Фанни Молия

Асосҳои назариявии меҳнат ва баҳогузории он дар шароити муосир

  1. Мафҳум, моҳият ва таснифоти меҳнат

Меҳнат – ин фаъолиятест, ки ба инкишофи инсон ва таҳаввул додани захираҳои табиӣ ба неъматҳои моддӣ, маънавӣ ва зеҳнӣ равона карда шудааст. Чунин фаъолият метавонад ҳам ба таври маҷбурӣ (маъмурӣ, иқтисодӣ) ва ҳам ба майли худ ва ҳам бо ину он амалӣ карда шавад.[1]

Доир ба меҳнат олимону мутафакирони тоҷик низ ақидаҳои зиёде кардаанд чунончи Аҳмади Дониш дар баёни хусусиятҳои хоси касбу пешаҳо оиди пешаи омўзгорӣ чунин мефармояд: «Бидонед, ки аълову ашрафи пешаи аҳли қалам илми русум ва дарсу тадаррус ва таълиму тааллум, агар холисан-ли-лоҳи ихтиёр кунад ва ғарази дунявӣ ва ҷову мансаб ва тақарруби ҳуком дар миён надорад. Ва агар бар ғарази дунявӣ ин маслак ихтиёр карда бувад золу музилл бошад. Ва ин аз рафтору муомилаи мударрис маълум мегардад, ки барои чӣ ин пеша ихтиёр карда»[2].

«Меҳнат» ва «Кор» мафҳумҳои ҳаммаъно нестанд, агарчи умумият доранд. Меҳнат ин фаъолиятест, ки онро инсони соҳибақлу бошуур амалӣ менамояд, кор бошад, танҳо ба маънои амали ҷисмонӣ меояд. Онро метавонад инсон, машина ё худ ҳайвон амалӣ намояд. Меҳнатро бо вақт ифода мекунанд ва бо вақти корӣ чен менамоянд. Кор бошад, бо воҳидҳои натуралӣ- киллограм, метр, дона ва ғайра чен карда мешавад.

Дар адабиётҳои иқтисодӣ вобаста ба меҳнат гоҳо вақт истилоҳи «субстансияи мехнат»-ро вохўрдан мумкин аст. Аслан истилоҳи «субстансия» маънои асос, моҳиятро дорад. Яъне, чизе ки новобаста аз дигар ашёҳо вуҷуд дорад, вале вуҷуди дигар ашёҳо ба он вобаста аст. Дар илми меҳнат бошад, субстансияи меҳнат гуфта, хароҷоти энергияи организми инсон дар ҷараёни меҳнат фаҳмида мешавад, ки асос ва сарчашмаи фаъолияти меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.

Унсурҳои асосии меҳнат қувваи корӣ ва воситаҳои истеҳсолот шуморида мешаванд.

Қувваи корӣ — ин маҷмўи қобилиятҳои ҷисмониву зеҳнии инсон мебошад, ки дар ҷараёни меҳнат истифода мешавад. Он қувваи асосии истеҳсолкунандаи ҷамъият мебошад. Истилоҳи «қувваи корӣ» бештар дар мавриди ифодаи аҳолии фаъоли иқтисодӣ ҳамчун маҷмўи коргарон ва бекорони корҷў истифода бурда мешавад.

Воситаҳои истеҳсолот аз предмети меҳнат ва воситаҳои меҳнат иборат мебошад.

Предмети меҳнат – ин ашёи хом, маҳсулоти хоми табиӣ мебошад, ки бояд шаклу сохташ тағир ёфта, арзиши харидорӣ пайдо кунад. Ба он дохил мешаванд: замин, ашёи хом, материалҳо, флора ва фауна, ҷараёнҳои ахборию энергетикӣ ва ғ.

Воситаи меҳнат ин яроқи истеҳсолот (машинаҳо, асбобҳо, таҷҳизотҳо ва ғ.) мебошад, ки бо ёрии он инсон ба предмети меҳнат таъсир расонида истода, шаклашро тағир медиҳад.

Ҷараёни меҳнат ин раванди муттаҳид кардани қувваи корӣ ва воситаи истеҳсолот бо мақсади истеҳсоли намудҳои маҳсулот мебошад. Ҷараёни меҳнат дар муҳитҳои муайян амалӣ карда мешавад, ки он дар шароитҳои гуногуни меҳнатӣ ифода меёбад. Ҷараёни меҳнат муттаҳидкунии механикии қувваи кориву воситаи истеҳсолот набуда, балки муттаҳидкунии органикӣ аст, ки дар он инсон чун омили асосӣ баромад мекунад. Дар ҷараёни меҳнат инсон бо воситаи меҳнат аз рўи нақшаи пешакӣ муайяншуда ба предмети меҳнат таъсир мерасонад. Натиҷаи ҷараёни меҳнат маҳсули меҳнати инсон мебошад.

Меҳнат — ин фаолияти инсон аст, ки чунин хусусиятҳоро дорад:

  • Мақсаднок будани фаолият. Ин маънои онро дорад, ки инсон пеш аз он ки ба меҳнат шурўъ намояд, нақшаи онро дар майнааш матраҳ месозад. Масалан, чун истеҳсолкунандаи маҳсулот ў пешакӣ муайян месозад, ки кадом намуди маҳсулот ба чӣ микдор, дар куҷо бояд истеҳсол карда шавад. Фаъолияти бешууронаву беҳадаф меҳнат ҳисобида намешавад. К.Марск дар ин бобат як тамсили ниҳоят хуб овардааст. Ў фаъолияти меъмор ва замбўри асалро мисол овардааст: меъмори беҳунартарин аз замбўри асали хубтарин бо он фарқ мекунад, ки ў пеш аз сохтани хона тарҳи онро пешакӣ тартиб медиҳад. Замбўрро бошад, инстинкти табииаш роҳнамоӣ мекунад.
  • Оқилона будани фаъолият. Яъне инсон баъд аз тартиб додани нақша, тарзу усули беҳтарини дар амал ҷорӣ кардани онро ҷустуҷў менамояд. Чуночи дар мисоле, ки мо овардем инсон баъд аз он, ки мақсади меҳнати худро дар майнааш матраҳнамуд ба саволҳои зерин ҷавоб меҷуяд: ин маҳсулотро чи гуна истеҳсол бояд кард? Кадом захираҳо истифода шаванд? Бо кадом технология? ва ғайра.
  • Натиҷанок будани фаолият. Фаъолияти меҳнатӣ ҳадафи муайяне дорад. Ин ҳадаф дар натиҷаи меҳнат ифода меёбад. Меҳнате, ки ба итмом расидааст, новобаста аз он, ки ба ҳадафи ниҳоии худ расид ё нарасид натиҷаи муайяне дорад. Бигзор, ки дар роҳи расидан ба мақсад як қадам ҳам гузошта шуда бошад, вале ҳамон як қадам ҳам натиҷаеро ифода менамояд.
  • Ба ҷамъият муфид будани фаъолият. Маълум аст, ки одамон дар якҷоягӣ амал карда истода, неъматҳои моддиро ба вуҷуд меоваранд. Инсон дар алоҳидагӣ меҳнат намояд ҳам ҳоҳ ноҳоҳ бо дигар одамон дохили муносибатҳои иҷтимоӣ- меҳнатӣ мегардад. Аз ин рў, фаъолияти меҳнатии инсон ба ҷамъият низ манфиати муайян меоварад.
  • Энергияталаб будани фаъолият. Ин дар он ифода меёбад, ки ҳангоми амалӣ кардани фаъолияти меҳнатӣ одамон миқдори муайяни энергияи ҷисмонӣ ва зеҳнии худро харҷ мекунанд.

Аввалин тадқиқотҳо оиди ҷараёнҳои меҳнатӣ ба қалами муҳандиси амрикоӣ Ф.У. Тейлор тааллуқ дорад.

Мақсади Тейлор ёфтани роҳу усулҳои беҳтарини иҷроиши амалиётҳои истеҳсолӣ буд. Тадриҷан дар дохили илмҳои иқтисодӣ шохаи махсусе ҷудо шуд, ки сараввал номи «Ташкили илмии меҳнат»-ро дошт. Дар Аврупо ин шохаи илмро бо номи «Иқтисодиёти мехнат» қабул карданд ва каме баъдтар (баъди нисбатан васеъ шудани доираи омўзиши масъалаҳои дарбаргирандааш) бо он калимаи «иҷтимоиёт»-ро низ ҳамроҳ карданд.

Дар амал намудҳои гуногуни меҳнат вуҷуд дорад, ки ҳамаи онҳоро метавон аз рўи меъёрҳои зерин синфбандӣ кард: аз рўи мазмуни меҳнат; аз рўи характери меҳнат; аз рўи натиҷаи меҳнат; аз рўи воситаҳои истифодашаванда ва дараҷаи иштироки инсон дар раванди меҳнат; аз рўи усулҳои ҷалби одамон ба меҳнат.

Раванди меҳнат аз нуқтаи назари мазмуни меҳнат, алоқамандии инсон бо воситаҳо ва предмети меҳнат мебошад, ки давраҳои муайянеро дар бар гирифта истода бо истеҳсоли маҳсулоти муайян анҷом мепазирад. Дар ин раванд функсияҳои зеринро ҷудо намудан мумкин аст. 1) Функцияи мантиқӣ, ки дар он мақсади кор муайян карда шуда, ба раванди меҳнат омодагӣ мегиранд; 2) Функсияи иҷроиш- яъне оғози амалиёт ва бевосита таъсир расонидан ба предмети меҳнат; 3) Функсияи назорат – яъне мушоҳидаи раванди технологӣ ва равиши иҷроиши барномаи маъмулӣ; 4) Функсияи танзим – яъне ислоҳи кор ва тасҳеҳи барнома.

Мазмуни меҳнат аз ҷой доштани ин ё он функсияҳои дар боло қайд карда шуда вобастагӣ дорад. Он хеле гуногунранг буда, ифодагари сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва техникаи истифодашаванда мебошад.

Вобаста аз мазмун чунин намудҳои меҳнат фарқ карда мешаванд:

  1. Меҳнати оддӣ ва мураккаб.

Меҳнати оддӣ — ин харҷи маъмулии энергияи организми инсон мебошад, ки одатан ҳар як инсон оддӣ бо он вомехўрад. Ба ибораи дигар ин меҳнате, ки аз коргар ягон омодагии махсус талаб намекунад, яъне меҳнати ғайритахассусӣ. Меҳнати мураккаб- меҳнате мебошад, ки дар он як чанд меҳнати оддӣ ҷамъбаст карда шудааст. Коргари ботахассус дар як соати меҳнати мураккаб якчандсоата меҳнати оддиро ҷой медиҳад. Бинобар ин коргари баландихтисос нисбат ба коргари беихтисос дар як воҳиди вақт арзиши бештаре ба даст меоварад.

  • Меҳнати маъмулӣ ва меҳнати эҷодӣ.

Меҳнати маъмулӣ – ин меҳнате мебошад, ки аз рўи як нусхаи пешакӣ маълумкардашуда ба роҳ монда мешавад. Меҳнати эҷодӣ бошад — ин меҳнати созанда, меҳнате, ки дар натиҷаи он ягон чизи нав, беназир ва бемислу монанд офарида мешавад. Натиҷаи меҳнатӣ эҷодӣ аз қобилиятҳои шахси эҷодкор ва муҳимияту сифати ашёи эҷодшуда вобастагӣ дорад. Бояд гуфт, ки меҳнати эҷодӣ яке аз хусусиятҳои хоси шароити бозор аст ва маҳз эҷоду эҷодкорӣ боиси пешрафту инкишофи ширкату корхонаҳо мегардад.

3. Меҳнати функсионалӣ ва меҳнати касбӣ. Дар ҳар як ширкату корҳона гурўҳи коргароне ҷудо карда мешаванд, ки вобаста аз истеҳсолот функсияи муайянеро иҷро мекунанд. Бо вуҷуди гуногун будани вазифаҳо як хусусияти хоси умумие низ мавҷуд мебошад, ки ҳамаи коргарони ин гурўҳ ба он пайравӣ мекунанд. Ҳамин тавр меҳнати функсионалӣ – ин меҳнате мебошад, ки аз рўи характеру мўҳтавои функсияҳои иҷрошаванда (масалан: истеҳсолӣ, идоракунӣ, муҳандисӣ, илмӣ ва ғайра) фарқ карда мешавад. Дар дохили ҳар яки ин гурўҳҳо меҳнат аз рўи касбу ихтисосҳои гуногун фарқ карда мешавад (масалан: муҳандис-технолог, муҳандиси конструктор, муҳандиси ташкилотчӣ, муҳандиси бамеъёргир ва ғайра), ки меҳнати онҳоро меҳнати касбӣ меноманд.

4. Меҳнати ақлонӣ ва ҷисмонӣ.

Меҳнати ҷисмонӣ ин харҷи энергияи ҷисмонӣ мебошад. Меҳнати ақлонӣ бошад, дар он ифода меёбад, ки инсон барои иҷроиши ягон амал дар майнаи худ нақшаеро матраҳ мекунад ва иҷроиши онро дар раванди меҳнати ҷисмонӣ пайгирӣ менамояд. Ҷудо кардани меҳнат ба меҳнати ақлонӣ ва меҳнати ҷисмонӣ сирф шартӣ мебошад. Зеро аксари олимон бар ин ақидаанд, ки барои ин тақсимот асоси физиологӣ вуҷуд надорад. Меҳнат – кори ягонаи асабҳо ва мушакҳо мебошад. Ҳамаи он корҳое, ки мушакҳо иҷро мекунанд, бе иштироки майна ва асаб номумкин мегардад ва баръакс, дар ҳама корҳои асаб ва майна мушакҳо иштирок мекунанд, ҳарчанд ки он дар баъзе мавридҳо дар шакли рефлексҳои сусту ноаён зоҳир мешавад. Аз ин рў, вақте ки мо меҳнати ҷисмонӣ мегўем, танҳо зиёд будани ҳиссаи харҷи энергияи мушакҳоро нисбат ба асаб ва майна дар назар дорем ва баръакс, вақте ки меҳнати ақлонӣ мегўем, танҳо зиёд будани ҳиссаи харҷи энергияи асабу майнаро нисбат ба мушакҳо дар назар мегирем.

Характери меҳнат нишон медиҳад, ки меҳнат чӣ гуна зуҳур мекунад, хусусиятҳои хоси он кадом аст. Нишондиҳандаҳояш кадом ва фарқиятҳояш дар чист. Он аз алоқамандии коргар ва воситаҳои истеҳсолот вобастагӣ дорад ва хусусияти иҷтимоии меҳнатро ифода менамояд. Айни замон ба шарофати дигаргуниҳое, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти имрўзаи моро фаро гирифтааст, тагиротҳои куллие, дар характери меҳнат ба чашм мерасад, ки он асосан дар ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ бо пайгири аз самаранокӣ ва манфиатнокии истехсолот ифода меёбад. Аз тарафи дигар ҳавасмандии ҳақиқии ҳам моддӣ ва ҳам маънавӣ, ки яке аз натиҷаҳои муҳими шахсигардонидани моликият ба ҳисоб меравад, низ характери меҳнатро бою рангинтар гардонидааст.

Вобаста аз характер чунин намудҳои меҳнат фарқ карда мешаванд:

1. Меҳнати мушаххас ва меҳнати абстрактӣ. Меҳнат чун фаъолияти бошууронаи инсон ба тағир додани шаклу намуди предметҳои меҳнат равона карда мешавад, ки ин чунин фаъолият дар интиҳо арзишҳои истеъмолӣ ба вуҷуд меоварад. Чунин меҳнатҳое, ки бораи офаридани арзиши мушаххаси истеъмолӣ сарф карда мешавад дар маҷмўъ меҳнати мушаххас номида мешавад.Аммо барои он, ки меҳнати мушаххас ба вуҷуд ояд сарфи меҳнатҳои алоҳида, ҷузъи ва мустақили мақсаднок зарур мебошад. Он меҳнатҳои алоҳида ва ҷузъии мақсадноке, ки дар интиҳо меҳнати мушаххас меофаринанд, меҳнати абстрактӣ номида мешаванд.

2. Меҳнати кироя ва меҳнати худкироя. Меҳнати кироя – ин муносибати байни соҳиби воситаҳои истеҳсолот ва коргари шахсан озоде мебошад, ки аз воситаҳои истеҳсолот маҳрум аст. Вале дорои қувваи корӣ ва касбу ихтисосе аст ва онро ба ивази музди муайян мефурўшад. Меҳнати кироя меҳнате мебошад, ки барои шахси коргар бегона аст, зеро маҳсули меҳнати ўро шахси дигар молик мегардад. Аммо аз тарафи дигар коргари кироя соҳиби қувваи кории худ мебошад, ки ў онро истифода бурда истода, қобилиятҳои кории худро инкишофу сайқал медиҳад ва эҳтиёҷоти оилаи худро таъмин менамояд. Ба тадриҷ коргар маблағ ҷамъ карда истода, соҳиби воситаҳои истеҳсолот гардида фаъолияти шахсии худро оғоз менамояд ва қувваю қобилиятҳои худро дар хоҷагии худ сарф менамояд, ки онро меҳнати худкироя меномем.

Маълум аст, ки хосияту характери ин меҳнат аз меҳнати кироя сифатан фарқ мекунад. Маҳз ҳамингуна меҳнат имконият медихад,ки ҳисси ташаббускории коргар зиёд шуда истода, дар вуҷуди ў сифатҳое аз қабили кордонӣ, мустақилият ва эҷодкорӣ ташаккул биёбад.

3. Меҳнати фарди ва меҳнати коллективӣ. Ин ба таври худ шаклҳои гуногуни ташкили меҳнат мебошад. Тақсимоти меҳнат намудҳои гуногуни фаъолиятҳои меҳнатии истеҳсолкунандагонро аз якдигар ҷудо мекунад. Меҳнати фардӣ – ин меҳнати коргарони алоҳида (харрот, челонгар, устои таъмингар ва ғайра) мебошад. Мақсад ва натиҷаи ин меҳнат танҳо аз худи ҳамон коргар вобастагӣ дорад. Зеро дар ҷараёни меҳнат ў танҳо иштирок мекунад. Аз тарафи дигар, шароитҳои иқтисодиву иҷтимои заруриятеро ба миён меоваранд, ки таҳти таъсири онҳо коргарони алоҳида маҷбур мешаванд барои истеҳсоли ягон намуди маҳсулот ё хизматрасони ба фаолияти дастаҷамъона пардозанд. Ин гуна меҳнатро меҳнати коллективӣ меноманд. Ин чунон меҳнате мебошад, ки мақсади онро гурўҳи коргарон дастаҷамъона муайян карда истода ба натиҷаҳои он ҳамағӣ ҷавобгар мебошанд. Одатан чунин фаъолият дар шакли шўъба, лабаратория, сех, участка, бригада ва ғайра зуҳур менамояд.

4. Меҳнати шахсӣ ва меҳнати ҷамъиятӣ. Дар истеҳсолот вакте ки истеҳсолкунандагони алоҳида маҳсулоти муайянеро истеҳсол мекунанд, меҳнати фардӣ чун меҳнати шахсӣ баромад мекунад. Ҳар як истеҳсолкунанда на ҳамаи он молҳоеро истеҳсол мекунад, ки мавриди ниёзи худи ўст, балки танҳо ба истеҳсоли ягон намуди маҳсулот махсус гардонида шудааст. Аз ин рў, дар ҳар як ҷамъият меҳнати шахсӣ чун як ҳиссаи меҳнати ҷамъиятӣ зуҳур мекунад ва характери ҷамъиятӣ дорад, ки дар бозор ба воситаи муқоисаи молҳо бо якдигар ва фурўши онҳо ифода меёбад.

Аз рўи натиҷа чунин намудҳои меҳнат фарқ карда мешаванд:

1.Меҳнати истеҳсолӣ ва меҳнати ғайри истеҳсолӣ. Меҳнати истеҳсолӣ – ин меҳнате мебошад, ки барои истеҳсоли маҳсулот дар шакли натуралӣ сарф карда мешавад ва натиҷаи он даромади бевосита ва нақд мебошад, ки як қисми даромади миллиро ташкил мекунад. Чун бавуҷудорандаи арзишҳои истеъмолӣ, ин меҳнат боиси мавҷудияти одамон мебошад ва дар ҳама давру замонҳо зарурияти табиӣ аст. Меҳнати ғайри истеҳсолӣ бошад, меҳнате аст, ки неъматҳои иҷтимоӣ ва ақлонӣ меофарад. Чунин меҳнат низ барои ҷамъият манфиатнок ва зарур мебошад, вале дар раванди он ягон навъи маҳсулот истеҳсол карда намешавад ва аз ин рў аз он даромади бевосита ба даст намеояд. Ҷараёни меҳнате, ки хадамоти гуногун меофаринад, бо ҷараёни истеъмоли он хадамотҳо пайвад мебошад, аз ин ру чунин фаъолияти меҳнатиро ҷамъ ва захира намудан номумкин аст.

1.Меҳнати зинда ва меҳнати гузашта. Меҳнати зинда ё худ меҳнати ҳозира меҳнате мебошад, ки айни замон сарф карда мешавад ва натиҷаи он ҳанўз маълум нест. Коргар ягон кореро иҷро карда истода вақти муайянеро сарф мекунад. Ин меҳнати ҳозира меҳнати зинда аст. Аммо маҳсулот истеҳсол карда истода коргар меҳнати гузаштаро низ истифода менамояд — ин ашёи ҳом, таҷҳизот, материалҳо, компютер, энергия ва ғайра мебошад. Пешрафти илму техника таносуби байни хароҷоти меҳнати зинда ва гузаштаро метавонад тағир диҳад. Масалан, дар вақти гузаштан аз меҳнати дастӣ ба меҳнати механизатсияшуда хароҷоти меҳнати зинда якбора кам шуда истода хароҷоти меҳнати гузашта зиёд мешавад.

Аз рўи воситаҳои истифодашаванда ва дараҷаи иштироки инсон меҳнат ба намудҳои зерин ҷудо карда мешавад:

1.Меҳнати дастӣ, ки ба воситаи даст ё худ асбобҳои дастӣ иҷро карда мешавад.

2.Меҳнати механикӣ, ки ба воситаҳои механикии меҳнат иҷро карда мешавад. (масалан: бо воситаи электродрел, асбобҳои пневматикӣ ва ғ.)

3.Меҳнати мошинӣ, яъне меҳнате, ки қисми асосии онро коргар ба воситаи машина ба анҷом мерасонад. Дар ин ҳолат, коргар функсияи идоракунии машинаеро ба ўҳда гирифта истода, ба воситаи даст танҳо ҷузъҳои ёридиҳандаи корро иҷро менамояд.

4.Меҳнати автоматизатсияшуда, яъне меҳнате, ки қисми асосии он пурра бо таҷҳизотҳои автоматикӣ иҷро карда мешавад ва коргар танҳо функсияи танзими идоракуниро анҷом медиҳад.

Аз рўи усулҳои ҷалби одамон ба меҳнат намудҳои зерини меҳнат фарқ карда мешаванд:

1.Меҳнати маҷбурӣ бо усули ғайри иктисодӣ, яъне меҳнати сирф маҷбурӣ, ки озодии шахсро маҳдуд мекунад. Мисоли оддии он меҳнати ғуломе, мебошад, ки ҳуқуқу имтиёзҳои озодона рафтор карданро надорад. Соҳиби қувваи корӣ ва нерўи зеҳнӣ аст, вале онро ба нафъу фоидаи худ истифода намебарад ва фурўхта наметавонад.

2.Меҳнати маҷбури ба усули иқтисодӣ, яъне меҳнат аз рўи зарурият ва ин заруриятро талаботҳое, ки мо ба хўрдан, нўшидан, хобидан, пўшидан, соҳиби оилаву фарзанд шудан, соҳиби обрўю эътибор гаштан дорем, ба миён меоваранд. Чунин меҳнат хоси аксари мардум мебошад.

3.Меҳнат бо ҳоҳиши худ. Одамоне вомехўранд, ки аз чиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пурра таъминанд, метавонанд кор накунанд вале барои сафои олами ботинии худ кор мекунанд. Меҳнат барои онҳо воситаи оромии қалбу дилхушии хотир аст.


[1] Генкин Б.М. Экономика и социология труда,- М., 2003. Саҳ. 12.

[2] Наводир–ул–вақоеъ» китоби 2 Душанбе «Дониш», с1989, сах. 51.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *