Фанни Молия

Иқтисодиёти Голландия ва Инглистон дар асрхои ХVI – ХVII

I

5.1 Андӯхти ибтидоии сармоя оғозгоҳи

ташаккули капитализм.

5.2 Иқтисодиёти Голландия дар асри XVI-нимаи

аввали асри XVIII.

5.3 Иқтисодиёти Инглистон дар асри XVI-нимаи

аввали қарни XVIII.

5.4 Иқтисодиёти Инглистон дар арафаи

табаддулоти саноатӣ.

    1. Андӯхти ибтидоии сармоя — огозгохи ташаккули капитализм

Андӯхти ибтидоии сармоя — асоси ба вуҷуд омадани тарзи капиталистии истеҳсолот, сароғози он аст. Барои он, ки истехсолоти капиталистӣ ба амал омада тавонад, ду шарт лозим аст: аввалан, мавҷудияти миқдори зиёди одамони аз ҷиҳати ҳуқуқӣ озоди аз воситаҳои истеҳсолот ва зиндагӣ маҳрум ва ба кор кардан дар дасти капиталист маҷбур ва сониян, андӯхти воситаҳои пулии зиёди барои ба вуҷуд овардани корхонаҳои капиталистӣ зарур.

Илми ҳақиҳӣ андӣхти ибтидоии сармояро чун ҷараёни таърихии аз воситаҳои истеҳсолот ҷудо гардидани истеҳсолкунандаи бевосита, яъне иҷборан аз моликияти хусусӣ маҳрум кардани истеҳсолгари хурд (деҳқон, ҳунарманд) ва барқарор гардидани моликияти бузурги капиталистӣ баррасӣ мекунад. Аз ваҷҳи ҷараёни андӯхти ибтидоии сармоя К. Маркс ибрози назар карда буд: «Ҷараёни муносибати капиталистӣ ҷуз ҷараёни ҷудо кардани коргар аз шароити меҳнаташ — ҷараёне, ки аз як тараф, воситаҳои ҷамъиятии истеҳсолот ва воситаҳои зиндагиро ба сармоя, аз тарафи дигар, истеҳсолкунандаи бевоситаро ба коргари кироя табдил додан, чизи дигаре буда наметавонад. Пас, мафҳуми ба истилоҳ андӯхти ибтидоӣ чун, ҷараёни таърихии ҷудо шудани истеҳсолот аз воситаҳои истеҳсолот чизи дигаре нест».То асри XVI ин ду шарти тарзи капиталистии истеҳсолот нав ба вучуд омада истода буданд. Дар кори андӯхти ибтидоии сармоя аз ҷиҳати ҳуқуқӣ озод гардидани шахсияти марди деҳқон аз тобеияти крепостной ва марди ҳунар манд-косиб аз ойинномаҳои ҷамъияти косибон ва корҳои маҷбурӣ қадами аввал гардид. Шарти дуюми ин раванд ҷараёни фароҳам омадани воситаҳои калони пулӣ дар дасти устоҳҳои тсехҳо, фермерон тоҷирон ва судхӯрон буд. Андӯхти ибтидоии сармоя бо усулҳои мухталиф амалӣ гардонда мешуд. Манбаи асосии андӯхти сармоя ҷангҳои мустамликахоҳӣ, ғуломфурӯшӣ, роҳзании баҳрӣ, вомҳои давлатӣ, молиёт (андоз), системаи протексионизм, ғopaт кардани аҳолии Африқо, Осиё, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ гардид. Синфи капиталистон дар натиҷаи зӯроварии рӯирост, ғорат, 6а қашшоқӣ расондани миллионҳо одамон, аз воситаҳои истеҳсолот маҷбуран ҷудо кардани коргарон, аз сари замин рондани деҳқонон, дуздидани заминҳои обшинагӣ, тартиботи мустамликавӣ, қарзҳои давлатӣ, боҷу хироҷи ҳимоятгарона ва ғайра ба вуҷуд омад. Кулли усулҳои фавқуззикр ба кишварҳои аврупоӣ андӯхти зиёди сармояро пеш оварданд. Ба зудтар андӯхта шудани сармоя системаи мустамликадорӣ мусоидат кард. Нақши мустамликаро чун манбаи ибтидоии андӯхти сармоя тавсиф дода, К.Маркс навишта буд: «Кашфи конҳои тиллову нуқра дар Амрико, решакан кардан, ғулом гардондан ва зинда ба зинда дар конҳо гўр кардани аҳолии бумӣ, нахустин қадамхо дар роҳи истило ва талаву тороҷ кардани Ост-Индия (Ҳиндустон), ба ши-коргоҳи дилхоҳи сияҳпӯстон табдил додани Африқо чунин буд шафақи субҳгоҳии таърихи капиталистии истеҳсолот. Ин равандҳои беташвиш моҳияти асосии лаҳзаи ибтидоии андӯхт буданд». Роҳи классикии инкишофи истеҳсолоти капиталистӣ андӯхти ибтидоии сармоя, кооператсияи оддӣ, истеҳсоли мануфактура, фабрикаи капиталистӣ — ба кулли кишварҳои пешрафтаи Аврупоӣ Гарбӣ, ва дар навбати аввал, ба Голландия ва Инглистон хос аст.

5.2 Иқтисодиёти Голландия дар асри XVI-нимаи аввали асри XVIII

Голландия дар миёнаи асри XVI чунин мамлакати аврупоие буд, ки таназзули муносибатҳои феодалӣ, андӯхти ибтидоии сармоя, дар батни сохти феодалӣ тавлид ёфтани муносибатҳои капиталистӣ дар дурахшонтарин шакл ба зуҳур омада буд. Голландия дар ин давра маркази тиҷорат, фаъолияти молиявию саноатӣ гардида буд. Дар соҳати на чандон калони дорои аҳолии 3 миллионнафара бештар аз 6500 деҳкада ва 300 шаҳр мавҷуд буд. Дар шаҳрҳо зиёда аз нисфи аҳолӣ умр ба cap мебурд. Бинобар ин Голландияро «кишвари шаҳрҳо» меномиданд. Голландия аз рӯи тараққиёти саноаташ ба се гуруҳ тақсим мешуд: марказӣ — минтақаи саноат, шимолй — минтақаи тиҷорату саноат ва гурӯҳи боқимонда манотиқи хоҷагии қишлоқ.Дар минтақаи марказии саноат — Фландрия ва Брабант воқеанд, ки дар онҳо ханӯз ҳолиё дар асри XIII муносибатҳои молию пулӣ интишори тамом доштанд. Шаҳрҳои калон — Гент, Бругге, Ипр, Лувен ва Бруссел бармаҳал ба марказҳои калони ҷамъияти косибон табдил ёфта буданд ва тиҷорати доманадорро пеш мебурданд. Дар асри XIV дар ин ҷо мануфактура — корхонаҳои саноатӣ тавлид гардида буд, ки ба техникаи дастӣ ва тақсими меҳнат асос ёфта буд. Мануфактура дар Аврупои Ғарбй аз асри XVI қариб то асри XIX ҳукмрон буд. Барои ташкили мануфактура ба ғайр аз мавҷуд будани воситаҳои пулӣ ва коргарон чунин инкишоф доштани олоти меҳнат ё чунин дараҷаи тақсимоти меҳнат дар ҳамон соҳаи истеҳсолот шартҳои заруре буданд, ки ба вусъат додани доираи истеҳсолот имкон дода кооператсияи онро ба вуҷуд меоварданд.Ташкилдиҳандагони аввалини мануфактура аз ҳама бештар тоҷирони шаҳрию судхӯрон буданд, ки васоити кофии пулӣ доштанд. Мануфактураи капиталистӣ дар се шакли асосӣ вуҷуд дошт: пароканда, марказиятёфта ва омехта.

Мануфактураи пароканда танҳо навъи гузарандаи мураттабан марказиятёбандаи истеҳсолоти капиталистӣ буд. Дар ин навъи истеҳсолоти мануфактурӣ коргарон — истеҳсолкунандагони хурди пролетаргардида, аз ҳама бештар собиқ косибони деҳот — на дар устохонаҳои умумӣ, балки дар хонаи худашон кор мекарданд. Тоҷирон ё судхӯрон нақши тақсимкунанда — соҳибкорер ба ҷо меоварданд, ки зери роҳбарии худашон миқдори то рафт бештари косибони деҳотии дороӣ як ё чанд ихтисоси маҳдудро ба таври кооператсия муттаҳид мекарданд. Ин роҳи мустақими ба истеҳсолоти капиталистӣ тобеъ гардондани истеҳсолоти пешина буд. Дар мануфактураи марказиятёфта протсесси истеҳсолот дар шароити як устохона ба амал оварда мешавад. Чунин мануфактураҳо аз тарафи соҳибкороне, ки таҷҳизот, асбобу анҷом, моли хоми заруриро харидаанду қувваи кориро киро кардаанд, ба вуҷуд оварда мешуданд. Протсесси истеҳсолот дар мануфактураи марказиятёфта — устохона ба як қатор амалиёт ҷудо карда мешуд, ки ҳар кадоме аз он амалиётро коргарони дигар ба ҷо меоварданд. Дар кори мануфактураи омехта — як амалро устоҳои хонагӣ ба ҷо меоварданду дигарашро — коргарони кироя дар устохона. Ба тарзи дигар ифода кунем, мануфактураҳои парокандаву марказиятёфта сахт ба ҳам омезиш ёфта буданд, бисёр шаклҳои мануфактураи омехта тавлид гардида буданд.

Мануфактура навъи гузариш аз истеҳсолоти хурди ҳунармандӣ ба саноатӣ мошинии бузурги капиталистӣ буд. Мануфактура ҳам ба косибӣ монандӣ дораду ҳам ба фабрика.

Шабоҳати мануфактура ба устохонаи ҳунармандӣ -ин ҳукмрон будани техникаи дастӣ дар он аст, вале шабоҳаташ ба фабрикаи капиталистӣ — ин истисмори коргарони кироя ва аз рӯи амалиёт тақсим шудани меҳнат мебошад. Маҳз тақсимоти меҳнат дар мануфактура дар кори баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва истеҳсолот кадами азиме ба пеш буд.

Корхонаи косибӣ 6о мануфактура, ки миқдори рӯзафзуни молҳоро бо нархи арзон мебаровард, рақобат карда наметавонист. Мануфактура коргаронро ба такрори механикии айни як амали дастӣ водор намуда, навъи махсуси меҳнатро тавлид кард, ки ба ҷисман нуқсондор шудани одамон (кач шудани сутунмӯҳра ва ғайра) ва 6а қонеъ набудани онҳо ба кори якнавохт нигоҳ дошта шуданашон оварда расонд. Мануфактураҳои капиталистӣ доир ба истеҳсоли молҳое чун матоъҳои пашмӣ, абрешимӣ, пахтагӣ, колӣ, маснуоти шишагӣ, филиззӣ, чармӣ ва ҳоказо бо суръати баланд инкишоф меёфт. Калонтарин бандари Голландия Антверсен-маркази умумиаврупоии тиҷорат, вом ва маркази бузурги саноатӣ буд. Дар ин ҷо контораҳои бузургтарин бонкхонаҳои мамлакатҳои Аврупо: аз они Футгерҳо, Вилзерҳо, Шеттсевҳо ва дигарон ҷамъ омада буданд. Ҳаҷми тиҷорати бурунмарзии Антверпен дар соли 1560 ба 15 955 эскю (100 эскудо = 2,98 рб. аз рӯи маълумот барои октябри соли 1976) баробар буд. Дар бандарҳои Антверпен баъзан дар як вақт бештар аз 2 ҳазор киштӣ зери борфурорию боргирӣ қарор доштанд. Ин ҷо дар устохонаҳои калон моуҳти инглисӣ ороишу пардоз дода мешуд, дар мануфактураҳо бошад, маснуоти шишагӣ, собун, шакар ва дигар молҳо истеҳсол карда ме-шуданд. Мануфактураҳои голландӣ аз рӯи тарқибашон гуногун буданд: парокандаи ба истисмори меҳнати хонакорҳо асосёфта, марказиятёфта, ки дар онҳо коркунони кироя дар манзилҳои умумӣ мехнат мекарданд ва омехта, ки ду шакли аввали ташкили истеҳсолотро ба ҳам меомехтанд. Аммо дар Голландия мануфактураи шакли пароканда бартарӣ дошт. Дар Голландия инчунин дар соҳаи муносибатҳои алоқаманд ба замин дигаргуниҳои азим ба амал меомаданд. Муносибатҳои алоқаманд ба замини феодалӣ вайрон мешуданд. Бисёр деҳқонон ин дам шахсан озод буданд. Онҳо заминро нигаҳдорӣ мекарданд, онро ба иҷора мегирифтанд. Фермерҳои буржуазӣ ва деҳқонони сарватманд хоҷагии худро дар асосҳои пешкадами капиталистӣ, дар заминаи истисмор кардани меҳнати кирояи батракҳо бунёд мекарданд, ба ҷои киштгардонӣ сеқитъагӣ бадал кардани навъи зироатро ҷорӣ мекарданд, техникаро такмил медоданд. Миқдори зиёди замин, кариб 75-80 фоизи замини киштбоб дар дасти онҳо буд. Онҳо оббанд месохтанд, заминҳои ботлоқгардидаву обзеркардаро хушк мекарданд ва ин заминҳоро ба фермерҳо 6а шартҳои кӯтохмуддати капиталистӣ иҷора медоданд. Фермерҳо хоҷагии махсулнокиаш баландро пеш мебурданд. Дар Голландия ин давра тиҷорату наклиёт инкишоф меефт. Бузургтарин бандарҳои Голландия — Амстердам, Мидделбург, Флиссенген ва дигарҳо бо Англия, Шотландия, давлатҳои соҳили Балтик ва Русия тиҷорати баравнақ доштанд. Ашёи содиротӣ — панир, равған, чорво, пиво буд, вале ашёи воридотиро ғалла, катон, оҳан, май ташкил медод. Соҳибкиштиҳои Голландия миёнчигии тоҷоратиро низ хело пеш мебурданд.

То ин давра киштисозӣ, бахрнавардӣ, мохигирӣ ба дараҷаи баланди тараққиёт расида буд.

Тадриҷан дар дасти синфи буржуазияи бамиёномада ғун шудани сармояҳову воситаҳои истеҳсолот натиҷаи равандҳои Иқтисодии фавқуззикр гардид. Ин раванд ба мусодираи оммавии истеҳсолкунандагони хурд — косибон, халифаҳо, хонакорҳо ва деҳқонон боис гардид. Маҳз ҳамин ва дар навбати аввал безамингардии деҳқонон асоси ҷараёни андухти ибтидоии сармояро ташкил дод. Даҳҳо ҳазор ҳунармандони хурди дар гузашта мустақил дар натиҷаи рақобат аз тарафи мануфактураҳо хонасалот шуда, ба дасти ҷаллобону судхӯрон афтоданд, қашшоқ гардиданд ва маҷбур шуданд ба асорат раванд, ё ба қатори коргарони кирояи мануфактураҳо дароянд. Шароити кори оммаҳои мардум ниҳоят вазнин буд. Давомнокии рӯзи кори дар мануфактураҳо дар як шабонарӯз ба 12-16 соат мерасид. Музди кори коркунони мануфактура паст буд, ба қути лоямут кифоят намекард. Аҳволи камбағалоне, ки кор намеёфтанд, аз ин ҳам бадтар буд. Оворагардон пайдо шуданд. Ба муқобили ин тоифа касон соли 1501 қонун содир шуд («Қонуни муқобили оворагардон»), ки мувофиқи он оворагардро дастгир карда дар пеши назари мардум мекӯфтанд, бо оҳани тафта тамға мезаданд, ба зиндон меандохтанд.

Ба ҳамин тариқ, тараққиёти капитализм, ки ба болоравии иқтисодиёти Голландия мусоидат карда буд, ба оммаи мардум бадбахтиҳои зиёде овард ва ин аҳвол ба рӯй додани як қатор шӯришҳо: 1533-1535, 1539-1540, 1572-1576 боис гардид. 23 январи соли 1579 ба муқобили Испания иттифоқи Утрехт ба имзо расид, ки оғози мавҷудияти мустақилонаи Ҷумҳурии Голландия гардид. Соли 1609 Испания истиқлолияти Ҷумҳурии Голландияро эътироф кард.

Буржуазияи Голландия ҳокимиятро ба дасти худ гирифта, дастгоҳи давлатиро барои таҳкими базаи нави иқтисодӣ, тибқи хусусияту сатҳи қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат ба роҳ мондани муносибатҳои истеҳсолӣ истифода бурд. Дар натиҷа Голландия бо роҳи тараққиёти иқтисодӣ пеш рафт, қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат инкишоф ёфтанд. Истеҳсолоти ҷамъияти косибон ҷои худро ба мануфактураи капиталистии зудинкишоф вогузошта, завол ёфтан гирифт. Дар шаҳрҳои Роттердам, Утрехт ва ғайpa истеҳсоли махмал, шохӣ, матоъҳои пахтагию катонӣ тараққӣ кард. Мануфактураҳои бофти матоъҳои пашмин ҳар сол 70-120 порчагӣ матоъ истеҳсол мекарданд.

Саноати киштисозӣ ҳам барои Голландия ва ҳам барои давлатҳои хориҷӣ киштиҳо сохта, ба ҳадди ниҳоят баланди тараққиёт расид. Дар миёнаи асри XVII аз 20 ҳазор киштиҳои кулли давлатҳои Аврупои Ғарбӣ кариб 16 ҳазораш ба Голландия таалуҳ доштанд, ки ин такрибан 75 фоизро ташкил медод. Қоғазбарорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кимиёвӣ дар ин кишвар тараққӣ ёфт. Барои Голландияи ин давра ҷиҳати махсус ин буд, ки дар ин мамлакат миқдори зиёди мануфактураҳои марказиятёфтаи бузург мавҷуд буда, дар онҳо чандин сад коргарон дар як вакт машғули кор буданд. Ҳунарҳои хурд ҳам инкишофи тамом доштанд. Дар иқтисодиёти Голландия моҳигирӣ нақши калон дошт. Ба ин кор то 2 ҳазор киштӣ машғул. буданд. Шикори солонаи моҳӣ ба 22 миллион гудден (ба немисӣ голд — тилло; 1 гулден =100 сент) баробар буда, калонтарин манбаи воридоти Голландияро ташкил медод.

Аммо қисми зиёди сармоя дар тиҷорати бурунмарзӣ ва баҳрнавардӣ тамаркуз ёфта буд, на дар саноат. Дар миёнаи асри XVII флоти Голландия аз ҷамъи флотҳои Англияю Фаронса қариб ду баробар зиёд буд. Гардиши умумии тиҷорат дар як сол ба ҳисоби миёна аз 75 миллион то 100 миллион гулденро ташкил медод. Киштиҳои Голландия дар кулли баҳрҳову уқёнусҳои олам шино доштанд.

Миёнчигарӣ дар тиҷорати ғалла аҳамияти калон дошт. Тиҷорати Голландия бо давлати Русия дар асри XVII аз роҳи Архангелск хеле зиёд буд, ки ҳаҷми он дар соли 1624 то 2 миллион гулденро ташкил медод. Ба ҷои Антверпен шаҳри Амстердам ба маркази умумиаврупоии тиҷорату вом табдил ёфта буд. Дар ин шаҳр ширкатҳои суғуртавии калон пайдо шуданд. Соли 1609 бонки депозит — бонки вомдиҳӣ бунёд гардид.

Умуман, дар нимаи аввали асри XVII Голландия нуқтаи олии иқтидори тиҷоратии худро ба даст овард ва ба таъбири К. Маркс «мамлакати капиталистии намунавии асри XVII» гардид. Дар кишоварзии Голландия тағйироти зиёде ба амал омад. Заминҳои дворянҳову рӯҳониён, ки ба тарафи Испания гузашта буданд, мусодира гардиданд ва аз ҷониби буржуазия ва фермерҳо харида шуданд.

Ибтидои асри XVII бо истилои мустамликавии доманадори Голландия хотирнишин гардид. Голландия як қатор мулкҳои мустамликавии Испания ва Португалияро дар ҳавзаи уқёнуси Ҳинд ва дар кораи Амрико забт карда, барои истисмор кардани онҳо ширкатҳои азимтарини Ҳиндустони Шарқӣ (Ост-Индия)-ро дар соли 1602 ва Ҳиндустони Ғарбӣ (Вест-Индия)-ро дар соли 1621 созмон дод.

Ширкати Ҳиндустони Ғарбй то соли 1674 вуҷуд дошт, вале чун ширкати Ҳиндустони Шарқӣ, ки дар тиҷорати бурунмарзӣ ва сиёсати мустамликадории Голландия нақши барҷастаеро адо карда буд, он қадар аҳамияти тиҷоратӣ пайдо накард. Ширкати Ҳиндустони Шарқӣ аз амалиётҳои тиҷорати даромади хангуфте ба даст овард. Ҳисоби миёнаи дивиденд (ҳаққи саҳм)-и саҳомон (қисми даромад, ки боистаи тақсим аст) 18 фоизро ташкил медод, вале болонишинони соҳибимтиёз то 100 фоизи солонаро мегирифтанд.

Табақаҳои васеъи оммаи меҳнаткаши шаҳру деҳот ҳуқуқи сиёсӣ надоштанд ва ба истисмори бераҳмона гирифтор мешуданд. Нархҳо ба кулли молҳои мавриди зарурати аввалия дар Аврупо аз ҳама баландтар буданд.

Сармояи ибтидоии ширкати Ҳиндустони Шарқӣ 6,5 миллион гулденро ташкил медод. Баъдтар Ҳиндустони Шарқӣ ширкати намунавӣ гардида, ҳуқуқи аз тарафи ҳукумат қарордодҳои тиҷоратию сулҳро ақд кардан, ҷангидан, қалъаҳо бунёд кардан, артиш нигоҳ доштан, дар боби амалдорони худ мурофиаи судӣ барпо кардан ба даст овард, вале имтиёзи аз ҳама арзишмандаш дар тиҷорати бо Ҳиндустон монополия доштан буд.

Аз соли 1605 голландиҳо дар ҷазираҳои Индонезия сахт ҷойгир шуданд, соли 1640 бо Ҷопон муносибатҳои тиҷорати барқарор карданд, соли 1656, ҷазираи Сейлонро ишғол намуда, дар соҳили Ҳиндустон мустаҳкам ҷой гирифтанд. Баъд димоғаи Умеди Некро ишгол карданд ва шаҳри Капштдтро асос гузоштанд, ки дар сари роҳи Ҳиндустон аҳамияти пойгоҳи мобайнии аввалиндараҷаро пайдо кард.

Сиёсати иқтисодии ширкати Ҳиндустони Шарқӣ аз тамаъҷӯии берахмонаи махсулоти арзишманди аҳолии бумӣ барои 6а Аврупо содир кардани онҳо иборат буд. Ин бо усули мухталиф ба даст меомад. Масалан, барои ҷамъоварии дорчин дар чазираҳои Сейлон ширкат аз меҳнати мардуми крепостнойи ба ғуломон наздик, ки ба замин вобаста шуда буданду подоши меҳнаташон миқдори ночизи шолӣ буд, истифода мекард. Дар махалҳои дигар ширкати Ҳиндустони Шарқӣ ҳокимчаҳои маҳаллиро бо зӯр водор мекард, ки дорувору дигар молҳои мустамликавиро оварда супоранд. Нархҳо дар ин муомила аз тарафи ширкат худсарона муқаррар карда мешуданд, табиист ки дар сатҳи паст ва ба ширкат фоидаи фавқулъода зиёде меоварданд. Дар ибтидои асри XVI қаранфули гардане, ки ба Аврупо оварда мешуд, ба нархи 7 маротиба баландтар аз харидаш дар ҷазираҳои Мулук ба фурӯш мерасид. Мурчи аз Ява ва Суматра харидаи ширкат дар Голландия 8-10 баробар қиматтар фурӯхта мешуд. Ба қавли К. Маркс «таърихи хоҷагии мустамликавии Голландия… ба мо манзараи хиёнаткорӣ, порахӯрӣ, куштор ва разолатҳои бе мислу монандро ҷилвагар мекунад». Барои дар бозорҳои ҷахон бо молҳои хоричӣ бомуваффаққият рақобат кардан, соҳибони мануфактураҳои Голландия ба муқаррар кардани боҷҳои баланд ба молҳои воридшавандаву паст ба содиршавандаи худашон эҳтиёҷманд буданд. Табақаи тоҷири Голландия ҷонибдори озодии номаҳдуди тиҷорат буд. Ҳамин тариқ, дар асри XVII, Голландия ба давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардатарини Аврупо табдил ёфт. Метавон тасдиқ кард, ки голландхо нахустин шуда тиҷорати ҷаҳониро ба вуҷуд оварданд: пешрафти иқтисодии Голландия бошад, ифодаи марҳилаи нави прогрессивитари инкишофи капитализм дар Аврупо буд.

Дар нимаи дуюми асри XVII дар инкишофи иқтисодии худ Голландия аз Инглистон сахт ақиб монд, дар асри XVIII бошад, нақши дар тиҷорати ҷаҳонӣ давлати пешқадам буданро аз даст дод ва ба як давлати дуюмдараҷа мубаддал гашт. Сабаби асосии ақибмонии Голландия дар асри XVIII сустии заминаи истеҳсолии вай буд, зеро барои инкишофи саноати фабрикӣ ба Голландия моли хом ва қувваи корӣ намерасид. Аз даст рафтани мавқеи пешқадамӣ барои Голландия харобиовар гардид ва ба зуд паст рафтани иқтисодиёташ боис шуд. Буржуазияи Голландия аз усулҳои соф ханнотонаи сарватғундорӣ истифода бурда, вазифаҳои инкишоф додани истеҳсолоти саноатиро ба гӯшаи фаромӯши андохта буд. Бинобар ин К. Маркс навишта буд, ки «Таърихи таназзули Голландия, чун миллати тиҷоратии ҳоким, таърихи тобеити сармояи тиҷоратӣ ба сармояи саноатӣ мебошад». Ғайр аз ин бартарияти тиҷорати бурунмарзӣ системаи иқтисодии Голландияро ба тобеияти аз ҳад зиёди вазъияти сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои ҳамсоя, дар Аврупо ва мустамликаҳо қарор дода буд. Ҷангҳои тӯлонӣ дар соҳати кишвар харобиҳои ҷиддие ба бор оварданд, ки ин хароҷоти зиёди ғайриистеҳсолии барои хазинаи тиҳимонда зӯрнорасро талаб мекард. Бинобар ин, аз ҷихати иқтисодӣ ақиб мондани Голландия дар асри XVIII амри ногузир буд. Аммо дар асри XVII ин кишвар дар таърихи иқтисодиёти Аврупо, дар инкишофи капитализм нақши барҷастаро ба ҷо овард.

5.3 Иқтисодиёти Инглистон дар асри XVI — нимаи аввали асри XVII

Дар Инглистон дар асри XVI низоми феодалӣ ҳукмрон буд. Бо вуҷуди ин ҷараёни завол ёфтани муносибатҳои феодалӣ ва инкишофи сохтори капиталистӣ дар шаҳру деҳоти ин кишвар назар ба дигар мамлакатҳо зудтар ба амал меомад ва барои инқилоби буржуазии соли 1649-и асри XVII замина фароҳам месохт. Дар асри XVI соҳаи асосии саноати Инглистон моҳутбофӣ гардид. Рушди боигарии Инглистон пеш аз ҳама аз баракати ҳамин соҳа буд. Корхонаҳои моҳутбофӣ сарчашмаи ҳаёт ва санги бинои кулли тиҷорату саноати Инглистон буданд (Ҳоли ҳозир ҳам халтаи пашм, чун рамзи боигарии Инглистон, дар палатаи лордҳо истодааст ва барои лордканслери Британия Кабир ба сифати курсии нишаст хидмат мекунад). Пашму пӯсти даббоғишудаи гӯсфанди ба савдои беруна раванда ва боҷу хироҷи содироти-муҳимтарин моддаи даромади Инглистонро ташкил медоданд. Аз охири асри XIV бо амиқтар рафтани тақсимоти меҳнат ва рушди маҳсулоти моли дар Аврупо баровардани пашму пӯсти даббогишудаи гӯсфанд ба содир кардани матоъҳои пашмини дар Инглистон истеҳсолшаванда иваз карда мешуданд. Масалан, соли 1354 аз Инглистон 32 ҳазор халта, солҳои 1509-1547 бошад, соле 5-6 ҳазор халта пашм бароварда мешуд. Содир кардани моҳут бошад, баръакс афзуда, аз 5 ҳазор тӯби ибтидои аср дар миёнаи қарни XVI то ба 122 ҳазор тӯб боло рафт. Дар ибтидои асри XVII қариб 90 фоизи содироти Инглистонро моҳуту пашм ташкил медоданд. Инглистон дар асри XVI аз кишвари барои саноати моҳутбофии Голландия пашмрасон, ба мамлакати аз пашми худаш ҳам барои бозори дохилӣ ва ҳам бозори хориҷӣ моҳутбарор табдил ёфт. Муҳимтарин хусусияти саноати пашми Инглистон ин буд, ки дар он истеҳсолоти капиталистӣ интишори домадор пайдо кардаву зуд тараққӣ меёфт. Моҳутбофӣ дар он мавзеъҳое тараққӣ дошт, ки дар он ҷойҳо режими ҷамъияти косибон мавҷуд набуд. Дар натиҷаи адами маҳдудиятҳои косибӣ ҷараёни аз ҷиҳати дороӣ ба пораҳо тақсим шудан ва дар дасти устоҳои алоҳида гирд омадани сарват миёни бофандагон хеле зудтар ба амал меомад, нисбат ба он, ки миёни дигар ҳунармандон. Вале зиёд гардидани талабот ба моҳут дар ин соҳа зарурати аз истеҳсолоти хурд ба мануфактураи калон гузаштанро тақозо мекард. Дастовардҳои тараққиёти гӯсфандпарварӣ ва мавҷуд будани қувваи корӣ дар натиҷаи афзоиши миқдори шаҳрҳо дар Инглистон ба пайдо гардидани мануфактураҳои моҳутбофӣ мусоидат кард. Асосан дар Инглистон шакли парокандаи мануфактура мавҷуд буд, вале марказиятёфтааш ҳам ба миён меомад, дар ин ҳол барои ин навъи мануфактура баъзан биноҳои дайрро мувофиқ мегардонданд.Рақобати истеҳсолоти мануфактурии калон бофандагони майдаро хонахароб карда, онҳоро ба коргарони мануфактура табдил медод, ки ин ба фароҳам омадани истеҳсоли моҳут дар дасти ҷаллобон соҳибкорони сарватманд мусоидат мекард. Дар асри XVI истеҳсоли шоҳӣ хеле муваффақият пайдо кард, вале аз ибтидои асри XVII истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ пайдо шуд, инчунин истеҳсоли матоъҳои катонӣ, махсусан дар Манчестер. Дар нимаи дуюми асри XVI истихроҷи маъдани оҳан, сурб, калъагӣ, мис зиёд мегардад, истеҳсоли биринчӣ ба вучуд меояд, чӯянгудозӣ ва истихроҷи ангиштсанг пайдо мешавад. Бояд қайд кард, ки дар Инглистон металургия аз тараққиёти дигар соҳаҳо, пеш аз ҳама аз моҳутбофӣ ақиб монда буд. Агар чи Инглистон аз маъдани оҳан бой буд, истеҳсоли он дар асри XVI, назар ба он ки талаб карда мешуд, камтар буд. Нарасидани оҳан ба василаи ворид карда шудани он аз дигар кишварҳо — асосан аз Шветсия ҷуброн карда мешуд. Техникаи истеҳсолот оддӣ буд, ангиштсанг дар металургия истифода намегардид, навъҳои оҳани инглисӣ паст буданд. Дар инкишофи иқтисодии Инглистон дар асри XVI муҳоҷирати устоҳои соҳибтаҷриба аз дигар кишварҳои Аврупо — шоҳибофон аз Фаронса, устоҳои конкоб аз Германия, моҳутбофон аз Голландия — нақши муҳим дошт.Шарти асосии инкишофи иқтисодиёти капиталистии Инглистон дар қарни XVI раванди андӯхти ибтидоии сармоя гардид, ки нисбат ба дигар мамлакатҳои Аврупо бошиддаттар 6а амал меомад. Аз охири асри XV дар Инглистон ҷараёни ҷудо мондани истеҳсолкунандагони бевосита асосан деҳқонон аз воситаҳои истеҳсолот, хонахароб гардидани онҳо ва ба коргари кироя табдил ёфтанашон, ки барои мавҷудияти тарзи буржуазии истеҳсолот зарур буд, ба амал омадан гирифт. Мусодира карда шудани табақаи деҳқонии Инглистон дар кафи шахсони алоҳида фароҳам омадани воситаҳои азими барои истеҳсолоти капиталистӣ истифодашавандаро ба бор овард. Ба ин хотир ба К. Маркс Инглистонро «мамлакати классикӣ»-и сармоядорӣ номида дар мисоли он ҷараёни барои оммаҳои мардум пуразоби тавлиди истеҳсолоти капиталистиро нишон дода буд. Гӯсфандпарварӣ барои феодалони заминдор назар ба деҳқонӣ кори дароматноктаре буд. Мардуми доранда сармояи худро барои зиёд кардани рамаҳои бешумор сарф мекардагӣ шуданд, аммо нарасидани чарогоҳ саршумори гӯспандонро маҳдуд мекард. Ба ин муносибат лендлордҳо (заминдорони калон) чарогоҳҳои ҷамоавии деҳқононро кашида мегирифтанд, деҳқононро аз сари замин ронда, хоҷагиҳои мустақилонаи онҳоро барҳам зада, киштзорҳоро ба чарогоҳ табдил медоданд. Ҷараёни безамингардонии иҷбории деҳқонони Инглистон, ки дар асрҳои XVII-XVIII фаъолона идома дошт, «таворакашӣ» ном гирифт, зеро китъаҳои аз дасти деҳқонон кашида гирифташуда таворакашӣ ва ба заминҳои хӯҷаинон пайваст карда мешуданд. Мусодираи заминҳои деҳқонон бераҳмона ва дур аз мурувват сурат мегирифт. Хонаҳои деҳқонон вайрон кардаву деҳаҳо аз байн бурда мешуданд, ноҳияҳои тамом ба ғорат мерафтанд. Дар айни замон рамаи гӯсфандон зиёд мешуданд, ки саршумори гӯсфандони баъзе молдорҳо ба даҳҳо ҳазор мерасид.Ҳамзамони ин рӯйдодҳо, хаёлпарасти маъруф Томас Мор дар китоби «Хаёлот»-и хеш ин ҷараёни фоидаҷӯии ҳарисонаро чун манбаи харобкории деҳот, ҳатто шаҳрҳо ва бадбахт гардондани деҳҳқонони мазлум ба қалам додааст. Аз ҳамин ҷо ақидаи «Гӯспандон одам мехуранд» пайдо шудааст. Дар нимаи дуюми асри XVI таворакашӣ на фақат ба муносибати ба вуҷуд овардани чарогоҳҳо ба миён омад, балки инчунин, аз сабаби баланд шудани талабот ба ҷалла, гӯшт ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ пайдо шуд. Ғайр аз безаминшавии деҳқонон миқдори зиёди одамоне, ки пештар ба сифати дружинник дар хидмати феодалони калон қарор доштанд, ҷавоб дода шуданд. Аз баски аз воситаҳои истеҳсолот маҳрум монданд, сафи бенавоёнро пур мекарданд. Дар асри XVI дар Инглистон бештар аз 3 ҳазор дайр бекор карда шудаву дороиву заминҳояшон мусодира гардида буданд. Дар асари ин амал роҳибони каторӣ ба кӯча андохта шуданд ва онҳо низ ба сафи бенавоён ҳамроҳ гардиданд. Ба ҳамин тариқ дар Инглистон дар асри XVI як дунё безаминони аз воситаҳои истеҳсолот маҳрум ва бесарпаноҳ мондае пайдо шуданд. Онҳо маҷбур буданд, ки қувваи кориашонро ба капиталистон соҳибони мануфактураҳо ва фермаҳои калон ба пасттарин музди кор фурӯшанд. Ҷараёни безамингардонии иҷбории деҳқонон омили асосии табадуллоти кишоварзӣ дар Инглистон буд, ки мохияташ ба заминдории буржуазӣ табдил ёфтани заминдории феодалӣ буд. Табадуллоти аграрӣ ва инкишофи капитализм раванди ба табақаҳо ҷудо шудани деҳқононро таквият бахшид. Дар шароити табадуллоти аграрӣ як қисми деҳқонони сарватманд ба истисмори меҳнати кироя ва иҷора гирифтани замин гузашта, худашон ба таворакашии замин оғоз намуданд ва ба фермери сармоядор табдил ёфтанд. Оммаи асосии деҳқонон дар натиҷаи қашшоқӣ ва зуровариҳо, дар шароити табаддулоти аграрӣ ба батракони безамин, деҳқонони нимпролетар табдил ёфтанд. Иқтисодиёти Инглистон дар асри XVI аз иқтисодиёти дигар кишварҳои Аврупо бо он фарқ мекард, ки тараққиёти истеҳсолоти капиталистӣ дар Инглистон ҳам дар саноат, ҳам дар кишоварзӣ, ҳам дар шаҳр ва ҳам дар деҳот Ҳамзамон ба амал меомад; Мануфактураҳои капиталистӣ наметавонистанд тамоми деҳқонони мусодирагардидаро ба як бор фурӯ баранд, бинобар ин оммаи беҳисоби оворагон дар роҳҳои кишвар сарсарӯ мегаштанд ва давлат тамоми чораҳоро меандешид, то ба капиталистон ёрӣ дихад, собиқ соҳибони хочагиҳои мустақилро ба интизоми казармагии капиталистии меҳнати кироя хӯ гиронад. Доир ба оворагардӣ бераҳмонатарин ко-нунҳо ба тасвиб расиданд. Дар яке аз онҳо дастур дода шуда буд, ки гадоён барои садақаталабӣ ба ҷазои сахти чисмонӣ гирифтор карда шаванд ва ҳатто онҳоро ба марг маҳкум карда буд. Ин қонунҳои зидди оворагардон (сс. 1530, 1536, 1547, 1553)-ро дар таърих чун «қонунгузории хунин зидди мусодирашудагон» акс ёфтааст. Дар аҳди Генрихи VII 72 ҳазор оворагард ба дор кашида шуда буданд. Онҳоро он дам «дуздони калону хурд» меномиданд. Мувофиқи қонуни Эдуард (солҳои 1547-1553) ба «оворагард» барои ҷустани кор як моҳ мӯҳлат дода мешуд, вале баъди ҳамин ӯ ба ғуломии ҳамоне дода мешуд, ки аз болояш ба ҳукуматдорон хабаркашӣ кунад. Хоҷа мебоист ба ин гуна ғулом ғизо диҳад, ҳак дошт ба зарби тозиёна ба ҳар гуна коре маҷбур кунад, фурӯшад, ба меросхӯраш васият кунад, ба киро дихад ва ҳоказо. Барои худсарона баромада рафтани ғулом, дафъаи аввал бо оҳани тафтаи ҳарфи «S» дор дар рухсорааш тамға мезаданд. Дафъаи дуюм нисфи ҳар ду гӯшашро мебуриданд, вале дар ҳоли бори сеюм гурехтанаш ӯро чун чинояткори давлатӯ қатл мефармуданд. Рузи кори 12-15 соата муқаррар ва музди кор ниҳоят паст буд. Нархи молҳо 200 фоиз баланд, музди кори воқеи ҳамагӣ 47 фоиз афзуда буд. Ин қонунҳои хунин ҳадаф доштанд, ки ба саноат ҷорӣ шудани қувваи кории арзонро таъмин намоянд ва оммаи мардуми безаминро ба интизоми меҳнати кироя тобеъ гардонда, онҳоро ба коргарони гапдарои офарандаи фоидаҳои баланди буржуазия табдил диҳанд.Ҷавоби табақаи деҳқонони ба нокомӣ расидаи Инглистон ба «таворакашӣ» шӯришҳои азим, хусусан шӯриши зери роҳбарии Роберт Кетидар соли 1549 ба амал омада буд. Шӯриш бераҳмона пахш карда шуд ва баъди он таворакашӣ расмӣ гардид. Раванди андӯхти ибтидоии сармоя ва инкишофи муносибатҳои капиталистӣ бо рушди тиҷорати дохилию хориҷии Инглистон ҳамвора пеш мерафт. Шаҳри Лондон маркази байналхалкии тиҷорату вом гардид. Ғуломфурӯшӣ, роҳзании баҳрӣ, вомҳои давлатӣ, протексионизм дар раванди андӯхти ибтидоии сармоя нақши муҳимро ба ҷо оварданд. Андӯхти сармоя болоравии саноатро дар мамлакат таъмин кард. Дар нимаи дуюми асри XVI инкишофи босуръати соҳаҳои мухталифи саноат: комилан такмил ёфтани моҳут, собунпазӣ, киштисозӣ, истеҳсоли борут, қоғаз, селитра, шакар ва дигар молҳо равнақи тоза пайдо карданд. Бинобар ин баъзан болоравии саноати Инглистонро дар асрҳои XVI-XVII «инқилоби саноатии хурд» меноманд. Ҳамин тавр, дар баҳои устухону хуни коргарон ва деҳқонон капитализм дар Инглистон рушд кард.

5.4 Иқтисодиёти Инглистон дар арафаи табадуллоти саноатӣ

Усули андӯхти ибтидоии сармоя, аз рӯи таъйиноти В.И. Ленин, «…маҷбуран аз воситаҳои истеҳсолот ҷудо кардани коркун, аз сари замин рондани деҳқон, дуздидани заминҳои ҷамоавӣ, системаи мустамликот ва вомҳои давлатӣ, боҷҳои ҳимоятгарона ва ғайра»-ро дар бар мегирифтанд. Тамоми ин усулҳо, ки дар Инглистон дар асрҳои XVI-XVII cap шуда буданд, дар нимаи дуюми асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII аз будашон зиёд давом мекарданд.

Таворакашӣ тақвият меёбад. Агар дар тӯли солҳои 1702-1760 роҷеъ ба таворакашӣ 152 қонун ба табъ расида бошад, танҳо дар солҳои 1760-1761 1779 қонун ба тасвиб расид. Дар солҳои 1701-1714 1439 акр замин таворакашӣ шуда буд; дар солҳои 1714-1727 17 960 — дар солҳои 1727-1760 — 318 778 дар солҳои 1760-1820 — 6 288 910 акр замин таворакашӣ гардид. Агар пештар «таворакашӣ» асосан барои тавсиъа бахшидани чарогоҳҳо пеш гирифта шуда бошанд, айни ҳамин чараёнро дар асри XVIII кӯшиши ба вуҷуд овардани фермаҳои бузурги капиталистӣ тақозо мекард. Соли 1800 роҷеъ ба девор гирифтан қонуни умумие 6а тасвиб расид, ки асосан аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳам ин равандро ба поён расонд. Дар миёнаи қарни XVIII табақаи деҳқонӣ дар Инглистон амалан аз байн рафт. Инқилоби буржуазӣ дар Инглистон, ки қувваи пешбарандааш табақаи деҳқонони хурд буд, дар соли 1649 ҳокимияти шоҳро сарнагун кард ва Инглистон ҷумхурӣ эълон карда шуд. Аммо, буржуазия ба манфиатҳои оммаи мардум хиёнат кард ва бо табақаи дворянӣ муросо намуд. Моликияти феодалӣ ба замин маҳфуз дошта шуд ва аз ҳисоби милкҳои подшохӣ тавсиъа ёфт. Инқилоби буржуазӣ барои тараққиёти капитализм роҳ тоза кард. Ҳаёти Иқтисодии Инглистон охири асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII бо инкишофи пуравҷи муносибатҳои капиталистӣ дар шаҳру деҳот муқаррар гардид. Агар то инқилоби буржуазй Инглистон кишвари аграрии дуюмдараҷа бошад, дар нимаи охири асри XVIII алакай давлати муқтадири соҳибтиҷорату саноатӣ гардида буд. Дар натиҷаи инқилоби буржуазй мавқеъи ҳукмронро дар саноат истехсолоти мануфактурй ишгол намуда, хунармандию истехсолти молии хурд махфуз дошта шу-данд.

Синфхои ҳукмрон дастгохи давлатиро барои сарват-гундории худашон ба таври васеъ истифода мебурданд. Точирон аз муомилоти тичоратй бо кишварҳои мустамлика-вии моварои бахр дар Осиёю Африко ва Амрико фоидаи зиёд ба даст меоварданд. Гуломчаллобон сарвати гУшношуниде меефтанд. Дар мустамликахои Инглистон факат дар Амрикои Шимолй 500 хазор гуломони зангй бу-данд. Дар Ливерпул дар ибтидои солхои 70-уми асри XVIII 96 киштй махсус ба тичоратй гуломон банд буданд. Инглистон дар ибтидои асри XVIII дар сохаи гуломфурУшй мо-нополияи байналхалкй ба даст овард. Аз соли 1680 то 1775 ингилисхо аз Африко ба мустамликахои амрикой кариб 3 миллион гулом бурда буданд. Дар асри XVIII Инглистон ба мукобили Голландия, Испания ва Фаронса чангхои мустамликавй мебурд, ки ба сифати манбаъи иловагй барои сарватгундории капитали-стони ингилис хидмат мекард. Инглистон Гибралтар (соли 1704), Шотландияи Нав (соли 1713), чазирахои Багамрр (соли 1718) ба даст оварда буд. Дар натичаи чангхои хаф-тсола (солхои 1756-1763) аз Фаронса тамоми Канада, аз Испания — як кисми Флоридаро тамоман мегирад, ба васеъ кардани заминхои дар Хиндустон Facn кардааш cap меку-над, мустамлика кардани Австралияро (соли 1788) пеш мегирад, як кисми Гвианаро (соли 1796) дар Амрикои Чанубй зери тасарруф меоварад. Кулли ин забткорихо бо горатгарихои оммавй якчоя рУй медоданд. Горат кардани мустамликахо бо рохи тичоратй гайри муодил, гуломфурУшй, истисмори вахшиёнаи гуломон дар плантатсияхо, ҳамвора бо хонасалот кардани деҳқонон дар худи Инглистон дар дасти точирон, судхурон ва сохибони мануфактурахо сарвати хангуфтро ба вучуд оварданд. Запткориву истисмори мустамликахо ба рушди саноатй Инглистон, васеъ гардидани бозори фурУш, пайдо шу-дани манбаъхои моли хом мусоидат карданд.

Сиёсати мустамликадорй ва чангхо карзи давлатии Инглистонро афзун гардонданд. Аз соли 1775 то 1789 карзи давлатиии Инглистон аз 122 миллион фунт стерлинг то 238,2 миллион фунт стрелинг афзуд. Ин маънои аз хисоби кишвари худ сарват ёфтани буржуазияи Инглистонро до-рад.

Ҳамин тавр, дар Иқтисодиёти Инглистон заминахои моддии табаддулоти саноатие фаро расида буданд, ки дар солхои 60-уми асри XVIII огоз гардида то солхои 50-уми асри XIX анчом ёфтанд.

0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *