Фанни Молия

Тавсифи умумӣ, тамоюли тараққиёт ва ташкилкунии стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ)

  1. Тавсифи умумӣ, тамоюли тараққиёт СБҲМ

Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) — илмест, ки системаҳои ҳисобдории муҳосиботиро дар мамлакатҳои гуногун методологияи ҳисобдорӣ ва ҳисоботро дар асоси консепсияи ягонаи СБҲМ тадқиқоти таснифотӣ гузаронида, масъалаҳои трансформатсияи ҳисоботи молиявии корхонаҳо ва ислоҳоти ҳисобдории муҳосибавии корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мақсади таъмини талаботи шаффофияти ҳисоботи молиявӣ меомузад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ҷаҳони имрӯза ду низоми стандартҳои байналмилали паҳн гардидаанд:

IAS- International Accounting Standards – стандартҳои байналмилалии муҳосибӣ ( дар асоси онҳо дар Тоҷикистон ислоҳоти ҳисобгирии муҳосибиро гузаронида истодаанд).

GААР- Generally accepted accounting Principles- Принсипҳои асосии ҳисобгирии муҳосибӣ ( онҳо бештар дар мамолики ИМА истифода мешаванд). Мо бояд IAS омӯзем ва онро бо GAAP муқоиса намоем.

Донистан зарур аст, ки кадом омилҳо ба ташкилкунии Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ оварда расонидаанд:

— глобализатсиякунонии иқтисодиёт;

— интернатсионализатсия ва интергратсияи бозори фурӯши молҳо;

— капитализатсияи бозори ҷаҳонӣ;

— тараққиёти ҷараёни хусусигардонӣ;

— васеъгардонии сармоягузории байналмиллалӣ барои созмони корхонаҳои муштарак;

— ривоҷи муносибатҳои иҷоравӣ ва дигарҳо.

2. Мафҳуми ҳисобдории муҳосиботи байналмилалӣ ва проблемаҳои он.

Ҳисобдории муҳосиботи байналмилалӣ — ин ташкили системаҳо, усулҳо (методҳо) ва умуман системаҳои ҳисобдорӣ, ки барои таъмин намудани шафофиати иттилооти ҳисоботи молиявӣ оварда мерасонанд.

Дар ҳисобдории муҳосиботи байналмиллалӣ

А) ҳисобҳои активӣ ва пассивӣ истифода бурда намешаванд.

Мисол: дебиторҳо ва кредиторҳо аз рӯи шакл ва муҳлати пардохт ҳисоб карда мешаванд.

Б) ҳисобҳо барои пардохт ин қарздории кредитории тиҷоратист ва ҳисоб барои қабул ин карздории дебитории тиҷоратй фаҳмида мешавад.

Дар сатҳи иқтисоди умумиҷаҳонй масъалаҳои ҳалталаб зиёданд, ки онҳо ба мафҳуми «Ҳисобдории байналмилалй» дохил мешаванд, ба монанди: муқоисаву таснифоти системаҳои ҳисобдорй дар мамлакатҳои алоҳида;

— идоракунй ва назоратй амалиётҳои тиҷоратии байналмилалй;

— сармоягузориҳои байналмилалй;

— сифати ташкили ҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот;

— менеҷменти молиявй;

— системаҳои иттлооти ва аудит ва дигар проблемаҳои ҷаҳонй.

Барои хуб ҳалу фасл кардани масъалаҳои номбаршуда дар сатҳи дунявй ташкилотҳои махсус ташкилкарда шудаанд.

  • Принсипҳои умумикабулшудаи ҳисобгирии муҳосибӣ

Принсипҳои умумикабулшудаи ҳисобдории бухгалтерй — ин принсипҳое мебошанд, ки д чун стандартҳои аз тарафи бюрои стандартҳои бухгалтерии ИМА (FASB) ва шарҳи Комитета доимй оиди шарҳдиҳи СБҲМ кор карда баромада шуда, нуфузи зиёд доранд.

Барои он, ки ҳисоботҳои молиявй тавсифи сифати дошта бошанд, СБҲМ присипҳои тартибдиҳй ва пешниҳод намудани ҳисоботи молиявиро муайян кардааст. Ба инҳо дохил мешаванд:

принсипҳои муҳит;

принсипҳои фурӯш;,

принспҳои маҳдудкунанда;

Принсипҳои муҳит

Алоҳидагй (обособленность) — захираҳои субъекти иқтисодй бояд аз захираҳои молик алоҳида ба ҳисоб гирифта шавад.

Муттасилй, (давомдор)-(непрерывность) — ҳар як ширкат ба мақсади амалй намуданй фаъолияти мутталисона ва ба даст ории фоида барпо карда мешавад.

Пас, ҳисоботи молиявй дар асоси фарзияи он, ки ширкат фаъолият дорад ва дар оянда ҳамчунин амали хоҳад кард, таҳия мегардад.

Баҳодиҳи (оценка) — мувофиқи ин принсп бояд баҳодиҳи гузаронида шуда, ҳисоботи молияви оиди фаъолияти иқтисодй бо ифодаи пул бояд анҷом дод шавад.

Давравият (периодичность) — ширкат ҳисоботи молиявиро бояд мувофиҳи фосилаҳои муайян таҳия ва пешниҳод намояд. Аксаран, қонунгузории амалкунанда даврият ва вақти пешниҳоди ҳисоботи молиявмро муқарар мекунанд. Мутобиқи СБҲМ ҳисоботи молиявй як маротиба дар як сол пешниҳод карда шавад.

Принсипхои фурӯш

Ҳисобкунй ( начисления) — истифодаи методи ҳисобкуниро барои ҳисобдории даромадҳоталаб менамояд. Тибқи ин принсип, даромад аз фурӯши молҳо ҳамон вақт ба ҳисоб гирифта мешавад, Ки харидорсоҳиби моли мазкур шавадяъне Ки дар лаҳзае ей ҳамаи хафҳо(риск) ва подошҳо ибо ҳуқуқи моликият вобаста буда ба он гузарад.

Арзиши аслй (себестоимость) — ҳамчун тарзҳо барои ифодаи критерияи баҳодиҳй аз рӯи арзиши аввала хизмат мекунад ва ишора ба он дорад, Ки барои эътирофи хароҷотҳо дар ҳисобдорй ифодаи пулй истифода бурда мешавад.

Мувофиқатй (соответствия) — мутобиқи усули ҳисобкунй, хароҷоти дар ҷараёни даромадгирй ба амал омада бояд дар он даврае, ки даромад эътироф карда шудааст, ба ҳисоб гирифта шавад.

Ошкорсозии комил (полного раскрытия) — дар ҳисоботи молиявй оиди вазъи иқтисодй, натиҷаҳои фаъолият ва сохтори сармояи ширкат бояд тамоми маълумоти зарури дарҷ гардад. Ҳадаф аз ошкорсозии пурра дар он аст, ки ба истифодабарандагони беруна баро қабули қарорҳои беҳтарин ва сарфакорона маълумоти аник; дода шавад.

Пршспҳои маҳдудкунанда

Хароҷотҳо — даромадҳо (затраты — доходы) — маҳдудияти бо хароҷотҳо — даромадҳо алоқаманд ба нишондиҳандаҳои ҳисобдории бухгалтерй бисёр вақт таъсир мерасонад. Фикри асоси дар ин ҷо онро дар бар мегирад, ки даромадҳои аз ахборотҳо махсус аз тарафи истифодабарандагон ба даст оваранда бояд аз хароҷотҳои гирифтани ин ахборот зиёд бошанд.

Муҳимият (существенности) — ягон қисми ахбороти умумй муҳим аст, агар эҳтимолияти набудани ин ахборот ё ин ки шарҳи нодурусти он ба қабули қарорҳо таъсир расонад ё ин ки пасро дигаргун созад.

Консерватизм (куҳнапарастй) — (консерватизм) — маҳдудият аз рӯи Принсипи консерватизм дар назар дорад, ки дар он ҷое ки ду алтернативҳо мавҷуданд, бояд ба он алтернатив диққат дода шавад, ки аз ҳама бештар ба фоидаи соф ё ин ки ба маблағи умумии активҳо таъсир мерасонад

Хусусияти соҳа (Особенности отрасли) — аз сабаби он ки ҳисобдории бухгалтерй ба фоиданоки равона шудааст, хусусияти кори соҳаҳо (ба монанди хизматҳои комуналй, роҳи оҳан, хизматрасонии бонкй, фондҳо, суғурта ва ғ)бевосита интихобро дар истифодабарии принсипҳои ҳисоботи бухгалтерй талаб менамояд.

  • Низоми ҳисобдории миллй (моделҳо)

СБҲМ-нақшаи ҳисобро тавсия накарда, балки консепсияи ҳисоботи молиявиро барои ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ пешкаш кардаанд.

Се модели (модели сегона) системаҳои ҳисобдорймавҷуд аст, ки дар онҳо нақшаи ҳисоб, методологияи ҷамъбасткунии иттилоот фарқ мекунанд:

  • модели Америкой — Бритонй (Бритони, ИМА, Нидерландия, Канада,

Австралия ва дигар)

  • модели континеталй (Олмон, Австрия, Фаронса, Шветсария, Итолия ва ғайра)
  • модели Америкой ҷанубй (Бразилия, Аргентина, Боливия)
  • модели исломй

Мавҷудияти ин моделҳои гуногун муносибатҳои миллии корхонаҳоро дар сатҳи байналхалқи душвор мегардонанд. Аз ин рӯ, зарурияти моделиягонаи ҳисоби бухгалтерй дар сатҳи дунявй масъалаи хеле муҳимтарин аст.

Нақшаи ҳисоб низоми англисия немисӣ худаш алоҳида вуҷуд дорад. Нақшаи умумии ҳтсоби муҳосибии Фаронсаро РСQ (Plan Comteble generali) меноманд.

Нақшаи ҳисоби муҳосибии корхонаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси СБҲМ тартиб дода шуда барои истифодабари аз 5-уми марти соли 2004 тавсия шудааст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *