Фанни Ҳуқуқ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

Моддаи 21. Таҳсилоти иловагӣ

1. Таҳсилоти иловагӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шахс, ҷамъият ва давлат дар асоси барномаҳои иловагии таълимӣ ва хизматрасонии иловагии таълимӣ татбиқ карда мешавад.

2. Таҳсилоти иловагиро шахс дар муассисаҳои таълимӣ ва баъд аз хатми муассисаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ соҳиб шуда метавонад.

3. Таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва касбӣ берун аз барномаҳои асосии таълимӣ ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ амалӣ карда мешавад.

4. Ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ тааллуқ доранд:

— марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасон;

— академияҳои хурди илмҳо;

— қасрҳо, стансияҳо, клубҳои кӯдакон ва наврасон;

— мактабҳои касбии варзишӣ, ҳунарӣ, бадеӣ, мусиқӣ ва рассомӣ;

— курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ;

— хонаҳо, студияҳои эҷодиёти кӯдакон ва наврасон, лагерҳои варзишӣ ва сайёҳӣ;

— мактабҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кӯдакону наврасон, клубҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, варзишгоҳҳои кӯдакона;

— клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маҳалли зист;

— клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маъюбон;

— муассисаҳои солимгардонӣ, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, марказҳои омодагии олимпӣ;

— муассисаҳои таълимии ибтидоии махсуси бадеӣ;

— муассисаҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва дигар муассисаҳое, ки иҷозатномаи дахлдор доранд.

5. Таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии намуди муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилот, майлу хоҳиши таълимгиранда асос ёфта, бе маҳдудият барои тамоми шахсон пешниҳод мегардад.

6. Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, мутахассисон ва кормандони муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои дахлдори таълимӣ бо мақсади амиқтар намудани дониш ва малакаи касбӣ, азхудкунии касб ва ихтисоси нав амалӣ карда мешаванд.

7. Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва мутахассисон аз тарафи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон ва ё дар асоси шартнома пулакӣ амалӣ карда мешаванд.

8. Таҳсилоти иловагие, ки таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддат мегиранд, метавонад дар асоси шартнома пулакӣ ташкил карда шавад.

9. Фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ дар асоси низомномаи Намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.

Моддаи 22. Таҳсилоти махсус

1. Таҳсилоти махсус ҳамчун қисми таркибии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ва офияти тиббию иҷтимоии кӯдаконеро таъмин менамояд, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст.

2. Барои кӯдаконе, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии солимгардонии санаторӣ, мактаб-интернатҳои санаторӣ, хонаҳои санатории кӯдакона ташкил карда мешаванд.

3. Барои кӯдаконе, ки гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд ва дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ имкони таҳсил карданро надоранд, муассисаҳои махсуси таҳсилоти умумӣ, мактаб- интернатҳо ва синфҳои махсус таъсис дода мешаванд. Муассисаҳои таълимии мазкур таълиму тарбия, табобат ва офияти тиббию иҷтимоии ин гуна кӯдаконро таъмин намуда, онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ омода месозанд.

4. Кӯдаконе, ки гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд, бо ризоияти падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) метавонанд якҷоя бо кӯдакони солим дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил намоянд ё барои онҳо машғулиятҳои инфиродӣ ташкил карда мешаванд.

5. Кӯдакони гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ дар комиссияҳои тиббию омӯзгорӣ, ки бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд, дар ҳузури падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) аз ташхис мегузаранд.

6. Барои кӯдакони аз 10-сола боло, ки ахлоқу рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок буда, ба шароити алоҳидаи таълиму тарбия эҳтиёҷ доранд ва муносибати махсуси омӯзгориро талаб мекунанд, муассисаҳои таълимии мухталифи махсус, ки офияти тиббию иҷтимоии онҳоро таъмин мекунанд, таъсис дода мешаванд. Ба муассисаҳои таълимии мазкур кӯдакон бо қарори суд фиристода мешаванд.

7. Таҳсилоти махсус дар асоси нақша ва барномаи махсус бо истифода аз технологияҳои муосири таълим вобаста ба муайян намудани дараҷаи тамоюли иллати ҷисмонӣ ё равонии кӯдакон ҷараён мегирад.

8. Мӯҳлати таҳсилоти махсуси умумии ҳатмиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вобаста ба намуд ва дараҷаи тамоюли иллати ҷисмонӣ ё равонии кӯдакон муайян мекунад.

9. Таҳсилоти касбии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус дар асоси феҳристи самт ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, ки ба ҳамин гурӯҳи хатмкунандагон мувофиқ мебошад, дар муассисаҳои таълимии махсус ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ташкил карда мешавад.

10. Таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсуси давлатӣ ройгон аст.

Моддаи 23. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот

1. Муассисаҳои таълимие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм мегузаранд, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот медиҳанд.

2. Муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсон намудҳои зерини ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро медиҳанд:

— аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ — барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9);

— аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ — барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 (12));

— шаҳодатнома дар бораи касб (дараҷа, синф, гурӯҳ) — барои шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда касб омӯхтаанд;

— диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ — барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

— диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ — барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

— диплом дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр, мутахассис, магистр) — барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

— намудҳои дигари ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилотро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тибқи моддаи 20 Қонуни мазкур ба хатмкунандагон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдор медиҳанд.

4. Аз рӯи натиҷаи ҳимояи корҳои тахассусӣ — рисолаи илмӣ, маҷмӯи корҳои илмӣ бо тартиби муқарраршуда дипломи номзади илм, дипломи доктори илм, доктори фалсафа (PhD) ва доктор аз рӯи ихтисос дода мешавад.

5. Дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти илмию омӯзгорӣ бо тартиби муқарраршуда дипломи дотсенти кафедра ё дотсент аз рӯи ихтисос, профессори кафедра ё профессор аз рӯи ихтисос ва шаҳодатномаи ходими калони илмӣ дода мешавад.

6. Ба шахсоне, ки ин ё он зинаи таҳсилотро (ба истиснои таҳсилоти умумии асосӣ) пурра ба охир нарасонидаанд, маълумотнома ва ба шахсоне, ки таҳсилоти иловагӣ мегиранд, сертификат дода мешавад.

7. Ба хонандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо баҳои «5» (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) бо баҳои «5» (аъло) таҳсил намуда, имтиҳони хатмро бо баҳои «5» (аъло) супоридаанд ва дорои рафтори намунавианд, медали тилло ва аттестати (шаҳодатномаи) намунаи махсус дода мешавад.

8. Ба хонандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо баҳои «5» (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) имтиҳонҳоро бо баҳои «5» (аъло) супоридаанд ва дорои рафтори намунавианд, лекин аз рӯи на бештар аз ду фан баҳои солонаи «4» (хуб) дошта, аз фанҳои дигар баҳои ҷамъбастии «5» (аъло) доранд ва имтиҳони хатми синфи 11 (12)-ро бо баҳои «5» (аъло) супоридаанд, медали нуқра ва аттестати (шаҳодатномаи) намунаи махсус дода мешавад.

9. Ба хонандагоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 1-9)-ро бо баҳои «5» (аъло) хатм кардаанд, аттестати (шаҳодатномаи) аъло дода мешавад.

10. Ба хонандагон ва донишҷӯёне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро бо баҳои «5» (аъло) хатм кардаанд, дипломи аъло бо нишони аълочӣ дода мешавад.

11. Тартиби мукофотонидани хонандагон бо медали тилло ва нуқра ва додани аттестати (шаҳодатномаи) аъло ва дипломи аъло бо нишони аълочӣ, инчунин имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

12. Ба хонандагон ва донишҷӯёни дорои рафтори намунавие, ки муассисаҳои таълимиро бо баҳои аъло хатм кардаанд, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус — аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ дода мешавад.

13. Тартиби пешниҳод ба ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус — аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ, инчунин имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

14. Ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ инчунин нишони сарисинагӣ дода мешавад, ки намунааш аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар карда мешавад.

15. Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи хатми зинаи таҳсилот, ки бо мӯҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда мешавад, шарти асосии идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ба ҳисоб меравад.

16. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тахассуси дар ҳуҷҷати намунаи давлатӣ нишондодашуда, инчунин дараҷаи илмии дар ҳуҷҷати намунаи давлатӣ қайдкардашуда ба амалигардонии фаъолияти касбӣ, аз ҷумла ишғол намудани вазифаҳое, ки барояшон талаботи тахассусӣ ба дараҷаи таҳсилот муқаррар шудааст, ҳуқуқ доранд.

17. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагони худ намунаи ҳуҷҷатҳои дар ҳамин модда номбаршударо месупоранд, ки онҳо баробари ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ эътибор доранд.

18. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд, ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилотро бо мӯҳри худ тасдиқ мекунанд.

19. Тартиби қабул, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ мекунад.

20. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳо ба шарте эътироф мегарданд, ки агар онҳоро шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ намуда бошанд ё он давлатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ё созишномаи дахлдор дошта бошанд.

21. Нострификатсияи ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳоро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот шартнома ё созишнома надоранд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.

Моддаи 24. Бо кор таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ

1. Хатмкардагони шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

2. Шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ тибқи фармоиши давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро хатм кардаанд, мувофиқи шартномаи тарафайн ва роҳхати мақомоти дахлдор ӯҳдадоранд, ки аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол фаъолият намоянд, ба шарте ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Ин мутахассисон то 3 сол мутахассисони ҷавон ба ҳисоб мераванд.

3. Мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро дар хориҷи кишвар тибқи шартномаи тарафайн хатм кардаанд, ӯҳдадоранд, ки мувофиқи роҳхати мақомоти дахлдор аз рӯи ихтисос на камтар аз 5 сол фаъолият намоянд.

4. Барои бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор мебошанд.

5. Мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, тибқи фармоиши давлатӣ бесабаб ба ҷойи кори муайяншуда ҳозир намешаванд ё аз кор саркашӣ мекунанд, инчунин қабл аз ба охир расидани мӯҳлат талаботи шартномаи тарафайнро риоя наменамоянд, ӯхдадоранд маблағи барои таҳсили онҳо харҷшудаи давлатиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонанд.

6. Мақомот, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, ки мутахассисони ҷавонро бо роҳхат қабул менамоянд, ӯҳдадоранд барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам оваранд ва дар сурати набудани эҳтиёҷот ба мутахассис мақомоти дахлдори давлатиро хаттӣ огоҳ созанд.

7. Донишҷӯёне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро бо дипломи аъло бо нишони аълочӣ хатм кардаанд, дар интихоби ҷойи кор озоданд ва барои дохилшавӣ ба аспирантура бе навбат роҳ дода мешаванд.

Моддаи 25. Ташкили раванди таълиму тарбия

1. Муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбияро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф амалӣ менамоянд.

2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нақшаи таълим ва ҷадвали дарсҳоро, ки муассисаи таълимӣ тасдиқ кардааст, тағйир дода наметавонанд.

3. Дар муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбия дар асоси эҳтироми тарафайн миёни таълимгирандагон, омӯзгорон ва дигар кормандон амалӣ карда мешавад. Дар муносибат бо таълимгирандагон истифодаи усулҳои зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсири равонӣ манъ аст.

4. Дар раванди таълиму тарбия роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва дигар кормандон барои таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон, инчунин риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ масъул мебошанд.

5. Муассисаҳои таълимӣ бо роҳи ташкил намудани санҷишҳои ҷорӣ ва аттестатсияҳои фосилавӣ сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимиро назорат ва муайян мекунанд.

6. Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот азхудкунии барномаҳои таълимӣ бо аттестатсияи хатм анҷом меёбад.

7. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявии хонандагон ва донишҷӯён таҷрибаомӯзии касбӣ ба роҳ монда мешавад. Мӯҳлати таҷрибаомӯзии касбӣ дар нақшаҳои таълимӣ нишон дода мешавад.

8. Барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии касбӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки дар онҳо таҷрибаомӯзӣ гузаронида мешавад, масъул мебошанд.

9. Аз иҷрои вазифаи асосӣ дур сохтани кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ҷалби таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ба корҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои ба таълиму тарбия новобаста манъ аст.

10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ аз тарафи хонандагон ва донишҷӯён истифодаи телефони мобилӣ манъ аст. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз тарафи донишҷӯён, аспирантон, докторантон, омӯзгорон ва дигар кормандон истифодаи телефони мобилӣ дар раванди таълим манъ аст.

11. Дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади ташкили раванди таълиму тарбия нуқтаҳои хизматрасонии равоншиносӣ ва тиббию педагогӣ фаъолият карда метавонанд.

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

Моддаи 26. Мақсад ва шаклҳои танзими давлатӣ дар соҳаи маориф

1. Танзими давлатӣ дар соҳаи маориф бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил ва назорати сифати таҳсилот амалӣ карда мешавад.

2. Танзими давлатӣ дар соҳаи маориф инчунин ба пешбурди фаъолияти муассисаҳои таълимӣ нигаронида шуда, сифати таҳсилотро назорат ва идора менамояд.

Моддаи 27. Идоракунии сифати таҳсилот

1. Идоракунии сифати таҳсилот сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маорифро амалӣ карда, низоми ягонаи миллии баҳогузорӣ ба сифати таҳсилотро муайян ва самаранокии онро таъмин менамояд.

2. Идоракунии сифати таҳсилот бо усулҳои баҳогузории дохилӣ ва берунӣ дар асоси натиҷаҳои мониторинг ва қабули қарорҳои идоракунӣ дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ мегардад.

Моддаи 28. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф

1. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф фаъолияти таълимии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба риояи иҷрои талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ пешбинӣ менамояд. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти маҳаллии идоракунии маориф амалӣ мегардад.

2. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф бо тарзҳои зерин амалӣ мешавад:

— иҷозатномадиҳӣ;

— баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;

— аттестатсияи давлатӣ;

— аккредитатсияи давлатӣ;

— назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф.

3. Назорати давлатӣ бо роҳи назорати ҷорӣ, фосилавӣ ва нақшавӣ амалӣ мегардад.

Моддаи 29. Иҷозатномадиҳӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ

1. Иҷозатномадиҳӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи маориф тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.

2. Муассисаи таълимӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқи амалӣ намудани барномаҳои таълимиро пайдо менамояд.

Моддаи 30. Баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ

1. Баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият ва аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ мутобиқи Қонуни мазкур бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

2. Аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад.

3. Дар асоси натиҷаи аккредитатсияи давлатӣ ба муассисаи таълимӣ шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ ба мӯҳлати 5 сол дода мешавад.

4. Қарор оид ба тасдиқ ё бозхонд намудани аккредитатсияи давлатӣ дар асоси аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ қабул мегардад.

5. Муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ё филиалҳои онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, аз аккредитатсияи давлатӣ бо тартибе, ки барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, мегузаранд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5Следующая страница

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *