Фанни Микро ва макро иқтисод

Низоми молиявӣ ва сиёсати молиявии ҷомеа

11.1. Низоми молиявӣ ва таркиби он.

11.2. Буҷаи давлатӣ – ҷузъи асосии низоми молия. Касри буҷа.

10.3. Қарзи давлатӣ: шаклҳо ва оқибатҳои он.

11.4. Мафҳуми андоз, низоми андозситонӣ ва унсурҳои он. Каҷхатаи Лаффер.

11.5. Сиёсати фискалии давлат.

11.1. Низоми молиявӣ ва таркиби он

Молия яке аз унсурҳои асосии механизми хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад. Мафҳуми «молия» аз калимаи лотинии «finansia» гирифта шуда маънояш даромад ё ин ки пардохт мебошад.

Молия гуфта муносибатҳои иқтисодиеро меноманд, ки ба ташкил, тақсим ва истифодаи фондҳои маблағҳои пулӣ вобаста мебошад.

Молия ва умуман низоми молиявӣ, дар натиҷаи пайдоиши давлат ва инкишофи муносибатҳои молию пулӣ ба вуҷуд омадааст.

Низоми молиявӣ — ин маҷмӯи муносибатҳо ва институтҳои молиявиро меноманд.

Муносибатҳои молиявӣ гуфта низоми муносибатҳоро оид ба тақсимоти маҳсулоти ҷамъиятӣ, тавассути ташкил, тақсим ва истифодаи фондҳои маблағҳои пулӣ меноманд.

Объектҳои асосии муносибатҳои молиявӣ ин пардохтҳо ба буҷа, андозҳо, ҷаримаҳо, ёрдампулиҳо, пасандозҳо ва дигар мафҳумҳои молиявӣ ба ҳисоб мераванд.

Субъекти муносибатҳои молиявӣ инҳо мебошанд: давлат, фирмаҳо, ташкилотҳою иттиҳодияҳои гуногун ва аҳолӣ.

Муносибатҳои молиявӣ дар байни давлат ва корхонаҳо, ташкилотҳо, фирмаҳо; байни худи фирмаю ташкилотҳо; дар байни аҳолию давлат ва дар байни давлатҳо ба вуҷуд меоянд.

Моҳияти иқтисодии молия дар иҷрои вазифаҳои он ифода меёбад. Вазифаҳои асосии молия инҳо мебошанд:

  1. Вазифаи ҷамъоварии захираҳои пулӣ, ки дар ҷамъоварии маблағҳои пулӣ ва ташкили заминаи моддии ҳастии давлат ифода меёбад.
  2. Вазифаи танзимкунӣ, ки мақсади он ҳавасмандкунии субъектҳои иқтисодӣ мебошад. Тавассути ин вазифаи молия, сиёсати зидди беқурбшавии пул ва сиёсати сохтори давлатӣ сурат мегиранд.
  3. Вазифаи тақсимотӣ, ки дар тақсимоти даромади миллӣ ва ташкили захираҳои пулӣ ба воситаи буҷа, ифода меёбад.
  4. Вазифаи назоратӣ, ки назоратро аз болои фаъолияти корхонаю ташкилот ва иттиҳодияҳою фирмаҳо ифода мекунад.

Дар шароити муосир низоми молиявӣ аз се зина иборат аст:

1. Молияи марказонидашуда (давлатӣ), ки қисмати асосии молияро дар бар мегирад. Ба ин шакли молия дохил мешаванд: суғуртаи давлатӣ, қарзи давлатӣ ва буҷаи давлатӣ.

2. Молияи марказониданашуда (хусусӣ), ки ба он фонди маблағҳои пулие дохил мешавад, ки дар ихтиёри фирмаю ташкилотҳо ва иттиҳодияҳо мебошанд.

3. Молияи аҳолӣ, ки аз қисмати даромадҳо ва қисмати хароҷотҳои буҷаҳои аҳолӣ иборат аст.

Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ташкили низоми молиявӣ аз принсипҳои марказонии демократӣ ва федерализми фискалӣ истифода мекунанд. Принсипи марказонии демократӣ ба низоми маъмурӣ-ҳукумфармоӣ хос буда, тақозо мекунад, ки муассисаҳои молиявии поёнӣ бояд дар асоси нишондиҳандаҳои муассисаҳои молиявии марказӣ амал кунанд. Принсипи федерализми фискалӣ асосан ба мамлакатҳои муттарақӣ хос мебошад. Мувофиқи ин принсип буҷаҳои маҳаллӣ ба буҷаи давлатӣ даромаду хароҷоти худро мувофиқ намекунанд. Буҷаҳои маҳаллӣ чорабиниҳоро оид ба муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар чорабиниҳоро маблағгузорӣ менамоянд.

11.2. Буҷаи давлатӣ – ҷузъи асосии низоми молия. Касри буҷа

Буҷаи давлатӣ яке аз қисматҳои асосии молияи давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар зери мафҳуми буҷаи давлатӣ номгӯи даромаҳо ва хароҷотҳои давлатӣ фаҳмида мешавад, ки тавассути он тақсим ва азнавтақсимкунии даромади миллӣ байни воҳидҳои маъмурӣ ва асосҳои иқтисодиёт фаҳмида мешавад.

Буҷаи давлатӣ гуфта нақшаи молиявии давлатиро меноманд, ки даромад ва хароҷотҳои дарназардошташудаи давлатро инъикос мекунад.

Ба воситаи буҷаи давлатӣ қариб 60%-и тақсимоти даромади миллӣ сурат мегирад. Моҳияти иқтисодии буҷаи давлатӣ дар иҷрои вазифаҳои зерин ифода меёбад:

  1. Вазифаи аз нав тақсим намудани даромади миллӣ;
  2. Вазифаи ба эътидол овардани истеҳсолоти ҷамъиятӣ;
  3. Вазифаи амалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣ.

Буҷаи давлатӣ аз ду қисм иборат аст: қисми даромадҳо ва қисми хароҷотҳо.

Ба даромадҳои буҷаи давлатӣ, тамоми андозҳо (андоз аз замин, андоз аз даромад, андоз аз фурӯш ва ғайраҳо), даромад аз фаъолияти берунӣ-иқтисодӣ, пардохтҳои гуногун, ҷаримаҳо, маблағҳои фондҳои қарзӣ ва дигар сарчашмаҳои даромад дохил мешаванд. Дар маҷмӯъ даромадҳои буҷаи давлатиро ба даромадҳои доимӣ ё бебозгашт (андозҳо) ва даромадҳои муваққатӣ (маблағҳои қоғазҳои қимматноки давлатӣ ва қарзҳо) ҷудо мекунанд.

Ба хароҷотҳои буҷаи давлатӣ, хароҷотҳо оид ба барномаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, хароҷотҳо оид ба мудофиа, идоракунӣ, кӯмак ба дигар давлатҳо ва дигар намуди хароҷотҳои давлатӣ дохил мешаванд.

Хароҷотҳои буҷаи давлатиро вобаста ба самти истифодабариашон ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд:

1) хариди давлатӣ, яъне хароҷотҳо оид ба харидани молу хмзматҳо аз сектори хусусӣ;

2) пардохтҳои трансфертӣ, яъне пардохтҳои давлатӣ дар соҳаи иҷтимоӣ (ҷубронпулӣ, нафақа, идрор ва ғайра).

Дар ҶТ буҷаи давлатӣ дар асоси принсипи марказонии демократӣ ташкил шуда ва аз буҷаи ҷумҳуриявию буҷаҳои маҳаллӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, шӯрои қишлоқ) таркиб ёфтааст.

Мувофиқи қоида ва таълимоти назарияи иқтисодӣ суммаи маблағҳои даромади буҷа бояд ба суммаи хароҷотҳои он баробар бошад, аммо дар амалия на ҳама вақт чунин ҳолат рух медиҳад. Агар хароҷотҳои буҷа аз даромади он зиёд шаванд, пас дар ин ҳолат касри буҷа ба вуҷуд меояд.

Касри буҷа гуфта маблағеро меноманд, ки зиёдшавии хароҷотҳои буҷаро аз даромадаш ифода мекунад.

Сабабҳои асосии касри буҷа инҳо мебошанд:

  • Кам шудани даромадҳо дар сурати авҷ гирифтани бӯҳрони иқтисодӣ ва суст шудани сурати афзоиши даромади миллӣ;
  • Камшавии андозҳои бевосита;
  • Зиёд шудани хароҷотҳои буҷа;
  • Бесамар будани сиёсати иқтисодӣ.

Касри буҷа тавассути усулҳои зерин пӯшонида мешавад:

  • Интишори қоғазҳои қимматноки давлатӣ (облигатсияҳо, вомбаргҳо, сертификатҳо);
  • Мустаҳкам намудани низоми андозситонӣ;
  • Интишори пул, ки онро «сеньораж» низ меноманд;
  • Депозитҳои давлат дар Бонки марказӣ.

Бояд қайд намуд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои кам кардани касри буҷа аз чораҳои зерин низ истифода менамоянд:

  • зиёд намудани қарздиҳӣ нисбат ба молиякунӣ;
  • кам намудани кӯмакпулӣ (дотатсия) ба корхонаҳои зараровар;
  • кам кардани хароҷотҳо оид ба идоракунии давлат;
  • тағир додани низоми андозситонӣ;
  • баланд бардоштани мавқеи буҷаи маҳаллӣ.

11.3. Қарзи давлатӣ: шаклҳо ва оқибатҳои он

Касри буҷа асосан тавассути интишори пулҳои нақд ва қарзи давлатӣ пӯшонида мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат дар ҳолати афзоиши қарзӣ давлатӣ буҷаи бекаср аз иқтисоди солим шаҳодат намедиҳад.

Қарзи давлатӣ гуфта қарзҳои давлатро дар назди шаҳрвандони дохилӣ ё шаҳрвандони хориҷӣ меноманд.

Қарзи давлатиро маҷмӯи касрҳои буҷаи ҷамъшуда низ меноманд. Асосан ду шакли қарзи давлатиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: қарзи дохилӣ ва қарзи берунӣ.

Қарзи дохилӣ – ин қарзи двлатро дар назди шаҳрвандонаш ифода мекунад. Ин намуди қарз асосан аз вомбаргҳо ва амонатҳои аҳолӣ иборат мебошад.

Қарзи берунӣ – ин қарзи давлатро дар назди шаҳрвандон ё ташкилотҳои хориҷӣ ифода менамояд.

Дар баробари бекорӣ, беқурбшавии пул ва касри буҷа қарзи давлатӣ низ ба тараққиёти иқтисодии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Оқибатҳои иқтсодии афзоиши қарзи давлатӣ инҳо мебошанд:

  • зарурияти пушонидани қарзи давлатӣ боиси кам шудани истеъмолоти аҳолӣ мегардад;
  • қарзи давлати боиси ба хориҷи кишвар рафтани як қисми қоғазҳои қимматнок мегардад;
  • пӯшонидани қарзи давлатӣ имкониятҳои истеҳсолии наслҳои ояндаро маҳдуд мекунад;
  • афзоиши қарзи давлатӣ баланд намудани дараҷаи андозҳоро тақозо менамояд, ки дар натиҷаи он фаъолияти соҳибкорӣ суст мешавад;
  • афзоиши қарзи давлатӣ боиси пайдоиши фишори психологӣ мегардад, ки дар натиҷаи он боварӣ ба ояндаи фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳукумат кам шуда дар маҷмӯъ катаклизми иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд.

Давлат бо усулҳои гуногун метавонад, қарзи давлатиро пӯшонад, аммо ҳар як амали давлат барои пӯшонидани қарз масъалаҳои навро ба миён меорад. Аз ҳамин ҷиҳат дар иқтисодиёт нисбат ба касри буҷа, ҳалли масъалаи қарзи давлатӣ мушкилтар аст. Роҳҳои асосии пӯшонидани қарзи давлатӣ инҳо мебошанд:

  • баланд кардани меъёри андозҳо, аммо ин гуна сиёсат ба пастшавии даромади соҳибкорӣ оварда мерасонад;
  • интишори пулҳои нақд, аммо ингуна сиёсат ба беқурбшавии пул сабаб шуда метавонад;
  • пардохти қарз бо металлҳои қимматбаҳо, қоғазҳои қимматнок, арзи қобили табдил, ки аз тарафи дигар ба камшавии боигарии миллӣ ва вайроншавии бозори молиявӣ оварда мерасонад;
  • азнавмолиякунонӣ (рефинансирование), яъне вомбаргҳои нав барои баробар кардани ҳисоб бо соҳибони вомбаргҳои пештар интишоршуда. Ин гунна сиёсатро «самараи фишор» низ меноманд ва он боиси афзоиши меъёри фоизи қарз ва камшавии маблағгузорӣ мегардад;
  • иваз намудани шартҳои пардохтҳои вомбаргҳо, ки онро сиёсати конверсионӣ низ меноманд;

тағир додани мӯҳлати пардохти вомбаргҳо, ки онро сиёсати консолидатсионӣ низ меноманд

11.4. Мафҳуми андоз, низоми андозситонӣ ва унсурҳои он. Каҷхатаи Лаффер

Андоз яке аз сарчашмаи асосии даромади буҷаи давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар давлатҳои мутараққӣ то 90% ва дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ то 77%-и даромади буҷаи давлатро андозҳо ташкил медиҳанд.

Андоз — пардохти ҳатмиест, ки давлат аз шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон меситонад. Аз ҳамин ҷиҳат андозҳо «ҳиссаи шаҳрвандонро» барои нигоҳдории давлат инъикос мекунанд.

Андозситонӣ гуфта тарзи танзими даромадҳо ва сарчашмаҳои пуррашавии маблағҳои давлатиро меноманд.

Назарияи иқтисодӣ принсипҳои гуногуни андозситониро пайваста ҷустуҷӯ менамояд. Аз ҳамин ҷиҳат ҳоло дар назарияи иқтисодӣ ду консепсияи андозситониро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Консепсияи якум дар он асос меёбад, ки андоз бояд ба фоидае, ки андозсупоранда аз хизматрасонии давлат мегирад, бояд баробар бошад (ин гунна ақидаро бори аввал асосгузори мактаби классикӣ Адам Смит пешниҳод намудааст).

Консепсияи дуюм пешниҳод мекунад, ки андоз бояд ба даромад вобаста бошад.

Низоми андозситонии муосир дар асоси як қатор принсипҳо ташкил карда мешавад. Аз ҷумла:

  1. Принсипи мӯътадилӣ, яъне шаклҳо ва меъёри андозҳо бояд устувор бошанд;
  2. Принсипи ҳатмӣ будани андозситонӣ, яъне тамоми субъектҳои андозсупоранда бояд андозро супоранд ва дар ҳисоб кардани ҳаҷми он мустақил бошанд;
  3. Принсипи умумият, яъне андозситонӣ ҳамаи субъектҳои хоҷагидориеро, ки даромад мегиранд бояд фаро гирад.

Низоми андозситонӣ гуфта маҷмӯи усулҳои идоракунӣ ва меъёрҳои ташкилию ҳуқуқии андозситониро меноманд.

Низоми андозситонӣ аз унсурҳои зерин таркиб ёфтааст:

  1. Субъекти андоз – шахсе, ки бар дӯши он супоридани андоз вогузор карда шудааст (шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон).
  2. Объекти андоз – даромад ё амволе, ки аз он андоз ситонида мешавад (музди кор, фоида, замин ва ғайра).
  3. Сарчашмаи андоз – даромаде, ки аз он андоз ситонида мешавад.
  4. Меъёри андоз – бузургии андоз ба як воҳиди объекти андоз. Масалан: андоз аз як гектар замин.
  5. Имтиёзҳои андоз – ин кам кардани меъёри андоз ё ин, ки озод намудани субъектҳои алоҳида аз супоридани андоз.

Мисли дигар мафҳумҳои иқтисодӣ моҳияти асосии андоз дар иҷрои вазифаҳои он инъикос меёбад. Андоз вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  1. Вазифаи фискалӣ, ки ба воситаи он маблағҳои пулии давлат ташкил карда мешаванд ва барои дахолат ба иқтисод замина фароҳам меояд.
  2. Вазифаи иқтисодӣ, ки тавассути он азнавтақсимкунии маблағҳои пулӣ сурат мегирад. Масалан, кам кардани меъёри андоз ба фоидаи фирмаҳо, боиси зиёд шудани маблағгузорӣ мегардад.
  3. Вазифаи иҷтимоӣ, ки тавассути он мувозинати иҷтимоии ҷамъият таъмин карда мешавад, яъне нобаробарӣ дар байни даромади гурӯҳҳои иҷтимоӣ бартараф карда мешавад.

Андозҳоро вобаста ба муносибаташон ба даромад, вобаста ба механизми ташкилшавӣ ва вобаста ба самти воридшавиашон таснифбандӣ менамоянд.

Вобаста ба муносибати андозҳо ба даромад шаклҳои зерини андозҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

  1. Андозҳои афзуншаванда (прогрессивӣ), яъне андозҳое, ки бо зиёдшавии ҳаҷми даромад меъёри онҳо низ зиёд мешавад.
  2. Андозҳои пастшаванда (регрессивӣ), яъне андозҳое, ки бо зиёдшавии ҳаҷми даромад меъёри онҳо кам мешавад.
  3. Андозҳои мӯътадил, яъне андозҳое, ки новобаста ба ҳаҷми даромад меъёрашон як хел мемонад.

Вобаста ба механизми ташкилшавиашон андозҳоро ба шаклҳои зерин ҷудо мекунанд:

  1. Андозҳои мустақим — андозҳое мебошанд, ки бевосита аз амвол ва даромад ситонида мешаванд. Ба ин шакли андозҳо дохил мешаванд: андоз аз даромади аҳолӣ, андоз аз фоидаи фирмаҳо, андоз аз меросу тӯҳфаҳо ва андоз аз амвол.
  2. Андозҳои ғайримустақим — андозҳое мебошанд,ки ба нархи молу хизматҳо илова шудаанд. Ба андозҳои ғайримустақим дохил мешаванд: андоз аз фурӯш, андоз аз арзиши илова, андоз аз молҳои алоҳида (акзисҳо) ва боҷҳои гумрукӣ.

Мувофиқи моддаи 6-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳо вобаста ба самти воридшавиашон ба андозҳои ҷумҳуриявӣ ва андозҳои маҳаллӣ тақсим мешаванд (ҷадвали 3).

  1. Андозҳои ҷумҳуриявӣ — андозҳое мебошанд, ки ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид мешаванд.
  2. Андозҳои маҳаллӣ — андозҳое мебошанд, ки ба буҷаҳои маҳаллӣ ворид мешаванд.

Ҷадвали 3. Номгӯи андозҳои ҶТ.

Андозҳои умумиҷумҳуриявӣ
1. Андоз аз даромади шахсони воқеӣ
2. Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ
3. Андоз аз арзиши иловашуда
4. Аксизҳо
5. Андозҳои иҷтимоӣ
6. Андози замин
7. Андоз аз истифодабарандагони қаъри замин
8. Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард
9. Андозҳои соддакардашуда
10. Андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ
11. Боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ
12. Боҷи давлатӣ
13. Андоз аз фурӯш (нахи пахта ва алюминии аввалия)
14. Андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо
15. Дигар пардохтҳои ҳатмии умумидавлатӣ
Андозҳои маҳаллӣ
1. Андоз аз амволи ғайриманқул
2. Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт
3. Андоз аз фурӯши чакана
4. Дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ

Сиёсати андозситонӣ воситаи асосии дахолати давлат ба иқтисодиёт мебошад. Масъалаи асосии сиёсати андоз ин интихоби варианти самараноки андозситонӣ мебошад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ консепсияҳои кейнсионӣ ва институтсионалистии сиёсати андозро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Консепсияи кейнсионӣ ба «иқтисоди тақозо» такя мекунад. Мувофиқи ақидаи Кейнс дараҷаи баланди андозҳо, қобилияти харидории ҷамъият ва умуман маҷмӯи тақозоро паст мекунанд. Дар натиҷаи пастшавии маҷмӯи тақозо, нархҳо низ паст шуда, беқурбшавии пул аз байн меравад. Баръакси ин амал, кам кардани дараҷаи андозҳо, боиси афзоиши маҷмӯи тақозо, дараҷаи нарх ва дараҷаи беқурбшавии пул мегардад.

Консепсияи институтсионалистӣ ба «иқтисоди арза» такя менамояд. Намояндагони ин равия чунин ҳисоб мекунанд, ки дараҷаи баланди андозҳо боиси афзоиши хароҷотҳои истеҳсолӣ мегарданд, ки дар натиҷаи онҳо дараҷаи нархҳо ва дараҷаи беқурбшавии пул низ меафзояд. Бинобар ҳамин онҳо паст кардани андозҳоро ҷонибдорӣ менамоянд. Намояндагони ин равияи институтсионалистӣ Э. Де Жирардон, Ҷ. Гелбрейт, Г. Коул ва дигарон мебошанд.

Дуруст будани ягон консепсия то ҳоло дар назарияи иқтисодӣ тасдиқ нашудааст, аммо кӯшишҳои зиёде барои муайян намудани мувозинати меъёри андзҳо ва фаъолияти соҳибкориро бори аввал муайян намудааст. Ӯ нишон додаст, ки агар меъёри андоз аз даромад зиёд шавад, пас фаъолияти соҳибкорӣ паст мешавад, зеро ки соҳибкорӣ дар ин ҳолат бебарор мегардад. Паст шудани меъёри андоз ба фаъолияти пурсамар роҳнамун намуда, ба афзоиши пасандоз, маблағгузорӣ ва умуман истеҳсоли молу хизматҳо оварда мерасонад.

Алоқамандии байни меъёри андоз ва воридшавии андозҳо ба буҷа дар назарияи иқтисодӣ тавассути каҷхатаи Лаффер нишон дода мешавад.

Каҷхатаи Лаффер

Мувофиқи нақша, агар меъёри фоиз ба 0% баробар бошад, пас давлат низ ягон фоида намегирад. Агар меъёри андоз ба 100% баробар бошад пас ҳеч кас кор намекунад ва давлат низ даромад намегирад. Ҳангоми 50% будани меъёри андоз даромади давлат аз андоз ба нуқтаи R2 мерасад ва бо зиёд кардани меъёри андоз воридшавии андозҳо ба буҷа кам мешавад (нуқтаи R1).

11.5. Сиёсати фискалии давлат

Яке аз қисматҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат ин сиёсати фискалӣ мебошад.

Сиёсати фискалӣ гуфта – низоми муайяни танзими иқтисодро ба воситаи хароҷотҳои давлатӣ ва андозҳо меноманд. Аз ҳамини ҷиҳат сиёсати фискалӣ маҷмӯи сиёсати буҷа ва сиёсати андоз буда, дар баъзе ҳолатҳо, сиёсати буҷаю андоз низ номида мешавад. Унсурҳои асосии сиёсати фискалӣ хароҷотҳои давлатӣ (С) ва андозҳо (Т) ба ҳисоб мераванд.

Сиёсати фискалӣ тавассути усулҳои бевосита ва бавосита амалӣ карда мешавад. Ба усули бевосита афзоиши ҳаҷми хариди давлатии молу хизматҳо, афзоиши маблағгузории давлатӣ, инчунин афзоиши субсидияҳо дохил карда мешаванд. Яъне давлат ба мақсади амалӣ намудани сиёсати сохтори давлатӣ, барои инкишофи соҳаҳои алоҳида, маблағи муайян ҷудо мекунад.

Ба усули бевосита чорабиниҳое дохил мешаванд, ки ба воситаи онҳо давлат ба вазъи молиявии истеҳсолкунандагони молу хизматҳо ва маҷмӯи тақозо таъсир мекунад. Масалан тағир додани меъёри андозҳо, ҷорӣ намудани имтиёзҳои андоз, сиёсати фоизи қарз ва ғайра.

Дар назарияи иқтисодӣ ду шакли сиёсати фискалии давлатро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: сиёсати фискалии фаъол ва сиёсати фискалии ғайрифаъол.

Сиёсати фискалиии фаъол ин сиёсати бошуурона ҳаракат додани буҷа мебошад, ки бо мақсади таъсир расонидан ба ҳаҷми МММ ва шуғли аҳолӣ, ё ин ки бо мақсади назорати беқурбшавии пулу таъмини рушди иқтисодӣ амалӣ кара мешавад. Ба низоми чунин чорабиниҳо тағир додани меъёри андоз ва хароҷотҳои давлатӣ дохил мешавад. Чорабиниҳои чунин шакли сиёсати фискалӣ аз ҷониби Кейнс пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла ҳангоми ҷой доштани пастравии истеҳсолот ӯ чунин чорабиниҳоро тавсия намуааст:

— хароҷотҳои давлатӣ барои харидани молу хизматҳо бояд зиёд карда шавад то ин ки тақозои нопурраро ҷуброн намоем. Дар ин ҳолат аз касри буҷа ва беқурбшавии пул ҳаросидан лозим нест;

— меъёри андоз аз фоида ва андоз ба даромади шахсӣ бо мақсади афзоиши маблағгузорӣ бояд кам карда шавад;

— бояд давлат ҷойхои кории нав ташкил кунад;

— давлат бояд ба меъёри фоизи қарз бо мақсади арзон кардани қарз ва афзун намудани маблағгузорӣ таъсир намояд.

Дар ҳолати ҷой доштани болоравии сатҳи истеҳсолот чораҳои зеринро Кейнс пешниҳод намудааст:

— кам кардани молу хизматҳо;

— зиёд намудани меъёри андоз аз фоида ва андоз аз даромади шахсӣ;

— ҷустуҷӯ намудани чорабиниҳо оид ба қиммат намудани қарз.

Сиёсати фискалии ғайрифаъол чунин сиёсатест, ки бе чорабинии давлат дар асоси фаъолияти меъёрҳои худфаъол амал карда мешавад. Ба меъёрҳои худфаъол пеш аз ҳама андозҳои афзуншаванда (прогресивӣ) ва пардохтҳои трансфертӣ (иҷтимоӣ) дохил мешаванд, ки онҳоро тасбитгарони худкор (встроенные стабилизаторы) низ меноманд.

Ба афзоиши МММ воридшавии андозҳои афзуншаванда низ зиёд мешавад ва баръакс бо пастравии истеҳсолот воридшавии андозҳо низ ба буҷа кам мешавад.

Пардохтҳои трансфертӣ бошанд, рафтори баръакс доранд. Кӯмакпулиҳои гуногун ба бекорон, камбизоатон, субсидияҳо ба фермерон ва дигар пардохтҳо дар ҳолати болоравии иқтисодиёт кам шуда дар сурати пастравии истеҳсолот зиёд мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки сиёсати фискалии ғайрифаъол фосилаи майлкунии ҳодисаҳои макроиқтисодиро маҳдуд мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат дар бештари мамолики дунё сиёсати фискалии фаъол истифода карда мешавад.

Натиҷаи фаъолияти сиёсати фискалӣ тавассути самараи фузунсози хароҷотҳои давлатӣ (MG) ва самараи фузунсози андоз (MT) баҳо дода мешавад. Мазмуни фузунсози аввал дар он аст, ки афзоиши хароҷотҳои давлатӣ ба афзоиши МММ оварда мерасонад, ва он чунин муайян карда мешавад: MG =

Барои муайян намудани афзоиши МММ самараи фузунсозро бо афзоиши хароҷотҳои давлатӣ зарб кардан лозим аст, яъне:

MMM = MG G

АДАБИЁТҲО

1. Абӯалӣ ибни Сино. Тадбири манзил. Асарҳои мунтахаб, ҷилди 2.

2. Ш. Ш. Қодиров, Назарияи иқтисодӣ: иқтисоди миллӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ. Душанбе 2001

3. Бобокалони Исомат. Назаре ба афкори иқтисодии ниёгон. Душанбе. «Амри илм». 1998

4. Исломов Султонмурод. Таърихи назариёти иқтисодӣ. Китоби дарсӣ. Душанбе. «Ирфон». 2001

5. Исоматов Бобокалон. Асосҳои назарияи иқтисод. Душанбе. «Паёми ошно». Қисми дуюм. 2001.

6. Кемпбелл. Р.Макконнелл, Стенли Л.Брю. Экономикс. Москва, 2001., гл. I. ч. I.

7. Курс экономической теории. Под.общ.ред.проф. Чепурина М.Н. и др. Киров «АСА». 1999, Разд. I.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *