

Дар ин маврид, ҷуз вожаҳои сонӣ, ҷорӣ, шолӣ ва шабеҳи инҳо, нақши пасвандҳои калимасози —ӣ, гӣ, вӣ-ро дорад: осмонӣ, менералӣ, хокӣ, химиявӣ, найчаи шишагӣ, сӯзишворӣ, гармӣ,

3) чун бандаки феълӣ ва хабарӣ (-ӣ) меояд: ту бахшидӣ, ту хоҳиш кардӣ, ту нишастӣ, ту боғбонӣ, ту табибӣ;

4) ӣ дар назму насри классикӣ вазифаи пешванди ме-ро низ иҷро мекард: рафтамӣ, дидамӣ:

Супориши 2. Вазифаи овози и аз ӣ дар порчаҳои шеърӣ аз чӣ иборат аст?

Рафтамӣ гаҳ- гаҳе ба дарёбор,

Судҳо дидамӣ дар он бисёр.

Низомии Ганҷавӣ

Музд хоҳӣ, ки дил зи ман бурдӣ,

Эй шигифто, кӣ дида дузди бамузд?

Абӯсалики Гургонӣ

Осуда туйӣ даруни ҳаҷла,

Аз дида манам кушода Даҷла.

Шамсиддин Шоҳин

Шарҳ: шигифт – тааҷҷуб, аҷаб

ҳаҷла – хонаи ороста барои арӯсу шаҳ

Супориши 3. Муродифи вожаҳои ҷаҳонӣ ва таҷрибавиро бо мисолҳо бифаҳмонед. Вазифаи и ва ӣ-ро дар матни зерин муайян кунед.

Матни 4

Гебер

Дар рушду инкишофи илми химияи ҷаҳонӣ олимони асримиёнагии форсу тоҷик саҳми бузург доранд. Яке аз онҳо Ҷобир ибни Хайён мебошад.

Ҷобир ибни Хайён нахустин химиядони машҳури Шарқу Ғарб мебошад, ки дар Ғарб бо номи лотинишудаи «Гебер» маъруф аст. Ӯ дар рафти таҷрибаҳои худ аввалин шуда, кислотаҳои сулфат ва нитратро ҳосил карда, оид ба хосиятҳои нитрати нуқра ва хлориди симоб маълумот додаст. Ҷобир ибни Хайён асосгузори «Химияи таҷрибавӣ» мебошад ва таъкид менамояд, ки дониши ҳақиқиро дар доираи химия бо роҳи таҷриба аз худ кардан мумкин аст.

Овози у низ ду тарзи талаффуз дорад: кӯтоҳ (у) ва дароз (ӯ). Дар баъзе вожаҳо дароз талаффуз шавад ҳам, ҳамон у-и кӯтоҳ навишта мешавад, ба мисли бону, дур, тарозу, оҳу, зону, ҷоду ва ғайра.

Ӯ- и дарозшабеҳи вови маҷҳул, яъне номашҳур, мебошад. Ин ӯ дар аввали калима (ғайр аз вожаҳои иқтибосӣ, аз ҷумла туркӣ ва арабӣ: ӯгай, ӯймоқ, ӯрдак, ӯҳда ва ғайра) намеояд. Дар байн ва охир навишта мешавад: занбӯр, пӯшок, чӯб, сӯхтан, рӯз, рӯ(й). Ӯ ғолибан дар ҳиҷои баста, пеш аз ҳарфи ъ меояд: мӯътабар, мӯътадил, мӯъҷиза, мӯъмин, Нӯъмон.

Пурсиш: Боз кадом калимаҳоро медонед, ки бо ҳарфи ӯ оғоз биёбанд?

Луғат:

зӯҳд – парҳезгорӣ, порсоӣ, беҳавасӣ ба дунё

лӯълӯ(ъ) – марворид, гавҳар

мамнӯъ – манъкарда

мамдӯҳ – мадҳшуда

маснӯъ –эҷодкарда, бо санъат сохташуда

макрӯҳ – зишт, нохуш, нораво

мафтӯҳ – фатҳшуда, кушодашуда

руҷӯъ – бозгашт, муроҷиъат

Супориши 4. Калимаҳоро бинависед ва ба кадом забон тааллуқ доштани онҳоро бигӯед: тулӯъ, мӯшикоф, таваҷҷӯҳ, кӯр, лӯхтак, лӯбиё, маҷрӯҳ, тӯр, кӯтоҳ, нӯҳ, дӯст, дӯғ, дӯш, гӯш, гӯр, гӯсфанд, гурӯҳ, ӯмоч, чӯҷа, шӯх, шӯр, хӯрок, тӯтӣ, тӯл, ӯсма, сӯрох, сӯзан, рӯшноӣ, рӯд, пӯст, пӯлод, нӯг, мӯяк, мӯр, лӯлӣ, кӯҳ, кӯдак, жӯлида.

Оё медонед?

**Сӯхтани сӯзишворӣ, пӯсидани моддаҳои органикӣ, занг задани металл, туршшавии шир, фотосинтезро ҳодисаи химиявӣ ва ё реаксияи химиявӣ меноманд.

**Баъзе ғайриметаллҳо бинобар суст будани фаъолияти химиявиашон дар табиат ҳамчун моддаҳои содда бештар дучор мешаванд

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *