Фанни Молия

Ислоҳоти низоми пардохти музди меҳнат дар шароити бозор

Азнавсозиҳои иқтисодие, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ дар мамлакат мегузаранд, ба муносибатҳои махсуси иҷтимоӣ — меҳнатӣ оварда истодаанд. Аз як тараф, дар сатҳи давлатӣ идора ва назорати музди меҳнат гузаронида намешавад, чунки назорат ва ташкили он ба корхонаҳо вогузор шудааст, аз дигар тараф, танзими маҳаки бозории музди меҳнат ҳоло пурра ба кор надаромадааст. Ин ба он оварда расонид, ки равандҳо дар соҳаи ташкили музди меҳнат дар як дараҷаи муайян характери стихиявӣ (номуташакилона ва бенизомиро) гирифтаанд. Музди меҳнат функсияи худашро пурра иҷро намекунад, махсусан такрористеҳсолӣ ва ҳавасмандиро. Дар баробари ин ва дар дараҷаи баланд нақши танзимашро иҷро намуда танҳо нақши иҷтимоиро мебозад ва тадриҷан аз моҳияти бевоситаи муносибатҳои меҳнатӣ дур мешавад. Дар бисёр мавридҳо музди меҳнат аз алоқамандӣ бо самаранокии меҳнат, натиҷаҳои истеҳсолӣ, рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолшаванда дур аст. Қатъи назар аз мураккабии меҳнати мутахассисон ва коргарон тамоюли баробарҳақдиҳӣ ба назар мерасад. Фарқияти калон дар бузургии он ҷой дорад. Музди меҳнати аксари кормандон дар бисёр мавридҳо дараҷаи арзандаи ҳаёти онҳоро қонеъ кунонида наметавонад.

Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат имрўз кафолати иҷтимоӣ шуда наметавонад. Ҳамчунин бадии кор боз дар он аст, ки он нақши ба худаш хосро-нормативи — техникиро набозида истодааст.

Дар доираи музди меҳнат баландравии тафриқа дар дараҷаи музди меҳнати байни соҳаҳо, минтақаҳо ва корхонаҳо дида мешавад. Таркиби музди меҳнат нобаробар шудаааст: қисми аз тариф зиёди он дар бисёр корхонаҳо якчанд маротиба аз қисми тарифии он зиёд мебошад. Ин зарурияти ҳарчи зудтар аз нав дида баромадани системаи тарифиро дар корхонаҳо дорад бо он сабаб, ки тариф вазифаи худ — баҳодиҳии базавии натиҷаҳои меҳнатро бояд иҷро намояд.

Музди меҳнати паст дар кори асосӣ, сари вақт пардохт накардани он, ба муносибати кормандон ба вазифаи худ таъсири манфӣ мерасонад ва ин яке аз сабабҳои асосии шуғли дуюми онҳо мегардад. Низоми ҳамроҳи иҷтимоӣ, ки яке аз механизмҳои асосии танзими бозори меҳнат ва гузоштани нархи қувваи корӣ ба ҳисоб меравад, бисёр суст ба амал омада истодааст.

Нишондиҳандаи асосӣ барои гузоштани ҳадди ақали музди меҳнат бояд хизмат кунад, ҳадди ақали буҷаи истеъмолӣ, на ин ки ҳадди ақали рўзгузаронӣ, ки он дар маънои имрўзааш таъмини афзалияти афзоиши музди меҳнат ва даромади аҳолӣ нисбати афзоиши нархро ифода мекунад. Ташкили музди меҳнат бояд мўътадил инкишоф ёфта, маҷмўи тағйиротҳоро дар маблағгузории талаботҳои иҷтимоӣ, ислоҳоти хоҷагии коммуналӣ – манзилӣ, таъминоти нафақа ва ғайра бояд ба назар гирад.

Такмилдиҳии механизми танзими музди меҳнат ва аз нав барқароркунии вазифаҳои он ҷорӣ намудани ислоҳотро дар ин соҳа талаб мекунад.

Мақсади ислоҳот — ба ҳар як нафар аҳолии қобили меҳнат муҳайё намудани шароитҳое мебошад, ки ба онҳо имконият диҳад, то ки бо меҳнати худашон ба дараҷаи хуби зиндагӣ, таъмини иҷрои вазифаҳои такрористеҳсолӣ, ҳавасмандӣ, танзим ва иҷтимоии музди меҳнат ноил гарданд.

Асоси ин ҳама муваффақ шудан барои кормандони кироя оид ба гирифтани музди меҳнати арзанда, шуғл, кафолати иҷтимоӣ мебошад.

Вазифаҳои асосии ислоҳоти ташкили музди меҳнат чунинанд:

  • гузоштан ва таъмини кафолати давлатӣ дар соҳаи музди меҳнат, пурзўр намудани ҳимояи қонунии ҳуқуқҳои корманд дар бобатӣ сари вақт гирифтани музди меҳнат;
  • ба таври қатъӣ баланд бардоштани андозаи амалии музди меҳнат;
  • ба таври даврагӣ наздик намудани ҳадди ақали музди меҳнат ва басти тарифии разряди 1-уми сеткаи ягонаи таърифӣ (СЯТ) ба бузургии ҳадди ақали буҷаи истеъмолӣ;
  • рушди механизмҳои бозории танзими музди меҳнат;
  • ислоҳ намудани тафриқаи беасос дар пардохти музди меҳнат дар корхонаҳои (ташкилотҳои) соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт;
  • роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар байни меҳнаткашон бо аломатҳои миллӣ, шаҳрвандӣ, ҷинсият, салоҳияти динӣ, аъзои иттифоқи касаба дар бораи музди меҳнат, ки мувофиқи принсипи музди баробар барои меҳнати баробар (мувофиқ) муайян карда мешавад;
  • баланд бардоштани потенсиалии мотиватсионии музди меҳнат.

Дар раванди ҳалли ин вазифаҳо бояд аз он ҷиҳат муносибат намуд, ки музди меҳнат маънои маҷмуӣ (комплексӣ) ва ҳаматарафа дорад.

Дар ҳалли масъалаҳои пардохти музди меҳнат дар аксар мавридҳо ҳатто зиддиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳавасмандии соҳибмулкон, соҳибкорон, кормандон, корхонаҳо ва давлат омезиш меёбанд. Ба ёд меорем, ки барои кормандон музди меҳнат сарчашмаи асосии даромад ва асоси такрористеҳсоли қувваи корӣ ба ҳисоб меравад ва бинобар ин онҳо ҳавасманди гирифтани он ҳастанд. Барои соҳибмулки корхона ин хароҷотҳое мебошанд, ки бо мақсади таъмини такрористеҳсоли васеъ ва якбора дастгирӣ намудани талаботи корхона ба меҳнат бояд кам карда шаванд. Барои давлат бошад, музди меҳнат таҳкурсии андозбандӣ ва нишондиҳандаи дараҷаи зиндагии аҳолии мамлакат ба ҳисоб меравад, барои ҳамин ҳам музди меҳнат бояд доимо баланд бардошта шавад, тавре баланд бардошта шавад, ки дар оянда он паст нашавад ва дар баробари ин рақобатнокии молҳои истеҳсолшуда баланд гардад. Дар ҳама ҳолатҳо баланд бардоштани музди меҳнат танҳо дар ҳолати таъмини афзоиши ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби паст намудани масолеҳғунҷоиши маҳсулот мумкин аст.

Ҳавасмандии иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандонро иттифоқҳои касаба, ҳавасмандии корхонаҳоро соҳибмулкони он ва роҳбарон, ҳавасмандии давлатро ҳокимияти иҷрокунанда ва қонунбарор ҳимоя мекунанд. Дар баробари ин ҳамаи чунин ҳавасмандиҳои зиёд нақшавӣ дар шароити бозор дар ҳамкорӣ бо бозори молҳое, ки дар корхонаҳои алоҳида истеҳсол карда мешавад, амалӣ мегарданд.

Чи қадаре ки бозори меҳнат зарур набошад, нарх ба қувваи корӣ, ҳосил аз рақобатнокӣ, сифат ва нарх ба маҳсулоти конкретӣ зарур мебошад.

Ҳамин тариқ, барои иҷрои вазифаҳои ислоҳоти музди меҳнат зарур аст:

  • таъмини вобастакунии ҳавасмандиҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии соҳибмулкон; соҳибкорон; коргарони кироя ва давлат;
  • таъмини ягонаи баамалории муносибатҳои бозорӣ ва рўоварии иҷтимоии онҳо;
  • коркарди чорабиниҳо ба муқобили кўшиши корфармоён — гузоштани хароҷотҳо оид ба барқароркунии қувваи корӣ ба ҷамъият;
  • ба раванди шартнома дохил намудани масъалаҳои тақсимоти маҳсулоти изофа байни корманд ва корфармо.

Дар ҷамъбаст иҷрои танзими механизми маҷмўӣ ва системавии ташкилӣ-иқтисодии музди меҳнат, ки асосаш ин таносуб ва алоқамандии шакл ва усулҳо мебошад (расми 2), зарур аст:

  • танзими музди меҳнат дар бозори меҳнат;
  • танзими давлатӣ;
  • танзими шартномавӣ;
  • идораи музди меҳнат дар корхона.

Ҳаҷм ва таркиби талаботҳои шахсӣ бо таъсири рушди қувваҳои истеҳкунандаи ҷамъият, илм ва маданият, баланд шудани дараҷаи қонеъ гардонидани талаботҳои моддӣ тағйир меёбад.

Талаботҳои шахсӣ ҳамчун қувваи фаъолгардонии рафтори меҳнатии инсон дар назар дорад, ки асоси қонеъ намудани талаботҳои моддӣ танҳо бо ёрии меҳнат ба даст оварда мешавад. Барои ҳамин ҳам чунин дарки муносибат ба меҳнат, ки вай ҳамчун таъмини воситаи вуҷудоти ҷисмонӣ, қабул шудааст пайдо мешавад. Дар натиҷа талабот шакли ҳавасмандӣ ба ин ё он намуди фаъолиятро мегирад, ки дар натиҷа талабот ба ёрии ташкилотҳои қонунбарор пайдо мешавад, то ки иштирокдорони гуфтушунидҳои коллективӣ, тарафҳои шартномаи меҳнатӣ масъалаҳои музди меҳнатро ҳал намоянд.

Дар танзими музди меҳнат бояд созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мақоми махсусро бозад, ки дар онҳо ўҳдадориҳо оид ба иҷрои қонунҳо, додани кафолатҳо дар соҳаи музди меҳнат муайян карда мешавад; шароити музди меҳнати коргарони кироя бо назардошти хусусиятҳои соҳавӣ, минтақавӣ, инчунин самаранокии кори ташкилот, таносуб дар музди меҳнати роҳбарони ташкилотҳо ва коргарони кироя ва ғайра гузошта мешавад.

Яке аз механизмҳои зарурии танзими музди меҳнат ин шартномаи меҳнатӣ мебошад. Аз ин бармеояд, ки меҳнат ҷавҳари истеҳсолоти коллективӣ, шакли асосии танзими музди меҳнат бояд ба ҳисоб рафта, барои гуфтушунидҳои коллективонаи меҳнаткашон бо ҳамкорони иҷтимоӣ асос гардад. Намояндагони меҳнаткашон дар дараҷаи қонун ҳуқуқи бурдани гуфтушунидҳои коллективӣ ва бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективиро бояд дошта бошанд.

Ташкили музди меҳнат дар шароити иқтисоди бозорӣ аз амалиёти бозори меҳнат сахт вобаста аст: амалиёти бозор метавонад ҳам мусбат ва ҳам манфӣ бошад. Бозори меҳнат:

  • Ҷудошавии ҷамъиятро шиддатноктар мегардонад;
  • Ҳифзи иҷтимоиро таъмин намекунад;
  • Хушзеҳниро ба навовариҳо ва таҳқиқотҳои илмӣ суст мекунад;
  • Кўшиши монополиякунонии бозор ва аз тарафи корхонаҳои калон фурў бурдани корхонаҳои миёна ва хурдро ба вуҷуд меорад;
  • Мувофиқати пешравиҳои таркибиро дар иқтисодиёт пурра таъмин намекунад;
  • Масъалаҳои дарозмўҳлати рушди инфраструктураи истеҳсолӣ ва иҷтимоиро ҳал намекунад;
  • На ҳама вақт ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

Ҳамаи оқибатҳои манфии амалиёти бозори меҳнат ба дараҷаи ташкил ва музди меҳнат таъсири манфӣ мерасонад.

Барои ҳамин ҳам механизми танзими бозори меҳнат дар асоси ҳамкории арза ва тақозои меҳнат ва музди меҳнат ба танзими давлатии бозори меҳнат, ки мақсад аз он бартараф намудани оқибатҳои манфӣ мебошад, илова карда мешавад.

Давлат дар фаъолияти худ кўшиш мекунад, ки ба тарафҳои мусбии бозор дахолат накарда, баръакс фишангҳои иқтисодиеро истифода барад, ки ба табиати муносибатҳои бозорӣ мувофиқ бошад.

Ба ин фишангҳо дохил мешаванд: андозҳо, имтиёзҳо ба андоз, фоизҳои қарз, андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ва ғайраҳо. Дар ҷамъбаст танзими бозорӣ ва давлатӣ якдигаро пурра мекунанд ва дар ин асос натиҷаҳои ниҳоӣ ба даст оварда мешавад.

Танзими давлатии иқтисодиёт ба устуворгардонии истеҳсолот (сиёсати андоз ва маблағгузорӣ), маблағгузории барномаҳои илмӣ- техникӣ (барномаҳои мақсаднок), маблағгузории соҳаҳои ғайрибозории иқтисодиёт (мудофиа, нақлиёт, маориф, илм, тандурустӣ), дастгирии давлатии рақобат (сиёсати ғайримонополикунонӣ), устуворгардонии системаи пулӣ (сиёсати молиявӣ), бартараф намудани тафриқаи молӣ ва иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ равона гаштааст.

Танзими бозори меҳнат бо мақсади таъмини мувофиқакунонии байни арза ва тақозои қувваи корӣ ҳам бо ҳаҷм ва ҳам бо таркиб, яъне на танҳо барои ба даст овардани баробарии самараноки арза ва тақозо, инчунин барои гузоштани нархи бозорӣ ба қувваи корӣ гузаронида мешавад.

Бозори меҳнат ҳамчун объекти идора се унсурро дар бар мегирад: арза, такозо ва нархи қувваи корӣ. Ин унсурҳо бо ҳам дар робитаи мустаҳкам мебошанд. Масалан, давлат тақозоро танзим кунонида, ба нарх ва арза таъсир мерасонад. Дар натиҷаи танзим дар динамикаи арза, тақозо ва нархи қувваи корӣ пастшавӣ, афзоиш ё устуворгардии дараҷаи шуғл ба амал меояд.

1. Танзими давлатии ташкили музди меҳнат

1.1. Танзими ҳуқуқии ташкили музди меҳнат:

  • Ҳадди ақали музди меҳнат;
  • Ҳадди ақали буҷаи истеъмолӣ;
  • Буҷаи ҳадди ақали зиндагӣ;
  • Индексатсияи музди меҳнат аз сабаби беқурбшавӣ;
  • Низоми андозбандии музди меҳнат.

1.2.Ташкили базаи нормативӣ барои ташкилот:

а) системаи таърифии музди меҳнат;

  • маълумотномаи тарифӣ – тахассусӣ;
  • ҷадвали ягонаи тарифӣ;
  • ставкаи тарифӣ ва маоши вазифавӣ;

б) шакл ва системаҳои музди меҳнат;

в) илова ва изофапулиҳо бо назардошти музди меҳнат ;

г) музди меҳнати шартномавӣ.

2. Низоми бисёрдараҷаи ҳамкории иҷтимоӣ

2.1 Созишномаи генералӣ – музди меҳнатро бо роҳи муайянкунии дақиқи ҳамаи дастурамалҳо оид ба танзими давлатии ташкили

музди меҳнат танзим менамояд.

    1. Созишномаи соҳавӣ – танзими музди меҳнат бо назардошти

хусусиятҳои соҳаҳои алоҳида.

    1. Созишномаи минтақавӣ – танзими музди меҳнат бо назардошти

хусусиятҳои минтақавӣ.

    1. Шартномаи коллективӣ — дастурамалҳои соҳавии

ташкили музди меҳнатро бо назардошти иҷрои вазифаҳои ташкили идораи музди меҳнат дар корхонаи алоҳида мушаххас менамояд.

3. Идораи музди меҳнат дар корхона

3.1 Ташкили музди меҳнати тарифӣ, ғайритарафӣ ва шартномавӣ.

3.2 Ташкили бамеъёргирии меҳнат ва коркарди меъёрҳо ва

нормативҳои меҳнат, супоришҳои меъёрӣ.

    1. 3.3 Ташкили иловапулиҳо ва ёрдампулиҳо барои шароит ва натиҷаҳои меҳнат.
    2. 3.4 Банақшагирӣ ва ташкили низоми ҳавасмандии меҳнат.

3.5 Банақшагирии маблағҳо барои музди меҳнат ва ташкили

    1. фонди музди меҳнат.

3.6 Ташкили иловапулӣ ва имтиёзҳои иҷтимоӣ.

3.7 Ташкили низоми иштироки кормандон дар фоида.

Расми 3. Мазмуни элементҳои механизми танзими ташкили музди меҳнат

Амалиёти беҳтарини бозори меҳнат баробариро байни арза ва тақозо бо нигоҳ доштани тамоюли афзоиши нарх ба қувваи корӣ таъмин менамояд. Таносуби арза ва тақозо, ки вобаста аз нархи қувваи корӣ аст, вазъи бозори меҳнатро тавсиф медиҳад. Дар вақти мувофиқ омадани арза ва тақозо вай баробар мешавад, дар мавриди зиёдшавии арза аз тақозо – меҳнаткамчин, дар мавриди зиёдшавии тақозо бар арза меҳнатбарзиёд. Аз ҳамин лиҳоз бозори меҳнати меҳнатбарзиёд ба бекорӣ мусоидат менамояд, ки он ба пастшавии музди меҳнати миёна таъсир мерасонад ва бо ин танҳо на масъалаи шуғл, балки инчунин масъалаи музди меҳнати арзанда пайдо мешавад.

Барои мувофиқ кунонии таносубҳо ва қисмҳои бозори меҳнат маҷмўи системаи танзими шуғл зарур аст.

Ҳамин тавр танзими музди меҳнат дар бозори меҳнат ба ҳалли вазифаҳои ба даст овардани баробарии байни арза ва тақозои қувваи корӣ дар ҳолати таъмини афзоиши музди меҳнат ва паст намудани дараҷаи бекорӣ мусоидат мекунад. Дар амал ҳалли ин вазифаҳо, бо назардошти хусусиятҳои бозори меҳнат, масъалаи душвор мебошад. Аз ин рў ҳамаи вазифаҳои танзими музди меҳнатро танҳо дар ҳолати мавҷуд будани низоми макро ва микроиқтисодии танзим ва ташкили ҳамкории иҷтимоӣ, бо назардошти иҷрои мазмуни элементҳои механизми ташкилӣ- иқтисодии ташкили музди меҳнат, бозори меҳнат метавонад иҷро намояд (Расми 3).

Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ корхонаву ташкилотҳо дар бобати муқаррар намудани низоми мукофотдиҳии коргарон комилан соҳибихтиёранд. Шарту шароитҳои он дар шартномаи коллективӣ нишон дода мешавад. Аммо чунин корхонаву ташкилотҳоро зарур аст, ки як қатор талаботҳоро риоя намоянд. Аз ҷумла:

— нишондиҳандаҳои мукофотдиҳӣ бояд ба вазифаҳои истеҳсоли корхона мувофиқат намоянд

— шумораи нишондиҳандаҳои мукофотдиҳӣ ва шартҳои он набояд аз 2-3 зиёд бошанд;

— байни нишондиҳандаҳо ва шартҳои мукофотдиҳӣ набояд ихтилофи мантиқӣ вуҷуд дошта бошад;

— нормативҳои мукофотдиҳӣ бояд муайян карда шаванд (ҳаҷми мукофот);

— шидданокии нишондиҳандаҳои мукофотдиҳӣ баҳогузорӣ карда шаванд;

— ба доираи шахсони мукофотгиранда онҳое дохил шаванд, ки ба нишондиҳандаи мукофотдиҳӣ таъсири бевосита мерасонанд;

— кафолати ҳатмии пардохти мукофотро вобаста ба сарчашмаҳои муайян таъмин намоянд;

— вобаста ба хусусиятҳои хоси истеҳсолот мукофотдиҳиро давра ба давра муқаррар намоянд ( расми 5.1).

НизомБоби4рис5

Қайд кардан ҷоиз аст, ки нормативҳои мукофотдиҳиро ба таври алоҳида барои иҷроиши нақша, бар зиёд иҷро шудани нақша, рушди ҳосилноки меҳнат, пастшави арзиши аслии маҳсулот ва ғайра бояд муқаррар кард.

Самти асосии ҳавасманд намудани хизматчиён, мутахассисон ва кадрҳои роҳбарикунанда ин мукофотонидани онҳо барои сари вақт ва барзиёд иҷро кардани нақшаи истеҳсолӣ ба шумор меравад. Дар шароити иқтисоди бозори аҳамияти нишондиҳандаи даромаднокии корхона нихоят боло меравад. Аз тарафи дигар барои иштирокчиёни раванди истеҳсолот низ афзоиши нишондиҳандаи даромаднокиашон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Аз ин рў афзоиш додани нишондиҳандаи даромаднокии кадрҳои роҳбарикунанда, шарти муҳими инкишофи корхона ба ҳисоб меравад.

Ба сифати нишондиҳандаҳои асосии мукофотонидани корҳои дастгоҳи идоракунӣ сари вақт ва барзиёд иҷро кардани нақшаи истеҳсолӣ ва афзоиш даромади корхона, нисбат ба давраи гузаштаи истеҳсолӣ, баромад мекунанд. Тартиби муқаррар намудани мукофот чунин аст:

— таҳлили маълумотҳои оморӣ, оперативӣ ва муҳосибӣ.

— таҳлил ва баҳогузории корӣ иҷрошуда ё хизматрасонии амалишуда.

— муқаррар кардани ҳаҷми мукофот (одатан ба %) барои коргарон ба музди меҳнат аз рўи андозаи таърифӣ ё нархномаи кор; барои хизматчиён, муттахассисон ва роҳбарон ба музди меҳнат аз рўи оклади вазифавиашон.

Дар амал баъзе намудҳои махсуси мукофотдиҳи ҳам истифода бурда мешавад. Онҳо метавонанд фарди ё худ коллективӣ бошанд. Ин гуна мукофотҳоро мукофотҳои якмартавӣ меноманд. Новобаста аз шаклу низоми пардохти музди меҳнат дар корхонаҳо мукофотҳои якмартави зерин истифода бурда мешавад:

— мукофотдиҳӣ дар охири сол.

— мукофотдиҳӣ барои иҷрои вазифаҳои махсусан муҳиму таъҷилӣ.

— мукофотдиҳӣ ба муносибати фарорасии ид ва дигар тантанаҳои миллӣ.

Мукофотдиҳӣ дар охири сол бо назардошти натиҷаи фаолияти умумии корхона дар охири сол амалӣ карда мешавад. Одатан ҳаҷми мукофот аз собиқаи корӣ коргарони ҳамон корхона вобастагӣ пайдо мекунад. Барои муайян кардани ин вобастагӣ шкалаи махсус тартиб дода мешавад, ки намунаашро дар поён меоварем:

Собиқаи бетанафуси корӣ. Коэффисенти мукофотдиҳӣ.

Аз 1 то 2 сол 1,0

Аз 2 то 3 сол 1,3

Аз 3 то 4 сол 1,6

Аз 4 то 5 сол 1,8

Аз 5 боло 2,0

Ҳамчунин корхонаҳо дастурамалҳои махсусе коркарда мебароян, ки дар он тартиби муайян кардани мукофотдиҳиҳои яквақта, барои иҷрои супоришҳои мaхсусу таъҷилӣ, ё нишондиҳандаҳои сифатнокии кор нишон дода мешавад. Дар чунин ҳолатҳо корхона метавонад ба коргарон ба ҷои пул ҳар гуна тўҳфаҳои арзишнок тaқдим намояд. Одатан чунин тўҳфаҳо аз қабили молҳое интихоб мешаванд, ки муддати истифодабариашон дуру дароз аст. Чунончи: яхдон, телевизор, мошина ва ғайра. Роҳбарияти корхона ҳамасола бояд ба самаранокии низоми пардохти музди меҳнат ва низоми мукофотдиҳии интихобкардаашро ҳисоб карда барояд. Самаранокии низоми пардохти музди меҳнат ва низоми мукофотдиҳиро пеш аз ҳама нишондиҳандаҳое чун ҳавасмандии моддиву маънавии коргарон, болоравии сатҳи тахассуси онҳо, даромаднокии корхона, сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ( хизматрасонӣ) ва ғайра муайян менамояд.

Дар ҳолати натиҷаи мусбӣ надодани нишондиҳандаҳои зикршуда роҳбарияти корхонаро мебояд, ки интихоби низоми пардохти музди меҳнат ва низоми мукофотдиҳиро аз нав баррасӣ намояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *