Фанни Микро ва макро иқтисод

Механизми карздихии байнидавлати

Дар карздихии байнидавлати накши мухимро созишнома оиди карз мебозад. Вобаста ба конунгузории милли, мафхумхои гуногуни он истифода бурда мешавад — карз, созишнома оиди кушодани карз, шартномаи карзи. Яке аз тарафхо дар созишхои савдои хоричи то амали гардидани молсупори пардохти авансиро бояд пардозад.

Дигар имконият пешниходи кафолати бонки ба хисоб меравад.

Сугуртакунонии бонки дар шакли кафолати пардохт дар созишномахои савдои хорича пардохти баромад намекунад. Вай дар худ ухдадории бонкро барои пардохти маблаг хангоми агар яке аз тарафхои шарномабаста маблаги муайяншударо напардозад, ифода менамояд.

Шаклхои замонат дар созишномахои байнидавлати:

-Кафолати озмуни;

-кафолати тахвил;

— дигар шаклхои кафолат, ки бо мафхуми кафолати ичроиши ухдадорихои шарномави алокаманд мебошанд;

— Кафолати пардохти аванси ё кафолати баргардонидани аванси.

Карзи молсупоранда. Асоси карзи молсупоранда ухдадорихои шартномави оиди хариди мол мебошад. Амалан молсупоранда ба харидор карзи тичорати пешниход менамояд:

Карздиханда хамчун молсупоранда карзгиранда бошад хамчун харидор баромад мекунад. Шартномаи идоракунии шартхои пардохт аз руи карзхои таъминкунанда (тарз мухлат, чой, нархи асъор ва пардохти асъор шартхои пардохт) ахамияти калонро пайдо мекунад.

Якчанд тарзхои пардохт вучуд дорад аз чумла истифодабарии аккредитиви максаднок, ки хусусиятхои махсуси худро дорад. Ба мисли аккредитиви молии одди хангоми бастани шартномаи хариду фуруш, тарафхо оиди кушодани аккредитив аз тарафи бонки фурушанда маслихат мекунанд. Лекин пардохти маблаги ин аккредитив, на ин ки хангоми пешниходи хуччатхо ва додани мол ба харидор, балки баъдтар хангоми пардохти карзи таъминкунанда амали мегардад, холо он ки карз ба таъминкунанда кафолати зиёд медихад.

Дар бисёр холат, тачхизоти саноати метавонад танхо бо кисмхои алохида пешниход гардад, ки хисоботро бенихоят вазнин менамояд. Аз ин ру дар чунин созишномахо пардохтхои зиннави амали мегарданд. Созишнома оиди мухлати муайяни пардохт мукаррар мегардад. Накши муайянро дар ин чо пардохтхои фоизии даврави мебозад. Ду тарзи пардохти фоизи истифода бурда мешавад: аз руи меъёри мукарраршуда ва аз руи меъёри иваз шуда (дар базаи ролловери). Агар фурушандае, ки карзхои миёнамухлат ва дарозмухлатро пешниход менамояд, баландшавии сатхи умумии меъёрхои фоизиро интизор бошад, у кушиш менамояд меъёрро дар базаи ролловерхо муайян кунад. Ин чунин маъно дорад, ки меъёри фоизи дар давоми тамоми мухлати карз давра ба давра (дар 6 мох ё 3 мох як бор) мувофик ба меъёрхои фоизии дар бозор вучуддошта аз 3 ё 6 мохаи депозитхои байни бонки ислох карда шавад. Одатан меъёрхо дар бозорхои молиявии мухимтарин ва бештар меъёри фоизии ЛИБОР хамчун асос гирифта мешавад.

Агар асъори хариди шартномакунандагон ба талаботи тичорати кифоя набошад, ба сифати нархи асъор, асъорхои он давлатхое, ки суратхисобхои мубодилашаванда аз руи харакати сармоя барои гайрирезидентхоро мекушоянд, баъзан нархи созишнома ба якчанд асъорхо ё «сабади асъори» ( СДР, ЭКЮ ва гайрахо ) бо максади сугуртакуни аз тавакалияти асъори нишон дода мешавад.

Асъори пардохт — асъоре, ки бо он бояд ухдадорихо пардохта шаванд (воридкунанда ё карзгиранда). Хангоми ноустувории асъор нарххо ба асъори устувор кайд шуда, пардохт бошад одатан бо асъори давлати воридкунанда амали мегардад. Агар нархи асъор ва пардохти асъор мувофик наоянд, дар созишнома курби мубодилавви якум ва дуюм кайд карда мешавад.

Элементи мухими шартнома шартхои пардохт мебошад. Фарк карда мешавад:

— пардохти накди (хисоббаробаркуни дар давраи аз лахзаи кабули молхои содиротии тайёр то додани хуччатхои молтаксимкунанда ба воридкунанда)

— хисоббаробаркуни бо пешниходоти карз (агар хисоббаробаркуни баъди гзариши мол ба моликияти воридкунанда амали гардад, содиркунанда одатан дар шакли пешниходи харчкунии карзгузори менамояд. Агар воридкунанда молро бо аванс пардохт намояд, у содиркунандаро карзгзори мекунад).

— карз бо опсиони (хукуки интихоб) пардохти накди. Агар воридкунанда хукуки ба таъхирандозии пардохтро барои моли харидашуда истифода барад, у аз имтиёзе, ки хангоми пешниходи пардохти накди дода мешуд, махрум мегардад.

Содиркунандае, ки карз пешниход мекунад, имконияти истифодабарии клиринги саноати, карздихии бонки, факторинг, амалиётхои лизинги, форфейтинги, сугуртаи карзхои содиротиро дорад.

Хангоми истифодабарии клиринги саноати молтаъминкунанда метавонад аз дигар фирмахое, ки бо у шартхои карздихи вучуд дорад, аз нав хисоб баробар намояд, яъне ухдадорихои карзии пеш доштаашро ба инобат гирад. Чунин карзхо дар навбати аввал ба хамкорони кооперациони дастрас аст.

Бо истифодаи карздихии бонки, содироткунанда дар доираи микдори карзгузори метавонал воситахоро барои азнавмолиякунонии карзи пешниходшуда истифода барад. Таваккали карзи таъминкунандаро пурра содиркунанда ба ухда дорад.

Факторинг — хариди талаботи пулии содироткунанда ба воридкунанда аз тарафи ширкатхои махсуси содироткунанда фактори талабномаро ба харидор медихад, ки аз карзи таъминкунанда ба вучуд омадааст, фактор бошад гирифтани пардохтхоро аз руи он ба ухда мегирад. Хангоми додани талабномаи фактор охирин ба содиркунанда 80-90% маблаги дархостро дар мудати 2-3 руз медихад, чунки фактор дар холати напардохтани харидор сугурта мекунад. Ба воситаи факторинг талаботхое, ки мухлати пардохт на зиёда аз 360 руз мебошад аз нав молия кунонида мешаванд. Меъёр барои кархи факторинги 2-4% аз меъёри хисоботии расми зиёдтар мебошад.

Факторинг дар сохаи маблаггузори, ки пеш аз хама барои фирмахои нави хурд ва миёна пешкаш шудааст, шакли нави хизматрасони мебошад. Бо онхо фирмахои фактории махсус машгул мешаванд, ки бо бонк алокамандии зич доранд ё ин, ки шуъбахои духтарии онхо мебошад.

Фактор фирмахо карзро аз руи системаи «он лайн» сохибихтиёри менамоянд. Максади он иборат аз он аст, ки фирмахо ба воситаи системаи компютерии худ метавонанд шабу руз ахборотро оиди вазъи молиявии ухдадорихои худ гирад: кадом суратхисобхо аллакай пардохта шуда, кадомаш хатмианд. Ба рамзи идоракунии ахборот аз ракибон махфи нигохдории онро таъмин мекунад, аз тарафи шахсони сеюм суистифода карданро намегузорад.

Дар доираи системаи додашуда фактор – фирмахо ва фактор — бонкхо омодаанд ба мизочони худ тамоми ахборотхои фавриро на танхо нисбати хисоботи бухгалтери, балки статистикаи фурушро низ пешниход намоянд.

Дар сохаи содирот фактор — фирмахо метавонанд хизматрасонихои иловаги дар 2 вариант пешниход кунанд;

— факторинги «ором», ё «пинхони»

— факторинги «кушода»

Дар факторинги «ором» («пинхони») мизоч бо бонки худ шартнома баста, доимо оиди бастани шарту шароит маълумот дода, ва тамоми нускахои хисоббаробаркунихои содиротиро равона мекунад. Мизочи содиргар инро намедонад. Фактор – бонк ба мизочи худ 80% маблаги суратхисобро ба воситаи бонк мепардозад. Хангоме, ки содиргар маблагро аз суратхисоби мизочи худ мегирад, у бо фактор – бонк хисобро баробар мекунад. Лекин агар харидор, яъне мизочи содиргар ба пардохти хисобот тайёр нест ё кудрат надорад — одатан дар мудати 60 руз баъди гузаштани мухлат содиргар оиди гузашт кардани худ маълумот медихад , талаби фактор — бонк ки аз тарафи худ тамоми санкцияхоро то ба харидор даъво кардан истифода мебарад.

Дар Аврупои Гарби хамаи фактор — фирмахо аъзои ташкилоти байналхалкии «Интернешнл факторс груп» мебошад. Аз ин ру дар дигар мамлакат онхо метавонанд ичозати хукукиро ба харидор ба воситаи аъзоёни ташкилоти мамлакати додашуда истифода мебаранд.

Инак, фактор -фирмахо хукук доранд, пардохтро хам бо истифода аз аккредитивхо ва хам аз инкассо, ба мукобили хуччатхо талаб кунад. Агар, масалан, харидори хоричи кобилияти пардохти суратхисоби худро дар давоми 90 руз надошта бошад, пас фактор-бонк тамоми маблагро ба мизочи худ мепардозад ва худ барои гирифтани маблаг аз харид тамоми чорахоро меандешад.

Ин система чи гуна имтиёзхоро ба содиргар медихад? Содиргар кафолати 100%-ро барои гирифтани тамоми пардохтхо аз суратхисоби худ дорад. Гайр аз ин, у зарурияти гирифтани ахборот оиди вазъи молиявии харидорони нав надорад, чунки ин масъаларо фактор — бонк амали мегардонад.

Арзиши системаи факторинги «ором» аз хачми гардиш ва кобилияти пардохтпазирии харидор — аз 0,5 то 1% маблаги суратхисоб вобастааст. Инчунин ба он одатан меъёри фоизии бозори барои карзхое, ки барои созишномахои маблаггузории содирот чамъ карда мешавад, чунки фактор- бонк пеш аз он, ки харидор суратхисоби худро мепардозад ба муштари накшаро медихад.

Системаи дуюми факторинг, аз чумла инкассо, «кушода» номида мешавад. Нисбат ба аввала дар ин чо содиргар бояд дар суратхисоби худ нишон дихад, ки талабот ба фактор — фирма дар давлати харидор фурухта шудааст. Ба мисли системаи аввала фактор — бонк ба мизочи худ гирифтани маблаги 100%-и суратхисоби худро бо шарте, ки худуди карзгири байни фактор-бонк ва мизоч мутобик карда шудааст, кафолат медихад. баъди гирифтани нускаи суратхисобхо фактор-бонк ба мизочи худ 80%-и маблаги суратхисобро медихад. Аз руи ин система фактор-бонкхо, ки аъзои ташкилотхои байналхалкии фактор-фирма мебошанд, пардохтхои карздоронро гун мекунанд. Агар яке аз онхо кобили пардохтпазири надошта бошад нисбати у тамоми чорахои мутобикро меандешанд, хатто то чараёни судди.

Агар содиргар баъд якчанд кушишхои аз мизоч гирифтани маблаг онро гирифта натавонад, фактор -фирма баъди 90 руз ( аз руи талаби фирмахои италляви 80 руз ) тамоми маблагро ба содиргар интикол менамояд, лекин дар ин холат арзиш барои содиргар аз руи системаи факторинг назар ба системаи факторинги «ором» ё «пинхони» ба 0,70 — 1,5% маблаги суратхисоб ва баста аз гардива пардохтпазирии харидор зиёдтар мебошад.

Инак, факторинг системаи нави самараноки, бехтаргардонии бозоргири ва пасткунии тавакалияти молияви барои муассисахои нави бо гардиши зудафзоянда, ки ба худ ичрои корхои маъмуриро оиди тафтиши кобилияти пардохтпазирии мизочони худ, бо бурдани хисоботи бухгалтери намехоханд, дар муносибати талаботи худ ва зуд гирифтани маблаг аз руи суратхисоби худ хавасманд гардидааст.

Умуман, факторинг амалиёти киммат барои мизочон мебошад. Дар натичаи лизинг ва факторинг вобаста аз бонкхои калон, ки дорои ширкатхои лизинг ва факторинги мебошанд, муносибатхои иловаги метавонад ба амал ояд.

Амалиёти лизинги — ба ичора додани амвол ба мухлати аз 3 то 15 сол ва бе хукуки гузаштани хукуки моликият. ду намуди ичора вучуд дорад; кутохмуддат (рентинг) -то 3 сол (барои тачхизоти стандарти), миёнамухлат ва дарозмуддат (лизинг) барои тачхизоти технологии саноати. Пардохтхои ичорави хар мох, дар 3 мох ё нимсола ичро карда мешавад. Фоизи истифодабарии он 0,5 — 1% аз гирифтани тачхизот ба карз пасттар мебошад. Баъди баитмомрасонии созиши лизинги азхудкунии моликият ва воридот баробар ахамиятанд.

Лизинг дар ШМА алакай дар мудати якчанд дахсолахо, аз давраи таъсисёбии «Ю.С. Лизинг Корпарейшнл» дар соли 1952 амали гардида буд. Дар Аврупои гарби лизинг дар 20 соли охир хеле вусъат ёфт. Лизинг аз англиси маънои ба ичора доданро дорад.

Дар давраи хозира дар чамъиятхои лизингавии иттиходи Аврупо (штаб-квартира дар Брюсель) чамъиятхо ва созмонхои 17 давлатхои Аврупо дохил шудаанд. Дар солхои 90-ум хачми амалиётхои онхо 58,5 млрд. $-ро ташкил дод.

Лизинг — яке аз инструментхои маблаггузории амалиётхои гуногуни иктисодиёти хорича барои воридоти машинахо, тачхизот ва дигар молхо ва инчунин содироти молхои тайёр мебошад. Истифодабарии лизинг бартарияти худро дорад, чунки бо ин шакли хамкори барои азнавсозии истехсолот дар базаи технологияи муосир ва истехсоли махсулот, ки ба тамоми талаботхои бозори байналхалки чавобгуянд, дар аввал чудокунии воситахои калонро дар асъори хоричи талаб намекунад. Тамоми харочотхоро дар зиннаи аввал ширкати лизинги руйпуш менамояд, (фирма — ичорадех).

Ба сифати яке аз шаклхои тавонои минбаъда метавонад содироти молхо, ки тачхизоти истехсолии ба лизинг пешниходшавандаро дар назар дорад, баромад кунад. Ба маънои кутох, лизинг амалиёти бонки намебошад. У ба шакли маблаггузории бонки наздик мебошад, ки ба корхонахои саноати-савдоги хамчун амалиёти иловаги метавонад амали гардад. Умуман лизингро хамчун амалиёти махсусе, ки ба элементхои шартномаи ичорави ва шартнома оиди пешниходи карз мувофик меояд, гуфтан мумкин аст.

Форфетинамои (фофетирование) пешниходи хукукхои муайян ба ивази пардохти накди мебошад. Дар савдои беруна, форфетинамои маънои хариди векселхо ё дигар талаботро, яъне расонидани молхоро ба институтхои карзии махсус, бо пешниходи таъминноки дорад .Хамин тавр, хангоми напардохтани воридгар, форфетер ба эътирофи ягон хел даъво хукук надорад.Форфетер кариб, ки тамоми намуди таввакалиятро ба худ мегирад. аз руи карзи ба у пешниход гардида, талаботро ба воридгар мефурушад ва молтаъминкунанда амалан пулхои накдро ба даст меорад. Вобаста ба кобилияти пардохти воридгар мухлати хариди талабот ба аз 2 то 5сол баъзан то 7 сол махдуд карда мешавад. Хачми минималие, ки барои талаботи форфетинамои кабул мешавад аз 100 хазор то 5 млн. франки швейтсари мебошад.

Меъёри форфетинамои дар асоси талабот ва таклифоти бозор муайян гардида, аз меъёри оддии карзхо баландтар мебошад, чунки чи хеле ки дар боло кайд кардем, форфейтер кариб, ки тамоми таввакалиятро бар зиммаи худ мегирад. Векселхои барои форфетинамои кабулшуда, бояд векселхои одди ба содиргар бо аванси бонки давлати харидор, дигар талабот бо замонати бонки бошад. бозори чунин шартномахо дар хама давлатхо вучуд надорад. У дар Швейцария, ШМА, Фаронса, Англия, Голландия, Олмон таракки ёфтааст. Дар бисёр холатхо талабот дар доллархои Амрикои, франк ва маркаи Швейцария тачассум ёфтааст. Форфетинамои ба содиргар як катор имтиёзхо медихад;

— зиёдшавии ликвидноки (чунки талабот яку якбора бо пули накд пардохт мешавад);

— озод шудан аз тавакалияти карзи, тавакалияти ивазшавии меъёрхои фоизи ва курби асъори;

— баландшавии кобилияти пардохткуни;

— набудани назорат барои пардохти карзе, ки дар он зарурият бартараф мегардад ва гайра.

Харочотхо оиди форфетинамои бо шакли зерин таксим мешавад;

— одатан воридгар худаш харочотхоро барои гирифтани амонати бонки пардохт менамояд. Дар холати раъд намудани харидор ин харочотхоро содиргар мачбур аст пардозад, чунки бе замонати бонки у талабномаи форфетерро фурухта наметавонад.

— вобаста ба конюнктураи сиёсати хоричи ва хавфи дохилкунии катъии интиколи воситахо барои мамлакати додашуда премияи тавакали аз 0,5 то 6% солонаро ташкил мекунад.

— харочотхо барои сафарбаркунии воситахои пули аз меъёри фоиз дар евробозор вобаста аст. Ба он чунин харочотхои идоракуни ба хачми 0,5 солонаро зам карда мешавад. Агар талаботхои харидашуда баъди гирифтани ризоияти форфетер барои молсупори пешниход гарданд, у камиссияро дар 1-1,5% солона мутобики фаркияти мухлати навиштани шартнома ва пешниходи хуччатхо чудо менамояд.

Харочоти умуми оиди форфетинамои бо рохи дисконти маблаги талабшуда, хисоб карда мешавад. Инро дар мисоле дида мебароем:

Фирмахои тичоратии Швейтцария супориш барои таъминоти тачхизоти хоричи ба суммаи 300 хазор доллар дар Финландияро кабул намуд. Мухлати таъминкуни- охири июли соли 1998. Ба харидор ба таъхирандозии пардохт ба мухлати 5 сол пешниход шудааст. Пардохтнамои ба пардохтхои нимсолаи дахаи баробаршуда мукаррар шудааст. Фоизи карзро ба нархи таъминкуни дохил шудаанд. Талаби содиргар дар шакли вексели одди бо талаби бонки Финландии аввалиндарача инъикос шудааст. Мухлати пардохти аввала — январи соли 1999 мебошад. Харочотхои форфетинамои бо чунин тарз хисоб карда мешавад:

Тавакалияти дебитори — маблаг барои ин тавакалият гирифта намешавад, чунки харочотхо барои гирифтани талаби воридгар пардохта шудаанд.

Тавакалияти мамлакати кабулкунанда — аз хисоби 1,5% солона барои харидор тамоми мухлати карз;

Чалбкунии воситахо — воситахо дар бозори евродоллархо аз хисоби 7-7,5% солона карз гирифта шудаанд.

харочотхои идоракуни — 0,5% солона

умуман — 9-9,5% солона

маблагхои комиссионии иловаги барои — 0,4%

таъхирандозии пешниходи

хуччатхо (барои 4 мох)

Ин меъёр оиди форфетинамои то нимсолаи август эътобор дошта, ба меъёри хисобии 7,75 — 8% мутобик аст.

Хавасманд кардани содирот кисман бо ёрии сугуртакунии карзхои содироти амали мегардад. Дар доираи ин чамъомадхои давлати молтаъминкунанда имконияти тавакалияти напардохтани воридкунандаро бо ёрии сугуртакунии давлати ба 85-95%-и маблаги талаботро сугурта менамояд. Бонкхо танхо карзхоро, ки дар холати напардохтан сугурта кардаанд, пешниход менамоянд. Аз ин ру, барои содиркунандахо таваккалият паст шуда, азнавмолиянамоии карзхои фирмави хеле осонтар мешавад. Масалан дар Шветсария институти махсус оиди сугуртакунии карзхои содироти вучуд дорад — «Экспортризикогаранти» ( ЭРГ ), ки давлат воситахои онро идора менамояд. ЭРГ — шаклхои зерини тавакаллиятро сугурта менамояд: сиёсати хоричи, чори кардани маънкуни барои интиколи воситахо, инчунин тавакалияти дохилкунии моратория, асъори дар худуди муайян, напардохтани карзхо ( агар карздор муассисаи давлати бошад ).

Кафолат хангоми ичроиши як катор шартхо дода мешавад, аз чумла:

-Дархосткунанда бояд резиденти Шветсария бошад ва дар реестри ширкатхои Швейцари дохил шуда бошад.

-Хангоми гирифтани карзи миёна мухлат воридгар бояд пардохти авансиро дар хачми 15-20% пардозад.

-Мораторий низоми конуни мукарраршудаи пардохти фоиз ва карзхо мебошад. Аз руи коида мораторий хангоми карздор (аз он чумла давлат) муваккатан кобилияти пардохтро надорад, амали мегардад.

-Карзхои миёнамухлат бо якчанд пардохтхо дар мухлати 3-5сол, барои маблагхои калон мумкин аст дар мухлати зиёдтар пардохт мешавад.

Барои хар як созишномаи кутохмуддат хачми пушонидани кафолат бо ЭРГ муайян карда мешвад. Дар охири солхои 70-ум, ин хачм 85-90%-и маблаги созишномаро ташкил медод. Чамъкунии кафолати тез-тез тагьир меёбад. Дар хачми базави ба 0,5%, ки барои пушонидани 60%-а ба мухлати 6-мох истифода мешавад, барои хар як нимсолаи иловаги маблаги муайян илова мегардад. Гайр аз ин, чамъкунихои махсус барои сугуртакунии тавакаллияти иловаги гирифта мешавад.

Содиргар кушиш мекунад, ки пешаки ин гункуниро ба нарх дохил кунад. Даромад аз гункунии ЭРГ бо чунин тарзе нархгузори карда мешавад, ки ба воситаи он пардохтхо барои шартномахои алохида маблаггузори карда шаванд. Дар чунин холатхои лозима, давлат ба ЭРГ карз пешниход мекунад.

Системаи ба сугуртакунии карзхои содироти монанд дар дигар давлатхо низ вучуд дорад.

Карз ба харидор ва карзи молиявии (максаднок) алокаманд, хангоми пешниходи карз ба харидор таъминкунанда бояд худаш барои пешниходи карз воситаро пайдо кунад (худи ё чалбшуда). Вазъияте шуда метавонад, ки карз тамоман пешниход намешавдва дар натича шартномаи содироти баста намешавад. Аз ин ру содиргарон якчоя бо бонкхо, баъзан бо ёрии давлат имконияти халосшави аз маблаггузории амалиётхои худро мечуяд. Ин якбора самаранок истифодабарии сармоя ва кобилияти ракобатнокии содиргарро баланд мегардонад. Ба чунин шакли карзгири, ба харидор ва карзи молияви алокаманд буда дохил мешавад. хавфе, ки дар чунин шакли карзи ба вучуд меояд, дар давлатхои тараккиёфта аз тарафи институтхои махсус аз руи коида 100% сугурта карда мешаванд.

Пункти равонкунанда барои ба харидор пешниход кардани карз ва карзи молиявии алокаманд буда, хамчунин ба карзи таъминкунанда, хулосаи шартнома оиди молтаъминкуни ва хизматрасони дар хорича ба харидор мебошад. Хангоми карзи ба харидор пешниходшуда, бонкхо дар шартномахои чидди, концорциуми бонки, ки дар давлати содиргар вучуд дорад, ба харидор карзро барои пардохти молсупори дар доираи шартномаи аники хариду фуруш пешниход менамоянд.

Институтхои миллии сугуртакунии содиргар на хама вакт байни ин шаклхои карз худуд мегузоранд. Лекин сугуртакуни дар он холате амали мегардад, ки созишномаи тичорати ба шартхои мукарраршуда чавобгу бошанд. Агар содиргар ба воридгар шартномаро пешниход намояд, якбора у якчан шаклхои гуногуни маблаггузориро пешкаш мекунад. Таклифи фурушанда оиди ба харидор пешниход кардани карз ё карзи молиявии алокаманд тайёрии бонки уро барои амали гардонии карздихи нишон медихад. Аз нуктаи назари хукуки сухан оиди пешниходи ду шартнома меравад: шартномаи худи хариду, фуруш ва шартномаи мустакил оиди карздихи, ки байни бонки содиргар ва воридгар баста мешавад.

Пункти аввала барои карздихи шартнома оиди таъминкунии моли мебошад. Дар шартнома оиди карздихи маълумотхо оиди муносибатхои байни бозори фурушанда ва харидор мавчуд мебошад, ки пешниход ва пардохти карз инчунин пардохти фоизхоро дар бар мегирад. Бонки фурушанда мустакилона саволхоро оиди пешниходи карз ва шартхои шартномаи карздихиро хал мекунад. Шартнома метавонад ё бевосита ба харидор баста шавад (дар ин холат сухан оиди карз ба харидор меравад), ё ин ки бо шахси сеюм аз руи коида бо бонки харидор (карзи молияви алокаманд).

Агар шартнома ба маблаги хеле калон баста шавад, яъне хачми карз зиёд бошад, ба чоибонки гиранда одатан концорциуми бонки баромад мекунад. Инчунин вазъияте шуда метавонад, ки сугуртакунанда инчунин аъзои консорциум мебошад.

Масалан: дар Британияи Кабир ширкати ЭКГД (он харду шкли карзро «карз ба харидор меномад») хамавакт ба консорциум дохил мешавад, вакте ки бо фунт стерлинг аз руи таносуби курби устувори пешниход намегардад.

Андозаи карз, ки бо ризоияти бонки фурушанда бо харидор (ё бо бонки он) мукаррар шудааст, аз арзиши созишнома вобаста аст. Дар давраи хозира хангоми расонидани молхои инвестициони аз руи коида шартномахо баста мешаванд, ки пардохти авансро дар хачми 5%-и нархи фурухташуда хангоми бастани шартнома ва 10% хангоми амалигардидани молтаъминкуни пешбини шудааст 85%-и бокимонда бошад дар асоси карзи пардохта мешавад. Пеш аз оне, ки банк карзро дар хачми 85%-и нархи фурухташуда пешниход менамояд, одатан у тасдики пардохти 15%-и ба содиргардодашударо талаб менамояд. Кариб, ки дар тамоми мамлакатхо асъори карздихи ва асъори пардохтнамои мутобик мебошад. Агар содиргар ичро кардани шартномаи тичоратиро катъ гардонад, карзгиранда баргардонидани кисми карзи истифоданабурдашударо ухдадор нест. Инчунин бонк наметавонад, ки пеш аз мухлат баргардонидани карзро талаб намояд.

Аз сабабе, ки карз ба харидор аз руи шартномаи аник мутобикбуда пешниход мегардад, он факат барои пардохти молтаъминкунихои додашуда истифода бурда мешавад, вагарна ухдадории асосии карзгиранда вайрон карда мешавад. Фоизхоро аз карзи харидор ва алокамандбуда дар он холат ба кайд гирифта мешавад, ки агар субсидияи давлати барои пардохтхои фоизи таъмин карда шавад. Дар дигар холатхо, андозаи субсидия аз руи меъёрхои фоизии милли мукаррар мегарданд. Хангоми пешниходи карзхо ба харидор ва карзхои молиявии алокаманд хавасмандии фурушанда ва харидор гуногунанд. Содиргар барои харчи зудтар гирифтани маблаг баъд аз гузаштани зиннаи алохидаи шартнома хавасманд гардидашудааст ва бо харочотхои камтарин шартномаро амали гардонад. Харидор бошад, маблагро мехохад, ки харчи баъд аз тамомкунии зиннахои алохидаи сохтмон, тафтишитачхизот дар амалия пардохт намояд. Хамаи ин бояд дар шартномаи тичорати гуфта шуда бошад ва дар шартнома оиди карздихи дида баромада шуда наметавонад.

Хангоми пардохти молхо дар тачриба бо он ба итмом мерасад, ки воситахои карзи дар давлати фурушанда мемонанд харидор бошад, хангоми расидани мухлати пардохти талаботхои фурушанда ба онхо боз хукук пайдо кунад. Дар шартнома оиди карздихи, бонккарздиханда метавонад мустакилона пардохти хуччатхои пешниход кардаи содиргарро амали гардонад. Гарчанде, ки бонки фурушанда аз руи коида ба воситаи сугуртакунии карзхои содироти, пурра аз хавфи карзи эмин гардонида шудааст, боз хам кафолати зиёдро гирифтан мехохад.

Дар холати карзи харидор, бонки фурушанда одатан аз харидор талаб менамояд, ки бонки замонати ин шакли карзро пешниход намояд, ки имконияти гирифтани воситахоро аз бонки харидор дар холати ба таъхир андохтани пардохти карзгиранда медихад. Ин кафолати бонки харидор одатан дар шакли кафолати бонки ё ин ки ухдадории вексели дода мешавад. Дар холати карзи молиявии алокаманд, на ин ки кафолати бонки харидор, ки карзро мегирад ва аз номи харидор истифода мебарад, балки кафолати дигар бонк, ки гирифтани он нисбатан душвор мебошад, талаб менамояд. Мумкин аст, кафолат дар шакли ухдадории вексели, ки карздихандаро мачбур мекунад аз нав молиякунони намояд, пешниход гардад. Чунин амал дар давраи хозира амал мекунад, масалан аз руи карзхое, ки бонкхои итальяви ва франсави пешниход менамоянд. Яке аз воситахои асосии пастгардонии хавфи савдои хоричи барои компанияхо аккредетиви моли мебошад.

Аккредетиви моли дар худ ухдадории бонкро бо супориш ва аз хисоби мизоч дар муддати мухлати мукарраршуда додани маблаги гуфташударо ба гирандаи муайян бо асъори аникгардида бо шарти пешниходи хуччатхои лозима тачассум менамояд. Додани аккредетив метавонад бо додани вексел ба гирандагон алокаманд бошад.

Дар асоси аккредитив, молтаъминкунанда хукуки боварии калон доштанро дорад, ки харидор молхоро пардохт менамояд. Мувофики шартномаи савдои, харидор бояд маблаги муайянеро то расидани молхо ба бонки содиргар нишон дода интикол намояд. Баъд аз саривакт ва дуруст равона кардани молхо фурушанда метавонад воситахоро, ки дар шакли аккредетив аст, гирад. Тартиби амалигардонии шартномахои савдои хоричи бо истифодаи аккредетив дар расми 3 нишон дода шудааст.

Масалан, фирма — воридгари Сингапур бо фирмаи амрикоии содиргар созишнома оиди расонидани тачхизоти заруриро мебанданд. (1) Фирмаи Амрикои ухдадор аст ин молхоро дар вакти муайяншуда ба Сингапур бо рохи оби расонад. Дар шартнома оиди аккредитив чунин зикр гардидааст: » пардохти нархи фурухташуда ба 500 000 $ аз шакли кушода ба » Бэнк хаус А.Зелми» ба Амстердам аккредетиверо, ки бояд то …… истифода бурда шавад, счётфактура дар 3 нукта, хуруфчинии пурра (3/3)-и хуччати бахри ва полиси сугурта (интиколи) кушояд. Натичаи дохилнамоии кайдкуни оиди аккредетив дар шартномаи тичорати воридгар ухдадор аст дар мухлати мукарраршуда барои амалигардонии пардохтхои аккредетив ба маблаги кайдшударо дар бонки худаш кушояд. Аккредетив бояд бо номи содиргар бо гирифтани институти карзии нишондодашуда кушода шавад (2). Хангоми додани шартнома барои кушодани аккредетив воридгар аввал бояд уро бо воситахои пули таъмин намояд, барои ин максади карз. Мумкин аст чалбшавии воситахо ба воситаи авизои бонки содиргар, ки дар навбати худ ин хабарро ба содиргар мерасонад (4) охирин, ки акнун ба пардохти мол аз тарафи харидор бовари дорад, метавонад молхоро равона созад. (5) Чобачогузори метавонад вакти зиёдро гирад, ки воситахои гардони содиргарро махдуд месозад. Аккредетиви моли на танхо кафолати пардохти молро медихад, балки ба содиргар имконияти тезтар гирифтани пардохтро ба воситаи он медихад. Баъдан, содиргар хуччатхои бор карда фиристодашударо, ки аз боркашон бо даст овардааст, ба бонки худ медихад. (6) Бонк тафтишоти хуччатхои худро мегузаронад. Хуччатхои фиристодашуда стандарти байналхалки дорад ва барои дурустии бакайдгирии онхо талаботхои зиёд пешниход мегардад. Баъд аз тафтиши хуччатхо ва мукарраркунии ба шартхои аккредетив мутобик будан дар мухлати муайян гардида бонк ба содиргар маблаги мукаррашударо дар шакли пули накд ё кушодани суратхисоб медихад. Ин тартибот дар ду шакл амали гардида метавонад: содиргар яку якбора баъди тафтиши хуччатхо бо хисоббаробаркунии охирин ба воситаи бонки воридгар маблагашро мегирад ё ин ки баъд аз ба даст овардани хуччатхои бонки воридгар. Ба ин восита, содиргар пеш аз оне, ки мол ба чои гуфташуда расидан имконияти гирифтани пулро дорад. Дар зиннаи оянда (8) ба воситаи бонки содиргар ба бонки воридгар хуччатхоро аз руи коида ба воситаи почтаи хавои равона мекунад. Бо ризоияти ду тарафаи байни бонкхо, бонки воридгар дар хамон лахза ба суратхисоб маблаги бонки содиргар равона кардаро ба аккредетив интикол менамояд (9). Баъди санчиши хуччатхо, бонки воридгар мизочро оиди натичаи он хабардор менамояд (10). Як бора бонк карорро оиди аккредетив кабул менамояд, ки дар аввали шартнома кушода шуда буд (11). Вакте, ки мол ба чои муайян шуда расонида мешавад, у ба харидор дода мешавад. Одатан баъди ин шартномаи тичорати ба ичро расида ба хисоб меравад. Дар аризаи барои кушодани аккредетив бояд чунин маълумотхо дода шуда бошад:

— номгузори ва нишонаи содиргар ва бонки у;

— ба руйхатгири оиди он, ки аккредетив бозхонд ва ё бебозхонд мебошад.

-Маблаги аккредетив: — шакли хуччатхои фиристодашуда, ки барои онхо бояд пардохт амали гардад:

— шартхои мол:

-мухлати максималии таъминкуни.

Мутобик бо талаботи ягона ба аккредетиви моли, ки аз тарафи палатаи тичоратии байналхалки кабул карда шудааст, ду шакли асосии аккредетив вучуд дорад:

— бозхонд ва ё бебозхонд. Шакли аккредетив дар шартномаи тичорати муайян мегардад. Аккредетиви бозхонд бисер кам истифода бурда мешавад. Чунин аккредетив ягон хел ухдадорихои хукукиро байни бонки аккредетивро кушода ва бенифициарро ба амал намеорад. Бекор кардани он хатто беогохи намудани бенефициар ичозат дода мешавад. Аккредетиви бозхонд кафолати бенихоят хурдро ба содиргар медихад, аз ин ру содиргар кушиши менамояд, ки аз истифодаи ин шакли аккредетив худдори намояд. Бисертар аккредетиви бебозхонд истифода бурда мешавад. У дар сатхи баланд ба мохияти аккредетив мутобик мебошад. Аккредетиви бебозхонд ухдадории устувори бонки аккредетивиро нисбат бенифициар мебошад. Бебозхондии аккредетив бояд дар ариза, ки барои кушодани он пешниход мегардад, нишон дода шавад, вагарна у яку якбора ба таври автоматики бозхонд ба хисоб меравад. Дар матни аккредетив мухлати амалигардии он бояд нишон дода шавад.

Азбаски дар холати аккредетиви бебозхонд пардохт ба содиргар метавонад ба воиситаи бонки у бегуфтугу хангоми пешниходи хуччатхо ё аз руи шартнома танхо баъд аз оне, ки бонки воридгар ба даст меорад амали гардад, лекин баъзе хавфхо ба вучуд меоянд.

Масалан, метавонад чунин холат шавад, ки бонки воридгар ба кайдгирии нодурусти хуччатхоро муйян созад (дар зиннаи 8) ва дар натича аз пардохт даст кашад (9). Метавонад чунин холат шавад, ки аз руи дигаргунихои сиёси дар мамлакати воридгар охирин намехохад ё ин ки наметавонад пардохтро амали гардонад, ё пардохти онро муввакатан боз медорад. Инчунин холати гумшавии хуччатхо хангоми равона кардани онхо (8) ва муфлисгардии бонки воридгар ба назар гирифта мешавад. Барои сугуртакуни дар холатхои фавкулода дар тачрибаи тичорати хоричии саноатии давлатхои таракки карда имконияти интихоби аккредетиви тасдикгардида вучуд дорад.

Аккредетиви тасдикгардидаи бебозхонд содиргарро бо холати пардохти бебозхонд аз тарафи бонки у таъмин менамояд, чунки бонк ба воситаи ин тасдикнома дар хамаи холатхо хангоми пешниходи хуччатхо тайёрии пардохти маблагро баён мекунад. Агар хуччатхо дуруст бошад, пардохт дар хамаи лахза амали мегардад, Хангми муайян гардидани воридгар ё бонки у наметавонад ё намехохад маблагро пардохт намояд.

Хавфи чунин напардохтан, бо чунин бонки содиргар мегузарад. Барои содирдар аккредетиви муккараргардидаи бебозхонд кафолати пардохти пурра мебошад ( агар муфлисшавии ногахонии бонки содиргарро ба назар нагирем). Лекин хар кадаре кафолат эътиборнок бошад, хамон кадар нархаш баландтар мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *