Фанни Микро ва макро иқтисод

Хароҷотҳои истеҳсолот ва даромади иқтисодӣ

  1. Хароҷотҳо ва даромад: муносибати иқтисодӣ ва муҳосибӣ.
  2. Хароҷотҳои кутоҳмуддати фирма: шакҳо, динамика ва алоқамандӣ.
  3. Функсияи хароҷотҳо дар муҳлати дурудароз.
  4. Изокоста: баробарвазнии соҳибкор.
  1. Хароҷотҳо ва даромад: муносибати иқтисодӣ ва муҳосибӣ.

Хароҷотҳои истеҳсолот — ин хароҷотҳо ба истеҳсоли маҳсулот мебошанд. Иқтисодчӣ ва муҳосиб онҳоро ба таври гуногун ҳисобу китоб менамоянд. Муҳосиб хароҷотҳоро ҳамчун қарзҳои ҳақиқии фирма барои ба дастоварии омилҳои истеҳсолот муайян менамояд. Онҳо бо воситаи ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ гузашта, намуди ҳақиқи ё аёниро мегирад.

Хароҷотҳои аён (дохили) ин пардохткуниҳои пулӣ барои захираҳо, ки аз дигар тараф ба даст омадааст. Ба онҳо дохил мешавад: музди кори коргарони кироя, пардохти ашёву материалҳо, пардохти хароҷотҳои нақлиёти , молиявӣ, хадамотҳои ҳуқуқӣ ва дигарҳо.

Иқтисодҷи бошад ба хароҷотҳои истеҳсолот на танҳо хароҷотҳои аён барои хариди захираҳо, инчунин хароҷотҳои ноаёнидохилиеро, к ибо истифодабарии захираҳои худии фирма алоқаманданд дохил менамояд. Бо таносуб аз хароҷотҳои айён ин хароҷотҳо пардохт карда нашуда дар ҳисобу китоби муҳосибот инъикос намеёбанд. Онҳо характери пушида доранд. Ченаки хароҷотҳои ноаён аз руи хароҷотҳое муаян карда мешавад, ки мебоист хароҷотҳои мазкур дар ҳолати буҳтарини истифодашавиашон боздеҳ намоянд. Ба онҳо дохил мегарданд: фоиз ба сармояи шахсӣ, пардохти иҷоравӣ, пардохт ба фаъолияти менеҷерии худи соҳибкор ва ҳамин тариқ:

Харочоти иқтисодӣ = хароҷоти муҳосиб + хароҷоти ноайён.

Муносибати иқтисодӣ ба чунин ошкоркуни асоснок шудааст, кик адом арзиши максималиро дар ҳолати дурустарини истифодаи омилҳои истеҳсолотӣ сарф намудаи фирма ба даст оваодан мумкин аст.

Фоида ин фарқи байни даромадҳои фирма аз фуруши маҳсулот ва хароҷотҳояш мебошад. TR=P*Q; П=TR-C

Фоидаи муҳосиби ҳамчун фарқ байни даромади умумӣ (TR) ва хароҷотҳои айёни фирма муайян карда мешавад:

Фоидаи иқтисодӣ бошад ин фарқи байни даромади умуми ва ҳамаи харҷотҳои фирма мебошад.

Фоидаи муътадил ин даромади минималии зарурие мебошад, ки бояд соҳибкор барои ҳавасмандии пешбурди кори худаш ба даст биёрад. Агар фоидаи иқтисоди баробари 0 бошад , пас ин маънои онро дорад, ки соҳибкор дармади муътадил мегирад, ки ба вай имкони ар самт ё соҳаи мазкур хуб амал карданро медиҳад.

  • Хароҷотҳои кутоҳмуддати фирма: шакҳо, динамика ва алоқамандӣ.

Аз нуқтаи назари ченаки хароҷотҳо аз ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда ченин хароҷотҳоро фарқ мекунанд:

  1. Хароҷотҳои доимие (FC), ки аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот вобаста нестанд.
  2. Хароҷотҳои тағирёбанда(VC), ки вобаста аз дигаргуншавии ҳаҷми истеҳсол тағир меёбанд.
  3. Хароҷотҳои умумӣ(TC) ин маҷмуи ҳамаи хароҷотҳои корхона ба истеҳсол ва фуруши маҳсулот мебошад.

Истеҳсолгар баъдан ба ченаки хароҷотҳои миёна мароқ зоҳир менамояд.

Хароҷотҳои умумии миёна: ATC=TC:Q; ATC=AFC+AVS.

Хароҷотҳои иловагие, к ибо зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот алоқаманданд, ҳудудӣ меноманд. MC=ΔTC:ΔQ=ΔVC:AQ1 т.к

………

Алоқамандии хароҷотҳои миёна ва ҳудудиро бо график нишон медиҳем:

*Вақте, ки MC аз AVC ва ATC паст аст, пас охирангиҳо нест мешаванд.

*Агар MC > AVC ва МС >АТС бошад, пас хароҷотҳои миёна афзоиш меёбад.

* МС=АТС =АVС дар нуқтаҳои минимуми миёна ва хароҷотҳои миёна ивазшаванда.

3. Дар шароити LR фирма метавонад, ҳамаи захираҳои худро дигаргун созад, баои ҳамин ҳамаи омилҳои истеҳсолот тағирёбанда (ивазшавана) мегарданд. Мақсади фирма зиёд кардани ҳаҷми истеҳсол бо паст кардани хароҷотҳои миёна мебошад.

3. Алоқаманди байни хароҷотҳои кутоҳмудат ва дарозмудат.

Каҷхатаи хароҷотҳои дарозмуддат (LAC) ба худ каҷхатаҳои қатшавандаҳои хароҷотҳои кутоҳмуддати миёнаи истеҳсолот байён намуда, самараи ҳудуд (масштаб) — ро инъикос менамояд.

Самараи муътадили ҳудуд дар буриши LAC бо нишондиҳандаҳои манфӣ мавқеъ гирифта аст.

Самараи доимии ҳудуд ба қитъаи уфуқии каҷхатаи LAC мувофиқат мекунад. Дар мавриди самараи манфии ҳудуд хароҷотҳои истеҳсолот зиёд шуда каҷхатаи LAC ба боло майл мекунад.

Каҷхатаи дарозмуддати MC (LAC) барои ҳамаи каҷхатаҳои кӯтоҳмуддати MC қатшаванда нест.

LMC- ин афзоишёбии хароҷотҳои истеҳсолот дар шароитҳое, ки истехсолкунанда имконияти дигаргунсозии ченаки корхонаро доро мебошад.

— Агар LMC < LAC , охиронҳо кам мешаванд:

— Агар LMC > LAC, охиронҳо зиёд мешавад:

— LMC = LAC, агар LAC= min.

  • « Изокоста » баробарвазнии соҳибкор.

Ахборот оиди сатҳи хароҷотҳо сохтани изокостаро ( хатҳои хароҷотҳо баробар)имкон медиҳад.

Изокоста- хате, ки ҳамаи нуқтаҳои мувофиқати омилҳои истеҳсолотро ба хароҷотҳои баробари умумии истеҳсолот инъикос менамояд.

Тасвири графики изокоста:

.

РL— нархи меҳнат

РК— нарзи сармоя.

Изокоста коэффисентеро доро мебошад, ки ба таносуби арзиши омилҳои истеҳсолоти аз нишонаи манфӣ гирифташуда баробар аст.

(- Рс / Рк). Ин аз баробарии изокеста бармеояд:

К=ТС / Рк – (Рс / Рк) L;

Изакастаро барои муайян кардани он, кадом сафи интихобии омилҳои истеҳсолоти супориши маҳсулот истеҳсоли супориши маҳсулотро бо хароҷотҳои умумии камтарин таъмин менамояд истифода мебарад( ТС ).

Халли мушкилии мазкур дар нуқтаи расмии(Е) изокоста ки баробарвазнии истеҳсолкунандаро иникос менамояд.

Дар нуқтаи Е кунҷҳои қатшавии (ёзиши) изоквата ва изокоста якхелаанд, аниқтараш MRTS — Рс / Рк ё ин, ки

ΔК/ ΔL= Рс / Рк.

Чунончи ΔК/ ΔL=МРс / =Рс / Рк., пас чунин навиштан мумкин аст, ки

МРс /МРк = Рс / Рк ё МРс / Рс= МРк / Рк. Ин маънои онро дорад, ки маҳсулотҳои ҳудудии омилҳои истеҳсолот ба сомони хароҷот дар нуқтаи е бояб баробар бошанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *