Фанни Молия

Мафҳуми асосӣ ва элементҳои баҳогузории меҳнат ва омилҳои муаянкунандаи он

Илми иқтисодӣ ва амалияи хоҷагидорӣ тасдиқ кардааст, ки сарчашмаи асосии боигарии миллӣ меҳнатӣ зинда ба ҳисоб меравад. Ҷамъи маҳсули меҳнат ва арзиши нав дар давоми сол даромади миллиро ташкил мекунад, ки аз он ҳамаи табақаҳои ҷамъият ҳиссаи худро ҳамчун даромад мегиранд: музди меҳнатро коргарони кироя, фоизро – соҳибони сармоя, рентаро соҳибони омилҳои табиӣ ва молӣ, фоидаро соҳибкорон мегиранд.

Қисми даромади миллӣ ба васеъкунии истеҳсолот ва соҳаи хизматрасонӣ равона карда мешавад. Маълумотҳои омории давлатҳои мутараққӣ нишон медиҳанд, ки ҳиссаи музди меҳнати кормандони кироя (омили меҳнатии истеҳсолот) дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ то ба 70-80 фоиз мерасад. Аз ин ҷо муайян мешавад, ки дар бозори меҳнат нархи меҳнат ҳамчун танзимкунандаи ҷараёни мубодила баромад мекунад. Вай бо чӣ муайян карда мешавад?

Нархи меҳнат аз қисмҳои зерин иборат аст:

  • Музди меҳнат бо тарзи пулӣ (асосӣ ва иловагӣ);
  • Хароҷотҳо оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоӣ (нафақа, ёрдампулиҳо ва ғайра);
  • Музди меҳнати молӣ (хўрокворӣ, манзил, нақлиёт, ёрдампулиҳо ва дигар пардохтҳо ба кормандон аз фонди корхона);
  • Андоз ба музди меҳнат, ки ба ҳайати хароҷоти корхона ба қувваи корӣ дохил мешавад.

Тафриқаи нархи (арзиши) меҳнат дар ҳуҷҷатҳои ташкилоти байналхалкии меҳнат (ТБМ) айнан ҳамин тарз қайд карда шудааст.

Нархи меҳнат дар бозори меҳнат асосан аз тарафи корфармо ва коргари кироя муайян карда мешавад.

Коргари кироя кўшиш ба харҷ медиҳад, ки соҳиби музди коре шавад, ки талаботҳои ўро дар бораи дастгирии қобилияти кории худ, пурра намудани хароҷоти ҷисмонӣ ва зеҳнӣ, пойдории оила ва тарбияи фарзандон, барои дастгирии дараҷаи маданӣ ва касбӣ – тахассусӣ пурра қонеъ гардонад.

Дар баробари ин соҳибкор дар шароити мураккаби рақобати бозорӣ маҷбур мешавад, ки роҳҳои паст намудани хароҷотҳоро ба ҳар як боб ва аз он ҷумла ба боби «Музди меҳнат» ҷустуҷў намояд.

Барои соҳибкор нархи меҳнат метавонад бо чунин формула арзёбӣ гардад:

дар ин ҷо:

Н — нархи меҳнат;

М – музди меҳнат, пулӣ ва молӣ;

И — хароҷотҳои асосӣ ва иловагии суғуртаи иҷтимоӣ (пиронсолӣ, беморӣ, маъюбӣ, ба кўдакон, ба бекорон ва ғайра);

Д — қисми даромади корхона, ки ба кормандон ҳамчун ёрдампулӣ, пардохтпулиҳо ва хизматҳо мувофиқи шартномаи коллективӣ ё фардӣ дода мешавад;

Ф- қисми фоидаи корхона, ки бо низоми иштирок дар фоида байни кормандон тақсим карда мешавад.

Барои ҷамъият бошад нархи меҳнат дар намуди дигар баромад мекунад ва ба он ройгон будани шароити зиндагии корманд аз ҳисоби давлат дохил мешавад: маълумот, ёрии тиббӣ, иловапулӣ барои музди пасти манзил, барои хизматҳои комммуналӣ, нақлиёти шаҳрӣ ва дигар хароҷотҳо аз буҷет.

Категорияи арзиши қувваи корӣ чун ифодакунандаи хароҷотҳои пурраи такрористеҳсоли корманд ва оилаи вай амал мекунад. Нархи меҳнат бошад ин ифодагари аниқи ин арзиш буда, аз вазъи бозори меҳнат ва дигар бозорҳои ба он наздик вобаста аст ва метавонад аз арзиши амалкунанда баланд ё паст бошад.

Дар амал қисми хароҷотҳои корфармо ба қувваи корӣ умумӣ карда мешавад. Ин ҳолат дар мамлакатҳои гуногун вобаста аз сатҳи тараққиёти иқтисодиёти мамлакат, минтақаҳо ва ташкилотҳо, асосҳои қонунгузорӣ, муносибати давлат ба соҳаи иҷтимоӣ ба тарзи гуногун роҳандозӣ шудааст. Мисол, дар модели идораи иҷтимоӣ – демократии шведӣ ин умумикунонӣ баланд мебошад, чунки дар ин модели роҳбарӣ афзалият ба сиёсати давлатии фаъоли шуғл, сиёсати ҳамраъйӣ музди меҳнат, ки таъминкунандаи ғояи баробарии музд ба меҳнати баробар аст дода мешавад. Дар модели неолибералии идораи амрикоӣ бошад, дараҷаи умумикунонӣ паст аст, чунки дар ин модели роҳбарӣ афзалият ба муносибатҳои меҳнатии фардӣ бо маҳдудияти меъёрҳои танзимкунандаи умумиқонунӣ дода мешавад. Низоми тақсимоти даромад байни иштирокчиёни истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба фоида, музди меҳнат, пардохтҳои иҷтимоӣ, андозҳо, дараҷаи марказикунонӣ ва ғайримарказикунонӣ дар ҳар як мамлакат вобаста аз вазъи иқтисодӣ, анъанавӣ, расму оинҳо, ҷобаҷогузории қувваҳои сиёсӣ ва ғайра қабул шудааст.

Новобаста аз хусусиятҳои хоси моделҳои қабулшудаи мамлакатҳо дар бисёр мавридҳо қонун ҳуқуқи кормандро оид ба иштирок дар муайянкунии нархи қувваи корӣ бо ёрии иттифоқҳои касабаи худ муайян мекунад. Инчунин механизми муайянкунии коллективии музди меҳнат ва дигар шароитҳои киро дар шартномаҳои дутарафа (корфармо, иттифоқи касаба), ва сетарафа (корфармо, иттифоқи касаба – давлат) муқаррар карда шудааст.

Дар бисёр мамлакатҳои муттараққии ҷаҳон, ки шароити хуб ба амал омадааст, дараҷаи муайяни музди меҳнат чун қоида қабул шудааст. Нархи қувваи корӣ дар созишномаҳо, мувофиқкунонии дараҷаи нархҳо ба молҳои истеъмолӣ ва хизматҳо дида мешавад, ин асосан ба индексатсияи нархҳо вобаста буда, ин ҷо навоварӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ, пардохти хизматҳои зарурии иҷтимоӣ (манзил, ёрии тиббӣ, маориф ва ғайра) дар андозҳо ба назар гирифта мешавад. Мисол, дар як қатор мамлакатҳо, ба монанди Фаронса индексатсияи нарх ба музди меҳнати ҳадди ақал, ки бо қарори ҳукумат гузошта мешавад, ҳамчун кафолати иҷтимоӣ барои хизматчиёни давлатӣ истифода бурда мешавад. Барои корхонаҳо бошад, афзоиши музди меҳнат дар мувофиқа бо иттифоқҳои касаба ва соҳибкорон гузошта мешавад. Мувофиқи таҷрибаи пешқадам дар Олмон бошад, анъанаи доимо аз нав дида баромадани гуфтушунидҳои коллективӣ оид ба баланд бардоштани музди меҳнат вобаста аз тағйирёбии дараҷаи муайяни нарх, ки мувофиқи он ставкаҳои нави музди меҳнат гузошта мешавад, ривоҷ дорад.

Давлат метавонад ба нархи қувваи корӣ, чун қоида бо усули устуворгардонии вазъи бозори меҳнат ва сиёсати давлатии фаъоли шуғл, бевосита ва бавосита таъсир расонад:

бо роҳи ҳавасманд гардонидани корфармо доир ба ташкили ҷойҳои нави корӣ;

мутобиқкунонии таркиби касбии кормандон мувофиқи вазъи бозори меҳнат аз ҳисоби барномаҳои давлатии омўзиш ва ғайра.

Дар ҳамаи ҳолатҳо сарчашмаи баланд бардоштани нархи қувваи корӣ дорои ду манбаъ мебошад:

  1. Маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ, ки барои бекорон аз ҳисоби корфармоён ташкил мешавад;
  2. Маблағҳои буҷети давлатӣ, ки аз андозҳои аҳолӣ ташкил мешавад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ як қатор омилҳои бозорӣ ва ғайрибозорӣ ҳастанд, ки ба нархи меҳнат (ба бузургии музди меҳнати кормандони кироя) таъсир мерасонанд.

Ба онҳо чунин омилҳо дохил мешаванд:

  • арза ва тақозо ба қувваи корӣ;
  • рақобати харидорон ва фурўшандагон;
  • арзишҳои зиндагӣ;
  • танзими давлатии музди меҳнат ва даромад;
  • раванди худтанзимкунии музди меҳнат дар корхона, соҳа ва минтақаҳо бо назардошти муносибатҳои байни корфармо, иттифоқҳои касаба ва давлат.

Ин омилҳо амал мекунанд ва аз вазъи бозори меҳнат вобастаанд. Дар бозори меҳнат се вазъро фарқ мекунанд: норасоии кадрҳо, шуғли пурра ва бекорӣ.

Дар ҳолати барзиёд будани арза аз тақозои меҳнат, нархи меҳнат баланд меравад ва баръакс дар ҳолати барзиёдии тақозо бар арза паст меравад.

Баамалоии тақозои меҳнат аз чӣ вобастагӣ дорад? Пеш аз ҳама аз такрористеҳсоли иқтидори меҳнатии ҷамъият, аз он қисми аҳолӣ, ки ба бозори меҳнат ворид мешавад ва метавонад бо тарзи киро кор кунад.

Дар мамлакатҳои гуногун аҳолии дар синни қобилимеҳнатбуда ба гурўҳҳои гуногуни синну солӣ маҳдуд мегардад. Мисол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонун барои мардон аз 15 то 63 сол, барои занҳо аз 15 то 58 сол гузашта шудааст. Лекин аз ин шумора бо сифати қувваи кории кироя танҳо қисми онҳо кор мекунанд. Дар бозори меҳнат ба сифати қувваи кории кироя шаҳрвандоне, ки бо соҳибкорӣ машғуланд ва худашон кўшиш мекунанд, ки қувваи кориро харанд, инчунин шаҳрвандоне, ки бо сабаби саломатӣ ва оилавӣ кор карда наметавонанд, дохил намешаванд. Инҳо асосан занҳо, донишҷўён, хонандагони синфҳои болоӣ, шахсони касбҳои озоддошта ва ғайраҳо мебошад.

Дар баробари ин тақозо дар бозори меҳнат аз ҳисоби нафақахўроне, ки кор мекунанд, инчунин ҷавонони аз 15 -сола хурд, ки кор мекунанд, зиёд мегардад.

Пастубаландшавии тақозо дар бозори меҳнат аз омилҳои демографӣ: таваллуд ва фавти аҳолӣ сахт вобаста аст. Чи қадаре ки сатҳи таваллуд баланд ва сатҳи фавт паст бошад, ҳамон қадар шумораи аҳолии синну соли қобили меҳнат зиёд мешавад ва онҳо омода ҳастанд, ки меҳнати худро фурўшанд.

Ба вазъи бозори меҳнат хусусан дар сатҳи минтақаҳо ҷойивазкунии аҳолӣ аз ноҳияҳои деҳот ва кўҳӣ ба шаҳрҳо таъсири муайян дорад. Дар баъзе минтақаҳо ҷойҳои корӣ холӣ шуда, камчинии қувваи корӣ ба амал омада, дар дигар минтақаҳо вазъи бозори меҳнат номўътадил гашта, дар баробари ин рақобати байни кормандон баланд шуда, бекорӣ зиёд мегардад. Вале тақозои қувваи корӣ танҳо як тарафи қонуни бозор мебошад. Вай танҳо дар якҷоя амал кардан бо дигар тарафи бозор – арза, ки асосашро ҷамъи шумораи шуғулмандон ва ҷойҳои холии корӣ ташкил мекунад, зоҳир мегардад.

Арза дар бозори меҳнат бо чӣ муайян мешавад, кадом омилҳо ба бузургии он таъсир мерасонанд? Пеш аз ҳама бо таъмини иқтисодиёт бо захираҳо. Бузургии захираҳои табии Ҷумҳурии Тоҷикистонро асосан кўҳҳо (93 фоиз), канданиҳои фоиданок, захираҳои обӣ ташкил мекунанд. Истифодабарии васеи онҳо имконият медиҳад, ки ҷойҳои мавҷудаи корӣ ва ҷойҳои нави корӣ пурра истифода бурда шавад ва дараҷаи баланди арзаро ба қувваи корӣ нигоҳ дорад.

Омили дигар – ин ҳолати иқтисодӣ, суръатнокии афзоиши иқтисодӣ мебошад. Мутаассифона иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ дар ҳолати бўҳронӣ қарор дорад. Қариб қисми зиёди корхонаҳои саноатӣ аз кор пурра ё қисманд мондаанд, ҷойҳои корӣ кам шуда, арза ба қувваи корӣ паст рафта, бекорӣ ва хусусан бекории ғайрирасмӣ зиёд шуда истодааст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2009 индекси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 86,7 фоизро ташкил кардааст. Аз 800 корхонаи саноатӣ 266 корхона ё 33,2 фоизашон умуман фаолият накардаанд. Истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ба вазъи бозори меҳнат, нархи қувваи корӣ ва арза, омилҳои таркибӣ таъсир мерасонанд. Ин ба тағйиротҳои таркибӣ – технологӣ дар иқтисодиёт, соҳаҳо ва корхонаҳо вобаста аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ тағйиротҳои куллӣ дар шуғли аҳолӣ ба амал омаданд. Дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, маориф, илм, маданият шумораи кормандон кам шуда, дар соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал (аз ҷумла, хоҷагии ёрирасони шахсии кишоварзӣ) зиёд шудааст. Таъсири ин дар ҳиҷрати намояндагони илм, маданият, мутахасисони бомаълумот ва дараҷаи баланди касбӣ – тахассусӣ ба хориҷи кишвар зоҳир мегардад.

Омили дигаре, ки ба арзаи қувваи корӣ таъсир мерасонад -ин хусусигардонии моликияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки ба гуногуншаклии моликият оварда мерасонад. Дар назар дошта шуда буд, ки бо гузаронидани ин чорабинӣ дар корхонаҳо ташкили кор хуб шуда, самаранокии истеҳсолот баланд меравад ва чун қоида арза ба меҳнат кам мешавад. Аммо ин тавр нашуд. Пастшавии арза ба меҳнат, аз кор бозистии корхонаҳо, аз кор рондани қисми зиёди кормандон бо сабабҳои канда шудани алоқа ва муносибатҳои иқтисодӣ, дар вақташ пардохт накардани музди кор ва ғайра ба амал омадаанд.

Омили дигаре, ки ба арзаи қувваи корӣ таъсир мерасонад – ин маблағгузорӣ (инвеститсия) мебошад. Афзоиши ҷойҳои кории нав ё баландшавии арза ба қувваи корӣ аз маблағгузорӣ ба рушди соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ вобаста аст.

Дар байни омилҳои бозорӣ, ки муносибати арзаро ба мол муайян мекунад, омили сифат асосӣ ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки дар ҳама бозорҳои истеъмолӣ чи қадаре ки сифати мол баланд башад, ҳамон қадар нархи вай меафзояд. Дар бозори меҳнат ҳам чунин аст. Соҳибкор (корфармо) чун қоида кўшиш мекунад, ки аз бозор қувваи кории сифати баландро, ки дорои таҷрибаи бойи истеҳсолӣ, касбӣ ва дараҷаи баланди маҳорат бошад, харидорӣ кунад. Айнан ин сифатҳо ба корфармо имконият медиҳад, ки самаранокии истеҳсолотро баланд бардорад.

Чунин меҳнат хароҷотҳои зиёди ҷисмонӣ ва ақлониро талаб менамояд ва аз ин ҷо маблағи зиёдеро барои барқароркунии қувваи корӣ бояд харҷ намуд.

Ба нархи қувваи корӣ ё бузургии музди меҳнат инчунин омилҳои ғайрибозорӣ таъсир мерасонанд. Мисол, махсусан ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи меҳнат, яъне вақти киро ба кор, муайянкунии музди меҳнат ва дар болоравии хизматӣ бартариро ба касе додан, новобаста аз нишондиҳандаҳои сифатӣ ва маҳорати касбӣ. Ҳолатҳое мешавад, ки вобаста аз аломатҳои ҷинсӣ ва миллӣ ба кор қабул намекунанд, музди меҳнатро кам мекунанд. Ё дар бисёр мамлакатҳо ба меҳнати баробари занҳо, намояндагони миллатҳои хурд, одамони бо ранги пўсти дигар нисбати мардҳо ва занҳои миллатҳои аслӣ музди меҳнати кам пардохт карда мешавад.

Бояд қайд кунем, ки кўшиши соҳибкорон оид ба кам кардани музди меҳнати кормандони кироя беҳудуд нест. Он вобаста бо андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, ки қонуни аз тарафи давлат муайянкардашуда аст, маҳдуд мешавад. Дар замони имрўза як бузургии ҳадди ақали музди меҳнат барои подоши пурраи азнавбарқароркунии корӣ ва аҳли оила нокифоя аст. Вай харидории як қисми воситаҳои зиндагиро таъмин менамояд.

Ҳадди ақали музди меҳнат набояд аз «сабади истеъмолӣ» паст шавад.

Ҳамин тариқ ба хулосае омадан мумкин, ки баамалоии музди меҳнат дар навбати аввал аз шароитҳои моддӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодӣ, такрористеҳсоли қувваи корӣ вобаста аст. Аз ин рў бузургии ҳавасмандии меҳнатро як қатор омилҳои дақиқи иҷтимоӣ — иқтисодӣ муайян мекунанд.

Ин омилҳо чунинанд:

  1. Чуноне, ки дидем, андозаи музди меҳнат аз бузургии арзишҳои воситаҳои зиндагӣ, ки барои такрористеҳсоли қувваи корӣ хароҷот мешаванд, вобаста аст.
  2. Баъдан, нақши асосиро дар баланд бардоштани музди меҳнат дараҷаи касбӣ – тахассусии корманд мебозад. Ба ибораи дигар, вай аз ҳаҷми маблағгузорӣ ба « сармояи инсонӣ» вобаста аст.
  3. Ба бузургии ҳавасмандии меҳнат дараҷаи ҳосилнокии меҳнат таъсир мерасонад. Дар корхонаҳое, ки дараҷаи ҳосилнокии меҳнат баланд аст, самаранокии меҳнат зиёд шуда, музди меҳнат низ меафзояд.

Ба бузургии музди меҳнат фарқияти миллии дараҷаи тараққиёти шароитҳои иҷтимоӣ — иқтисодии ҳаёт дар мамлакатҳои гуногун таъсир мерасонад. Ин фарқиятҳо аз дараҷаи илмӣ — техникии истеҳсолот ва самаранокии меҳнат, сатҳи тараққиёти қувваи корӣ, дараҷаи меъёрии бадастовардаи сифати зиндагии аҳолӣ вобастаанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *