Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як кисса аз хаёти Муҳаммад (с)

12. Қиссаи марде, ки ҷиҳод ва шаъну шарафи дунёро ҳамроҳи Паёмбар (с) мехоҳад

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки марде гуфт:

— Эй Расулуллоҳ (с), марде мехоҳад, ки дар роҳи Худо ҷиҳод кунад ва дар айни замон обрӯи дунёиро низ соҳиб шавад.

Расули Худо (с) гуфтанд:

— «Аҷре нахоҳад гирифт».

Мардум ҷавоби ин суолро зарурӣ шуморида ба он кас гуфтанд:

— Суолатро ба Паёмбар (с) такрор кун, шояд нағз нафаҳмонида бошӣ.

Чун мард бори дуввум ва саввум низ такрор кард, Паёмбар (с) ҳамон як ҷавоб мегуфт:

— «Аҷре нахоҳад гирифт».[12]

Дар ривояти дигар чунин омадааст:

— «Худованд аз амалҳо танҳо онеро қабул мекунад, ки холису беғараз ва хос барои дарёфти ризои Парвардигор бошад».[13]

13. Қиссаи марде, ки дохили ҷаннат шудааст ва ҳол он ки боре ҳам намоз нагузорида ва Паёмбар (с) бар он шаҳодат додааст

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки мегӯяд:

— Аз мардум пурсидам:

— Маро аз марде хабар диҳед, ки дохили ҷаннат шудааст ва ҳол он ки боре ҳам намоз нагузоридааст.

Чун мардум он шахсро нашинохтанд ва ҷавоб гуфта натавонистанд, аз Абуҳурайра (р) пурсиданд:

— Он мард кист?

Абуҳурайра (р) мегӯяд:

— Он кас шермарди шуҷоъу боғайрати бани Ашҳал, Амр ибни Собит ибни Вақш мебошад.

Ҳасин мегӯяд:

— Ба Маҳмуд ибни Лабид гуфтам:

— Аҳволи он мард (, ки боре ҳам намоз нагузорида дохили ҷаннат мешавад) чӣ гуна будааст?

Гуфт:

— Он марде аст, ки ҳангоми ҳамроҳи қавмаш будан ҳанӯз Ислом наоварда будааст ва чун рӯзи ғазваи Уҳуд мешавад Ислом меорад ва шамшер ба даст ҳамроҳи Расули Худо вориди майдони ҷанг мешавад ва баъд аз задухӯрдҳои зиёд маҷруҳ гашта ҷароҳати вазнин мебардорад. Ровӣ мегӯяд:

— Чун гурӯҳе аз бани Абдулашҳал шаҳидони дар майдони ҷанг кушташудаи ҳамқавмонашонро барои шиносои ҷустуҷӯ мекунанд, тасодуфан он марди шуҷоъро маҷрӯҳу захмин меёбанд ва байни худ мегӯянд:

— Савганд ба Худо, ин шермарди шуҷоъи худамон аст, чӣ чиз ӯро ба майдони ҷанг оварда бошад?!

— Чун вақте ҳамроҳи мо буд Исломро инкор мекард.

Сипас аз худи ӯ мепурсанд:

— Эй Амр, чӣ чиз туро ба майдони овард?

— Оё номуси қавмат, ё рағбатат ба Ислом?

Ӯ мегӯяд:

— На ! (Номуси қавмам не,) балки рағбат доштанам ба Ислом маро ин ҷо овард.

— Чун ман Исломро пазируфта ба Худову Расулаш имон овардам, шамшер гирифта ҳамроҳи Расули Худо (с) вориди набард шудам ва мубориза бурдам, то ин ки чунин ҷароҳат бардоштам.

Дар ҳамин гуфтугузорҳо ҳастанд, ки чанд лаҳза пас он шермард рӯи дастони ҳамқавмонаш ҷон ба ҷонофарин месупорад. Чун саргузашти Амрро ба Расули Худо (с) мерасонанд, мефармояд:

— «Албатта, ӯ аз аҳли ҷаннат аст».[14]

14. Қиссаи марде, ки бо Паёмбар (с) бар ҷаннат паймон баста буд

Шадод ибни Илҳод ривоят мекунад, ки марде аз аъроб назди Расули Худо (с) омада имон овард ва пайравиаш карду гуфт:

— (Эй Расули Худо) ҳамроҳи шумо ҳиҷрат мекунам.

Паёмбар (с) ӯро ба баъзе аз асҳобаш тавсия намуд, ки ҳамроҳи эшон бошад.

Чун муҳорибаи Хайбар оғоз шуду фатҳи Хайбар насибашон гашт, Расули Худо (с) ғаниматҳои гирифтаро тақсим намуд ва барои он мард низ ҳақ ҷудо намуда ба асҳобаш дод, то ки ба ӯ бирасонанд. Аъробӣ (он мард), ки масъулияти муҳофизати бехатарии лашкарро дошт, дертар ҳозир шуд. Чун ҳиссаашро аз ғанимат ба ӯ доданд, гуфт:

— Ин чист?

Гуфтанд:

— Ин ҳиссаест, ки Расули Худо (с) ба шумо додааст.

Ӯ мегӯяд:

— Эй Расули Худо (с), ман барои ин гуна чизҳо пайравии шуморо накардаам.

— Ман барои он аз шумо пайравӣ мекунам, ки аз ин ҷо тир хӯрам — ба ҳалқаш ишора мекунад — ва бимираму дохили ҷаннат шавам.

Паёмбар (с) мефармоянд:

— «Албатта, тасдиқи Худованд, садоқататонро нишон хоҳад дод».

Баъд аз он ба сӯи майдони набард бархостанд ва баъд аз чанд лаҳзае ӯро бардошта назди Расулуллоҳ (с) оварданд, ки тире дар он мавзеъи ишора намудааш расидааст.

Набии акрам (с) мепурсад:

— «Оё ин ҳамон мард аст»?!

Ӯро овардагон мегӯянд:

— Бале.

Паёмбар (с) мефармоянд:

— «Ин мард Худовандро тасдиқ кард, Худованд ростқавл буданашро нишон дод».

Паёмбар (с) ӯро дар либоси болопӯшаш кафан карда бар ӯ намоз гузорид ва аз ҷумлаи он чӣ, ки дар намозаш шунида шуд, ин аст:

— «Эй бор Худоё, ин бандаат дар роҳи Ту ҳиҷрат карда ва ба шаҳодат расидааст ва ман бар ӯ шоҳидам».[15]

15. Қиссаи дидани Паёмбар (с) марди сиёҳпустро бо ду ҳамсар аз Ҳурул-айн

Аз Анас (р) ривоят аст, ки марде назди Паёмбар (с) омада гуфт:

— Эй Расули Худо (с), ман марди сиёҳпӯсти бадшакли нодорам.

— Агар бо он мушрикон то дами охиринам биҷангам, оё дохили ҷаннат мешавам?

Он Ҳазрат (c) мефармоянд:

— «Бале».

Сипас, он мард вориди майдони набард мешавад ва то охирин нафасаш меҷангад ва кушта мешавад. Вақте ҷасади беҷони ӯро назди Расули Худо (с) меоварданд, мефармояд:

— «Худованд чеҳраи зебо, буйи хуш ва моли зиёдеро насиби шумо гардонид».

Инчунин мефармоянд:

— «Ду ҳамсари ӯро аз Ҳурул-айн дидам, ки барои дар оғуши вай даромадан бо ҳам кашмакаш мекарданд».[16]

16. Қиссаи Паёмбар (с) бо марде, ки аз бемориҳо мепурсад: Оё аз онҳо мо аҷр мегирем?

Аз Абусаъиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки мегӯяд:

— Марде гуфт:

— Эй Расули Худо (с) ин бемориҳое, ки ба мо мерасад, барои мо дар ивазаш чӣ хоҳад буд?

Паёмбар (с) фармуд:

— «Каффорати гуноҳонатон ҳастанд.

Убай ибни Каъб гуфтааст:

— Эй Расули Худо (с) ва гарчанде (шиддати он бемориҳо) кам ҳам бошад?

Он Ҳазрат (с) фармуданд:

— «Ва агарчи хоре ҳам бошад, ё дардноктар аз он».

Ровӣ мегӯяд:

— Пас, Убай (р) барои худ дуъо кард, ки ҳаргиз дарду алам то дами марг аз ӯ ҷудо нашавад ва он дард ӯро аз ҳаҷҷу умра ва ҷиҳод дар роҳи Худо ва намозҳои панҷгонаи дар ҷамоъат маҳрумаш нанамояд.

Ҳар касе, ки ба дасти ӯ даст мерасонид, шиддати гармиашро ҳис мекард ва ин ҳолат то дами маргаш бо Убай (р) боқӣ монд.[17]

17. Қиссаи зане, ки иродаи ҷиҳод мекунад ва суханони Набӣ (с) ба ӯ, ки тоъати шавҳар баробари ҷиҳод аст

Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегӯяд:

— Зане назди Паёмбари Худо (с) омада гуфт:

— Ё Расулаллоҳ, маро занон назди шумо фиристоданд, то бипурсам:

— Ин ҷиҳод аст, ки Аллоҳ ба мардон насиб гардонидааст, агар осебе ба онҳо бирасад, аҷрашон аз Парвардигор аст ва агар кушта шаванд, дар назди Худованд зинда буда ризқашонро соҳиб мешаванд. Аммо мо тоифаи занон бар хидмати эшон ҳастем, пас мо чӣ гуна он аҷрро соҳиб мешавем?

Ровӣ мегӯяд:

— Паёмбар (с) гуфт:

— «Ба занон бирасон, ки итоъати шавҳар ва шинохти ҳаққи ӯ баробари ҷиҳод аст ва кам ҳастанд аз шумо (яъне занон) касоне, ки онро анҷом бидиҳанд».[18]

18. Қиссаи чӣ гуна муносибат кардани он Ҳазрат (с) бо ҷавоне, ки иродаи зино дошт

Аз Абуумома ривоят аст, ки ҷавоне назди Паёмбар (с) омада гуфт:

— Эй Муҳаммад (с), маро иҷозат диҳед, то зино кунам.

Мардум ӯро танбеҳ дода сарзаниш карданд.

Паёмбар(с) гуфт:

— «Наздиктар биё».

Чун он мард наздики Паёмбар (с) омада нишаст, Паёмбар (с) фармуд:

— «Оё ин амалро (зиноро) барои модарат дӯст медорӣ?»

Он ҷавон гуфт:

— На, савганд ба Худо.

Паёмбар (с) гуфт:

— «Мардум низ онро барои модаронашон дӯст намедоранд».

Сипас фармуд:

— «Оё ин амалро барои духтарат дӯст медорӣ?»

Он мард гуфт:

— Қурбони шумо шавам, на, савганд ба Худо.

Ӯ (с) фармуд:

— «Мардум низ онро барои духтаронашон дӯст намедоранд».

Он Ҳазрат(с) фармуд:

— «Оё ин амалро (зиноро) барои хоҳарат дӯст медорӣ?»

Ҷавон гуфт:

— На савганд ба Худо.

Ӯ (с) фармуд:

— «Мардум низ онро барои хоҳаронашон дӯст намедоранд».

Боз фармуд:

— «Оё ин амалро барои аммаат дӯст медорӣ?»

Ҷавон гуфт:

— На, савганд ба Худо.

Ӯ (с) фармуд:

— «Мардум низ онро барои аммаҳояшон дӯст намедоранд».

Паёмбар (с) фармуд:

— «Оё ин амалро барои холаат дӯст медорӣ?»

Ҷавон гуфт:

— Қурбони шумо шавам эй Расули Худо, на, савганд ба Худо, (ҳаргиз дӯст намедорам воқеъ шудани чунин амалро).

Ӯ (с) фармуд:

— «Мардум низ инро барои холаҳояшон дӯст намедоранд».

Ровӣ мегӯяд:

— Пас, Паёмбар (с) дасташро болои он ҷавон гузошта гуфт:

— «Эй бор Худоё, гуноҳонашро биёмурз, қалбашро поку тоҳир бигардон ва аз иртикоби зино ҳифозаташ бинамо».

Ровӣ мегӯяд:

— Пас аз ин воқеъа ҷавон ба сӯи чизе (аз гуноҳ) илтифот (назар) намекард.[19]

19. Қиссаи адолати Паёмбар (с) дар масъалаи зане, ки дуздӣ карда буд

Урва ибни Зубайр (р) ривоят мекунад, ки зане дар замони Паёмбар (с) дар ғазваи «Фатҳ» даст ба дуздӣ зада буду қавми ӯ аз Усома ибни Зайд (р) хостанд, то назди Паёмбар (с) онро шафоъат кунад. Чун Усома назди Паёмбар (с) аз ин боб сухан оғоз намуд, ранги чеҳраи Расули Худо (с) дигаргун шуда гуфт:

— «Оё дар бораи ҳадде (ҳукми ҷазои муайян намудаи шаръ) аз ҳудуди Худованд маро сухан мегӯӣ (яъне, назди ман шафиъ мешавӣ)?»

Усома гуфт:

— Эй Расули Худо (с), бароям талаби омурзиш кун.

Чун шомгоҳон шуд, Паёмбар (с) хутба эрод намуда, ҳамду санои Худоро ба ҷой оварда, гуфт:

— «Аммо баъд:

— Ҳароина, мардумоне, ки пеш аз шумо буданд, ба он сабаб ҳалок шуданд, ки агар шахси дорову соҳибманзалату тавоное дуздӣ мекард, ӯро ба ҳолаш мегузоштанд ва агар шахси заъифу нотавон дуздӣ мекард, ҳаддро (ҳукми ҷазои дуздиро) бар вай ҷорӣ менамуданд.

-Савганд ба он зоте, ки нафси ман дар дасти Ӯст, агар Фотимаи духтари Муҳаммад дуздӣ кунад, дасташро қатъ хоҳам кард.

Баъд аз он Расули Худо амр намуд, то дасти он занро бурида шуд ва тавбааш накӯ гардид ва баъдан издивоҷ намуд.

Оиша (р) мегӯяд:

— Баъдан он зан ҳар вақт, ки барои ҳоҷате меомад, ҳоҷаташро ба Расули Худо (с) мерасонидам.[20]

20. Қиссаи адолати Паёмбар (с) бо ду марде аз Ансор

Аз Умми Салама (р) ривоят аст, ки мегӯяд:

— Ду марде аз Ансор, дар масъали мероси қадимае, ки шоҳид надорад, ҷанҷолу хусумат карда назди Паёмбар (с) омаданд.

Паёмбар (с) фармуд:

— «Шумо барои ҳалли хусумататон назди ман омадед ва ман дар он масоиле, ки ба ман дар бораи он ҳукме нозил нашудааст, бо раъйи худам ҳукм мекунам.

— Пас, агар бо истифода аз ҳуҷҷати яке аз шумо ба фоидаи ӯ ҳукм намудам ва ин сабаби аз худ кардани ҳаққи бародараш шавад, бояд онро нагирад, зеро ман порае аз оташро барояш ҷудо кардаам, ки рӯзи қиёмат монанди гарданбанди муназзаме бар гаданаш овезон меояд».

Чун ин суханро ҳар ду марди ансорӣ шуниданд гирён шуданд ва ҳар яке аз эшон гуфтанд:

— Эй Расули Худо (с) ҳаққамро барои бародарам бахшидам.

Паёмбар (с) фармуд:

— «Агар чунин мекунед, пас биравед ва бо мақсади дарёфти ҳақ, ҳар яке аз шумо аз роҳи қуръаандозӣ саҳми худро муайян намоед ва ҳамдигарро аз шубҳа пок созед».[21]

21. Қиссаи аъробие, ки назди Паёмбар (с) омада қарзашро талаб менамояд

Аз Абусаъид Худрӣ (р) ривоят аст, ки марди аъробие назди Расули Худо (с) омада қарзашро, ки бар Ӯ (с) дошт, талаб намуда бар талаби худ пофишорӣ кард ва ҳатто гуфт:

— Бар шумо сахт ҳам расад, то қарзамро надиҳед, намеравам.

Ёрони он Ҳазрат (с) он мардро сарзаниш карда гуфтанд:

— Вой бар ту, оё намедонӣ, ки бо кӣ сухан гуфта истодаӣ?!

Аъробӣ гуфт:

— Ман ҳаққамро талаб дорам.

Расули Худо (с) барои ёронашон гуфтанд:

«Оё шумо соҳиби ҳақро тарафдорӣ намекунед?»

Сипас, нафареро ба назди Хавла бинти Қайс фиристод ва аз ӯ як миқдоре хурмо қарз пурсида гирифт ва ҳаққи аъробиро зиёдтар адо намуд.

Аъробӣ гуфт:

— Шумо вафо кардед(яъне, қарзи доштаатонро адо кардед), Худованд ба шумо низ вафо кунад!

Сипас, Расули Худо (с) фармуданд:

— «Онҳо (яъне, касоне, ки қарзи дар зима доштаашонро адо мекунанд) беҳтарин мардумонанд.

— Ҳақикатан, бузургу соҳибэҳтиром намегардад уммату миллате, ки заъифу нотавонаш бидуни ташвиш ҳаққашро ба даст оварда наметавонад».[22]

22. Паёмбар (с) ва қиссаи ҳафт дирҳаме, ки ҳангоми бемориашон Оиша(р)-ро ба хайроти он амр намуданд

Оиша (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) ҳангоми бемориашон маро амр карданд, ки тиллоҳоеро, ки назди мо буд, садақа намоям.

Оиша (р) мегӯяд:

— Чун, Паёмбар (с) вақте ба ҳуш омад, гуфт:

— «Бо тиллоҳо чӣ кардӣ?»

Гуфтам:

— Ҳолати шумо маро машғул сохт.

Он Ҳазрат (с) фармуд:

— «Онҳоро ҳозир кун».

Чун он ҳафт динори тиллоро ба наздаш овардам, ин ҳангом фармуд:

— «Агар Муҳаммад бо Худованди бузургу тавоно мулоқот мекарду ин ҳафт динори тилло наздаш мебуд, чӣ гуфта метавонист?

Инҳо (динорҳои тилло) аз Муҳаммад чизеро боқӣ намегузоштанд, (яъне беарзиш нишон медоданд), агар Парвардигорашро мулоқот мекарду инҳо наздаш мебуданд».

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *