Фанни Молия

Муомилотҳои асъорӣ-молиявӣ дар бозорҳои молиявии байналмиллалӣ ва ҷаҳонӣ

    1. Зарурияти амалнамоии бозорҳои молиявии байналмиллалӣ ва ҷаҳонӣ.
    2. Таркиби бозори молиявии ҷаҳонӣ.
  1. Зарурияти амалнамоии бозорҳои молиявии байналмиллалӣ ва ҷаҳонӣ. Омили асосии ташкили бозори молиявии ҷаҳонӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон – ин раванди ҷаҳонишавӣ мебошад, ки ин раванд дар соҳаи молия нисбатан ба пешравӣ (прогресс) ноил гардид. Се омили асосӣ ба ин раванд далел гардид:
  2. Технологияи ахборотии навин, ки марказҳои молиявиро бо ҳам пайваста , хароҷотҳои муомилоти молиявӣ ва вақти онро кам намуд.
  3. Тағирёбии шароитҳои фаъолияти ниҳодҳои молиявӣ вобаста ба бозтанзими фаъолияти бонкӣ.
  4. Пайдоиш ва рушди воситаҳои (инструмент) нави бозори молиявӣ дар асоси механизмҳои суғуртакунонии дутарафа (хеджирование) ва идораи таваккал.

Суғуртакунонии дутарафа ё суғуртаи таваккалҳо (хеджирование) – суғуртаи пастнамоии таваккал (хавф) аз талафоти номусоиди тағирёбии нарх барои фурӯшанда ё харидор мебошад. Моҳияти суғуртакунонии дутарафа дар он аст, ки фурӯшандаи (харидори) мол барои фурӯхтани он шартномаи фурӯш (харид) мебандад ва дар ҳамон лаҳза муомилоти фючерии характери мухолифдоштаро мегузаронад, яъне фурӯшанда шартномаи харид ва харидор бошад шартномаи фурӯш мебандад.

Ҳамин тавр, ҳамагуна тағирёбии нархҳо ба харидор ва фурӯшанда аз рӯи як шартнома зарар орад, ба шартномаи дигар фоида меорад. Вобаста ба ин дар маҷмӯъ иштирокчиёни бозор аз фурӯш ё хариди мол ҳангоми пасту баландшавии нарх зарар намебинанд.

Дар раванди бозтанзими1 фаъолияти бонкҳо маҳдудияти муомилотҳои молиявии бисёрҷониба барҳам дода шуданд. Бонкҳои инвеститсионӣ имкони ба қарздиҳии тиҷоратӣ машғул шуданро пайдо намуданд. Бонкҳои тиҷоратӣ бошанд, имкони ба фаъолияти интишорию муассисӣ, суғуртакунонӣ ба савдои фючерсҳо, опсионҳо ва ғайра машғул шуданро пайдо намуданд.

Дар натиҷа холдингҳои молиявӣ ба вуҷуд омаданд, ки ба мизоҷони худ қатори пурраи хадамотро дар соҳаи машваратҳои молиявӣ ва миёнаравӣ пешниҳод менамуданд. Хусусан ана ҳамин гуна холдингҳо, дар замони ҳозира дар бозори молиявии ҷаҳонӣ ҳукмронӣ мекунанд. Ба ин раванд, ҳамчунин ташкили омилҳои системавӣ, ба монанди ташкили шабакаҳои молиявии глобалӣ, ки дар марказ холдинг мавҷуд мебошад, мусоидат намуданд.

Холдинг (аз анг. Holding – соҳибӣ, тассаруфи кардан) – корпоратсия, компания, ширкати болоӣ, ки фаъолияти дигар корхонаҳо ё ширкатҳоро идора ва назорат менамояд. Дар таҷрибаи хориҷӣ ширкати холдингӣ вобаста аз саҳмияҳои доштааш ҳолати холдингӣ мегирад.

Хусусияти бозори молиявӣ дар он мебошад, ки таваккалро (хавфро) аз нав тақсим намуда, дараҷаи онро барои дигар иштирокчиёни ҷудогонаи

муомилоти молиявӣ паст менамояд ва вазифаронии он ба баландшавии дараҷаи умумии таваккали системавӣ меорад.

2.Таркиби бозори молиявии ҷаҳонӣ.

Бозори молиявии ҷаҳонӣ намудҳои гуногуни бозорҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Бозори асъории ғайрибиржавии танзимшаванда, ки ниҳодҳои молиявии мамлакатҳои гуногунро муттаҳид месозад. Савдо бо роҳи интиқоли электронӣ бо воситаи шабакаҳои глобалии компютерӣ гузаронида мешавад. (Ниҳодҳои молиявӣ – фондҳои инвеститсионӣ, фонди нафақа, ширкатҳои суғуртавӣ, яъне ҳамаи ташкилотҳои хизматрасонии молиявӣ)
  2. Бозори вомбаргҳои биржавӣ ва ғайрибиржавӣ, ки ба интишоркунандагони хориҷӣ имкон медиҳад, то ин ки коғазҳои қимматноки қарзии худро ба бозорҳои бузурги миллӣ бароранд. Маркази молиявии ин бозорҳо дар мамлакатҳои ИМА, Британияи Кабир, Япония, Олмон, Шветсария ва Люксембург воқеъ мебошад.
  3. Бозори якҷояшудаи евроқарзҳо, ки дар он қарзгирандагони байналмиллалӣ дар шакли қарзҳои бонкӣ фондҳои худро ташкил медиҳанд (якчанд мамлакат). Маркази молиявии онҳо дар шаҳрҳои Лондон, Франкфурт, Цюрих, Ню-Йорк, Гонконг, Сингапур ва ғайра воқеъ мебошанд.
  4. Бозори евровомбаргҳо, ки дар он қарзгирандагони байналхалқӣ аз фондҳои қарзии инвеститсионӣ, фонди нафақавӣ, аз ширкатҳои суғуртавӣ ва ғайра имконияти гирифтани қарзҳоро пайдо мекунанд.
  5. Бозори воситаҳои маҳсулӣ (производные инструменты), ки тақсимоти сармояи молиявиро дар байни сарҳадҳои миллӣ таъмин менамояд ва дар байни агентҳои иқтисодӣ – резидентҳои давлатҳои гуногун муомилот гузаронида мешавад.

Воситаҳои маҳсулии молиявӣ гуфта, опсионҳо шартномаҳои фючерӣ, свопаҳо ва ғайра фаҳмида мешавад.

Своп – муомилоти мубодилавии молиявие мебошад, ки ҳангоми муомилоти он активи лозимӣ харида намешавад, балки бо дигар активи

нақдӣ иваз карда мешавад.

Аз рӯи нишондодҳои ХБА гардиши ҳаррӯзаи бозори асъорӣ дар ҷаҳон (дар охири солҳои 90-ум) 1,5 трлн. долларро ташкил додаст.

0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *