Фанни Молия

Мафхуми бозори когазхои кимматнок

Боз қоғазҳои қимматнок назар ба дигар бозорҳо (моли, асъорӣ) фарқияти кули дорад: дар бозори қоғазҳои қимматнок танҳо активӣ молиявӣ гардиш менамоед; сохтори бозори қоғазҳои қимматнок назар ба дигар бозор мукамал буда аз якчанд қисмҳо иборат аст; бозор қоғазҳои қимматнок бозори мутташаклил буда он дар назди иштирокчиёни худ ӯҳдадориҳо ва вазифаҳои муайянро дорад.

Вобаста ба ҷойгиршавии ин бозорҳо ба намудҳои зерин ҷудо карда мешавад;

1. Бозор қоғазҳои қимматнок байналхалқи ва миллӣ;

2. Бозор қоғазҳои қимматнокии миллӣ ва минтақавӣ;

3. Боз намудҳои муайяни қоғазҳои қимматнок;

4. Боз қоғазҳои қимматноки давлатӣ ва карпаративӣ: (ғайри давлат).

Боз қоғазҳои қимматнок аз рӯи хусусиятҳои зерин гурӯҳбанди карда мешавад:

1. Аз рӯи мӯҳлати истифодабарии олотҳои молиявӣ:

а) бозор қоғазҳои қимматнок кӯтоҳмуддат то 1 сол;

б) бозор қоғазҳои қимматнок дарозмуддат зиёда аз 1 сол.

2. Аз рӯи характери муомилот:

а) бозори аввала

б) бозори дуюминдараҷа

3. Аз рӯи намуди қоғазҳои қимматнок бозор қоғазҳои қимматнок дигаргун сохта мешавад:

а) қоғазҳои қимматнок давлатӣ;

б) қоғазҳои қимматнок, ки аз тарафи муассисон қарзӣ ва дигар шахсони ҳуқуқи бароварда мешавад.

Бозор қоғазҳои қимматнок як қатор вазифаҳоро ба ҷо меорад, ки онро шартан ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:

1. Вазифаи умумибозори, ки одатан барои ҳар як бозор хос мебошад.

2. Вазифаи махсус, ки бозори қоғазҳои қимматнок – ро аз дигар бозорҳо фарқ мекунонад.

Ба вазифаи умумибозори онҳо дохил мешавад:

а) вазифаи тиҷоратӣ, ки бо мақсади гирифтани фоида аз амалиёти зерин гузаронида мешавад;

б) вазифаи нархгузори, ки гузоштани нархи, бозори ҳаракати мунтазами он ва пешгӯи нархро таъмин месозад;

в) вазифаи ахборотӣ, ки иштироккунандагони худро бо ахборотҳои бозори оиди объектҳои савдо ва иштирокчиёни он бохабар месозад;

г) вазифаи танзимотӣ, ки бо воситаи он бозор қоғазҳои қимматнок шартҳои онро ва иштирок кардан дар он, ҳал кардани муҳолимон байни савдогарон ва органҳои идоракуниро тартиб медиҳад.

Ба вазифаи махсуси бозори қоғазҳои қимматноки зерин дохил мешавад:

а) Вазифаи аз нав тақсимкунии воситаҳои пулӣ аз дорандаҳои капитали пассив ба дорандаи капитали актив;

б) вазифаи суғуртаи хатари нархӣ ва молиявӣ ё хедҷкунонӣ.

Вазифаи аз нав тақсимкунии воситаи пулӣ бо воситаи барориш ва муомилоти қоғази қимматнок амалӣ гардонида мешавад. Он тақсимшавии воситаҳоро байни соҳаҳои фаъолият, байни территорияҳо ва шаҳрҳо, байни аҳолӣ ва истеҳсолот – яъне дар вақти захираҳои шахсӣ шакли истеҳсолиро гирифтан, инчунин тақсимшавии воситаҳои байни давлат ва дигар шахсони юридикиву фардҳо дар ҳолати маблағгузории камбудиҳои буҷа ифода мекунанд.

Ҳамин тавр, вазифаи аз нав тақсимкуниро ба 3 гурӯҳ тақсим менамояд.

— аз нав тақсимкунии воситаи пулӣ байни соҳаи фаъолияти бозорӣ;

— гузаронидани захираҳои пулии аҳолӣ аз шакли ғайриистеҳсолӣ ба шакли истеҳсолӣ;

— маблағгузории камбудиҳои буҷа дар асоси ғайриинфелетсионӣ, яъне бе барориш ба муомилот воситаҳои пули иловагӣ.

Вазифаи суғуртаи хатари нархӣ ва молиявӣ ин истифодабарии олотҳои бозори қоғазҳои қимматнок барои ҳимоя кардани дорандаҳои актив аз тағйиротҳои манфии нарх, арзишнокӣ ва даромаднокии ин активҳо мебошад. Ин вазифаро инчунин шартан вазифаи хедҷкунонӣ номидан мумкин аст.

Моҳияти хедҷкунонӣ дар бозори қоғази қимматнок аз нав тақсимкунии хатарҳо мебошад. Ин вазифа, вазифаи нисбатан нави бозори қоғазҳои қимматнок буда, бо воситаи он бозори қоғазҳои қимматнок устуворӣ ва аҳамиятнокии худро нисбатан мустаҳкам кард.

Ба қисмҳои таркибии бозори қоғазҳои қимматнок шаклҳои зерини бозорҳо дохил мешаванд:

1. Бозори якуминдараҷа ва дуюминдараҷа;

2. Бозори муташаккил ва номуташаккил;

3. Бозори бирҷавӣ ва ғайрибиржавӣ;

4. Бозори анъанавӣ ва компутеркунонидашуда;

5. Бозори кассавӣ ва фаврӣ.

1. Бозори аввали ин бозоре мебошад, ки барориши қоғазҳои қимматнокро ба муомилот ва харида шудани онро аз тарафи дорандаи аввалин таъмин месозад.

Бозори дуюминдараҷа бозоре мебошад, ки дар он қоғазҳои қимматнок пештар баровардашуда, муомилот карда, маҷмӯи амалиётҳоро бо ин қоғазҳои қимматнок ифода мекунанд. Дар натиҷа гузориши ҳуқуқи соҳибият ба ин қоғазҳои қимматнок аз як доранда ба дорандаи дигар амалӣ гардонида мешавад.

2. Бозори муташаккили қоғазҳои қимматнок аз рӯи тартиби мустаҳками муайян карда шуда муомилот мекунанд, ки ҳамаи тарафҳои фаъолияти бозор ба танзим дароварда мешавад.

Бозори номуташаккил бошад, иштирокчиён ҳамаи масъалаҳои хариду фурӯшро мустақилона ҳал мекунанд.

3. Бозори биржавӣ онро ифода мекунанд, ки савдо бо қоғазҳои қимматнок дар биржаи фонди гузаронида мешавад. Бо вуҷуди ин қисми зиёди намудҳои қоғазҳои қимматнок дар савдои берунибиржавӣ муомилот мекунанд. Агар бозори биржавӣ, бозори муташаккил ҳисоб ёбад, бозори берунбиржавӣ бозори муташаккил ва номуташаккил ҳисоб меёбад.

4. Бозори анъанавӣ ин шакли анъанавии савдо бо қоғазҳои қимматнок мебошад, ки харидор ва фурӯшанда дар жои муайян вохӯрӣ карда, савдои оммавӣ мегузаронанд.

Бозори компутеркунонидашуда ин шакли гуногуни савдои қоғазҳои қимматнок бо истифодабарии шабакаҳои компутерӣ ва воситаҳои алоқаи муосир мебошад.

5. Бозори кассавӣ бозоре мебошад, ки дар он шартномаҳои басташуда фаврӣ иҷро карда мешавад.

Бозори фаврии қоғазҳои қимматнок бозоре мебошад, ки иҷрошавии хариду фурӯш ба якчанд моҳ пас гузошта мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *