Фанни Микро ва макро иқтисод

Бозори замин ҳамчун омили истеҳсолот

1. Моҳияти бозори замин

2. Рентаи замин ҳамчун шакли нархи захира.

3. Унсурҳои бозорӣ кишоварзӣ: қоидаҳо, вазифаҳо ва гурўҳбандии бозорҳо.

4. Бозори маҳсулоти кишоварзӣ ва хусусиятҳои он.

5. Даромади замин, шакл ва механизми ташкилёби ва таксими он.

  1. Мафҳум бозори замин.

Дар адабиётҳои иқтисодӣ муосир тавсифҳои мухталифи мафҳуми «Бозор» вомехўрад. Иқтисодчиии америкои Ф. Котлер бозорро ҳамчун маҷмўи харидорони моли вуҷуддошта ва потенсиалӣ шарҳ медиҳад. Иқтисодчиён Э. Долан ва Д. Линсдей дар зери мафҳуми бозор он муомилотеро мефаҳманд, ки одамон байни ҳамдигар хариду фурўш мекунанд. К.Маконел ва С.Брю чунин меҳисобанд: бозор ин фишанг ё механизми якҷоякунии харидорон (ифодакунандаи талабот) ва фурўшандагони (таъминкунандагон) молҳо ва хизматҳои алоҳида мебошанд.

Бозор — ин системаи муносибатҳои иқтисодӣ, гардиш ва тақсимоти маҳсулот (молҳо, кор, хизмат) ва тавсифкунандаи озоди субъектҳои хоҷагидорӣ дар интихоби харидорон, фурўшандагон, муайянкунии нархҳо, ташкил ва истифодабарии сарчашмаи захираҳо мебошад. Аниқтараш бозор–ин механизми баҳампайвастшавии харидорон ва фурўшандагон мебошад.

Албатта, бозори маҳсулоти озуқаворӣ ва бозорӣ ашёвии кишоварзӣ бо ҳам алоқамандии зич дошта, дар ҳолати қафомонии дилхоҳ зерсоҳаи он, куллан самаранокии худро аз даст медиҳанд.

Шартҳои зарурии муайянкунии бозори амалкунанда:

— ҳуқуқи моликияти субъектҳои хоҷагидорӣ ба захираҳои истеҳсолӣ, замин, истеҳсоли маҳсулот, даромадҳо;

— озодии интихоби намуд ва шакли фаъолият барои субъектҳои

дилхоҳи хоҷагидорӣ;

— баробарҳуқуқии субъектҳои намудҳои гуногуни моликият;

— озодии нархгузорӣ, ки дар он нархҳо ба маҳсулотҳо, корҳо, хизматҳо дар асоси созиши байни харидор ва фурўшанда, дар ҳолати дахолати камтарини давлат ташкил карда мешавад;

— худмолиякунонӣ: ҳар як субъекти муносибатҳои бозорӣ дар ҳолати соҳибшавии мустақилияти иқтисодӣ, бояд худаш харҷҳои молиявиро барои мавҷудият ва тараққиёташ пушонад;

— рақобат: дар иқтисоди бозорӣ бо шарофати гуногуншаклии моликият ва рафтори озоди хоҷагӣ муборизаи рақобатӣ ба вуҷуд омада, шартҳои он бо таври равон дастгирӣ карда мешаванд;

— барпокунии инфрасохтори бозорӣ: биржаҳои молӣ, системаҳои фурўши яклухт ва чакана, ташкилотҳои маркетингӣ, биржаҳои фондӣ ва асъор, институтҳои молӣ ва ғайраҳо.

2. Рентаи замин ҳамчун шакли нархи захира.

Замин дар адабиёти муосири иқтисодӣ хамчун захираи истехсолӣ қадр карда шуда, аз ду нуқтаи назар мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор дода мешавад.

  • ҳамчун мавзеи ҷисмию ҷугрофӣ, ки дар он раванди тавлидот анҷом меёбад.
  • ҳамчун қобилияти замин — маҳсулот «тавлид» намудан ё худ онҳое, ки замин аллакайҳо бо он «бордор» карда шудааст (бо захираҳои табиӣ); ё худ онҳое, ки замин бо воситаашон метавонад «бордор» карда шаванд (маҳсулоти кишоварзӣ).

Ҳамин тавр, дар ҳар ду ҳолат «замин» ҳамчун захираи иқтисодӣ ё худ хадамоте, ки он барои корхона дар ҷараёни истехсолӣ махсулот пешкаш карда мешавад, баромад мекунад. Аз гуфтаҳои боло хулоса бармеояд, ки замине, ки аз он даромад гирифта мешавад, дорои се хусусият мебошад:

1. «қобилияти» ба сифати мавзеъи ҷисмию ҷуғрофӣ ё худ муҳиту фазое, ки дар он раванди истехсолот сурат мегирад қарор доштан. Дар ин қитъаҳои замин хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои истехсолию ғайриистеҳсолӣ, иншоотҳои кишоварзию сохтмонӣ, нақдиёт, савдо на дигар объектҳои зарурию хоҷагӣ бино карда мешаванд. Яке аз масъалаҳои асосии ташаккули рента — саноатӣ сохтмон мебошад. Маҳз бо сохтмон коркарди замин ва ба даст овардани рентаи замин оғоз меёбад.

2. «қобилияти тавлид» кардани маҳсулот, ки замин пешакӣ бо он «бордор» аст ва он дар қаҳри замин дар шакли захираҳои кандаииҳои фоиданок (нафт, газ, ангиштсанг, маъдани оҳан, мис…) барои тавлиди неъматҳову хадамот истифода карда мешавад. Аз ин нигоҳ, соҳаи дуввуме, ки дар он ҷо рентаи замин ба вуҷуд меояд, саноати коркардабарои ҳисобида мешавад.

3. «қобилияти бордор» шудан, яъне тавлид кардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ (ашё, материал, маҳсулоти озукаворӣ.,.) доштан. Аз ин нигоҳ, соҳаи саввум ва асосие, ки дар он рентаи замин ба вучуд меояд соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Истеҳсолӣ рента, дар ин соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии қишлоқ, асосан аз хусусияти худи замин вобаста мебошад. Ба сифати хусусиятҳои замин: хусусиятҳои фарқнокии қитъаҳои замин нисбат ба нодиршави ба бозор оид ба хосилхезии табиӣ замин ва баланд бардоштани хосилхезии замин бо таври сунъӣ ё худ ҳосилхезии иқтисодии он пешбарӣь карда мешавад.

Дар адабиёти иқтисодӣ замин ҳамчун омили истеҳсолот шинохта мешавад. Хусусияти фарқкунандаи он нисбат ба дигар омилҳои истеҳсолот дар чунин лаҳзаҳо инъикос меёбад;

• замин муҳлати хизмати муайян надорад, он метавонад беохир тули асрҳо ба инсон хизмат кунад. Хаҷми он бетағйир буда, аз нав таҷдид карда намешавад;

• аз нигоҳи офариниш он на ҳамчун маҳсули меҳнати инсон, балки натиҷаи омили табиӣ мебошад;

• замин беҳаракат буда, онро аз як ҷо ба ҷои дигар кучонидан ва аз як корхона ба корхонаи дигар додан имконнопазир аст;

• заминҳое, ки дар ҳавзаи хоҷагии қишлоқ истифода карда мешаванд, натанҳо фарсуда мешаванд, балки маҳсулнокии онҳо торафт боло меравад. Пас, ҳар касе, ки ба замин сару кор дорад, ҳамеша аз он баҳраи зиёде мебардорад:

Вобаста аз он, ки кадоме аз ин хислатҳои замин дар раванди истехсолот афзалият доранд, рентаи тафрикавӣ ҳамчун шакли ифодакунандаи рентаи иқтисодии замин ташкил меёбад.

Тавлидн даромад (рента) — замин, соҳибӣ, истифода, дурсозй ва ихтиёрдорию идора кардани он ба тарз ва услуби ташкил ва тақсими даромад таъсир мерасонад.

Дар ин ҷода ба сифати молики замин ё худ истифодабарандаи замин иштирок намудан аз аҳамиятӣ холӣ нест. Агар молики замин мустақиман дар раванди тавлиди неъматҳо иштирок намояд, вай онро на аз ҷиҳати соҳибӣ замин, балки аз ҷонбаи роҳбари корхона будан иҷро мекунад. Барои ташкили раванди бо иштироки замин истеҳсол кардани махсулоти тайёр аҳамият надорад: оё роҳбари корхона соҳибӣ замин аст ё на?, он бо кадом микдор ва бо кадом воситаи меҳнат ба ин ҷараён таъсир мерасонад?, онҳо дар куҷо чойгиранд ва ки, чӣ хел аз онхо истифода мекунанд?, ин олоту асбобҳо худиаид ё бегона, ё ин ки аз хориҷи давлат оварда шудаанд?, соҳибӣ онҳо моликони худианд ё на?

Миқдори неъматҳои тавлид кардашуда ва даромади ба даст овардашаванда низ, бешубҳа, ба моликӣ ва истифодабарандаи он (иҷорагир, коргарӣ кироя) вобаста намебошад. Онҳо, мустақиман аз ҳуди замин ва хусусиятҳои он, ҳосилхезию ҷойгиршавӣ вобаста мебошанд. Ҳамин чизро нисбати сармояи ҷисмӣ (дар соҳаҳои саноат, сохтмон…) низ кайд кардан мумкин аст. Тақсими даромад (рента). Вобаста аз он, ки соҳибӣ замин кист ва онро ки чӣ хел соҳибӣ ва истифода мекунад, даромад аз замин низ бо он мувофик тақсим карда мешавад. Ин принсип аз дараҷаи паст ё баланд будани ҳосилхезии замин, ҷойгиршавию гуногун будани даромад вобастагӣ надорад.

Дар ҳолати аввал заминдор соҳибӣ замин ва ҳамчун роҳбари бевоситаи он, даромади аз замин ба вуҷуд омадаро мустақим аз худ менамояд. Дар ҳолати дуввум бошад молики замин ҳамчун истифодабарандаи мувақатӣ (иҷорагир) даромади ба даст омадаро байни заминдор (молики аслии замин) ва худ (иҷорагир) тақсим мекунад. Даромад дар асоси подошти масрифот на таъмини фоидаи илова сурат мегирад. Дар акси ҳол ҷидду ҷаҳд ва ташаббуси соҳибкорӣ бемаврид хохад буд. Раванди ташаккули даромад бо як ҷараёни тавлиду тақсим анҷом намеёбад. Он давраи аз нав тақсимшавиро низ аз cap мегузаронад. Ин раванд ҷараёни бисёрҷанбаи пурпечутобу мураккаб байни комплекси агросаноатии (КАС) давлат ва муассисоти молиявию карзиро дарбар мегирад.

Чи тавре ба донандагони илми иқтисод маълум аст, дар доираи соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ вобаста ба хусусиятҳои хосаи онҳо даромад ба вуҷуд оварда мешавад. Дар доираи корхонаҳои саноат даромад ва маҳсулот ба сармоя дар раванди истехсолот (на муомилот) ба вуҷуд меояд. Ин шакли даромад ҳамчун музди кор ё фоидаи соҳибкор сурат мегирад.

Дар ҳавзаи кишоварзӣ низ даромад ба даст оварда мешавад. Онро ба сифати музди кор ва фоида интиқол кардан мумкин нест. Чунки ин шакли даромад, на аз ҷониби молики замин ё худ иҷоракор, балки замин ҳамчун натиҷаи хосилхезии он гирифта мешавад. Дар ин асно даромад аз замин, на ҳамчун натиҷаи фаъолияти моликӣ он, балки ҳамчун натиҷаи омили истехсолот сурат мегирад. Гарчанде молики замин низ дар ташаккули даромад саҳми муайяне гузошта метавонад. Бо ибораи дигар, он бо тарз ва услубӣ хоса ҳосилнокии онро баланд бардошта, даромаднокии замииро афзун гардонда метавонад. Азбаски замин ҳамчун воҳиди беҷон таҷдид нашаванда буда, миқдоран маҳдуд ва сифатан дорои ҳосилнокии гуногун аст, онро на ҳамчун фоида, балки ҳамчун рентаи замин қадршиносӣ мекунанд.

Маҳдуд будани ҳаҷми коршоями замин, ҳосилхезии он ба хусусиятҳои иқлими ҳар як қитъаи олам вобаста мебошад. Аз « ин ру, дар яке аз он лимую афлесун, хурмою чой, қаҳва ва дар дигаре картошкаю пиёз, меваю сабзавот, растаниҳои техникӣ ва дар саввумин сарзамин — ягон чиз тавлид кардан имкон намегардад. Ва агар чизҳои камбуд бо таври сунъӣ дар гармхонаҳову дигар иншоотҳо тавлид карда шаванд, онҳо на ҳамчун неъматҳои Худодод, балки натиҷди маҳсули меҳнатӣ дасти инсон ё худ мошинҳову механизмҳо ба назар мерасад. Дар ин шароит замин ба сифати сармояи ҷисмонӣ баромад мекунад.

Ҳар чӣ кддаре, ки дараҷаи техникию технологии истеҳсолот амиқ нагардад, миқдори хадамот аз замин, миқдори ҳаҷми замин ва ҳаҷми захираҳои табий зиёд намегардад. Замин ва маҳсулоту даромади аз он ба дастовардашуда, на фафақат аз ҳаҷми маҳдуд», хадамот ва захираҳои табиӣ, балки аз омилҳои вақт, фасли сол, давомнокии раванди истеҳсол низ вобастагии зиёде дорад. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки маҳдуд будани замин ва хадамот аз замин сирати хоса доранд ва аз нигоҳи вақт онҳо метавонанд кам (кутоҳ) ё зиёд (дарозмўҳлат) хизмат карда метавонанд.

  1. Унсури бозори кишоварзӣ: қоидаҳо, вазифаҳо ва гурўбандии бозорӣ.

Бояд қайд кард, ки маҷмўи қоидаҳои умумии бозор, меъёрҳои фаъолияти иқтисодӣ ва рафтори иқтисодӣ дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ дар натиҷаи амалияи бисёрсола кор карда баромада шудаанд ва ба таври кифоя маълуманд. Барои муътадил гардидани ҳолати пулии корхонаҳои кишоварзӣ бозори коғазҳои қимматнок аҳамияти муҳим дорад. Вазифаи асосии ин бозор аз он иборат аст, ки вай пулҳоро аз муомилот ба амонатҳои (пасандозҳои) мўҳлатнок саҳмияҳои корхонаҳо, ҷамъиятҳо ва коллективҳои меҳнатӣ, облигатсияҳои займҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, сертификатҳо, ўҳдадориҳои хазинавӣ (пулӣ) ва ғайра ҷалб мекунад. Бозори коғазҳои қимматнок моҳиятан, аз як тараф системаи муносибатҳои молумулкӣ ва фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои кишоварзиро мефаҳмонад, аз тарафи дигар ҳавасмандии моддии онҳоро ба натиҷаҳои охирини истеҳсолот пурзўр мекунад. Барпо шудан ва самаранок амал кардани бозори коғазҳои қимматнок ба фаъолияти биржаҳои фондӣ вобаста мебошад. Вазифаи биржаҳои фондӣ аз савдои коғазҳои қимматнок, афзоиши талабот ва таклифот ба онҳо, инчунин муқаррар кардани андозаи арзиши коғазҳои қимматнок иборат мебошад. Дар дохили доираи маркетингӣ чор намуди бозорро ҷудо кардан мумкин аст. Онҳо аз рўи характери маҳсулот ва рафтори рақобатии фирмаҳо фарқ мекунанд.

Намуди якум-бозори молҳои озуқавории хом, яке аз бозорҳои асосӣ барои чунин соҳаҳо, ба мисли ордкашию ярма, қанд ва ғайра мебошад. Хусусиятҳои хоси он якҷинсагии нисбии маҳсулот, стандартизатсия, фурўши молҳо бо теъдоди (партияҳои) калон ба ҳисоб мераванд.

Намуди дуюми бозор- бозори молҳои озуқавории дараҷаи баланди коркард мебошад. Ҳаҷми ин гурўҳи молҳои озуқаворӣ ба таври интенсивӣ дар солҳои охир дар мамлакатҳои мутараққӣ меафзояд. Маҳсулоте, ки ба ин гурўҳ дохил мешавад, маҳсулоти ғайриякҷинса ва баланд дифференсиатсияшуда мебошад. Масалан, маснуоти тамоку ва баққолӣ, консерваҳо, сектори васеъи маҳсулоти барои истеъмол тайёр ва ғайра. Дараҷаи баланди дифференсиатсияи маҳсулот маънои онро дорад, ки оид ба ҳар як намуди маҳсулот маҷмўи васеи навъҳои дорои характеристикаҳои гуногуни сифат мавҷуд аст.

Намуди сеюми бозори доираи маркетингии агробизнес бозори маҳсулоти нисбатан якҷинсаи дараҷаи коркардаш паст мебошад (масалан, нимфабрикатҳои гушти ва гушти тоза, шир ва маҳсулоти ширӣ). Дар байни дараҷаи коркарди мол ва дараҷаи дифференсиатсияи он робитаи зич мавҷуд аст. Ҳар чи қадаре, ки дараҷаи коркарди маҳсулот паст бошад, ҳамон қадар имкониятҳо барои дифференсиатсияи он ва рекламаи интенсивӣ каманд.

Намуди чоруми-бозор ин бозори сервиси озуқаворӣ мебошад, ки мавқеи он дар мамлакатҳои пешқадам баланд аст. Вай ҳамаи шаклҳои ташкили хўроки умумӣ-аз буфету ошхонаҳои хурд то ресторанҳои қимматро дар бар мегирад. Ин бозор бағоят тахасусӣ ва ғайриякҷинса аст. Дар он якчанд зергурўҳро бо дараҷаи гуногуни реклама ва монополизатсия, бо нархгузорие, ки аз нархгузории озод то нархгузории монополӣ майл мекунад, ҷудо кардан мумкин аст.

Замин ҳамчун мол ирратсионалӣ буда, дар асл худи замин нею, балки даромад аз замин (рента) хариду –фурӯш карда мешавад. Нархи бозории замин бевосита бо иҷорапулии таъмин мекардаи он алоқаманд аст, зеро заминро аз даст дода соҳиби он хоҳиш дорад андозаи дисконтиронии ҳама иҷорапулиҳои ояндаро ба даст орад. Лекин иҷорапулиҳо далр ҳолати додашуда ба ояндаи дурр мегузаранд. Бинобар ҳамин ҳангоми дисконтиронӣ бояд формулаи арзиши ҷории дисконшуда барои давраи беохир истифода шавад. Айнан аз рӯи ҳамин гуфтаҳо формулаи ҳисоб намудани нархи заминро чунин ифода кардан мумкин аст:

ки дар ин ҷо: Рз – нархи замин; TRconst – андозаи иҷорапулии солона; r – мизони фоиз.

Масалан, агар иҷорапулии солона ба 5000 сомонӣ барои 1га замин баромад буда, фоизи бонкӣ 10% солона бошад, он гоҳ нархи замин ба 50000 сомонӣ баромад мешавад. Ин маънои онро дорад, ки агар харидори замин ин маблағи пулии 50000 сомониро ба бонк гузорад, он даромадеро дастрас мекунад, ки чунин даромадро соҳиби замин низ ба даст меоварад. Заминдор низ заминро дар ҳамин шартҳо мефурӯшад.

Сохтори бозори ашё ва озуқавории кишоварзӣ.

Нақшаи №1.

  1. Бозори маҳсулоти кишоварзӣ ва хусусиятҳои он.

Бозори маҳсулоти кишоварзӣ яке аз ҷузъҳои асосии системаи бозорҳои махсусгардонишуда буда, маҷмўи амалиётҳои мубодилавии байни истеҳсолкунандагони соҳаҳои кишоварзӣ ва саноатро дар бар мегирад. Сохтори онро таносуби шаклҳои гуногунӣ фурўш муайян мекунад. Дар айни ҳол шаклҳои бозор аз вазъият, муносибатҳои шартномавӣ ва ташаккулёбии нархҳо вобастаанд. Ин нуқтаҳо бо ҳам алоқаманданд ва онҳо андозаи доираи муомилоти молиро муайян намуда, бевосита ба ташаккулёбии механизми иқтисодии комплекси агросаноатӣ таъсир мерасонанд. Ҳоло бозори дохилии кишоварзӣ пайдо шуда истодааст, ки ҳар таркиби он чунин бозорҳои махсусгардонидашударо, ба монанди бозори ғалла, картошка, сабзавот, зироатҳои техникӣ ва ғайра ҷудо кардан зарур аст. Дар оянда мубодила аз сарҳадҳои дохилй берун баромада, ба бозори берунаи байналхалқӣ роҳ мекушояд.

Ба бозори маҳсулоти кишоварзӣ хусусиятҳои муайян хосанд, ки аз хусусиятҳои худи истеҳсолоти кишоварзи бармеоянд. Онҳоро мухтасар дида мебароем.

Модели якум амалиёти молистеҳсолкунандаро дар ҳолати шароитҳои хуби боду ҳаво ва зиёдшавии ба ин алоқаманди истеҳсоли умумни маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ муайян мекунад.

Модели дуюм дар асоси псшгўи шароитҳои номусоиди боду ҳаво амалиёти молистеҳсолкунандагонро пешбинй мекунад. Вай бояд дар худ амадиётҳо оид ба наҷот додани ҳосил, тезонидани суръати ҷамъоварии он аз ҳисоби муваққатан ҷалб кардани қувваи корӣ, чораҳои иловагӣ оид ба таъмини нигоҳдорию муҳофизати он ва ғайраро дар бар мегирад.

Модели сеюми амалиёти молистеҳсолкунанда ҳодисаҳои нохуши имконпазирро ба эътибор мегирад. Дар маркази ин модел бояд амалиёти паст кардан ва ё ҳатто пурра пўшонидани зарарӣ пайдошаванда қарор гирад. Табиист, ки моделҳои мазкури амалиёти молистеҳсолкунанда соҳаҳои кишоварзиро ба таври пурра аз оқибатҳои шароитҳои номусоиди боду ҳаво эмин нигоҳ намедоранд, лекин имкониятҳои иловагии аз захираҳо самаранок истифода кардан ва аз ҳолатҳои пешбининашуда баромаданро тавсия медиҳанд. Дар ҳар яке аз се модел ҳисобҳои тахминии ҳаҷмҳои имкокпазири гирифтан ва камомади маҳсулот, шартҳои фурўш ва нигоҳдории он, инчунин хароҷотҳо, талафот, фоида ва ё зарар бояд ҷой дошта бошанд.

Талаботи кафолатнок ба маҳсулоти кишоварзй, ки аз қобилияти соҳа нисбати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ бо хурока бармеояд. Ин хусусият ба молистеҳсолкунандагони кишоварзй нисбат ба саноат бартариятҳои ҷиддӣ медиҳад. Молистеҳсолкунандаи кишоварзӣ, ки дар фаъолияти худ мунъатифй ва ўҳдабароиро соҳиб аст, метавонад афзалияти мазкурро бо самаранокии баланд истифода барад. Вай имконият дорад истеҳсоли ҳамон як намуди маҳсулотро сол аз сол такрор накунад, баръакс амалиётҳои ғайриоддӣ карда, истеҳсоли намудҳои нави серталаби маҳсулотро равнақ диҳад. Чунин амалиётҳои молистеҳсолкунанда ба ў шароит муҳайё месозад, ки бо рақибони худ бомуваффақият мубориза барад ва сарчашмаҳои нави гарифтани даромадро аз ҳисоби истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот соҳиб шавад. Амалия шаҳодат медиҳад, ки истеҳсолоти кишоварзӣ, ки дар он дар доираи як хоҷаги якчанд намуди маҳсулоти байни ҳам ба таври технологӣ новобаста истеҳсол мешаванд, аз ҳама бештар устувор аст.

Ҳамгироии (ба ҳам пайвастани) тахассус ва диверсифика-
тсияи истеҳсолот. Истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулот барои
молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ, аз як тараф, мушкилиҳои
иловагии чй характери истеҳсолй ва чй характери фурўш дошта-
ро ба миён меорад. Масалан, молистеҳсолкунандае, ки ба
истеҳсоли ғалла тахассус пайдо кардааст, имконият дорад ба пар-
вариши гўсфандҳо машғул шавад, агар чунин амалиёти истеҳсоли
даромади иловагӣ соҳибкориро таъмин кунад.

Истеҳсолоти калон ва характери тезвайроншавӣ доштани маҳсулот зарурияти аз як тараф, мавҷудияти анборҳо (махсусан бароисабзавот, картошка, меваҳо), аз тарафи дигар, ҷидду ҷаҳди молистеҳсолкунанда оиди дар муҳлати зарури фурўхтани чунин маҳсулотро ба миён меоварад. Ин имконият медиҳад, ки талафоти зиёди ҳосили парваридашуда ва, ҳамин тавр, пастшавии даромаднокии маҳсулот бартараф карда шавад.

Афзоииш истеъмоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳо ба-
рои зиёдшавии ҳар гуна миёнаравҳое, ки фурўхтани онро ба ўҳда
мегаранд, мусоидат менамояд. Ин маънои талафи ҳиссаи муайяни
даромади молистехсолҳунандагонро дорад онҳо маҷбуранд, ки
бо миёнаравҳо як қисми арзиши маҳсулоти худро «тақсим» ку-
нанд.

Дар шароити ҳозира бозори молҳои озуқаворӣ дар шаклҳои зерин баромад мекунад:

— савдои давлатӣ, ки озуқаро бо нархҳои давлатӣ мефурўшад;

-кооператсияи матлубот, ки молҳоро бо нархҳои комис-
сионӣ ба фурўш мебарорад;

-савдои тиҷоратӣ, ки намудҳои алоҳидаи маҳсулоти озуқа-
вориро бо нархҳои озод ва нимозод савдо мекунад;

-бозори колхозӣ, ки дар онҳо молҳои озуқаворӣ аз тарафи
колхозҳо ва истеҳсолкунандагони алоҳида бо нархҳои озод ва ка-
му беш ба тартибандохташуда фурўхта мешаванд.

Ин сохтори бозори молҳои озуқаворӣ ва нархҳои дар он ис-тифодашаванда аз бисёр ҷиҳат куҳна, ғайримустамал шудааст. Вай ягонагӣ, бутуниро соҳиб нест, дар он шаклҳои зиддиятнок, ба ҳамдигар номувофиқи савдо ва нархгузорӣ ҷой доранд. Гузариш ба бозори молҳои озуқаворӣ, ки ба аҳолӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва ташкилотҳои миёнарави савдо бо нархҳои озоди бозори фурўхта мешаванд, яке аз масъалаҳои мушкилтарини гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ мебошад. Зимни ислоҳоти бештар радикалӣ як қисми бозори молҳои озукаворӣ, дар навбати аввал, истеҳсол ва фурўши нушокиҳои алкоголӣ, ва шояд фурўши маснуоти тамоку бояд дар дасти давлат ва ё таҳти назорати он қарор дошта бошад. Раванди таъсисёбии бозори молҳои озуқаворӣ бо сабаби болоравии нархҳои чакана ва ҷаҳишҳои нархӣ ба аҳволи табақаҳои камдаромади аҳолӣ таъсири вазнин мерасонад. Бинобар ин бозори молҳои озуқаворӣро оҳиста-оҳиста, давра ба давра ҷорй карда, нархҳои чаканаи давлатиро ба намудҳои алоҳидаи озуқа мунтазам баланд бардошта, бо ҳамин онҳоро озод кардан лозим аст. Бо рафти наздикшавии нархҳои давлатии чакана ва харидкунй, тиҷоратӣ ва комиссионӣ ба молҳои озуқаворӣ, нархҳои бозори кишоварзӣ ба бозори ягонаи амалкунандаи озукаворӣ гузаштан имконпазир мегардад. Ин раванд дар навбати худ якбора ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии савдоро тақозо мекунад.

Захираҳои моддӣ-техникӣ барои соҳаҳои кишоварзӣ доираи якуми агробизнес мебошад. Дар ин ҷо се соҳаи бештар калонро ҷудо кардан мумкин аст: 1) мошинсозии кишоварзӣ; 2) истеҳсоли воситаҳои химиявӣ ва нуриҳо; 3) истеҳсоли хўроки чорво. Барои ин соҳаҳо сохтори типии олигополӣ хос аст, яъне дар бозор якчанд корхонаҳои калонтарин бартарият доранд. Рафтори ин корхонаҳо чӣ дар муайянкунии ҳаҷми истеҳсол ва чӣ дар сиёсати нархгузори байни ҳамдигар мувофиқ набуда наметавонад. Барои чунин бозорҳо монополияи табиии технологӣ ва инчунин имконияти назорат аз болои нархҳо хос мебошад.

5. Даромади замин, шакл ва механизми ташкилёби ва таксими он.

Тахлили илмии рента сароғоз аз ҷониби асосгузорони иқтисоди сиёсии англис А.Смит ва Д. Рикардо ва минбаъд К.Маркс ба вукуъ пайвастааст.

Тибки ақидаи онхо рента ҳамчун шакли махсуси даромад ташкил шуда, муносибати байни се субъекти иқтисоди: молики замин, фермер ва коргари кирояро ифода мекунад. Он ҳамчун истифодаи заминҳои нисбатан хубу нодир ва зарурати истифодаи заминҳои камҳосил сурат мегирад.

Рента вобаста ба шароити таърихӣ, иктисодӣ, ичтимоӣ, табиӣ, сатҳу дараҷаи инкишофи кувваҳои истеҳсолкунанда, таъсири омилҳои истехсолот, моликият, унсур ва механизми бозор дар хар як низоми иқтисодӣ ҳархела ба шаклҳои гуногун сурат мегирад. Албатта, ҳар яке аз онхо тибқи ташаккули сарчашма, тарз соҳибӣ ва азони худ кардан, ҳаҷму андоза, шаклу намуд, пайдоиш ва ташаккул аз ҳамдигар фарқ доранд.

Одамон дар бахш ва ҳавзаҳои гуногун фаъолият пеша мекунанд ва ба ивази он музди кор ё фоида мегиранд,ки дар ҳавзаи кишоварзӣ низ ба даст оварда мешавад.

Азбаски замин ҳамчун воҳиди беҷон таҷдиднашава миқдоран, маҳдуд ва сифатан дорои ҳосилнокии гуногун аст, бинобар ин онро (даромад)-ро на ҳамчун фоида, балки — рентаи замин меноманд.

Оиди рента, сарчашмаҳои ташаккул, шароит ва сабабҳои пайдоиш шакл ва намудҳои он фикру андешаҳои мухталиф вуҷуд доранд. Яке андеша ба он дорад, ки рента кисми даромад (фоида) яъне шакли табдилёфтаи арзиши изофа (натиҷаи меҳнати изофаи буда,- аз ҷониби худи замин ба вуҷуд оварда намешавад. Дигар гуруҳ исбот кардааст, ки рента маҳсули тибиӣ замин буда, сарчашмаҳои танҳо замин, балки кувваи коргарӣ ва теъдоду ташаббуси он, фоизи ғайра дар якчоягӣ ташкил медиҳанд.

Мактмби Марксизм ду шакли рентаро шарҳ додааст: рентаи тафовутӣ ва мутлақ ва марҷинализм — рентаи муътадил (нормали) ва иқтисодиро бештар эътироф мекунанд.

Рентаи муътадил ва мутлак натиҷаи монополия ба замин объекти моликияти хусусӣ новобаста аз ҳосилхезӣ ва ҷойгиршавии хамаи қитъаҳои замин ба вучуд меоянд.

Рентаи муътадили замин ҳамчун андозаи ҳадди ақали арзиши хароҷоти алтернативиро оиди истифодаи замин ифода мекунад.

Рентаи иқтисодӣ ҳамчун даромад аз хизматрасонии ҳамаи омилҳои истеҳсолот (замин, мехнат, сармояи чисмӣ…) ташкил меёбад.

Рентаи тафовутии тартиби I ҳамчун:

а) натиҷаи чойгиршавии ҳархелаи қитъаҳои замин;

б) натиҷаи ҳосилхезии табиӣ замин сурат мегирад.
Рентаи замин, новобаста ба гуногунии шакл ва намудҳои он, таҳти таъсири чунин шароитҳо қарор дорад:

  1. фарқият дар дараҷаи ҳосилхезии қитъаҳои гуногуни замин;
  2. фаркият дар ҷойгиршавии замин нисбат ба бозори фуруш;
  3. фарқият дар маҳсулнокии гузориши сармояи иловагӣ ба замин;
  4. маҳдуд будани замин, алалхусус заминҳои хосилхезу камҳосил;
  5. ба доираи муомилот (хариду фуруш) ҷалб карда шудани замин ва
    маҳсули ниҳоии он сурат мегирад.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *