Фанни Микро ва макро иқтисод

Хароҷоти давлатӣ дар давраи миёнамӯҳлат

Сиёсати истифодабарии маблағҳои буҷетӣ дар давраи миёнамӯҳлат

Сиёсати хароҷоти Буҷети давлатӣ дар давраи миёнамӯхлат вобаста ба афзалиятҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайянгардида, аз ҷумла дар Сратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018, Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян намуда, амалӣ мегарданд.

Хароҷоти Буҷети давлатӣ бо мақсади таъминоти талаботҳои аввалиндараҷаи соҳаҳои буҷетӣ бо дарназардошти афзалиятҳои миёнамӯҳлати онҳо бо барзиёдии хароҷот нисбати даромад ба роҳ монда шудаанд.

Нишондиҳандаҳои хароҷотии Буҷети давлати барои давраи миёнамӯҳлат дар ҷадвали зерин оварда шудаанд:

Дар соли 2010 ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ 6781,5 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2009 дар ҳаҷми 20 фоиз зиёд гардида, ба 27,7 фоизи ММД баробар гардидааст.

Дар солҳои 2011 — 2013 ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ афзоиш

ёфта, андозаи миёнасолонаи он 16,0 фоизро ташкил медиҳад.

Хароҷоти умумии Буҷети давлатӣ дар соли 2011 дар ҳаҷми 8025,0 млн. сомонӣ бо афзоиши номиналии 18,0 фоиз нисбати соли 2010 дар назар дошта шудааст, ки он ба 26,6 фоизи ММД баробар мебошад.

Ин нишондианда дар соли 2012 дар ҳаҷми 9536,0 млн. сомонӣ ва дар соли 2013 бошад, 10624,0 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 ба андозаи 11,0 фоиз афзоиш ёфтааст.

Хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2010 аз ҳисоби Барномаи инвеститсияҳои давлатӣ дар ҳаҷми 1141,3 млн. сомонӣ бо афзоиши номиналии 45,5 фоиз нисбат ба соли 2009 дар назар дошта шудааст, ки он ба 4,9 фоизи ММД баробар мебошад. Ин нишондиҳанда дар солҳои 2011-2013 мутаносибан ба 1094,3 млн. сомонӣ, 1299,6 млн. сомонӣ ва 779,2 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Дар баробари ин, аз рӯи нишондиҳандаҳои хароҷотӣ барои таъмин намудани саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар асоси лоиҳаҳое, ки ба Барномаи инвеститсияҳои давлатӣ ворид шудаанд, таҳия гардидааст.

Дар давоми солҳои 2011-2013 аз рӯи маълумотҳои фаврӣ татбиқи 81 лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ, аз ҷумла дар соли 2011 татбиқи 48 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ дар назар дошта шудааст. Барои соли 2011 ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ба андозаи 85,6 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбати буҷети тасдиқшудаи соли 2010-ум 10,2 млн. сомонӣ ё ин ки 13,5 фоиз зиёд мебошад.

Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ барои ислоҳот ва барқарорсозии иқтисодиёти миллӣ пешбинӣ шудаанд.

§2. Манбаъҳои маблағгузорӣ ва самтҳои истифодабарии онҳо.

Маблағгузории саҳми ҳукуматӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ дар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ аз рӯи соҳаҳо дар соли 2011 ба таври зайл мебошад:

  • Хоҷагии қишлоқ
  • 16,9 млн. сомонӣ (19,7 %);
  • 44,3 млн. сомонӣ (51,9 %);
  • 4,9 млн. сомонӣ (5,7 %);
  • 1,5 млн. сомонӣ (1,8 %);
  • 0,5 млн. сомонӣ (0,6 %);
  • 1,8 млн. сомонӣ (2,1 %);
  • 0,7 млн. сомонӣ (0,8 %);

15,0 млн. сомонӣ (17,5 %); ■ 85,6 млн. сомонӣ (100 %)

  • Нақлиёт
  • Маориф
  • Тандурустӣ
  • Сектори ҳокимият ва идораи давлатӣ
  • Хоҷагии манзилию коммуналӣ
  • Сектори иҷтимоӣ
  • Захира барои татбиқи лоиҳаҳое, ки дар марҳилаи гуфтушунид мебошанд

Ҳамагӣ:

Маблағгузории лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ дар соли 2011 аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо ба андозаи 1094 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла аз ҳисоби:

  • қарз — 804,7 млн. сомонӣ ё 58,8 фоиз;
  • грантҳо — 446,6 млн. сомонӣ ё 32,6 фоиз;
  • ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ — 85,6 млн. сомонӣ ё 6,3 фоиз;

  • дигар сарчашмаҳои дохилӣ — 2,2 млн. сомонӣ ё 2,3 фоиз.

§3. Хароҷоти Буҷети давлатӣ барои хизматрасонии қарзи давлатӣ ва ғ. Хароҷоти Буҷети давлатӣ аз ҳисоби қарзи давлатӣ дар соли 2010 дар ҳаҷми 301,3 млн.сомонӣ ё 1,2 фоизи ММД, соли 2011 дар ҳаҷми 274,6 млн. сомонӣ ва ё 0,9 фоизи ММД, дар соли 2012 ва 2013 бошад мувофиқан, бо нишондиҳандаҳои муваққатӣ дар ҳаҷми 242,2 млн. сомонӣ ва 38,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидаанд.

Бо дарназардошти ба итмомрасии қарзи давлатӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой, хароҷоти Буҷети давлатӣ аз ҳисоби қарзи давлатӣ нисбатан кам гардидаанд.

Хароҷоти Буҷети давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ дар соли 2010 дар ҳаҷми 283,6 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки он ба 4,1 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ баробар мебошад. Ин нишондиҳанда дар солҳои минбаъда афзоиш ёфта, дар соли 2011 ба маблағи 370,1 млн.сомонӣ, соли 2012 ба маблағи 501,2 млн. сомонӣ ва дар соли 2013 бошад, дар ҳаҷми 644,2 млн. сомонӣ ё 29,0 фоиз зиёд нисбат ба соли 2012 дар назар дошта шудааст, ки он ба 6,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ баробар мегардад.

Хароҷоти ҷории Буҷети давлатӣ дар соли 2010 — ум 5055,1 млн. сомонӣ ё

  1. фоизи ММД тасдиқ гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар солҳои минбаъда, афзоиш ёфта, дар соли 2011 ба маблағи 6286,1 млн. сомонӣ, дар соли 2012 ба маблағи 7492,8 млн. сомонӣ ва дар соли 2013 бошад, ба маблағи
  2. млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки афзоиши миёнасолонаи он дар се соли охир 21,6 фоизро ташкил медиҳад. Вазни қиёсии хароҷоти ҷории Буҷети давлатӣ дар соли 2010 ба 20,6 фоиз, соли 2011 ба 20,8 фоиз, соли 2012 ба 20,4 фоиз ва соли 2013 бошад, ба 20,5 фоизи ҳаҷми ММД дар назар дошта шудааст.

Фонди музди меҳнат дар соли 2010 дар ҳаҷми 1143,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки он ба 22,6 фоизи хароҷоти ҷории Буҷети давлатӣ ё ба 4,7 фоизи ММД баробар мебошад.

Ин нишондиҳанда дар солҳои минбаъда афзоиш ёфта, дар соли 2011 ба

  1. млн. сомонӣ ё 5,1 фози ММД, соли 2012 ба 1954,0 млн.сомонӣ ё ба 5,3 фоизи ММД ва дар соли 2013 бошад ба 2455,0 млн. сомонӣ ё 5,5 фоизи ММД баробар мегардад. Бояд қайд намуд, ки афзоиши миёнасолонаи фонди музди меҳнат дар солхои 2011-2013 ба 29,3 фоиз дар назар дошта шудааст.

23

Зиёдшавии музди меҳнат асосан дар ҳамаи соҳаҳо дар назар дошта шудааст, ки он бо мақсади нигоҳ доштани андозаи музди меҳнат дар доираи меъёри таваррум ва девалватсияи қурби сомонӣ равона карда мешавад.

Дар доираи фонди музди меҳнати муайянгардида, афзалиятҳои тамоми муассисаҳои буҷетӣ баназар гирифта шуда, ислоҳоти музди меҳнат дар ҷумҳурӣ идома дода мешавад.

Ҷиҳати амалӣ намудани ислоҳоти системаи музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ Ҷадвали ягонаи тарифӣ — коэфитсиентҳои тарифӣ, пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ аз 1 — уми октябри соли 2010 дар асоси таҷрибавӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

Маблағҳои асосии муттамаркази давлатӣ дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар солҳои 2011-2013 мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоии иқтисодии кишвар, Барномаи инвеститсияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010-2012 ва дигар Барномаҳои соҳавию минтақавӣ муайян карда шудааст.

Дар соли 2010 ба маблағи 1260,7 млн. сомонӣ ва дар соли 2011 дар хаҷми 1480,0 млн. сомонӣ хароҷоти асосии муттамаркази Буҷети давлатӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2010 бо ҳисоби номиналӣ 17 фоиз афзоиш ёфта, дар соли 2013 дар ҳаҷми 2015,2 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Асосан маблағҳои муттамарказ дар давраи маёнамӯхлат барои сохтмони иншооти соҳаи энергетикӣ ба ҳисоби миёна 63%, соҳаҳои иҷтимоӣ 20%, хоҷагию манзилию коммуналӣ — 14% аз ҳаҷми умуми харочоти асосии маблағҳои муттамарказ равона карда мешаванд.

Маблағгузориҳои асосии муттамарказ ба сохтмонҳое равона карда мешаванд, ки барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти муҳиму стратегӣ доранд. Аз ҷумла дар навбати аввал — сохтмони НБО-и Роғун дар соли 2011 — 850 млн. сомонӣ, 2012 — 1100 млн. сомонӣ ва 2013 — 1200 млн. сомонӣ равона карда мешавад. Хароҷоти мазкур имконият медиҳад, ки ба кор даровардани ду агрегати аввали НБО-Роғун амалӣ гардад. Дар доираи хароҷоти мазкур барои сохтмони иншооти минтақаи зериобшавандаи НБО — и Роғун (мактабҳо, хонаи истиқоматӣ ва дигар иншооти муассисаи ичтимоӣ). Дар баробари ин барои сохтмони НБО-и Шӯроб, корхои ҷӯстуҷӯии конҳои ангишт, сохтмони хатти оби шаҳри Хуҷанд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе- Қулма маблағҳои зарурӣ пешбинӣ карда шудаанд.

Ҳамчунин сохтмони иншооти соҳаи ичтимоӣ ва фарҳангӣ ба монанди сохтмон, азнавсозии мактабҳо дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015», гимназия — интернат барои ятимон, гимназия-интернат барои кӯдакони лаёкатманд, биноҳои иловагии таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, хона-интернати касалиҳои рӯҳӣ барои калонсолон, Китобхонаи миллӣ ва барои сохтмони дигар иншооти аҳамияти муҳим дошта, маблағҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд.

Ҳамчунин дар давраи миёнамӯҳлат барои дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани қарзҳои дохилию берунӣ ва хизматрасонӣ аз рӯи онҳо пешбинӣ намудани маблағҳои зарурӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла оид ба пардохт намудани фоизҳо аз рӯи векселҳои давлатии хазинадорӣ бо бонкҳои тиҷоратӣ ҷиҳати ҷуброни қарзҳои баровардашудаи соҳаи пахтакорӣ додашуда ва рекапитализатсияи Бонки миллӣ дар соли 2011 — 90,4 млн. сомонӣ дар соли 2012 — 103,7 млн. сомонӣ ва дар соли 2013 бошад, 120,4 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин дар солҳои оянда барои Буҷети давлатӣ ӯҳдадории иловагӣ буда, ба тағйирёбии сохтори хароҷоти он таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Дар баробари ин дар солҳои 2011 — 2013 бо максади таъмини хизматрасонҳои қарзи беруна, фонди стабилизатсионӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ дар солҳои 2011-2013 мувофиқан ҳамасола дар ҳаҷми 110,0 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Таъсиси ин фонд пеш аз ҳама бо мақсади кам кардани қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани ҳадафҳои асосии Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ дар ҷумхурӣ мебошад.

§4. Касри буҷет ва манбаъҳои маблағгузории он дар давраи миёнамӯҳлат.

Касри буҷет дар давраи миёнамӯҳлат вобаста ба талаботҳои воқеии соҳаҳои иқтисодиёт таҳия гардида, барои таъмин намудани талаботҳои аввалиндараҷа равона гардидааст.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки дар соли 2011 касри Буҷети давлатӣ ба андозаи 1,0 фоизи ММД ва дар солҳои 2012 — 2013 бошад, дар ҳаҷми 0,5 фоиз нисбати ММД дар назар дошта шудааст.

Дар ин давра маблағгузории касри Буҷети давлатӣ аз ҳисоби фонди зиддибӯҳронии Авруосиё, барориши векселҳои давлатии хазинадорӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва фонди захиравии тиллоии давлатӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ин давра таҳияи ҳадди ниҳоии хароҷоти соҳавии Буҷети давлатӣ барои солҳои 2011 — 2013 тибқи талаботҳои Дастурамал оид ба таҳия намудани «Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ барои солҳои 2011 — 2013 ва лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2011» ба роҳ монда шуда, бо дарназардошти пешниҳодҳои вазоратҳои асосии соҳавӣ таҳия гардидаанд.

Дар ин давра тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009 №133 — ф ва қарори Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар соҳаҳои «Маориф», «Тандурустӣ», «Ҳифзи иҷтимоӣ», «Кишоварзӣ», «Энергетика», «Нақлиёт ва коммуникатсия», «Заминсозӣ», «Хоҷагии об», ва «Фарҳанг» муайян гардидааст.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *