Фанни Молия

Мотиватсия ҳамчун асоси методологии ҳавасмандкунии меҳнат

Дар замони ҳозираи хоҷагидории бозорӣ музди меҳнат ҳамчун асос ва шакли рушдёфтаи ҳавасмандии моддӣ ба натиҷаҳои меҳнат бо назардошти қонунҳои арзиш, арза ва тақозо баромад мекунад. Музди меҳнат вазифаи муҳими иқтисодиро: такрористеҳсолӣ ва ҳавасмандиро иҷро мекунад. Азбаски музди меҳнат сарчашмаи асосии даромади кормандон ба ҳисоб меравад, бинобар ин вай воситаи асосии барангезии қобилияти онҳо ба меҳнат мегардад. Дар баробари ин вай шакли ҳавасмандии моддӣ ба меҳнат ба ҳисоб меравад. Музди меҳнат яке аз омилҳои муҳими иктисодӣ буда, рушди иқтисоди бозориро ҳамчун қисми механизми хоҷагидорӣ танзим менамояд. Аз ин ҷо вазифа меистад, ки музди меҳнат бояд доимо афзоиш ёфта, такмил дода шавад.

Музди меҳнат яке аз омилҳои пешбарандаи ҷамъият ба ҳисоб рафта, он бо қисмҳои асосии бозори меҳнат, арзиш ва нархи қувваи корӣ робитаи қавӣ дорад. Яке аз самтҳои асосии рушди устувории мамлакат ин рушди истеҳсолот ва соҳаҳои хизматрасонӣ мебошад. Ба омилҳои асосии рушди иқтисодӣ ва фаъолгардонии истеҳсолот мотиватсия ва ҳавасмандгардонии меҳнати пурмаҳсул дохил мешавад. Бояд кормандон барои натиҷаи хуб ва сифати баланди меҳнат, баландравии дараҷаи касбӣ ва тахассусӣ бо алоқамандӣ аз натиҷаҳои охири корашон, натиҷаҳои ниҳоии кори корхона ва хаҷми ҳавасмандӣ барои фаъолияти меҳнатӣ ҳавасманд гардонида шаванд. Чунин вазифаҳо дар амал бо истифодабарии шаклҳо, системаҳо ва моделҳои нав ва ғайристандартӣ, ҳавасмандӣ ва пардохти музди меҳнат, ки бо назардошти низомҳои асосии назарияи мотиватсия асос меёбад, ҳал карда шавад.

Умуман муносибатҳои инсон ба меҳнат дар асоси қувваҳои барангезанда муайян карда мешаванд. Онҳо метавонанд дохилӣ ва беруна бошанд. Ба дохилӣ тааллуқ дорад талабот, шавқ, хоҳиш, кўшиш, арзишҳо, рўоварӣ ба арзишҳо, орзу, сабабҳо ва ғайра;

Ба беруна воситаҳои гуногуни таъсири ҳавасмандии иқтисодӣ ва маънавӣ, ки аз тарафи давлат, корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани фаъолияти меҳнатии кормандон истифода мешаванд, шомил ҳастанд.

Аз замонҳои пеш таҳқиқотҳо оид ба масъалаи ҳавасмандии ҳосилнокии меҳнат бо назарияҳои талабот, ҳавасмандӣ, таъмин ва устувории вобастагии диалектикии даромади корманд (музди меҳнат, мукофот, ҳавасмандӣ ва ғайра) аз тахассуси вай ва натиҷаҳои охири кор алоқамандии зич дорад.

Бинобар ин аз нуқтаи назари методологӣ зарур аст, ки консепсия ва назарияи мотиватсия, ки ба талабот асос меёбад, таҳқиқ гардида, ҷанбаҳои беҳтаринаш бо назардошти талаботҳои имрўзаи мамлакат истифода бурда шавад.

Мотиватсия — ин барангезии кормандон барои иҷрои ҳаракати мақсаднок мебошад. Ин раванди мураккаби барангезии кувваи дохилии корманд барои иҷрои мақсадҳои фардӣ ва коллективӣ мебошад.

Ду намуди мотиватсияро фарқ мекунанд: иҷтимоӣ — психологӣ ва иҷтимоӣ — иқтисодӣ.

Мотиватсияи иҷтимоӣ — психологӣ дар зери таъсири омилҳои интизории иҷтимоӣ, меъёрҳо, арзишҳо, рафтори намунавӣ ва ғайра ба корманд ба амал меояд.

Мотиватсияи иҷтимоӣ — иқтисодӣ бошад, дар асоси омилҳои васеътар: муносибат ба моликият, фазои соҳибкорӣ ва шароитҳо барои рақобат, принсипҳои пардохти музди меҳнат ва даромад, нишондиҳандаҳои интихоб ва пешбарии кадрҳо, системаи ташкили меҳнат, истеҳсолот ва идора муайян карда мешавад .

Инчунин мотиватсияи перспективӣ ва ҷориро ҷудо менамояд. Агар сабаби фаъолияти инсон ва мақсади гузошташуда ба шахси алоҳида тааллуқ дошта бошад, ин мотиватсияи перспективӣ мебошад. Агар сабабҳо танҳо ба вақтҳои наздик алоқаманд бошанд, дар ин ҳолат онҳо тарзи рафторро муайян мекунанд ва ба мотиватсияи ҷорӣ дохил мешаванд.

Фаъолияти инсон ва самаранокии меҳнати вай аз мотиватсияи перспективӣ бисёртар вобастагӣ дорад. Мотиватсияи перспективӣ ба корманд оид ба бартараф кардани душвориҳо ва монеаҳо дар иҷрои кор ва хизматҳо ёрӣ мерасонад, чунки фаъолияти имрўзаи вай яке аз давраи ба даст овардани мақсадҳои ояндаи вай аст. Дар ҳолате ки корманд аз рўи мотиватсияи ҷорӣ амал кунад, пас ноомади камтарини кор ба паст шудани фаъолияти меҳнатии вай оварда мерасонад.

Ба мотиватсияи перспективӣ дониши кормандро, ки ба рушди ояндаи корхонаи худ равона шудааст дохил намудан мумкин аст. Ин ба корманд имконият медиҳад, ки ояндаашро беҳтар кунад. Мисол, дар шароити хусусигардонии моликият инсон бояд дақиқ донад, ки ин ба дараҷаи музди меҳнат ва некўаҳволии оилаи вай чи гуна таъсир мерасонад. Вай бояд албата оқибатҳои манфии хусусигардониро ба назар гирад. Мисол, зиёдшавии бекорӣ, зарурияти иваз намудани ҷои корӣ ё гирифтани тахассуси нав ва ғайраро. Лекин қисми зиёди кормандон оид ба ояндаи худ дар корхона чизе намедонанд ва дар ин бора фикр ҳам намекунанд. Бинобар ин ба корхона зарур аст, ки банақшагирӣ ва пешгўии рушди иҷтимоӣ- иқтисодиро бо ҳалли чунин самтҳо ба роҳ монад, ба монанди ҷорӣ намудани техника ва технологияи нав, шаклҳои нави ташкили меҳнат, пайдо шудани касбҳои нав ва аз байн рафтани касбҳои кўҳна, динамикаи фоидаи музди меҳнат ва ғайра.

Коркардабаромадани чунин пешгўиҳо бояд аз тарафи шўъбаҳои иқтисодӣ, технологӣ ва иҷтимоӣ сурат гирад. Бе мотиватсияи меҳнатӣ- стратегӣ прогресси илмӣ — техникӣ номумкин аст, зеро дар ҷамъият ҳодисаҳои иҷтимоии манфӣ ҷамъ мешаванд. Дар шароити мавҷуд набудани мотиватсияи перспективӣ интизоми меҳнатии кормандон паст мешавад. Албата паст шудани интизоми меҳнат ба паст шудани ҳосилнокии меҳнат, кам шудани ҳаҷми маҳсулот ва самаранокии он оварда мерасонад. Дар ин шароит истифодабарии таносуби мотиватсияи перспективӣ ва ҷорӣ зарур аст.

Се навъи мотиватсияи меҳнатро фарқ мекунанд: мустақим, ғайримустақим ва барангезанда.

Мотиватсияи мустақим ҳавасмандиро ба меҳнат ва натиҷаҳои он ба амал меорад. Ба сифати омилҳои чунин мотиватсия мундариҷаи меҳнат, дарк намудани дастовардҳои худ барои ҷамъият, аз тарафи атрофиён қабули онҳо, ҳисси масъулият ба меҳнат ва ғ. баромад мекунад.

Фаъолияте, ки ба ин сабабҳо асос ёфтааст, ба шахс қаноатмандӣ меорад. Инсон на танҳо барои музди меҳнат кор мекунад, инчунин ў ба мундариҷаи кор, эҷодкорӣ шавқ пайдо мекунад. Барои ҳамин ҳам назорати меҳнати чунин кормандон зарурият надорад.

Мотиватсияи ғайримустақим ба ҳавасмандии моддӣ асос меёбад. Омилҳои ин навъи мотиватсия шаклҳои музди меҳнат, дараҷаи шиддатнокии меъёрҳои меҳнат, дараҷаи беқурбшавии пул, нарх, маҳсулот мебошанд.

Дар ин ҳолат меҳнат дар шакли нархи қувваи корӣ, ҳамчун арзишҳои «инструменаталӣ», ки бо молҳои истеҳсолшуда ва хизматрасониҳо мубодила карда мешавад, баромад мекунад.

Мотиватсияи барангезанда ба тарс ва вазифадорӣ асос меёбад. Вай дар ҳокимиятдорӣ, дараҷаи бекорӣ ва набудани кафолати нигоҳдории ҷои корӣ, шиддатнокии иҷтимоӣ ва боварӣ надоштан ба оянда муайян мешавад.

Талаботҳои имрўзаи истеҳсолот бо зарурияти таъмини такрористеҳсоли оддӣ ва васеъ, инчунин коллективӣ ва фардӣ фарқ мекунанд.

Баамалоии талаботи ҷамъиятӣ дар зери таъсири омилҳои гуногуни иҷтимоӣ- демографӣ, иқтисодӣ, географӣ ва ғайраҳо амалӣ мешавад. Лекин нақши ҳалкунандаро рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ, шаклҳои ҳозиразамони ташкили истеҳсолот, меҳнат ва идоракунӣ мебозад.

Талаботҳои шахсии одамон ба омилҳои моддӣ (талабот ба хўрок, манзил ва ғайра) ва маънавӣ ё зеҳнӣ (талабот бо дониш, алоқа ба дигар аъзои ҷамъият) тақсим мешавад. Дар шароити пуртаззоди давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳамраъйии кормандон ва корфармоёнро оид ба барқароркунӣ ва тараққиёти истеҳсолот бояд ба даст овард. Дар ин ҷо коркарди масъалаҳои ҳамкории сетарафа оид ба такмили механизми танзими музди меҳнат ва имкониятҳои даврагии иҷрои онҳо пайдо мешавад.

Механизми иҷрои ислоҳоти музди меҳнат бояд дар ду самт иҷро гардад: давлат ва ҳамкории иҷтимоӣ. Шартномаи коллективӣ бояд ҳамаи қисмҳои танзими музди меҳнатро дар бар гирад.

Дар шароити гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ танзими музди меҳнат асосан характери ғайримарказӣ мегирад.

Ҳавасмандӣ имконияти дар ин шароит шаклҳои қонеъ гардонидани талаботро ифодамекунад. Агар талабот роҳнамоӣ кунад, ки ба корманд барои ҳастии муқаррариаш чӣ лозим аст (ҳастии фаъолият), пас ҳавасмандӣ ба саволе ҷавоб медиҳад, ки чӣ гуна бояд амал кард, ки ин ё он талабот қонеъ гардонида шавад.

Ҳавасмандӣ аз сифати рўҳии инcон, қобилият, хислату рафтор, дараҷаи маълумотнокӣ ва маданият, таҷрибаи иҷтимоӣ ва ғайра вобаста аст. Ба рушди онҳо коллектив, аъзои алоҳидаи он ва умуман ҷомеа таъсир расонида метавонад.

Аз рўи дараҷаи таъсирбахшӣ ҳавасмандии фаъол ва ғайрифаъолро фарқ мекунанд.

Ҳавасмандии ғайрифаъол — ин ҳавасмандии мушоҳидакунанда, ки дар он инсон бо қабули иншооти ба вай лозим маҳдуд мешавад. Мисол, корманд кори худро дўст медорад, дар вақти иҷрои он қаноатманд мегардад, вале фаъолнокӣ нишон намедиҳад, ки иншоотро ҳаматарафа дарк кунад, онро ба даст гирад ва ба эҷодкории ба ў хос машғул шавад.

Ҳавасмандии фаъол — ҳавасмандии таъсирбахш аст, ки дар ин ҳолат инсон ба фаъолияти меҳнатиаш қонеъ нагашта, фаъолона ба иншооти зарурӣ таъсир мерасонад ва онро такмил медиҳад.

Ба сифати намояндаи талабот ва ҳавасмандӣ ҷамъият, гурўҳҳои иҷтимоӣ, минтақаҳо, коллективҳои меҳнатӣ, инчунин кормандони алоҳида баромад мекунанд. Маҷмўи ҳавасмандиҳои гуногун ба ҳар як умумият хос аст. Дар раванди меҳнатӣ доимо ҳавасмандии шахсӣ (фардӣ), коллективӣ ва ҷамъиятӣ ба ҳамдигар дар пайвастагӣ мебошанд.

Дар натиҷаи таносуб ва якҷоя амал кардани онҳо рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ҷамъият муайян мешавад. Инкор шудани нобаробарӣ дар ҳавасмандиҳо, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо муборизаи навро бо кўҳна ва дар охир пеш рафтани ҷамъиятро ифода мекунад.

Дар амал талабот ба ҳавасмандии коллективӣ дар низоми мақсадҳо ва нишондиҳандаҳо, ки натиҷаи меҳнати коллективиро ифода мекунад, зоҳир мегардад. Бо ин моҳияти баланди гузоштани чунин нақшаҳо ва нишондиҳандаҳои кори корхонаҳо, ки дар иҷрои онҳо бояд кормандон ҳавасманд гардонида шаванд, муайян мешавад. Чунин ҳавасмандии фардӣ дар асоси интихоби мувофиқи шакл ва системаҳои музди меҳнат таъмин карда мешавад.

Мақоми муҳимро дар мотиватсияи меҳнат ҳамчун пешниҳоди ин ё он субъект (ҷамъият, гурўҳҳои иҷтимоӣ, шахсӣ, алоҳида) оид ба мақсади асосии ҳаёт ва фаъолият, инчунин воситаҳои асосии ба даст овардани онҳо, арзишҳо мебозанд. Арзишҳо ин ҳамаи ашёҳо ва ҳаракатҳо мебошанд, ки моҳияти мусбат доранд. Арзишҳо дар асоси талабот ва ҳавасмандиҳо ба амал меоянд.

Хусусияти шахс ба арзишҳои муайяни моддӣ ва маънавии ҷамъият арзишҳои рўовари вайро, ки аломатҳои умумии рафтори инсонро ифода мекунад, тавсиф медиҳад.

Рўоварии арзишҳо — ин муносибатҳои нисбатан устувори иҷтимоӣ ба маҷмўи неъматҳои моддӣ, маънавӣ ва мақсадҳои олӣ мебошанд, ки дар асоси онҳо кўшишҳои ба мақсад расидан пайдо мешаванд. Онҳо дар пайвастагии ҳавасмандӣ ва мақоми амалии инсон муайян мешаванд. Мисол, корманде, ки дар шўъбаи ғоибона ё шабонаи донишкада таҳсил мекунад, дар мавриди пайдо шудани вақти холӣ, агар хоҳиши хондан дошта бошад, рў меоварад ба хондан ва корманде, ки дар корҳои ҷамъиятии коллектив фаъолона иштирок мекунаду дар оянда агар мақсади васеъ кардани ин ҳамкориро дошта бошад, ба иҷрои корҳои ҷамъиятӣ ва ғайра равона мешавад.

Аз оне, ки ба кадом арзишҳо корманд майл дорад, кадом ҷойро ишғол мекунад фаъолияти меҳнатиаш дар системаи умумии рўоварии арзишҳо, дараҷаи фаъолияти меҳнатӣ, сифати иҷрои кор вобастаги дорад. Мисол, меҳнати дараҷаи баланди касбӣ замина мегузорад, ки ба ў ҳамчун ба арзишҳои баланд муносибат карда шавад. Лекин агар корманд дар навбати аввал ба фароғат истироҳат ва ғайра рў оварад, шартҳо иҷро намешаванд.

Дар фаъолияти меҳнатӣ ба рўоварӣ имконият ҳаст:

  • Ба меҳнати аҳамияти ҷамъиятидошта, яъне ба иҷрои корҳои

ҷамъиятии зарурӣ ва лозим;

  • Меҳнати пурмазмун, яъне шавқовар, гуногунмазмун, корҳои эҷодӣ, ки имконияти баланд бардоштани дараҷаи касбиро доранд;
  • Музди меҳнати баланд, иҷрои корҳои баландпардохт ва зиёда аз мўҳлат барои гирифтани музди меҳнати баланд;
  • Шароити мўътадили меҳнат ва истироҳат, микроиқлими хуб дар коллектив.

Ба рўоварии арзишҳо гузоришҳои муайян мувофиқат мекунад — ҳолати майл, тайёр будан, амал бо ин ё он тарз. Махсусан як қисми гузоришҳо ба иҷрои қарзи ҷамъиятӣ, ҳавасмандии моддӣ ва пурратар таъмин намудани худ ва оилаи худ, меҳнати пурмазмун, болоравии хизматӣ ва ноил шудан ба дараҷаи баланди иҷтимоӣ, шароити хуби кор, алоқа дар раванди меҳнат ҷудо мешаванд.

Дар фаъолияти меҳнатӣ яке аз гузоришҳо асосӣ аст. Мисол, ба роҳбарон худиҷроӣ ва худтасдиқӣ хос аст. Барои мутахассисон бошад арзишҳои касбии меҳнат ва шуури аҳамияти ҷамъияшдошта зарур аст. Ба ҷавонон муносибати ғайрифаъол ба меҳнат ва аҳамияти пасти мотивҳои меҳнати ҷамъиятӣ хос аст. Занҳо нисбат ба мардҳо ба меҳнати оромона бисёртар рў меоваранд ва паст шудани шароити меҳнатро зуд дарк мекунанд.

Яке аз гузоришҳои асосӣ дар доираи меҳнат ин музди меҳнат мебошад. Гузориши таъмини моддии шахсӣ, то он даме, ки дар ҷамъият имкониятҳои пурраи таъмини ҳамаи талаботҳо пайдо нашавад доимо ба меҳнаткардан водор мекунад. Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ фаъолияти меҳнатӣ сарчашмаи даромад ба ҳисоб рафта, кормандро бо ҳамаи воситаҳои барои қонеъ гардонидани талаботҳои ў зарур таъмин менамояд. Чи қадаре ки музди меҳнат зиёд бошад, ҳамон қадар коргар ва аъзои оилаи ў бо маводи зиндагӣ пурратар таъмин мешаванд.

Дар маҷмўи қувваҳои дохилии барангезанда мотивҳо ҷои намоёнро ишғол менамоянд. Онҳо чунин қувваи барангезиро, ки пеш аз ҳаракат ба вуҷуд меоянд, дар бар мегиранд.

Мотивҳо вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд:

  • рўоваранда (кормандро равона мекунад дар вақти интихоби

вариантҳои рафтор):

  • ба ақловаранда (аҳамияти субъективии рафтори кормандро муайян

мекунад);

  • ба идроковаранда (қувваҳои барангезандаро муайян мекунад);
  • сафарбаркунанда (кормандро ҷалб менамояд ба иҷрои фаъолияте, ки

моҳияташ зарур аст).

Таркиби мотиватсия дар зери таъсири ду омил ба амал меояд: дохилӣ ва берунӣ. Омилҳои дохилӣ бо фаъолияти меҳнатӣ (мазмуни меҳнат, аз тарафи корманд баҳодиҳии дастовардҳояш, эътироф намудани атрофиён, кўшиши баландравии вазифавӣ, ҳисси масъулият, худиҷроиш дар меҳнат) зич алоқаманданд. Меҳнате, ки ба ин мотивҳо асос ёфтаанд, қаноатмандӣ меоваранд ва назорати қатъӣ ва чораҳои маъмуриро талаб намекунанд. Омилҳои берунӣ берун аз фаъолияти меҳнатӣ амал менамоянд. (Сиёсати ташкилотҳои болоӣ ва усулҳои идораи кадрҳо, тарзи роҳбарӣ, салоҳияти роҳбарон, шароити меҳнат, вазъи рўҳӣ, ҳавасмандии меҳнат, мақоми ҷамъиятӣ ва касбӣ, кафолати нигоҳдории ҷои кор ва ғайра).

Дараҷаи баланди қонеъ гаштан ба меҳнат ва самаранокии он, вақте ки мотивҳои дохилӣ муайянкунанда бошанд, имкон дорад. Дар ин ҳолат меҳнат ҳамчун фаъолияти қонеъкунанда қабул мешавад. Мотиватсияи дохилӣ барои баамалории навъи олии муносибат ба меҳнат ҳамчун воситаи худиҷроиши шахс асос мешавад. Агар муайянкунанда омилҳои берунӣ бошанд, дар ин ҳолат меҳнат ҳамчун пардохт барои харидани дигар неъматҳо ва молҳо баромад мекунад.

Дар шароити бўҳронҳо, мавҷудияти камчинии молҳо ва баландравии нархҳо ба афзоиши музди меҳнат нигоҳ накарда, дараҷаи зиндагӣ паст рафта, меҳнат ҳамчун қонеъкунандаи талаботҳо моҳияти худро гум мекунад. Инсон аз меҳнат дур шуда, роҳҳои бе меҳнат қонеъ кунонидани талаботҳои худро ҷустуҷў мекунад. Талаботҳое, ки аз такрористеҳсоли қувваи корӣ берунанд, маҳдуд мешаванд. Пеш аз ҳама талабот ба меҳнати бошуур мемирад ва аҳолӣ ба рафтори ношоиста, ба монанди майнўшӣ ва маводи мухаддир майл мекунанд. Рушди рафторҳои ношоиста дар мотиватсияи меҳнат ба бесалоҳиятии кормандон, ки ба сифати кор аҳмият намедиҳанд, оварда мерасонад.

Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ мотиватсияи меҳнат нақши калон мебозад. Вай, бахусус, ба ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликият зич алоқаманд аст. Ҳисси моликият ва реҷаи рақобати хоҷагидорӣ ояндаи омили мотиватсияи меҳнатро баланд мебардорад. Инсон бо истифода аз воситаҳои меҳнати худ натиҷаҳои хуби меҳнатиро ба даст меорад. Ин бо назардошти мотиватсияҳои гуногун ва қисмҳои он амалӣ мешавад(талаботҳо, ҳавасмандӣ, гузориши меҳнат ва ғайра).

Рақобати байни звеноҳои хоҷагидорие, ки бо шаклҳои гуногуни моликият фаъолият менамоянд, истифодабарии дастовардҳои илмӣ — техникиро, афзоиш ҳосилнокии меҳнатро, сарфакорона истифодабарии захираҳо, кам кардани кормандони аз меъёр барзиёдро таъмин менамоянд. Ин бошад, барои маҳдуд намудани меҳнати дастӣ ва фаъолиятҳо дар шароити номувофиқ замина мегузорад.

Иқтисоди бозорӣ афзоиши самаранокии истеҳсолотро таъмин намуда, масъалаи ба кор таъминкунии аҳолиро тезутунд менамояд, талаботро ба кордонӣ пурзўр менамояд, вазъи иҷтимоиро шиддатнок мегардонад.

Аз ин рў дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ тартиб додан ва истифода бурдани механизми (маҳаки) самаранокии мотивасияи меҳнатӣ зарур аст.

Дар ин ҷо ба ёрии менеҷерони ҳамаи дараҷаҳои ҳокимият назарияҳои гуногуни мотиватсия меояд. Баъзеи онҳо дар расми 14 оварда шудаанд.

Равшан аст, ки рафтори инсон вобаста аст аз оне, ки кадом талаботҳо ўро маҷбур мекунад, фаъолият намояд, ба чӣ кўшиш мекунад, чӣ мехоҳад ба даст оварад ва барои ин кадом имкониятҳо дорад. Лекин ба ин пешниҳодҳо ҳам нигоҳ накарда, кафолати пурра нест, ки мотиватсияи инсонро ҳаматарафа фаҳмид. Боз ин мураккабтар аст дар вазъияте, ки дар замони ҳозира ҳамаи талаботҳо ва кўшишҳои инсонро дарк кардан номумкин аст.

Тадқиқотҳои масъалаи ҳавасмандии ҳосилнокии меҳнат аз аввал бо назарияи талабот, ҳавасмандӣ, таъмин ва тақвияти диалектикии вобастагии даромади корманд (музди меҳнат, мукофотпулӣ, ва ғайраҳо) аз дараҷаи тахассусӣ ва натиҷаҳои охири кор алоқаманд аст. Дар мамлакатҳои хориҷӣ якчанд назарияҳои мотиватсия истифода бурда мешавад. Назарияи аз ҳама маъмул ин назарияи перархия (талабот, интизорӣ) аст. Инчунин назарияҳои гуногун ва мусбат ба мотивасияи самараноки меҳнат истифода бурда мешавад.

Рўҳшиноси даниягӣ Мадсен К. Б. мотивҳои асосиро ба 4 гурўҳ тақсим менамояд:

  • табиӣ (гуруснагӣ, ташнагӣ, дарди беморӣ, хунукӣ, гармӣ ва ғайра);
  • эҳсосотӣ (тарс ва кўшиш ба бехатарӣ, бадқасдона ва сифати ҷанговарӣ);
  • иҷтимоӣ (кўшиш ба вазифа, алоқа, фаъолият).
  • боғайратона (талабот ба фаъолияти ҷисмонӣ, фаъолияти зеҳнӣ, эҷодкорӣ, музди меҳнат).

Барои ҳавасмандии иҷрои ин ё он кор зарур аст ҳамаи қисмҳои системаи мотиватсия, ки равона карда мешавад ба он, ки инсон ба меҳнат завқ пайдо кунад. Завқ ин қувваи бузургӣ пешбаранда мебошад. Дар ин алоқамандӣ Мадсен зарур мешуморад:

  • агар иҷрои мотивҳои фаъолият имконияти гирифтани қаноатмандии заруриашро аз даст диҳад;
  • таъмини имкониятҳо барои иҷрои мотивҳои иҷрошаванда, яъне шароит фароҳам овардан лозим аст то ҳар як инсон ҳис кунад, ки қувваи худро пурра истифода бурда истодааст;
  • қонеъ кунонидани талаботҳо дар созиш. Агар шароити меҳнат ин имкониятро надиҳад, пайдо намудани имконият оид ба созиш дар вақти берун аз кор зарур аст.

Мотивҳо бо талабот зич алоқаманданд. Аз нуқтаи назари бисёр олимони хориҷӣ талаботҳо ин ифодаи мотивҳои пинҳонӣ мебошанд, ки талаботро идора менамоянд. Тадқиқотҳое, ки Маслоу А солҳои 40 — уми асри ХХ гузаронидааст, нишон доданд, ки мотивҳои кирдори одамон асосан қувваи иқтисодӣ набуда, ақидаи тарафдорони мактаби мененҷменти илмӣ мебошад. Тибқи он талаботҳои гуногун қисман ва бавосита бо ёрии пул қонеъ гардонида мешаванд.

Маслоу пирамидаи панҷдараҷа сохтааст, ки дар дараҷаи якум қарор дорад: талаботи физиологӣ, талабот ба бехатарӣ ва муҳофизаткунонӣ. Инҳо талаботҳои аввалиндараҷа мебошад. Баъдан талаботҳои дуюмдараҷа ҳастанд, ки талаботҳои иҷтимоиро дар созиш, ҳурмату эҳтиром, шинохтани ҷамъият, доро шудан ба мақоми иҷтимоӣ дар бар мегирад. Ин номгўи талаботҳоро худифодагӣ ва худиҷроишӣ хотима мебахшад.

Назарияи Маслоу ҳамчун воситаи беҳтар намудани тарзи роҳбарӣ дар корхона васеъ истифода бурда мешавад ва чунон шароити меҳнатӣ муҳайё менамояд, ки ба онҳо имконият медиҳад худашонро ҳамчун инсони озод ва эҷодкор нишон диҳанд.

Дар назар дорем, ки тафриқаи талаботи Маслоу нопурра аст Д. Мак Клелланд ба он мафҳумоти «талаботи ҳокимият», «дастовардҳо» ва «мансубият»-ро илова намуд. Талаботи ҳокимият дар чӣ тавр ба дигар одамон хоҳиши таъсир расонидан ифода меёбад. Дар бисёр мавридҳо одамон бо талаботи ҳокимият боҷуръат, кушоду равшан, принсипиалӣ ва бо боварӣ нигоҳ мекунанд. Инҳо на танҳо шахсони барои ҳокимият кўшишдошта мебошанд, балки шахсони талаботашон рушдёфта низ ҳастанд, ки ҳалли бисёр масъалаҳои душвори иқтисодӣ ва ҷамъиятиро ба дўши худ мегиранд.

Дар нимаи дуюми солҳои 50-ум Ф. Гертсберг модели мотиватсияро кор карда баромад ва ду гурўҳи омилҳоро ҷудо намуд: мазмун ва шароити кор (музди меҳнат, сиёсати ширкат, муносибати шахсӣ ва ғайра).

Ин консепсияи дуомила асос меёбад, ба он, ки танҳо мазмуни меҳнат метавонад омили мотиватсия шавад, яъне ин маънои дараҷаи баланди қонеъ шудан ба меҳнатро дорад. Шароити меҳнат, ба фикри вай, омили қонеъкунанда набуда, балки мотивбаранда низ ҳисоб намешавад. Ба фикри Гертсберг, ҳар шахс дорои ду сифати фарқкунанда, новобаста аз якдигарии системаи талаботҳо аст. Шароити хуби меҳнат мақомро мустаҳкам ва коргаронро муттаҳид менамояд, табъи онҳоро хуш мекунад, лекин барои барангезии онҳо ба баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат замина нест.

Маҷбурияти иқтисодӣ ва таъсири маъмурӣ метавонад кормандонро водор кунад, ки онҳо ин корро иҷро намоянд, лекин ин амали кўтоҳандешона мебошад. Дар ин ҷо ҳавасмандии моддӣ низ ҳамчун омили доимоамалкунанда дида намешавад. Кормандон дар ҳадди муайян бо пул кор мекунанд. Баланд бардоштани музди меҳнат, пеш аз ҳама, кормандро ба корхона вобаста мекунад, вале на ҳамеша онро барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ҳавасманд мегардонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *