Фанни Молия

Мавзӯи «таърихи иқтисодиёт»

1.1 Аҳамияти омухтани курси «Таърихи иқтисодиёт». Нақш ва мавқеи он дар байни илмҳои дигари иқтисодӣ

1.2 Даврабандии илми таърихи иқтисодиёт ва манбаъҳои асосии он

1.3 Самтҳои асосии таъриҳи иқтисодиёти ҷаҳон

    1. Аҳамияти омўхтани курси «Таърихи иқтисодиёт».

Нақш ва мавқеи он дар байни илмҳои дигари иқтисоди

Омузиши равандҳои тараққии иқтисодиёти ҷомиаи инсони, ки умумитарин «таърихи иқтисодиёт» аст, вазифаи мубрами факултаҳои иқтисодии донишкадаҳои олии мамлакат мебошад. Мавзӯи «таърихи иқтисодиёт» ба дарки амиқи сабабҳову аҳамияти пешрафтҳои қаътии иҷтимоию иқтисодӣ дар таърихи ҷахон, фаҳмидани марҳилаҳои асосии инкишофи қуввахои истеҳсолкунанда, муносибатҳои истеҳсолӣ ва ногузир будани табдили форматсияҳои ҷамъиятиву иқтисодӣ, муайян кардани қонунмандии ба ҷомиаи инкишофёфтатар гузаштани инсоният ёрӣ мерасонад.

Асосҳои методологии «Таърихи иқтисодиёт» — ро, ки ба сифати китоби дарсӣ пешкаши донишҷуёни мактабҳои оллӣ мегардад, диалектикаи материалистӣ ва асарҳои бунёдии «Капитал» — и К. Маркс «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат», «Вазъи синфи коргар дар Инглистон»-и Ф. Энгелс «Тараққиёти копитализм дар Русия», «Империализм чун марҳилаи оллӣ копитализм»-и В. И. Ленин ва дигар таълифоти ин муалифон ташкил меёбанд. Дар ин асарҳо усули асосии таърихи иқтисод, ҳамчун илми иҷтимои, возеҳу равишанд баён гардидаанд.

«Таърихи иқтисодиёт» илми воқеист, ки таърихи тараққиёти башарият ва инкишофи қуввахои истеҳсолкунандаро аз пайдоиши низоми ҷамоавии ибтидоии то форматсияҳои ғуломдорию феодалӣ ва копиталистию коммунистӣ дар равобити зичи хронологӣ тадқиқ ва баррасӣ менамояд. Чунин муносибатро дар муқобили нуқтаи назари «тамаддуни» «форматсиони» меномидагӣ шудаанд. Ин даврабандиҳо дар банди дуюм батафсилтар баррасӣ хоҳанд шуд. Истеҳсолоти моддӣ – асоси зиндагӣ ва инкишофи ҷомиаи инсонӣ – на умуман, балки танҳо ҳангоми тарзҳои муайяни истеҳсол амалӣ гардонида мешавад. Як чиҳати тарзи истеҳсолот – муносибатхои истеҳсолианд, яъне муносибат миёни одамон дар раванди истеҳсолот. Инкишофи қуввҳои истеҳсолкунанда дар ҳар мамлакат, дар ҳар як давраи таърихи фақат дар ягонагӣ бо муносибатҳои истеҳсолӣ даст дода мешавад.Омили муайянкунандаи моҳият ва харктери муносибатҳои истеҳсолӣ шакли моликият ба воситаҳои истҳсолот мебошад. Маҳз муносибат воситаҳои истеҳсолот, дар навбати аввал, мавқеи гуруҳҳои мухталифи ҷамъиятӣ ва синфхо дар ин ё он ҷамъият муносибати миёни онҳо, тақсимоти неъматҳои моддӣ (натичаҳои истеҳсолот)-ро равшан мекунад. Маҷмуи муносибатҳои истеҳсолӣ таркиби иқтисодии ҷомиа, зербинои воқеии онро ташкил медиҳад, ки рӯбинои сиёсӣ, ҳуқуқи, идеалогӣ ва соири рубинҳои ҷамъият ба он такя мекунанд. Ба зербинои иқтисодӣ ҷомиа ҳамчунин шаклҳои муайяни ҷомиа ҳамчунин шаклҳои муайяни шуури ҷамъиятӣ мувофиқ меоянд.

Таърихи иқтисодиёт, чун илм, фаъолияти мардуми кишварҳои ҷудогонаро дар асоси қонунҳои айнии обективии инкишофи ҷамъият, дар пайдарҳамии таърихи тарзҳои истеҳсолот, дар кулӣ доираҳову соҳаҳои хоҷагӣ мавриди омузиш қарор медихад. Ин таърихи ҳамаи шаклҳои хочагӣ, тамоми соҳаҳоеро, ки доираи истеҳсолоти таркибии иқтисодиёти ҳамин ҷомиаро ташкил медиҳанд, мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Мавзӯи таърихи иқтисодиёт ҳам аз ҳамин иборат аст.

Дар системаи илмҳои иқтисодӣ нақши ҷанбаи таърихи ниҳоят бузург аст. Ин ё он руйдоди ҷамъиятиро таҳқиқ карда, мо вазифадорем, ки на фақат тавсифоти асосии каму беши онро аниқ баён намоем, балки инкишофи минбаъдаи онро пешбинӣ кунем. Ин чиз махсусан муҳим аст. Аммо инро фақат инкишофи қаблии ҳамин руйдод, ки ба қонунмандии таърихии муайяне асос ёфтааст, имконпазир мегардонад. Барои бехтар самтгирӣ карда тавонистани ҳолати кунунӣ ва пешбинии оянда амиқ омухтани ин ё он руйдод зарур аст.

Бинобар ин, дар илми таърихиву иқтисодӣ аз ҳама эътимодбхшаш – ин робитаи асосии таърихиро фаромуш накардан ба ҳар масъала аз нуқтаи назари он, ки руйдоди маълум дар таърихи чӣ гуна ба миён омадааст назар кардан, ин руйдод дар инкишофи худ кадом марҳалаҳои асосиро тай кардааст, ва аз ҳамин нуқтаи назар ба инкишофи он бояд нигарист, ки он ин дам ба чи ҳол расидааст.

Аҳамияти тадқиқоти таърихию иқтисодӣ на фақат дар барқарор гардидани қонунмандиҳои ҷамъиятию иқтисодии инкишофи таърихӣ, балки дар ҳолатҳои мушаххаси амалияи хоҷагидорӣ низ зоҳир мешавад. Иқтисодшиноси касбӣ дар ҳар сари қадам ба таърихи хочагидорӣ рӯ меоварад.

Омузиши таърихи иқтисодиёт дар кори омадагии ғоявию сиёсии иқтисодшинос аҳамияти зиёд дорад. Таърихи иқтисодиёт на фақат аз назари илмию маърифати, балки аз назари сиёсию тарбияви ҳам низ хеле мубрам аст. Ин чиз доираи донишчуро вусъат медихад, дар бахо додан ба муҳимтарин равандхои иқтисоди ва воқеаҳо мусоидат мекунад. Иқтисоддонро ба мошини ҳисоббарори маҳрум аз хиссиёти бепарво ба ракамхо такякунандае, ки фақат ба дакикияти натичахо барномабанди шудааст, шабохат додан мумкин нест. Ба чомиа на фақат мутахассиси дорои ихтисоси касби, балки корманди доираи чахонбиниаш васеъ ва дустдори содики ватани худ низ зарур мебошад.

Мутахассис таърихи иқтисодиётро таҳқиқ карда, на фақат дарк кардани нишондиҳандаҳои арзишманду миқдории инкишофи иқтисодиёти кишварҳои ҷудогонаро ёд мегирад, инсунин тахлилу ба андуша гирифтани аҳамияти сиёсиву ахлоқии тасмимгирихои хочагидориро низ аз худ мекунад.

Таърихи иқтисодиёт бо илмҳои дигари иқтисоди, таърихи назарривӣ ва иҷтимоишиносӣ дар иртиботи қави буда, якчоя амал мекунад.

Таърихи иқтисодиёт пеш аз ҳама бо илмҳои мушахасси иқтисоди алқаманд аст. Аммо тафовуташ дар ин аст, ки ба моҳияти таърихию иқтисодии ин ё он сохаи иқтисодиёти хар як кишвар накши он дар каламрави хоҷагӣ ва умуман ҷомиа бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Алоқамандии таърихи иқтисодиёти бо фанҳои назари аз он иборат аст, ки аз як ҷониб инкишофи иқтисодиёт ба таърихи хоҷагии халқ ба асоси дарки қонунҳои иҷтимоию иқтисоди хос муайян карда мешавад. Мазмуни ин қонунхою қонунмандихо ба василаи назарияи иқтисод ошкор мегардад. Таърихи иқтисодиёт ҳамчунин барои дарки қонунхои иқтисодии тараккиёти чомиа, ки ба восилаи назарияи иқтисод омухта мешавад, заминаи мушаххаси вокеи мебошад.

Таърихи иқтисодиёт бо фанхои ичтимоъшиносии мушаххас дар алоқамандии зич амал мекунад. Одамон, мехнаткашон, оммахои халк – муҳимтарин кисми таркибии куввахои истеҳсолкунандаи чомиа мебошанд. Бинобар ин, таърихи иқтисодиёт бояд, ба инкишофи иқтисодиёт таъсир расонидани омилҳоеро, чун хайати ичтимоии кормандон, идора кардани колективхои истеҳсоли, конеъ будан аз мехнат, рухия, рафтори кормандон ва ғайраро ба назари эътибор гирад. Натичахои иқтисоди – ин пеш аз ҳама натичаи фаъолияти одамон, мехнаткашон, колективхои истеҳсолкунанда мебошад.

Таърихи иқтисодиёт бо омилҳои таърихи ва қабл аз ҳама, бо таърихи умуми иртибот дошта, дар алоқаманди амал мекунад. Мавзуи кулли фанхои таърихи, чуз таърихи хоҷаги ва таърихи техника, инкишофи он доирахои чомиа мебошад, ки ба рубино (таърих, ҳуқуқ, фалсафа, санъат ва ғайра) мансубанд. Аммо он чи ба таърихи умуми дахл дорад, ин илми мачмуест, кулли чихатхои хастиву шуурро эхтиво намуда, ба сифати кисми таркибии заруритаърихи инкишофи тарзхои мухталифи истеҳсолотро дар бар мегирад. Ин чунин маъни надорад, ки миёни таърихи умумию таърихи иқтисодиёт мусови бояд гузошт. Таърихи умуми, асосан, ба сиёсати дохилию хоричии ин ё он чомиа бахшида шудааст, ки чун поячои асосии тараққиёти чамъият дар заминаи инкишофи истеҳсолоти модди барраси мешавад. Таърихи иқтисодиёт, асосан, ба доираи иқтисод, проблемахои истеҳсолоти модди, тақсимот, мубодила ва истеъмол бахшида шудааст. Проблемахои сиёси бошанд, асосан, вазифаи иловагиро ба чо меорад. Бинобар ин, дар таълифоти доир ба таърихи умуми суратгиранда таносуби кулли ба масъалахои таърихию сиёси (муборизаи синфи, руйдодхои дохилию хоричи) ба назар гирифта мешавад, дар таърихи иқтисодиёт бошад, ин таносуб ба масъалахои таърихию иқтисоди (базаи моддию техники, динамиқаи рушди иқтисоди, таносуботи хочагидори, усули тақсимот, шароити мехнат, сиёсати иқтисодӣ ва ғайра) ба эътибор гирифта хохад шуд.

Робита ба фанхои дигари таърихи барои таърихи хочагии халк накши нихоят бузург дорад. Он вазъе, ки рубинои чамъияти инкишофи зербиноро муайян мекунад, харгиз маънои гайрифаъол будани рубиноро надорад. Баръакс, рубинохои сиёси, идеологи, ҳуқуқи ва ғайра, сохтори иқтисодии чамъиятро муайян мекунад, худашон дар навбати худ ба ташаккулу инкишофи он нихоят фаъолони таъсир мерасонанд. Таърихи иқтисодиёт хатман омузиши сиёсати дохиливу хоричии давлат, нехзатхои чамъияти, чангхо, хусусиятхои милливу этнографи, қонунхо, фархангхои динни, илму санъат ва ғайраро дар бар мегирад. Аммо кулли ин проблемахо на худ ба худ омухта мешаванд, балки фақат аз нуктаи назари накши онхо ба инкишофи иқтисодиёт мавриди омузиш карор меёбанд. Чунончи, барои таърихи иқтисодиётна тафсилоти муборизахои сиёсиву мусаллахона, на стратегияи чанги, балки сиёсати иқтисодӣ ва ҷанбаи иқтсоди, яъне дигаргунихо дар хаёти иқтисодии ҷомиа, ки ин ё он руидодхои сиёси ба он боисмегарданд, муҳиманд. Дар таърихи ҳуқуқ таърихи иқтисодиёт танҳо ба қонунгузори чун худуди ҳуқуқии инкишофи инкишофи хочагидори, таваччух зохир мекунад, балки пеш аз ҳама ба окибатхое диккат медихад, ки ин ба хаёти хочаги расонидааст ё мерасонад, дар таърихи илм таърихи иқтисодиёт қабл аз ҳама омилҳоеро меллоп чуяд, ки дар хочаги дигаргунихо ба вучуд овардаанд. Барои таърихи иқтисодиёт таърихи техника ҳам аслан ҳамон накшеро ба чо меоварад, ки прогресси илмию техники чи натичахои иқтисоди додааст ва асосан аз ҳамин нигох омухта мешавад.

Олими барчатаи иқтисодшинос, академик Леонид Иванович Абалкин дар маколааш «Накши илми таъриху иқтисодиёт баланд бардошта шавад», ки дар сахифахои мачаллаи «Экономические науки» ба

табъ расида буд, зикр мекунад, ки «Донистани таърихи неъруи аклию умуифархангии чомиаро мустахкам мекунад. Ин дониш он пойдевореро ба вучуд меоварад, ки дар он кулли бунёкорихои дигар аз чумла пархрезиву халли масъалаҳои мушаххасро метавон барпо кард. Адами таҳкурсии мустаҳкам бошад, хар гуна конструксияро ликконаку ноустувор мегардонад. Илова бар ин, донистани сабакхои тачрибаи таърихи бисёр муҳим ва иборатбахш аст… бе дониши амиқи таърихи халли масъалахои мушаххаси пеш гузоштани кадамхои амали ҳам имкон надорад».

Ин суханони моро ба омухтани таърихи иқтисодиёти мамлакатхои хориҷӣ низ далолат мекунанд.

«Таърихи иқтисодиёти мамлакатхои хоричи», бахусус таърихи таракиёти иқтисодии мамлакатхои пешкадам – ИМА, Чопон, Олмон, Фаронса ва Инглистон, ки аз замонхои кадим то рузгори моро дар бар мегирад, дар он хусусиятхои асосию самтхои мухалифи иқтисодиёти ин мамлакатхо нишон дода шудаанд, биёр ҳам судбахшанд.

Интихоби омузиши таърихи иқтисодиёти мамлакатхои пешкадами хоричи тасадуфи нест. Ду холат ба ин боис гардидааст: аввалан, мамлакатхои зикрёфта афзалиятхои инкишофи иқтисодиро ба туфайли дастовардхои назаррасашан муайян мекунад ва пешсафони тамаддуни кунуни мебошанд, сониян, онхо асосан аз ҷиҳати иқтисоди сиёсӣ ва фарҳанги якхелаанд.

Омухтани таърихи иқтисодиёти мамлакатхои тадкиккардаи капиталистии хоричи («панчгона») дар муайян намудани решахои таърихии ихтилофоти иқтисоди накши бузург дорад.

Маводи пешниходшаванда ба ёрии омузандагони таърихи иқтисодиёти мамлакатхои пешрафтаи хоричии «панчгона», давраи аз замонхои кадим то рузгори моро фаро мегирад. Ин яке аз муҳимтарин фаслхои курси «таърихи иқтисодиёт» аст, ки дар тарбияи ватанпарастонаи насли наврас аҳамияти маърифатӣ ва ғоявию сиёсӣ дорад.

    1. Даврабандии илмии «Таърихи иқтисодиёт» ва манъбаҳои асосии он

Таърихи тараккиёти иқтисодии чомиаро бидуни даврабандии он тахкик кардан аз имкон берун аст. Таърихи иқтисодиётро ба кадом даврахо таксим бояд кард? Чавоби ин суол ба муайян кардани марҳилаҳои таърихие, ки хочагии ин ё мамлакат дар инкишофи худ онҳоро тай кардааст, вобаста мебошад ин ба омилҳое иртибот дорад, ки инкишофи иқтисодиёт таъсир мерасонанд илми Гарб, накши омилҳои беруна, дуюмдарачаи инкишофи хочагихоро аз будааш зиёд арзиш дода, ин проблемаро ҳал карда натавонист. Танҳо назарияи ҳақиқатан илмии тараққиёти чамъият даврабандии илмии ба ғояи пойдоиш, инкишоф ва табдили тарзхои истеҳсолот асосёфтаро пешниҳод карда метавонад. Тарзи ибтидоӣ – ҷамоавии истеҳсолот, ки дар он моликияти хусуси ба олоту воситахои истеҳсолот чой надошт, синфхои чамъияти вучуд надоштанд, ба ғуломдори бадал шуд. Дар ин чомиа воситахои истехсалот ва истеҳсолкунандаи бевоситаи он – гулом – моликияти хусуси буд. Ба чои назари феодали истеҳсолот, ки моликияти хусуси ба воситахои истеҳсолот ва воситагии шахсии истеҳсолкунандаи дорои хочагии худ ба он асос ёфтааст. Зеро коргар аз воситаи истеҳсолот маҳрум мебошад, бинобар ин мачбур аст, ки кувваи кориашро чун мол бифурушад, ба сармоядор химат кунад. Ин тарзи истеҳсолот чомиаро қонунмандона бо тарзи ба камол расидатари он бадал кард, ки дар ин чо моликияти чамъияти ба воситахои истеҳсолот хукмравои дорад ва ба истисмор карда шудани инсон аз чониби инсон чой нест. Дар ин раванди болоравии чамъият аз тарзи пасти истеҳсолот ба тарзи баланди он мохияти прогресси чамъияти нухуфта аст. Бинобар ин, даврабанди ба пайдарҳам бадал шудани тарзхои истеҳсолот асосёфта дурусту сахех ва шакли илмии омузиши раванди серпахлуи тараккиёти иқтисодии чамъият мебошад.

Даврабандии илмии таърихи иқтисодиёт яке аз мураккабтарин масъалахост ва ба тарзи мухталиф таъбир карда мешавад. Доир ба даврабандии илми иқтисодиёт дар холи хозир ду нуктаи назари асоси вучуд дорад. Ин ду нуктаи назар аз форматсияги ва тамаддуни иаборатанд.

Нуктаи назари форматсиягии даврабанди ба схемаи панчхалкаинаи аз тарафи Маркс пешниходгардидаи таърихи чахон асос ёфтааст. Агарчи аз мантики комили Маркс наметавон сарфи назар кард, вале ба хар хол схемаи панчхалкаинаи у фахмиши нихоят соддаи табдили шаклхои пасти чамъияти ба шаклхои баландтар мебошад – кайд мекунанд. Муаллифони китоби дарсии « таърихи иқтисодиёти мамлакатхои хоричи », ки соли 1996 зери тахрири В.Г.Голубович дар Минск ба табъ расидааст. Чои аз ҳама сусти даврабандии форматсиягии Маркс ба таъкиди муаллифи китоби дарсии Фавкуззикр – ин якчихата будани он аст, ки ногузир таърихро содда карда нишон медихад, онро аз боигариву гуногунрангии алоқахояш маҳрум мекунад. Дар ин даврабанди тасаввуроти сахти ногузир доир ба таърихи ҳамчун протсесси алоқадбор, ки ногузир ба паст рафтани накши тафаккур дар он, омили инсони мерасонад, ифода ёфтааст.Нуктаи назари форматсияги ба даврабандии таърихи иқтисодиёт вокеияти обективиро инъикос мекунад. Форматсияи антики, асри миёнаги, буржуазиро аз таърихи хат задан мумкин нест, тамоми таърихро ба ин форматсияхо ҳамл кардан низ имкон надорад.

Ба акидаи мо даврабанди аз руи семаи панчхалкаинаи Маркс, ки ба пайдарҳам бадал шудани тарзхои истеҳсолот асос ёфтааст, ягона шакли хакикиву илмии омузиши раванди инкишофи чомиаи инсони мебошад. Зери таъсири раванди илмию техники доир ба даврабандии таърихи иқтисодиёт нуктаи назархои дигар низ васеъ ба кор бурда мешаванд. Масалан: чамъияти тосаноати, саноъати ва баъдисаноати (Д.белл, А.Турен ва дигарон), аграри – тамаддуни индустри-технотрони (О.Тоффер). намояндагони даврабандии таърихи иқтисодиёт тамаддуни низ аз ин нуксонхо ори нестанд. Асосии инхо – тасаввурот доир ба чамъияти чун харакат аз содда ба муракаб, аз муносибатхои камтар инкишофёфта ба бештар мебошад. Дар давраи охир схемаи нави чорхалкаинаи даврабандии таърихи иқтисодиёт ба миён омад: таърихи кадим, асрҳои миёна, замони нав ва замони навтарин. Дар чахорчуби таърихи кадим, ки давраи садхазорсола то солшумории мо асри V-и солшумории мелодиро дар бар мегирад, тарзхои ибтидои – чамоавии истеҳсолот ва ғуломдорӣ нисбати даври асрҳои миёна, ки қарниҳои V-XV- ро эҳтиво менамояд, ҷудо карда шудааст. Дар асри XX ба инкишофи копитализм ду вокеаи чахони таъсир расониданд: чангхои яккум ва дуюми чахон. Баъди чанги яккуми чахон бисёр мамлакатхо барои гузаштан ба идораи арзи милли, гегемонияи бонхо изхори акида кардан, ки ин аз Аврупо ба ИМА гузашта буд; монеахои тичорати таквият пайдо карданд; халкхои африкою кишварҳои араби бо мувафақият аз мустмликадори рахо ёфтан. Бухрони чахонии солхои 1929-1933 дар як сари мамлакатхо ба сиёсат дахолат накардани давлат ба кори иқтисоди хотима гузошт. Баъди чанги дуюми чахон хаёхуи зиёди инвеститсиони ба мушохида расид, ки ба он НТП, тачаддуди Аврупо ва баркарор гардидани Япония чун маркази гасби иқтисоди боис шуданд дар кулли кишварҳои гарби механизмхои аз нав таксим карда шудани даромад реша давонд, сиёсати максадноки зиддибухрони пеш гирифта шуд. Механизми хочагидори копиталисти ба кувваи ракобати ичтимои самтгирона ва идоракунанда табдил ёфт.

Равшаниандози, тахлтл ва хулосабароварданхо рочеъ ба таърихи мросри баъдичангии иқтисодиёти давлатҳои «панҷгона» ба замони навтарин нисбат дорад, ки давраи аз соли 1914 то рузгори моро дар бар мегирад. Омузиш чихати таърихии иқтисодиёти хар кадом кишвар бар манъбахои таърихию иқтисоди асос меёбад. Барои таърихи иқтисодиёт на манъбахои адади, балки, асосан, ашёи манъбахои баёнгари хочагидори муҳиманд. Аз миёни манъбахои таъри иқтисодиёт аз ҳама асоситараш манъбахои мадди мебошанд. Ба ин кабил манъбахо шёи маданияти модди, хуччатхои хфриётии бостоншиноси, бинохову иншооти бар чой монда, санадхои бозгукунандаи тарзи хочагидори мансубанд. Ба радифи ин манъбахо дастуруламалхо, карорхо, санадхо (актхо), фармонхо, хуччатхои чанбаи молиёти (андози) дошта, молияви, меъёрии тичорати, хисоботии дохили хочагихо, сохахо, кишварҳо, фехристхо, мукотибот, рекламахои тичорати, прейскурантхо ва ғайра, ки чихати иттилооти доранд, хисобу китоб, осори илмиву иқтисоди, хуччатхои дорои чанбаи тадкикоти ва ғайра дохиланд.Дар миёни дораи васеъи манъбахо маълумоти омории ичтимоию иқтисоди нихоят муҳиманд.Дар чомиаи копиталисти омор танҳо дар ихтиёри «одамони давлати» ё доираи махдуди мутахассисон карор дошт. Вазифа аз он иборат буд, ин иттилоот дастраси омма шавад, шухрат ёбад, то менаткашон тадричан дарк кунанд ва ба чашмони сар бубинанд,ки чи кадар карорхоро ба чо овардаанд. Ба ҳамин тарик, накши омор барои бахо додан ба инкишофи хочагихо ҳам дар гузашти, ҳам имруз ва ҳам фардо аз ахмият холи нахохад буд. Маводи адабиёт, санъат, матбуот, радио, телевизион, ки дорои иттилооти иқтисодианд, барои таърихи иқтисодиёт низ хеле муҳиманд.

    1. Самтҳои асосии таърихи иқтисодиёти ҷахон

Мухимтарин вазифаи таърихи иқтисодиёт аз фош кардани «назариёт»-и гайриилмии дар сохаи таърихи иқтисодиёт мавчуд ва, пеш аз ҳама, ситоши ситоишгарони низоми буржуази мебошад, ки адабияти капитализмро зӯр зада исбот кардани мешаванд.

Илми таърихи иқтисодии буржуазия кушиш мекунад, ки ихтилофоти антагонистии иқтисодиёти капитали, характери истисморгари доштани онро рупуш карда, ба – дин васила хулосаи илмии рочеъ ба ногузирии табдили тарзи капиталистии истеҳсолотро зери шуъбахо гузоранд. Як силсилаи схемахо инкишофи иқтисодии чамъият, ки мактабхову равияхо мухталифи афкори таърихию иқтисодии буржуази пешниход карданд, мустаким ё гайри мустаким ба чунин хулоса меоянд. Дар асоси кулли схемахои инкишофи иқтисодии чамъият аслан айни як усул гузошта шудааст. (Афкори таърихи иқтисодии буржуази муфассалан дар курси афкори таърихи иқтисоди омухта мешавад). Холи хозир мо ба таври ичмоли ба ин схемахо дахл мекунем. Усули методологии афкори таърихи иқтисодии буржуази аз он иборат аст, ки аломатхои асосии дохилии инкишофи хочаги бо аломатхои берунии он иваз карда шавад. Масалан, консепсияи муовиза, мувофики он инкишофи иқтисоди на ба василаи истеҳсолот, балки ба василаи иваз шудани неъматхои модди муайян мешавад. Як силсила схемахои таърихи иқтисодиёт ба ҳамин дастур асос ёфтааст. Нахустин схема аз чониби мактаби ба истило таърихи дар назарияи иқтисоди пешниход шуда буд, ки солхои 40-и асри XX дар Германия пайдо шуд, намояндагонаш Б.Гилдебрант, В.Рошер, Г.Шмолер, Л.Брентано, К.Бюкхер ва дигарон буданд. Ин назарияи мархилаи инкишофи иқтисодии чамъиятро дар солхои 60-90-и асри XIX асосан Б.Гилдебрант ва К.Бюхер ташаккул дода буданд.

Б.Гилдебрант – иқтисодшиносии буржуалии немис – тараккиёти иқтисодии инсониятро ба се мархила ё сатхтаксим кардааст: хочагихои натурали, пули ва карзи ( кредити ). Ба акидаи Гилдебрант:

— дар мархилаи хочагии натурали дар муовизаи на пул, балки махсулот бевосита иштирок мекунад, яъне мустакиман худи махсулоти тавлидгардида ба якдигар иваз карда мешавад;

— дар мархилаи хочагии пули мувозиа бо рохи хариду фуруш ба иштироки пул ба амал меояд;

— дар мархилаи хочагии карзи (кредит) муовиза ба василаи карз (кредит), яъне гайри накди амали гардонда мешавад.

К.Бюхер ин схемаро як дарача такмил дод ва ба сифати аломат гайр аз тарзи муовиза боз «тули рох» — ҳамдохил кард, ки махсулоти аз истеҳсолгард ба истеъмолгард меравад. Се навъи хочаги ба миён омад – хонаги, шахри ва хочагии халк.

Дар хочагии канораги хона истеҳсолгард хосили истеҳсолоти худро истеъмол мекунад, дар хочагии шахри –махсулот бевосита аз корхона ба истеъмолгарон мегузарад, дар хочагии халк – махсулот бевосита ба дасти истемолгард намерасад, балки ба василаи як миқдор амалхои муовизави бо ёрии ташкилотхо – тахвилкунандагон ба амал бароварда мешавад.

Ин схемахо барои омузиши таърихи хочагихо кобили истифода нестанд. Вокеан, ба истифодаи ин схемахо чи гуна метавон, масалан, иқтисодиёти Рими Қадим, Аврупои асрҳои миёни ва Хиндустони замони хазираро аз ҳам фарк кард. Ҳам адр Рими Қадим, ҳам дар Аврупои асрҳои миёна ва ҳам дар Хиндустони замони хозира мавчудияти харсе навъ – хочагии натурали, муносибатхои молию пулли муовизаи мураккаби чандчониба ба василаи кредит ба чашм мерасад.

Ин схемаи Б.Гилдебрант ва К.Бюхер на фақат илман исбот карда шудани нест, инчунин аз чихати сиёси иртичоист, зеро аз тассавуроти рочеъ ба мавчудияти моликияти хусуси ба воситахои истеҳсолот бар меояд ва копитализмро куллаи тараккиёти иқтисоди эълон мекунад.

«Мархилаи инкишофи» — ин бюхери дар илми таърихи иқтисодии буржуази интишорёфта буд. Дар холи хозир консепсияи муовизавии онхо дар шакли соф корбаст намешавад. Аммо дастури рочеъба он, ки дар асоси инкишофи иқтисоди на тарзи истеҳсолот, балки тарзи истеъмол, муомилат, идора кардани хочаги карор дорад, барои асоснок кардани схемаи аниктари раванди таърихию иқтисоди, ки таъйиноти ин схемахо рупуш кардани зухурати манфии капитализм аст, ҳамчунин хидмат карда истодааст.

Дар илми муосири иқтисодиёт дар гарб схемаеро пешбари карда истодаанд, ки мактаби ба истилох неолиберализми В.Эйткен, Ф.Бем, Л.эрхард дар Германия ва В.Рейке дар Шветсия тавсиф додааст. Мувофоки ин схема даврхои инкишофи иқтисоди аз руи холати доираи муомилат, аз руи дарачаи ракобати озод фарк мекунанд.

«Хочагии озодии бозрасии чахони», ки бо капитализми замони хозара мушобех дониста мешавад, мархилаи оли эълон шудааст, хусусан баъди дар солхои 1960 ташкил ёфтани «бозори умуми» ( Ширкати аврупоии тичорати озод – ШАТО ).

Иқтисодчи ва сотсиологи амрикойи профессор Улт Уитмент Ростоу, дар ахди президентон Ч.Кеннеди ва Л.Чонсон собик ёвари махсуси президенти ИМА, схемаи наверо пешниход карда истодааст, ки дар ин схема вай корро аз нишонахои дарачахои мухталифи истеъмоли оммави пеш гирифтааст. Схемаи у ва болобардор карда, нишон додани опитализми амрикои нигаронида шудааст.

Мувофики схемаи Росту чанд « мархилаи инкишофи иқтисоди » мавчуд аст, сарфи назар аз мундаричаи махсусашон: чамъияти анъанави, чанд мархилаи мобайни ва схема ба чамъияти индустриа –

лиа – «асри истеъмоли оммавии оли» хатима меёбад. Ба ҳамин тарик, росту хулоса мебарад, ки фақат «чамъияти истеъмоли оммави» вучуд дорад, зеро, азбаски чунин «чамъият» дар ИМА мукамалтар мавчуд аст, хочагии капиталистии амрикойи куллаи хочагии иқтисодии чахони асту бас. Схемахои даврии таърихи иқтисодиёт ҳам аз консепсияи муовизави бар меояд. Тассавуроти доир ба он, ки таърихи инсоният – мохиятан гардиш аст, ки тадричан ба лахзаи ибтидоиаш бармегардад, аз ибтидои асрҳои XVII – XVIII огоз ёфтааст. Вале «заминаи»- таърихию иқтисодии чунин кансепсия танҳо дар охири асри XIX – ибтидои асри XX дар таълифоти олимони немис Э. Мейер, Р.пелман ва дигарон дар миён омадааст. Назарияи даврагии Мейер ва Пелман аз мавчудияти истеҳсолоти моли, муносибатхои пули, кредит дар дунёи кадим сар карда ба маводи иқтисодии зиёде такя намуда, таърихи хочагии кадимро давраи ба поён расида эълон мекунад, ки дар он ғуломдории антики накши капитализмро ичро мекунаду давраи пеш аз он – накши феодализмро. Чонибдории назарияи давраги дар манбаъхои таърихи рочеъ ба устохонаи Юнони Қадим, ки дар он чанд гулом кор мекардаанд, ишрае пайдо кард, таъкид мекунад, ки – ин манафактураи корияи ошкорост. Мавчудияти бист-си нафар гуломон – хунармандон ба онхо далел пеш овардааст, ки аз вучуд доштани «саноати фабрики» сухан ронанд. Системаи кридити антики бо бонкхои байналхалкии асри ХХ шабех дониста шудааст. Баъди заволи дунёи антики давраи нав огоз меёбад – боз феодализм пеш меояд, ки онро капитализм бадал мекунад.маънои сиёсии схемаи давраги – тасдик кардани он аст, ки капитализм категорияи абади, куллаи иқтисодиёти чахон аст.

Муаррихи иқтисоддони австрияги А. Донш хочагии «капитализми вотчинаги» — ро фикр карда баровардааст. Ба акидаи у феодализм харгиз вучуд надоштааст, таърихи саросар аз капитализм иборат будаасту бас. Схемахои фавкузикр дар заминаи муболига карда шудани накши омилҳои беруна, дуюминдарача, вале иқтисоди – муовиза кардан, муомилот – бар зиёни омили асоси – тарзи истеҳсолот – сохта шудаанд.

Схемахое вучуд доранд, ки дар заминаи муболига кардани накши омилҳои дорои чихатхои гайри иқтисоди – харби, динни, равони, милли ва ғайра бунёд гардидаанд.

0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *