Фанни Молия

Малумоти умуми оиди шӯрои стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ

  1. Ташкили фаъолияти Шӯрои стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ

Шӯрои стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ — ин ташкилоти ғайритиҷорати мустақил, ки бо максади ноил гаштан барои умуми гардиши принсипҳои ҳисобдори, ҳангоми тайёр кардани хисоботи молиявӣ аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ дар тамоми дунё мебошад.

ШСБҲМ соли 1973 дар натиҷаи ба қарори умуми омадани чамъиятҳои бухгалтерон ва аудиторони касбй аз давлатҳои Австралия, Канада.Франса, Олмон. Ҷопон, Мексика, Галандия, Британияи Кабир, Ирландия ва ШМА таъсис дода шуд. Аз соли 1983 то 2001 ва ҳайати комитетҳо ҷамъиятҳои бухгалтерон ва аудиторони касбӣ, ки аъзои федератсияи байналхлқии муҳосибон буданд, шомил гардиданд. Дар айни замон комитета СБҲМ 153 аъзоро аз 112 мамлакати дунё дар бар мегирад. ки онҳо намояндагии бии аз 2 млн муҳосибони дунёро пешварӣ менамоянд. Илова бар ин дигар ташкилотҳо ба кори комитет ҷалб карда шуда ва бештари давлат. ки аъзои комитет нестанд, СБҲМ- ро истифода мебаранд. Комитет инчунин бо ташкилотхо миллй, Ки коркард ва қабули стандартҳои ҳисобгири вазифаи онхо мебошад. ҳамкорӣ менамояд.

Сохти ташкилии комитета СБҲМ дар оиномаи комитет нишон дода шудааст. Оиномаи нави комитет дар моҳи майи 2000 сол аз ҷониби аъзоёни он таъсис дода шуд.

Мувофиқи устод аъзоёни комитет онҳое мебошанд, ки аъзои федератсияи байналхалқии муҳосибон ҳастанд.

Маҷлиси аъзоён дар дуюним сол як маротиба гузаронида мешавад.

Мувофиқи устав аъзоён дар тасдиқ намудани стандарта байналхалқй ва таъин намудани роҳбарияти (правления) ва таври мустақим иштирок на мекунад. Мувофиқи устод аъзоён чунин амалҳоро ва ихтиёри роҳбарият мегузоранд.

Рохбарият ҳуқук дорад:

а) ба ҳайати комитет ба андозаи на аз 4- ташкилот зиёд, ки барои тайёр кардани ҳисоботи молиявӣ ҳавасманданд, дохил карда шаванд;

б) аз ҳайати правления хориҷ намудани аъзоёне, ки ҳаққи аъзогиро зиёда аз 1 сол напардохта ва ё дар 2 маҷлиси правления иштирок надошта бошад;

в) пешниҳод намудани лоиҳаҳои стандартҳои ҳисобгирӣ барои омӯзиш ва дидабароиии он дар ҷамъиятҳои бухгалтерон ва аудиторон;

г) нашр намудани СБҲМ ҳангоми розӣ будани аз 3Л ҳиссаиаъзоёни комитет шурои комитетро таъсис медиҳад, ва шӯрои комитет правленияи комитетро интихоб мекунад ва правления навбати худ дигар мақомоти иҷроияро таъин менамояд.

З. Мақсади комитет чӣ хеле, ки дар устав гуфта шудааст:

а) тайёр ва нашр кардани СБҲМ бо мақсади мувофиқ кардани хисобтхои молиявй бо меъёрҳои умумиҷаҳонй;

а) аз рӯи беҳтар кардан ва мувофиқ гардонидани меъёрҳо, стандартҳои ҳисобгирӣ ва тартибт пешниҳод кардани ҳисоботи молиявй, кор ва фаъолият кардан.

Дар шароити имрӯза ҳисоботи молиявй, ки барои соҳомон ва дигар истифодабарандагони ахборот тайёр карда мешавад, дар асоси принсипҳои ҳисобгири, пешниҳод мегардад. Принсипҳои ҳисобгирй дар бештари давлатҳо гуногун мебошад. Аз ин рӯ ҳисоботҳои молиявй дар чунин давлатҳо ва ҳамдигар мувофиқ нестанд. ;

Чунин ҳолат барои тахлилгарон ва дигар истифодабарандагон мушкилотро ба чгаёе оварда, хароҷоти иловагиро ҳангоми тавлид намудани ҳисоботи молиявии миллй ба стандартҳои байналхалқӣ талаб менамояд.

Ҳисоботҳои бухгалтерӣ боварибахш будани худро ҳангоми нишон додани корхонаҳо андозаи фоидаро дар он аз амалиёти якхела дар давлатҳои гуногун гумм мекунад.

Стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявй барои мамлакатҳои рӯ ба тариқкӣ ва он давлатҳое, ки дар онҳо ташкилотҳои вобаста ба коркард ва пешниходи стандарт мавҷуд нест, маводи амалии хуб ба шумор меравад.

  • Мақсади Шӯрои байналмиллалии стандартҳои ҳисоботи молиявй
  • Ба манфиати ҷамъият тартиб додани низоми ягонаи стандартҳои ҳисоботи молиявй (СҲМ), ки сифати шаффофии иттилооти ҳисоботи молиявиро бояд таъмин гардонад:
  • Кӯмак расонидан барои истифодабарй ва аниқ ҷорй намудани чунин стандартҳо:
  • Мувофиқ гардонидани Стандартҳои миллии ҳисоботи молиявй бо СБҲМ ба мақсади қабули қарордодҳои иқтисодии самаранок.

Сохтори нави ШСБҲМ моҳи майи соли 2000қабул гардидааст.

  • Маросими тартиб додант стандартҳо:
  • қарор дар бораи барнома;
  • муайян намудани Раёсати Кумитаи тайёрй;
  • банақшагирии лаҳзаҳои асосй;
  • муайян намудании принсипҳои лоҳиявй;
  • хулосакунии принсипҳои қатъй (пурра);
  • варианти пешакии Стандарт;
  • намуди пурраи СБҲМ;

Дар арсаи байналмиллалй ҳоло 41 СБҲМ кор карда баромад шудааст, инҳо чунинад:

МСФО Представление финансовой отчетности СБХМ 1 Пешниҳоди ҳисоботи молияви
Запасы 2 Захираҳо
Консолидированная финансовая отчетности 3 Ҳисоботи молиявӣ муттанҳидшуда
Учет амортизации 4 Ҳисобдории истеҳлок
Информация, подлежащая раскрытию в финансовой отчетности 5 Ошкорсозии иттилооти ҳисоботи молиявӣ
Учет изменения цен 6 ЕЬисобдории тагйирёбии нархҳо
Отчеты о движении денежных средств 7 Ҳисобот оиди ҳаракати востаҳои пулӣ
Чистая прибыль или убыток за период, фундаментальные ошибки и изменения в учетной политике 8 Фоидаи соф ё ки зарар дар давраи гьисоботи, хатогинюи acocӣ ва тағйиротҳо дар сиёсати ҳисбдорӣ
Учет научно- исследовательской деятельности и опытно-конструкторских разработок 9 Ҳисобдории фаъолияти илмӣ — тадкикотӣ ва таҳияи корҳои тоҷрибавӣ — конструкторӣ
События после отчетной даты 10 Ҳодисаҳо баъд аз санаи ҳисоботи
Договоры на строительство 11 Шартномаҳо барои сохтмон
Налоги на прибыль 12 Андоз аз фоида
Представление текущих активов и текущих обязательств 13 Пешниҳоди активҳои (дороиҳ) ҷорӣ ва ӯҳдадориҳои ҷорӣ
Сегментная отчетность 14 Ҳисоботи сегментӣ
Информация, отражающая влияние изменение цен 15 Иттилооти таъсири тағйирёбии нархҳоро инъикоскунанда
Основные средства 16 Воситаҳои асосӣ
Аренда 17 Иҷора
Выручка 18 Даромад
Вознаграждение работникам 19 Подоши кормандон
Учет правительственных субсидий и раскрытие информации о государственной помощи 20 Ҳисобдории субсидияҳои (ёрирасон) давлатй ва ошкорсозии ахборот оид ба ёрдампулии давлатй
Влияние изменений валютных курсов 21 Таъсири тағйирёбии қурби арзҳо
Объединение бизнеса 22 Муттаҳидкунии бизнес
Затраты по займам 23 Хароҷот аз рӯи қарзҳо (заёмҳо)
Раскрытие информации о связанных сторонах 24 Ошкорсозии ахборот оиди тарафҳои алоқаманд
Учет инвестиции 25 Ҳисобдории сармоягузорӣ
Учет и отчетности по программам пенсионного обеспечения (пенсионным планам) 26 Ҳисобдорӣ ва ҳисобот оид ба нақшаи таъмини нафақавӣ (нақшаҳои нафақа)
Консолидированная финансовая отчетность и учет инвестиций в дочерние компании 27 Ҳисоботи молиявии муттаҳидкарда ва ҳисобдории сармоягузориҳо дар ширкатҳои фаръӣ
Учет инвестиций в ассоциирование компании 28 Ҳисобдории сармоягузориҳо дар ширкатҳои муттаҳидшуда
Финансовая отчетность в условиях гиперинфляции 29 Ҳисоботи молиявӣ дар шароити гиперинфлятсия
Раскрытие информации в финансовой отчетности банков и аналогичных финансовых институтов 30 Ошкорсозии ахборот дар ҳисоботи молиявии бонкҳо ва муассисаҳои молиявии ба онҳо монанд.
Финансовая отчетность об участие в совместной деятельности 31 Ҳисоботи молиявй оиди иштирок дар фаъолияти муштарак
Финансовые инструменты: раскрытие и преставление информации 32 Воситаҳои молиявӣ: ошкорсози ва пешниҳоди иттилоот
Прибыль на акцию 33 Фоида аз саҳмия
Промежуточная финансовая отчетность 34 Ҳисоботи молиявии фосилавй
Прекращаемая деятельность 35 Фаъолияти қатъгардида
Обесценение активов 36 Беқадршавии активҳо (дороиҳо)
Резервы, условные обязательства и условные активы 37 Захираҳо, ӯҳдадориҳои шартӣ ва активҳои шартй
Нематериальные активы 38 Активҳои ғайримоддӣ
Финансовые инструменты: признание и оценка 39 Васитҳои молиявӣ: эътироф ва баҳодиҳӣ
Инвестиции в недвижимость 40 Сармоягузорҳо ба амвол
Сельское хозяйство 41 Хоҷагии қишлоқ

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *