Фанни Ҳуқуқ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

БОБИ 5. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ. МАҚОМИ ОМӮЗГОР

Моддаи 43. Субъектҳои раванди таълиму тарбия

Ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дохил мешаванд:

— таълимгирандагон, коромӯзон, интернҳо, ординаторҳо, докторантон, унвонҷӯёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, кормандони соҳаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;

— мураббиён, устоҳои таълими истеҳсолӣ, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф;

— ходимони илмӣ, кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ;

— падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда);

— намояндагони муассисаву дигар ташкилотҳои сарпараст, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд.

Моддаи 44. Ҳуқуқҳо ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия

1. Ҳуқуқҳо ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

2. Хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, баъди анҷоми таҳсил ҳуқуқи гирифтани таҳсилотро дар зинаи минбаъдаи таҳсилот доранд.

3. Хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатии аз аккредитатсияи давлатӣ нагузашта таҳсил мекунанд, ҳуқуқ доранд имтиҳонҳои хатмро бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар муассисаҳои таълимии давлатие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, супоранд.

4. Хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳуқуқ доранд ба муассисаҳои дигари таълимии таҳсилоти касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва ихтисос мувофиқро таъмин мекунанд, ба таври истисно гузаранд. Тартиби ба таври истисно аз як муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти касбӣ гузаштани хонандагон ва донишҷӯён, аз ҷумла ройгон ё пулакӣ будани таълимро, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.

5. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд худро аз амали ғайриқонунии маъмурият, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки ҳуқуқ, шаъну шараф ва ё қадру эътиборашонро паст мезананд, ҳифз намоянд.

6. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии давлатиро муассис (муассисон) бо стипендия, ёрдампулӣ, хобгоҳ (барои сокинони деҳот ва шаҳрҳои дигар), ёрии тиббию солимгардонӣ ва дигар ёрии моддие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин менамояд.

7. Хароҷоти таҳсили аспирантон, докторантон ва дигар унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

8. Хонандагон ва донишҷӯён ҳангоми таълим ва таҷрибаомӯзии касбӣ бо тартиби муқарраршуда бо ҷойи кор, шароити бехатари меҳнат ва дар асоси шартнома бо музди меҳнат таъмин мегарданд.

9. Барои шахсони дар муассисаҳои тарбиявӣ ва ислоҳӣ қарордошта, роҳбарияти чунин муассисаҳо якҷоя бо мақомоти идоракунии маориф барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ, тайёрии касбӣ ва ҳамчунин худомӯзии онҳо шароит муҳайё менамоянд.

10. Хонандагон ва донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии давлатӣ дар асоси шартнома таҳсил менамоянд ва имтиҳонҳои ҷориро бо баҳои «4» (хуб) ва «5» (аъло) месупоранд, бо тартиби муқарраргардида ба гурӯҳҳои таҳсили ройгон гузаронида мешаванд. Тартиби ба таври истисно ба гурӯҳҳои таҳсили ройгон гузаронидани чунин хонандагон ва донишҷӯёнро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.

11. Муассиси (муассисони) муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, таълимгирандагон ва дигар унвонҷуёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои мазкурро бо имтиёзҳое, ки барои таълимгирандагон ва дигар унвонҷуёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд.

12. Шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ таҳсил мекунанд, дар мавриди мавҷуд будани даъватномаи муассисаи таълимӣ ба рухсатии иловагӣ аз ҷойи кор ва дигар имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҳуқуқ доранд.

13. Муассиси (муассисони) муассисаҳои таълимӣ метавонад дар доираи имкониятҳои худ барои таълимгирандагон дигар намуди имтиёзҳоро муқаррар намояд.

Моддаи 45. Стипендия ва дигар пардохтҳои пулӣ

1. Стипендия маблағе мебошад, ки барои хонандагон, донишҷӯён, интернҳо, ординаторҳо ва аспирантони гурӯҳҳои таҳсили рӯзона пардохт карда мешавад.

2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини стипендия таъсис дода мешаванд:

— стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон»;

— стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯён;

— стипендияи давлатӣ барои аспирантон ва докторантон;

— стипендияи номӣ.

3. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон, донишҷӯён ва аспирантони болаёқат, ки дар таҳсил ва фаъолияти илмӣ дастовардҳои назаррас доранд, пардохт карда мешавад.

4. Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ барои тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ пардохт карда мешавад.

5. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, пардохт карда мешаванд. Стипендияи мазкур барои донишҷӯён вобаста ба дастовардҳояшон дар таҳсил ва фаъолияти илмӣ таъин карда мешавад.

6. Барои донишҷӯёни соли аввали таҳсил, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, аз аввали соли таҳсил то санҷиши аввал (санҷиши нимсола) стипендияи давлатии академӣ пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

7. Барои донишҷӯёни ятиму бепарастор, маъюбони гурӯҳҳои I ва II стипендияи давлатии академӣ, новобаста ба натиҷаи таҳсил пардохт карда мешавад.

8. Стипендияи давлатӣ барои аспирантон ва докторантоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендияи давлатӣ барои аспирантон ва докторантон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

9. Стипендияи номӣ аз ҷониби мақомоти давлатии идоракунии маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендияи мазкурро таъсисдиҳандагони он муайян менамоянд.

10. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, стипендияи давлатии академӣ аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

11. Ба таълимгирандагон дигар пардохтҳои пулӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 46. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар соҳаи маориф

1. Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ҳуқуқ доранд:

— барои фарзандони ноболиғашон муассисаҳои таълиму тарбия ва шакли таълимро интихоб намоянд;

— дар кори мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ иштирок намоянд;

— ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон муроҷиат намоянд;

— манфиатҳои қонунии фарзандони худро вобаста ба таълиму тарбия дар мақомоти давлатӣ ва суд ҳифз намоянд;

— барои сифати пасти таълим ва мувофиқ набудани сатҳи таҳсили фарзандон ба стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимӣ, ҳангоми муқаррар намудани чунин ҳолат аз тарафи комиссияи босалоҳият, маблағи барои таҳсил супурдаи худро аз муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд.

2. Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ӯҳдадоранд:

— барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии фарзанд пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба муассисаи таълимӣ омода ва барои инкишофи қобилияти вай шароити зарурӣ муҳайё созанд;

— ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандонро ҳифз намоянд;

— фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, накӯкорӣ, эҳтироми оила, забони модарӣ, анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии халқи худ ва халқҳои дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд;

— ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд.

3. Падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагон ӯҳдадоранд, ки бо раванди таълиму тарбия, мазмуну давомоти таҳсилот ва сатҳи дониши фарзандонашон шинос шаванд.

4. Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) инчунин дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошанд, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

5. Падару модаре (шахсони онҳоро ивазкунандае), ки ба таҳсили фарзандон монеъагӣ мекунанд, ба тарбияи онҳо беэътиборӣ зоҳир мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 47. Мазмуни мақоми омӯзгор

Мазмуни мақоми омӯзгор вобаста ба хусусиятҳои касбӣ маҷмӯи омилҳои зеринро, ки мақоми омӯзгорро дар ҷамъият муайян менамоянд, дар бар мегирад:

— қадру қимати касби омӯзгорӣ;

— талабот ба меъёрҳои тайёрии касбӣ ва маҳсули меҳнати омӯзгор;

— дараҷаи эътироф ва дастгирии омӯзгор аз тарафи давлат;

— ҳурмату эҳтироми омӯзгор дар ҷамъият, муассисаи таълимӣ, оила ва байни таълимгирандагон;

— шароити таъминоти моддии омӯзгор;

— ҳолати ҳифзи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои ҳифзи иҷтимоии омӯзгор.

Моддаи 48. Фаъолияти омӯзгорӣ

1. Ба фаъолияти омӯзгорӣ шахсоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва малакаи зарурии касбӣ доранд, машғул шуда метавонанд.

2. Омӯзгорон давра ба давра аз аттестатсия мегузаранд. Дар асоси натиҷаи аттестатсия дараҷаи ихтисоси касбии онҳо муайян карда мешавад.

3. Омӯзгороне, ки амали содирнамудаашон барои минбаъд давом додани фаъолияти омӯзгорӣ мухолифат мекунад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи омӯзгорӣ озод карда мешаванд.

4. Омӯзгороне, ки вазъи саломатиашон дар асоси хулосаи тиббӣ барои фаъолияти омӯзгорӣ мувофиқат намекунад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи омӯзгорӣ озод карда мешаванд.

5. Омӯзгорон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти инфиродии омӯзгориро доранд.

6. Фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ, ки ба гирифтани даромад равона шудааст, фаъолияти соҳибкорӣ ҳисоб мешавад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон он бояд аз қайди давлатӣ гузарад.

7. Барои фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ гирифтани иҷозатнома ҳатмӣ нест, аммо бе қайди давлатӣ машғул шудан ба фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ манъ аст.

8. Пурра кардани ҳайати кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимӣ дар асоси оинномаҳои онҳо танзим мегардад. Муносибатҳои меҳнатӣ бо шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки байни корманд ва муассисаи таълимӣ баста шудааст, муайян карда мешаванд.

Моддаи 49. Усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ

Фаъолияти омӯзгорӣ бо усулҳои зерин амалӣ мегардад:

— муносибати маҷмӯӣ ба таълим ва тарбия;

— хусусияти башардӯстонаи таълиму тарбия ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои таълимгирандагон;

— риояи принсипҳои умумибашарии ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ;

— дар назар доштани аломатҳои ҷинсӣ, мансубияти этникӣ, забонӣ, мазҳабӣ ва дигар хусусиятҳои шахсии таълимгирандагон;

— тарбияи таълимгирандагон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои милливу умумибашарӣ;

— риояи принсипи муттасилии таҳсилот;

— муносибати эҷодӣ ба интихоби шакл ва усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ вобаста ба мақсаду вазифаҳои таълим;

— дар асоси дастовардҳои навтарини илм, техника, технология ва фарҳанг такмил додани дониши худ;

— робита бо таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда);

— ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои кӯдакон ва наврасон, коллективҳои меҳнатӣ, инчунин ташкилотҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Моддаи 50. Ҳуқуқҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф

1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳуқуқ доранд:

— шаъну шарафи касбии худро ҳифз намоянд;

— фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии худро таҳким бахшанд;

— барои мутолиа ва рушди маҳорати касбии худ шароит муҳайё намоянд;

— ташаббус ва таҷрибаи пешқадами худро дар амал татбиқ намоянд;

— шаклу усулҳои самарабахши таълимро интихоб ва татбиқ кунанд;

— барои такмили маҳорати касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рухсатии эҷодӣ истифода намоянд.

2. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои дигар ҳуқуқҳое низ мебошанд, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Моддаи 51. Ӯҳдадориҳо ва масъулияти омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф

1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар раванди таълиму тарбия ӯҳдадориҳои зеринро доранд:

— оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя намоянд;

— сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд;

— азхудкунии барномаҳои таълимию илмиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгирандагон талаб намоянд;

— дарсҳои назариявӣ, амалӣ, таҷрибавӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди дарсҳо ва машғулиятҳоеро, ки барномаҳои таълимӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида, аз усулҳои фаъоли таълим истифода баранд, бесабаб аз фаъолияти омӯзгорӣ худро дар канор нагиранд;

— таълимгирандагонро аз амалҳои зӯроварии ҷисмонию равонӣ ҳифз намоянд ва барои пешгирии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир корҳои таблиғотӣ баранд;

— аз доираи мавзӯе, ки барномаи таълимӣ муқаррар намудааст, берун набароянд;

— дар вақти дарс аз телефони мобилӣ истифода набаранд;

— вобаста ба имконот дарсҳои кушод ташкил карда, падару модарони (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагонро барои шинос шудан бо маҳорати касбии худ ҷалб намоянд;

— меъёрҳои санҷиш ва баҳогузориро ба дониши хонандагон ва донишҷӯён дар раванди дарс риоя намоянд;

— журнали синфӣ (гурӯҳӣ) -ро дар доираи муқаррарот пур намоянд;

— ашёи таълимӣ, таҷҳизот ва маводи таълимиро ҳифз карда, таълимгирандагонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоянд;

— бо мақсади такмили маҳорати касбӣ ҳар 5 сол аз такмили ихтисос гузаранд;

— меъёрҳои забони давлатиро риоя намоянд;

— дар вақти дарс ва берун аз он аз алфози қабеҳ худдорӣ намоянд;

— аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳар гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзӯи дарс берун аст, худдорӣ намоянд;

— ба дарс тайёрии амиқ дида, санҷиши дафтарҳоро ҷиддӣ гузаронанд;

— дар раванди фаъолияти худ аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ба таълифи мақолаҳои илмӣ, назариявӣ ва методӣ ҷиддӣ муносибат намоянд;

— вобаста ба қобилият китобҳои дарсӣ, методӣ, назариявӣ ва дастурҳои методӣ таҳия намоянд;

— маводи нави илмӣ, таълим, методӣ, рӯзнома, маҷалла, китобҳои бадеӣ, оммавӣ, илмӣ ва назариявиро пайваста мутолиа намоянд;

— маводи таълимӣ, конспект, нақшаҳои тақвимӣ, лексияҳо ва корҳои санҷишиву озмоишии хаттии худро дар сатҳи касбӣ дар доираи меъёрҳои мавҷуда таҳия ва тасдиқ намоянд;

— барои инкишофи маҳорат ва малакаи хаттӣ ва нутқи шифоҳии таълимгирандагон кӯшиш намоянд;

— барои дар озмунҳои (олимпиадаҳои) ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудани таълимгирандагон саъю талош намоянд;

— қобилияти зеҳнӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, ихтироъкории таълимгирандагонро муайян намуда, нисбат ба онҳо ғамхорӣ кунанд;

— барои рушди камолоти таълимгирандагон шароит фароҳам оваранд;

— аз таълимгирандагон ҳамроҳи худ овардани маводи таълимиро талаб карда, омодагии онҳоро ба дарс, машғулиятҳои таълимӣ назорат намоянд, онҳоро ба хондани китобҳои илмию бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ташвиқ намуда, барои рушди ҷаҳонбинии онҳо тадбирҳо андешанд;

— услуби коргузорӣ ва истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсиониро омӯзанд ва таълимгирандагонро ба омӯзиши онҳо ташвиқ намоянд;

— санҷишу имтиҳонҳои қабул ва ҷориро аз рӯи меъёрҳои муайянгардида гузаронида, дар вақти баҳогузорӣ ба амалҳои субъективӣ роҳ надиҳанд;

— аттестатсияи хатм ва имтиҳонҳои хатмро дар доираи талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ташкил намуда, ба дониши таълимгирандагон баҳои воқеӣ гузоранд;

— рӯзномаи хонандагон ва дафтарҳои санҷишии донишҷӯёнро санҷида, баҳои дар журнал ва варақаи имтиҳонӣ қайдгардидаро ба онҳо гузаронанд;

— дарсҳои худро дар кабинетҳои фаннӣ бо тартиби муқарраршуда ба роҳ монанд;

— иштироки таълимгирандагонро дар корҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва дигар маҳфилҳо таъмин намуда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намоянд;

— таълимгирандагонро дар рӯҳияи эҳтироми падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия кунанд;

— ҷалби таълимгирандагонро ба ташкилотҳои хонандагон ва донишҷӯён таъмин карда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расму ойин, муҳити зист ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд;

— корҳои илмӣ, эҷодии адабӣ, ихтироъкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дигар корҳои таълимгирандагонро роҳнамоӣ намуда, барои рушди қобилияти зеҳнии онҳо шароит муҳайё намоянд;

— нисбат ба хонандагон ва донишҷӯёне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва сару либоси тавсиявиро намепӯшанд, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) -ро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд;

— нисбат ба таълимгирандагоне, ки аз таҳсил саркашӣ намуда, аз хондан дур мемонанд, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва мақомоти дахлдорро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд;

— дар таҳия ва омода намудани иншо, кори санҷишӣ, корҳои хаттии эҷодиву илмӣ, реферат, кори курсӣ, таҳқиқоти илмӣ, рисола, лоиҳаи дипломӣ ва инноватсионӣ ба таълимгирандагон роҳбарӣ намоянд;

— дафтарҳои фаннии таълимгирандагонро назорат намуда, маводи хаттиро аз рӯи меъёрҳои муқарраргардида баҳогузорӣ намоянд.

2. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф оид ба таълиму тарбия масъуланд:

— ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир дар муассисаи таълимӣ роҳ надиҳанд;

— ба хонандагон ва донишҷӯён маслиҳати методӣ ва илмӣ дода, дигар хизматрасонии таълимиро амалӣ намоянд;

— дар вақти корӣ ва раванди дарс бесабаб аз муассисаи таълимӣ берун нараванд;

— қобилияти иҷтимоӣ ва ҷисмонии хонандагон ва донишҷӯёнро ба манфиати шахсӣ истифода набаранд;

— ӯҳдадориҳои роҳбари синф (гурӯҳ) -ро дар доираи меъёрҳои муқарраршуда иҷро карда, бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) робита барқарор намоянд;

— ба намуди зоҳирии худ диққат дода, дар муассисаи таълимӣ либоси тавсиявиро пӯшанд, таълимгирандагонро дар рӯҳияи зебопарастӣ тарбия кунанд;

— ҳуқуқҳои таълимгирандагонро риоя карда, қадру эътибори онҳоро паст назананд;

— одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намоянд.

3. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф оид ба таълиму тарбия ӯҳдадорӣ ва масъулиятҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи муассисаи таълимӣ ва санадҳои дохилии он пешбинӣ намудаанд, ба зимма доранд.

Моддаи 52. Ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор

1. Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад.

2. Дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба фаъолияти омӯзгор манъ аст.

3. Санҷиши фаъолияти омӯзгор ва баҳогузорӣ ба кори ӯ танҳо ба мақомот ва шахсони ваколатдор, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муайян шудаанд, иҷозат дода мешавад.

4. Аз иҷрои вазифаи касбӣ бе асосҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дур кардани омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф манъ аст.

5. Назорати фаъолият ва аттестатсияи омӯзгорон тибқи низомномаҳое, ки мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ намудаанд, амалӣ карда мешавад.

6. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираи касбӣ, аз ҷониби шахсон ва мақомоти дахлдори давлатии соҳаи маориф баррасӣ карда мешавад. Ҳангоми ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти касбии омӯзгор шахсияти ӯ набояд таҳқир карда шавад ва ба фаъолияти ӯ воқеъбинона ва беғаразона бояд баҳо дода шавад.

7. Камбудиҳои содиркардаи омӯзгор танҳо пас аз санҷиши касбии мақомоти дахлдори давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Санҷиши фаъолияти омӯзгорро танҳо дар асоси муроҷиати хаттӣ ё санади тартибдодаи мақоми (шахси) ваколатдор оғоз кардан мумкин аст.

8. Омӯзгор ҳуқуқ дорад дар хусуси баҳогузории нодуруст ба фаъолияташ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ё суд муроҷиат кунад ва ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд.

Моддаи 53. Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф

1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои чунин имтиёзҳо мебошанд:

— мӯҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад;

— ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд;

— ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд;

— аз хизматрасонии коммуналӣ ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

— барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шаванд;

— барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шаванд;

— омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;

— ба омӯзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;

— барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;

— бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, инчунин сайёҳию туристиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд;

— омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи истифодаи рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода намоянд;

— омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд;

— омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;

— барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

— барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар истифода бурданро доранд.

Моддаи 54. Таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф

1. Андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ набояд аз андозаи музди меҳнат дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кам бошад.

2. Музди меҳнат ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф бо тартиби муқарраргардида барои иҷрои кор ва ӯҳдадориҳои вазифавие, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пешбинӣ шудааст, пардохт карда мешавад. Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ набояд сатҳи кафолатҳои меҳнатии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро аз сатҳи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пасттар пешбинӣ намояд.

3. Музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз андозаи меъёри кафолатдодаи давлат иборат буда, ба он иловапулии ба музди меҳнат муқарраргардида зам карда мешаванд. Ҳамчунин музди меҳнати омӯзгор аз ҳавасмандгардонии самаранокии меҳнати ӯ вобаста ба таҳсилот, ихтисос, собиқаи кор, маҳорати омӯзгорию маҳсули меҳнатӣ, дараҷаҳои тахассусии аз натиҷаи аттестатсия гирифтаи омӯзгор ифодаёбанда, унвонҳои илмию фахрии давлатӣ ва иловапулӣ барои корҳои аз меъёри муайяншуда барзиёду иловагӣ иҷронамуда иборат мебошад. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи маблағи ҷудокардашуда метавонанд мустақилона шаклу низоми пардохти музди меҳнат, меъёри (ставкаи) иловагии музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, шаклҳои тафриқаи (дифференсиатсияи) ҷоизи пардохти иловапулӣ ва мукофотпулиро истифода баранд. Маблағи сарфагардидаро барои ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф вобаста ба натиҷаи фаъолияти меҳнатии онҳо, инчунин барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаи таълимӣ истифода бурдан мумкин аст, ки тартиби истифодаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян менамояд.

4. Ба омӯзгорон барои роҳбарии синф, санҷиши корҳои хаттӣ ва лабораторӣ, мудирии кабинетҳои фаннию методӣ ва дигар корҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ муқаррар карда мешавад.

5. Ба музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар ноҳияву маҳалҳои шароити табиию иқлимӣ ва маишиашон номусоид кор мекунанд, коэффитсиентҳо ва иловапулӣ муқаррар карда мешаванд. Номгӯи чунин маҳалҳо, андоза ва тартиби пардохти коэффитсиентҳо ва иловапулиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

6. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф барои ҳифзи манфиатҳои худ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва фондҳо ташкил намоянд. Фондҳои дастгирии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз ҳисоби саҳмияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

7. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони дар деҳот зиндагикунандаро бо қитъаҳои замин ва дигар молу мулк таъмин менамоянд.

8. Давлат муҳайё кардани шароитро барои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5Следующая страница

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *