Фанни Микро ва макро иқтисод

Назарияи истеҳсолот

  1. Истеҳсолот ва аҳамияти он дар ҳаёти ҷамъият.
  2. Лаҳзаҳои оддии рафти меҳнат.
  3. Омилҳои истеҳсолот аз нигоҳи классикӣ ва муосир.
  4. Мафҳуми захираҳо иқтисодӣ. Маҳдудияти захираҳо ва номаҳдудии талаботи ҷомеа.
  5. Масъалаҳои ба таври оптималӣ ва самаранок истифода бурдани омилҳои истеҳсолот.
  6. Истеҳсолот ва аҳамияти он дар ҳаёти ҷамъият

Дар ҳар як марҳилаи инкишоф инсон захираҳои дар ихтиёраш бударо истифода карда, неъматҳо ва шароити зарурии ҳаёташро ба миён меоварад.

Истеҳсолот гуфта, рафти ба якдигар таъсиррасонии инсон ва табиатро меноманд, ки дар натиҷаи он неъматҳои моддӣ ва маънавии ба ҷамъият зарур ва инчунин хизматҳои зарур истеҳсол карда мешавад. Азбаски инсон дар табиат буда, танҳо ба туфайли вай вуҷуд дошта метавонад, пас мутобиқат дар ҳаёт, омодасозии неъматҳо ва хизматҳои зарурӣ ҳамчун истифодаи захираҳои мавҷуда намудор мегардад.

Истеҳсолот соҳаи муҳимтарини фаъолияти одомон дар ҷамъият мебошад. Ҷамъият пеш аз ҳама ба истеҳсолот такя мекунад. Истеҳсолот низ бе ҷомеаи инсонӣ вуҷуд дошта наметавонад. Инсон пеш аз он, ки ба сиёсат, илм, санъат, маданият ва дин машғул шавад, бояд аз воситаҳои зиндагӣ таъмин бошад. Чунин имкониятҳоро барои инсон танҳо истеҳсолот метавонад муҳайё созад. Бо ин сабаб истеҳсолоти ҷамъиятӣ дар инкишофи иқтисодии ҷомеа мавқеъи асосиро ишғол мекунад ва дар шаклҳои зерин зоҳир мегардад:

  1. Истеҳсолоти моддӣ, ки фаъолияти тавлидгарии ҳамон соҳаҳоеро дар бар мегирад, ки дар онҳо неъматҳо ва хизматҳо тавлид карда мешавад. Ҳамчун намунаи маънидоди ин равиш соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сохтмону нақлиёт, алоқа ва тиҷорату монанди инҳоро ҷудо мекунанд. Ибораи истеҳсолоти моддӣ ҳамон фаъолиятро мадди назар дорад, ки дар рафти амали онҳо неъматҳо, маснуот, хизматҳо тавлид мегардад.
  2. Истеҳсолоти ғайримоддӣ, ки аз истеҳсолоти моддӣ бо маҳсулоти худ фарқ мекунад. Ба истеҳсолоти ғайримоддӣ соҳаҳои илм, маориф, санъат, маданият, тандурустӣ ва амсоли инҳо дохил мешаванд.
  3. Лаҳзаҳои оддии рафти меҳнат.

Рафти меҳнат рафти ба якдигар таъсиррасонии инсон ва табиатро меомӯзад. Унсури асосии ин раванд меҳнат мебошад.

Меҳнат гуфта, фаъолияти бо мақсад мувофиқи инсонро меноманд, ки дар рафти он инсон чизҳои табииро тағйир дода, барои қонеъ гардонидани талаботи худ мувофиқ месозад. Ингуна фаъолият танҳо ба инсон хос мебошад.

Рафти меҳнат аз унсурҳои зерин таркиб ёфтааст:

  1. Ашёи меҳнат.
  2. Олоти меҳнат.
  3. Воситаҳои меҳнат.

Ашёи меҳнат гуфта, он ашёи табиатро меноманд, ки меҳнати инсон ба он равона карда шудааст. Масалан: замин, дарахт, захира ва ғайра.

Олоти меҳнат ҳамаи асбобу анҷомеро меноманд, ки инсон тавассути он ба ашёи меҳнат таъсир мерасонад. Масалан: табар, каланд ва ғайра.

Ба воситаҳои меҳнат олоти меҳнат ва дигар воситаҳои моддие, ки дар рафти меҳнат зарур мебошанд дохил мешаванд. Масалан: бино, системаи гармигузаронӣ ва барқтаъминкунӣ, нақлиёт ва ғайра.

Воситаҳои меҳнат дар якҷоягӣ бо ашёи меҳнат воситаҳои истеҳсолотро ташкил мекунанд.

Воситаҳои истеҳсолот дар якҷоягӣ бо қувваи коргарӣ қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятро ташкил медиҳанд.

Қувваи коргарӣ гуфта, маҷмӯи қобилиятҳои ҷисмонӣ ва руҳии (ақлӣ, фикрӣ)-и инсонро меноманд, ки барои иҷро намудани кори муайян ва ё истеҳсол намудани маҳсулоти муайян истифода бурда мешаванд. Қувваи асосии истеҳсолкунандаи ҷамъият коргар мебошад, яъне инсоне, ки дорои малакаи корӣ ва ё ягон ҳунари муайяне аст.

Дар айни ҳол одамон дар ҷамъият дар алоқамандӣ бо ҳамдигар истеҳсол мекунанд ва ба муносибатҳое дучор меоянд, ки аз майлу хоҳиши онҳо вобаста намебошад. Ингуна муносибатҳоро муносибатҳои истеҳсолӣ ё худ иқтисодӣ меноманд.

Муносибатҳои истеҳсолӣ гуфта, муносибатҳои иқтисодии одамонро дар рафти истеҳсол, тақсимот, мубодила ва истеъмол меноманд.

Системаи муносибатҳои истеҳсолӣ аз унсурҳои зерин иборат аст:

  1. Муносибатҳо байни одамон нисбат ба азонихудкунии воситаҳои истеҳсолот.
  2. Муносибатҳо байни одамон дар рафти тақсимоти натиҷаҳои истеҳсолӣ.
  3. Вазъияти иҷтимоию иқтисодии гуруҳҳои алоҳидаи одамон дар ҷамъият.

Омилҳои истеҳсолот аз нигоҳи классикӣ ва муосир

Омилҳои истеҳсолот ҳамчун ҷараёни ташкил ва такмилёфтаи муносибатҳои байни инсон ва табиат оиди истифодаи захираҳои маҳдуди иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани талаботи инсон сурат мегирад.

Аз ин рӯ таҳти мафҳуми омилҳои истеҳсолот маҷмӯи шароитҳо ва имкониятҳое дар назар дошта мешавад, ки бе мавҷудияти онҳо истеҳсолот ғайри имкон аст.

Аз нигоҳи классикӣ омилҳои истеҳсолот ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  1. Воситаҳои истеҳсолот, яъне омилҳои моддӣ, ки ба онҳо сармояи асосӣ ва техникаю технология дохил мешаванд.
  2. Қувваҳои коргарӣ, яъне омили шахсӣ, ки ба он аҳолии қобили меҳнат дохил мешавад.

Ин ду омили номбаршуда тулии зиёда аз 70 – сол дар иқтисоди сиёсии марксистӣ тарғибу ташвиқ карда мешуд. Таҳлил ва муҳокимаи онҳо аз нигоҳи сохтори синфии ҷомеа, тарзи мутақобилаи аз худ кардан, характери синфии ба вуҷуд омадан ва оштинопазирии низомҳои мухталифи иқтисодӣ сурат мегирифт.

Аз нигоҳи муосир, яъне аз нигоҳи мактаби марҷиналистӣ чаҳор намуди омилҳои истеҳсолотро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: замин, меҳнат, сармоя ва соҳибкорӣ, ё ин ки фаъолияти соҳибкорӣ.

Тақсимбандии ин омилҳо аз ҳамдигар бо чунин хислатҳо фарқ мекунад:

Замин, ҳамчун омили истеҳсолот истифодаи участкаҳои корам, маъданҳои зеризаминӣ, неъматҳои рӯи замин (об, ҷангал, растанӣ….) ва ғайраро дар бар мегирад. Бояд тазаккур дод, ки истифодаи замин ҳамчун омили истеҳсолот, асосан истифодаи онро дар хоҷагии қишлоқ ба ҳайси манъбаи тавлидкунандаи неъматҳо дар назар дорад.

Аз нигоҳи аксари иқтисодчиён меҳнат ҳамчун омили истеҳсолот иштироки бевоситаи одамон дар рафти истеҳсолот ё худ идораи ягон кор, ки ҳангоми он меҳнати ҷисмонӣ ва маънавӣ (рӯҳӣ) сарф мегардад, фаҳмида мешавад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ сармоя на аз нигоҳи назариявӣ, балки бештар аз нуқтаи назари омили тавлидот таҳлилу тавсиф карда мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат, сармоя ва воситаҳои истеҳсолот дар як маъно фаҳмида мешаванд.

Соҳибкорӣ, ҳамчун омили истеҳсолот фаъолияти махсуси инсон оиди фароҳам овардани шароит барои ба ҳам пайваст кардани меҳнату сармоя ва дар асоси таваккалӣ ташкил кардани бизнес тасаввур карда мешавад. Дар зери мафҳуми соҳибкорӣ феълан фаъолияти зеҳнии як ё якчанд одамоне, ки маҳорат, қобилият, маблағҳои пулӣ ва ҳама гунна захираҳои мавҷудаи худро истифода бурда, дар асоси тақозо ва арзаи илми муосири маркетинг ва менеҷмент фаъолияти истеҳсолии худро пеш мебаранд, фаҳмида мешавад.

Мафҳуми захираҳо иқтисодӣ. Маҳдудияти захираҳо ва номаҳдудии талаботи ҷомеа

Захираҳои иқтисодӣ – унсури муҳимтарини сарвати ҷомеа мебошанд. Онҳо ҳамчун нишондиҳандаи макроиқтисодӣ неру ва қудрати иқтисоди миллиро муайян менамоянд.

Дар адабиётҳои муосири иқтисодӣ дар зери мафҳуми захираҳо омилҳое фаҳмида мешаванд, ки барои тавлиди неъматҳои иқтисодӣ афзалияти зиёд доранд. Ҳадафи ниҳоии ҳар як истеҳсол қонеъ гардонидани талаботи ҷамъият мебошад, ки барои дар амал татбиқ намудани он ҷомеа ҳама намуди захираҳои дар ихтиётбударо барои истеҳсоли молу маҳсулот ва адои хизмат истифода мекунад.

Дар шароити муосир чунин намуди захираҳои иқтисодиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

захираҳои табии, ки ба он замин, ҷангал, канданиҳои фоиданок ва ғайра дохил мешавад;

захираҳои моддӣ (молиявӣ). Ба захираҳои моддӣ мошин, таҷҳизот, ашёҳои тайёр, бино, маблағҳои пулӣ ва ғ. дохил мешаванд, ки дар натиҷаи таъсири мутақобилаи инсон ва захираҳои табии ба вуҷуд оварда шудаанд.

захираҳои меҳнатӣ (инсонӣ), ки ба он дохил мешавад: а) меҳнати коргарони кироя, ки бевосита ба истеҳсоли молу хизматҳо машғуланд; б) қобилияти соҳибкорӣ доштаи коргар, ки метавонад аз ӯҳдаи ташкили истеҳсолот, ҳалли қонунҳои хоҷагидорӣ, таъмини босуръати фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра барояд; в) аҳолии қобили меҳнат.

— захираҳои иттилоотӣ (ахборотӣ) состоящие из информации (научной, технической, технологической и др.) и средств, обеспечивающих ее получение, передачу, переработку и потребление.

Захираҳои иқтисодӣ маҳдуд мебошанд, дар ҳолате, ки талаботи ҷамъият амалан номаҳдуд аст. Маҳдудияти захираҳо чунин маъно дорад, ки онҳо камшаванда ва тамомшавандаанд.

Маҳдудияти захираҳо ва номаҳдудии талаботи ҷомеа водор месозад, ки ҷамъият захираҳои иқтисодии мавҷударо то ҳадди имкон самаранок истифода барад. Бо ин мақсад дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ бояд тарзҳои алтернативии истифодаи захираҳо вуҷуд дошта бошад, яъне чунин вариантҳое бояд истифода шавад, ки самараашон ба ҷамъият зиёд бошад.

Масъалаҳои ба таври оптималӣ ва самаранок истифода бурдани омилҳои истеҳсолот

Дар ҳар як зинаи инкишофёбии ҷамъият масъалаҳои сершумори иҷтимоию иқтисодӣ ҷой доранд, ки ҷомеа ҳамеша дар роҳи ҳалли онҳо талош меварзад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ бошад, се масъалаи аз ҳама муҳим вуҷуд дорад, ки ҳалли онҳо боис ба пешрафти иқтисодии ҷомеа мегардад. Ба ин масъалаҳо дохил мешавад:

  1. Чӣ бояд истеҳсол кард?
  2. Чӣ тавр истеҳсол кард?
  3. Барои Кӣ истеҳсол кард?

Ҳалли ин масъалаҳо имконият медиҳад, ки самаранокии истифодаи омилҳои истеҳсолот таъмин гардад.

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

  1. Р.М. Нуреев. Курс Микроэкономики. Изд-во НОРМА, Москва, 2001г.
  2. Макконелл К.Р., Брю С.Л., Экономикс. Т.2. Москва, 1992г.
  3. Экономическая теория (Политэкономия). Учебник., Под. Ред. А.И. Видяпина. Москва, 2007г.
  4. Маршалл А. Принципы экономической науки. Москва, 1993г.
  5. Исоматов Б., Асосҳои назарияи иқтисод, қисми 1, Душанбе, 2007с.
  6. Низомова Т.Д., Иқтисоди хурд, Диловар-ДДМТ. Душанбе, 2001с.
  7. Эргашев А., Мухатбердиев Ҳ., Курси назарияи иқтисодӣ (Микроиқтисод). Душанбе, 2003с.
  8. Қодиров Ш.Ш., Назарияи иқтисодӣ, иқтисоди миллӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ. Душанбе, 2001с.
  9. Сомонаи интернети Tj.ainweb.ru
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *