Фанни Молия

Фаъолияти брокер ва дилер дар бозори молиявӣ

1. Вазифа ва ӯҳдадориҳои брокер-дилер дар бозори молиявӣ

2. Қоидаҳои гузаронидани амалиётҳо бо коғазҳои қиматнок

  1. .Амалиётҳои андеррайтингӣ ва назорати дохилии фаъолияти брокер- дилер дар бозори молиявӣ

Фаъолияти брокерӣ (комиссионӣ) – ин бастани аҳду паймонҳо бо коғазҳои қиматнок аз ном ва аз ҳисоби мизоҷ ва ё аз номи худ ба манфиати шахси дигар дар асоси созиши тарафайн бо мизоҷ мебошад. Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки фаъолияти брокериро анҷом медиҳад, брокер номида мешавад.

Байни мизоҷ ва брокер (ширкати брокерӣ) шартномаи супоришӣ ё шартномаи комиссия барои расонидани хизматҳои брокерӣ баста мешавад, ки дар он фоизи муайяни маблағ барои иҷроиши фармоиш ба брокер пардохт мешавад. Яъне брокер созишро аз номи худ, вале аз ҳисоби мизоҷ ба анҷом мерасонад. Брокер метавонад супориши гирифтаашро дар савдои биржавӣ ва ғайрибиржавӣ иҷро намояд. Ҳамаи маблағҳои пулии мизоҷон, ки барои сармоягузории коғазҳои қиматнок ба брокер пардохт шудаанд, инчунин маблағҳое, ки дар натиҷаи хизматрасонии брокерӣ ба даст омадаанд, бояд дар суратҳисоби алоҳидаи бонкӣ ё ташкилоти молиявию қарзии ғайрибонкӣ нигоҳ дошта шаванд.

Фаъолияти дилерӣ – ин бастани аҳду паймонҳо оид ба хариду фурӯши коғазҳои қиматнок аз номи худ ва аз ҳисоби худ бо роҳи расман эълон намудани нархи харид ва ё фурӯши коғазҳои қиматноки муайяншуда бо ӯҳдадории харид ва ё фурӯши ин коғазҳои қиматнок бо нархи эълоншуда аз тарафи шахсе, ки ин фаъолиятро амалӣ менамояд.

Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки фаъолияти дилериро амалӣ месозад, дилер ном дорад.

Ғайр аз нарх дилер ҳуқуқ дорад дигар шартҳои шартномаи хариду фурӯши коғазҳои қиматнокро эълон намояд, аз ҷумла: шумораи камтарин ва зиёдтарини коғазҳои қиматноки харидашаванда ва фурӯхташаванда, инчунин мӯҳлате, ки дар давоми он нархҳои эълоншуда амал мекунанд.

Тибқи модаи 38-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» фаъолияти брокерӣ – ин бастани аҳду паймонҳо бо коғазҳои қиматнок аз ном ва аз ҳисоби мизоҷ ва ё аз номи худ ба манфиати шахси дигар дар асоси созиши тарафайн бо мизоҷ мебошад. Ҳоло дар дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 иҷозатнома барои фаъолияти брокерию дилерӣ дода шудааст.

Рӯйхати иштирокчиёни касбие, ки иҷозатнома барои фаъолияти брокерию дилерӣ доранд:

    1. ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Капитал-плюс», ҶСК

«Тоҷпромбонк», БДА ҶТ«Амонатбонк», ҶСК

«Агроинвестбонк»**

    1. ҶСК «Бонки Эсхата»**
    2. ҶСК «Сомон Капитал»
    3. ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»
    4. ҶДММ «Рахшон»
    5. ҶДММ «Ширкати аввалини брокерӣ»

**Аз ин 6-иҷозатномае, ки барои фаъолияти бокерию дилерӣ дода шудааст, саннаи додани иҷозатномаашон 18.11.2010 мебошад. Ин нишонаи он аст, ки дар соли 2010 барои фурӯхтани саҳмияҳои Роғун онҳо иҷозатномаи фаъолияти брокерию дилериро гирифтаанд. Аз соли 2011 то ин ҷониб иштирокчиёни касбӣ ҳисобот оиди фаъолияташон ба Вазорати молия пешниҳод накардаанд, чунки дигар фаъолияти брокерию дилериро ин иштирокчиёни касбӣ нагузаронидаанд. Барои ҷонок намудани ин намуди фаъолият биржа фаъолият карданаш лозим, чунки бештари фаъолияти клирингӣ, брокерӣ, дилерӣ, депозитарӣ бештар ба воситаи суратҳисобҳои бонкӣ амалиёт гузаронида мешвад.

Дилерҳое, ки мунтазам хариду фурӯши коғазҳои қиматноки муайяншударо бо нархҳои муайян, дар асоси қоидаҳои бозори муташаккил амалӣ месозанд маркет-мейкерҳо номгузорӣ шудаанд. Дар бозор чунин маркет-мейкерҳо аз рӯи намудҳои гуногуни коғазҳои қиматнок бояд на камтар аз 2 нафар бошад.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ» фаъолияти дилерӣ метавонад дар асоси иҷозатнома, ки аз тарафи мақомоти дахлдор дода мешавад, амалӣ гардад.

Дилерҳо ва брокерҳо метавонанд дар ҷойгиркунии аввалияи коғазҳои қиматнок иштирок кунанд, аз ҷумла метавонанд хизматҳои маслиҳатдиҳӣ оид ба бадастории коғазҳои қиматнок ва пешниҳоди қарз барои харидани коғазҳои қиматнок (бо 50%-и гарави худи ҳамин коғазҳои қиматнок).

Вазифаи брокер ва дилер аз инҳо иборат аст:

а) омода сохтан ва пешниҳоди маълумоту тавсияҳое, ки барои

қабули қарорҳои сармоягузорӣ аз тарафи муштариёни ӯ заруранд;

б) анҷом додани муомилот бо қоҷазҳои қиматнок аз ҳисоби худ ва аз ҳисоби муштариҳо, аз номи худ ва аз номи муштарӣ, бо ҳуҷҷатҳо ба расмият даровардани муомилот бо қоғазҳои қиматноки муштарӣ;

в) фароҳам овардани хизматрасонии машваратию иттилоотӣ бо мувофиқаи муштарӣ.

Ӯҳдадориҳои брокер ва дилер аз инҳо иборатанд:

а) муайян кардани мақсаду вазифаи сармоягузорӣ ба қоғазҳои қиматнок аз ҷониби муштарӣ ва анҷом додани фаъолияти хеш тибқи мақсадҳои мазкур;

б) дар доираи салоҳияте, ки тибқи шартҳои шартнома бо муштарӣ барои ӯ муқаррар шудааст, фаъолият намудан;

в) иҷрои супоришҳои муштарӣ бо шарт ва нархҳои барои муштариён фоиданок;

г) мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қарордод оид ба хизматрасонии брокерӣ ба муштарӣ пешниҳод кардани тасдиқот доир ба ҳар як муомила ва иҷрои ӯҳдадориҳои марбут ба он;

д) қабул накардани супориш барои амалӣ сохтани муомила бо қоғазҳои қиматноки муштарӣ, ки кафолати пардохти муомиларо надорад, дар мавриди доштани қоғазҳои қиматнок ва пешниҳодӣ онҳо ба ихтиёри брокер-дилер дар мӯҳлати се рӯзи бонкӣ аз лаҳзаи интиқоли супориши муштарӣ ҳангоми бастани қарори муомила.

Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи фаъолияти брокерӣ-дилерӣ» брокер ва дилер ӯҳдадор аст, ки аз вақти пайдо шудани ихтилофи байни манфиатҳои муштарӣ бо манфиатҳои брокер- дилер яке аз онҳо ҳатман муштариёнро оиди ин масъала огоҳ намояд, инчунин ҳангоми ба миён омадани сабабҳои пастравии ҳолати молиявӣ ва ё аз тарафи мақомоти салоҳиятдор таъин шудани муҷозот онҳоро дар мӯҳлати се рӯз хабар диҳад. Огоҳиномаи мазкур аз тарафи брокер- дилер мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қарордоди хизматрасонии брокерӣ амалӣ мегардад. Зери мафҳуми пастравии ҳолати молиявӣ номувофиқии меъёрҳои устувории молиявии брокер-дилер ба талаботи Вазорати молия дар назар дошта шуда аст.

2.Қоидаҳои гузаронидани амалиётҳо бо коғазҳои қиматнок

Коғазҳои қиматноке, ки ба брокер-дилер тааллуқ доранд, аз қоғазҳои қиматноки муштарӣ ҷудо дар суратҳисоби махсусӣ брокер- дилер дар Депозитарии марказӣ маҳфуз дошта мешаванд.

Ҳангоми гирифтани пул ё қоғазҳои қиматноки муштарӣ брокер- дилер вазифадор аст, ки онҳоро дар суратҳисоби зикршуда ҷой диҳад.

Дар як суратҳисоби брокер-дилер мумкин аст қоғазҳои қиматнок ва маблағҳои ҳамаи муштариёни ӯ ҷойгир карда шаванд.

Брокер-дилер ҳуқуқ дорад маблағҳои муштариро ба манфиати ӯ барои пардохтҳои комиссионӣ ва ғайра, ки марбути амалигардонии муомилаанд, истифода намояд, вале ин маблағҳоро барои муомилаи муштариёни дигар ва муомилоти дигар, ки ба таври махсус дар қарордоди хизматрасонии брокерӣ дарҷ нашудаанд, ҳуқуқ надорад, ки сарф намояд.

Маблағҳои муштариёни брокер-дилер аз тарафи шахси сеюм бидуни мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда забту мусодира намешаванд.

Брокер-дилер муомилотро бо супориши муштарӣ амалӣ месозад ва

ҳуқуқ дорад дар як муомила ба ҳайси брокер ё дилер ширкат намояд.

Ҳангоми фаъолият ба ҳайси дилер брокер-дилер қоғазҳои қиматнокро аз ҳисоби худ мехараду мефурӯшад.

Талабот барои амалигардонии фаъолияти дилерӣ аз тарафи брокер-дилер дар бозорҳои ташкилшаванда мутобиқи меъёрҳои созмондиҳандагони музояда бо қоғазҳои қиматнок муқаррар карда мешавад.

Брокер-дилер амалиётро бо қоҷазҳои қиматноки муштарӣ ба тариқи зайл амалӣ месозад:

а) иҷрои супориши бозории муштарӣ тавассути ба амал овардани хариду фурӯши фаврии қоғазҳои қиматнок барои муштарӣ бо нархи бозорӣ;

б) иҷрои супориши меъёрии муштарӣ тавассути ба амал овардани хариди қоғазҳои қиматнок барои муштарӣ бо нархи на бештар аз нишондоди дар супориш дарҷшуда, ё фурӯши қоғазҳои қиматнок бо нархи на пасттар аз нишондоди, дар супориш буда;

в) иҷрои супориши шартии муштарӣ — тавассути иҷро кардани амалҳои марбути дороии (активи) муштарӣ баъди иҷрои супориши пешина.

Брокер-дилер вазифадор аст ҳамаи кӯшиши худро барои иҷрои супориши муштарӣ равона намояд, инчунин вай ҳангоми ба миён омадани мухолифати манфиатҳо бояд принсипи бартарияти манфиатҳои муштариро риоя намояд.

Брокер-дилер ҳуқуқ надорад, ки ахбори беэътимод оид ба пешниҳоди хариду фурӯш, нарх ва миқдори қоғазҳои қиматнокро аз тариқи васоити ахбори умум намояд.

Аз нав боварӣ намудан барои муомила ба брокер-дилер вақте иҷозат дода мешавад, агар он дар шартнома пешбинӣ шуда бошад ё дар мавриде, ки брокер-дилер дар вазъияти ғайричашмдошт ба миёномада хотири ҳимояи манфиатҳои муштарӣ бо розигию огоҳии ӯ ва бо сабти ҳуҷҷатии он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он даст мезанад.

Дар асоси қарордоди хизматрасонии брокерӣ, аз ҷониби муштарӣ ба брокер-дилер ҳуқуқи қабули қарори сармоягузорӣ дода мешавад.

Тартиби таҳияи дастур барои қабул намудани қарори сармоягузорӣ аз тарафи муштарӣ ва қабули қарори мустақилонаи сармоягузорӣ аз тарафи брокер-дилер нисбати дороии фаъоли муштарӣ масъалаҳои зеринро дарбар мегирад:

а) номгӯи шахсони брокер-дилер, ки барои қабули қарори сармоягузорӣ ва таҳияи дастур оид ба аз тарафи муштарӣ қабул намудани қарори сармоягузорӣ, инчунин сабти аснодии амалҳои зикршуда масъуланд;

б) тартиби сабти сарчашмаҳои ахбор, ки дар асоси таҳлили онҳо қарори сармоягузорӣ қабул гардидааст ва ё барои он дастур дода шудааст.

Пешбурди ҳуҷҷатҳо

Брокер-дилер ҳангоми амалигардонии муомила бо қоғазҳои қиматнок ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро таҳия ва қайд мегирад:

а) шартнома бо муштарӣ дар хусуси хизматрасони брокерӣ; б) супоришномаи муштарӣ;

в) феҳристи қабули супоришномаҳои муштарӣ; г) супориши трейдер;

д) шартномаи брокер-дилер, ки барои иҷрои шартномаи хизматрасонии брокерӣ ва супориши муштарӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок баста шудааст.

Шартномаи хизматрасонии брокерӣ бо муштари то оғози ҳаргуна муомилот бо қоғазҳои қиматнок ва маблағҳои пулии муштарӣ, инчунин баъди шиносоии муштарӣ бо қоидаҳои дохилии амалисозии фаъолияти брокер-дилер баста мешавад.

Шартномаи хизматрасонии брокерӣ илова ба шартҳое, ки дар қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ мегардад, тартиби фаъолиятро муайян намуда ва иборат аст аз:

а) реквизитҳои тарафҳои шартнома;

б) мавзӯи шартнома: пешниҳоди хизматрасонии брокерӣ, аз ҷумла хизмати нигаҳдории номии қоғазҳои қиматнок;

в) ҳуқуқ ва ӯҳдадории тарафҳо;

г) шартҳои эътибор пайдо намудани шартнома ва қатъи амали, он; д) тартиби даровардани иловаҳо бақарордод;

е) ҳисоби байни тарафҳо, аз ҷумла ҳангоми қатъ гардидани амали шартнома;

ж) тарзи ба брокер додани супоришномаи муштарӣ;

з) ҳалли ихтилофоти ба муносибати тарафҳо тааллуқдошта;

и) ҳаҷми даромади комиссионӣ барои хизматрасонӣ ва муомилоти ба анҷом расида бо қоғазҳои қиматнок, аз ҷумла ҳангоми барои пардохти брокер-дилер маблағ надоштани муштарӣ;

к) мубодилаи маълумот байни брокер-дилер ва муштарӣ;

л) ба анҷом расонидани муомилоти қоғазҳои қиматнок бо шахсони вазифадор намудаи муштарӣ;

м) муомила намудан ҳангоми мавҷудияти якчанд моликон.

Дар мавриди хизматрасони аз рӯи нигаҳдории номиналии қоғазҳои қиматнок дар шартнома, инчунин бояд шарту тартиби пешниҳоди маълумот ба муштарӣ доир ба ҳолати суратҳисобҳои ӯ пешбинӣ шаванд.

Мӯҳлати амали шартнома бо розигии тарафҳо муайян карда мешавад.

Амали шартнома дар ин маврид қатъ мешавад: а) бо розигии тарафҳо;

б) бо хоҳиши яке аз тарафҳо, ки дар мӯҳлати 20 рӯз пеш тарафи дигарро огоҳ намудааст;

в) ҳангоми қатъ намудани амали брокер-дилер ва ё бозхондани он;

г) ба тарзи яктарафа ҳангоми иҷро нагардидани шартҳои шартнома. Ҳангоми қатъи амали шартнома брокер-дилер вазифадор аст дар хусуси баргардонидани қоғазҳои қиматнок ва маблағҳои муштарӣ дар мӯҳлати на зиёдтар аз 10 рӯзи бонкӣ чораҳо андешад, ба шарте, ки дар шартнома ҷиҳати хизматрасонии брокерӣ тадбирҳои дигар пешбинӣ

нашуда бошад.

Аҳду муомилот бо қоғазҳои қиматноки муштариро брокер-дилер дар асоси супоришномаи муназами муштарӣ анҷом медиҳад.

Супоришномаи муштарӣ инҳоро дар бар мегирад: а) рақами супоришномаи муштарӣ;

б) таъриху вақти қабули супоришнома;

в) номи муштарӣ ё рақами ҳисоби шахсии ӯ; г) навъи супоришнома;

д) навъи супориш — харид ё фурӯши қоғазҳои қиматнок; е) навъи номи қоғазҳои қиматнок;

ж) вақти амали супоришнома;

з) тартиби пардохт ё таҳвили қоғазҳои қиматнок; и) миқдори қоғазҳои қиматнок;

к) нархи пешбинишавандаи муомила;

л) маълумот оид ба ӯҳдадории пардохти қоғазҳои қиматноки муштарӣ ҳангоми болоравии нархҳои бозории он;

м) имзои муштарӣ ва барои шахси ҳуқуқӣ нусхаи мӯҳр;

н) маълумот доир ба мутахассиси брокер-дилере, ки супоришномаро қабул кардааст;

о) маълумот оид ба мавҷудияти нишондод аз тарафи брокер-дилер доир ба иҷрои муомилаи мазкур;

п) маълумот дар бораи қоғазҳои қиматнок, ки муштарӣ барои фурӯш пешниҳод менамояд ва сабти муназзаму дақиқи санадии он;

р) маълумоти дигар.

Супоришномаи муштарӣ ба брокер-дилер метавонад ба шакли хаттӣ ва аз тариқи воситаҳои алоқаи электронӣ бо дарназардошти ба даст овардани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳотаҳвил гардида, мувофиқи тартиби воридгардӣ ба иҷро мерасонад, ба шарте ки дар шартномаи хизмати брокерӣ чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Брокер-дилер ӯҳдадор аст, ки қабули супоришномаи муштариро дар мӯҳлати як рӯзи бонкӣ, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи хизмати брокерӣ ва қоидаҳои созмондиҳандаҳои музояда тасдиқ намояд.

Нусхаи супоришномаи муштарӣ бояд ба воҳидҳои брокер-дилер таҳвил мегарданд, ки бевосита баҳисобгирии муомилотро бо қоғазҳои қиматнок анҷом медиҳанд ва дар феҳристи супоришномаи муштарӣ инъикос меёбанд, ки он ба таври хронологӣ пешбурда мешавад.

Ҳангоми аз тарафи брокер-дилер ба муштарӣ расонидани хизмати яквақтаина, шартномаи хизмати брокерӣ ва супоришномаи муштариро метавонад бо шартнома — супориш иваз намояд.

Иҷрои супориши муштариро мутахассиси брокер-дилер трейдер дар бозори муташаккил ва номуташаккил ба анҷом мерасонад, ки он дар асоси супориши брокер-дилер, чунин маълумот бояд зикр гарданд:

а) рақами ҷории супоришномаи трейдер;

б) таъриху вақти додани супоришнома барои иҷро ба трейдер; в) навъи супориш;

г) маълумот доир ба супоришномаи трейдер; д) номгӯи коҷазҳои қиматнок;

е) миқдори қоҷазҳои қиматнок;

ж) маълумот оид ба иштирок дар муомилаи брокер-дилер ба сифати брокер ё дилер;

з) таъриху вақти қабули ҳисобот доир ба иҷрои супориш.

Иҷрои муомила бо қоҷазҳои қиматноки брокер-дилер ба сифати брокере, ки маъмур супориш додааст, бояд иловатан инҳоро дар бар гирад:

а) таърих, рақам ва вақти аз тарафи брокер-дилер гирифтани супориши муштарӣ;

б) маълумот дар бораи мавҷудияти тавсияҳои брокер-дилер ба муштарӣ оид ба муомилаи мазкур.

Шарту тартиби додани супориш ба маъмур, маълумоти иловагӣ ва шакли супоришдиҳӣ ба трейдерро метавонад мувофиқи қоидаҳои дохилии созмондиҳандагони музояда, инчунин брокер-дилер муқаррар намоянд.

Муомилот ва амалиёт бо қоғазҳои қиматнок аз тарафи маъмур дар асоси супориши ба трейдер дадашударо ё шахси дигари салоҳиятдодаи брокер-дилер дар бозори бенизом анҷом дода мешавад.

36. Шартномае, ки брокер-дилер ба имзо расонидааст, ҳангоми анҷом додани муомила бо қоғазҳои қиматнок дар бозори номуташаккил илова ба муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории ҷорӣ бояд дарбар гирад:

а) маълумот дар бораи шахсе, ки муомиларо анҷом додааст ва асноди тасдиқкунандаи салоҳияти ӯ;

б) номгӯи пурраю расмӣ ва суроғаи брокер-дилер ва контрагенти муомила;

в) намуд ва арзиши қоғазҳои қиматнок;

г) тартиби ҳисоббаробаркунии тарафҳо ва ҳаҷми умумии барои

ҳисоби тартиби пӯшонидани хароҷот ҳангоми анҷом додани аҳд;

д) маълумот дар хусуси иштироки брокер-дилер ба сифати диллер ё брокер;

е) таърихи вақти қарори аҳд; ж) ва ғайраҳо.

Ҳангоми амалӣ намудани муомилот аз тарафи брокер-дилер ҳамчун брокер шартнома доир ба муштарӣ бояд маълумоти иловагӣ дошта бошад. Шартнома ё нусхаи он бояд ба муштарӣ ё шахси салоҳиятноки ӯ пешниҳод шавад ва нусхаи онро брокер-дилер бояд ҳамроҳи дигар маълумот оид ба муштарӣ нигоҳ дорад.

Қоидаҳои ташкили музояда бо қоғазҳои қиматнок мумкин аст санадҳои дигарро, ки муомиларо бо қоғазҳои қиматнок тасдиқ мекунанд, пешбини намояд.

Ҳуҷҷатҳои марбути муомиларо бояд трейдер дар рӯзи анҷом додани муомила ба брокер-дилер таҳвил намояд.

Баъди имзои муомила бо қғазҳои қиматнок брокер-дилер бояд чунин нишондиҳандаҳои боқимондаи супоришномаи муштариро пур кунад:

а) ҷои имзои муомила;

б) таърих ва вақти дақиқи амалигардии муомила; в) таърихи иҷрои ӯҳдадории дахлдори муомила; г) арзиш ва миқдори қоҷазҳои қиматнок;

д) маълумот оид бақарордоди муомилаҳо.

3. Амалиётҳои андеррайтингӣ ва назорати дохилии фаъолияти брокер- дилер дар бозори молиявӣ

Брокер-дилер ҳуқуқ дорад фаъолияти андеррайтингиро тибқи қарордод бо эмитент оид ба ҷой додани қоғазҳои қиматноки ӯ анҷом диҳад, ки он аз эмитент гирифтани қоғазҳои қиматнок ва фурӯши онро ба сармоягузор фаро мегирад, аз ҷумла:

а) арзиши техникии он ҳангоми ҷой додани қоғазҳои қиматнок;

б) шакли андеррайтинг, бо нишондоди ӯҳдадариҳои брокер- дилер ҳангоми ҷой додани қоғазҳои қиматнок;

в) музди комиссионии брокер-дилер барои бурдани назорат, санадгузории иттиҳодияҳои эмиссионӣ ҳамчунин бо дарназардошти хизмати маслиҳатгари ҳуқуқӣ;

г) ӯҳдадории брокер-дилер дар расонидани хизмат ба эмитент;

д) маблаҷҳои комиссионие, ки аз рӯи ҳисоб ба як қоҷази қиматнок ситонида мешавад ва тақсими қоҷазҳои қиматнок бо дарназардошти як андеррайтер;

е) паст кардани нарх ба ҳар брокер-дилери дар ҷойгирнамоии қоғазҳои қиматнок иштироккунанда, ки аз ҳисоби як қоҷази қиматнок пардохта мешавад;

ж) шарту тартиби пардохти ҳар муомила бо қоғазҳои қиматнок;

з) таърихи эътибори қонуни пайдо намудани қарордоди андеррайтингӣва мӯҳлату шарти қатъи амали он.

Ҷойгирнамоии қоғазҳои қиматнок аз тарафи брокер-дилер то сабти барориши онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун наметавонад амалӣ гардад.

Қарордоди андеррайтингӣ метавонад тарзи дигари хизматрасониро пешбинӣ намояд, ки онҳо марбут ба андеррайтер ё иттиҳодияи эмиссионӣ дар роҳи ташкили барориш ва хизматрасонии ибтидоии ҷойгирсозии қоғазҳои қиматнок мебошанд.

Мудири андеррайтер, ки ҷойгирнамоии қисми начандон зиёди эмиссияи қоғазҳои қиматнокро қабул менамояд, иттиҳодияи эмиссиониро сарварӣ намуда, вазифаҳои зерро ба ӯҳда дорад:

а) идораю ташкили кори иттиҳодияи эмиссионӣ;

б) ҷо баҷокунии ҳайат ва танзими кори иттиҳодияи эмиссионӣ;

в) таҳияю бастани қарордоди андеррайтингӣ ва паймони эмиссионӣ;

г) намояндагии иттиҳодияи эмиссионӣ барои алоқа бо ноширони саҳмия ва шахсони сеюм.

Андеррайтер ҳуқуқ надорад:

а) ба сармоягузорони потенсиалӣ иттилои нодуруст диҳад;

б) ба эмитент оид ба таҳқиқоти гузаронида ҳисоботи хато диҳад, инчунин лоиҳаи эмиссияро нопурраю нокомил ва ё ба ӯ иттилои нокомил пешниҳод намояд;

в) дар вақти барориши қоғазҳои қиматнок дурнамои эмиссиониро истифодаю паҳн намояд, ки он аз дурнамои тибқи тартиботи муқарраршудаи қонунгузории ҷорӣ сабт шуда фарқ намояд.

Агар дар натиҷаи амали ғайриқонунии андеррайтер ва иттиҳодияҳои эмиссионӣ ба эмитент зарари назаррас расида бошад, онҳо дар назди эмитент масъулияти амволи доранд.

Назорати дохилӣ. Брокер-дилер бояд аз ҷониби шахсоне, ки мустақиман вазифаҳои баҳисобгириро иҷро наменамоянд, гузаронидани назорати дохилиро барои таъмини пуррагии маълумот ва махфияти иттилоот ки ҳангоми муқарраршавӣ ва риояи қоидаҳои зайл ба миён меоянд, таъмин намояд:

а) сабт, нигаҳдорӣ ва ба бойгонӣ супоридани ҳуҷҷатҳо, дастрас будани бойгонӣ ва аз нав барқароршавандагии рақамҳо аз бойгонӣ;

б) нигаҳдории бахши электронии омор;

в) дастрас будани иттилоот ба кормандон ҳангоми кор бо васоити барномавии омор оид аз қоғазҳои қиматнок ва маблағҳои муштарӣ;

г) аз ҷониби ҳайати корӣ анҷом додани дастури амал; д) одоби касбии брокер-дилер;

е) чораҳои зидди сӯхтор ва амали мутахассисон ҳангоми ҳолатҳои ҷайричашмдошту фавқулодда.

Қоидаҳои зикршуда аз тарафи брокер-дилер ва муассисаи худтанзим мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешавад.

0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *