Фанни Молия

Фаъолият дар бозори асъор ва иштирокчиёни он

  1. Моҳияти амалиётҳои бозори асъорӣ ва иштирокчиёни он
  2. Иштирокчиёни бозори асъор ва амалиётҳои он
  3. Қурби асъорӣ ва муомилоти асъорӣ
  4. Моҳиятиамалиётҳоибозориасъорӣваиштирокчиёни он

Бозори асъорӣ аз рӯи бузургӣ аз ҳамакалонтарин бозори молиявии замони муосир ба ҳисоб меравад. Он дар таркиби бозори молиявӣ нақши муҳими таъинотиро иҷро мекунад. Бозори асъорӣ механизме мебошад, ки бо ёрии он муносибатҳои ҳуқуқию иқтисодии истеҳсолкунанда ва фурӯшандагони асъор

муқаррар карда мешавад. Объекти асосии бозори асъорӣ – ин талаботи молиявии дилхоҳе мебошад, ки дар асъори хориҷӣ ифода гардидааст.

Аз нуқтаи назари механизми бозорӣ, амалиётҳои мубодилавии асъорӣ – ин мубодилаи асъорӣ як мамлакат бо асъорӣ мамлакати дигар мебошад. Пасандозҳои дархостӣ – воситаҳое мебошанд, ки дар савдои байни бонкҳо истифодашуда дар бозори асъорӣ (депо-ҷойи нигоҳдорӣ)амалмекунанд.

Иштирокчиёни асосии бозори асъорӣ – ин бонк-дилерҳо ва дигар бонкҳо, содиркунандагон, ширкатҳои фаромиллалӣ (трансмиллӣ), муассисаҳои молиявӣ, инвесторҳо (сармоягузорон), агентии ҳукуматӣ (Амонатбонк, Тоҷиксуғурта ва раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ), корхонаҳо ва шахсони воқеӣ мебошанд.

Чунин шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар бозори молиявӣ талаботҳои гуногун доранд, аз ҷумла зарурияти суғуртанамоии дутарафа дар бозори асъорӣ, талаботҳои сармоягузории воситаҳои молиявӣ ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва имконияти қобилияти харидорӣ аз як мамлакат ба мамлакати дигар мебошад.

Имрӯзҳо вазифаҳои амалиётҳои асъорӣ бо таври пурратибқи талабу дархости бозори асъорӣ танҳо дар бонкҳои азиме, ки ба муомилоти асъори хориҷӣ машғуланд ба монанди секторҳои савдои пешрафтаи марказҳои молиявии (биржаҳои байналхалқии) Лондон, Ню-Йорк, Франкфурт, Сингапур ва Гонконг фаъолият мебаранд, мисол шуда метавонанд.

Бозори асъорӣ аз якчанд бозори асъории миллии гуногун иборат мебошад, ки дар системаи ҷаҳонӣ муттаҳид гардонида мешаванд.

Ин система ба бонк имкон медиҳад, ки дар ягон маркази мубодилаи асъорӣ муомилотҳо дар шакли зерин гузаронида шаванд:

Дараҷаи 1 – Савдои чакана. Муомилот дар як бозори миллӣ, ҳангоме, ки бонк-дилер дар вақти хариду фурӯш новобаста бо мизоҷ додугирифт менамояд. Дилер миёнаравӣ бозор мебошад, ки метавонад аз номи худаш низ баромад намояд.

Дараҷаи 2— Савдои байнибонкии яклухт. Муомилот дар бозори дохилӣ ҳангоме, ки 2 бонк-дилер боҳамдигар бо ёрии брокери асъорӣ додугирифт менамоянд, ки ин бозори байнибонкӣ мебошад.

Дараҷаи 3— Савдои байналмиллалӣ. Муомилот байни 2 ва якчанд бозорҳои молиявӣ ҳангоме, ки бонк-дилерҳои марказҳои савдои гуногун бо якдигар додугирифт менамоянд.

Дар системаи ҷаҳонӣ тамоюли афзалиятиқонунии нархи ягонаи асъор дар амал мебошад. Агар дар таносуби нархии асъор гуногуният пайдо шавад, бонк-дилерҳо ё дигар иштирокчиёни бозор асъорро мефурӯшанд ё мехаранд, то ки аз ин фарқият фоида гиранд.

Иштирокчиёни бозори асъор ва амалиётҳои он

Иштирокчиёни бозори асъорӣ якчанд функсияҳои асосиро иҷро мекунанд. Ба ин вазифаҳо интиқоли пул, суғуртаи дутарафа, клиринг ва қарз дохил мешавад.

Клиринг – ҳисоббаробарнамоии ғайринақдӣ байни ширкатҳо, корхонаҳо, мамлакатҳои ҷудогона барои коғазҳои киматноки фурӯхташуда дар асоси шартҳои тавозуни пардохтӣ мебошад. Мисол як ҷониб ба ҷониби дигар бо нархи 500 в.ш. барои 1 тонна пахтаро интиқол менамояд, ҷониби дигар автомобилро бо нархи 5000 в.ш. мефурӯшад. Ҳангоми иваз намудани 200 тонна пахта, аз ҷониби дигар 20 адад автомобил баланси пардохтҳои байниҳам таъмин мегардад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки фаъолияти клирингиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон мегузаронад.

Агар ширкати британиягӣ ба ширкати франсузӣ ягон намуди пардохтро иҷро намояд, он гоҳ зарур аст, ки воситаҳои пулӣ аз Британияи Кабир ба Фаронса гузаронида шавад. Ин интиқоли байналхалқӣ имконияти харидорӣ бо ёрии бозори асъорӣ мебошад. Ширкати британиягӣ хариди спотиро бо евро иҷро менамояд. Хариди спотӣ муомилоти зудтар ё таъҷилии расонидани

моли харидашуда мебошад. Хариди форвардӣ бошад, муомилоти интиқоли борро дар марҳилаи муайяни вақт дар бар мегирад.

Ҳангоми кор дар бозори асъорӣ воситаҳои муҳими зерин истифода мешаванд:

Интиқоли телеграфӣ ё электронӣ бо амонатҳои ғайритаъҷилӣ (пасандозҳои дархостӣ);

Векселҳои бонкӣ ба пешниҳодкунанда; Траттаҳои тиҷоратӣ.

Интиқоли электронӣ тарзи пардохте мебошад, ки харидор ба бонк асъорӣ талабшавандаро пешниҳод менамояд, бонк бошад бо воситаи алоқаи электронӣ маблағро ба бонки дигар интиқол менамояд. Ин усул одатан ҳангоми интиқоли маблағҳои бузург ҳаҷм истифода мешавад.

Воситаҳои махсуси телекоммуникатсиотнӣ суръати ҳаракати пардохтҳоро метезонад. Масалан, системаи байналхалқии байнибонкии электронии пардохтҳо(SWIFT — Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ин низоми ҳисоббаробаркунӣ БМТ ва Соҳибкорбонк аст)ахборотҳоро бо хатогиҳои кам ва суръати баланд мегузаронад.

Траттаҳои тиҷоратӣ ба бонкҳои содиркунанда ё харидор гузошта мешавад.

Тратта (векселҳои интиқолӣ) – векселе мебошад, ки фармони хаттии векселдиҳандаро ба пардохткунанда аз рӯи пардохти вексел дар мӯҳлати нишон додашуда ва дар маблағи муайянро дар бар мегирад.

Қурби асъорӣ ва муомилоти асъорӣ

Қурби асъорӣ – таносубе мебошад, ки аз рӯи он мубодилаи як асъор бо асъори дигар гузаронида мешавад.

Қурбҳои асъории зерин ҷой доранд:

    • Қурби асъории мубодилавӣ аз рӯи муомилоти хазинавӣ – қурби мубодилавии муомилоти савдоро, ки мӯҳлати он 48 соат мебошад, хизмат мерасонад.
      • Қурби мубодилавӣ аз рӯи муомилоти таъҷилӣ – қурбе мебошад, ки муомилоти савдои дар оянда амалкунандаро дар бар мегирад.

Қурби асъор аз чунин тағироти қурбӣ иборат аст:

1.Валватсияи асъор – муайян намудани арзиши асъори хориҷӣ бо пули миллӣ.

    1. Девалватсияи асъор – самти ғайримақсадноки фаъолияти ҳукумат доир ба пастнамоии қурби асъори миллӣ нисбат ба дигар асъори мустаҳкам, бо мақсади сиёсати иқтисодии ҳавасманднамоии маҷмӯи талабот дар низоми иқтисодӣ.
    2. Ревалватсияи асъор – самти мақсадноки фаъолияти ҳукумат доир ба баланднамоии қурби асъори миллӣ бо мақсади нигоҳдории маҷмӯи талабот дар низоми иқтисодӣ мебошад.
0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *