Фанни Молия

Ташакулёби ва пардохти музди меҳнат

Музди меҳнат яке аз категорияҳои муракаби иқтисодӣ шуморида мешавад, ки ҳамчун муайянкунандаи асосӣ ва муҳимтарини муносибатҳои иҷтимоӣ меҳнатии шаҳрвандон баромад мекунанд. Зеро маҳз музди меҳнат элементи муҳимтарини даромади ҳар як шаҳрванде мебошад, ки иқтидори меҳнатии худро дар як давраи муайян дар амал ҷорӣ намудааст. Дар робита бо ин музди меҳнатро ба таври зерин метавон таъриф намуд: музди меҳнат — ин элементи даромади коргари кироя, шакли иқтисодии дар амал ҷори кардани захираи иқтидори меҳнати ў мебошад[1].

Дар шароити бозор ба бузургии музди меҳнат ва сатҳи он омилҳои гуногуни бозорӣ ва ғайри бозорӣ таъсир мерасонанд, ки дар натиҷаи он як сатҳи муайяни музди меҳнат ташаккул меёбад. Ба қатори омилҳои бозорӣ, ки ба андоза ва канъюктураи музди меҳнат таъсир мерасонанд, инҳоро номбар намудан мумкин аст.

1. Тағирёбии арза ва тақозо дар бозори молҳо ва хизматрасониҳое, ки меҳнати мазкур дар онҳо сарф карда мешавад.

Паст шудани тақозо ба молҳо ва хизматрасониҳо новобаста аз сабабҳои он – яъне хоҳ бо сабаби болоравии нархҳо бошад, хоҳ бо сабаби паст шудани қобилияти харидории аҳолӣ бошад, хоҳ бо сабаби дигар ногузир ба коҳиши ҳаҷми истеҳсолот оварда мерасонанд, ки дар натиҷаи он тақозо ба меҳнат низ коҳиш меёбад. Мувофиқ ба он сатҳи музди меҳнат низ дар соҳаҳои мазкур паст мегардад. Баръакс болоравии тақозо дар бозори молҳову хизматрасониҳои муайян, боиси болоравӣ сатҳи музди меҳнат дар ҳамон соҳаҳо мегардад.

2. Фоиданокии захираҳои меҳнатӣ барои соҳибкор.

Яъне таносуби баланди фоида аз истифодабарии қувваи корӣ нисбат ба ҳарочотҳое, ки соҳибкор барои қувваи корӣ мепардозад (музди меҳнат).

Дар ҳақиқат то ин даме, ки соҳибкор аз истифодаи қувваҳои нави корӣ фоида мебинад, қабули коргарони навро ба кор қатъ намесозад. Ин хеле хуб аст, вале як ҷиҳати манфӣ низ дорад. Ва ҷиҳати манфиаш дар он аст, ки қабули когарони нав агарчӣ ба болоравии даромади соҳибкор мусоидат намояд ҳам, сатҳи музди меҳнати ҳамаи коргаронро паст менамояд. Зеро бо зиёд шудани қувваи корӣ ҳаҷми истеҳсолот хам меафзояд, бо авзоиши ҳаҷми истехсолот, бозор аз ҳамон намуди маҳсулот пур шуда, нархи он коҳиш меёбад. Ҳамин коҳиши нархи ҳар як воҳиди маҳсулот боиси пастшавии сатҳи музди меҳнати коргарон мегардад. Зеро коргарон дар шароити бозор музди меҳнати худро вобаста аз нархи маҳсулоти истеҳсолкардаашон мегиранд. Соҳибкор бошад, агарчӣ бо тарзи экстентивӣ даромаднокии корхонаашро боло бардошта бошад ҳам, маҷбур аст, музди меҳнати ҳамаи коргаронро, бо баробари қабули коргари нав, паст кардан гирад. Албатта ин раванд (яъне қабули коргарони нав) ҳам ҳудуди худро дорад.

3. Чандирии тақозо ба қувваи корӣ аз ҷиҳати нарх. Гап дар сари он аст, ки тақозо ба қувваи корӣ аз нархи қувваи корӣ ҳамеша вобастагии якхела надорад. Дар ҳолате, ки тақозо ба қувваи корӣ аз нархи он вобастагии зич дорад мегўянд, ки чандирии талабот аз нарх баланд аст. Масалан вақте, ки дар як ширкат вазни нисбии ҳароҷoтҳое, ки барои музди меҳнат сарф карда мешаванд аз вазни нисбии дигар хароҷотҳои истеҳсолои зиёд бошад, тақозо ба қувваи корӣ аз нархи он аҳамияти калон пайдо мекунад. Маҳз дар ҳамин ҳолат чандири тақозо вобаста ба нарх дар ин ширкат баланд аст мегўем. Баръакс вақте, ки тақозо аз нархи қувваи корӣ кам вобастагӣ дорад, чандирии тақозо аз нарх паст аст, мегўем. Чунончи тақозо ба маҳсулотҳои истеъмоли чун нон, намак, шир ва ғайра кам намешавад. Бинобар ин тақозо ба коргарони истеҳсолкунандаи ин маҳсулот низ новобаста аз нархи қувваи корӣ тағир намеёбад. Дар чунин ҳолат бо дилпурӣ метавон гуфт, ки чандирии тақозо вобаста аз нарх паст аст.

Ҳамин тавр сатҳи музди меҳнат аз чандири тақозо ба нархи қувваи корӣ вобастагии зич дорад.

4. Тағйирёбии нарх ба молҳо ва хизматрасониҳои истеъмолӣ. Болоравии нарх ба молҳо ва хизматрасониҳои истеъмолӣ, пеш аз ҳама ба сатҳи ҳаёт таъсир мерасонад. Бинобар ин он ба андозаи музди меҳнат низ бе таъсир монда наметавонад.

Ҳамчунин, чуноне ки гуфтем ба андоза ва сатҳи музди меҳнат ба ғайр аз омилҳои бозорӣ боз омилҳои ғайри бозорӣ низ таъсир мерасонанд. Ба қатори чунин омилҳо асосан он тағйиротҳо дохил карда мешаванд, ки аз тарафи давлат оиди танзими пардохти музди меҳнат дохил карда мешаванд. Аз ҷумла мукаррар кардани ҳаҷми нави ҳадди ақали музди меҳнат, сатҳи ҷубронпулиҳои мувофиқи қонун кафолат додашуда, ҳамчунин чорабиниҳо оиди танзими шуғли аҳоли, ҳимояи бозори дохилии меҳнат ва ғайра. Ба ғайр аз ин ба ҳаҷм ва шароитҳои пардохти музди меҳнат мазмуну мухтавои қарордоди меҳнатӣ, аз аввал то анҷоми муҳлати қарордод таъсир мерасонад.

Омили муҳимтарини муътадилии сатҳи музди меҳнат ва андозаи он, бешубҳа ин давомнокии ўҳдадориҳои меҳнатии тарафайн мебошад. Ширкатҳо худ аз худ манфиатдор ҳастанд, ки коргарони кўҳнаву бо таҷрибаи худро аз даст надиҳанд. Зеро соҳиби таҷрибаву малака гардонидани ҳар як коргар барои ширкат хароҷотҳои муайянро талаб мекунанд. Ҳамчунин барои коргар низ доим дар як ширкат кор кардан беҳтар аз он аст, ҳар сол ҷои кории худро иваз намояд. Маҳз ба ҳамин сабаб оқилонаву одилона муқаррар кардани шартҳои қарордоди меҳнати ҳам барои ширкат ва ҳам барои коргар аҳамияти муҳим дорад, зеро дар оянда давомнокии муносибатҳои онҳоро муайян менамояд. Сатҳи музди меҳнат, ҳадди ақали андозаи он ва дигар шартҳои меҳнат бо воситаи шарномаи коллективӣ танзим карда мешавад. Дар ҳар давлат тартиби бастани шартномаву қарордодҳо мувофиқи санадҳои қонунгузорӣ муайян карда мешавад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳангоми танзимкунии умумӣдавлатии музди меҳнат нақши асосиро ҳадди ақали музди меҳнат мебозад. Он аз тарафи органи қонунбарори давлати муқаррар шуда барои ҳамаи муассисаву идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо ҳатмӣ мебошад. Маҳакӣ асосӣ ҳангоми муқаррар кардани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ин ба назар гирифтани талаботҳои меҳнаткашон ва аъзоёни оилаи онҳо мебошад. Он бояд имконият диҳад, ки ҳатто коргароне, ки ба меҳнати оддӣ машғул мебошанд қобилиятҳои меҳнатии худро инкишоф диҳанд ва аъзоёни ноболиғи оилаи худро таъмин намоянд.

Ташкили пардохти музди меҳнат дар давраҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ функсияҳои зеринро иҷро мекунад.

  1. Функсияи такрористеҳсолкунӣ. Он дар таъмин намудани талаботҳои моддиву маънавии коргарон ва аҳли оилаи онон ифода меёбад, ки дар як вақт такрористеҳсолшавии қувваи корӣ ва насли одамонро низ таъмин менамояд. Ин функсия аз ҳама функсияи содда ва дар айни замон муҳимтарини ташкили пардохти музди меҳнат ба шумор меравад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки он вобастагии зич бо сиёсати давлат оиди танзими музди меҳнат дар шакли муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дорад.
  2. Функсияи ҳавасмандкунӣ. Моҳияти ин функсия дар он аст, ки ҳавасмандии коргаронро ба самаранокии фаолияти ниҳоӣ корхона таъмин намояд. Яъне музди меҳнат ба сифати омили мақсадноккунии фаъолияти коргарон баромад мекунад.
  3. Функсияи тақсимоти-ченкунӣ. Ин функсия ба он равона карда шудааст, ки ҳиссаи коргарони кироя ва соҳибони воситаҳои истеҳсолотро дар фонди истеъмолии корхона муайян намояд. Яъне ба воситаи музди меҳнат ҳиссаи фардии ҳар як иштирокчии раванди истеҳсолот вобаста ба саҳми меҳнатии ў муайян карда мешавад.
  4. Функсияи захира–ҷойгиркунӣ. Аҳамияти ин функсия махсусан дар замонаи ҳозира хеле калон ба назар мерасад. Ба воситаи ин функсия давлат метавонад захираҳои меҳнатиро ба минтақахое, ки инкишофашонро зарур медонад, ҷалб намояд. Ҳамчунин тавассути ин функсия метавон коргарони баландихтисосро ба соҳаҳое ҷалб намуд, ки инкишофашонро воқеъияти ҳаёт талаб мекунад.
  5. Функсияи ташаккул додани аҳолии қобили харидорӣ. Таъиноти ин функсия дар он аст, ки муомилаи хариду фўрушро дар байни истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон ба вуҷуд орад.

Воқеан арза бидуни тақозо маъное надорад. Таъиноти ин функсияи музди меҳнат ҳам дар он аст, ки тақозо барои харидорӣ кардани арза ба вуҷуд оварад.

Ин аст, он функсияҳои асосие, ки музди меҳнат бояд амалӣ намояд. Вале барои он, ки ин функсияҳо амалӣ карда шаванд риояи принсипҳои зерин ҳатмӣ мебошад.

  1. Баланд бардоштани андозаи музд, баробар бо рушди самаранокии меҳнат ва истеҳсолот. Агар ин принсип риоя карда нашавад, комилан равшан аст, ки таносуби хароҷотҳо ва даромадҳо халалдор карда мешавад. Ва ҳам риоя нашудани ҳамин принсип аст, ки боиси беқурбшавии пули миллӣ мегардад.
  2. Тақсимоти музди меҳнат вобаста аз саҳми ҳар як коргар ва нишодиҳандаҳои мехнатии ў, шароити меҳнат, мавқеи ҷойгиршавии корхона, мансубияти соҳави ва дигар хусусиятҳои хоси истеҳсолоти корхона. Бо корбурди ин принсип пеш аз ҳама адолати иҷтимоӣ дар корхона риоя карда мешавад, ки омили асосии пешгирии муноқишаҳои меҳнатӣ мебошад. Аз тарафи дигар он боиси ҳавасмандии коргарон баҳри баланд бардоштани сатҳи тахассусашон мегардад. Ҳамчунин коргарон кўшиш менамоян, ки саҳми онҳоро дар натиҷаи ниҳоӣ фаъолияти корхона аз ҳама бештар бошад. Ба назар гирифтани коэффисентҳои ноҳиявӣ, хусусиятҳои ҷуғрофии маҳал ва хусусиятҳои хоси соҳавии истеҳсoлот ҳам як омили муҳими адолати иҷтимоӣ ва дар як сатҳ нигноҳ доштани ҳавасмандии коргарон ба ҳисоб меравад.
  3. Ба назар гирифтани ҳолати бозори меҳнат. Бозори меҳнат дар шароити бозор муайянкунандаи асосии сатҳи музди меҳнат ба шумор меравад. Дигаргуншавии конъюктураи бозори меҳнат ба руҳияи коргарон бетаъсир намемонад. Бинобар ин соҳибкори зирак бояд ба ин тағйиротҳо саривақт сарфаҳм рафта аксуламали мувофиқ нишон дихад.
  4. Содаву фаҳмо ва дастрас будани шартҳои шакл ва низоми пардохти музди меҳнат барои ҳамаи кормандон. Шартҳо ва хусусиятҳои хоси пардохти музди меҳнат барои ҳамаи аъзоёни корхона бояд фаҳмонида шавад, то он ки онҳо донанд, ки дар кадом сурат музди меҳнати онҳо баланд ё паст мешавад. Ин принсип ҳам ниҳоят муҳим буда ҳавасмандии коргаронро тақвият мебахшад. Ин аст он принсипҳои асосие, ки аз онҳо дар боло ёдовар шудем.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки функсияҳо ва принсипҳои ташкили пардохти музди меҳнат бо ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Агарчи алоқамандии умумии онҳо бо якдигар вуҷуд дошта бошанд ҳам баъзеи ин принсипҳо бо баъзеи функсияҳо алокамандии махсус доранд, ки ин алоқамандӣ дар расми 1 нишон дода шудааст.

Расми 1. Алоқамандии принсипҳо ва функсияҳои ташкили пардохти музди меҳнат

Принсипҳо Функсияҳо

[1] Яхёев О.З, Њодиев Д.А. Иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат. Воситаи таълимӣ. Душанбе-2006. Саҳ.94.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *