Фанни Молия

Асосҳои таълимоти (консептуалӣ) тайёр ва пешниҳод намудани ҳисоботи молиявӣ

  1. Мақсади гузаронидани ҳисоботи молиявӣ;

Консепсия аз калимаи лотинии conception гирифта шуда маънояш система, ақидаҳо ва ё фаҳмиши ягон ҳодиса ва ҷараёнро меомӯзад.

Консепсияи ҳисоботи молиявӣ – ин назарияи асосии баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ ба шумор меравад. Мутобиқи СБҲМ мақсади ҳисоботи молиявиро пешниҳоди маълумот нисбати вазъи молиявӣ, натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва ҳаракати воситаҳои пулии ширкат, ки барои доираи васеъ истифодабарандагон мавриди қабули қарорҳои иқтисодӣ фаҳмида мешавад.

  • Истифодабарандагони иттилооти ҳисоботи молиявӣ;

Ба истифодабарандагони иттилооти ҳисоботи молиявӣ ҳамаи он манфиатҳои дохилӣ ва берунӣ мебошад, баромад мекунад.

Истифодабарандагони дохилӣ чунин истифодабарандагоне мебошанд, ки бевосита ба фаъолияти корхона ҳавасмандӣ доранд. Инҳо:

— Моликони хусусӣ;

— Мақомоти олии идоракунандаи ширкат;

— Дастгоҳи иҷроия;

— Кормандон ва менеҷерони ширкат;

Истифодабарандагони берунӣ дар навбати худ ба ду қисм тақсим карда мешавад:

1 Бевосита (Мустақим);

2 Бавосита (Ғайри мустақим);

Истифодабарандагони иттилооти берунии бевосита чунин истифодабарандагоне мебошанд, ки дар ширкат кор накарда, аммо ба ширкат манфиати молиявӣ меоранд. Инҳо:

— Харидорон;

— Сармоягузорон;

— Бонк ва ғайра;

Истифодабарандагони молиявии бавосита инҳо инҳо манфиати молиявии бавосита доранд. дар навбати аввал давлат дар шахсияти мақомоти андоз, матбуот, ҷамъият, аудит ва ғайра.

  • Тавсифномаҳои сифатии иттилооти ҳисоботи молиявӣ

Мутобиқи СБҲМ тавсифномаҳои сифатии иттилооти ҳисоботи молиявӣ аз инҳо иборат аст:

— Возеҳӣ (Фаҳмоӣ);

— Бамавридӣ;

— Бо эътимодӣ;

— Муқоисашаванда;

Возеҳӣ – маълумот дар ҳисоботи молиявии пешниҳодшаванда бояд ба истифодабарандагнон фаҳмо бошад. Фаҳмоии маълумот набояд иттилооти мураккаб, аммо барои қабули қарорҳои иқтисодӣ муҳим бошад то истифодабарандагон хоҳиши аз худкунии ин маълумотро дошта бошад.

Ба мавридӣ – маълумот ба қарорҳои иқтисодии истифодабарандагон дар асоси таҳлил, баҳодиҳии амалиёти молиявии хоҷагӣ ва тағйирот дар муҳити бизнес таъсир раонидан ба мари даст.

Маълумоти ба мавридӣ, имконияти баҳодиҳӣ ва ислоҳи камбудиҳои давраи пешинро ҳамчун пешгуии ҳодисаҳои оянда оиди фаъолияти ширкат истифода мебаранд.

Боэътимодӣ – маълумот бояд аз камбудию норасогӣ озод буда сарчашмаи боэътимодии ташкилёбиро доро бишанд, то истифодабарандагон барои пешниҳоди дақиқи нишондодҳо ба он такя карда тавонанд.

Муқоисашавандагӣ – ҳисоботи молиявӣ бояд муқоисашаванда бошад, то ки истифодабарандагон ва давраҳои дигар муқоиса намуданро дошта бошанд.Ин бо он мақсад пешбинӣ шудааст, ки истифодабаранда тамоюли ташкилёбии фаъолияти молиявии ширкатро муайян намуда ҳисоботҳои молиявии ширкатҳои дигарро муқоиса намоянд ва ба вазъи молиявии онҳо баҳо дода тавонанд.

  • Тавсифномаи ҷузъҳои ҳисоботҳои молиявӣ.

Ҳисоботи молиявӣ аз 7-ҷузъи асосӣ иборат аст:

1. Дороиҳо;

2. Уҳдадориҳо;

3. Сармояи худӣ;

4. Даромад;

5. Хароҷот;

6. Фоида;

7. Зарар;

Дориҳо — захираҳои аз ҷониби ширкат назоратшавандае мебошанд, ки натиҷа, ҳодисот ва аз амалиётҳои давраҳои пешин буда дар худ фоидаи иқтисодии минбаъдаро таҷасум менамояд. Дороиҳо аз дороиҳои гардон ва ғайри гардоон иборат буда дар тавозун эътироф карда мешавад.

Уҳдадориҳо – Қарздории ширкат мебошад, ки камшавии патенсиали дороиҳо ва даромадро пешбинӣ намуда аз воқеъият ва амалиётҳои пешин ба миён омадааст.

Уҳдадориҳо ба уҳдадориҳои ҷорӣ ва дарозмудат ҷудо карда шуда дар баланс эътироф карда мешавад.

Сармояи худӣ — ҳисаест дар дороиҳои ширкат, ки баъд аз пардохти ҳамаи уҳдадориҳо боқӣ мондааст.

Сармояи худӣ дар тавозун ба намуди сармояи гузошташуда, сармояи иловагӣ, фоидаи тақсимнашуда, сармояи захиравӣ ва инчунин сармояи саҳомӣ пешниҳод карда мешавад.

Даромад – ин зиёдшавии захираҳои иқтисодӣ дар натиҷаи истифодабарии дороиҳо ва кам шудани уҳдадориҳо ба амал меояд.

Хароҷот – ин камшавии захираҳои иқтисодӣ дар натиҷаи истифодабарии дороиҳо ва пайдо шудани уҳдадориҳо аз фаъолияти асосии ширкат сурат мегирад.

Фоида – ин зиёдшавии сармояи худӣ дар натиҷаи фаъолияти асосӣ ба ғайр аз ҳиссаи аҳомон ба сармоя.

Зарар – ин камшавии сармояи худӣ дар натиҷаи фъолияти асосӣ ва амалиётҳои дигар, ки натиҷаи тақсимоти сармояи саҳомӣ мебошад.

Даромад, Хароҷот, фоида ва зарар дар ҳисобот оиди фоида ва зарар эътироф карда мешавад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *