Фанни Молия

Инкишофи иқтисодӣ дар давраи феодализм

    1. Тавсифоти умумӣ ва хусусиятҳои феодализм дар Аврупои Ғарбӣ ва даврабандии он.
    2. Ташаккул ва инкишофи иқтисодиёт ифеодалӣ дар Аврупои Ғарбӣ:

а) инкишофи феодализм дар Германия;

б) инкишофи феодализм дар Фаронса;

в) инкишофи феодализм дар Инглистон.

    1. Ҳолати хоҷагии қишлоқ дар Аврупои Ғарбӣ
    2. Шарҳи феодалӣ, ҳунармандӣ ва тиҷорат дар Аврупои Ғарбии асрҳои XI-XV
    3. Тавсифоти умумӣ ва хусусиятҳои феодализм дар

Аврупои Ғарбӣ ва даврабандии он.

Дар асоси тарзи феодалии истеҳсолот ҳокимияти пурраи феодалҳо ба замин, ҳокимияти нопурра ба кормандон – деҳқонони крепостной меистанд. Барои феодализм системаи истисмори истеҳсолкунандагони бувоситаи неъматҳои моддии шахсан ба феодал тобеъ хос аст. Дар шароити тарзи феодалии истеҳсолот деҳқонон соҳиби замин шуданд ва хоҷагии худро доштанд помешчик – феодалҳоро бо қувваи корӣ таъмин мекарданд. Деҳқонон аз замини феодалҳо ба сифати қитъаи саҳми истифода бурда, вазифадор буданд, ки хадмати онҳоро ба ҷо оваранд, ба василаи олоти худашон дар замини помешчик кишту кор кунанд ё маҳсулоти изофаи меҳнати худашонро ба ӯ диҳанд. Агарчи феодал бар хилофи ғуломдор молики пурраи деҳқон набуд, вобастагии иқтисодии онҳоро пурра мекард. Дуруст аст, ки помешчик бар шахсияти марди деҳқон ҳукмравоии бевосита надош вай касеро, ки замин надоштаву хоҷагии худашро пеш мебурд, маҷбур карда наметавонист, ки ба вай кор кунад.

Нишонаҳои асосии тарзи феодалии истеҳсолот инҳоянд:

  1. ҳукмрон будани хочагии натуралӣ;
  2. ҳиссадор карда шудани истеҳсолкунандаи бевосита (марди деҳқон) ба воситаи истеҳсолот ба замин;
  3. вобастагии бевоситаи марди деҳқон ба феодал (заминдор);
  4. куҳнаву фарсуда будани техникаи истеҳсолот

Сохти феодалӣ, ки дар инкишофи рузафзуни ҷамъияти инсонӣ зинаи навбатӣ мебошад, дар натиҷаи хароб гардидани тарзи ғуломдории истеҳсолот ба миён омад. Аз форматсияи иҷтимоию иқтисодии ғуломдорӣ ба форматсияи феодалӣ гузаштан аҳамияти погрессивии таърихӣ дошт. Муносибатҳои истеҳсолии феодалӣ чунин шакли ҷамъиятие гардиданд, ки инкишофи минбаъдаи қувваҳои истеҳсолиро имконпазир гардонд. Марди деҳқон, ки хоҷагии худро дошт, ба самараи меҳнати худ манфиатдор буд, бинобар ин меҳнати ӯ нисбат ба меҳнати ғулом самарабахштару ҳосилноктар буд.

Шакли асосие, ки дар он деҳқононро истисмор кардани феодалон амлӣ карда мешуд, рентаи феодалӣ буд. Рента ифодаи иқтисодии моликияти феодал ба замин ва моликияти нопурраи ӯ ба марди деҳқон буд.

Се навъи рента вуҷуд дошт: бегорӣ, оброк ва пулӣ. Маъмулан тамоми ин навъҳои рентаи феодалӣ ҳамзамон вуҷуд доштанд, вале дар давраҳои мухталифи тарзи феодалии истеҳсолот яке аз ин навъҳо бартарият пайдо кард. Дар ибтидо рентаи бегорӣ буд, баъд – рента бо маҳсулот (оброк) вале баъд – рентаи пулӣ.Табдили тарзи ғуломдории истеҳсолот ба тарзи фуодалии истеҳсолот дар шакли классикитараш дар қораи аврупоӣ ба амал омад. Дар поёни мавҷудияти империяи Рим бадал карда шудани ғуломи дар меҳнати худаш пурра манфиатдори набуда ба коргаре, ки дар кори худаш як дараҷа ташаббус зоҳир карда метавонист, зарурати объективӣ буд. Қабилаҳои қадимае, ки ҳолиёт дар марҳилаи футур рафтани сохти ибтидоӣ — ҷамоавӣ қарор доштанд, низ дар инкишофи ҷамъияти худашон ба зинае расида буданд, ки тақоз ба инкишофи муносибатҳои феодалӣ дошт. Ҳамаи ин аз бисёр ҷиҳатҳо бо ин маънидод карда мешуд, ки ҳам франкҳо, ҳам германиҳо, ҳам келтҳо, ҳам боз славиянҳои ғарбӣ — хуллас, қариб кулли қабилаҳои қадима ҳаммаи он дигаргуниҳоеро дар соҳаи фаъолияти хоҷагидорӣ дар давраи охири мавҷудиёти империяи Рим доро буданд ва, ба ин ё он дараҷа дар рӯзгори худашон ҳис мекарданд. Ана барои чӣ халқҳои Аврупои Ғарбӣ, ки империяи Римро барҳам зада буданд, Ғулодориро як сӯ гузошта, якҷоя бо римиён мустақиман ба тарзи феодалии истеҳсолот гузаштан. Тарзи ғуломдории истеҳсолот дар ин замон таърихан умрашро ба поён расонда буд.

Дар аврупои Ғарбӣ феодализмдар роҳи инкишофи худаш чанд марҳиларо тай кардааст:

Марҳилаи 1-ум – феодализми бармаҳал (асри миёнагии бармаҳал) мебошад, ки аз асри V то поёни асри X-ро дар бар мегирад. Ин замони ташаккули сохти феодалии пайдоиши вай аст, даме ки заминдории калони феодалӣ ба миён меояд, ва тадриҷан аз тарафи феодалон крепосной карда шудани деҳқонони озоди ҷамоавӣ ба вуқӯъ мепайвандад ва хоҷагии натуралӣ комилан ҳукмфармон мегардад. Давлати феодалии аз ҳама қадимтарин – шоҳигарии франкҳо мебошанд.

Марҳилаи 2-юм – давраи феодализми мутараққӣ (шукуфоии асри миёнагӣ) асрҳои XI-XV-ро эҳтиво менамояд. Ин замони на фақат инкишофи пурраи тарзи феодалии истеҳсолот дар деҳот, балки инчунин аҳди комёбиҳои шаҳрҳои асри мийнагӣ ҳунармандии ҷамъиятӣ ва тиҷораташон мебошад. Дар ин марҳила дар бадали давлатҳои аз ҷиҳти сийсӣ пароканда, давлатҳои бузургӣ марказиёфтаи феодалӣ пайдо мешавад.

Марҳилаи 3-юм — ин замони шӯришҳои азими деҳқонӣ мебошад, ки ҷомиаи асримиёнагиро ба ларза оварда бед. Ин давраи феодализми поёнёбанда (поёни асри миёнагӣ) охири асри XV- миёнаи асри XVII, замони таназзули феодализм ва дар қаъри он ба воя расидани тарзи нави капиталистии истеҳсолот мебошад.

    1. Ташаккул ва инкишофи иқтисодиёти феодалӣ дар Аврупои Ғарбӣ

а. Инкишофи феодализм дар германи

Давлати франк дар таърихи иқтисодиёти Врупои Ғарбии асрҳои V-IX нақши мкҳим дошт. Франкҳо аз чан қабилаи қадимаи германиҳо иборат буданд. Дар нимаи дуюми асри V, даме, ки империяи Рим ба пошхурдан сар кард, франкҳо ба ҳамлаи муқобили римҳо гузашта Галяро пурра фатҳ карданд ва дар поёни асри V давлати Франкро ташкил доданд, ки дар сари он шоҳ Хлодвиг (солҳои 481-511) қарор гирифта, сулолаи Меровингҳоро ибтидо гузошт.

Соҳаи асосии хоҷагии давлати германиҳои қадим зироаткорӣ буд. Илова ба ғаллакорӣ онҳо ба ҷорводорӣ, обчакорӣ ва токпарварӣ машғул буданд. Дар деҳқонӣ дам додани замин ба кор бурда мешуд. Агар замини барои кишт таъингардида бешазор мебуд, пешакӣ ҷангал буридаву оташ зада мешуд (системаи оташ задану решакан кардан). Минбаъд ба дузаминӣ, вале баъд ба сезаминӣ гузоштан аз прогресси агротехникии ҷиддӣ дар зироаткорӣ шаҳодат медод. Арзан, гандум, ҷав кишт карда мешуд. Зироатҳое ба мисли лубиёву нахуд интишор доштанд. Аз зироатҳои техникӣ — зағир.

Ғайр аз деҳқонӣ онҳо ба чорводорӣ машғул буданд. Хусусан парвариш кардани хук. Селаи хукон маъмулан тамоми сол дар бешаҳо буда, худашон чарида мегаштанд. Парвариши оғилхонагӣ кам истифода мешуд хоҷагии қшлоқ манбаъи асосии васоити зиндагӣ буд. Инчунин ба моҳигирӣ, шикор, мурғпарварӣ ва замбуриасалпарварӣ машғул мешуданд.

Дар поёни асри V – ибтидои асри VI қабилаҳои қадимаи гурманӣ франкҳо дар давраи завол ёфтани низоми ибтидоӣ-ҷамоавӣ қарор доштанд, ки боқимондаҳои он низом хеле пурқувват буданд. Моликияти хусусӣ ба замин ҳанӯз вуд надошт ва деҳқонӣ кори обшинагӣ буд. Дар ҳудуди ҳар як деҳа замин ба колективи деҳқонони ҳамшафат таалуқ дошт, ки онҳо ҷамъаро ташкил медоданд. Он «Марка» ном дошт. Ҳар як оила барои истифода ва кишт қитъаи замин мегирифт ва баъзан қитъаи ҷудогонаи як марғзори томро ҳам. Баъзе аҳли ҷамоъа дар ҳуқуқи ҳукмфармоӣ кардан ба саҳми худ маҳдуд буданд. Тамоми саҳми киштшавандаи онҳо баъди ҷамъоварии ҳосил ва кулли саҳми марғзориашон баъди даравидани алафаш ба чарогоҳи умум табдил меёфт. Заминҳое, ки на саҳми киштзорӣ буданду на марғзорӣ, дар истифодаи ҳамагон қарор доштанд. Ҳамаи аъзои ҷамоъа дар истифодаи ин заминҳо ҳуқуқи баробар доштанд. Фақат хона, қитъаи наздиҳавлигӣ ва дороии манқула аз моликияти хусусии аҳли ҷамоъа иборат буданду бас.

Тамоми франкҳо аз рўи мавқеи ҷамъияташон аз лиҳози шахсият деҳқанони озод буданд.

Аммо дар дохили худи ҷамоъаҳо – маркаҳо – раванди ба табақаҳо ҷудо шудан аз лиҳози моликият ба миён меомад, ин раванд, ба муносибати пайдо шудани моликияти хусусӣ ба саҳми зинаҳои обшинагӣ дар поёни асри VI – аввали асри VII, ки аллода ном гирифта буд, якбора авҷ гирифт. Ба вуҷуд омадани аллода ногузир ба минбаъда футур рафтани ҷамоъаҳо – маркаҳо, қувват гирифтани ҷудоии синфҳо, истеҳком ёфтани давлат сабаб шуд. Барои инкишоф ёфтани моликияти беандозаи феодалӣ ба замин шароити обективӣ ба миён меояд. Ин раванд аз ҳисоби мукофотҳои шоҳ ба дружинникҳо ва калисо, инчунин бо роҳи мустақиман ба даст оварда шудани заминҳои деҳқонони хонавайроншуда сурат мегирифт. Шоҳон бузургтарин соҳибмилкони заминдорон буданд. Милкҳои онҳо аз заминҳои истилошудаи Рим, аз заминҳои озоди ҳанӯз миёни ҷамоаҳо тақсимнагардида, инчунин аз заминҳое, ки шоҳон аз рақибони сиёсиашон, аз ҷумлаи милкдорони калон мусодира кардаанд, иборат буданд. Шоҳон аз ҳамин фонди заминашон ба муқаррабони худашон – дружиникҳо мансабдорон ва калисо ба ҳайси моликияти хусусӣ замин тақсим карда медоданд. Аз ваҷҳи сабабҳои мухталиф бисёр деҳқонон аллодҳояшонро аз даст медоданд, вале заминҳои онҳо ба моликияти феодалон табдил меёфтанд, ки минбаъд ба соҳибони пешинаашон – деҳқонон ба ивази ӯҳдадориҳои муайяне – меҳнати бемузд ё оброк барои истифода баргардонида мешуданд. Ҳаминтавр, марди деҳқон аз шахси озод ба каси вобастаи феодал, минбаъд – инчунин ба крепостной табдил меёфт. Аз миёнаҳои асри VIII раванди феодалӣ гардидани ҷомиаи германиҳо сурат мегирад. Ин ба ҷангҳои тӯлонӣ ва ба пурқувват шудани ҳокимияти шоҳӣ дар аҳди Королингҳо (сулолаи нави шоҳон, ки соли 751 барқарор шуда буд), хусусан дар аҳди Карли Кабир (солҳои 768-814) алоқаманд аст. Империяи Карли Кабир соҳати беканори Фаронса, Германия ва Италияро фаро мегирифт. Дар давлати Франк дар асрҳои VIII-XI дар муносибатҳои аграрӣ табаддулоти воқеъи ба амал меояд. Ин табаддулот дар суръати раванди ба вуҷуд омадани моликияти беандозаи феодалӣ ва крепостноӣ гардидани даҳқонони озод дар замин замина зоҳир мешуд. Ҷангҳои истилогароне, ки давлати Франк пеш мебурд, тавону тоқати деҳқонони озоди Франкро комилан шикаста, онҳоро ба таври оммавӣ ба крепостной табдил дода, пойбанди замини феодалҳо карданд. Барои гарони ин ҷангҳо бар души мардуми озоди дараҷаи поён камаршикан омад. Оммаҳои зироаткор барои халосӣ ёфтан аз ин бор на фақат қитъаҳои замини худашонро, балки инчунин шахси худашон ва хонадонҳояшонро ба ихтиёри заминдорони калон, хусусан калисо доданро афзал донистанд. Деҳқонон на фақат заминҳояшонро аз даст доданд, балки инчунин озодии шахсияшонро қурбон карда, ба дастнигари заминдорон, коркунони милкҳои феодалӣ табдил ёфтанд. Дар натиҷаи табадуллоти аграрӣ тоифаи озоди деҳқонон дар давлати Франк қариб комилан аз байн рафт. Дар мамлакат тарзи феодалии истеҳсолот барқарор гардид. Дар охири асри VIII ва дар асри IX дар ташкили хоҷагидорӣ ба ҷои марка вотчинаи феодалӣ барқарор мешавад.

Вотчинаҳои феодалӣ андозаи кало ва хурд доштанд. Заминҳо ба ду қисм тақсим шуданд – заминҳои хуҷаинон ва заминҳое, ки дар истифодаи деҳқонони зурдаст қарор доштанд. Баро вотчинаи феодалӣ наттуралӣ будани хоҷагиҳо хос буд. Дуҳқонон на фақат баро феодал, атрофиёну хидматгарони ӯ, инчунин барои худашон на фақат маводи ғизоӣ, балки лавозимоти пӯшок, пойафзол, чизу чораи заруриро истеҳсол мекарданд. Ба ҳамин тариқ, коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва моли хом аз истеҳсолашон ҷудо набуданд, марди деҳқон на фақат зироаткор буд, балки кору бори ҳунармандонро низ худаш ба ҷо меовардад. Бинобар ин тиҷорат ривоҷ надошт. Вотчинадор танҳ чизҳои зиёдатии тасодуфан ба миён омадаро мефурухт ва танҳо он чиро меҳарид, ки дар худи вотчина истеҳсол карда мешуд. Алоқаи тиҷоратӣ миёни қисмҳои ҷудогонаи империяи шоҳӣ мавҷуд набуд. Империяи Карли Кабир баъд аз сари худаш дер давом накард. Ин мутлақияти ҳарбию феодалии бармаҳале буд, ки барои давлати марказиёфтаи ҳақиқӣ аз заминаи иқтисодии кифояткунанда маҳрум буд. Ҳукмронии хоҷагии натуралӣ, аз лиҳози хоҷагидорӣ конорҷӯӣ кардани вилоятҳову ноҳияҳои ҷудогона, тараққиёти сусти шаҳрҳову тиҷорат, рушди мустаъқилияти баъзе вотчинаву князҳои калотар – ҳамаи ин ба парокандашавии ногузири империя боис гардид. Баъди пош хурдани империяи Карли Кабир (соли 843) муддати тӯлоние дар сарзаминҳои Зарейн чор давлати мустаъқил мавҷуд буданд. Давлати ягонаи немисҳо дар асри X пайдо шуд. Дар соли 962 дар натиҷаи таҷовузи феодалҳои германӣ дар Италия «Империяи Муқаддаси Рим» ба вуҷуд омад. Аммо ҷудоихоҳии герсогҳову баронҳои немис барҳам дода нашуд. Бинобар ин дар аҳди Оттон I ва ҷойгузинони ӯ давлат кӯшиш мекунад аз калисо дастгирӣ ёбад. Дар ин шароит феодалӣ шудани Германия суръат мегирад.

Дар асрҳои XII – XIII Германия мамлакати соф феодалӣ буд. Феодалҳои Германия алментҳои бешазоронро пароканда карда аз ҳисоби обшинаҳо – маркаҳо тоза кардани он ҷойҳоро пеш гирифтанд. Қувват гирифтани заминдории феодалӣ пеш мерафт. Ҳоло дар асри XI қисматнопазирии ленҳо (феодҳо)

Ҳангоми меъросбардорӣ муқаррар шуда буд, аз асри XII бошад, хоки князигиҳо чун моликияти ирсӣ ҳисобида мешуд. Мураттаб гардидани иерархияи феодалӣ ба вуқуъ пайваст. Табақаи министериалҳо (хидматгузорони дарбор) ба миён омад.фогигарӣ, симбиози ба худ хоси заминдории калисову дунявӣ яке аз интишорёфтатарин шаклҳои моликият гардид. Дар асрҳои XII – XIII дар Германия ҳам шудгор кардани замини хӯҷаин ҳодисаи думӣ буд, вале дар асрҳои XIV – XV характери сектори аграрӣ дигаргун шуд. Гузаштан ба истисмори оброкӣ ба миён меояд, ки як қатор хусусиятҳо дошт. Системаи нигаҳдошти оброкӣ шакли «иҷораи мейерӣ»-ро гирифт, ки на дар ҳама ҷо вуҷуд дошт. Рентаи пулӣ (чиниш) дар баъзе ноҳияҳои Германия вуҷуд дошт. Дар давраи асримиёнагии деранҷом – дар асрҳои XVI – XVII прогресси эҳёи баршинаҳо ба мушоҳида мерасад ва Германия ба заминаи аграрии Голандия ва Инглистон табдил меёбад.

б. Инкишофи феодализм дар Фаронса. Дар ибтидо феодализми фаронсавӣ низ падидае буд дорои пайдоиши римӣ. Феодализм дар Фаронса дар тулли яку ним ҳазор сол инкишоф ёфт. Дар поёни асри VIII дар Фаронса табаддулоти аграрӣ сар шуд. Хонахароб гардидани табақаи деҳқон бо забт карда шудани заминҳои обшинагӣ аз тарафи феодалони калон ҳамвора пеш омад. Вале феодалҳо ба комилан ронда шудани деҳқонон аз сари замин манъфиатдор набуданд, зеро дар давраи феодализм на аз замин дур карда шудани мардум, балки баръакс, ба замин пойбанд карда шудан манбаи истисмори феодалӣ буд. Раванди амиқ рафтани феодалигардонӣ ба хароб гардидани франкҳо ва ташаккули иерархия феодалӣ оварда расонд. асосӣ таъминоти муносибатҳои тобеъият (васаллӣ) феод (лен) гардид. Феод аз инкишофи минбаъдаи бенифис иборат буд. Тақдири минбаъдаи феодализм фаронсавӣ ба таҳаввули серваж алоқаманд аст. Серваж як навъи крепостнойчигӣ буд, ки барои Фаронсаи асрҳои Х-ХIII хос буд. Истисмори баршинагӣ мағзи асосии ӯҳдадориҳои деҳқононро ташкил медод.

Системаи заминҳои кушод, ки ноҳияҳои ғаллакори Фаронса доман гутурда буд, боқимондаи заминдории обшинагӣ дар Фаронса гардид.

Дар асрҳои ХIII-ХIV дар сохти аграрии Фаронсаи феодалӣ дигаргунӣ ба амал меояд. Системаи оброкии истисмори табақаи деҳқонон мояи асосӣ гардид, ки ба инкишофи хоҷагии деҳқонӣ таъсир расонд. Феодализм дар Фаронса то поёни асри ХVIII давом кард. Фаронса бузургтарин давлати тамаркузёфтаи Аврупои ғарбӣ буд.

в. Инкишофи феодализм дар Инглистон

Феодализми инглисӣ аз рӯи баромад маншаъи обшинагӯ дошт, зеро дар заминаи таназзули бевоситаи обшинаҳо пайдо шудааст. Ин ҳолат нисбатан суст барқарор гардидани муносибатҳои феодалиро дар Инглистон муайан кард. Ҷамоъаи англосаксонӣ вуҷуди мустаҳками иҷтимоию иқтисодӯ баромад, киштзорҳаву марғзорон муддати тӯлоние ба қитъаҳои озодона мусодирашаванда табдил наёфтанд. Фолкленҳо, яъне заминаҳое вуҷуд доштанд, ки соҳибашон аҳли ҷомиа буданд. Бо вуҷуди ин, дар асрҳои VI-VII миёни англосаксҳо заминбахшиҳои шоҳона бокленҳо ба вуҷуд омаданд. Бинобари пайдоиши боклендҳо инкишофи заминдории бузурги феодалӯ сар шуд.

Дар муқоиса бо Аврупои континенталӯ ҳокимияти шоҳӯ дар раванди феодалигардонии Анлия нақши азим дошт. Дар милкҳои графордҳо деҳқонони тобеъ кор мекарданд, вале оммаи асосии табақаи деҳқонон ҳанӯз дар раванди феодалгардонӣ ҷалб шуда буданд. Дар соли 829 шоҳигариҳои англосаксӯ ба як давлат муттаҳид гардиданд, ин мустамликишавии сохти давлатии феодалӣ гардонидашударо тезонд. Тохтутозҳо, вале баъди ин шимоли шарқии Инглистон кӯчида омадани даниягиҳо ба баъзе чораҳои мустаҳкам кардани тартиботи ҷамоъавӣ раванди феодалигардониро дар як қатор ноҳияҳои мамлакат ба

таъхир андохт. Ҳамзамон бо ин ҷанг бо даниягиҳо табақаи озоди деҳқононро хонахароб кард, ки ин ба сурат ёфтани феодалигардонӣ дар Инглистони асри XI, хусусан вақте, ки дар ҷануб вотчинаҳо пайдо шуда буданд, он қариб ба меҳнати баршинагӣ асос ёфта буд, халал расонд.

Хатми раванди феодалигардонӣ Инглистон ба истилои соли 1066 алоқаманд аст. Аз нав тақсим карда шудани моликияти феодалии замин ба нафъи истилогарон ба амал омад, крепостноӣ гардонида шудани сокменҳо оғоз ёфт. барӯихатгирии замин дар соли 1086 ба ихтисор ёфтани табақаи озоди деҳқонон мусоидат кард. Дар натиҷа ду гуруҳи асосии крепостнойҳо ба вуҷуд омад: вилланҳо ва катерҳо. Ҷиҳати асосии хоси сохти феодалӣ дар Инглистон мавҷудияти табақаи деҳқонони озод – фриголдерҳо низ мебошад.

Системаи сиёсии феодализми Инглистон, аз он иборат буд, ки манораҳо василаи мустаъқими шоҳ гардида ба туфайли ӯ хидмат буданд ва миннбаъда пардохтҳои пулиашон ҳам ба шарофати ӯ суръат мегирифт. Шоҳ ба доменҳои зиёде соҳиб буд, ки он тақрибан 1/7 ҳиссаи тамоми хоки мамлакат ба бисёр шаҳрҳо фаро мегирифт. Дар асрҳои XII-XIII дар давраи ҳукмронии монори крепостной дар Инглистон тақсими ҷуғрофии меҳнат баро пешрафти хоҷагии қишлоқ ва инкишофи муносибатҳои моллию пулӣ бо шаҳр заминаи моддӣ ба вуҷуд оварда буд. Дар асри XIII, чунон, ки дар Фаронса буд, дар Инглистон ҷараёни бо ҳам пайвастан (коммуникатсия)-и баршинаҳо ва ба оброк гузаштани вилланҳо сар шуд. Аз нимаи дуюми асри XIV қисман «озод шудан»-и вилланҳо дар ҳама ҷо ба амал омад. Симои асосии деҳоти Инглистон кониголдер мегардид. Ба сабаби он ки Тоун дар Инглистон чояки аҳолиро қир кард, эҳтиёҷ ба коргарон боло рафт. Дар ҳамин шароит давлати феодалӣ як силсила ордонанс (фармон)-ҳо содир кард, ки «қонунгузори коргарӣ» Ном гирифта буд. Аз шуриши муқтадили Уот Тайлер (соли 1381) пояҳои феодализми Инглистон ба ларза омада буд. Бинобар ин дар асри XV боқимондаҳои системаи ҷамоавӣ барҳам дода шуд. Дар муҳити табақаи двориянҳо таъғироти ҷиддӣ ба амал омад. Қабати «табақаи нави дворянҳо» ба миён меояд, ки он бо дигаргуниҳои прогрессивӣ дар иқтисодиёти Инглистон алоқаманд аст. Тоҷирон ва шаҳриёни сарватманд дар деҳот замин мехаридан ва ба «ритсар» табдил меёфтанд. Маркази моҳутбофӣ бошанд, дар қишлоқҳои аз сохти ҷамъияти косибон озод ба онҳо дармеомехтанд. Дар поёни асри XV дар Инглистон барои пайдоиши тарзи капиталистии истеҳсолот зинаи моддӣ ба вуҷуд омада, муносибатҳои аграриро рӯ ба харобӣ овард.

    1. Ҳолати хоҷагии қишлоқ дар Аврупои Ғарбӣ

Дар асрҳои XI-XV феодализми Аврупои Ғарбӣ боинтиҳорасидаи мукаммале пайдо кард. Парокандагии феодалӣ ҷои худро ба давлати марказиёфтаи феодалӣ гузошт, ки бузургтарине аз ин давлатҳо Фаронсаву Инглистон буданд. Давлати марказиёфтаи феодалӣ ба таҳким ёфтани тарзи феодалии истеҳсолот мусоидат кард. Сохти феодалӣ дар асрҳои XI-XV аҳамияти фарогир пайдо карда дар ҳаёти хоҷагидорӣ нақши ҳукмфармо бозӣ мекардагӣ шуд.

Хоҷагии қишлоқ дар сохтори иқтисодии феодализми Аврупои Ғарбӣ мавқеи муайянкунанда ишғол кард. Хоҷагии қишлоқ асоси хоҷагидории сохти феодалӣ, соҳаи асосии иқтисодиёти феодалӣ буд. Дар асрҳои XI-XIII дар кулли мамлакатҳои Арупои Ғарбӣ раванди феодалигардонии хоҷагии қишлоқ ба поён расид. Мавқеи феодалҳо ҳамчун синфи ҳукмрони истисморгар ниҳоят мустаҳкам шуд.

Муносибатҳои феодалӣ ҷиҳати аз мукаммалтарину классикиро дар Фаронсаи асрҳои XI-XV пайдо кард. Махсусияти сиёсии Фаронса ва чун давлати миллӣ шакл гирифтани он дар миёнаи асри XI сар шуд. Ин ҷиҳатҳо дар шароити парокандагии феодалӣ ба миён омада буд, ки то поёни асри XI боқӣ мондааст. Дар асрҳои IX-XI натуралигардонии хоҷагии Фаронса пурқувват мешавад, ки ба таҳким ёфтани мавқеи феодалҳои калон (сенйорҳо) мусоидат кардааст. Қаламравии онҳо дар асл давлатҳои мустаъқил мегарданд ва қариб ки вобастагии худро ба ҳокимияти шоҳ гум мекунанд. Имтиёзҳои аъёни феодалӣ васеътар мегардад: феодал дастаи ҷанговарии худро дошт, аз аҳолӣ андоз ғун мекард, онҳоро ба мурофиа кашида ҷазо муқаррар мекард, деҳқононро бераҳмона истисмор мекард. Сенйорӣ Фаронсаи

асрҳои IX-XI ҳалқаи асосии сохти хоҷагидории мамлакат буд. Барои Аврупои феодалӣ иерархияи васаллии намунавии сенйорҳои фаронсавӣ: шевалйе – баронҳо — маркизҳо – графҳо – шоҳони ҳуқуқу вазифаҳояшон хеле аниқ ҳадгузоришуда ба вуҷуд меояд. Дар асрҳои XI-XIII дар Фаронса, дар натиҷаи тақвият ёфтани равандҳои тақсимоти ҷмъияти меҳнат ва инкишофи равандҳои тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва инкишофи робитиҳои хоҷагӣ миёни вилоятҳои ҷудогонаи мамлакат, батадриҷ мустаъқилияти иқтисодию сиёсии онҳо аз байн меравад. Ин барои таҳким ёфтани ҳокимияти марказиёфтаи шоҳӣ, барои муттаҳид гардонидани мамлакат шароит ба вуҷуд овард. Давлати феодалӣ ба пояи рузафзуни бештари олати зулму ситами оммаҳои мардум, мустаҳкам гардонидани ҳокимияти феодалон бар деҳқонон табдил меёбад. Ин пеш аз ҳама бо он ифода ёфта буд, моликияти инҳисории феодалон ба замин қариб ки номаҳдуд мегардад. Принсипи «бе сенйор замин нест» муқаррар мешавад. Ҳар як қитъаи замин бояд ба феодал таалуқ дошта бошад, мавҷудияти озоди заминдорӣ кардани деҳқонон аз имкон берун буд. Барои он ки инҳисори сенйорҳо ба замин ҳар чи бештар мустаҳкамтар шавад, дар деҳоти Фаронса системаи майорат ҷорӣ карда мешавад: сенйорина (милк) пурра аз се ду ҳисса ба писари калонии феодали фавтида меърос мерасид. Деҳқонон нигаҳдорандаи замини аз тарафи феодал ба онҳо пешниҳодшуда буданд, ки дар асоси қонуни феодалӣ ба вай вобаста карда мешуд. «дар миёнаи аср аз замин озод карда шудани мардум , вале баръакс, ба замин вобаста карда шудани онҳо сарчашмаи истисмори феодалӣ буд». Як навъи вобастагии шахсии деҳқонон ба феодалҳо серванн гардид. Гуруҳи асосии деҳқонони крепостноӣ сервҳо буданд. Онҳо замини саҳмӣ доштанд, хоҷагии худашонро пеш мебурданд ва ба ивази ин ба манъфиати феодал ҳар гуна ӯҳдадориҳо доштанд. Сервҳо аз лиҳози юридикӯ беҳуқуқ буданд: феодалҳои калон ҳуқуқи маҳкамаи ҷиноӣ доштанд, ҳақ доштанд гунаҳкоронро ба қатл расонанд. Марди деҳқон ба помешчик оброки «кишт» (чояки ҳосил)- ро мепардохт, даҳяки онро калисо мегирифт (ушри калисо). Баналитет – тасарруфи инҳисорӣ кардани дворянин обектҳои хоҷагии доир ба коркарди маҳсулоти хоҷагии бадастомада – интишори бештаре дошт. Марди деҳқон боист ғалларо танҳо дар осиёби хӯҷаин орд мекард, нонро дар танури хўҷаин мепухт, аз ангур дар дастгоҳи хӯҷаин афшура мегирифт. Барои кашонидани ғалла ё дигар маҳсулот аз пулҳо гузашта истода музд мепардохт. Барои дар кӯчаҳо ҷангу ғубор хестан аз зери пои чорво – музд мепардох ва ғайра. Дар натиҷаи сахт истисмор карда шудаи сервҳо двориянҳои Фаронса ба рушди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар сенйорияҳояшон муваффақ шуданд. Замини кишт хеле доман густурд, сатҳи агротехника баланд бардошта шуд, исттифодаи нурӣ бештар гардид, номгӯи зироатҳои хоҷагии қишлоқ зиёд шуд: ғалладона, лубиёҳо, сабзавот, меваҷот, парвариши току дарахтони ситрусӣ ва ғайра. Олоти меҳнати хоҷагии қишлоқ мукаммалтар мешавад. гӯспанпарварӣ хеле паҳн мегардад. Ба ҳар ҳол хоҷагидории феодалони фаронсавӣ натуралӣ буд.

Дар ҳудуди асрҳои XIII – XIV ва дар садсолаҳои минбаъда дар сохти иқтисодии феодлализми мутааққии Фаронса пешравиҳои муҳиме ба миён меоянд. Сенйорияи крепостной ба системаи баршинагиаш бӯҳрони амиқеро аз сар гузарондан мегирад. Хоҷагии нтуралии милкҳои феодалӣ имкониятҳои худашро ба поён мерасонад, ба талаботи ҷомиа, аз ҷумла бо талаботи худи феодалҳо то рафт бештар ба ихтилоф даромадан мегирад. Маҳсулоти тавлидоти микӣ аз баровардани эҳтиёҷоти феодалҳо ва худи деҳқонон бо монда буд, ба давориянҳову деҳқонон олоти меҳнату ашъёи истеъмолии гуногунтару басифаттаре лозим буд, назар ба он чи дар доираҳои сенйорияи натуралии феодалӣ истеҳсол карда мешуд. Дар алоқамандӣ бо хеле тавиъаи пайдо кардани иртибот миёни шаҳру деҳот пул аҳамияти рӯзафзун пайдо мекардагӣ шуд. Ба даст овардани пул вазифаи муҳимми феодалҳо гардид. Барои синфи феодалӣ зарурати истеҳсолоти милкии калон чун сарчашмаи асосии маҳсулоти изофа то рафт бештар аз байн мерафт. Талаботи обективии ба оброки озуқавию пулӣ гузаштан ба миён омад. Ба ҳамин муносибат К. Маркс қайд карда буд, ки «рентаи озуқавӣ аз истеҳсолкунандаи бевосита маданияти истеҳсолии баландтареро тақозо мекунад, пас зинаи балантари инкишофи меҳнати ӯ ва ҷомиаро умуман». Дар асрҳои XIV – XV дар Фаронса феодалҳо ба тариқи оммавӣ аз баршина ба озуқат, вале баъди он ба оброки пулӣ гузарондани деҳқонони крепостнойро ба амал бароварданд. Маркази истеҳсолоти рентаи феодалӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ интиқол дода мешавад. Чашми двориянҳои Фаронсаро ҷилои тиллову нуқра хира мекунад. Оброки пулӣ аз ҳад баланд буд.

Ба муносибати қууват гирифтани зулми феодалӣ бисёр хоҷагиҳо хароб гардиданд. Дар асри ҷангҳои муттасил миёни феодалҳо, инчунин зуд – зуд рӯй додани хушксолӣ қаҳти ва паҳн шудани бемориҳои сироятӣ вазъро боз ҳам душвортар мегардониданд. Бо рушди истисмори деҳқонон муқобилати онҳо бо феодалон қувват мегирифт, муборизаи синфӣ тузу тунд мешуд. Муқтадиртарин шўришҳои деҳконон ба муқобили феодалҳо дар Фаронса ба асри ХIV рост меоянд, ки ба таърихи чун давраи бузургтарин набардҳои табақаи деҳқонон бо феодалҳо дохил гардидааст. Хусусан шўриши соли 1358 алангазадаи деҳқонони фаронсаӣ зери унвони «Жакерия» (аз «жак-соддалавҳ»-лақаби таҳкиромези деҳқони фаронсавӣ) хеле васеъ доман паҳн карда буд. Сарфи назар аз мардонигию қаҳрамони худ ба муборизаи яроқнок бархоста буданд, ба феодалон фаронса муяссар гардид, ки шӯришро ба хун ғарқ кунанд. Жаркерия шикаст хӯрд. Ини шӯриш аҳамияти бузурги сиёсӣ дошт ва ба мавқеи двориянҳои Фаронса зарбаи эҳсосшаванда зад.

Муносибатҳои феодалии инглистон, ки дар асри IX пайдо шуда буданд, суст инкишоф меёфтанд. Хоҷагии феодалӣ пас аз соли 1066 аз ҷониби герсоги Нормандия Вилгелм фатҳ гардидани Инглистон комилан барқарор шуд. Ба фодаи феодалҳо ҳамроҳи герсог омадаи Нормандиву Англия ба таври оммавӣ Мусодира шудани заминҳо ба рушди заминдории калон ва крепостной гардидани деҳқонон оварда расонд. Дар охири асри XI барӯихатгирии замин гузаронида шуд. Вай нишон дод, ки то ин дам воҳиди асосии хоҷагидорӣ дар Инглистон манор – милки дорои меҳнати крепостноӣ гардида будааст. Дар асрҳои XII – XIII на аз 80 фоиз камтари хоки кишвар ба системаи манорӣ фаро гирифта шуда буд.Хидмати манорҳоро деҳқонони ба феодалон тобеъ ба ҷо меоварданд. Тадриҷан категорияи мухталифи манорҳо ба ду гурӯҳи асосӣ: вилланҳо ва коттерҳо ҷудо мешуданд. Вилланҳо – аъзои крепостноии обшинаҳои деҳотии дорои то 30 акр саҳми замин, асбобу анҷоми хоҷагӣ ва чорвои корӣ буданд, коттерҳо – бошанд, деҳқонони дорои қитъаи хурди замин (ҳота – ҳаёт) ё тамоман бе замин буданд аз шумораи умумии деҳқонони крепостной ҳиссаи онҳо 35 фоизро ташкил медод. Котерҳо корманди баршинагӣ буда аз чорво ба асбобу анҷоми хоҷагии хӯҷаин истифода мебурданд. Хоҷагии системаи манорӣ натуралӣ буд, робитаҳои тиҷорати миёни манорҳо суст тараққӣ мекард, онҳо аз рӯи сатҳи агротехникиашон аз милкҳои феодалии кишварҳои дигари аврупоии он замон кам фарқ доштанд дар асрҳои XII – XIII дар Инглистон, чунон ки дар Фаронса буд, дигаргунии хеле эҳсосшавандаи муносибатҳои феодалӣ ба назари мушоҳида мерасид. Дар ин дигаргунӣ инкишофи бозори дохилӣ дар мамлакат нақши муҳим дошт. Зери таъсири талаботи афзуда ба пашм, асосан аз ҷониби шаҳрҳои Фарандрӣ — маркази истеҳсоли матоъҳои пашмин дар аврупои асри миёнагӣ, ҳам дар милкҳои феодалон, ҳам дар хоҷагиҳои тараққиёти гӯсфанпарварӣ доираи то рафт васеътар паёдо мекард. Ин ба мавҳуми ба истилоҳ «коммутатсияи баршинаҳо» оварда расонд: вилландҳо ба ҳолату вазъияти копиголдерҳо (нигаҳдорандагони замин аз рӯи нусха – компияи ҳуҷҷате, ки дар калисои маҳал меистод) гузаронида шуданд, ки аз баъзе унсурҳои тобеъияти шахсии крепостной озод карда мешуданд ва маъмулан аз баршина ба оброк интиқол меёфтанд, хоҳ натуралӣ (одатан бо пашми гӯсфан пардохта мешуд) бошад, хоҳ пулӣ дар асри XV копиголдер симои асосии деҳоти Инглистон гардид.Маҷбуриятҳои оброкии баландрафтаи деҳқонон боҷу хироҷи аз ҳад зиёди давлати мутлақаҳ, ки то рафт бештар ба олоти дастаи аъёни феодалӣ табдил меёфтанд, чунон ки дар Фаронсаи ҳамсоя буд, ба якбора тезу тунд гардидани муборизаи синфӣ оварда расондан. Дар соли 1381 дар Англия шӯриши калони деҳқонон зери роҳбарии Уот Тайлер аланга зад. шӯришгарон ба комёбиҳои ҷиддие ноил гардидаанд, ҳатто пойтахти мамлакат – Лондонро ба даст оварданд. Сарфи назар аз шикаст хӯрдани шӯриш, вай натиҷаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ба бор овард. Дар ҷараёни асри XV қариб тамоми деҳқонони Инглистон шахсан озод гардида, хоҷагии қишлоқи мамлакат, ғолибан хусусияти молӣ пайдо мекунад. Бисёриҳо аз двориянҳои Инглистон ба пеш бурдани хоҷагии ба меҳнати кироя асосёфта сар мекунанд, табақаи нави буржуазигардидаи двориянӣ (ҷентри) ба миён меояд. Ин маънои дар хоҷагии қишлоқи Инглистон тавлид гардидани муносибатҳои нави истеҳсолотро дошт.

Дар Германияи асримиёнагӣ инкишофи муносибатҳои феодалӣ назар ба Фаронсаву Инглистон сусттар суръат мегирифт. Дар ин кор он вазъият нақши бештар муассир мегузошт,ки дар ҷараёни вақти тўлонӣ паркандагии сиёсӣ ба назари мушоҳида мерасид ва давлати марказиёфтаи ягонаи феодалӣ мавҷуд набуд. Бо вуҷуди ин дар асри XII деҳоти немис ба таври умуми феодалӣ мегардид. Оммаи асосии аҳолии онро крепостнойҳо ташкил медоданд. Дар заминҳои калисову дайрҳо «мардуми фогтӣ» умр ба сар мебурданд, ки ба фогтҳо – феодалони дунявӣ итоат доштанд.

Дар таърихи феодализми немис таҷовузи феодалони Германия, ки ба муқобили заминҳои дар шарқтари дарёи Элба доман густурдаи славянҳои ғарбӣ равона шуда буд, мавқеи муҳим ишғол мекунанд. Истилои мусаллаҳонаи феодализми Германия бо мақсади ба даст овардани тасарруфоти нави крепостнойҳо пеш гирифта мешуд. Ин ғасбкориҳо бо берҳамӣ ва муттасил қир кардани аҳолии тагҷоии славянӣ якҷоя ҷараён мегирифтанд. Дар заминҳои ғасбшуда якчанд князҳои ритсарии феодалӣ бунёд гардида буданд. Ба ритсарҳои немис муяссар гардид, ки тамоми соҳати Канори Балтика, заминҳои литвониро забт кунанд. Аммо пешравии онҳо ба сӯи Шарқ аз тарафи қӯшнҳои рус боздошта шуд, ки зери сарварии Александ Невский дар соли 1242 рӯи яхпули кулли Ҷуд урдуҳои немисро тору мор карда буданд… («Ҷанги мғлубаи рӯи ях»). Вазъияти истеҳсоли хоҷагии қишлоқдар Германия тақрибан ҳамон тавр аст, ки дар Инглистону Фаронса буд. Заминҳои кишту кор хеле васеъ гардиданд, зироатҳои техникӣ кишт мекардагӣ шуданд, нигоҳубини кишзорони ғалладона сабзавоту боғдорӣ беҳтар гардид, сатҳи инкишофи чорводорӣ баландтар шуд. Аз охири асри XIII дар Германия дар муносибатҳои аграрӣ бабаддулот ба амал омад. Зери таъсири робитаҳои тавқиятёфтаи молӣ миёни қишлоқҷойҳову шаҳрҳо системаи баршинагӣ барҳам мехӯрад, як сисила умсурҳои крепостнойчигии хусусӣ аз байн мерафтанд ва гузаштан ба шаклҳои оброкии истисмори феодалӣ ба амал меомад. Дар Германияи Шарқӣ бошад, дар натиҷаи дар асри XV аз тарафи феодалони немис мустамлика шудани он, дар доираи васеъ крепостной гардондани деҳқонон ба амал омад. Ҳамаи ин боис ба муқобилати тезу тунди оммаҳои мазлуми деҳқонони Германия гадида ба шӯриши умумии онҳо дар асри XVI замина муҳаё кард, ки он минбаъд чун – «Ҷанги бурги деқонӣ» машҳур гардид.

    1. Шарҳи феодалӣ, ҳунармандӣ ва

тиҷорат дар Аврупои Ғарбии асрҳои XI-XV

Асоси моддии пайдоиши шаҳрҳои аврупои ғарбӣ раванди обективии ҷудо шудани ҳунармандӣ аз хоҷагии қишлоқ гардид дар давраи асри миёнагии бармаҳал кулли ҳаёти хоҷагидорӣ дар деҳот тамаркуз ёфт, вале муҳнати пешаварӣ ҳоло аз меҳнати хоҷагии қишлоқ ҷудо нашуда буд. Дуруст аст, ки маҳалаҳои аҳолинишини калон бо деворҳои истеҳкомёфта вуҷуд доштанд, вале онҳо аз лиҳози иқтисодӣ аз деҳаҳо фарқ надоштанд (сокини онҳо, мисли деҳқонон асосан ба кору бори хоҷагии қишлоқ машғул буданд) ва вазифаи марказҳои маъмурию диннаро ба ҷо меоваранд. Аммо дар асри XI, вобаста ба болоравии умумии иқтисодиёт, чун марказҳои фаъолияти ҳунармандию тиҷоратӣ шаҳрҳо пайдо мешаванд. Бо инкишоф ёфтани иқтисодиёти ҷамъиятии меҳнат, шаҳрҳои пешинаи аз давраҳои Рим маҳфузмонда ҷон мегиранд ва шаҳрҳои нав ҳам пайдо мешаванд. Дар шаҳр ҳаёти иқтисодию сиёсии давлатҳои марказиятёфта фароҳам омада, он беш аз пеш омили пргресси иқтисодию фарҳангӣ мегардид.

Дар асрҳои XI – XIII аз тарафи феодалҳои Аврупои Ғарбӣ ба сӯи кишварҳои Шарқ як қатор юришҳои салибӣ ташкил ёфтанд. Юришҳои салибӣ, ки миқдори зиёди ритсарҳо, деҳқонон, аҳолии шаҳриро ба доираи худ кашида буданд, барои Аврупо бе асар намонданд, агар чи онҳо умуман барои аврупоиён бе барор ба поён расида бошанд ҳам. Ин юришҳо ба инкишофи муносибатҳои тиҷоратию пулӣ миёни кишварҳои шарқию Аврупои Ғарбӣ ёрӣ расонданд, ки ин ёрӣ дар навбати худ ба инкишофи минбаъдаи шаҳрҳои Аврупо мусоидат кард. Шаҳрҳо боз бештар мустаҳкам гардида чун замбуруғи баъди борон пайдо шудан гирифтанд. Танҳо дар як худи Германия дар асрҳои XIII – XIV тақрибан 700 шаҳри нав пайдо шуд. Шаҳрҳои калон инҳо буданд: Венетсия, Генуя ва Флоренсия – дар Италия; Келм, Келен, Гамбург, Любек, Аубсбург, Регенсбург – дар Германия; Париж, Ипр – дар Фаронса: Лондон, Йорк дар Инглистон. Шаҳрҳои асрҳои миёна аз ободонӣ бе баҳра буданд, дар онҳо 1 — 1,5 10 – 15 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебурданд. Шаҳрҳои асримиёнагӣ дар засинҳое, ки ба феодалон таалуқ доштанд, бунёд меёфтанд ва дар тобеиятионҳо буданд. Ҳокимият дар шаҳрҳо дар дасти тоҷирон, соҳибони хонаҳо буд. Аҳолии шаҳр асосан ба ҳунармандиву тиҷорат шуғл доштанд. Истеҳсолоти бофандагӣ — маснуоти муина, катонӣ, абрешимӣ, хусусан моҳутӣ инкишоф дошт. Истеҳсоли аслиҳа рушди бештаре пайдо карда металургия, рехтагарӣ ва ғайра таққӣ ёфта буданд.Ҷиҳати хоси ҳунармандӣ ташкил ёфтани ҷамъияти косибон буд. Ҳар як ҷамъият косибони як пешаро муттаҳид мекард, ойинномаи худро дошт, тақсими меҳнат набуд, тартибот қтъӣ буд. Ташкили ҷамъияти косибон аҳамияти прогрессивӣ дошт, аммо ҷамъиятҳои минбаъда ба инкишофи истеҳсолоти ҷамъиятӣ, минбаъда ба инкишофи истеҳсолоти ҷамъиятӣ, прогресси техникӣ рушди кувваҳои истеҳсолӣ ва ташаббуси косибон монеъ мегардиданд. Дар асрҳои XII – XV тиҷорати хориҷию дохилӣ — асосан бо Шарқ инкишоф касб кард. Ярмаркаҳо ба миён омаданд. Инкишофи муносибатҳои моллию пулӣ дар аврупо дар асри XI –XV ба пайдоиши бонкҳо боис гардид. «бонк» — аз калимаи италиявӣ баромада, маънояш дӯкони саррофии судхур аст.

0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *