Фанни Молия

Бозори молиявӣ ва аҳамияти он дар шароити иқтисоди бозорӣ

    1. Мафҳуми назариявӣ ва амалии бозори молиявӣ дар замони муосир
    2. Вазифаҳоибозори молиявӣ
    3. Қисмҳои асосии бозори молиявӣ
    4. Мафҳуми назариявӣ ва амалии бозори молиявӣ дар замони муосир

Тайи солҳои охир ибораи бозори молиявӣ дар адабиётҳоииқтисодӣ дастрас гардид. Баъзеи масъалаҳои иқтисоди бозорӣ нисбатан васеъ мавриди ҳаллу фасл қарор дошта бошад ҳам масъалаи бозори молиявӣ, ки яке аз ҷузъҳои таркибии он мебошад аз мадди назар берун мондааст. Аз ин лиҳозиқтисодшиносон қарор додаанд, ки ба қадри имкон, нисбат ба мафҳуми зикршуда, ақидаҳои худро изҳор намуда тадқиқоти чуқуртар намоянд. Пеш аз оне кимо

доираи бозори молиявӣ ҳарф занем, сараввал мо бояд мафҳуми молияро чуқуртар омӯхта баъдан ба маҳаки асосӣ бар мегардем.

Молия ин маҷмӯи муносибатҳои иқтисодие, ки нисбат ба ташаккул ва истифодаи фондҳои пулии таъиноти махсус дар мавриди тақсим ва аз нав тақсим кардани маҳсули холиси ҷамъиятӣ ва даромади миллӣ ба вуҷуд меоянд, молия ном дорад. Муносибатҳое, ки мафҳуми молиявиро фаро мегиранд ҷузъи муносибатҳои истеҳолии ҳар як ҷамъият мебошанд. Дар шароити имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба доираи муносибатҳои истеҳсолиеро овардааст, ки ҷавҳари онро муносибатҳои бозорӣ ташкил медиҳад. Молия чун ҷузъи таркибии муносибатҳои иқтисодӣ аз доираи муносибатҳои бозорӣ берун монда наметавонад. Молия ва омилҳое, ки муносибатҳои ташкил ва истифодаи фондҳои пулии таъиноти махсус доштаро муайян мекунанд, ногузир хусусиятҳо ва қонуниятҳои иқтисоди бозориро ба худ қабул намуда, тибқи талабу дархост ва механизми онҳо инкишоф ва густариш меёбанд.

Бозори молиявӣ яке аз ҷузъи муҳими иқтисоди бозории

ҳозиразамон мебошад, «низоми хунгард»-и он зиёдатии сармояро бо ҷустуҷӯи истифодаи нисбатан самаранок байни соҳаҳо, маҳалҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ таъмин менамояд.

Сабаби дигари хислати бозоргонӣ гирифтани молия дар он аст, ки молия худ ба унсури асосии зерсохти бозор (молия, суғурта, бонкҳо, андозситонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, биржа, молияи корхонаҳо ва соҳаҳои хоҷагии халқ) буда, дар асоси истифодаи қонунҳо ва механизмҳои бозорӣ ба роҳ монда мешавад. Ташкил, тақсим ва истифодаи фондҳои пулии субъектҳои хоҷагидорӣ, новобаста аз ашколи моликият, дар асоси қонунҳои бозор амал намуда, таносубан ба муносибатҳои молиявии мавҷуда сирати бозорӣ мебахшанд.

Мафҳумҳое, ки моҳияти молияро ифода менамоянд (хароҷот, фоида, ҳақдиҳиҳо, маблағгузорӣ, пардохти андоз, арзиши аслӣ, даромаднокӣ, воситаҳои асосӣ ва гардон, истеҳлок (амортизатсия, нарх, бесамарӣ, музди кор ва ғайра) дар асоси қонуниятҳои иқтисоди бозорӣ, ташкил меёбанд ва дар навбати худ молияро ба шароити бозор мутобиқ мегардонанд.

Соҳибихтиёрии иқтисодии Тоҷикистон маънои онро дорад, ки фаъолияти иқтисодиро дар асоси қонунҳои иқтисоди бозорӣ ба роҳ монда, молияи дар шароити бозор мутобиқ шударо дарёфт намояд.

Бозори молиявӣ – ин бозоре, ки тақсимоти воситаҳои пулиро байни иштирокчиёни муносибатҳои иқтисодӣ-миёнаравӣ иҷро мекунад. Бо воситаи ин бозор захирахои молиявии озод ҷамъоварӣ карда шуда, ба

субъектоне, ки онҳоро нисбатан самаранок истифода мебаранд равона месозад. Одатан, айнан дар бозори молиявӣ воситаҳо барои тараққиёти сектори аслии иқтисодиёт дарёфт карда мешаванд.

Бозори молиявӣ дар иқтисоди бозории рушдёбанда нақши хосро иҷро менамояд. Бозори коғазҳои қиматнок ба ҳукумат ва корхонаҳо имкон медиҳад, ки доираи манбаи маблағгузориҳои худро бе маҳдудсозии воситаҳои буҷетӣ, худмаблағгузорӣ ва қарзгириҳои бонкӣ васеъ намоянд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар охири садаи 20 хусусан, бозори фондӣ манбаи асосии захираҳои инвеститсионӣ дар мамлакатҳои рушдёбанда гардид. Бозори коғазҳои қиматнок амонатҳоро ба сармоягузорӣ таъмин намуда, ҷиҳати рушди босуботи иқтисодӣ дар андозаи муайян ва афзоиши некуаҳволии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Батанзимдарорӣ қисмати муҳими бозори молиявӣ буда, ин раванд дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон ҳамчун қоида, дар доираи ду модели гуногун амал мекунад.

Якум, танзимсозии афзалиятдоштаи мақомоти давлатӣ ва танҳо қисмати на он қадар зиёди салоҳият аз рӯи мушоҳида, назорат ва муқаррарнамоии қоидаҳои гузаронидани муомилот ба иттиҳодияҳои иштирокчиёни касбии бозор – ташкилотҳои худтанзимкунанда (ТХТ) (масалан, дар Фаронса) дода мешавад.

Дуюм, додани икониятҳои зёдтарини салоҳиятҳо ба ташкилотҳои худтанзиммкунанда. Ҳангоми ин давлат вазифаҳои назоратӣ ва имконияти дар лаҳзаи дилхоҳ таъсир расонидан ба раванди худтанзимкуниро (Британияи Кабир) барои худ ҳифз менамояд. Дар аксари мамлакатҳо сатҳи марказикунонӣ ва шадидии танзим байни ин ду нуқтаи назар ҷой мегирад. Ҳангоми ин сохтори мақомоти давлатии бозорро танзимкунанда, аз модели бозори интихобнамудаи ин ё он мамлакат (бонкӣ, ғайрибонкӣ), сатҳи марказикунонии идора дар мамлакат (дар мамлакатҳои федеративӣ қисми салоҳият ба минтақаҳо, масалан, дар ИМА ба штатҳо дода шудааст) вобаста мебошад.

Тамоюли умумӣ дар таҷрибаи ҷаҳонии танзими бозори молиявӣ бунёди хадамоти мустақил ё комиссияи коғазҳои қиматнок ба ҳисоб меравад. Дар байни зиёда аз 30 мамлакати бозори рушддошта беш аз 50%-и он мақомоти мустақил аз рӯи коғазҳои қиматнокро доранд, тақрибан дар 15%-и мамлакатҳо танзими бозорро вазорати молия иҷро менамояд, дар 15% идораи якҷоя амал мекунанд. Дар баъзе мамлакатҳои модели бонкии бозорӣ (Олмон, Австрия, Белгия) масъулияти асосии рушди бозори фондиро бонки марказӣ ва мақомоти назорати бонкӣ ба зимма доранд. Ба ғайр аз Швейтсария, ки мақомоти марказии давлатии

танзими бозори коғазҳои қиматнокро надорад (ин вазифа ба минтақаҳо вогузор шудаанд).

Характери махсуси фаъолият дар бозори фондиро ба ҳисоб гирифта, мақоми танзимкунанда вазифаи ташкили муносибат дар бозорро ба худ мегирад. Дар аксар ҳолатҳо ин маънои низоми шадиди роҳ додани ташкилот ё шахсони воқеӣ барои фаъолият дар бозори фондиро дорад.

Ин мақомот дар ИМА Комиссия доир ба коғазҳои қиматнок мебошад. Мутобиқи тартиботи амалкунанда ба зиммаи он бақайдгирии интишор, иҷозатномадиҳии фаъолияти иштирокчиёни бозор, фаъолияти феҳрасткунандагони махсуси саҳомон, миёнаравӣ, дилерӣ, клирингӣ ва фаъолият доир ба ташкили савдои коғазҳои қиматнок гузошта шудааст. Ҳамчунин, Комиссия касбияти кор дар бозори мутташакили фондиро ҳамчун намуди истисноии фаъолият ва имконияти иштироки ташкилотҳо ба монанди бонкҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои саноатӣ ва савдоро танҳо бо воситаи ширкатҳои брокерӣ маҳдуд месозад.

Ба ғайр аз мақомоти марказӣ дар ИМА нақши муҳимро дар танзими бозори фондӣ ташкилотҳои худтанзимкунанда (ба мисли ҳамаи биржаҳо, Ассосиатсияи миллии дилерҳо – NASD, Ассосиатсияи миллии фючерсҳо – NFA ва ғ.) иҷро менамоянд. Онҳо аз иштирокчиёни касбии бозор, ки аз рӯи риояи одоби касбии ҳамкорӣ, қоида ва таомули кор дар бозорро мушоҳида менамоянд, иборатанд. Қарори онҳо маҷбурӣ набуда, вале имкон дорад ба таври назаррас иштирок дар бозорро маҳдуд созанд ва ҳатто иштирокчии касбиро, ки будани он талаботи ногузири Комиссия доир ба коғазҳои қиматнок мебошад, озод намоянд.

Фаъолияти ташкилотҳои худтанзимкунанда дар Британияи Кабир бинобар ба манфиатҳои сармоягузорҳо зарар расонидан, танқид мешуд ва ин замон низ кор дар бозори фондӣ, дар ин мамлакат асосан аз ҷониби давлат танзим мешавад.

Қайд кардан зарур аст, ки ба ғайр аз иштирокчиёни касбӣ дар бозори фондӣ шумораи зиёди сармоягузорони ниҳодӣ, ки дорои захираҳои молиявии назаррасанд ва ба бозор ворид шуда, бештар ҳолати онро муайян месозанд, фаъолият менамоянд. Ба ин иштирокчиён метавон бонкҳо, фондҳои ғайридавлатии нафақавӣ ва ширкатҳои суғуртавиро ворид намуд.

Дар Олмон аз рӯи таомул шахсони асосии дар бозорҳои молиявӣ амалкунанда бонкҳои тиҷоратӣ мебошанд. Онҳо ба кори бозори фондӣ таъсири назаррас расонида, худашон низ метавонанд хизмати мёнаравиро пешниҳод намоянд, вобаста аз мавқеашон ҳам аз миёнарав ва ҳам аз сармоягузор истифода намоянд. Аммо қайд кардан лозим аст,

ки қоидавайронкуниҳои характери ахлоқидошта аз ҷониби бонкҳо дар Олмон нисбат ба ИМА ва Британияи Кабир камтар ба қайд гирифта шудаанд.

Модели идеалии вазифаронӣ ва танзими бозори молиявӣ дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Аз ҳама беҳтари он «миёнаи тиллоӣ» байни идораи шадиди марказикунонидашуда ва танзими ҳамкасбии ташкилотҳои касбӣ мебошад. Барои ҳар як мамлакат зарур аст сатҳи рушди бозор ва ифрасохтори он, таомули он, менталитети иштирокчиён (масалан, арзиши обуруйи иштирокчӣ), боварӣ ба мақомоти танзимӣ ва ҳаҷми сармояи дар ин бозор мубодилашавандаро ба инобат гирад.

Айни замон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон модели мавҷудаи ташкил ва танзими бозори молиявӣ мувофиқат наменамояд. Ба мақомоти танзими давлатии бозори коғазҳои қиматнок танҳо Вазорати молия, Бонки миллӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дохил мешаванд. Танзими ғайридавлатӣ аз ҷониби ташкилотҳои худтанзимкунанда сурат намегирад, чунки онҳо амал намекунанд.

Агар аз ҳолати ҳозираи бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кунем, ҳоло он ташаккул наёфтааст. Ҷалби сармоягузорӣ ба сектори ҳақиқӣ нисбатан заиф мондааст. Доираи фаъолияти иштирокчиёни бозор барои гирифтани даромади аввала нигаронида шудааст, ҳавасмандии маблағгузориҳои дарозмуддат вуҷуд надорад. Дар бозор сармоягузорҳои ниҳодӣ амал намекунанд. Доираи маҳдуди иштирокчиён танҳо байни худ муомилот менамоянд. Заминаи меъёрию ҳуқуқии вазифаронии бозори фондӣ заиф аст.

Дар марҳилаи таҷдиди амиқи сохторӣ баландбардории нақши давлат дар танзими бозори фондӣ зарур аст. Аммо баландбардории нақши давлат дар ташкили ифрасохтори танзимии зиёдатӣ набуда, балки дар сохтмони марҳилавии бозор ба ҷомеаи касбӣ, ҳавасмандии рушд ва ташаккули самти он ба сармоягузории сектори ҳақиқӣ мебошад. Кори танзимкунандагон бояд тобеи ҳадафҳои рушди босуботи иқтисодӣ бо воситаи бозори коғазҳои қиматнок бошад. Натиҷаи ниҳоии ин фаъолият бояд адади ҷалби сармоягузорӣ бо ёрии бозори коғазҳои қиматнок дар сектори ҳақиқии иқтисодиёт бошад.

Ташкили сохтори ғайридавлатии танзимӣ ва додани қисми вазифаҳо ба он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли ногузир мебошад. Қисми вазифаҳои асосӣ ба монанди иҷозатномадиҳӣ, назорат, танзими касбияти иштирокчиён, мумкин ва зарур аст, ки ба ташкилотҳои худтанзимкунанда, биржаҳо, иштирокчиёни гуногуни бозор дода

шаванд. Аммо барои иҷрои ин вазифаҳо омодасозии кадрҳои баландихтисос ва соҳиби таҷрибаи амалӣ заруранд.

Вазифаҳои бозори молиявӣ

Дар шароити иқтисоди бозории замони муосир бозори молиявӣ, аз нигоҳи иқтисодчиён, бояд чунин вазифаҳои иқтисодиро ҳал намояд.

    • ташкили «бозори молиявӣ» дар ҳолати оптималӣ буданаш, вобаста ба объектҳои сохташавандае, ки ҳукумат нисбат ба таъмини мустақилияти иқтисодӣ андешидааст, сиёсати сармоягузорӣ, қарзгузаронӣ, суғуртаи иқтисодӣ ва соҳибихтиёриро таъмин намояд;
    • «Бозори молиявӣ» ва механизмҳое, ки дар он истифода бурда мешаванд, бояд дар иқтисодиёт ҳатман ҳавасмандиро оид ба соҳибкорӣ, корчаллонӣ, мусобиқа, рақобат, самаранокии истеҳсолӣ ва ақлонӣ (зеҳнӣ, интеллектуаллӣ) таъмин намояд;
    • «Бозори молиявӣ», новобаста аз ҷабҳаи шуғл, баҳама кафолати иҷтимоиро дода тавонанд;
  • «Бозори молиявӣ» рақобатро дар байни корхонаҳо, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва давлатҳои соҳибихтиёр нисбат ба сармоягузориҳое (инвеститсияҳое), ки таъмини бозори дохили ҷумҳурӣ ва имконияти бурунмарзиро ба вуҷуд меоранд, ташкил карда тавонад.
    • «Бозори молиявӣ» амнияти иқтисодии соҳибкорони дохилӣ, бурунмарзӣ ва корхонаҳои бо зарар коркунандаро кафолат дода тавонад;
    • «Бозори молиявӣ» корхонаҳои давлатӣ ва соҳибкорони ба касодӣ гирифтор шударо, ки дар ҷумҳурӣ ягонаанд (монополист) ва маҳсулоти онҳо барои хоҷагии халқ бениҳоят зарур ва ё ба соҳибихтиёрии иқтисодӣ асос гузоштаанд, бо воситаҳои молиявӣ таъмин намуда тавонад;
    • хизмати аудиторӣ яке аз ҷузъҳои таркибии бозори молиявӣ буда, бояд на ҳамон қадар бо корҳои тафтиши вазъи молиявии корхонаҳо ва ташкилотҳо машғул бошад, ки ҳамон қадар ба соҳибкорон маслиҳатҳо оид ба вазъи бозори иқтисодӣ ва дар оянда чӣ ҳолати иқтисодӣ тахмин карда мешавад, ба соҳибкор пешкаш карда тавонад, яъне сохтори молиявӣ бояд мушовири кафолатдиҳанда ва беҳтар намудани вазъи иқтисодиёти корхонаҳо ва бозоргониро бар души худ дошта бошад;
    • хизмати аудиторӣ имрӯз дар ҳар як вазорат ва ташкилот дар алоҳидагӣ ташкил карда шудааст, ки бар зарари хоҷагии халқи Тоҷикистон мебошад. Он бояд нисбати фаъолияти тамоми ашколи

моликият дар хизмат, ҳавасмандии молиявии давлатиро пӯштибон ва дар як марказ ҷой дошта бошад.

Бозори молиявӣ ва самараи он бо нишондиҳандаҳои исмӣ (номиналӣ), яъне миқдори соҳибкорони дар хориҷа маблағгузошта,нисбат ба ҳамаи соҳибкорон муайян карда мешавад. Ин нишондиҳандаро бо роҳи тақсими маблағи маблағгузоришуда ба тамоми маблағи сармоягузошташуда низ, муайян кардан имконпазир аст.

Нишондиҳандаи воқеии самараи бозорӣ молиявӣ бо сатҳи музди кори воқеии аҳолии Тоҷикистон, ё худ бо ҳолат ва имконияти соҳибкорон, ки дараҷаи даромаднокии миёнаи дар хоҷагии халқ ба вуҷуд омадаро нишон медиҳанд, муайян карда метавонад.

Барои сектори давлатӣ ингуна нишондиҳанда-ҳолати буҷа мебошад.

Қисмҳои асосии бозори молиявӣ

Бозори молиявӣ дар адабиёти ҳозира ҳамчун бозорӣ коғазҳои қиматнок ва бозорӣ сармояи қарзӣ маънидод карда мешавад. Ин тарзи маънидодкунӣ, аз нигоҳи мо, дидаву дониста, бениҳоят, маҳдуд намудани бозорӣ номбурда мебошад.

Дар мавриде, ки мо бозори молиявиро ҳамчун бозори коғазҳои қиматнок ё худ сармоя шарҳ медиҳем, мафҳуми бозори молиявиро аз таъриф ва низоми молия ҷудо менамоем. Ҳар як амалиёти иқтисодие, ки субъектҳои иқтисодӣ, вобаста ба ташкили бизнес меандешанд дар асоси қонунҳои иқтисоди бозорӣ ба мақсади ҷустуҷӯи манфиати молиявӣ ва аз даст надодани он ташкил карда мешавад. Муносибатҳои дар ин миён ба вуҷуд омада мафҳуми бозори молиявиро ифода намуда, мазмуни онро васеътар мегардонанд.

Бозори коғазҳои қиматнок ва сармояи қарзӣ як қисми бозори молиявӣ мебошад. Асосан бозорӣ коғазҳои қиматнок ба мақсади андӯхтани маблағҳои муваққатан озоди ҳамаи субъект ва объектҳои хоҷагии халқ истифодаи минбаъдаи онҳо ба мақсади маблағгузорӣ ташкил карда мешавад.

Бозори коғазҳои қиматнок дар шакли биржаҳои фондӣ ё худ шуъбаи биржаи молӣ ташкил карда мешавад.

Биржа – (калимаи лотинӣ буда ҳамёнро мефаҳмонад) ташкилотест, ки дар он ҷо коғазҳои қиматнок (биржаи фондӣ) асъор (валюта) молҳои талаботи умумидошта аз рӯи стандарт ё намуди намунавӣ фурӯхта мешаванд. Се шакли биржа биржаи сарбаста, биржаи озод, биржае, ки дар он гуруҳҳои васеъ амал мекунанд ҷой дорад.

0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Як шарҳ

  1. To evaluate the performance of each classification model, we evaluated its accuracy, sensitivity,
    and specificity in identifying participants with depressive
    symptoms as compared to the ground truth.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *