Фанни Молия

Нишондодҳои асосии хочагиҳои сохти ибтидоӣ — ҷамоавӣ ва гузаштан ба тарзи феодалии истеҳсолот

    1. Тавсифи хочагиҳои ибтидоӣ-ҷамоавӣ ва гузаштан ба тарзи ғуломдории истеҳсолот
    2. Нишондоҳои асосии тараққиёти иқтисодии Шарқи Қадим
    3. Нишододҳои асосии тараққиёти иқтисодии Юнони Қадим
    4. Нишододҳои асосии тараққиёти иқтисодии Рими Қадим
    5. Тавсифи хочагиҳои ибтидоӣ-ҷамоавӣ ва гузаштан

ба тарзи ғуломдории истеҳсолот

Тамоми халкхои чахон мархилаи сохти ибтидои – чамоавиро тай кардаанд. Муносибатхои асосии истеҳсолоти сохти ибтидои – чамоава моликияти дастчамъи, чамоави ба олоту воситахои истеҳсолот буд, ки дарачаи пасти куввахои истеҳсолкунанда ба он боис гардида буданд. Мехнати одами ибтидои хануз махсулоти иловаги ба вучуд оварда наметавонист. Дар ин шароит тақсимот ба тарзи баробар ҳуқуқи сурат мегирифт. Адами махсулоти иловаги барои нобаробарии молумулки, барои аз тарафи инсон истисмор кардани инсон, барои ташкили синфхо ва ташаккули давлат шароити лозим ба вучуд наоварда буд. Барои сохти ибтидои – чамоави суст инкишоф ёфтани куввахои истеҳсолкунандаи чамъият хос буд.

Одамони ибтидои тарзи хаёти галайи, нимкучманчиги ба сар мебурданд, гизояшон наботот, мевачот, бехи растанихо, чонварони хурд буд. Онхо хойвоноти калонро якчоя шикор мекарданд. Сохахои фаолияти хочагидории нахустини кадимаи одамони сохти ибтидои – чамоави бо ҳамдасти амал кардану шикор буд. Олоти мехнат содда буда, аз санг дуруст карда мешуд. Андаке баъдтар табар, корд, болга, белхои санги, найзахои нугтуз пайдо шуданд.

Барои хочагихои сохти ибтидои – чамоави ба василаи соиш хосил кадани оташ лахзаи дигаргунии кадъи гардид. Ба гуфти Ф.Энгелс аз тарафи одам хосил карда шудани оташ аз руи аҳамияти умумичахони – таърихияш, ки инсониятро ба озод амал кардан водор сохт, аз ихтироъи мошини буги баландтар меистад, зеро ин амал барои аввал ба одамон бар кувваи муайяни табиат имкони хукмфармои, карданро пеш овард ва ба ҳамин онхоро аз олми хайвони берун кашид.

Кашфи тарзи хосил кардану истифода бурдани оташ, ки дар давраи яхбандии кахратун ба амал омад, ба такмил додани олоти мехнат мусоидат кард. Ба шарофати ин дар хайёти одамони ибтидои – чамоави шикор ба чои аввал баромад, чамъовариро акиб андохт.

Пас аз ба поён расидани давраи яхбанди давраи мезолит – асри миёнаи санг сар шуд. Дар эпохаи мезолит дар рузгори одами ибтидои руйдоди азим ба амал омад – тиру камон сохта шуд. Дурии парвози тир аз дарозии найзаандози ё дигар олоти фулузи хеле зиёд буд. Аз баракати ҳамин, тиру камон хеле пахн шуд. Ҳамзамон бо шикор мохигари низ инкишоф касб кард.

Бо зиёд гардидани анвои фаолияти хочагидори ва такмил ёфтани олоти мехнат дар сохти ибтидои – чамоави тақсимоти чинси ва синусолии мехнат ба миён омад. Чавонмардон ба шикор машгул дуданд, солхурдагон – ба сохтани олоти мехнат, занон – ба чамъоварию ба пешбурди дастачамъонаи рузгори хонадон. Чамоаи хешутабори арзи вучуд кард, ки даххо, садхо одамон ба хайати он ворид буданд. Иттиходи чанд авлод кабиларо ба амал овард. Дар чамоахои хешутабори моликияти хусуси вучуд надошт, мехнат шарики буд ва таксими махсулот баробар суръат мегирифт. Модарсолорито поёни асри санг, то давраи нелит вучуд дошт.

Дар давраи неолит ба табиат таъсири фаъолона расондани одами ибтидои – чамоави ба хусус дар истеҳсоли гизо ба амал омад, ки ин вокеаи басо муҳим буд. Махз дар давраи неолит хочагихои бугург, чун чорводори ва деҳқони, ром кардани чонварон ва зери назорати инсон афзоиш ёфтани онхо пайдо шуд. Деҳқонии ибтидои аз ҷамъоварӣ пайдо шуда, ба афзун гардидани маҳсулот мусоидат кард. Усули зироаткорӯ тадриҷан дигар мешавад – аз заминкобӣ ба калан кардан мегузоранд. Олоти мехнат такмил меёбад, доси чуби пайдо мешавад. Зироатҳои деҳқони чав, гандум, арзан, шоли, лубиё, каланфур, чувори, каду буданд.

Аз шикор чамъовари ба чорводириву деҳқони гузаштанро бори аввал кабилахое амали гардонданд, ки дар водии дарёхои Дачла, Фурот, Нил, Ганг, Янтзитсян, Осиёи пеш, кисми чанубии Осиёи Миёна умр ба сар мебурданд. Сохахои асосии кишвар дар чомиаи ибтидои – чамоави чорводоривю деҳқони мансуб мегардид.

Минбад бо таракии рузафзуни кишоварзи баъзе кабилахо, вобаста ба хусусиятхои мухити зисташон, дар чорводори баъзеи дигарашон – ба деҳқони тахассус пайдо карданд. Ҳамин давр, аввалин тақсимоти бузурги чамъиятии мехнат – аз деҳқони ҷудо шудани чорводориро ба амал овард, ки дар он рузгори мардуми сохти ибидои – чамоави ба пешрафтхои назаррас оварда расонд. Истехсолоти хунарманди ва олоти филизи – миси, калаги ва биринчи ба миён меояд. Маданияти мисию биринчи аз назари ичтимои аз модарсолори ба падарсолори гузаштанро тавсиф медод, чунки дар хаёти хочагии сохти ибтидои – чамоави чорводори, деҳқони ва хунарманди накши халкунанда мебозиданд, ва ин сохахо асосан шугли мардон буданд. Дар зинаи охирини падарсолори олотинави мехнат, олотхои охании махлулноктаре ба вучуд омаданд. Бори нахуст охангудози дар кишварҳои Шарқи Қадим, — дар ибтидои хазораи дуюми то солшумории мо, дар Мисру Байаннахрайн инкишофёфт, дар аврупо бошад, дар ибтидои хазораи то сол шумории мо. Бахрабардори аз асбобу олоти охани дар тамоми сохахои хочпгии чомиаи ибтидои – чамоави, хусусан дар умури духконию хунарманди инкилоби вокеи ба вучуд овард. Дуюм тақсимоти бузурги чамъиятии мехнат – ба арсаи вучуд омад, ки аз он деҳқони ҷудо шудани хунарманди буд.

«Охан, — таъкид кардка буд Ф.Энгелс, — зироаткориро дар майдонхои васеътар барои кишту кор омода сохтан дар чангалзорхои беканор дарахбури карданро имконпазир гардонд; охан ба хунарманд чунон олоти сахту тезеро мухаё кард, ки хеч як санг, хеч як филизи то он вакт маълум дар мукобилаш истодагари карда наметавонист». Муносибатхои истеҳсолии низоми ибтидои – чамоави, ки то замони муайян ба рушди куввахои истеҳсолкунанда мусоидат мекарданд, минбад ба инкишофи фаолияти хочагидории одмон монъ шуданд. Мукаммалгардидани олоти мехнат, ки ба муносибати истифода гардидани филиз ба амал омада буд, ба он оварда расонид, ки мехнати одам то рафт пур мухсалтар гардид ва махсулоти изофи ба вучуд омад. Аз чорводори чудо гардидани деҳқони, тараккиёти хунарманди: истеҳсолоти кулолигари, бофандаги, сохтани олоти филизии мехнат барои истеҳсолоти моли заминахои обективи фароҳам оварданд. Миёни чамоахо мубодилаи муттасили масулоти деҳқониву чорврдори ба амал омада инкишоф ефтан гирифт. Сардорони авлодхову пешвоёни кабилахо ба тадрич кисме аз дороии чамъовариро аз худ намуда, онро ба максади сарватмад шудан ма махсулоти мубодилави табдил додан истифода мекарданд. Дар ибтидо азчорво, баъд аз олоти истеҳсолот, харгуна асбобу анчом чизхои зебу зиннати фаолияти хешро огоз намуда, охиста-охиста онхоро ба моликияти хусусии хеш табдил медоданд. Ташакули моликияти хусуси он раванди обективие гардид, ки ба футур ёфтани низоми ибтдои – чамоави оварда расонд. Чамоаи авлоди пош хурда, мустакилият пайдо кардани оилахои чудогона ба амал омада, ки онхо хочагии инфиродиро пеш мебурданд. Ҳамин тавр чамоахои дехот ба миён омаданд.

Вусат ёфтани моликияти хусуси ба воситахои истеҳсолот боиси нобаробарии дороию ичтимои гардид. Дар натича сарватмандону бенавоён пайдо шуданд. Ба миён омадани синфхои нобаробар маънои нобуд шудани сохти ибтидои – чамоавиро дошт. Ба хмин тарик, дар каъри низоми чамоави сохти ғуломдори пайдо шуд.низоми чамоавии истеҳсолот чои худро ба низоми нави гулоиъмдори дод, ки дар он мехнати гуломонро гуломдорон берахмона истисмор мекарданд.

2.2 Нишондодҳои асосии тараққиёти иқтисодии Шарқи Қадим

Аз чамъияти ибтидои ба ғуломдорӣ гузаштан бори аввал дар кишварҳои Шарқи Қадим ба амал омад. Таърихи Шарқи Қадим – ин таърихи нахустин иттиходияи давлатҳои ғуломдорист, ки халкхову кабилахои сершуморро дар бар мегирифт, ки дар сарзамини доман фарох – аз сохилхои бахрхои Миёназамину Эгей гирифта то укёнуси Ором маскун буданд. Давлатхои Шарқи Қадим – Мисри Қадим, Шумер, Аккад, Ассирия, Персия, Хиндустони Қадим, Хитойи Қадим ва дигархо дар замонхои гуногун, дар тули чанд хазорсола аз пайдоиши чамъияти синфи, аз охири хазораи IV то солшумории мо, то поёни асри VI-и солшумории мо вучуд доштанд. Дар минтакаи Шарқи Қадим пеш аз дигар мавзеъхои нимкураи шарки барои инкишофи тамаддуни инсони шароити мусоид ба амал омад. Аз ин хотир дар Шарқи Қадим, пеш аз дигар минтакахои олам, маданияти модди шукуфон гардида буд. Зироат кори дар ин чо бо суръати баланд инкишоф меёфт. Ба ин иклими гарм, мавчудияти водихои хосилхези сохили дарёи, заминхои бо осони киштукоршаванда мусоидат мекард. Инкишофи бо суръати зироаткори ба баланд бардоштани дигар сохахои хочаги ва куввахои истеҳсолкунанда имкон дод. Мамлакатхои Шарқи Қадим давлатҳои бар махалли ғуломдори ба хисоб мерафтанд. Ба максади хифзи ҳукмрони синфи ғуломдори бар синфи гуломдорон дастгохи зуроварию ичбори – давлат барпо карда шуд. Яке аз хусусиятхои ба назар намоёни сохти хочагидории онхо ҳамзистии унсурхои хочагидории ба тарзи ибтидои – чамоави истеҳсолот хос бо унсурхои хочагидории хоси низоми нави чамъияти ғуломдори мебошад. Бокимондахои сохти ибтидои – чамоави дар кишварҳои Шарқи Қадим нихоят пур кувват буданд, иқтисодиёти онхо бо муносибатхои барои чамъияти ибтидои хос сахт фаро гирифта шуда буд. Ба зухур омадани ин бокимондахо пойдории тулони ва тобоварии чамоахои дехоти, худуди ва хешуакрабоиро таквият мебахшиданд, ки чихати муҳими низоми иқтисодии давлатҳои Шарқи Қадим ба хисоб мерафт. Деҳқони дар Шарқи кадим, аз боиси нокифоя будани боришот ва обхезии тулонии дарёхо бо эчоди захбуру нархои обёрии сунъи сахт эхтиёч дошт. Сохтани иншооти иррагатсиони танҳо аз дастони касоне меомад, ки дар он давра фақат дар шакли чамоахо фаолият карда метавонистанд. «Нахустин шарти деҳқони дар инчо, навишта буд Ф. Энгелс ба К. Маркс, ба шарти кадим дахл карда,- ин обёрии сунист, вале обёрии сунъи кори ё обшина, ё музофатхо, ё хукумати назоратгар мебошад». Махсусияти муносибатхои истеҳсолии чамъияти Шарқи Қадим суст таракки кардани моликияти хусуси ба замин буд. Ин моликият асосан аз моликияти дастчамъи, чамоави иборат буд. Аммо, дар амал, моликияти болоии замин, давлат ба хисоб мерафт, киҳуқуқи хукмфармоии кулии корхои ирригатсиониро сохиб гардида буд. Обёри – шарти асосии деҳқони дар кишварҳои Шарқи Қадим ба хисоб мерафт. Ин кори нафақат чамоахои дехот, инчунин бо рохбарии ҳокимон дахолати амали карда мешуд, зеро сохтмони системахои калони ирригатсионлиро танҳо хукумати маркази анчом дода метавонист. Хукмфармоён ва умуман ҳоким кушиш мекарданд, хар чи мумкин аст, бештар махсулоти изофаи чамоавиро дар шакли хироч ва хар гуна молиёт (андоздо) ба даст оварданд. Дар омехтани заминдории чамоави бо тобеъияти сангин, ки ахли обшинаи катори ба он гирифтор мешуданд, — чихати хоси чамоахои Шарқи Қадим буд. К. Маркс чунин вазъиятро «гуломии яксара» номидааст. Низоми сиёси дар Шарқи Қадим буда, ки ба василаи он синфи ҳукмрон мехнаткашонро берахмона истисмор мекард, истибдоди шарки унвон гирифта буд. Истибдоди шарки мутлакият гайри муташаккиле мебошад, ки ҳокимияти филъавн шохи, мустабид, ҳокими марказиро то ба андозаи хашамати аз акл берун расонда буд. Матонату чансахтии чамоа, дурудароз будани мавчудияти тартиботи чамоави ба он оварда расонд, ки миқдори гуломон дар Шарқи Қадим нисбати зиёд набуд, мехнати гуломон дар инчо асоси кулли хочагидори карор нагирифта буд, аммо кувваи истеҳсолкунандаи асоси чамъият деҳқонон – ахли чомеа ва як дарча хунармандон буданд. Гуломдории шарки характери падарсолори, хонадони дошт ва асосан ба раво кардани эхтиёчоти хусусии намояндагони синфи ҳоким мувофик гардонд шуда буд. Гуломонро дар хочагихои давлати – дар корхои сохтмон, бунёд кардани манъбахо, касрҳо, нахрхо, оббандхо, обанборхои сунъи сахт истисмор мекарданд. Хусусиятҳои сохтори иқтисодиётии ҷамъияти Шарқи Қадим, ки аз иртиботи қавӣ доштани он ба сохти ибтидоӣ — чамоавӣ шаҳодат медиҳад, наметавонист ба характери сусту рукудӣ гирифтани инкишофи кувваҳои истеҳсолгар боис нашавад. Сарфи назар аз ин, ба ҳар ҳол маданияти моддӣ дар кишварҳои Шарқи Қадим инкишоф ёфтан гирифт. Деҳқонӣ — соҳаи асосии хочагии қишлоқи мамлакатҳои Шарқи Қадим – бештар инкишофёфта буд. Дастоварди азим ба вучуд оварда шудани системаи ирригатсионии мураккаби дорои шабакаи гусурдаи наҳрҳову обанборхои сунъӣ гардид. Дар Шарқи Қадим, масалан, дар Мисри Қадим системаи ба истилоҳ обёрии обанборӣ ба вуҷуд омад. Заминҳо бо оббандҳои хокӣ иҳота шуда буданд. Даме ба ин заминхо аз наҳрҳои обйрикунанда об сар медоданд, онҳо ба толобҳои начандон калоне табдил меёфтанд. Дар системаи обёрии Мисри Қадим иншооти чархи фалакии обкаш мавқеи зиёд дошт,ки ба ёрии онҳо об зина – зана ба заминҳои баландтар бароварда мешуд, инчунин обанборҳо сунъӣ низ нақши хос дотанд. Аз ҳама калонтарин ин обанборҳои кӯли Мерид ба хисоб мерафт, ки дар қисми пойнии водии Нил бунёд гардида буд. Иррагатсия дар давлатҳои Шарқи Қадим имкон дод, ки дар ин ҷойхо кишти обӣ, сабзавоткориву боғдорӣ тараққӣ кунад. Дар хочагиҳои маъбадӣ истифодаи чорвои корӣ густариш ёфт, парвариши чорвои зотӣ сар шуд. Ҳамвора бо каланду амоч олоти нави деҳқонӣ — дости филизӣ, хаскашак – ба кор мерафтагӣ шуд.Ҳунармандӣ мавқеи муҳим дошт. Ҳунармандони Шарқи Қадим дар истеҳсолоти бофандагӣ, кулолӣ ва челонгарӣ, дар коркарди чуб, санг, устухон, филиззоти қиматбаҳо – тиллову нуқра – комёбиҳо ба даст оварданд. Дар Миср истеҳсоли папирус аз худ карда шуд, ки дар навишт истифода мешуд. Киштисозӣ тараққиӣ кард, хусусан дар Мисру Финқия. Техникаи ҳарбӣ ба роҳи тараққиёт ворид шуд, — олоти қалъашикан ва аробаҳои ҷангӣ пайдо гардиданд. Шарқи Қадим дар бинокорӣ нақши арзишманд дорад. Ташкили ақлонаи оммавӣ ба кор бурдани меҳнат ва истисмори сахти бинокорон – аҳли ҷомаи озод ва ғуломон – имкон дод қасрҳои мўҳташаму маъбадҳо, аҳромҳои бузург эъмор гардиданд. Тиҷорат инкишофи назаррас пайдо кард, хусусан тиҷорати бурунмарзӣ (бо кишварҳои баҳри миёнзамин). Аввлин пулҳои филиззӣ дар шакли сиккаву сабикаҳои мисӣ, нуқрагӣ ва тиллоӣ пайдо шуданд.

Нишододҳои асосии тараққиёти иқтисодии Юнони Қадим

Тарзи ғуломдории истеҳсолот дараҷаи аз ҳама баланди тараққиёташро дар олами ба истилоҳ антиқй – дар Юнони Қадим баъдтар арзи вуҷуд кардаанд, ба даст овардааст. Дар давлатҳои антиқӣ ғуломдорӣ шакли мукаммалтаррину кклассикиашро сохиб гардид. Ташаккули давлатҳои ғуломдорӣ дар Юнони Қадим ва Рими Қадим, чун натиҷаи бемайлон хароб гардидани сохти авлодию қабилавӣ ба амал омад, ки ҷамоаҳои ибтидоӣ қариб пурра пош хўрда буданд (бар хилофи Шарқи Қадим, ки муддати тўлоние бақимондахои ҷамъияти ибтидоӣ боз монанд буданд). Ғуломон дар ҷамъияти антиқӣ қувваи асосии кории он кор ёфтанд. Ташаккули муносибатҳои ғуломдорӣ дар олами антиқӣ ба ҷангҳои бузург алоқаманд аст, ки ин ҷангҳо на фақат ғорат кардани арзишҳои моддиро дар кишварҳои истилоҳшуда, балки инчунин ҷараёни асрони беҳисоберо таъмин мекарданд, ки маъмулан ин асирон ба ғулом табдил меёфтанд.Қадимтарин мабдаъҳои ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва хоҷагии юнониён ҷазираҳои Крит ва соҳилҳои шарқии нимҷазираи Пелопонес (канори ҷанубиинимҷазираи Балкан) бо шаҳри асосиаш Микенӣ буданд, ки дар асоси он давраи қадимтарин дар таърихи Юнон крито – микени номида мешавад.Доираи хронологии он – аз ҳазорсолаи III-ин то солшумории мо – то асри XIII-и то солшумории моро эҳтиво менамоянд. Дар даври крито — микенӣ инкишофи маданияти моддӣ ташаккул ёфт, ки ба он бино ёфтани иморатҳо, ба кор бурдани олоти мисрию биринҷӣ, киштисозию баҳрнавардӣ хос мебошад. Ҳаёти хоҷагии юнониёни қадим дар ин давра ба маданияти моддии Мисри Қадиму Байнаннаҳрайн иртиботи қавӣ дошт.Давраи дуюми дар таърихи Юнони Қадим – ин давраи ба истилоҳ гомерӣ мебошад, ки асрҳои XI-IX-и то солшумории моро дар бар мегирифт. Дар даври гомерӣ ҷомиаи юнониёни дар раванди таназзули тарзи ибтидои – ҷамоавии истеҳсолот ва пайдоиши муносибатҳои феодали қарор дошт. Дар сари ҷамоаҳои қатории мавҷудаи юнониён пешвои интихобӣ — баевссил қарор дошт. Чанд қаторро фратрийҳо (иттифоқи қаторҳо) ташкил меёбан, ки дар навбати худ ба иттиҳодияи қабилавӣ — филу дохил мешуданд. Бо мурури замон зери таъсири нобаробарии рўзафзуни молумулки авлодҳо ба оилаҳои калон тақсим шудан гирифтанд, ки ин оилаҳо ба ҷамоаҳои заминдорию минтақавӣ муттаҳид гардиданд. Ба оилаҳои алоҳида қитъаҳои замин ҷудо карда шуданд, ки ин заминҳо мулкҳои маврусӣ гардиданд. Намояндагони табақаи болоии авлодҳо сарватманд мешуданду ба ғуломдорону заминдорони калон, аъзои бонуфузи шўрои ҷамоаҳо табдил ёфта ба синфи ҳукмрон мубаддал мешуданд. Ин ҳама барои ташаккул ёфтани синфҳо, ба вуҷуд омадани давлатҳо замина ба вуҷуд меоварад. Давраи сеюми таърихи иқтисодии Юнон асрҳои VIII-VI-и солшумории моро дар бар мегирад. Барои ин марҳила дар бар мегирад. Барои ин марҳила дар Юнони Қадим, ба вуҷуд омадани шаҳр – давлатҳо (полисҳо) ва ба амал баровардани мустамликагарии бузурги юнонӣ хос буд. Маркази полисҳо маъмулан бо девори шаҳрҳо иҳота шуда буд, ки дар атрофашан аҳлии деҳоти водиҳои музофот ё ҷазира муттаҳид мегардиданд. Тамоми аҳолии полис ба озодону ғуломон тақсим мешуданд. Дар миёни аъзои озоди ҷамоаҳои авлодии заволёфта ҳар гуна табақаҳаи доро буданд. Сарватмандон – намояндагони аъёни кордони кўҳна буданд. Ҳукмронии полисҳоро аслан ҳаминҳо ба ҷо меоварданд. Онхҳо худашонро «беҳтарин» касон меномидан, ки ба юнонӣ «аритократ» гуфта мешуд. Бинобар ин сохти сиёсии шаҳрҳо, ки дар он аъзоёни авлодӣ ҳумронии худро барқарор карда будаанд, номи аристократиро ба худ гирифт. Қисми боқимондаи мардуми озодро, ки аз истеҳсолгарони хурд – дуҳқонон ва ҳунармандон иборат буд «демос» меномиданд, он маънои «халқ»-ро дорад. Ташкил ёфтани шаҳр – давлатҳои ғуломдорӣ бо мустамлика карда шудани як миқдор сазамину минтақаҳои бегона аз тарафи юнониён рост омад. Ин амалро мустамликагари бузург меноманд. Дар пайи ба даст овардани ғанимат – ғуломон, ғалла, чорво, филизот, намак, моҳӣ, дар кўшишҳои фатҳи сарзаминҳои нав бо мақсади дар онҳо маскун гардонидани юнони қадим, дар асрҳои VIII-VI-и то солшумории мо як силсила сафарҳову юришҳои дар қиёси он замон бузургтаринро пеш гирифтанд. Юнони қадим дар се матни асосӣ мустамликагарии хешро идома доданд: аввлан, ин рохе, ки ба соҳилҳои шимолию шарқии баҳри Сиёҳ мебарад. Калонтарин мустамликаҳои Юнон дар ин ҷо Олвия (резишгоҳи Буг), Херсонес, Феодесия ва Пантикапей (Қрим), Фанагорияи (резишгоҳи Кубан) буданд. Самти дигари мустамликагарии юнонро роҳ ба сўи ғарб – ба тарафи нимҷазираҳои Апеннин ва Пиреней ташкил меёбад. Муҳимтарин мустамликаҳои Юнон дар соҳилҳои Италия ва дар ҷазираи Ситсилия барпо гардида буданд. Юнониёни дар ин ҷо тарҳи зиндагӣ афканда, бисёр шаҳрҳои калон бой ва серҳолӣ бунёд карданд: Сиракуз, Тарент, Неполис, Миссику ва ғайра.Самти сеюми юриши мустамликагарии юнониёнро Ҷануб – роҳ ба сўи Африкои Шимолӣ ташкил медод, ки дар ин ҷо низ мустамликаҳои Юнон пай афканда буданд. Мустамликагарӣ ба инкишофи муносибатҳои тиҷоратӣ миёни Юнони Қадим ва олами боқимонда такон дод. Мустамликагарӣ ҳудуди робитаҳои иқтисодиро тавсиа бахшид, ба кулли соҳаҳои ҳаёти хоҷагии ҷомиаи Юнони Қадим таъсир расонд ва ба доман густурдани тараққиёти сохти ғуломдорӣ мусоидат кард. Марҳилаи чоруми хотимавӣ дар таърихи иқтисодиёти Юнони Қадим – ин асрҳои VI-IV-и то солшумории мо – замони шукуфоии давлати ғуломдории Афина мебошад. Дар асри VI- и то солшумории мо Афина ба шаҳр – давлати пурқувваттарини Юнон мубаддал мешавад, ки дар қисми ҷануби шарқии Юнони Шимолӣ дар аттик воқеъ гардидааст. Аттикаи пур аз кўҳсорони серхарсангу аз се тараф бо баҳр иҳоташуда барои зироаткорӣ мувофиқ набуд. Замини пур аз маъдани нуқра мар мар ва гили аълосифат бармаҳалла ва ниҳоят босуръат инкишоф ёфтани ҳунармандиву тиҷорат мусоидат кард. Ҳанўз дар асри VIII-и то солшумории мо ҳокимият дар Афина дар дасти аъёни заминдор («эвпатридҳо»- нуҷабо) қарор дошт. Қариб аксари вазифаҳои авалатии ҷомеаи пешвоёни қадима-басилевзсҳо ба ихтиёри намояндагони интихобии он (архонтҳо) ва Шӯро (ареопаг) гузаштаанд. Эвпатридҳо ҳамаҷониба ба демос фишор меоварданд. Дар натиҷаи мустамликагарӣ, инкишофи тичорати бурунмарзӣ ва ҳунамандӣ дар Аттика, дохили думос, груҳҳои тиҷорати-саноатии нави давлатманди ахҳолӣ ташаккул ёфтанд, ки дар набати худ ғуломону табақаҳои бенавотари мардуми озодро истисмор мекарданд. Ин ғуломдори нав бо худрасии аъёни авлодӣ муросо кардан мехостандва оммаҳои халқи аз ҷабру ситами эвпатридҳо ба ҷон омадаро ба тарафи худ кашида, муқобили онҳо муборизаи беамон сар карданд. Дар соли 594-и то солшумории мо дар Афина Солон архонт интихоб гардид, ки асосан манфиатҳои ғуломдорони навро ифода мекард. Ў як қатор истеҳсолот гузаронд: қрзҳои заминии деҳқонони эвпатридро бекор кард; гаравхатти қарзро барҳам дод; ба ғуломӣ фурухта шудани афинагиҳоро манъ кард, дар интихоб ба органҳои давлатию ҷамъиятии Афина тартиботи нав муқарар намуда, дар асоси он тсензи молемулкӣ (дорои воқеӣ)-ро гузошт ва ғайра. Ислоҳоти клисфен, ки дар охири асри VI ва ибтидои асри V-и то солшумории мо ба амал бароварда шуда буд, нақши ҳалкунандаи табақаҳои осудаҳоли демосро дар ҷомиаи Афина мавқеъҳои эвпатридҳо, зарбаи қатъӣ зад. Ҳамин тариқ давлати Гуломдории демократии Афина ба арсаи вуҷуд оварда шуд. Демократияи Афина демократияи Гуломдорӣ буд, зеро дар он аз ҳуқуқҳои сиёсӣ фақат шаҳрвандони озод баҳрабардор буданду бас. Афинагиҳо дар ҷангҳои мағлубаи Юнону Форсиён дар солҳои 500-479- то солшумории мо, ки ғанимати фаровоне, аз ҷумла ғуломони зиёде ба даст оварда буданд, хеле муқтадир шуданд. Афинагиҳо ба кулли давлатҳои юнонӣ сарварӣ карда, иттифоқи баҳрии Афинаро ба вуҷуд оварданд, ки аз он баъдтар давлати бузурги баҳрии Афина барпо шуд. Афина ба марказ, меҳвари ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии Юнони қадим мубаддал гардид. Дар асри V-и то солшумории мо ҳаёти иқтисодии Афина ба баландтарин дараҷаи шукуфои расид, ки дар асоси он ҳарҷониба истисмор карда шудани меҳнати ғулом қарор дошт. Ғуломон дар кулли соҳаҳои хочагӣ: крҳои кишоварзӣ, қишлоқ, дар сохтмони биноҳои нав, дар киштиҳо ба ҳайси белзан, дар корхонаҳои ҳунармандӣ ва ғайра истифода карда мешуданд. Устохонаҳои ҳунармандии ғуломдорон – эргастериҳо – густариши дооманадор пайдо карданд, ки дар он ғуломон ашъёи филиззии мухталиф, аслиҳа, мебел, пояфзол, асбобҳои зинатӣ ва ғайра месохтанд. Симои зоҳирии худи Афина чун маркази маданият, ҳунармандӣ ва тиҷорати на фақат дар Юнон, балки дар кулли ҷаҳони онвақта таъғир ёфт. Лангарҳои Пирей ба бузургтарин бандари тиҷоратии он аҳд табдил ёфт. Мояи содирот асосан – маё, равғани зайтун, филиззот буд, вале ғалла, дорувор, асбоби таҷаммул, оҷ, оҳан, мис низ ворид карда мешуд. Судхури ҳам инкишоф пайда кард. Дар муомилот пули филиззи васеъ ҷорӣ шуд. Дар соли 431-и то солшумории мо дар натиҷаи тезу тунд гардидани иттилоот миёни Афинаву Спарта ҷанг ба вуқуъ омад. Спарта зафар ёфт. Ҳукмронии сиёсию иқтисодии Афина завол ёфт. Худи Спарта ҳам заиф гардид. Заъфи дуҷонибаи Афина ва Спарта ба он боис шуд, ки дар асри IV-и то солшумории мо Юнон зери ҳукмронии давлати нав – Македония қарор ёфт. Яке аз шоҳони Македония — Искандар ба Шарқ як силсила юришҳо пеш гирифт. Империяи Искандари Мақдунӣ (асри IV-и то солшумории мо) пайдо шуд дере нагузашта империя Искандари Мақдунӣ пароканда шуд ва маркази ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷаҳони антиқии Ғарб – нимҷазираи Апеннин Карор ёфт, ки дар он ҷо давлати Рим ба вуҷуд омад.

    1. Нишододҳои асосии тараққиёти иқтисодии Рими Қадим

Таърихи Рими Қадим яке аз муҳимтарин марҳилаҳои таърихи умумиҷаҳонист, Римиҳо сатҳи маданияти моддиву маънавиро ба зинаи нави баландтаре бардоштанд.

Мувофиқи ривоятҳо Рим дар соҳаи 754-753-и то солшумории мо асос ёфтааст. Ба туфайли шароити мумоиди иқлиму заминӣ дар ин ҷо зироаткорӣ тараққӣ меёбад, дар ибтидои асри III-и то солшумории мо тамоми ҳудуди Италия қаламравии Рим буд. Тавоноии ҷумҳурияти ғуломдории Рим баъди ҷангҳои пунӣ (асрҳои III-II-и то солшумории мо) муқобили давлати ғуломдории шимолиафрикоии Корфаген шукофоии бештаре ёфт. Карфагениҳоро аҳли Рим пунҳо меномиданд, бад-ин сабаб «ҷангҳои пунӣ» гуфтаанд. Давлати муқтадири Карфаген мағлуб гардид, шаҳри Карфаген бошад, ба кулли хароб шуд. Римиҳо инчунин Юнону Македония ва инчунин нимҷазираи Пиренейро ишғол карданд. Рим маркази давлати тавоное қарор ёфт. Дар рафти якбора вусъат пайдо кардани хокаш давлати Рим дар муносибатҳои иқтисоди ба як қатор дигаргуниҳо ноил гашт. Аз асри II-и то солшумории мо сар карда дар ин сарзамин тарзи ғуломдории истеҳсолот ҷои асосиро ишғол кардан гирифт ва муҳнати ғуломон ҳамаҷониба дар хочагӣ корбаст мешуд. Дар Рим манъбаи асосии ба даст овардани ғуломон ҷанг буд. Аҳолии кишварҳои фатҳшударо қисман мекуштанд, вале як қисми дигарашро ба ғулом табдил медоданд. Садҳо ҳазор кафеганиҳову сокини дигар кишварҳои баҳри Миёназамин ғуломи римиҳо гардиданд. Дар асрҳои II-I-и то солшумории мо Рим ба тараққиёфтатарин давлати ғуломдории қадим мубаддал шуд. Меҳнати ғуломон ба куллӣ меҳнати мардуми озодро аз истифода баровард. Ғуломон нақши қувваи истеҳсолкунандаи асосиро ба ҷо меовардагӣ шудандю дар охири асри I-и то солшумории мо аз 1,5- миллион аҳолии шаҳрҳои Рим шаҳрвандон аз 600 ҳазор иборат буданд, вале ғуломон 900 ҳазор кас. Ғуломон ба ду гуруҳ тақсим мешуданд – шаҳриҳо ва аҳолии хоҷагии қишлоқ. Оммаи асосии ғуломон ба кори хоҷагии қишлоқ банд буданд. Аҳволи ғуломони ҳам шаҳрӣ ва ҳам кишоварзӣ ниҳоят душвор буд – оҳоро мекуштанд, тамға мезаданд ва ғайра. Инкишофи хоҷагии қишлоқ ва фарҳанги Рим дар заминаи меҳнати ғуломон ба даст омад. Қувваи асосии пешбаранда дар Юнони Қадим ва Рими Қадим неруи ҷисмонии ғуломон буд. Техникаи истеҳсолот дар сатҳи паст қарор дошт.Чорводорӣ, боғдори ва дигар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ниҳоят тараққӣ карда буд. Ҳунармандӣ ва пешаи истихроҷи маъдан инкишоф дошт. Ҳунармандон тахассуси ҷуғрофӣ пайдо карданд. Дараҷаи баланди ҳунармандӣ, фароҳам омадани сарват ва қувваи арзони кории ғуломон барои инкишоф ёфтани бинокорӣ шароит фароҳам овард – қасрҳо, маъбадҳо, сиркҳо, гармобаҳо, лӯлаи об, хонаи бисёрошиёна ва ғайра сохта мешуданд. Хоҷагии сохти ғуломдорӣ асосан натуралӣ буд. Ҳамзамон инкишофи ҳунармандӣ ба ҷоннок гардидани тиҷорати дохиливу хориҷӣ такон дод. Содирот аз воридот камтар буд. Воҳиди пулӣ сиккаи филиззӣ гардид. Дар ҳудуди солшумории нав дар поёни асри I-и то солшумории мо ва оғози асри I-и солшумории мо Рим ба империяи ғуломдориӣ табдил ёфт. Сарвари ҳокимият император буд. Соҳоти паҳноваре – аз Испания гирифта то Форсиён, аз Инглистон гирифта то Миср – дар ихтиёри империяи Рим қарор дошт. Сохти ғуломдорӣ ихтилофоти ҳалнопазиреро дар худ нуҳуфта медошт, ки оқибат бо завол ёфтани он анҷомид. Аз ибтидои асри II- солшумории мо зафарҳои ҷангии римиҳо рӯз аз рӯз ба мағлубият дучор шудан гирифт. Манбаъи асосии таъминоти қувваи кории арзон ба поён мерафт. Меҳнати ғуломон, ки фақат дар ҳолати истифодаи оммавии онҳо самара медод, балки бештар натиҷа манфӣ медодагӣ шуд. Ин ба паст рафтани кулли хоҷагии Рим боис гардид: аҳолӣ кам шуд, ҳунармандӣ рӯ ба завол меовард, шаҳрҳо хароб гардиданд, тиҷорат кам мешуд. Ғуломдорони Рим гуруҳи зиёди ғуломонро, ки меҳнаташон дигар даромад намедод, ба озодӣ сар медоданд. Дар натиҷа сафҳое пайдо мешуданд, ки пешгузаштагони крепостнойҳои ояндаи асримиёнагӣ гардиданд. Ҳамин тавр дар қаъри ҷамъияти ғуломдорӣ унсурҳои сохти нави феодалӣ ба арсаи вуҷуд меомад. Хароб гардидани хоҷагии ғуломдории Рим ба тезу тунд шудани муборизаи синфӣ мусоидат кард. Исйни ғуломон ба муборизаи деҳқонони хурди истисморшаванда ба муқобили саркардагони ғуломдорӣ, заминдорони калон даромехт. шӯриши оммаҳои истисморшаванда, пеш аз ҳама ғуломон, иқтидори якзамонии Римро аз бун хароб кард. Зарбаҳои дохилӣ то рафт ба зарбаҳои хориҷӣ, аз тарафи халқҳову қабилаҳои баробари ҳамсоя пурра гардида тақвият меёфт. Соли 476 Рим завол ёфт: онро хориҷиён фатҳ карданд. Заволи империяи Рим ҳамзамон заволи сохти ғуломдорӣ гардид.заволи форматсияҳои ғуломдорӣ хароб гардидани Кувваҳои истеҳсолкунанда, паст рафтани сатҳи умумии инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, баргаштан ба хоҷагии натуралӣ, нозил гардидани маданияти моддиву маънавиро ба бор овард. Ба ҷои форматсияи ғуломдорӣ тарзи феодалии истеҳсолот ба арсаи вуҷуд омад. Ғуломдорӣ дар роҳи инкишофи инсоният марҳилаи ногузир буд. Тақсим гардидани меҳнатро миёни деҳқониву саноъат дар доираи калонтар танҳ ғуломдорӣ имконпазир гардонд ва ба роҳ барои шукуфоии фарҳанги дунёи қадим шароит ба миён овард… Бе ғуломдорӣ давлати Юнон, саноъати Юнон ва илми Юнон арзи ҳастӣ намекард, бе ғуломдорӣ империяи Рим ва бе он таҳкурсие, ки Юнону Рим гузошта буданд, Аврупои имрӯза ба вуҷуд намеомад.

0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *