Фанни Микро ва макро иқтисод

Омилҳо ва шароитҳои тағирёбии ҳосилнокии меҳнат

Ҳосилнокии меҳнат дар зери таъсири омилҳои гуногун доимо дар тағайюр аст. Агар баъзе аз ин омилҳо ба болоравии ҳосилнокии меҳнат мусоидат намоянд, баъзеи дигар баръакс, боиси паст шудани он мегарданд. Ғайр аз ин бо динамика ва тағирёбии ҳосилнокии меҳнат шароитҳо низ таъсири худро мерасонанд. Одатан, шароитҳо ё таъсири ин ё он омилро пурқувват мегардонад ва ё баръакс суст мегардонанд. Масалан, шароитҳои табиӣ- иқлимӣ дар хоҷагии қишлоқ ба натиҷаҳои меҳнат ва ҳосилнокии он таъсири назаррас доранд.

Дар маҷмӯъ ҳамаи омилҳои ба ҳосилнокии меҳнат таъсиррасонро метавон бо ду гурӯҳи мушаххас тақсим намуд. Гурӯҳи якумро омилҳое ташкил менамоянд, ки ба болоравии ҳосилнокии меҳнат, беҳдошти ташкили кор ва шароитҳои иҷтимоии коргарон мусоидат менамоянд. Ба гӯруҳи дуюм бошад, омилҳое дохил мешаванд, ки ба ҳосилнокии меҳнат ба таври манфӣ таъсир мерасонанд, аз қабили шароитҳои номусоиди табиӣ, тарзи нодурусти ташкили истеҳсолот ва меҳнат, вазъияти номуътадили иҷтимоӣ ва ғайра.

Дар сатҳи корхонаҳои алоҳида ҳамаи омилҳоро бо омилҳои берунӣ ва дарунӣ тақсим менамоянд. Ба омилҳои дарунӣ дохил мешаванд сатҳи таъминоти техникии корхона, самаранокии технологияи истифодашаванда, таъминоти энергия, ташкили меҳнат ва истеҳсолот таъсири амалии низоми ҳавасмандкунии меҳнат, омӯзиши кадрҳо ва болобардории тахассусии коргарон ва ғайра.

Ба омилҳои берунӣ, бошад инҳо дохил мешаванд: тағирёбии арза ва тақозо дар бозор, шароитҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар ҷомеъа ва минтақа, сатҳи кооператсия бо дигар корхонаҳо, мӯътамоднокии таъминоти моддӣ – техникӣ, шароитҳои табии ва ғайра.

Вобаста аз моҳияту мӯҳтавои таркибиаашон ҳамаи омилҳоро ба се гӯруҳ тақсим мекунанд: 1) омилҳои моддӣ – техникӣ – яъне сатҳи инкишофи техникаву технология, ҷори кардани комёбиҳои навтарини илму техника дар истеҳсолот ва мукамалгардонии воситаҳои меҳнат. 2) Омилҳои ташкилӣ -яъне ташкили истеҳсолот ва идоракунӣ. 3) Омилҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ – яъне шумораи коргарон, сатҳи тахассусии онҳо, шароитҳои меҳнатӣ ва маишӣ, муносибати коргарон бо моликият, самаранокии ҳавасмандкунии меҳнатӣ ва ғайра.

Пӯшида нест, ки асоси болобардории ҳосилнокии меҳнатро инкишофи техникаву технология ва ҷори кардани комёбиҳои нави илмӣ-техникӣ ташкил медиҳад, аз ин рӯ ба омилҳои моддӣ – техникӣ аҳамияти махсус ҷудо карда шудааст.

Ба омилҳои модди-техникии рушди ҳосилнокии меҳнат, беҳдошти сатҳи таъминнокии меҳнат бо воситаҳои техникӣ ва энергия дар асоси инкишофи бетаввққуфи илму техника дохил карда мешаванд. Вобаста ба самтҳои асосии прогрессии илму техника – ин механизатсияи истеҳсолот бо гузориши тадриҷи ба автоматизатсия, электрофикатсия, химизатсия дар баъзе соҳаҳои саноат ва махсусан дар хоҷагии қишлоқ, дарёфти технологияи комилон нав ки интенсификатсия истеҳсолот ва кам кардани хароҷоти меҳнати зиндаро таъмин намояд, паст кардани сатҳи кардани материалғунчоиши маҳсулот ва сарфа кардани захириҳои материалӣ, пурқувват гардонидани махсусгардонии машинаҳо ва таҷҳизот ва ғайра, ба шумор мераванд. Аҳамияти махусро дарёфти сарчашмаҳои нави энергия, аз қабили энергияи атомӣ, дохилиядроӣ, геотермалӣ ва кайхонӣ касб мекунанд.

Бо таъсири амалии омилҳои моддӣ техникӣ чандин маротиба истеҳсолнокии қувваи корӣ авзоиш ёфта истода, меҳнатғунҷоиши технологии маҳсулот кам мешавад. Рушди ҳосилнокии меҳнат аз рӯи нишондиҳандаи пастшавии меҳнатғунҷоиш бо формулаи зерин муайян карда мешавад: ки дар ин ҷо: ҳм – болоравии ҳосил/меҳнат, %;

ҳпм – пастшавии меҳнатғунҷоиши як воҳиди маҳсулот, %;

Пм – пастшавии меҳнатғунҷоиши як воҳиди маҳсулот,

одам-соат;

Мн – меҳнатғунҷоиши ниҳои барои иҷроиши кори тайёркунии як воҳиди маҳсулот, қабл аз ҷори кардани чорабинӣ, одам-соат.

Мисол. Агар дар натиҷаи ҷори кардани таҷҳизоти нав меҳнатғунҷоиши як воҳиди

маҳсулот то 10% кам шавад, ҳосилнокии меҳнат то 11,1% зиёд мешавад:

Мехнатғунҷиши қаблии маҳсулот 35 одам-соатро ташкил медод, баъд аз ҷори

кардани технологияи нав он ба 5 одам-соат паст карда шуд, рушди ҳосилнокии

меҳнат 16,6%-ро ташкил хоҳод дод:

Барои муайян кардани натиҷаи умумии чорабиниҳое, ки аз рӯи барнома вобаста ба паст гардонидани меҳнатғунҷоиш ҷорӣ карда шуданд, низ метавон ҳамин формуларо истифода бурд.

Мисол. Дар натиҷаи ҷорӣ кардани чорабиниҳои нав, ки баҳри такмил додани

техникаву технология равона карда шуда буданд, меҳнатғунҷошии умумӣ то

одам-соат паст карда шуд, дар ҳоле, ки меҳнатғунҷошии умумӣ қабл аз ҷорӣ

кардани ин чорабиниҳо 1560 одам-соатро ташкил медод. Акнун бо ёрии формула мо

ин нишондиҳандаҳоро истифода бурда истода муайян мекунем, ки ҳосилнокии

меҳнати умумӣ дар корхона 16,85% боло рафтааст:

Ба омилҳои ташкилӣ- ташкили истеҳсолот дар сатҳи корхона, соҳа ва мамлакат дохил карда мешаванд. Вобаста ба ин дар ин самт омилҳои зерин аҳамияти махсусро касб мекунанд: такмилдиҳии ташкили идоракунии истеҳсолот, аз он ҷумла:

ҷойгир кардани корхона дар минтақаи мусоид;

ташкили окилонаи алоқаҳои нақлиётӣ чи дар дохил ва чи дар

хориҷи кишвар;

такмилдиҳии таркибии дастгоҳи идоракунӣ;

такмилдиҳии низоми идоракунии истеҳсолот;

беҳдошти идоракунии оперативии ҷараёни истеҳсолот;

ҷорикуни ва инкишофдиҳии низоми автоматикунонидашудаи

идоракунии истеҳслот (НАИИ), дохил кардани миқдори ҳарчи

бештари объектҳои идоракунӣ ба доираи НАИИ;

такмилдиҳии низоми комуникатсионӣ

такмилдиҳии ташкили истеҳсолот, аз ҷумла:

беҳдошти омодакунии моддӣ, техникӣ ва кадрии истеҳсолот;

беҳдошти қисмҳои таркибии истеҳсоли ва ҷобаҷогузории

таҷҳизот дар истеҳсолоти асосӣ;

такмилдиҳии ташкили хадамот ва хоҷагиҳои ёрирасон: нақлиётӣ,

анборӣ, энергетикӣ, моддӣ- маишӣ ва дгар намудҳои

хизматрасонӣ;

такмилдиҳии ташкили меҳнат, аз ҷумла:

беҳдошти тақсимот ва кооператсияи оқилонаи меҳнат;

такмилдиҳии ташкил ва хизматрасонии ҷойхои корӣ;

омӯзиш ва дар амал ҷорикунии усулҳои пешқадами меҳнат;

тайёркунӣ ва омадасозии кадрҳо;

беҳдошти шароитҳои санитарӣ-гигиении меҳнат;

бартараф кардани ҳар гуна хавфу хатар ва зарарҳои истеҳсоли;

ташкили режимҳои оқиланаи меҳнат ва истироҳат;

пурқувват гардонидани интизоми меҳнатӣ ва истеҳсолӣ;

инкишофи шаклҳои бригадавӣ ва дигар шаклҳои коллективии

меҳнат;

ҳавасмандкунии пудратӣ ва иҷоравӣ;

инкишофи хизматрасонии бисёр станокӣ ва бисёрагрегатӣ дар

шароити автоматизатсия истеҳсолот;

такмилдиҳии низоми ташкили музди мехнат;

такмилдиҳии низоми бамеъёргирии меҳнат тавассути асосноккунии

техникӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии меъёрҳо;

беҳдошти низоми интихоби кадрҳо, омодасозӣ ва такмили

ихтисоси онҳо

ҳамаи нишондиҳандоҳои ташкилӣ ба таври зич бо ҳам алоқаманд мебошанд. Истифодабарии номатлуби яке аз ин нишондиҳандаҳо метавонад ба дигар нишондиҳандаҳо таъсир расонида истода, дар интихо сатҳи ҳосилнокии меҳнатро паст гардонад. Махсусан ин алоқамандӣ дар самти истифодабарии вақти корӣ бештар ба назар мерасад. ҳамеша сарфаи бехудаи вақт мутаносибан ба ҳосилнокии меҳнат таъсири манфӣ мерасонад.

Мисол. Агар вақти оперативии қабул шуда дар тули смена 410 дақиқа бошаду 25

дақиқаи он бо сабаби сари вақт нарисадани материалҳо барабас равад, ҳосилнокии

меҳнати смена 6,1% паст мешавад:

Дар ҳолати бартараф кардани ин камбудӣ ҳосилнокии меҳнат мувофиқан 65%, боло

меравад:

Истифодабарии соатҳои корӣ ва рӯзҳои корӣ низ дар давраҳои истеҳсоли (ҳафта, моҳ, сол) бо ҳамин тариқа бa ҳосилнокии меҳнат таъсир мерасонад. Болоравии имконпазири ҳосилнокии меҳнатро, дар ҳолати оқилона истифода бурдани вақти корӣ, бо формулаи зерин ҳисоб мекунад:

,

ки дар ин ҷо:

Хмфоизи болоравии имконпазири ҳосилнокии меҳнат аз

ҳисоби беҳтар истифода шудани вақти корӣ;

ФБКбн – фонди банақшагирифташудаи вақти корӣ барои як

коргар (смена, соат);

ФБКбоз – фонди базавии (ҳақиқии) вақти корӣ то ҷори

карданичорабинӣ (бо ҳамон ченак).

Мисол: фонди базавии вақти кории як коргар дар як сол 1700с –ро ташкил мекард,

аз ҳисоби бартараф кардани камбудиҳои ташкили он то 1850с зиёд карда шуд. Дар

натиҷ\а ҳосилнокии меҳнат то 8,8% боло меравад:

Мавқеи муҳимро дар низоми омилҳои ташкилӣ, беҳдошти таркиби кадрҳо ишғол менамояд. Яъне, ҳарчи бештар кам кардани вазни нисбии ҳайати коргарони дастгоҳи идоракунӣ нисбат бо коргарони истеҳсолӣ. Ва дар навбати худ, ҳарчи бештар кам кардани вазни нисбии коргарони ёридиҳанда, нисбат ба коргарони асосӣ. ҳар қадар, ки вазни нисбии коргарони истеҳсолӣ дар шумораи умумии ҳайати коргарони корхона зиёд бошад, ҳамон қадар ҳосилнокии меҳнат, бо хисоби миёна ба сари ҳар як коргар баланд мешавад. Таъсири ин омилро ба ҳосилнокии меҳнат бо формулаи зерин ҳисоб кардан мумкин аст:

,

ки дар ин ҷо:

Ннс(бн) ва Ннс(баз) – мувофиқан, вазни нисбии коргарони истеҳсолии банақшагирифташуда ва базавӣ мебошанд,%.

Мисол: Вазни нисби коргарони истеҳсолӣ 75%-ро ташкил медод, дар натиҷаи ҷори кардани чорабиниҳои ташкили, он ба 80% омада расид. Мувофиқан, ҳосилнокии меҳнат 6,6% ба ҳар як коргар боло меравад:

Акнун таъсири омилҳои иҷтимои-иқтисодиро аз назар мегузаронем. Омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ махсусан аз он ҷихат муҳим шуморида мешаванд, ки ду гурӯҳи омилҳои дар боло номбаршуда (яъне, омилҳои моддӣ-техникӣ ва омилҳои ташкилӣ) аз онҳо вобастагӣ доранд. Қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи истеҳсолот, техникаву технология, тадбиқкунандаи шаклҳои нави идоракунӣ ва ғайра – инсон, маҳз инсони бошуури камолёфта аст. Таъиноти омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бошад, ин таҳрик намудани рағбату ҳавасмандии одамон – коргарони корхона ва беҳдошти вазъи иҷтимоиву мадании онҳо мебошад. Муҳимтарин омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ба ҳосилнокии меҳнат таъсиррасон инҳо ба шумор мераванд:

ҳавасмандкунии моддиву маънавӣ ба натиҷаҳои ниҳои меҳнат;

сатҳи тахассусии коргарон, сифати омадагии касбии онҳо ва сатҳи умумии маданӣ-техникӣ;

муносибат ба меҳнат ва интизоми меҳнат;

тағирдиҳии шакли моликиятдорӣ ба воситаҳои истеҳсолот ва

натиҷаҳои ниҳоии меҳнат;

демократизатсияии ҳаёти истеҳсолӣ-сиёсии корхона ва инкишоф додани худидоракунии коллективӣ меҳнатӣ;

таҳрики қобилиятҳи эҷодии кормандон.

Ин аст таснифоти мухтасари омилҳое, ки ба тағирёбии ҳосилнокии меҳнат дар шароитхои гуногун таъсир мерасонад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ба ҳосилнокии меҳнат ба ғайр аз омилҳои номбаршуда боз ду омили дигар, ки дар адабиётҳои иқтисодии ғарб бештар вомехуранд таъсир расониданашон мумкин аст. Инҳо хароҷоти ҷории меҳнати гузашта (ашёи хом, материалҳо, энергия) ва истифодаи фондҳои асосии истеҳсоли ва ғайриистеҳсоли (машинаҳо, механизмҳо, таҷҳизоти технология, дастгоҳураҳо, воистаҳои нақлиёти, иншоотҳо ва ғайра) мебошанд, ки дар мавридҳои алоҳида нақши ниҳоят муҳим доранд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *