Фанни Молия

Индекси биржави

Инкишофи бозори фонд ива иқтисоди инъикос меёбад дар индекси фонди, умумияти нишондиҳандаҳои динамикаи қурби қоғази қимматнок мебошад. Ин санҷиши миёнаи қурби нархи саҳмия, миқдори муайяни ширкат, амалкунанда дар соҳаҳои фарқкунандаи иқтисодиёти миллӣ мебошад.

Ҳамин тариқ индекси фонди имконият медиҳад, ки вазъияти бозори фондиро дар давраи гузошта таҳлил карда, дар асоси ин таҳлил имконияти пешгӯи карданро дорад.

Таърихи индекси фонди аз охирҳои асри Х1Х сар мешавад. Якум индекс дар ИМА соли 1884 таъсис карда шуда буд. Инро дар аввал Чарлҳз Доу ба тариқи ҳисоби миёнаи арифметики қурби саҳмияи 11 ширкат ҳисоб мекунад. Аз соли 1928 сар карда инбексро аз рӯи 30 ширкат ҳисоб менамоянд ва ин номи Доу Джонсро гирифт.

Дар ИМА ғайр аз индекси Доу Джонс, ки ҳисоби миқдори зиёди индексҳо ҳастанд, якеи аз онҳо ин индекси «Стандарт энд пурс», ки ин ба ду тарз ҳисоб карда мешавад, бо саҳмияҳои 500 муассиса «Стандарт энд пурс»-500 ки бо таври зерин ҳисоб карда мешавад: 400 муассисаи истеҳсоли, 20-то нақлиётӣ, 40-то молиявӣ ва 40-то муассисаи комуналӣ. Ба ин индекс асосан саҳмияҳои муассисаҳои дар биржаи фондии Нҳю-Йорк ба рӯихатгирифташуда истифода мешавад.

Ба гуногунии индекси фонди нигоҳ накарда вайро бо 3 тарз ҳисоб мекунанд.

  1. Методи миёнаи арифметики оддӣ
  1. Методӣ миёнаи геометрӣ
  1. Методи миёнаи арифметики боркашидашуда.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *